Сухани куфр
ё худ
(фурсати умр)
Ба авҷи кибриё к-аз паҳлӯи аҷз аст роҳ он ҷо,
Сари мӯе гар ин ҷо хам шавӣ бишкан кӯлаҳ он ҷо.
Адабгоҳи муҳаббат нозу шухӣ бар намедонад,
Чу шабнам сар ба меҳри ашк меболад нигаҳ он ҷо.
Шояд хонандаи закиву ҳушманд баъд аз хондани номи қисса ва абёти дар зер овардашуда бияндешад, ки ин абёт ба номи қисса чӣ рабт дорад ва он барои чӣ ё худ барои кӣ оварда шуда? Аммо чун хондани қиссаро ба итмом расонд, ҳатман дармеёбад, ки манзур аз овардани ин абёти баландмазмун дар чист?
Қиссае, ки ҳамакнун ба самъи хонандагон мерасонам бисёр ҷолибу аҷиб буда, ҳикмату намуна ва панду ибратест барои ҳар нафаре, ки заррае аз имон дар вуҷуд дошта бошад ва ҳамзамон аз куфру хато ва гуноҳу иштибоҳ нақл мекунаду оҳанги моҷаро низ дорад.
Рӯзе дар яке аз хатсайрҳои хидматрасон (автобус) воқеае сурат гирифт, ки ғайри чашмдошт буд. Марди солхӯрдае дар курсии аввали хатсайр нишаста буд. Хатсайр дар истгоҳ қарор гирифту духтари ҷавону зебое, ки дар тан либоси аврупоии нимурён дошт, дохил шуд ва паҳлӯи ҳамин марди солхӯрда нишаст. Пирамард зуд-зуд ба духтар нигоҳ мекарду бо оҳанги таассуф сар меҷунбонид, гӯйё дар хаёли фикру андешаҳо рафта, чизе иброз кардан мехост, аммо ҳамоно ҷуръат намекард. Хатсайр аз чанд истгоҳ гузашт, пирамард ҳарчи бештару пештар ба духтар нигоҳ мекарду ҳолаташ тағйир меёфт, лабонаш пичиррос мезад, акнун барои гуфтани ҳарфе ё сухане тайёр шуда буд.
Ба ногоҳ бо оҳанги хеле мулоиму забони нарм гуфт: духтарам…. Духтар нигоҳи тезе ба рӯи пирамард дӯхта, -ҳа! Чизе гуфтан мехоҳӣ!!! Пирамард бо табассум посух дод, бале, духтарҷон, ман гуфтан мехоҳам, ки бо ин сурату симои зебое, ки онро Худованд бароят дода, бояд пироҳанат ҳам зебо бошад. Духтар бо овози хашину садои баланд гуфт: чӣ магар дар либоси ман камиву костиеро мебинед? Пирамард гуфт: бале, духтарҷон, либосе, ки ба бар кардаӣ ин аслан либос нест. Худованд барои шумо пӯшиши беҳтарин либосро бо номи «Сатр» ё худ «Ҳиҷоб» дастур дода, то тамоми зебоиҳои бадани хешро мастур доред ва аз чашми бегонагон эмин бошед. Духтар бо як кароҳияти тамасхуромез ба пирамард гуфт: Ҳой мӯйсафед, вақти гуфтани ин афсонаҳои ту кайҳо гузашта буд. Мо дар асру замоне ба сар мебарем, ки шунидани ин суханоне, ки ту мегӯӣ боиси ханда аст. Аммо пирамард ҳамоно бо оҳанги нарму мулоим духтарро насиҳат мекард ва аз Худову Расулаш (с) барояш мегуфт. Ҳолати духтар ба куллӣ тағйир пазируфт ва боғазаб аз ҷо боло шуда, аз ҷуздонаш телефонии дастиашро бароварда, ин сухани куфрро бар забон овард. (Наузубиллоҳ) «Ма бигир! Ана ин телефон канӣ ба Худоят занг зан ва аз гуноҳу иштибоҳи ман барояш бигӯ, ки ман шунавам ва ба ҳастии Худоят бовар кунам…» Пирамард дар ҳоле, ки аз шунидани ин сухан мутаҳайир шуда буд, ба духтар бо ҳазор таассуф менигаристу дигар чизе намегуфт. Духтар дар ҳамон ҳолате, ки боло шуда буд, сарашро болои дасташ, ки ҷоеро медошт, гузошт. Баъд аз чанде хатсайр низ то нуқтаи охирин ҳаракати худ расид. Дар ҳоле, ки ҳамагон аз хатсайр хориҷ мешуданд, духтар дар ҳамон ҳолат аз ҷой намеҷунбид, ки ин таваҷҷӯҳи дигаронро ба худ ҷалб намуд ва хостанд духтарро хабардор кунанд, ки аз автобус берун ояд, аммо духтар кайҳо ҷон ба Ҷонофарин супурда буд.
Хонандаи гиромӣ! Ин буд як қиссае, ки гуфтанаш бароям фарз аст, ин буд як воқеаи фалокатбор, ки хондану шуниданаш барои мо дарси ибрат аст, ин буд сухани куфр, ки гуфтанаш гуноҳу хатои маҳз аст ва ин аст фурсати умр, ки:
Ашк ҳар лаҳза ба мижгон бор аст,
Фурсати умр ҳамин миқдор аст.
Кисса вокеъи буда айнан чунин ба ман расидааст.