Солгарди реҳлати ҷонгудози қиблагоҳам

Ислоҳ нет

 

Аз замони даргузашти падарам имрӯз як сол сипарӣ шуд. Қиблагоҳи бузургворам пас аз беморӣ ва ранҷҳо дурусту дақиқ ин ҷаҳони муваққатро ба қасди абадият, бегоҳи ҷумъаи 21уми март мусодиф бо 15-и моҳи раҷаб, дур аз ҳалқаи умуми пайвандону дӯстон ва дар мулки ғурбат ва дар ҳоли ҳиҷрат дар Варшава-пойтахти Лаҳистон тарк гуфт.Тамоми умри худро дар талошу мубориза дар роҳи озодӣ ва истиқлоли воқеии ватан ва барои мақому манзалати дину ойини муҳаммадӣ сарф кардааст. Падарам яке аз муассисони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд, ҳизбе,ки ҳанӯз дар даврони ҳокимияти шӯравӣ ва авҷи қудрати мафкураи зиддидинӣ қад алам кард ва ливои ҷаҳду ҷидол барои бозгардонидани номуси аздастрафтаро баланд бардошт.Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин яке аз 5 тан ҷавонони ҷасур ва бебоке буд,ки алорағми идеоложии ҳоким по ба майдони муқовимат ва даъват гузошт, то ҷомиа ва мардуми шарифи кишварро огоҳ созад, ки ҳеҷ аҳаде,ҳеҷ гурӯҳе,ҳеҷ ҳокимияте, ҳеҷ мафкурае наметавонад маърифат,маориф ва рӯшании Исломро маҳв бисозад.

 

Ҳар аз гоҳе,ки дар ин ва ё он масъала ва мавзӯъе талош мекунам,ки чизе гуфта бошам. Вале ҳангоме хостам барои қиблагоҳам нависам табассуме,ки хоси ӯ буд, пеши чашмонам меояд ва буғзе гулӯямро мефишорад ва дар ҷустани калимоту навиштан оҷизӣ мекашам.

 

Эй Аллоҳ бо чи калимоте падарам- ҷону ҷигарамро дар ин навишта тасвир бисозам ва барояш чизе нависам,ки шахсияти ӯро муносиб бошад,тавониста бошам бо ваҷҳи аҳсан баён намоям.

 

Аллоҳ дар қуръони карим дар мавриди онҳоеки дар ҳиҷрат аз олам мегузаранд чунин фармуда аст:

وَمَنْ يَخْرُجْ مِنْ بَيْتِهِ مُهَاجِرًا إِلَى اللَّهِ وَرَسُولِهِ ثُمَّ يُدْرِكْهُ الْمَوْتُ فَقَدْ وَقَعَ أَجْرُهُ عَلَى اللَّهِ وَكَانَ اللَّهُ غَفُورًا رَحِيمًا

“Ва ҳар кас,ки аз хонаи хеш берун ояд,то ба сӯи Аллоҳ ва Расулаш ҳиҷрат кунад ва онгоҳ марг ӯро дарёбад,муздаш(аҷраш) бар уҳдаи Аллоҳ аст ва Аллоҳ омурзандаву меҳрубон аст!”

(Сураи Нисо,ояти 100)

 

Аҳодиси зиёде дар фазли шахсе дар ҳиҷрат вафот мекунад дар суннати набавӣ омада аст.Ҳадисе ҳаст,ки Имом Табаронӣ онро ривоят карда аст мазмуни ҳадис чунин аст: “ Шахсе аз хонааш хориҷ мешавад дар роҳи Аллоҳ ва дар аснои ин сафараш(ҳиҷраташ) агар дар ҳар ҳолатҳое мисли аз асп афтодан,аз уштур афтодан,ё ҳашароте ӯро газад ва ё дар ҳар азияте ҳатто дар рахти хобаш вафот кунад агар Аллоҳ хоста бошад ӯ шаҳид аст”

 

Бидуни ҳеҷ шакку шубҳае падарам дар ин пиронсоли баҷойи онки дар хонааш ором даврони пирӣ ронад аз фишору озору азияти ин режим,ки пайваста фишору озораш медоданд ватан, хонаву кошонаашро тарк кард ва ба сӯйи Аллоҳ ҳиҷрат намуд.Дигар тобу тавон ва тоқати зиндагони дар он ҳолати зиллату хориро накарданд чун озодмарде буданд, ки тобу тавони ғулому барда буданро дар рӯйи рахти хобашонҳам надоштанд ва аз ин сабаб ҳиҷрат намуданд.

 

Худои бузург дар канори шуҳадо манзиле барояш арзонӣ дошта бошад. Воқеан шахси беозор ва бо ахлоқи ҳамидаи исломӣ буданд. Инсони заминӣ, хоксор, фурутан аммо дар роҳи ақида ва азм устувору собит буданд.Имрӯзҳо ин андеша оромам намегузорад,ки бо чи дилу гурда ва шаҳомату ғайрат барои расидан ба ҳадаф талош мекарданд ва ҷавонони 22 солаи имрӯзи моро ба ҷавони 22 солаи соли 1973 агар қиёс кунем онгоҳ дар меёбем,ки чи имон,чи азамат,чи матонат ва чи иродае ва аз ин ҳама муҳимтар эътимод,эътиқоде он ҷавонон доштаанд. Соли 1973 дар авҷи қувват ва қудрати Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ фикри озодихоҳӣ ва мустақил шудани Тоҷикистон аз зери мустамликаи Русияро доштан дар он солҳо бузургтарин ҷурм ба ҳисоб мерафт ва баробар бо бозӣ кардан бо ҷон буд.

 

Аммо тавонистанд ҷавонони бо имон якҷо гирди ҳам оянд ва дар фикри таъсиси созмон ё ҳизби сиёсие дар он замон бишаванд. Як худи пинҳонкорӣ ва махфиёна фаъолият кардани ин ячейка ва ядрои дар ҳоли тавсеа ва тараққиро имрӯз ба сахтӣ метавон тасаввур кард. Замоне ошкор шуданд,ки аллакай даҳҳову садҳо ҳалқа ва силсилаҳалқаҳоро дар саросари кишвар роҳандозӣ карда буданд.

 

Чунонеки Устод марҳум Сайидабдуллоҳи Нурӣ гуфтаанд: “хонаи Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин барои мо мисли хонаи Арқам ибни Абиарқам (раз) буд”

 

Хонаи Арқам ибни Абирқам (раз) он хонае буд,ки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бо асҳоби киром (раз) сӯҳбатҳо ва ҷаласаҳои пинҳонии худро мегузарониданд.Ваҳйе,ки нозил мегашт, миёни асҳоб онҷо ба шакли пинҳонӣ расонида мешуд,то онро нашр ва даъват намоянд.Хонаи Арқам ибни Арқам (раз) дар ҷануби шарқии Каъба дар кӯҳи Сафо ҷойгир буд ва 130 метр аз Макка масофа дошт.Бузургтарин асҳоби он ҳазрат (с) мисли Умар ибни Хаттоб (раз) онҷо имон оварда буданд ва мусаббиби даъвати ошкорои ислом дар Макка гашта буданд.Бале,манзили падарам аввалин дафтар ва аввалин қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд,ки баъдҳо ин ташаккули кӯчак ба як субъекти ҷаҳонӣ бадал шуд ва муассису бунёдгузорон ва раҳбарони онро роҳбарони давлатҳои дунё ва Котиби генералии СММ ба ҳузур пазируфт ва ҳамроҳашон аз боби сулҳу оштӣ суҳбатҳо карданд.

 

Бозгӯйи чанд лаҳзаҳои таърихии мондгор

 

Қиблагоҳам дар сармоягузорӣ ва сарпарастии ҳаракати Наҳзати ҷавонони мусалмон саҳми босазое доштанд. Ман аз худашон шунида будам,ки гуфтанд, як шаб дар дасташон радио буд ва ахбор гӯш мекарданд, чи ҳодисае дар Алҷазоир гузашта буд, ки хело гиристанд ва чунин гуфтанд:

 

алҳамдулиллоҳ дар роҳи эълои калимаи Аллоҳ бачам ҳеҷ кӯтоҳие накардаам. Ҳарчизе доштам онро нисор ва фидо намудаам ва бо камоли хушҳолӣ мегӯям сарпарасти беш аз 250 ҷавоне,ки таълимоти динӣ мегирифтанд, будам.Дар таъмини онҳо ҳама ҷиҳата барои инки улуми исломиро омӯзанд, мисли шумо онҳоро сарпарастӣ намудам. Беш аз даҳ хона чи ба домуллоҳое,ки машғул ба тадрис буданд ва онҳое,ки мехостанд муллобачаҳоро дар он хонаҳо ҷой кунанд харида ва дар ихтиёрашон гузоштаам. Дар мавриди чопи китобҳои динӣ ҳам инчунин.Барои омӯзонидани сиёсати аслии ислом ва ҳамияти миллӣ бо ҷавонони зиёде кор кардаам ва онҳоро омӯзонидаем”

 

Соли 1985 буд.Як субҳи барвақт хонаи моро кормандони КГБ иҳота ва кофтукоб намуданд. Он саҳнаҳо хуб дар хотирам ҳастанд.

 

Корманди КГБ мурвати радиоро тоб дод. Дид радиои Озодӣ мегуфт ва барномаи субҳаш буд.Як дастгоҳ оварданд санҷиданд,ки падарам куҷоҳоро гӯш мекунад. Яке мегуфт ва дигарӣ менавишт: ББС , Радиои Кобул, Радиои Садои Амрико, Саъудӣ. Он корманд гуфт дигар фаҳмо аст, лозим ба кофтан надорем. Ин муллоро ба Сибир мефиристем. Соати 6 субҳ дохил шуда буданд соати 18 аз хона чизе ёфта буданд бо худ гирифта бурданд. Аммо як чизро наёфта буданд, ки ин ҳам хело аҷиб буд. Ман чун бачаи хурд будам дар тагхонае ҳама китобҳои динӣ ҷобаҷо шуда буданд, ки ададашон аз 700 боло буд. Аллоҳ ончунон кӯрашон карда буд,ки ҳама қолинҳоро ҷамъ карда буданд, болои дари вурудии он гузоштанд ва он дарро ман медонистам.

 

Ҳар вақте КГБ шник медаромад падарамро медидам нигоҳаш тағйир мекарданд. Ба ман нигоҳ мекарданду мегуфтанд, биё бачам,мақсадашон ин буд,ки мабодо ман нагӯям онҷо дари зерхона аст. Аммо ман чизе нагуфтам ва муҳим,ки онҳо ҳам онҷоро пайдо накардаанд. Яке аз кормандон аз ман мепурсид шабҳо пеши падарат киҳо меоянд? Ман мегуфтам ҳеҷ кас намеояд, тағоям меояд, бибиям, холаҳоям гоҳ -гоҳ тамом. Боз мепурсид охир мардони зиёд меоянд чаро дурӯғ мегӯӣ? Барояш гуфтам: ман бо марди ношиносе, ки падарамро озор медиҳанд намехоҳам сӯҳбат кунам. Гуфт: падарат бароят чунин мегӯяд? Гуфтам: на ман худам мебинам шумо инсонҳои хуб мешудед, падарамро мегузоштед намозашро мехонд. Гуфт: агар гузорем намозашро хонад мегӯед? Модарам садоям кард, бачам биё, хурокатро хур.КГБшник дар ғазаб шуд ва гуфт инҳо оилави “антисоветский” ҳастанд ва то кӯдаконашонро таълим додаанд,ки чизе нагуянд.

 

Ҷойнамозро пайдо карданд. Пурсид намоз мехонед? Падарам гуфт: бале, ман мусалмонам ва намоз мехонам. Гуфт: пас иқрор мекунед ва ҷойнамозро бо худамон ҳамчун далели шайъӣ набарем? Падарам гуфт: на, ман инро инкор намекунам. Гуфт ончи барои гӯш кардани радиоҳои хориҷӣ чӣ? Падарам гуфтанд бале инро ҳам инкор намекунам ва ман гӯш мекунам ахбори дунёро. КГБшник гуфт: чаро аз телевизиони худамон намебинед ва радиоҳои худамонро гуш намекунед? Падарам гуфтанд: дар инҳо сухани ростро намешунавед ва мо аз инҳо хаста шудаем. Яктош сараш кал буд, Бобоев мегуфтанд, ба ӯ гуфт: ин домулло ҳеҷ чиза инкор намекунад, чаро мо далел мекобем ҳама омодааст, барои весилка ба Сибир ва дигаронаш механдиданд.

 

Ҳамон шабу рӯз бо падарам бо мошин худаш мебаромадем. Мегуфт бачам аз пушти мо КГБ аст, нигоҳ кун диди мошинро,агар коре карданд, фаҳм,ки ин кормандони КГБ ҳастанд моро назорат доранд.

 

Ҳамон сол дар шаҳри Қурғонтеппа падарамро ба маҳкама кашиданд ва дар толори суд нишаста будем ва падарам дохили қафаси маҳкумшаванда. Судя Мирзоев буд, чун дар оғози кори мурофиа гуфт ман судя Мирзоев ҳастам. Се соат муҳокима идома пайдо кард, ҳарчи мепурсиданд падарам мегуфтанд бале ин дуруст аст ва ман инкорро кардам.

 

Яке аз саволҳо ин буд, шумо мухолифи ворид шудани Ҳукумати советӣ ба Афғонистон ҳастед ва барои ин ҷавонони тоҷикро мегӯед нараванд ва бар зидди бародарони Афғон ҷанг накунанд? Падарам гуфт, бале ман мухолифи кушта шудани тоҷикписарон дар Афғонистон ҳастам ва набояд тоҷикон ба Афғонистон ба ин ҷанг раванд ва онҷо ҷанг кунанд.Мирзоев сарашро ҷунбонид ва гуфт ман чанд сол аст Судя ҳастам, якум бор астмебинам,ки шахс ошкор гӯяд ман мухолифи сиёсати Ҳукумати Советӣ ҳастам.

 

Саволи дигар ин буд:- шумо ҷавононро омӯзиши улуми исломӣ медиҳед? Падарам:- бале ман ба ҷавонон омӯзиши хондани хати форсӣ ва хондани китоби мо мусалмонон Қуръонро таълим додаам ва боз ҳам ба таълим додан идома медиҳам. Мирзоев сарашро қапид гуфт “вопше кошмар”.

 

Саволи дигар: шумо муаллими мактабро бо номи Шариф таълими Қуръон кардаед ва ӯ Қуръонро ба мактаб бурдааст ва онро талабаҳо диданд ва дар газетаи Комсомоли Тоҷикистан чоп шуда буд. Ӯ шогирди шумо буд? Падарам бале Шариф шогирди ман буд ва ман ба ӯ Қуръонро таълим додаам, вале нагуфтаам, ки Қуръонро ба синф бубарад. Аммо орзу дорем, як рӯз дар мактабҳои мо Қуръон ба бачаҳои мо дарс гуфта шавад. Мирзоев аз ҷояш дубора хест ва нишаст.

 

Саволи дигар ин буд шумо медонед бо ин эътирофатон ба шумо чанд сол ҳукм қонунгузории кишвари мо медиҳад? Падарам гуфтанд: қонунгузории кишвари мо нагӯед, чун мо кишвари мустақил нестем ва кадом вақте мо мустақил шудем он вақт гӯед давлати мо.Аммо ман аз кардаи худам пушаймон нестам ва ҳар ҳукме ,ки содир мекунед, онро ноодилона меномам.

 

Мирзоев гуфт Суд ба утоқи машваратӣ ворид мешавад вале домуло донед, ки шумо весилка мешавед ва ҳайфи умри ҷавонатон ва фарзандони бе сарбонатон.

 

Падарам гуфтанд: ҳо, онҷоро мебинед (ишора ба мо карданд). Мирзоев гуфт, бале ду писарбачаро мебинам ва чанд занро. Падарам гуфтанд: ман кушташавам ҳам онҳо кори манро идома медиҳанд.Инҷо ҳамон кали Бобоев пайдо шуд ва Мирзоевро дигар нагузошт гап занад ва ба утоқи машваратӣ даъват кард.

 

Тақрибан 45 дақиқа гузашт. Судя омад ва гоҳ механдид ва гоҳ сарашро мехорид.Модарам мегирист ва Мирзоев ба модарам чунин гуфт шумо занаш ҳастед? Модарам ба нишони тасдиқ сар ҷунбониданд. Мирзоев гуфт: -шавҳаратон чи дуъое карданд, ки он қабул шудааст. Мирзоев аз ҷой хест ва ҳукмро чунин хонд: Тибқи фармони раиси Шӯрои вазирон Косигин Андрей Василевич ва вазири хориҷа ва намояндаи доимии Советӣ дар СММ Грамыко Андрей Андреевич он ҳама айбномаҳое,ки ба гражданин Садурдинов Қаландар эълон шуда буд, “амнистия” афтод ва аз хориҷ ба Масква ва Душанбе номаҳо дар ҳимояти ӯ омадаанд,ки ӯро раҳо кунед. Ва аз ҳама ҳимояти бештар барои инки ӯ дохил шудани артиши Ҳукумати Советӣ ба Афғонистонро маҳкум кардааст, дар хориҷ барои ин аз ӯ ҳимоят намудаанд. Мо дигар наметавонем ӯро мисли Мулло Абдулло Сайдов ва дигарон ҳукм ба зиндон намоем. Албатта, хушҳол нашав, мо туро бо дигар айб дусол “условни” медиҳем ва маошат ба ҳукумат меравад вале зиндонат намекунем. Ин як порае аз достони зиндагии падарам буд. Зиндагии падарам ва кору пайкори ӯ саропо ибратомӯз аст. Аммо дар як мақола имкон надорад,ки он ҳамаро бигӯям ва ба ҳамин иктифо мекунам.

 

Вале ин нуктаро мехоҳам тазаккур бидиҳам, ки падарам дар ҳаёт бо панҷ сӯиқасд бар ҷонашон рӯбарӯ шудаанд. Аз се ҷон ба саломат бурдаанд ва ду сӯйқасд хело мудҳиш будааст,ки Аллоҳ аз онҳо низ солим нигоҳашон дошта буд.

 

Иллаташро пурсидам,ки падар чаро ин тавр шуд,ки ба шумо осебе нарасид? Кӯтоҳ бароям чунин гуфт: “писарам ман ҳаргиз дастам ба хуни касе оғушта нашудааст ва то онҷое тавонистам пеши роҳи одамкуширо гирифтаам ва инро сабаби наҷотам медонам.”

 

Ӯ дар Афғонистон ҳам паноҳанда ва муҳоҷир шуда буд ва раёсати муҳоҷирони вилояти Тахор ё Толиқонро ба уҳда доштанд.Ба ҳайси узви зеркомиссияи Комиссияи оштии миллӣ дар бахши муҳоҷирон кор кардааст ва пас аз баргаштани муҳоҷирон ба кишвар ба бозгардонии беш аз сеҳазору чорсад хонаҳои ғасбшуда тавассути бақоёи “Фронти халқӣ” ба соҳибонашон мусоидат кардааст.

 

Шоҳиди ҳодисаи дигаре дар соли 1998 назди бозори шаҳри Қурғонтеппа шудам. Ду мард падарамро диданд ва давиданду аз дастонаш гирифта ба оғӯш кашиданд.Якеи онҳо саволомез ба падарам гуфт:нашинохтед бобои ҳоҷӣ ? Падарам гуфтанд на.Гуфт: мо 17 нафар ҷавононе будем,ки шумо омадед ва гуфтед накушед ва гуфтед ин ҷавононро раҳо кунед.Аммо қариб буд,ки шуморо мепаронданд. Падарам хандиданду гуфтанд мо одамкуш нестем бачам.Ҷаноби Абдумаҷид Достиевро бо Маҳкамбой шахсан аз дами теғ халос карда буданду ба тарафи Калининобод гусел карданд ва инро ман аз Достиев худам шунида будам дар КОМ.

 

Ӯ аз худ ҳафт писар ва шаш духтар боқӣ гузоштааст,ки аз ҳама бузургашон ман ҳастам.

Хело зиёд падарамро дар хоб мебинам ва ҳамеша ӯро хушҳол мебинам.

Чанд хобе дидаам,ки аз он хобҳо хело хушҳолам,ки ӯро дар чунин ҳолат дарёфтаам.

 

Як аз онҳо ин буд: Падарамро дидам бо паҳлу нишаста ва механдад.Мегӯям падарҷон саломатиятон хуб шудааст. Мегӯяд бачаам хубам, ончунон дӯстат медорам,ки номатро мегирам хурсанд мешавам.

 

Яке дигар аз хобҳоям чунин буд: бачам чаро он чи ман навишта будам, онро таҳрир накардӣ? Гуфтам мекунам ва дар дасташон варақу китоб буду бо шитоб рафтанд.

 

Ӯ ҷузви аввалин қофилаи ҳаҷҷи соли 1990 буд,ки сад нафар аз Тоҷикистон рафта буданд. Масҷиде дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа сохтаанд, ки ки бо номи худашон буд. Вале пас аз ин ҳодисаҳо лавҳаро кандаанд. Аммо то имрӯз бо номи масҷиди Ҳоҷӣ Қаландар маъруф аст.

 

Падарам муҳоҷирати дубораро бар зиндагӣ зери султаи як нафаре,ки тамоми дӯстонашро кушту зиндонӣ кард,тарҷеҳ дод. Падарам дар дори ҳиҷрат ҷон ба ҷонофарин супорид,аммо заррае аз роҳи интихобидааш пас нагашт.Вай дар баробари машғулиятҳои рӯзмарра ба таърих шавқу рағбати зиёде дошт ва осоре ҳам бе мерос мондааст,ки ин шо Аллоҳ онҳоро дар фурсати муносиб нашр мекунем.Падарам аз фарзандонаш ва аз писарбузургаш сахт ифтихор мекард,ки дар роҳи ӯ қадам мезанад….

 

Алҳамдулиллоҳ қиблагоҳам нсони нексиришт, поквиҷдон, худотарсу сахӣ ва хоксоре буданд. Ҳамин хислатҳои накӯяш буданд, ки аз саросари олам андӯҳгинии худро нисбати даргузашташон ҳазорҳо бузургону олимон, сиёсатмадорону донишмандони дин иброз намуда, ба ҳамандешагон, пайвандонаш ва тамоми мардуми Тоҷикистон арзи таслият намуданд.

 

Имом Аҳмад, Насоӣ, ибни Моҷа ва ибни Ҳиббон аз ҳадиси Абдуллоҳ писари Амр ривоят мекунанд, ки як марде аз аҳли Мадина вафот кард.

Расулуллоҳ, صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ ҷанозаашро хонду сипас гуфт: “Эй кош дар ғайри зодгоҳаш вафот мекард”.

Асҳоб пурсиданд чаро эй Расулуллоҳ?

Расулуллоҳ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ гуфтанд: “Вақте мард дар ғайри зодгоҳаш (дар диёри ғурбат ва ҳиҷрат) вафот кунад, қабраш ба миқдори масофаи зодгоҳаш васеъ мешавад дар ҷаннат аз он неъматҳое, ки махсӯси ҷаннатиён аст бархурдор мегардад”.

Аллоҳ падарамро раҳмат карда бошаду моро аз ҷумлаи фарзандони солеҳ гардонад,ки аз дуъоҳои некамон ҳаргиз фаромӯш созем.

 

Share This Article