Суҳайби Румӣ (раз)-ро мешиносед?

Ислоҳ нет

 

Суҳайб ибни Синон, ки маъруф ба Суҳайби Румӣ аст. Мавлои Бани Тамим ибни Мурра буд ва яке аз собиқин дар ислом буд.

Таваллуд шудааст Суҳайб ибни Синон ибни Молик ибни Абдуамр дар ҷазираи Фуротия наздики Найнаво. Ӯ аз бани Намр ибни Қосит яке аз қабилаҳои Рабиъа бани Наззор. Дар як ҷанге ӯро бо Рум мебаранд ва дар онҷо муддати зиёде буд.Пас аз чанде марде аз Калб ӯро аз Румиҳо мехарад ва ба Макка меорад ва ба марде бо номи Абдуллоҳ ибни Ҷадъони Таймӣ мехарад ва озодаш мекунад.

 

Тибқи ривояти дигар Суҳайиб аз Рум фирор мекунад ва дар Макка бо Ибни Ҷадъон паймон мебандад. Модараш аз Бани Тамим буд ва номашон Салмон бинти Қаъид ибни Маҳийз.Дар ривояти Табақоти Ибни Саъд Суҳайб сиву чандум мусалмон маҳсуб мешавад.Аммо дар ривояти Муҷоҳиб ибни Ҷабр Суҳайбро севвум аз мардон медонад. Дар ҳама ғазваҳо душодуши Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) буданд ва эшонро ҳамроҳи мекарданд.Дар мавридаш чанд оят ҳам нозил шудааст. Ҳангомеки Умар ибни Хаттоб (раз) –ро Фирӯзи маҷусӣ бо ханҷари заҳрогин дар намзи сӯбҳ мезанад, Умар (раз) Суҳайбро амр ба имоматии намози сӯбҳ мекунад ва мардум аз пушташ намоз мехонанд.Инчунин Умар ибни Хаттоб (раз) ӯро дар шурое,ки дар он халифаи ҷадид интихоб мегардад ҳамроҳ менамояд.То поёни хилофати Усмон ибни Аффон (раз) хело фаъол буданд ва пас аз шаҳодати Усмон ва фитнае ба Мадина омад,Суҳайб комилан худро дур мекунад аз ҳама арсаҳои сиёсат ва дигар фаъолиятҳо ва дар хонааш дар Мадинаи мунаввара гушанишиниро ихтиёр менамояд.Дар соли 38 ҳиҷрӣ дар моҳи шаввол ин оламро тарк мекунад.Дар сину соли Суҳайб (раз) ҳангоми вафот ихтилоф аст баъзе ӯро 73 сола ва бархе 84 сола ва ривояти дигар 70 сола гуфтаанд.Бар ӯ Саъд ибни Абулвақос (раз) ва дигар бақоёи асҳоб намоз мегузоранд ва дар қабристони Бақеъ мадфун менамоянд.Суҳайб (раз) дар се давлатдорӣ зиндагонӣ намудааст Империяи Сосонӣ, Империяи Византӣ,Хилофати рошида то хилофати Алӣ ибни Абутолиб (раз).

 

Суҳайби Румӣ аслан румӣ набуда, балки аз табори араб буд. Падараш нумайрӣ ва модараш тамимӣ буд. Сабаби Суҳайби Румӣ номиданашро аз қиссаи зер хоҳем дарёфт.

 

20 сол пеш аз Байъсат Синон Ибни Молики Нумайрӣ раиси шаҳри “Уббула,” ки аз тарафи Кисро таъин шуда буд, фарзанди маҳбубе бо номи Суҳайб дошт. Суҳайби гулчеҳраву сурхмӯй бисёр зираку доно, хушҳолу хурсанд ва осӯдаҳол буд. Падараш ҳамеша аз ӯ хурсанд буд. Дар яке аз рӯзҳо Суҳайб бо модараш ва ҷамъе аз ҳамдеҳагон барои истироҳат ба деҳи “Саний”, ки дар замини Ироқ қарор дошт, рафтанд. Дар аснои истироҳат гурӯҳе аз Румиён ба он деҳ ҳуҷум карда, даст ба ғорату дуздӣ заданд ва мардуми зиёдеро ба асорат бурданд. Суҳайб аз зумраи асирафтодагон буд, ки баъдан дар бозори асирон фурӯхта шуд. Суҳайбро чанд нафар харидорӣ карданд ва ӯ барои раисонаш хизмат мекард. Ин хидматгузорӣ барои Суҳайб имкон дод, то ин раисону садрнишинони Румро бишносад.

 

Суҳайб бо чашми худ дид, ки дар қасрҳои Рум чӣ корҳои зишту фаҳшо рух медиҳад. Худ шунид, ки дар он макон чӣ тавр зулму ситам бисёр аст ва ин гурӯҳи афродро бисёр паст шуморид ва мегуфт: Ин ҷамъи касодро танҳо тӯфон метавонад покиза кунад. Агарчӣ Суҳайб дар Рум бузург шуд ва забони арабиро қариб, ки фаромӯш карда буд, аммо аз хотир набароварда , ки аслаш араб аст ва нисбати он чи, ки ба аслу табораш тавъам буд, шавқу ҳавас дошт. Барои озодӣ аз бардагӣ ва ба диёри худ боз гаштан кӯшиш мекард. Аз як коҳини масеҳӣ шунида буд, ки барои яке аз сардоронаш мегуфт:

 

Замоне наздик шудааст, ки дар Макка як паёмбар меояду рисолати Исо ибни Марямро тасдиқ мекунад ва мардумро аз торикӣ ба сӯи нур мебарорад. Барои Суҳайб фурсати муносибе пеш меояду ба сӯи Макка ва ба сӯи маконе, ки паёмбари мунтазир меояд, фирор мекунад. Чун Суҳайб ба Макка расид ва мустаққар шуд мардум ӯро ба сабаби вазнин будани забонаш ва сурхии мӯяш Суҳайби Румӣ ном гузоштанд.Суҳайб бо яке аз сардорони Макка, ки вай Абдуллоҳ ибни Ҷудъон буд, шарик мешавад ва ба тиҷорат мепардозад ва бисёр даромад мекунад. Ғайр аз ин Суҳайб сухани он коҳини масеҳиро фаромӯш накарда буд. Худ ба худ мегуфт: Кай меомада бошад он паёмбар? Дере нагузашта ҷавоб барояш омад. Як рӯз ҳангоми аз сафари тиҷорӣ баргаштан ба ӯ хабар медиҳанд, ки Муҳаммад ибни Абдуллоҳ паёмбар шудааст ва мардумро ба имони ба Аллоҳ даъват мекунад ва ба некӯиву адолат амр мекунад. Аз бадӣ ва фаҳш онҳоро наҳй мекунад. Суҳайб гуфт: Оне, ки лақабашро Амин мегӯянд, вай нест? Гуфтдаанд: Бале, ӯст. Суҳайб гуфт: Маконашро бигӯ: Гуфтанд: Дар дори Арқам ибни Абил Арқам. Дар Пеши Сафо, лекин эҳтиёт кун, то Қурайш туро набинад ва зиёнат нарасонанд.

 

Ва дар пеши дар Аммор ибни Ёсирро ёфт ва гуфт: Чӣ мехоҳи?

 

Аммор гуфт: Ту чӣ мехоҳи? Суҳайб гуфт: Мехоҳам пеши ин мард дароям, то фаҳмам, ки чӣ мегӯяд. Аммор гуфт: Ман низ инро мехоҳам. Суҳайб гуфт: Пас бо ҳам наздаш медароем. Суҳайб бо Аммор назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) даромаданд ва суханони ӯро гӯш карданд. Пас нури имон дар дилҳояшон дурахшид ва ҳарду гувоҳӣ доданд,ки Худо яккаву ягона ҳаст. Ӯст сазовори ибодат ва Муҳаммад банда ва расули Ӯст. Пас рӯзашонро дар назди Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) гузаронида, аз суҳбати эшон ҳаловат бурданд. Вақте, ки шаб шуд ва ҳама ором шуданд, ҳарду дар торикии шаб аз назди эшон рафтанд.

 

Суҳайб бо ҳамроҳи ёронаш Билол, Аммор, Хаббоб, Сумая ва даҳҳо муъминони дигар аз тарафи Қурайш чунон азият дода шуданд, ки агар ин азоб бар кӯҳ нозил мешуд, пора мегардид. Ҳамаи ин азиятҳоро бо нафси орому собир бардошт кард, вақте,ки Паёмбар (саллаллоҳу алаҳи васаллам) ба ҳиҷрат барои асҳобашон ба сӯи Мадина рухсат доданд, Суҳайб қасд кард.

 

Пеш аз ҳиҷрат Қурайш аз ин мақсадаш огоҳ гардида, сади роҳаш шуданд. Суҳайб фурсати муносибро ҷӯё шуда, то ба Мадина ҳиҷрат кунад.

 

Лекин натавонист, зеро душманон ӯро зери назорати худ мегирифтанд. Барои фирор роҳе пайдо накард ва даст ба ҳила зад. Дар як шаби бисёр хунук ба ҳоҷатхона рафт, гуё, ки қазои ҳоҷат дорад ва бар нагашт, то душманон огаҳ нашаванд. Баъзе аз душманон бо якдигар гуфтанд, дилпур бошед ва хотир ҷамъ доред, зеро Лоту Уззо ӯро ба дарди шикам гирифтор карданд, сипас душманон ба хобгоҳашон бозгаштанд ва хоб бар онҳо чира гашт. Суҳайб оҳиста аз миёнашон баромада, рӯ ба тарафи Мадина кард.

 

Дере нагузашта буд аз фирори Суҳайб, ки душманон огоҳ шуда, аз дунболи ӯ шитофтанд ва ӯро дарёфт карданд. Вақте Суҳайб расидани онҳоро пай бурд ба макони баланд баромада, аз тирдонаш тиреро гирифт ва найзаашро омода карда, гуфт: Савганд ба Худо эй маъшари Қурайш, шумо худ медонед, ки ман тирандози моҳирам ва ҳар ки пеш меояд бо як тир корашро анҷом хоҳам дод.

 

Қурайшиён гуфтанд: Чун ту ба Макка омада будӣ мискине беш набудӣ, акнун, ки соҳиби молу пул шудӣ фирор мекунӣ?

 

Суҳайб гуфт: Агар молу мулкамро бароятон диҳам, маро раҳо мекунед? Гуфтанд: Бале. Суҳайб макони молу мулкашро ба онҳо нишон дод, сипас раҳояш карданд.

 

Суҳайб ба сӯи Мадина раҳсипор шуд.

 

Суҳайб бо дину имони ба Аллоҳ бидуни ягон таассуф бар он моле, ки дар зиндагиаш ҷамъ карда буд, раҳсипор гашт. Ва ҳар гоҳ, ки дар роҳ хаста мешуд ва шавқи дидори Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба ёдаш мерасид, дубора нишоташ бармегашт ва хастагиро ҳис намекард.

 

Вақте ба “Қубо” рустоест 2 фарсанг аз Мадина дур аст расид, Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ӯро дида, хеле хурсанд шуданд ва гуфтанд: “тиҷоратат суд овард эй Абӯяҳё тиҷоратат суд овард ва ҳамин суханро се бор такрор карданд. Суҳайб чунон хурсанд шуд, ки ҳатто гуфт: Савганд ба Худо касе маро сабқат накард ба наздатон эй Расулуллоҳ дар бораи муомилае, ки бо душман кардам фақат Ҷибрил хабардоратон кардаст. Ҳақиқатан тиҷораташ бурд кард.

 

Ва ваҳйи аз осмон инро тасдиқ кард ва Ҷибрил шоҳид шуд ва дар ҳақи Суҳайб ин сухани Аллоҳ нозил шуд ‎

 

“‎ومن الناس من يشري نفسه ابتغاء مرضاة الله والله رءوف بالعباد” “

 

Касе дигар аз мардум барои ҷустани хушнудии Худо ҷони хешро фидо кунад. Худо бар ин бандагон меҳрубон аст!

(Сураи Бақара, ояти 207)

 

Дар фазлаш мегӯянд:

 

Анас ибни Молик собиқин ва нахустин мусалмонони Араб буданд.Суҳайб собиқини дар ислом аз Рум буданд.Билол ибни Равоҳ аз пешоҳангон ва собиқини Ҳабашиҳо буданд.Салмони Форсӣ аз пешоҳангон ва нахустин мусалмон шудагон аз Форсҳо буданд.

 

Бақо ибни Мухаллад дар Муснадаш аз Суҳайб (раз) 30 ҳадис ривоят кардаанд.Ривоят кардааст аз Суҳайб Имом Муслим 3 ҳадис ва дигар муҳаддисин ҳам аз ӯ ривоят кардаанд.

 

Аллоҳ аз ин саҳобии ҷалилулқадр Суҳайби Румӣ розӣ ва хушнуд бошад ва моро аз пайравони ин абармардони садри ислом гардонад омин.

 

Share This Article