(бахши дуввум )
Нақши Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, меъмори воқеии сулҳи тоҷикон
Ҳам дустон ва ҳам душманони сулҳи тоҷикон муътақиданд ва иқрору эътироф кардаанд, ки ин талошу пайкор ва гузаштҳои беохири устоди зиндаёд Сайид Абдуллоҳи Нурӣ буд, ки оташи ҷанги дохилӣ тамоми кишварро фаро нагирифт ва муҳимтар аз он зудтар хомуш гардид. Чунки устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ нафари дигар буд. Аз ҳар ҷиҳат аз Раҳмонов фарқ дошт. Устод Нурӣ як сиёсатмадори худрӯ, худрой, худсохта, худбовар ва роҳу пайкору ҳаракату ҳизбу ҳадафу ормонаш ҳам аз они худаш буд, худаш интихоб карда буд, худаш ихтиёр карда буд, худаш бунёд карда буд. Вай як куҳи устувор ва як дарахти тануманде буд, ки ҳеҷ гоҳ зери бори касе нарафт, лухтак ва бозича набуд, аз касе ва бар касе қарздор набуд, касе ӯро наоварда ва насохта буд. Роҳи вай ҳанӯз аз ҷавониаш, то инки аз Афғонистон парчами мубориза ва муқовиматро боло бардорад, рушан буд. Вай ва муборизаву талоши вай барои Тоҷикистони соҳибистиқлол, барои як ҷомеаи одил, барои соҳиб шудан ба давлати озоду новобаста ва соҳибсухану соҳибҷойгоҳу соҳибирода буд. Ба як калом, ӯ дар тафовут аз Раҳмонов, ки сохтаву пиростаи квачковҳову грачевҳову
козиревҳову ва ҳоказоҳои дигар буд, нафари мустақилу озод ва танҳо дил ба амру фармони Парвардгораш додаву дар роҳи пайғамбараш, дар хати кашидаи ӯ ҳаракат мекард. Ин тафовути аслӣ ва усулии шахсияти устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз Эмомалӣ Раҳмонов аст, ки вай аз даврони ҷавонӣ роҳу равиши худро таъйин ва мушаххас карда ва ҳануз дар ҳамон солҳо, ки Раҳмонов аз сиёсат буе набурда ва ба ҷуз аз дуздии коҳу ҷаву хурдани қурутови бо олича ба фарқи сиёҳу сафеди дунё намерасид, барои ақида ва дидгоҳҳои сиёсиаш муҷозот шуд. Устод Нурӣ танҳо ва аввалин маҳбуси сиёсии тоҷики замони шӯравӣ буд, ки барои таблиғи ақоиди исломӣ-яъне муқобала бо сиёсати вақт заҷри зиндон кашидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдат ва мубтакири он, дар асл кӣ аст ?
Нахустин паём ва даъват барои музокира ва гуфтугӯҳо ба хотири қатъи ҷанги хонумонсӯзи таҳмилиро устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва ёрони вай матраҳ карданд. Замоне, ки тарафи дигар, яъне ҳамин Эмомалӣ Раҳмонов, ки акнун худро бешармона Асосгузори сулҳ хондааст, болои Ғарму Бадахшон бомбаҳои хушаӣ партоб мекард ва ҳарими ҳавоии мамлакатро ҳамарӯза ба маърази таҷовузи чархболу тайёраҳои ҷангии Узбакистон вогузор карда ва аз тарафи дигар тавассути расонаҳои давлатӣ ва бахусус радио ва телевизион устоди шаҳид ва ҳамразмони вайро «ҷинояткор», «хоини ватан» ва «душмани миллат» муаррифӣ мекард. Аммо устод Нурӣ, бо ин вуҷуд, ки дар сангинтарин ва сахтарин шароиту вазъ қарор дошт, барои садҳо ҳазор гуреза нону обу дон меёфт, бо ҳамон салобату тамкин ва ва бо ҳамон тану туши таҳамтанона ва бо як виқору назарбаландӣ ва бо ҳамон лабханди малеҳи махсуси худаш вале бо сароҳат ва қотеъият, ки вижаи сиёсатмадорони бузург аст гуфт, ки ба ҷуз аз нишастан сари мизи музокирот ва расидан ба сулҳу оштӣ роҳи дигаре барои Тоҷикистон вуҷуд надорад: «Донед ва огоҳ бошед, ки мо иштибоҳи падарону бобоёни худ дар авоили солҳои 20-ро такрор нахоҳем кард. Инро шумо мехоҳед ё хайр, мо ба ватан,ба зодгоҳамон, албатта, бо изну пуштибонии он Холиқи якто бо сари баланд бармегардем. Ин шо Аллоҳ!»
Ин ҳарфҳо ва ин иддаои ӯро Русия, Узбакистон ва Раҳмонов нодида мегирифтанду афсона мепиндоштанд.
“Раҳмонов мегуфт, ки ба ҳеҷ гоҳ!!! Шумо дигар Афғонистонро обод кунед. Шумо дастони то оринҷ хунолуд доред, бо шумо мо сари миз наменишинем!!!”
Аммо, чуноне, ки шоҳид шудем, ҳам музокира кард, ҳам муҳоҷирону муҷоҳидон бо сари баланд ба ватан баргаштанд ва ҳам ҳукуматро бо устод Нурӣ тақсим кард. Устод Нурӣ ҳам Русия, ҳам Узбакистон ва ҳам Раҳмонови дастнишондаи онҳоро замингир кард ва роҳе барои шинохтан ва эътироф кардани худаш нагузошт, ба ҳадде, ки акнун Русия талошу ҷидол мекард, ки Нурӣ санади Сулҳро дар Маскав ба имзо гузорад, то Маскав касби обрӯ кунад. Маскав, раиси ҷумҳуриашро, арӯсаки худсохтаашро пешкашу пойандози устод мекард, ки биёяду ин санадро маҳз дар ҳаминҷо имзо кунад то ба василаи имзои Нурӣ имтиёз бигирад.
“Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва хадамоту заҳамоти ӯ барои барқарории сулҳу оштӣ, истиқрори оромишу осоиш ва қатъи ҷангу бародаркушӣ ниҳоят бузург аст, ки то ба ҳол холисона ва мунсифона таҳқиқ нашудааст. Вай, ки як шахси комилан мазҳабӣ ва ба таъбири имрӯзиҳо як «исломии радикал» ва бунёдгаро буд, метавонист «то охир-до контса» бизанад ва барои идомаи муборизаи мусаллаҳонаву сиёсӣ тамоми зарфиятҳоро дошт. Чун дар он марҳала Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон-Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик ба масобаи як давлат дар сатҳи дунё шинохта шуда ва устоду ёрони вай-ба мисли устодон Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, устоди шаҳид Муҳаммадшариф Ҳимматзодаро дар сатҳи роҳбарони давлатҳо истиқбол ва бадрақа мекарданд. Ин аз азамат ва шаҳомати ҳукумати дар табъиди устод Нурӣ буд, ки Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар канори намоянда ва ё ба таъбири осонфаҳм сафири худ боз як намояндаи вижаи Дабири кулли СММ ташкил дода буд.”
Ҳамчунин Б.Елтсин, бо онки тавассути вазорати хориҷӣ, вазорати дифоъ, ФСБ ва даҳҳо хадамоти дигараш Тоҷикистон ва Раҳмоновро дар мушташ қарор дода буд, як намояндаи вижаи раиси ҷумҳури худро барои робита бо устоду ёронаш муваззаф карда буд. Устод Нурӣ ва ҳамразмони вай ҳамарӯза аз тамоми расонаҳои бузурги дунё суҳбат мекарданд, ҳатто расонаҳои марказии Русия дигар як мавзӯи бозоргири худро дар бозтоби кору пайкори устод Нурӣ пайдо карда буданд. Аз ин ҳама муҳимтар муҷоҳидин ва размандаҳои таҳти фармони устод Нурӣ ба як артиши муназзам ва ботаҷрибаву бомаҳорат бадал шуда ҳаволии пойтахт ва то бархе аз микрорайонҳои онро таҳти итоати худ дароварда буданд. Устод Нурӣ дар мақоми як раҳбари муқтадир ва муваффақи сиёсӣ ҳам аз лиҳози низомӣ ва ҳам лиҳози молиявӣ ва ҳам аз лиҳози сиёсӣ бениёз шуда ва дар пушташ на танҳо роҳбарони танзимҳои ҷиҳодии Афғонистон, кишварҳои исломии сарватманд, ҳамчунин созмонҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи башарро дошт. Вай метавонист идома бидиҳад. Аммо ӯ ин корро накард.
Сулҳро, оштиро, қатъи ҷангу вайрониро интихоб кард. Бо таънаву занакгапиву заифмиҷозиву кампирфеълиҳои Раҳмонов аслан эътибор надод. Устод Нурӣ ҳеҷ гоҳ аз қувва ва қудраташ нанозид, суиистифода накард, баръакс, ҳар гоҳе дар ҳолати дасти боло ва пешравӣ қарор дошт ба «душман» ё бо “арусаку дастнишондодаи хориҷиҳо” боз ҳам сулҳу оштиро пешкаш мекард. Гузаштҳои беҳадди устод ба ҳадде гарон меуфтод, ки гоҳе ҳатто наздиконаш ба сутуҳ меомаданд. Аммо боз ҳам ҳамин корро мекард. Дуруст аст ки сиёсат мулоимӣ намепазирад, ҳамвора мисли шамшери аз ниёмкашида бояд буд. Аммо устоди шаҳид ин тавр набуд. Одамияташ сахт баланд буд. Мехост дар сиёсат ҳам одамият авлавият касб кунад, манфиатҳо дар қафо бошад. Вай худаш ҳам инро на як бору ду бор гуфта буд, ки медонад ҳамразмонаш аз ин гузаштҳои ӯ сахт нороҳатанд:
«Дар он шабу рӯзе, ки мо будем, дар он шабу рӯз, ба фикри ман, вақте ҳар як одами оқил, агар дар Амрико буд ё Канада ё Урупо, агар ҳамчун як тоҷик вақте ба тарафи Тоҷикистон назар мекарду медид, ки танҳо нолаву оби чашму дуд аз он ҷо берун мешавад, ман фикр намекунам, ки одами оқил дар он вақт думболи мансабу мақому вазифа мегашт. Ман гуфтам, ки ин мансабу вазифаро барои он ки мо ҳам дар як қисмати ин давлат бошему итминон пайдо кунем барои зиндагӣ кардан, барои ҳамин буд, вале мо ҳар коре ки кардем, кам гирифтем, зиёд гирифтем, гузашт кардем. Бале, ман гузашт кардам ва ман ифтихор ҳам мекунам барои ин гузашт карданам. Вале чун ман гузашт кардам, ба мақсад расидам, яъне ба сулҳ расидам!»
Устод Нурӣ барои расидан ва дастёбӣ ба сулҳу оштӣ тамоми ҳастияшро бахшид. Вай ба сулҳ бо як меҳру муҳаббати беохир, балки ошиқона дил бохта буд. Аз ин ҷо буд, ки дигар кутаҳӣ, фиреб ва тазвири тарафи дигар барояш камтар менамуд, балки наменамуд. Ҳарчи зудтар ва бо шитобу аҷала ба самту суи он мерафт.
Эмомалӣ Раҳмонов, ки акнун ва имрӯзҳо мункири ҳама заҳамоту ҷаҳду ҷидолҳои устод ва ёронаш шудааст, он замонҳо дигар буд ва медонист, ки устод Нурӣ барои ӯ чи гузаштҳое, чи ақибнишиниҳое кардааст. Вай замоне, ки ноилоҷ монда ва маҷбур буд, ки Комиссиюни Оштии Миллиро ба ихтиёраш бигзорад гуфта буд: «домулло Сайид Абдуллоҳ Нурӣ як шахсияти хирадманд, дурандеш ва фарзанди фарзонаи миллат ҳастанд».
“Ва, дертар, баъди даргузашти устоди шаҳид дар арафи таҷлил аз даҳумин солгарди Рузи Ваҳдат барои аввалин ва охирин бор иқрор кард, ки нақши Нурӣ ва ҳамразмонаш барои сулҳ басо бузург аст: «Дар кори хайри сулҳи тоҷикон роҳбари Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик шодравон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ҳамсафони наздики ӯ ва собиқ қумандонҳои ин иттиҳод, саҳми арзанда доранд. Бинобарин ман ба онҳо миннатдории хешро иброз медорам».
Аз ин ҷо буд, ки як рӯз қабл аз ин сана Раҳмонов бо як фармон ба устоди шаҳид барои мусоидат ба сулҳ нишони давлатии “Зарринтоҷ” тақдим кард.
Нақш ва саҳми носутуданӣ ва асосии устод Нурӣ дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро на танҳо Раҳмонов, ҳамчунин дигар архитектори ҳукумати вай, аз ҷумла Абдумаҷид Достиев ҳам борҳо иқрор ва эътироф кардааст, бале ҳамон Достиев, ки воқиан ҳам дар солҳои оғози кори Раҳмонов ӯро роҳнамоӣ мекарду нишон медоду мефаҳмонд:
«Устод Нурӣ ваъда дода буд, ки барои расидан ба сулҳ тамоми афроде, ки дар даст силоҳ доранду меҷанганд, халъи силоҳ хоҳад кард ва ин масъулияташро иҷро кард. Хизматҳои Нурӣ барои сулҳи тоҷикон бисёр бузург аст. Ҷанге, ки дар Тоҷикистон беш аз панҷ соли идома кард, бо сабабҳои мухталиф дар кишвар рух дод, ки ҳоло дар ин маврид чизе гуфта намешавад. Аммо қисмати талошҳо барои расидан ба сулҳи миллӣ аз масъулиятҳое буд, ки Нурӣ ба дӯш гирифта буд ва онро тавонист иҷро кунад.»
Инки устоди шаҳид ватанашро, Тоҷикистонашро сахт дуст медошт ва оромиву осудагӣ ва сулҳу суботу ваҳдати мардуми тоҷикро аз ҳар неъмате, аз ҳар арзише дигар боло медонистро ҳатто мунтақидонаш ва онҳое, ки дар сангари мухолиф ва дар муқобили худи ӯ ва ҳамроҳони ӯ нишаста талош мекарданд, аз ӯ бикоҳанд, аз ӯ бикананд, бар ӯ бидаванд, кам кунанд, низ эътироф кардаанд. Барои мисол дар ҳамон солҳо Иброҳим Усмонов, ки аз сухангуёни ҳайати музокиротии тарафи ҳукумати Раҳмонов буд ва инсофан бигуем, ки дар қиёс бо бархе дигарҳо ҳамеша таъкид кардаву навиштааст, ки дар роҳи расидан ба сулҳ ҳарду тараф нақш доштаанд, дар бораи устоди шаҳид чунин изҳори назар кардааст:
«Нигоҳи Нурӣ ба ҷомеаи Тоҷикистон нигоҳи тоҷикона буд. Ин кас ҳамчун як шахсияти тоҷик оромии кишвари худро мехостанд ва намехостанд, ки касе ва ё қуввае ба Тоҷикистон таъарруз кунад».
Аммо ин тавр набуд, ки устод дар Афғонистон, дар дори ғурбат мунтазири паёми оштии Раҳмонов нишаста бошаду коре накарда бошад. Устод ба вузуҳ ва бо фаросати баланд ва бо сабақ ва илҳом гирифтан аз роҳи тайкардаи Пайғамбари бузурги ислом тамоми тадоркуро гирифт ва даст ба тадобири мушаххас зад. Артиши муназзаму мунсаҷими ӯ вориди қаламрави кишвар шуд. Худи ӯ ҳам мегӯяд, ки дигар маълум аст, ки танҳо бо сухан ва танҳо бо баёнияҳо наметавон сулҳ ба даст овард ва роҳи расидан ба сулҳ мубориза аст ва танҳо мубориза ва ҷанг аст ки моро ба ватан бозмегардонад ва аз нанги беватанӣ наҷот медиҳад:
«Мо чунин фикр кардем, ки барои бақои ин миллат, барои ҳифзи садҳо ҳазор муҳоҷире, ки бо вуҷуди сахтиҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳарбию сиёсӣ дар шимоли Афғонистон дар ин минтақа паноҳ ёфта буданд ва барои ҳифзи ҳуқуқи наздик ба як миллион нафаре ки дар кишварҳои дигар паноҳанда шудаанд, барои бақои онҳо ва бозгашти сарбаландонаи онҳо, мо ҳақ надоштем, ором биншинем ва ё аз пайи зиндагии худ бошем. Мо худро масъули ин ҳол мешумурдем. Ва барои дифоъ аз ҳуқуқи ҳамватанони худ роҳи дигаре надоштем, ба ҷуз ин ки амалиёти низомиро шурӯъ кунем. Бинобар ин гурӯҳҳои пароканда ва маъюсшудае ки баъд аз шикаст дар ҷангҳои дохили Тоҷикистон, ба ин тараф, ба Афғонистон гузашта буданд, онҳоро даъват кардем ва як низому тартибе ташкил кардем ва алҳамдулиллаҳ, тавонистем, гурӯҳҳои зиёдеро сарҷамъ кунем, онҳоро мусаллаҳ кунем ва ҷиҳоду муборизаро шурӯъ кунем. Хуб, дар ҳақиқат ҳам ҳамин ҷиҳоду муборизаи мо боиси он гардид, ки бори дигар ин миллати ҷафокашидаро ин абарқудратҳо бишиносанд. Албатта, дар он рӯз ҳам гуфтем, ки мо ҳам ҷангҷӯ нестем. Мо касоне ҳастем, ки болоямон ҷанг таҳмил шудааст, аз диёрамон ронда ва маҷбур ба ҳиҷрат шудаем. Хулоса ки ҳамин муборизаҳои мо имрӯз, масалан, пешравиҳои мо дар Бадахшон, дар Вахиё боиси он гардид, ки сардамдорони режими Душанбе, ки борҳо эълон карда буданд, ҳаргиз намехоҳанд, бо мо бишинанд ва ҳатто Русия ҳам ин чизро намехост, инҳо маҷбур шуданд, бо мо сари мизи гуфтугӯ нишинанд.»
Онгуна ки тазаккураш рафт, устод Нурӣ дар зоту табиати худ марди мубориз буд. Вале ҳаргиз зӯргу ва манфиатҷӯ набуд. Азбаски сиришти ӯ, тору пуди ӯ, бо донишу ҳикмату илми қуръонӣ рехта ва бофта шуда буд, барои тамоми умр як инсони оштихоҳ, сулҳҷӯ, дорои одамияти баланд боқӣ монд .Вай, барои онки ҷилави ҷанг гирифта бошад ҳатто бо Сангак рӯбарӯ омад ва ӯро ба манзили зисташ даъват карду барояш зиёфат орост, Сангакеро, Эмомалӣ Раҳмоновро одам карду қудрат, аммо ба муҷарради расидан ба арикаи қудрат Раҳмонов аввал Сангакро ба куштан доду сипас фарзандони вайро яке, яке ба зиндон кашид. Боз барои расонидани Сангак ,то ба Кулоб мошинеро ихтисос карду ирсолаш намуд. Аммо Раҳмонов чӣ?
Қорӣ Муҳаммадҷон, яке аз фарзандони устоди шаҳид дар як суҳбаташ бо “Ислоҳ” гуфта буд, ки устод барои онки кишвар туъмаи душманон нашавад Сангакро даъват кард:
Устод марди сулҳ ва муқовамат буданд ва ҳамеша оромӣ, субот ва пешрафти миллат ва кишварамонро мехостанд ва инро дар ҳаёташон собит намуданд. Чи дар замони ҷанг ва чи қабл аз он тамоми талошашонро мекарданд, то садди роҳи ҷанг шаванд. Агар касе фикр мекунад, ки барои барқарории сулҳ баъдҳо кӯшишҳо ба харҷ дода шудааст, иштибоҳ мекунад. Ҷаҳду талошҳо барои ҳифзи сулҳ ва барои барқарории он аз аввалҳои соли 1992 баъди баргузории митингҳои ба ҳам зид дар майдони «Шаҳидон» ва майдони « Озодӣ» шурӯъ шуда буданд. Ҷонибҳо аввал дар Қурғонтеппа, баъдан дар Хоруғ ва сипас дар Хуҷанд мехостанд проблемаҳои сиёсиву низомиро ба таври мусолиматомез ҳал намоянд. Ҳато рӯзи 14 июли соли 1992 дар манзили худи устод дар ноҳияи Вахш– совхози «Туркманистон» маъракае барпо шуд ва дар он Сангак Сафаров, яке аз лидерони Фронти халқӣ ширкат варзида ва барои ҳифз ва таъмини сулҳу субот ҳам устод Нурӣ ва ҳам Сангак Сафаров суханронӣ намуданд.
“Бо ин ҳама умеду ноумедиҳо аз сулҳи тоҷикон ҳеҷ касе наметавонад инкор кунад, ки он ба аҳдофи худ нарасид. Бале,вақте мегӯем, ки сулҳ ба аҳдофаш расид, ба ин маъност, ки ҷанги шаҳрвандӣ қатъ шуд, гурезаҳо ба ватан баргаштанд, қудрати сиёсӣ тақсим шуд ва сохти конститутсионӣ ва худи Қонуни асосӣ ҳам, онгуна, ки устод Нурӣ ва ҳамразмонаш тақозо дошт бознигарӣ шуд.”
Ҳоло, имрӯзҳо аст ки бар нақши устод Нурӣ хати бутлон мекашанд ва нафареро, ки маҷбурӣ сулҳ кардаву имрӯзҳо дигарбора инкор мекунад, Асосгузори сулҳ унвону рутбааш додаанд, аммо дур нест рузе, ки ҳам ба таври табиӣ тасвир ва инъикос хоҳад шуд. Худи устоди шаҳид ҳам ки дар рӯзҳои охирини ҳаёташ бо номеҳрубонӣ ва камгирии тарафи дигар дигар тоб наёварда буд, дар яке аз суҳбатҳояш ба ночор бар рухи он ҳама бикашид, ки “ҳадду ҳисобу андозаи худро бидонед”:
«Ман барои мардум сулҳ овардам. Мардум бояд бидонад, ки дар ин озодӣ, ин амният, ин сулҳ, албатта, заҳмати дигарон ҳам буд, вале ин заҳмати асосии ман буд. То ҳозир ман ин даъворо намекардам».
Имзои устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, зери санади Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ як сафҳаи тозаеро дар таърихи тоҷикон боз кардааст ва ӯ то ин миллат ва мардум боқист ҳамчун меъмор ва поягузори ин сулҳ мақому мартабаи худро ҳифз хоҳад кард.
Поёни бахши дуввум,бо Ислоҳ бошед,то паҳлуҳои дигари ин созишномаи сулҳро хубтар огоҳ гардед.Идома дорад…
Матлаби севвуми мо : “Нақши миёнаравҳои сулҳ” мебошад.
Ps: Лозим ба тазаккур аст ки ба ҳангоми омода кардани ин риштаматолиб аз навиштаҳову мусоҳибаҳои устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, Абдумаҷид Достиев, Иброҳим Усмонов, Салими Аюбзод ва як қатор сайтҳо истифода шудааст.