БАРХЕ СУННАТҲО ВА БИДЪАТҲОИ ИДОНА!

Бидон инки ид он нест,ки либоси нав пӯшем, балке ид он аст,ки тоъати зиёд намуда бошем.Ид он нест,ки ҷомаи нав ва мошини хуберо савор шавем.Ид он бошад,ки пеш аз фаро расидани он амалҳоеро анҷом дода бошем,ки гуноҳонамон бахшуда шаванд.

Сипос Худовандеро,ки ба номи он зоти пок ба итмом мерасад накӯиҳо. Ва салому дуруди бепоён бар пешвои мо Муҳаммади Амин,ки соҳиби муъҷизоти зиёд ва каромоти бе шуморест.
Мо мусалмонон медонем,ки дар ин олам моро се ид аст на бештар аз он.Танҳо идеки ҳар ҳафта меояд ки он рӯзи ҷумъа аст.Аммо ду иде,ки дар сол як бори меоянд яке иди Фитр ва дигаре иди Азҳо ё Курбон.
Ҳангоме,ки Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба мадинаи мунаввара ҳиҷрат карданд,дар мадина ду рӯзе буд,ки дар он бози мекарданд ,ҳазрат чунин фармуданд : “Худованд табдил намуд ду рӯзеро,ки он ду рӯз беҳтаранд аз он ду (рӯзе,ки дар он бози мекардед) Рӯзи иди фитр ва рӯзи иди Азҳоро “

Худованд табдил ва иваз намуд ин ду рӯзи бози ва беҳударо ба он дӯ рӯзи хуб ва некӯ ва хуҷаста.

Оё дар ҷаннатҳам ид вуҷуд дорад?
Он чуноне,ки барои муъминон идҳо дар дунё ҳастанд ба мисли инҳо дар ҷаннат низ идҳо вуҷуд доранд.Албатта дар он идҳо гирди ҳам меоянд ва якдигарро зиёрат мекунанд ва инчунин Худованди ҷалла ҷалолаҳуро якҷо мулоқот менамоянд.Он идҳо низ мисли ин идҳои сегонаи мо мебошанд.Вале хосияти он идҳои ҷаннат ин аст,ки ҳама рӯзҳои он ид аст.Зеро вақтоки шахс Парвардигорашро ҳаррӯз ду бор бубинад яъне субҳгоҳон ва шомгоҳон,чӣ хушҳолиест барои он бандагон.

-Ибни раҷаби Ҳанбали мегӯяд:Мебоист барои мо ҳар рӯзи ин дунё ид мебуд вале дар охират ҳама рӯз барои мусалмонон ид мегардад.

Ҳасани Басрӣ (р.а.ҳ) мегӯяд: “Ҳар рӯзе,ки дар он рӯз дар маҳзари Аллоҳ гуноҳе анҷом надиҳам он рӯз барои ман ид аст”

Бале хонандаи гиромӣ, ҳар рӯзе,ки бандаи муъмин дар он гуноҳе анҷом надиҳад ва рӯзашро дар итоъати Худованди карим гузаронида бошад ва шукр гузору зикр гӯянда бошад, он рӯз ҳатман иди маҷозӣ барои он муъмин аст.

Амалҳоеки дар рӯзи ид бояд анҷом дод

1-) Ид ё рӯзи идро ҳамеша ба дидани моҳ муъаян менамоянд,на бо ҳисоб кардан. Ин иҷмоъи Аҳли Суннат аст,гоҳо дар мо рамазони ду соли ояндаро метавонанд аз ҳоло бигуянд ва ё моҳи Зулҳиҷҷаро бар хилофи ончӣ олами исломӣ анҷом медиҳанд, парвоеҳам надоранд,ин иштибоҳест бузург.Тибқи ҳадиси Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) “Руза доред ба дидани моҳ ва ифтор (яъне ид ) намоед ба дидани моҳ.Агар осмонро абр нок дарёфтед ин ҳангом пурра намоед моҳи шаъбонро си”(ҳадиси саҳеҳ)
Вале намозро ба тақвими офтоб бояд анҷом дод.

2-) Дӯст дошта шуда аст зинда доштани шаби идро ин қавли баъзе аз аҳли илм аст.Аз ҷумла қавли Имом Шорфеъӣ (р.а.ҳ).Дар ин маврид ҳадиси саҳеҳе ворид нашудааст.Ончи дар ин маврид омада аст ҳамаашон заъиф анд.Аз ибни Аббос (р) дар мавриди зинда доштани шаби ид чунин гуфтааст: “Зинда доштани шаби ид ин аст,ки намози хуфтанро бо ҷамоъат адо намояд ва ин чунин қасд намояд,инки намози бомдодро дар ҷамоъат адо намояд”

3-) Гуфтани такбироти Ид суннат ин аст,ки оғоз намоем такбироти идро аз шаби ид, дар моҳи рамазон,дар моҳи Зулҳиҷҷа бошад аз субҳи рӯзи арафа оғоз бояд намоем.Такбиротро дар бозорҳо,хонаҳо,ва пас аз ҳар намози панҷгона бигуем.Инчунин дар роҳҳо низ такбиротро гӯем.

Такбирот аз ин қабил аст.
” Аллоҳу акбар,Аллоҳу акбар,Аллоҳу акбар,Лоилоҳа илаллоҳ Аллоҳу акбар,Аллоҳу акбар,Аллоҳу акбар ,Валиллоҳил ҳамд” Идома бояд диҳем Такбироти ташриқро пас аз тамоми намозҳои панҷгона то намози асри рӯзи севуми рӯзҳои ташриқ дар иди қурбон.

4-) Суннат аст,инки қабл аз рафтани ба намозгоҳ ва ё масҷид рӯзи ид барои адои намоз ғусл намоем ва сипас хориҷ гардем.Дар ривоятҳои гуногӯн ин масъала зикр шудааст.Инчунин Алӣ (р) ва Ибни Умар (р) ғусл мекарданд рӯзи иди фитр ва Азҳо қабл аз инки ба намоз мешитофтанд.
5-) Суннат аст ин,ки мусалмон бипушад либоси хуб ва зебояшро дар рӯзи ид ва атру хушбӯй намояд.Сипас ба идгоҳ ва ё масҷид бишитобад. Боке надорад агар либоси нав надошта бошад либоси куҳна бипушад вале ҳатман  он либос шуста ва ороста бошад.

6-) Суннат аст гузоридани намози ид пас аз тулуъи офтоб ва ё шуруқ.Вақти адои намози ид муҷоз аст онро аз тулуи офтоб то заволи офтоб адо намуд.Инчунин занҳои ҳойза (агарчи онҳо намоз намехонанд вале барои шукӯҳу шаҳомати идонаро эҳсос намудан дар он ҳузур  пайдо кунанд) ва  кудакон низ. Занонро намебояд аз хушбуйи истифода кунанд, то боз гашт ба хона.Вале агар хуруҷи занҳо ба намозгоҳ ихтилот ё аралашӣ бо мардон сурат гирад, дар ин ҳолат боқи мондани занҳо дар хона авлотар аст барои хавфи фитна.

7-) Намози ид бо ҷамоъат гузорида мешавад ва хуб аст агар дар ракаъати аввал пас аз сураи фотеҳа сураи Қоф хонда шавад ва дар ракаъати дуввум пас аз сураи фотеҳа сураи Воқеъа хонда шавад.

😎 Азон ва иқома нест намози идро инчуни пеш аз он ва на пас аз он намози суннате хонда намешавад.

9-) Хуб аст намози идро дар намозгоҳ хонда шавад агар набошад сипас метавон онро дар масҷид адо кард.

10-) Гуфтани такбироти ид суннати муаккада аст агар имом дар адои намоз яке аз такбиротро нагуфт ва фаромӯш кард фуқаҳо бар ин эътиқоданд,ки боке надорад.

11-) Шахсе аз намози ид дер кард ва ҳангоме расид,ки имом салом дод онро ончунонеки ҳаст адо менамояд. Агар як ракаъат дер кард адо менамояд он ракаъати дарёфт нанамудаашро бо анҷоми такбироташ. Ба қавли бархе аз уламо шахси таъхир намуда аз намози ид бояд чаҳор ракаъат намоз гузорад.Иддае дигар мегӯянд намози ид бояд бо ҷамоъат адо шавад таъхир намуд ба танҳоги наметавон гузорад онро.Намози ид шукӯҳи ид аст аз он таъхир накунед.

12-) Аз барои намози ид ду хутба аст ,ки ҳарду пас аз адои намоз аст хутбаҳо,ки миёни он ду имом менишинад мисли хутбаи намози ҷумъа.Дар он хутба имом мусалмоноро ба тақво ва парҳезкори даъват менамояд ва ба устувор будан ба суннати Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) намоз гузоронро даъват менамояд.Инчунин чигӯна қурбони намуданро низ бояд баён намояд.Суннат аст гӯш додани он хутба пас аз адои намози ид.Пас аз адои намоз,то хутбаро гӯш накардед намозгоҳ ё масҷидро тарк накунед.

13-) Пас аз адои намоз ва хутба бояд ба қурбонӣ намудан машғул шуд, то аз қурбониҳои худ бихуранд.Агар шахсе дар рӯзи аввал натавонад қурбони кунад метавонад дар рӯзи дуввум ва севвум қурбониашро анҷом бидиҳад.

14-) Суннат аст дар рӯзи ид бо ҳар роҳе,ки ба сӯйи намозгоҳ ё масҷид рафта буд бояд бо роҳи дигар ба хонааш баргардад.Зеро Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) чунин мекарданд ин амали он ҳазрат аст.

15-) Метавонад шахси қурбонӣ намуда аз қурбонии худаш бихурад ва садақа кунад ва инчуни барои худаш боқи гузорад аз он гушт.Вале дуруст нест барояш инки аз гушти қурбониаш бифурушад.Ва ё ба шахси чорвои ӯро қурбонӣ намуда аст яъне қассоб музди куштанашро бо гушти қурбонӣ ва пусти он ҳисобӣ кунад ё пардозад.Гушти қурбониашро се тақсим намояд як қисмат аз худаш,қисмати дуввумӣ барои камбағалон,қисмати севвумӣ барои хурок пухтан ва меҳмонон дар умум.

 
16-) Қурбони суннати муаккада аст барои шахсоне,ки молашон ба нисоб расидааст.Чӣ зан бошад ва чӣ мард бошад, муқим бошад ва ё мусофир бошад.Издивоҷ намуда бошад ва ё набошад.Вале агар шахс қарз дор бошад боке нест барояш инки қурбонӣ нанамояд.Инчунин шахсе мусофир бошад барояш муҷоз аст қурбонӣ накунад агар ҳолаташ муносиби он набошад.

17-) Суннат ин аст,ки шахси қурбони кунанда аввал ба хонадони худаш бирасонад.Сипас ба ақорибаш ва ҳамсояҳояш.Агар миёни ӯ ва касе аз ин зикр шудагон кинае нофаҳмие бошад ҳатман онро дар ин рӯз ислоҳ намояд ва ба дӯсти аввал оғоз  намояд.

18-) Дар табрикоти рӯзи ид асҳоби Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) ба як дигар чунин мегуфтанд.”Тақабалаллоҳ минно ва минкум” Худованд аз мо ва шумо қабул намуда бошад. Инчуни шахси бар ӯ чунин гуфташуда низ ин калимотро бар шахси гуянда бигуяд.

19-) Хуб аст дар рӯзи ид бисёр  зикр намоем.

20-)Агар рӯзи ид ва ҷумъа дар як рӯз мусодиф биоянд.Аҳли илм ба се даста тақсим шудаанд. Яъне дар ин масъала се қавл аст.

а-) Аксари фуқаҳо мегуянд воҷиб мегардад намози ҷумъа пас аз намози ид яъне дар вақташ.Бояд шахсе намози идро хонд барояш воҷиб аст адои намози ҷумъа.

б-) Воҷиб мегардад танҳо ба хости имом агар адо кард адо кунед,назар ба сухани Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) тибқи ҳадиси Абуҳурайра(р) ки мефармояд: “Ҷамъ ё якҷо гардид дар ин рӯзи шумо ду ид пас агар шахсе бихоҳад адо намояд намози ҷумъаро ва ман адо менамоям онро”(ҳадиси ҳасан аст бо ривояти ибни моҷа ҷ 1 саҳ415Бавосири дар завойд саҳеҳаш дониста аст инчунин Доримӣ дар  ҷ 1 саҳ378).
Инчунин мисли ин ҳадис аз Ибни Умар (р) ва Ибни Аббос (р) омада аст.

в-) Воҷиб намегардад адои намози ҷумъа бар ҳар шахсе,ки намози идро гузошта аст на бар имом ва ғайраш.
Ба таҳқиқ ривоят менамоянд ин тойфа аз Умар ва Усмон ва Алӣ ва Саъид ва Ибни Умар ва Ибни Аббос ва Ибни Зубайр(разияллоҳу анҳум аҷмаъин) ва аз Фақеҳон Шаъбӣ ва Нахаъи ва Авзоъӣ.Далели ин ҳама аз ривояти Аёс ибни Аби Рамла Алшомӣ аст,ки  гуфт: Ман ҳузур доштам дар назди Муъовия (р) ки мепурсид Зайд ибни Арқам (р) ро Оё ҳузур дошти ҳамроҳи Расули акрам (с) , ки дар он ду ид якҷо ҷамъ шуда бошад? Гуфт: Бале гуфт: Чӣ гӯна анҷом доданд онро? Гуфт : Намози идро гузориданд сипас рухсат доданд барои намози ҷумъа ва чунин гуфтанд: “Шахсе мехоҳад намози ҷумъаро бигузорад сипас онро ҷамъ намояд”(Абу довуд дар боби изо вофақа ҷумъату явмал ид аз китоби салот ҷ1 саҳ246 рақами 1073 ва Аҳмад дар муснадаш ҷ 4 саҳ372 Ибни Моҷа китоби иқомати салот ҷ 1 саҳ 415)
Инчуни аз Зубайр (р) ривоят мекунанд,ки ҳангоме,ки дар Ҳиҷоз амир буд ва рӯзи ид дар рӯзи ҷумъа баробар омад.Зубайр намози идро гузорид ва аз хонааш набаромад магар барои адои намози аср.

Амалҳое,ки дар рӯзи ид набояд анҷом дод

1-) Масрафи зиёд намудан барои харидани либосҳои зиёд ва дастархонҳои сер масраф омода намудан.Инчунин зинати аз андоза беруни хона хос барои ид.Аммо агар тавонгар бошад ва мустамандон ба хонааш оянд боке нест,то барои омма ин зиёфатро анҷом диҳад,то дар қалбҳои мардум хурсандӣ эҷод намояд.Барои камбағалон ва онҳоеки нодоранд муҳим нест дасархонҳои пурхарҷ бигустаранд.

2-) Ҷамъ шудан дар рӯзи ид дар хонаҳое,ки мурдаи тоза ё нав доранд.Хоссатан занҳо,ки ҷамъ мешаванд ва гиря мекунанд ва идро ба мотам табдил медиҳанд.Ин иштибоҳи бузург аст.

3-)Зиёрати қабрҳо рафтан дар рӯзи ид аслан ин амал на аз Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва на аз ягон саҳобаи киром(раз)  ва на аз ягон имоми фиқҳи наомадааст.Ин амал аз муғулҳои бутпараст ба кишвари мо омадааст.Аслан ин як иштбоҳи бузург аст.Рӯзи идро ба мотам табдил додан аст ва ин амал аз фармӯдаҳои ислом нест
4-) Дохил шудани мардони бегона дар хонае,ки дар он мардони хона нестанд ва танҳо занҳо ҳузур доранд,хоссатан он хонаҳоеки мардони хона дар ҳиҷрат қарор доранд.

5-) Махлут ва аралаши занҳо ва мардони бегона дар боғҳо ва тафреҳгоҳҳо аз ин амал дӯри намоед.

6-) Дар ин рӯзҳои муборак ташкили кансертҳо ва ҷамъомади ба ин монанд.Агарчӣ ҳукумати мо аслан ин идро ид намешуморад вале бозҳам онро

7-) Машғул шудан ба бозиҳои гуногуни дӯр кунанда аз ёди Аллоҳ дар ин рӯзи моборак.

😎 Набояд худро очунон машғул намуд,ки дигар адои намозҳо аз ёди баъзе мебарояд ва ҳатто қазоҳам мекунанд намозҳоро.

9-) Машғул нашудан дар ин рӯз ба ғайбат ва нушидани нушокиҳои алкул ва ба ин монанд агарчи ин аъмол ҳамеша ҳаром аст вале дар ин рӯзҳо боз бадтаранд.

10-) Дар рӯзи ид ба зиёрати марқаде рафтан зеро рӯзи ид рӯзи хурсандист ва онро бояд дар руҳияи комилан хушҳоли гузаронд на мотам.

11-) Рӯзи идамонро набояд, ба идҳои бе динон монанд намоем.

12-) Рӯза гирифтан дар рӯзи ид.

13-) Танбали намӯдан дар адои намози ид.

14-) Шаби ид зиёд нишастан ва худро машғули чизе нанамоем,ки аз адои намози субҳ маҳрум гардем.

Ин буд хонандаи гиромӣ бархе аз амалҳое,ки дар ид  бояд анҷом диҳем ва баъзе амалҳое,ки анҷом надиҳем.Дар охир мисли асҳоби Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) чунонеки ба як дигар мегӯфтанд ба ҳамаи шумо азизон мегӯям: Тақабалаллоҳ минно ва минкум солеҳал аъмол.

Бидон инки ид он нест,ки либоси нав пӯшем, балке ид он аст,ки тоъати зиёд намуда бошем.Ид он нест,ки ҷомаи нав ва мошини хуберо савор шавем.Ид он бошад,ки пеш аз фаро расидани он амалҳоеро анҷом дода бошем,ки гуноҳонамон бахшуда шаванд.Дар шаби ид ва рӯзи ид чеҳратро кушода дор ва инро бидон,ки табассумат барои бародари мусалмонат ин садақа маҳсуб мегардад.Шахсе ин чанд нуктаро дарёбад боварии комил дорам,ки он воқеъан ид дорад.

Иди хубе дошта бошед ҳамдиёрони арҷмандам.Дастурхони шумо ҳамеша пур нозу неъмат бод ва ҳамеша ҳама рӯзатон ид бод.Рӯзе гуноҳ накунем он рӯз бароямон ид аст.Ҳамеша дар зиндагонӣ осуда ва хотирҷамъ ва зиндагонии поку мусаффое дошта бошед омин.

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

Total
0
Shares
Related Posts
Идома

Ҳайате даъвои рӯй сурх карда, бо рӯйи сиёҳ баргашт

Зариф Ализода, роҳбари ҳайати эъзомии Раҳмон, Абдулло Раҳнамои рӯсурхак ва Муллоабдураҳими “мара кулобӣ меган” дар пеш имтиҳон доранд.Баробари расидан ба Душанбе ба “ковер” фаро хонда мешаванд
Идома

Конфронси САҲА ва тавтеаҳои режими Фюрер

Ба дасисаҳо ва амалҳои хашин даст назанед ва чеҳраи режими Раҳмонро боз ҳам хашинтару махуфтар накунед.Ӯ дигар бо сафедкунии шумо сафед намешавад ва чеҳрааш барои ҳама олам намоён гаштааст. Шумо узви ин миллат ҳастед ва фаромуш накунед,ки он дардҳоеро,ки имрӯз мекашем, шумо ва наздиконатон ҳам мекашанд.