Сулҳ ё ваҳдат ,ҳаводиси он солҳо,насиҳат ба “пешво”
Сулҳ ба ҳолати қабли баргаштанро гӯянд, ё сулҳ ончи миёни ду шахсе ду гурӯҳе хароб гашта аст барқарор намуданро гӯянд.Ҳеҷгоҳ инсон ба танҳои наметавонад дар ин дунё умр басар барад.Ҳатман инсон бо инсони дигаре дар ин дунё муъомила бархурд менамоянд ва гоҳо корашон ба ноҳамдигарфаҳми мубуддал мегардад.Дар натиҷаи он сӯи тафоҳум миёнашон ба суханони носазо,ҷанҷол,гоҳо ба мунозаъа ва задухурду гоҳо ба қатл анҷом меёбад. Дар ин ҳолат он масъала бузургтар мегардад ва ҳарду ҷонибдорони худро пайдо мекунанд ва дар баробари якдигар қарор мегиранду меҷанганд ё даъво мекунанд.Ин масала гоҳо дар муддати кӯтоҳ ва гоҳо ба муддатҳои тӯлонӣ идома пайдо мекунад.Пас аз он миёни ин ду гурӯҳ шахсоне,тарафҳое дохил мешаванд мехоҳанд ин муноқашаро хотима бидиҳанд.Албатта на ҳамеша ин миёнҷигариҳо ба натиҷа мерасанду миёни ду мутахосим сулҳро барқарор мекунанд ва тарафҳо кина ва адовате,ки миёнашон доштанд онро канор мегузоранду ба ҳам меоянд.
Дар таърихи ислом аз оғози зуҳури ин дини ҳаниф дар ҳаёти Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) чандин сулҳу муъоҳадаҳо анҷом гирифта аст. Ин чунин пас аз он ҳазратҳам чандин сулҳу муъоҳадаҳо сурат гирифта аст. Албатта на ҳамаашон ба таври мусбат анҷом пазируфтаанд.
Муъоҳада ё созишномаҳое буданд ҳамеша аз тарафи муқобил онҳоро нақз мекарданд ва ба ончи навишта буданд вафодор боқи намемонданд.
Мусалмонон дар умум дар тӯли таърих бо ҳар тарафе муъоҳада ва паймоне бастаанд ба он аҳди худ то охирон лаҳазот побарҷо боқи мондаанд.Зеро таъкиди шадидуллаҳне аз Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) вуҷуд дорад,ки бояд мусалмон ба паймон ва аҳде бастаанд содиқ то охир биистанд. Мусалмононҳам ин ҳидоёт ва фармударо ҳамеша дар мадори таърих риъоят ва амали намудаанд.
Аммо дар муқобили мусалмонон онҳое аҳду паймон кардаанд дар шикасти он ҳамеша нахустин шуда он паймонҳоро яктарафа бекор намуда ё мешикастанд.
Намехоҳам ба он аҳд шиканиҳое аз тарафи мухолифони ислом дар таърих сурат гирифтааст чизе бинависам.Ҳама онҳоеки таърихро аз кутуби мувассақи таърихи хондаанд аз онҳо ба хуби огоҳанд.
Воқеъоти мудҳиши кишвар
Дар кишвари мо тоҷикистон бо дахолати қуваҳои хориҷӣ ҳукумати муросои миллӣ сарнагун гашт.Ҷойи он ҳукуматро як гурӯҳе бо зурии силоҳ савор дар тонкҳои руси ва узбеки ишғол намуданд ва беш аз як миллион тоҷикро дар ҷануби кишвар маҷбуран ба тарки хона ва кошонаашон намуданд. Беш аз сад ҳазор дар ин ҷанги нобаробар кушта шуд. Манотиқи ҷануби кишвар қариб,ки ба Сурия ва Ироқи имрӯзӣ мубаддал гашта буд.Бе шубҳа метавон гуфт ин рӯзгоре дар Сурия ва Ироқ мегузарад мо онро 25 сол пеш дидаем.Фақад бо партоби бом ва ракетаҳо ин хонаҳо сухта ва валангор нашуданд. Ин валангоршавии ҷануби кишвар,бо тарзи дуздии моликияти онҳоеки фирорӣ гаштаанд ва сузонидани хонаҳои онҳо сурат гирифтааст.Агар касе аз он рӯзгорон ба ёд дошта бошад ба хӯбӣ мефаҳмад он манзараҳои шум ва мудҳишро.
Ҷангҳо миёни ду тараф
Миёни ду тараф ҷангҳои доманадоре,ки он ба муддати панҷ сол идома пайдо кард.Бештари ин задухурдҳо дар манотиқи шарқи кишвар ва манотиқи ҳудуди бо Афғонистон идома пайдо карданд.Агарчӣ аз ҳукумати кишвар русия бо артишаш ҳимоят мекард.Бар замми инҳам ҳукумат хело дар ҳолати тазалзул ва фурӯпошӣ қарор дошт.Метавон гуфт ба ҷуз маркази тоҷикистон Душанбе дигар қариб ҳама манотиқ ноором буд. Ҳукумат танҳо пойтахтро дар ихтиёри худ дошту боқи манотиқ дар ихтиёри мухолифон қарор дошт.Ин ҳолат ҳукумати кишварро сахт нороҳат мекарду дар фикри чигӯна мухолифонро бояд фиреб додан гузаштанд.
Имзои “созишномаи сулҳ ва ризоияти милли” ё фиребдодани мухолифон
Ман намехоҳам чӣ гузашт ва чӣ моҷарое сурат гирифт ва инро муфассал нависам,аз он ҳама огоҳанд.Дар чанд нишаст билохира дар 27 июни 1997 “ дар москов ин фиребнома имзо гашт. Устоди марҳум Сайидабдуллоҳи Нурӣ,ки аз ИНОТ ҷиноҳи мухолифинро роҳбари мекард.Чаро маҳз Устод Нурӣ роҳбарӣ мекард? Ҳама қувваҳои асосии низомӣ,сарпарастии муҳоҷирин дар афғонистон зери сарпарастии Устод Нурӣ қарор дошт.Дигар аҳзоби мухолифеки дар ИНОТ буд ҳеҷ қуввае ва ё ҷонибдорони намоёне надоштанд.Табъан аз ин сабаб роҳбариро наметавонистанд ба даст бигиранд.Ҳукуматҳам ҳеҷ қувваеро ҷуз Наҳзати исломӣ намешинохт ва ҳатто аз вуҷудашон инкорҳам мекард.Чунонеки ҳолоҳам мебинем мухолифи асосии ҳукуматашро Эмомали Раҳмон танҳо дар чеҳраи Наҳзати Исломӣ мебинад.Зеро пойгоҳи мардумӣ ва ҷонибдору ҳаводорони хело зиёд дар дохил ва хориҷ аз кишвар ин ҳизби ҳоло мамнуъ дорад.
Ҳукумат аз соли 1999 то 2015 руҳан азоб мекашид
Ҳукумати Эмомали Раҳмон,ки медонист ҳеҷ пойгоҳи мардумӣ надорад.Медонист,ки бо зури силоҳ ва қувваҳои бегона ва фаромилӣ қудратро ба даст гирифта буд.Аз ин ҷойгоҳи худ хӯб огоҳ буд аз ин хотир дигар намехост Наҳзатро дар қаламрави кишвар бубинад. На инки дар парлумону вазоратҳо ва муасисоти давлати,балке дар қаламрави кишвар.Бо як саҳнаи аз қабл тароҳи шудае пой ин ҳизбро дар ҳодисаҳои хунини сохтаи сентиябри 2015 кашид.
Бидуни ҳеҷ таҳқиқе беш аз 200 нафар аъзо ва раёсати шурои олии ин ҳизбро зиндонӣ намуд.Ин ҳизбеки яктарафи сулҳи кишвар буд туҳмати “Терорист” буданро карда мунҳал эълонаш намуд.
Ҳукумат чаро бистсолагии “Ваҳдати Миллӣ”ро ҷашн мегирад?
Имрӯз бистсол аз он воқеъаи таърихиеки ҳукумати Эмомали Раҳмонро тамдид кард мегузарад.Ҳукумат ин рӯзро мисли сесияи 16 уми шурои олиеки Эмомали Раҳмон дар он раиси шурои олӣ интисоб гашт таҷлил мекунад. Зеро Эмомали Раҳмон дар он иҷлосия интисоб ба вазифа гашт,пас аз он худро бо зури силоҳ раисҷумҳур таъин намуд. Аммо дар имзои ин созишнома бақои худро дар ҳукм барои 20 соли дигар,ки мо шоҳидем тамдид кард. Инчунин роҳро барои фарзандонаш пас аз худ муҳаё намудааст.
Ин рӯз хело барои Эмомали Раҳмон муқаддас ва фаромӯш нашаванда аст.Тавонист мухолифони худро бо имзои ин созишнома фиреб диҳад ва тақрибан ҳамаашонро кушт ва бадарға ва зиндонӣ намуд.
Насиҳат ба Эмомали Раҳмон
Дар фарҷом ва дар ин рӯз мехоҳам насиҳате ба Ҷаноби Эмомали Раҳмон намоям ва аз авоқиби аъмолаш огоҳаш намоям.
Шикастани аҳд ва паймон дар ислом хело гуноҳи бузург ва гуноҳи кабира маҳсуб мешавад.
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар Қуръони карим мефармояд:
“Ва ба аҳди хеш вафо кунед, ки (аз аҳд) бозхост хоҳед шуд.”(Сураи Исро,ояти 34)
Имом Заҳабӣ (раҳ) дар китоби кабоираш шикастани аҳду паймонро дар боби 45 ум қарор дода ва хело таъкид ва авоқиби вахими онро баён доштааст.Хории дунё ва охиратро бар шахси паймоншикан гуфтааст.
Имом Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ(раҳ) шикастани аҳдро гуноҳи кабира гуфта аст. Инчунин Ибни Атия(раҳ) ҳам гуноҳи кабирааш гуфтааст.
Дар аҳодиси бешуморе Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) онҳоеки аҳду паймонашонро мешикананд барояшон ваъдаҳои шадиде намудааст.
“Ҳар ғодир(аҳдшикан)еро рӯзи қиёмат як байрақе дар (пушташ )часпонида мешавад ба андозаи ғадраш(аҳду паймонҳоеки шикастааст”
Дар ривояти дигаре омадааст: “Дида мешавад (шахси паймоншикан) дар ҳол ӯро мешиносанд,ки ӯ паймон шикан аст”(Бухорӣ № 3188)
Аз Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) ривоят аст,ки Аллоҳ субҳонаҳу ватаъоло гуфтааст: “ Ман дар хасм ҳастам бо се гурӯҳ дар рӯзи қиёмат. Марде паймон бубандад бо касе ва савганд ёд кунад (ба дурустии он аҳду паймонаш ё бо тоҷики даст диҳад,ки ман дар гапам ва аҳдам ҳастам) вале пас аз он паймонашро шиканад. Марде фурушад инсони озодеро ва пулашро хурад.Марде киро кунад кормандеро барои анҷоми коре вале пас аз анҷоми кораш пулашро надиҳад”(Бухорӣ №2227)
Пас аз имзои ин созишнома ҳама мухолифон ба кишвар баргаштанд. Ҳукумат оҳиста оҳиста бо ҳар роҳу васила шуруъ кард ба куштан ва аз миён бурданашон.
Абдуллоҳ ибни Умар (раз) аз Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) ривоят мекунанд,ки фармуданд: “Шахсе мекушад муъоҳидеро(шахсеки бо ӯ паймон намудааст ва амонаш додааст,ки ман бо ту сулҳ кардам) буйи ҷаннат ба машомаш намерасад.Бӯйи ҷаннат ва (ин шахси аҳдшикан) миёнашон масофаи чил сола роҳ аст” (ривояти Имом Бухорӣ)
Хуб медонем дар чӣ ҳолате будед вақте сулҳ кардед.Агар маҷбур намебудед ва зуратон намеомад ҳаргиз сулҳ намекардед.Чунонеки ду сол аст аз гузашти ҳодисаҳои дуввум вақте чизе таҳдидатон намекунад, як маротиба намегӯед биёед сулҳ кунем.Аммо ҳаргиз замона як наво пеш намеравад як рӯз пушт ба зин ва рӯзи дигар зин ба пушт мегӯянд гузаштагонамон.Шумо муртакиби гуноҳи бузурге гаштаед бо ҳама ончӣ кардед.Ба худ оед ва тавба кунед ҳама ончӣ кардед ҳатман пеши Аҳкамул ҳокимин ҷавоб медиҳед.Умед аст ба шумо инро мерасонанд ва агар ҳушёр бошед каме фикр мекунед ва тавба мекунед. Дарвозаи тавба боз аст фардо мумкин аст мисли баъзеҳо ба тавба нарасед.Ба ҷони худ ҷабр накунед шумо тоқати азоби Илоҳиро надоред.Имрӯз раис,пешво,аъло ҳазрат ва….. ҳастед. Аммо дар назди Аллоҳ як бандаи оддие беш нестед.Вазифа ва мақом ва қудрату сарват шуморо мағрур насозад,ин ҳамаро бо худ наметавонед бубаред.Аммо номи шуморо аъмоли шуморо кироман котибин ва инчунин таърихнигорон навишта истодаанд.Имрӯз иззат доред ва ин иззат ҳаргиз мудовим ва барои ҳамеша боқи намемонад ва ҳатман заволу ниҳоятеҳам дорад.
Аллоҳ Субҳонаҳу ватаъоло дар поёни сураи муборакаи Ҳуд мефармояд:
“Ва шумо интизорӣ бикашед (оқибати моро ), мо низ мунтазир мемонем (оқибати шуморо,ки Аллоҳ чикор мекунад)”
(Сураи Ҳуд,ояти 122)