Соли 2018 барои мардуми оддӣ 2018 мусибат дошт. 2019 чи хоҳад овард?

Агар ба хулосае наомада бошед, ки билохира, бояд ҳақиқатро гуфту шунид ва бояд аз нанги зери ҳукми тоғут зиндагӣ кардан роҳи раҳоӣ ҷуст, пас соли 2019-ро бо 2019 мусибат интизор бошед!

Соли мелодии 2018 бо асафноктарин мусибатҳо, бо ҳама хубу бадаш гузашт. Соле, ки пур аз ҳаводису рӯхдодҳои аҷибу ғариберо бо худ дошт. Мо мусалмонон ба “қазо ва қадар” имон дорем. Ҳама хубӣ ва бадиро аз ҷониби Аллоҳ медонем. Аммо фаромӯш набояд кунем, ки Аллоҳ дар ин масъала мефармояд:

 

“Агар шуморо мусибате расад, ба хотири корҳоест, ки кардаед. Ва Худо бисёре аз гуноҳонро афв мекунад” (Сураи Шуро,ояти30)

 

Пас гирифтории миллати мо аз ноогоҳ будан аст. Ҳама ончӣ бар сари мо яке пас аз дигар меояд худи мо муқассирем. Ин масъаларо аз тарафи дигар агар назар кунем, мебинем, ки миллат гирифтори тарс ва ваҳшат аст ва онро тавассути ВАО бар сараш  бо зурӣ таҳмил кардаанд.

 

Агар гӯяд: чаро маошамро баланд намекунед?

Мегӯянд: ту магар курӣ, давлати мо гирифтори ҳазор мушкилот аст ва ҳамаи онро мо дар 26 солаке наметавонем бартараф кунем. Шукрона кунед, ки ҳамин давлатро ҳам доред ва иғво накунед.

 

Талаби зиндагонии хуб аз ҳокими кишвар ин иғво андохтану бо ҳама кодекси ҷиноӣ муттаҳам гаштан аст.

 

Агар гӯяд: чаро ба динам, эътиқодам, номусам даст дароз мекунед?

Мегӯянд: Ин дин, ин эътиқод, ин номусу шараф аз ин миллат нест. Мо худамон бароятон он дин, он эътиқод, он номусу шарафе, ки мехоҳему муқаррар мекунем онро пазиред ва шукрона ҳам кунед. Иғво наандозед, ки ҳамин ҳукумати бе дин, бе ақида, бе муқаддасот, бе номусу шарафро ҳам доред. Нахоҳед боз барои шумо омодаем зиндонҳои нав ба наве созему ҳатто қодир ба қатли дастаҷамъонаи шумо ҳам ҳастем.

Пас  модоме, ки миллат дар ин ҳолат қарор дошта бошад, чӣ касе омода аст ӯро аз ин вартаи ҳалокат наҷот диҳад?

 

Метавонед бароям ноҷие, малаке, суперменеро суроғ диҳед, то ӯро ба наҷоти ин миллат даъват намоем?

 

Касе ёрои сухан гуфтан, ҳатто сарҷунбондану бо даст ишорат карданро надорад.

Мехоҳед соли ояндае, ки бо шуру шавқ дар интизораш ҳастед, бароятон хуш ва бо бароре бошад?

 

Соли 2019-ро интизоред ва барои фаро расиданаш лаҳзашуморӣ мекунед. Табрикоту таманниётеро ҳам карданду дар интизори нашри онҳо ҳастанду ҳастед. Ин саробро аз пеши назари худ дур кунед ва бидонед, ки бо ҳалво гуфтан ҳаргиз даҳон ширин намешавад.

 

Агар мисли соле, ки гузашт мисли тамошобини бегона будед, ҳарчӣ карданд бар ин миллат ва худи шумо  хомӯш будеду садое баланд накардед. Агар хомӯшии нухбагон ҳамингуна идома ёбад, Соли 2019 ҳам бештар аз он чӣ ба сари миллат оварданд, хоҳанд овард. Аз гург тараҳҳум мунтазир будан ҳамоқат астю. Мунтазири фишорҳои нав ба нав, зулмҳои вахимтар, тасвиби қонунҳои разилонатар ва мавҷи муҳоҷиратҳои бепоёни гастарабайтерона ва идомаи ҳокимияти сулолаи ҷаноби ” Пешвои миллат” бошед. Ҳаргиз таманнои рӯзи нек ва хушбахтиву саодатро зери ҳокимияти ин ҳокими золим надошта бошед.

 

Агар қодир ба ин нашавед, ки инсони озода буданатон пеши назаратон ояд;

Агар иродаи инро надошта бошед, ки билохира ҳамчун инсон бояд зиндагӣ кард;

Агар ба ин хулоса нарасед, ки шумо канизу ғулом нестед;

Агар ҳис кунед, ки ҳоло ҳам аз тарсу ҳарос ва таҳдидҳои зиндон, фикрҳои муҳоҷиру дур аз ватану хешу табор шудан, бадани шуморо ба ларза меоварад;

Агар ба хулосае наомада бошед, ки билохира, бояд ҳақиқатро гуфту шунид ва бояд аз нанги зери ҳукми тоғут зиндагӣ кардан роҳи раҳоӣ ҷуст, пас соли 2019-ро бо 2019 мусибат интизор бошед!

 

Ҳақиқат талх аст, аммо бояд гуфта шавад. Агар мисли соле, ки гузашт, ба лабҳо муҳр зада, “сари беғурбат ҳазор тилло” гуфта, худро зери баргҳо пинҳон карда гардем, бидонед, ки чи мусибатҳое моро интизор аст. Нагунбахтӣ, муҳоҷирати бевақфа, тобутҳои бетаваққуф аз Русия, зиндоншуданҳои фарзандону наздиконатон дар дохилу хориҷ аз кишвар, бекорӣ, қашшоқӣ, муътодӣ, бесаводӣ, беҳаёгиву беиффатӣ бо дуҳазору чанд мусибати дигар ҳатман домангири ин миллат хоҳад буд.

 

То имрӯз ин марди маккору фиребгари хоин Эмомалӣ, ҷуз ба оилаи худаш, ҳеҷ хидмате барои ин кишвар накард. Аз он пас ҳам намекунаду нахоҳад кард. Боз мегӯям, аз гург тараҳҳум умед кардан ҳамоқат аст.

 

Дар охир бо ду ояти каломуллоҳ суханамро ба поён мерасонам ва умеди бедории миллатамро таманно ва орзӯ мекунам.

 

Ояти аввал:

“..Худо чизеро, ки аз они мардумест, дигаргун накунад, то он мардум худ дигаргун шаванд”. (Сураи Раъд бахше аз ояти11)

 

Агар барои тағйири ҳолати иҷтимоӣ, динӣ, ҳимояти шаъну шарафу намуси худ омода набошем, пас интизори ҳеҷ тағйироте набошед.

 

 

Ояти дуввумӣ:

“Ва битарсед аз фитнае, ки танҳо ситамкоронатонро дар бар нахоҳад гирифт ва бидонед, ки Худо ба сахтӣ уқубат мекунад!”  (Сураи Анфол,ояти 25)

Нафарони зиёде бар инанд, ки  мегӯянд, ин кори золимон аст ва моро ба он ҳеҷ ниёзе несту коре ба золими ситамгаре чун Эмомалӣ надорем ва чизе аз дасти мо сохта нест. Ҳангоме, ки мавҷи фитнаҳои дар камин буда падид омад, пас огоҳ бошед он гирдоб ҳамаро фаро мегирад ва ба бегуноҳонатон раҳме нахоҳад кард. Бегуноҳи он қавм бо золимонаш мубталои он мусибату бало хоҳанд шуд. Агар ба беша оташпорае афтид, ҳама тару хушк баробар месӯзад.

 

Ба умеди бедорӣ ва раҳоии миллат аз чанголи золиме чун Эмомалӣ Абдурраҳмон;

Бо таманнои хонаободиву тансиҳатӣ ва гул-гулшукуфии ватани азизам Тоҷикистон;

Бо орзӯи дидани якояки ҳамватанони оқилу болиғам дар мубориза бар зидди зулму истибдод;

Бо дуъои хайру талаби тараҳҳум  аз Аллоҳи пок барои миллати ранҷдидаам,  

Муҳаммадиқболи Садриддин

Total
0
Shares
Related Posts
Идома

“Домоди Муроди телех марзи Исфараро ноором дорад”

Беҳрӯз соҳибкорон ва тоҷирони Исфара ва вилоятро бо талаби пораҳои калон ба дод овардааст. Беҳрӯз бо тавсияи Маҳмадзоири домоди Президент ба ин вазифа таъин карда шудааст. Тамоми борҳои дуздии домоду духтарҳои президент аз ҳамин сарҳад мегузаранд.
Идома

Раҳмоналӣ.A заминҳоро фурӯхту “кидат” кард

Гӯё, ки модарони исфарагӣ фақат писару духтари террорист таваллуд мекарда бошанд. Мо- мардуми Исфара тӯли ин 29 соли истиқлолият инхел милисаҳои бераҳмро бисёр дидем монанди Насимов Каромат..Тошов Ғулом. Айни замон дар ВКД кор карда истодааст бо рутбаи полковник.
Идома

Раҳмонов ба узбекҳо пул намедиҳад

Чи хеле ки гуфтам дар шаҳри Конибодом дар даврони Истиқлолият ягон навигарӣ нашудааст. Ҳоло агар вазъиятро ҳикоят кунам, шояд боваратон намеояд.
Идома

Лимити барқ дар тобистон бало аст ва ё наҳсиву корношоямии Раҳмонов?

Ҷорӣ кардани лимити барқ дар тобистон,ки барои аввалин бор дар Тоҷикистон иттифоқ меафтад, баробари рехтани оби хунук ба сари мардуми бе ин ҳам дар як ҳолати вазнини иҷтимоиву иқтисодӣ қароргирифтаи тоҷик аст. Дар урфият мегӯянд, ки балои аз осмон омадаро замин мебардорад