Судониҳо диктаторро бо диктатор иваз кардани нестанд

Ислоҳ нет

 

Ҳудуди беш аз се моҳ аст дар давлати Судон ҳолати хело баде идома дорад.Аммо дар расонаҳои тоҷикӣ чизе аз он надидам.Аз ин сабаб хостам ҳолати Судонро барои хонандаи тоҷик расонам.Агарчӣ мақола каме дароз аст вале ончӣ гузашт дар ин кишвар бояд фаҳмед ва хело дарси хубе ҳаст барои мардуми мо ва мухолифони сиёсии кишвар.

Ҳарки номухт аз гузашти рӯзгор,

Низ н-омузад зи ҳеҷ омӯзгор

 

Маълумоти кутоҳ аз Судон

 

Судон як  давлати арабӣ, дар қораи африқо буда ва дорои  масоҳати тақрибан якмиллиону нуҳсадҳазор километрӣ ва дорои 18 вилоят ва 133 ноҳия ва ҳудуди 41 миллон аҳоли мебошад.Судон соли 1821 зери тасарруфи хилофти Усмониҳо даромад ва муддати 64 сол дақиқан соли 1885 Муҳаммад Аҳмад Маҳдӣ яке  озодихоҳони Судонӣ мардумро басиҷ намуд ва туркони Усмониро аз кишварашон хориҷ намуд.Муҳаммад Аҳмад Маҳдӣ Хартумро аз дасти Англисҳо озод ва генерали англис Чарлез Горденро ба қатл расонид. Аммо ҳукуматаш дер давом накард  ва дақиқан дар ҳамин сол дар Умми Дармон вафот намуд.Судон пас аз он беш аз ним аср таҳти мустамликаи  Англисҳо  карор дошт.Соли 1896 бо кумаки мисриҳо англисҳо вориди Судон гаштанд ва муддати 59 сол ин кишварро зери истеъмори худ қарор дода буданд. Дар миёнаи асри бистум дар 19 декабри соли 1955 ин давлат аз англисҳо ба истиқлолият расиданд ва 1 уми январи соли 1956 истиқлолияти худро эълом намуданд. Судон як давлати ғании африқоӣ мебошад дорои заминҳои зироати ва захираҳои зери заминии зиёде мебошад. Инчунин истеҳсолоти маҳаллияш,то ҷое хуб аст назар ба дигар ҳамсоя кишварҳояш.Дар бахши зироат ба пешрафтҳое дар минтақа дастёфта аст ва шевои  истифодаи дурусти заминҳо дар соҳаи зироаткорӣ ин кишварро яке аз бузургтарин давлати содиркунандаи гушт, ғалладона дар минтақа гардонидааст.

 

Оғози ба қудратрасидани Муҳаммад Умар Албашир

 

Соли 1989 Мухаммад Умар Албашир як генерали баландрутбае  бо роҳи ғайриқонуни аз болои хукумати Содик Маҳдӣ инкилоб кард ва масьулияти давлатро ба дасти худ гирифт.  Содиқ Маҳдӣ набераи Муҳаммад Маҳдӣ мебошад , Ӯ роҳбари ҳизби Умма калонтарин ҳизби мухолифи ҳукумат дар солхои 1966-1967 буд. Ду бор  сарвазири Судон интихоб шуда аст як бор аз тарафи  эьтилофи сиёсӣ  соли 1966 аз мақом дур карда шуд ва Бори дуюм соли 1989 бо роҳи инкилоб.  Умар  Албашир,ки генерали қувваҳои низомӣ буд, либоси мулкӣ пушиду  бо дигар аҳзоб мусолиҳа кард ва худро раиси қонунии Судон номида, бар сараш салла ё дастор баст ва либоси низомишро бо либоси оддӣ иваз намуда идораи  давлатро бо “равиши исломӣ” пеш гирифт.  Ҳар чи қувват гирифт  худро гоҳ ҷониби исломиҳо мезад ва гоҳ ҷониби аҳзоби демократӣ ва дунявӣ.

   
Дар замони хукмронии Умар Албашир эьтирозҳои мардумии густурдаи зиёде сурат гирифтааст.Хулоса аз низом ва ё шакли идоракунии давлат мардум розӣ набуданд, ҳамеша ҷангу кашмакашиҳо қашшоқиву болоравии нарххо дар кишвар ба шакли мудовим идома мекард.

 

Закоти молатро ба ҳукумат надиҳӣ зиндонӣ мешавӣ

 

Умар Албашир як сохт ва низоми давлатдории аҷиберо дар Судон ташкилнамуда буд,ки метавон гуфт дар олами ислом назире надошт.Масалан закоти моли шаҳрвандон ба шакли расмӣ аз тарафи ҳукумат ситонда мешуд.Вазорати молиёт ё андоз аз соҳибони ширкатҳо ва тоҷирон ва онҳоеки маблағҳояшонро ин ниҳод медонист барояшон солона листе меомад,ки бояд ҳатман закоти молашонро иҷборӣ супоранд. Яъне ҳам ба ҳукумат андоз месупориданд ва ҳам закоти  солонаи молашонро.Мардум дар ҳолати аҷибе қарор гирифта буданд,ки наметавонистанд не гӯянд чун додани закоти мол барои ҳар мусалмони қодир ва тавоно фарз аст.Шикоят кардаҳам наметавонистанд,зеро он эътироз ба рукни чоруми ислом буд. Мункирини закотро ҷазоҳам интизор буд.Инчунин он маблағҳоеки ситонда мешуд барои мардум нофаҳмо буд,ки ба кадом самт ҳукумат онҳоро масраф менамояд.Аз як нигоҳ дақиқан мисли режими кунунии тоҷикистон дар қиболи “закоти фитр” дар ду соли охир аз мардум маҷбуран гирифт вале намедонанд онҳо ба куҷо рафтанд.

 

Ҳодисаҳои дохилии Судон дар аҳди Албашир

 

Бо сабаби тулонитарин ҷанги шаҳрвандӣ дар африко ,ки ҳудуди бистсол давом кард, Албашир ичоза дод Судонро Таксим кунанд ва ду кисматҳам шуд, Судони шимоли мусалмонон ва қисмати ҷануб ба масеҳиен тақсим шуд.Он минтақаҳое тақсимшуданд,ки хело ҳосилхез ва нафтӣ ба шумор мерафтанд.Дар ниҳоят бо онҳоеки сулҳкарда буд мисли Ҷон Гарангро дар як сониҳаи ҳавопаймоӣ ба қатл расонид.Ӯ дар ин муддат хеле ҷиноятҳои зиёде  содир кардаааст беш аз 300,000 ҳазор нафар сокинони осоиштаи Судонро ба қатл расонидааст. Дар  тавсеъа ва густариш ёбии ҷанги дохилии тулони худи Раис Албашир гунаҳгор аст созмонҳои ҳуқуқи башар ва додгоҳи байналмилали аз болояш парвандаҳо боз карданд чандин бор  ҳангоми сафараш ба хориҷ талаби тавқиф ва боздошташро  кардаанд. Ӯ гунаҳгори ҷангӣ дар требунали Гаага маҳкум шуда буд. Ӯ чун гунаҳгор буд ва инро хуб медонист,аз тарс ба хориҷ аз кишвар сафар намекард. Сафарҳояш махдуд буданд ва танҳо миёни  якчанд давлатхои золиму диктотурпарвари африқоӣ ва амсолаш,ки ҳеҷ қонунеро риъоят намекунанд сафар мекард ва ҷуръати сафар ба дигар давлатҳои озод ва қонунмеҳвари оламро надошт.

 

Дастҳои хориҷӣ дар Судон

Чунонеки муҳаллилон дар қазияи Судон менависанд агар давлат дар дасти мардуми  худи Судон мебуд ва дахолати кишварҳои хориҷ намебуд вазъ ба чунин вахомат намерасид. Чанд давлати абарқудрат барои алангаи ҷанги дохилии Судон равған дар оташ мерехтанд,то оромӣ дар ин кишвар ҳукмфармо набошад.Ин абарқудратҳо намехостанд Судон мустақил ва худкифо ва муттаҳид бошанд.Ин абарқудратҳо пинҳони нақшаҳои шумро дар Судон пас аз хориҷ шуданашон аз он кишвар кашиданд ва  бо ширкати силоҳбарории Украина шартнома баста силоҳро тавассути Иморти муттаҳидаи Араб интиқол медоданд ва бо миёнҷигарии Мисру Иморт  силоҳро ба гуруҳҳои силоҳбадастони ҷудоихоҳи Судони ҷануби мерасонданд, то  ҷанг шиддат ёбад.Бо таъассуфи шадид ин кишварҳо,то ҷое ба ҳадафҳои шумашон расиданд ва Судони бузург таҷзия ё тақсим шуд.

 

Сафари Усома бин Ладан Судонро ба таҳрим гирифтор кард

Соли 1993 Усома Бин Ладан террористи рақами яки ҷаҳонӣ ба Судон омад ва Умар Албашир ӯро  гиромидошт  ва ҳамчун мехмони азиз қадрдони кард.Амрико аз ин  рафтори ҳукумати Судон нигарон шуда номи давлатро ба руйхати сиёҳи террористпарвар даровард ва таҳримот алайҳи ин кишвар ҷори кард. Ин  Таҳримотҳои дурудароз давлатро дар муддати 19 сол  ба миқдори 500 миллиард доллар зарари моли расонд. Дар ин таҳримот содироту воридот лавозимоти  тармимии ҳавопаймоҳои амрикои банку шабакахои интернетӣ ва дигар ашёи муҳим барои як кишвар шомил буданд.Судон дар ин муддат ба бадтарин ҳолат гирифторгашт вале Умар Албашир ҳолоҳам аз қудрат намехост равад ва сиёсатҳои ғалати худро иваз кунад.

 

Сиёсатҳои ғалати дохилӣ ва инқилоби мардумӣ

Умар Албашир сиёсати бераҳмона ва хело хашинеро пеш гирифт, аслан ба ягон ҳизбу ҳаракатҳои мардуми роҳ намедод, муддати  сисол якаҳукмрони кард.Солҳои зиёд  Судонро ба таҳримоти вахиме ворид кард,иктисод рӯз ба рӯз поён мерафту нарху наво боло мерафтанд сабри мардум лабрез шуд дигар ин ҳолати вахиму тоқатфарсоро бардошт накарданд.Охир то кай бояд сабркунанд ва ин  низоми куҳнаи бе салоҳият идораи давлатро ба уҳда гирифта бо зулму ситам ва хуқуқ вайронкуниҳо мехоҳад қудратро аз даст надихад.

Тарафдорони  Албашир факат такрор ба такрор мисли фермаи ҷавоби мо аз зиёдкунии донишгоҳҳо ва кашфи захираҳои ҷадиди нафту газ ҳарф мезаданд ва мардумро ба шукронкардан даъват мекарданд,чун дигар ҳеҷ дастоварде надоштанд.Мехостанд мардумро бо ваъдаҳо ором кунанд вале дигар мардум аз ваъдаҳои хушку холӣ ба ҷон расида буданд.

 Соли 2020 интихобот бояд мешуд мардум медонистанд,ки муҳлати расидану нарасидани ин интихобот ва сабр кардан,то он сол, мумкин аст шахси дигаре биёяд вазъ дигар мешавадро дигар накарданд. Хуб медонистанд,ки ин режими Умар  Албашир интихоботи озоду шаффоферо ҳаргиз баргузор намекунад ва ҳатман мисли сисоли гузашта бо роҳи сохтакориҳо  орои мардумро ба даст меорад ва аз қудрат ба ин осонӣ намеравад. То интихобот як соли дигар боқи монда буд,ки мардум оҳиста -оҳиста ҳаракатҳои эътирозиро дар кучаҳо оғоз намуданд. Хар қадаре,ки хукумат зидди баромадашон  таҳдид кардан гирифт вале  баракс сафи эътирозгарон ва норозиён бештар мегашт ва  талаби истеъфои ҳукуматро талаб мекарданд.Мардуми эътирозгар муддати се моҳ майдонхоро тарк накарданд.

 

Тағйироти кадриеки Албаширро сарнагун кард

 

Умар Албашир маҷбур шуд бо ваъдае мардумро ором кунад. Ӯ маҷлисе орост бо тарафдорону аъзоёни ҳизби “Муътамар-ул- ватанӣ”  ва мустақиман аз тариқи телевизион онро намоишкорона барои ором кардани мардум ба намоиш гузошт.

 

Дар эъломия ё паёмаш чунин гуфт: “Ман имрӯз аз раёсати  ҳизби “Муътамар-ул- ватанӣ”ҳизби ҳоким дар кишвар даст мекашам. Мутмаъин бошед дар интихоботи ояндаи соли 2020 номзадиамро намегузорам.Пас аз ин паёмаш ба мардуми ба кучаҳо баромада барои инки,то яксоли дигар ӯро гузоранд,то осуда бошад,яксол ҳолати фавқулъода (черезвычайное положение) то санаи интихоботи президентӣ дар кишвар эълом намуд.

 

Пас аз он дар мақомоти кишвар тағйироти кадри намуд ва комилан ҳама ашхоси калидиро аз ашхоси бовариноки худаш таин намуд. Аммо ин мардумро ором накард ва дигар аслан ба Албашир бовар надоштанд.Сафи ҳизбҳои мухолифин рӯз ба рӯз афзуду мардумро ба тазоҳурот даъват карда ваъдахои Албаширро роҳи наҷоти кишвар намедонистанд ва танҳо роҳи ҳалро дар истеъфои ӯ медонистанд. Ин ҳолати ҳараҷ ва номаълумӣ дар кишвар як моҳи дигар давом кард.Шаҳрвандон атрофи идораҳои ҳукуматӣ шабу рӯз нишастанд ва он ҷойҳоро тарк накарданд.

 

Амниятиҳои муҳофизу  тарафдораш барои саркубкунии мардум шурӯъ карданд ва чанде аз мардуми осоиштаро кушта ва маҷруҳ карданд.Аммо мардумҳам истиқомат карданд ва ҷойҳои худро тарк накарданд,амнияти кишвар ҳар рӯза мардуми осоиштаро дар ҳимояти Албашир саркуб кардан мегирифт. Кор ба ҷое расид,ки аскарон ё вазорати дифоъ барои ҳимояти мардум пардохтанд.Бозҳам ба ин ҳолат эьтирозгарон дар кучаҳо боқи монданд.

 

Умар Албаширро низомиён сарнагун карданд

 

 Вазири дифоъ Умар ибни Авф ин ҳолатро дида як ҷаласаи изтирорӣ ташкил намуд ва идораи ҳукуматро ба ихтиёри худ гирифт ва пас аз он Умар Албаширро ба ҳабси хонагӣ гирифт. Пас аз он мардум хушҳол буданд,ки тамом Албашир рафт вале Умар ибни Авф  пас аз эълони ҳабси хонагӣ намудани Умар Албашир хост худаш, то интихоботи соли 2020 раиси давлат боқӣ бимонад. Ин масала барои мардум гарон буд,чун дақиқан худи Албашир бо чунин шево ба қудрат расида буд ва дақиқан ҳамон сенаряро мемонд.Яъне дикторро бо диктатори ҷадид намехостанд иваз кунанд.Умар ибни Авф албатта мехост,то ин муддат худашро тақвийят диҳад ва хукуматро ба ғайри низомиҳо насупорад. Инҷо фаҳмида шуд ин амали барканоркардани Албашир тавассути артиш хизмат аз баҳри мардум набуд,худро дар зоҳир ғамхор нишон доданд вале дар пушти ин артиш дастони  хоҷагони хориҷӣ қарордошт. 

 

Муҳаллилони вазъияти Судон ба ин назаранд,ки артиш бояд ҳукмро комилан дар дасти худашон қарор медоданд ва ба онҳо дар ҳолати ба дастгирифтани қудрат давлатҳое чун Миср,Саъудӣ,Иморот барояшон омодаи кумакҳои молӣ кардан буданд.Дақиқан чунонеки ба Абдулфаттоҳ Сисӣ дар миср карда буданд ва ҳазорҳо мардуми бегуноҳро ба қатлу зиндон кашиданд ва ҳукумати қонунии Муҳаммад Мурсиро сарнагун намуданд.

Аммо ҳизбҳои сиёсӣ дар кишвар ба ин пилон ва ҳадафи шуми артиш огоҳ гаштанд, ҳама бо як садо аз  низомиён талаб карданд ҳукуматро ба мардуми ғайри низомӣ супоранд.

 

Дахолати хориҷӣ ва гирифтани семиллиард долар

 

 

Тибқи ахбороти расида ба низомиён ё Умар ибни Авф Иморот ва Саъудӣ семиллиард долар гӯё ба мақсади  ёрдами давлати ҳамзабон ва бародарона ба Судон барои беҳбуд бахшидани иқтисоду осуданамудани вазъияти давлату мардум доданду даҳони низомиёнро бастанд ва ҳатто онҳоро забонкутоҳ намуданд.Бояд пас аз гирифтани ин маблағ қудратро ба ғайри низомиён надиҳанд,ҳаркоре мехоҳанд бикунанд вале қудратро низомиён дар дасти худашон нигоҳ доранд.

 

Мардуми эътирозгар зидди  дахолати хориҷиён шиор доданро дар кучаҳо шуруъ намуданд ва ёрдами давлатҳои халиҷиро танкид карда бо шиори “Фул мехурему озод зистан мехоҳем” яъне  кумаки гаразноки касеро қабул надорем ишора ба давлатҳои халиҷӣ  карда шиор медоданд.Фул як намуд таоми арзон дар бисер давлатҳои арабӣ мебошад бештар камбағалон таомашон ҳамин аст.

 

Истеъфои Умар ибни Авф аз мақомаш

Бо фишори зиёди эьтирозгарон вазири дифоъи Судон аз иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳур истеъфо дод вале дар вазифаи худ вазири дифоъ ҳамзамон  боқӣ монд. Ба ҷояш  як генерали дигар Абдулфаттоҳи Бурҳонро таъин намуд. Раиси ҳукумати  интиқолӣ  аввалин коре анҷомдод пас аз ба қудрат расиданаш ҳолати фавқулъодаро муваккатан бардошт ва ба мардум ваъдаи интиқоли қудрат ба мардуми ғайри низомӣ ё аҳзоби сиёсиро дод.Аммо мардум хеле дилмондаву нобовар буданд ва ба ваъдаҳои низомиён боварнадоштанд.Аммо эътирози густурдаи мардум хомуш нагашта буд, то имрӯз садҳо ва ҳазорон ва гоҳо миллионҳо аз дигар шаҳру ноҳияҳо ба маркази давлат Хартум меоянд,то инки иродаашон пурра амалӣ гардад.

 

Аҳзоби сиёсӣ комилан мухолифи низомиёни сиёсианд

 

Содиқ Маҳдӣ раиси “Ҳизби Умма” ва   Мухаммад Исмат роҳбари кавии “Ҳуррийя ва Тагйир”  Аббос Маданӣ ва дигар аҳзоб муътақиданд,ки  интиқоли қудрат ба ғайри низомиҳо ва аҳзоби сиёсӣ  гузараду  нуфузи низомиён аз минбари сиёсат камтар кунанд.Дар Судон 36 ҳизби сиёсӣ сабти ном аст ва ҳамаашон ба зами низоми диктотури будани Албашир фаол буданд. Низомиён чунонеки вазъиятро мебинем, нияти тарки сиёсат кардани нестанд, бо фишори давлатҳои халиҷӣ мехоҳанд бо ин ҳолат дар қудрат бимонанд.Ғайри низомиҳо ва аҳзоби сиёсии кишвар бошанд бо низомиён хостанд сари мизи музокира нишаста гуфтугӯ ва хамдигарфаҳми кунанд. То ин рӯзҳо низомиён ба аҳзоби сиёсии кишвар 177 пешниход барои тақсими идораи ҳукумат кардаанд аммо ягонтои ин пешниҳодҳоро аҳзоби сиёсӣ қабул накардаанд.

Мардуми эътирозгар кушиш доранд байни низомиён ва аҳзоби сиёсӣ  хукуматро тақсим кунанд ва  60% ба ғайри низомиҳо ва 40%  ба низомиён дода шавад.Ин ба он хотир аст,ки  мабодо аз низомиён диктатор пайдо шавад ва аҳзоби сиёсиро тавонанд дур кунанд ва агар аз аҳзоби сиёсӣ пайдо шуд низомиён тавонанд бо ин 40%-и қудраташон онҳоро дур кунанд. То ҳол масала ба пурраги ҳал нашуда Абдулфаттоҳи Бурҳон раиси муваққати интиколи ба Миср сафар доштааст ва бо диктатори Миср Абдулфаттоҳи Сисӣ дидор ва гуфтушунидҳои чанд соатаҳам доштааст.Инчунин  ба Имороти муттаҳидаи Араб бо шайх Муҳаммад бин Зойд валиаҳди ин кишвар, дар пойтахти ин кишвар Абузаби мулоқоте намудааст,то ин вазъро халлу фасл намояд.

Мухаммад Ҳамдулло Хумейтӣ  ноиби маҷлиси низомиёни интиқолӣ ба Саъудӣ сафаркарда бо Муҳаммад ибни Салмон дар Риёз мулоқот намуд ва  ин сафари расмияш бе мувофиқа бо аҳзоби сиёсии кишвар сурат гирифта буд,ки ба сару садоҳое дар кишвар мунҷаршуд.Хумейтӣ вакте,ки аз Саъудӣ ба Хартум баргашт ишора ба Аҳзоби сиёсии кишвар карда гуфт: “низомиён  бештар мардумиянд назар ба дигар аҳзоби сиёсии кишвар.Мо бо мардум якдигарфаҳми мекунему  бо дигар коолитсияҳои аҳзоби сиёсӣ аслан кор надорем ва намехоҳем Судон монанди Яману Либия ва Сурия шавад”.

 Дар идома Хумейтӣ иброздоштааст:  “онхо яъне аҳзоби сиёсии кишвар мақсади нек надоранд нотинҷию ғавғоро дар давлат мехоҳанд бо  баъзе давлатҳои хориҷи алоқа доранд ва ҳатто маблаггузори мешаванд ва мехоҳанд вазъиятро дар кишвар муташанниҷ кунанд”.

Воқеан аз ин суханон метавон хулосакард,ки қудрат дар давлатҳои сеюм ба дасти касе расид,аввалин кораш ин мухолифони сиёсияшро бе таваққуф ба хоин ва хоҷаи хориҷидор доштан иттиҳом намоянд. Чунонеки дақиқан ин ҳолатро мо ва шумо дар кишвари худамон мебинему ҳаррӯз мешунавем.

 

Максади ин гуфтахо далолатгари он буд,ки мухолифони сиёсии муттаҳид бо номи   “Ҳуррийя ва Тагйир”-ро  аз широкат дар тақсими ҳукумат дур карда такрори низоми пешинаро ҷори карданиянд.Ҳангомеки Хумейтӣ мегуяд :”мо бо тамоми қишри мардум якдигарфаҳми мекунем”, номаълум аст,ки кадом қишр ва гурӯҳро дар назар доранд?

Эътилоф ё иттиҳодияеки дар таърихи 1-уми январи соли 2019 бо номи “Ҳуррийя ва Тагйир” бо роҳбарии Муҳаммад Исмат ташкил шуд тавонист ҳама аҳзоби сиёсии мухолифи режим ва мардуми кишварро аз шимол,то ҷануб баҳам орад ва дар се моҳ Умар  Албаширро сарнагун кунонад.Тарси низомиён аз ин “Ҳуррийя ва Тагйир” дар инҷост,ки 36 ҳизб дар тули 30 сол натавонистанд коре кунанд,ки ин “Ҳуррийя ва Тагйир” мардумро ба ҳам оварду инқилобро анҷомдод.

Аҳзоби сиёсии ғайри низомии кишвар бо мардум пас аз шунидани суханҳои Хумейтӣ ба хулосае расиданд,ки генералҳои артиши ба қудратрасида дигар намехоҳанд алоқа ва ҳамдигарфаҳмӣ кунанд. Генералҳо худсарона бо тарсонидани мардум ҳарчиро хоханд анҷом медиханд ва аз касе ва чизе дигар сари тарс надоранд. Хумейтӣ як шахси ҷинояткорест,ки намехоҳад ҳукуматро ба мардум диҳад,дар сурати ҳукумат ба дасти аҳзоби сиёсии кишвар гузаштан ҷиноятҳои қатлу кушторҳои бераҳмонае,ки аз тарафи якчанд генералҳои болои артиш содир шудааст ошкор ва ба муҳокима кашида хоҳандшуд. Бидуни ҳеҷ шакку тардиде Албашир ва боқи генералҳои  низоми собиқ,ки ба зулм ва қатлу куштори мардуми бегуноҳ дастдоштаанд,на танҳо ба маҳкамаи дохилии кишвар балке ба додгоҳи байналмилали супорида мешаванд. Аз ин лихоз генералҳо ва бақоёи режими собиқ алоқаро бо Мисру Иморот ва Саъудӣ пурқувват карда истодаанд  ва мехоҳанд бозҳам ҷойгоҳ ва вазифаҳояшонро хифз кунанд.Барои ин ҳимояти давлатҳои пурқуввати минтақа ва маблағ лозим аст.Аммо пас аз гирифтани маблағ аз он кишварҳо, лозим меояд онҳо ҳарчи хоҳанду дикта кунанд ва чӣ  накшае доранд онро бе чуну чаро иҷро кунанд масалан: мухолифони сиёсии давлати миср,ки аз қатлу куштори диктатор Абдулфаттоҳ Сисӣ ба Судон паноҳовардаанд онҳоро ба миср  таслим намоянд. Инчунин хостаҳои Имороту Саъудиро,ки ҳукумат ё қудратро набояд ба ҳеҷ шакле ба аҳзоби сиёсии кишвар супоранд.Ин албатта барои манофеъи ин кишварҳо зарар дорад.

 

Генералҳо дар Дорфур  пойтахти ҳозираи Судони ҷанубӣ ҳар ҷинояте,ки кардаанд чеҳраи аслии онҳоро дар олам ошкор намудааст.
Мухолифони сиёсии низомиён,ки 80%мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд воқеанҳам хело истодагарии хубе аз худ нишон додаистодаанд.Аз таҳдидҳои низомиён нотарсида бо ҳама роҳбаронашон иттифоқ шуда исёни мардумиро барқарор кардаанд. Исёни мардуми ин иборатаст аз  корпартоии китъаҳои хос ва ом, корпартои дар ширкатҳои ҳукуматӣ, вазорати нақлиёт , обу қувваи барқ, бонкхо, нуқтаҳои мубодилаи асъор,шифохонаҳо,маркази ёрии таъҷилӣ хатто махкам кардани дуконҳои хусусӣ. Албатта дар ин муқовимати мардумӣ даъвати уламои дини кишвар барои тарк накардани майдонҳо то решакан кардани боқимондаи низоми Албашир хело босазост.Аммо бозҳам бармегардад ба мубтакири асосии ин инқилоб ва ҷаҳиши мардумӣ Муҳаммад Исмат бо ташкили “Ҳуррийя ва Тагйир”,ки тавонист ин корро дар зарфи се моҳ анҷом бидиҳад.

Сухангуи мухолифон Умар  Аддаққир гуфт: “исёни мардумӣ аз рӯзҳои 28,29 уми  май рӯзи сешанбе оғоз шуда то ниҳояти ҳафта натиҷаи бузурге ба бор овард,метавон гуфт  90% амалӣ шуд ва то дами охир ба исёни худ яъне корпартоиямон идома хоҳем дод ва то имрӯзҳо он идомадорад”.

 

Як руз пеш аз ид низомиён ба таҷаммуъи мардуми майдоннишин ҳамла карда  бо гуфти комиссияи марказии  табибони Судон,то рӯзи 6-уми июн зиеда аз 108-нафар ба қатл расонида шуда ва беш аз 500 шаҳрванд маҷруҳ шудаанд.

 

Пас аз ин ҳодисаҳои хунини рӯзҳои охир болои низомиён фишорҳо аз дохил ва хориҷ хело зиёд шудаанд ва генералҳо намедонанд бо кадом роҳ аз ин варта наҷот ёбанд. Хумейтӣ ноиби раиси маҷлиси интиқолии низомиён ва инчунин ӯ “фармондеҳи қувваҳои даъми сареъ”( гурӯҳи низомии зудамалӣ вазорати мудофеъа)ҳам мебошад.Хумейтӣ  ҳамеша ба мухолифони сиёсӣ ва музоҳиракунандагон тарс медиҳаду таҳдидашон мекунад, мардум дигар аз чизе ҳарос надоранд ва ҳадафашон аз байн рафтани боқимондаи низоми Албашир аст.

 

Имрӯз эътилофи аҳзоби мухолиф “Ҳуррийя ва Тагйир”-эьлом кард,ки дигар пас аз ин миёни ҳукумати интиқолии низомиён ва мухолифони сиёсӣ гуфтушунид комилан таваққуф карда мешавад. Бидуни ҳеҷ шарте ҳукумати интиқолии низомӣ сарнагун шавад ҳукумат бояд ғайри низомӣ бошад. Аскарон чуз бо силоҳ бар сари мардум зуровари кардан чизи дигаре намеоваранд.Хизби Муътамари Судонӣ,  ҳизби коммунист, хизби Умма ва дигар ҳаракатҳо ин кушторро бар души низомиён гузошта талаби кушодани парвандаи ҷиноятиро намуданд ва қотилон ва онҳоеки фармон ба ин ҷиноятро додаанд бояд ба маҳкама кашидашаванд.

Пас аз ин қатли оми мардуми осоишта низомиён изҳори таассуф карданд ва чунин  баҳона оварданд,ки минтақаи мусаллаҳонро нишон гирифтем,на таҷаммуъи мардуми осоиштаро. Ҳамон рӯзе,ки қатли ом суратгирифта буд шабаш Абдулфаттоҳи Бурҳон раиси низомии ҳукумати интиқолӣ  аз шаҳидони фавтида ёдоварӣ карда изҳори таассуф кард ва эьлон кард,ки чи иттифоке миёни низомиён  ва эътилофи “Ҳуррийя ва Тагйир” шуда буд комилан ҳама он мувфиқаҳо лағв кардашуда, интихоботро дар ҳудуди 9-моҳ ба шакли  оммави бо ҳама қишри мардум мегузаронем.

 

 Моро ба ҳоли худамон гузоред ва аз низомиён ҳимоят накунед!

 

Мухолифон “Ҳуррийя ва Тагйир”  аз шарикони хориҷиеки аз низомиён пуштибонӣ мекунанд қотеъона талабкардаанд, ки  кушторҳое,ки дар ин рӯзҳои охир тавассути низомиён сурат гирифт чашмҳои худро кушоянд ва ҷинояти низомиёнро бубинанд.Ҷинояти қатли мардуми осоишта дар моҳи рамазонро,ки чӣ ҷинояти ваҳшатноке аст.Инчунин даъват карданд,ки ҳарчи зудтар аз ҳимояти низомиён дасткашанд ва аз ҷиноятҳои низомиён ҳимоят накунанд ва мардумро ба ҳоли худ гузоранд. Мардуми Судон худаш тақдирашро ҳал мекунад ва шумо дахолат накунед. Судон ин миср нест,то ҳаркоре хоҳед бикунед.

 

Низомиён чоршанбе идро эълон кардан ва мухолифон сешанбе

Рӯзи сешанбе дар Судон аз тарафи мухолифон ид эълом шуд ва низомиён бошанд идро рӯзи чоршанбе эълом кардабуданд. Ҳама мардуми Судон рӯзи сешанбе ид карданд ва дар ҳама масоҷиди кишвар намози идро гузориданд.Ба фармонҳои низомиён мардуми Судон ҳеҷ аҳамият намедиҳанд.Ба гуфти шоҳидон ҳатто низомиён бо мардум ид карданд ва сухани генералҳояшонро напазируфтанд.Охир аскарон ин фарзандони ин миллатанд ва набояд бар зидди падару бародари худашон тиркушоянд.

 

Генералҳо ё низомиён миёни ду кувва мондаанд, миёни мардум ва давлатҳои дахолаткунанда. Абдулфаттохи Бурҳон  даъват ба гуфтушунид  кард ва  гуфт дарҳо боз аст, мухолифон гуфтанд дигар низомиён муқаддас нестанд ва танҳо роҳи халоси аз низомиён ин хокимшавии ғайри низомиён мебошад.Агар чунин шавад дар кишвар сулҳу субот ва осоиштагӣ ба вуҷуд  меояд дар ғайри ин ҳолати кишвар вахимтар мегардад. Рузҳои наздик чӣ мешавад шоҳидаш хоҳем шуд.

Маҷаллаи “The Gardian” Бритонёӣ чунин таҳлилеро нашр кардааст: “агар дар Судон хостаҳои мардум амалӣ шавад, арши диктотурҳо ба ларза медароянд”.

 

Чанд соат пеш иттиҳоди Африқоӣ чунин баёнияро нашр карда ва дар он ба  низомиён ё ҳукумати интиқолӣ ахтор додаст:  “Агар ҳукумати интиқолии низомиён дар муҳлати 60 рӯз ҳукуматро ба аҳзоби сиёсӣ ва мардумӣ ғайри низомӣ вогузорнакунад бар алайҳи ҳукумати Судон як қатор таҳримҳо ва уқубатҳоеро ҷорӣ мекунанд”

 

Ончи дар Судон рух медиҳад дақиқан ба мисли Тоҷикистони моро метавон мушоҳида намуд.Қабл аз 27 сол “Фронти халқӣ” бо зури силоҳ ба қудрат расид ва либоси низомияшро  Умар Албашири мо ки номаш Э.Р аст аз тан берун кард ва бар миллат ва давлат ҳукумат мекунад.Аммо агар барояш гӯянд бас аст кишварро табоҳкардед,мардумро тарс медиҳад,ки агар розӣ набошед ба ин ҳукуматронии ман дубора либоси низомии 27 сол пешамро ба тан мекунам ва шуморо мекушам.Ба ҳама ончи мекунем шумо мардуми кишвар бояд шукрона кунед!

 

 

Share This Article