Суханрониҳо ва баёнияи тазоҳургарони тоҷик дар назди Бундестаг

Дар ниҳояти ин тазоҳурот баёнияе бо муроҷиат ба Бундестаги Олмон қироъат карда шуд, ки матни пурраи он дар зер пешкаши хонандагон мегардад.

 

Тавре пештар хабар дода будем, баъди анҷоми тазоҳуроти назди СафоратиТоҷикистон дар Берлин, таҷаммӯъи гирди ҳам омадагони тоҷик ба Бундестаг, назди бинои парлумони Олмон рафтанд. Зимни тазоҳурот як чанд фаъолони сиёсӣ баромад намуда, қотеъона аз парлумони Олмон талаб намуданд, ки ҳамчун як кишвари намунавии низоми демократӣ дошта, муносибатҳои сиёсӣ ва иҷтисодияш бо Тоҷикистонро бознигарӣ кунад. 

 

Тазоҳурот дар назди бинои Бундестаг низ ба таври мустақим дар шабакаҳои иҷтимоъӣ пахш шуд. Дар тазоҳурот, дар байни гирди ҳам омдагаон даҳҳо фаъолони сиёсӣ ва ҳуқуқии тоҷик аз ҷумла, Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадсаид Ризоӣ, Шарофиддин Гадоев, Ҷамшед Ёров, Бобоҷони Қаюмзод, Маҳмудҷони Файзраҳмон, Абдусаттор Бобоев ва дигарон дида мешаванд. Чанде аз сиёсатмадорон ва фаъолони сиёсӣ, ки ба тазоҳурот бо сабабҳои гуногун натавонистанд ҳозир шаванд, мисли Муҳаммадиқболи Садриддин, Саидюунуси истаравшанӣ ва дигарон ба таври онлайнӣ суханронӣ намуда, ба тазоҳургарон изҳори ҳамсадоӣ карданд.

 

Дар ниҳояти ин тазоҳурот баёнияе бо муроҷиат ба Бундестаги Олмон қироъат карда шуд, ки матни пурраи он дар зер пешкаши хонандагон мегардад.

 

Баёнияи гирдиҳамоии тоҷикон дар назди Бундестаг (Парлумони Ҷумҳурии Федероли Олмон)

Мо, шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Аврупо, дар санаи 10 декабри соли 2018 ҳамзамон бо Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар, дар назди бинои Бундестаг (Парлумони Ҷумҳурии Федероли Олмон) гирди ҳам омадем ва хитоб ба намояндагони мӯҳтарами парлумони Олмон ва низ аз тариқи онҳо ба намояндагони мӯҳтарами парлумони Иттиҳодияи Аврупо эълом мекунем:

Имрӯз дар Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар, мо, тоҷикистониён, ки ҳуқуқамон дар Тоҷикистон поймол ва аз тарафи мақомот нодида гирифта мешавад, садои худро баланд мекунем ва фарёдамонро ба озодихоҳони ҷаҳон махсусан ба намояндагони мӯҳтарами парлумони Ҷумҳурии Федероли Олмон ва низ намояндагони парлумони Иттиҳодияи Аврупо мерасонем: аз соли 2015 ба ин сӯ, ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба дигарандешон ва мухолифони сиёсии худ, сахттарин ва бераҳмонатарин сиёсатҳоро дар пеш гирифт; фаъолияти расмии бузургтарин ҳизби мухолифи худро қатъ намуд, раҳбарон ва фаъолони онро бо тӯҳматҳои беасос равонаи зиндон намуд, чанд вакили мудофеъ, аз ҷумла Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Махкамовро, ки аз зиндониёни сиёсӣ ҳимоят мекарданд, бидуни ҳеч далел яке ба мӯҳлати 28 сол ва дигаре ба мӯҳлати 21 сол равонаи зиндон гардиданд. Фаъолияти бисёре аз вакилони мудофеъ, аз ҷумла Файзинисо Воҳидоваро манъ гардонида, муҷаввизи фаъолияти вакилиашон бозпас гирифта шуд. Дар чунин шароит, даҳҳо нафар мухолифи дигар, ки аз ёрии ҳуқуқӣ маҳрум буданд, аз озодӣ маҳрум гардиданд. Мурофиаи додгоҳии мухолифин пушти дарҳои баста ва берун аз назорати матбуоту нозирон сурат гирифт. Даҳҳо нафар дигарандешон кишварро тарк карда, маҷбур шуданд дар ҳудуди ИДМ ва ё берун аз он дархости паноҳандаи сиёсӣ намоянд.

Мо, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки имрӯз дар кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Федероли Олмон паноҳанда ҳастем, зимни ибрози тақдиру ташаккури худ аз ҳусни меҳмоннавозии давлат ва мардуми Олмон ва низ дигар кишварҳои аврупоӣ, ба самъи намояндагони мӯҳтарами Бундестаг мерасонем, ки мо ҳам мисли дигар инсонҳои озодаи дунё, мехоҳем дар кишвари худ бо сари баланд ва шарофатмандона зиндагӣ кунем. Ва шарти он ин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд ҳуқуқҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии моро риоят намояд.

Дар ин робита ба самъи шумо ва намояндагони парлумонии Иттиҳодияи Аврупо мерасонем, ки агар сармоягузорону вомдиҳандагони кишварҳои аврупоӣ аз ҳукумати Тоҷикистон ҳисобот мепурсиданд, Эмомалӣ Раҳмон наметавонист ду даҳсола таҷрибаи давлатдории саркӯбгароёнаи худро, ки ҳеч рабте бо озодиву демократия надорад, амалӣ намояд. Бояд бигӯем, маблағҳои ихтисосдодаи Иттиҳодияи Аврупо, ки аз буҷаи давлатҳои аврупоӣ, институтҳои молӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд ва бузургтарин бонки Олмон KFW мантиқан барои рушди демократия дар Тоҷикистон ихтисос дода мешаванд, баръакс, устувории низоми диктаторӣ, саркӯби дигарандешон ва аз байн бурдани озодии баёну афкор истифода мешавад ва ё ба ҷайби мансабдорони баландпояи фасодкор меравад.

Ҳукумати Тоҷикистон бо баҳонаи мубориза бо экстремизм ва терроризм майдони сиёсатро аз дигарандешону мухолифонаш поксозӣ мекунад. Хадафи аслии диктатор – ки соли 1992 раисиҷумҳури вақт Раҳмон Набиевро ба таври ғайриқонунӣ аз симаташ дур карда, худ ба сари қудрат омад – вогузории Тоҷикистон ба писараш мебошад. Инак, 26 сол мешавад, ки Раҳмон тамоми монеаҳоро бартараф карда, роҳи расидани писараш ба курсии риёсати ҷумҳуриро фарохам овардааст.

Барои расидан ба аҳдофи худ, ҳукумати Тоҷикистон нерӯи мӯътадили динии кишварро аз байн бурд, ки натиҷаи манфии он аз мушоҳидаву таҳдидҳои коршиносони ҷаҳонӣ берун нест. Саркӯбгарии ҳукумат боиси ба гурӯҳҳои ифротӣ гаравидани ҷавонони тоҷик гаштааст. Шадидан истифода гардидани услубҳои истибдод дар Тоҷикистон боис гардидааст, ки ҷавонон ба ячейкаҳои Давлати Исломӣ (ДОЪИШ) бипайванданд, ҳамчунин мақомоти Тоҷикистон аз пайравони салафӣ истифода карда, мехоҳад низоъи мазҳабиро дар кишвар шадид намояд. Бояд гуфт, ки нерӯҳои салафиро ҳукумати Тоҷикистон бар зидди ҲНИТ ва исмоилияҳои Бадахшон истифода мекунад. Ин услуби хатарноке, ки Раҳмон барои расидани писараш ба сари қудрат истифода мекунад, дар натиҷа на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ хатари бузург дорад.

Аз ин лиҳоз, мо тоҷикистониёни муқими кишварҳои Аврупо, аз шумо даъват менамоем, ки нисбати фаъолияти ғайриқонунии Эмомалӣ Раҳмон барои устувории бақои давлатдориаш, бетараф набошед. Ҳамагуна дастгирӣ аз сиёсатҳои саркӯбгаронаи Раҳмон, барои ҷомеаи шаҳрвандии ҷаҳонӣ натиҷаи манфӣ хохад дод. Маблағгузории сиёсати Раҳмон ин нодида гирифтани амалҳои саркӯбгарона ва нақзи ҳуқуқи инсон аз тарафи ӯ мебошад, ки дар натиҷа гароиши ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротӣ авҷ гирифта, ҳамчунин теъдоди паноҳандагони иқтисодиву сиёсии Тоҷикистон афзоиш хохад ёфт.

Мо изҳори умед менамоем, ки парлумон ва ҳукуматҳои кишварҳои демократӣ, институтҳои молӣ дар нисбати ҳукумати Тоҷикистон талабкор хоҳанд шуд. Мо аз шумо эҳтиромона даъват ба амал меорем, ки аз ин ба баъд тамоми кӯмакҳои молии худро бо шарти волоияти Сарқонун ва риояи ҳуқуқи шахрвандон дар Тоҷикистон ихтисос бидиҳед.

Мо аз шумо ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меоварем, ки барои озодии билофосилаи зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон, қатъи истифодаи шиканҷа, рабудани фаъолони сиёсӣ дар кишварҳои хориҷӣ, баргузории мурофиаҳои додгоҳии пӯшида, масдудияти дастрасӣ ба интернет, пайгирии расонаҳову хабарнигорон, қатъи қатли шаҳрвандон дар зиндонҳо, таъқиби шахсиятҳо барои озодии баён, баргузории ҷамъомаду тазоҳурот ба мо ёрӣ расонед. Ба таври ваҳшиёна поймол гардидани ҳуқуқи инсон дар асри 21, мероси режими сталинӣ мебошад, ки монарх Раҳмон бо поймол кардани Сарқонун аз он бархӯрдор гаштааст.

Мо талаб дорем, ки мустақиллии фаъолияти вакилони дифоъ дар Тоҷикистон барқарор гардад ва онҳо дубора бидуни ҳарос аз зиндонӣ шудан даст ба ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон бизананд. Ҳамчунин, ҳукумати Тоҷикистон ба қатъи беасоси фаъолияти нерӯҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки гарави рушди гуногунандешиву демократия ҳастанд, хотима бидиҳад. Мо аз шумо даъват ба амал меоварем, ки барои ҳифзи озодии баён, фаъолияти рӯзноманигорони мустақил ва расонаҳои хабарӣ дар Тоҷикистон, ки ҳамчун василаву умеди охири шаҳрвандон барои додхоҳӣ мебошад, мусоидат намоед.

Аз шумо, намояндагони мӯҳтарами Бундестаг ва низ намояндаги парлумони Иттиҳодияи Аврупо хоҳиш мешавад, то замоне ки ҳукумати Тоҷикистон пойбанд ба иҷрои ҳамаи ин бандҳои дар боло зикршуда – ки дар воқеъ заминаҳо ва шартҳои бозгашти мухолифони сиёсӣ ба кишвар аст – нашавад, нагузоред давлатҳои шумо ба ҳукумати Тоҷикистон кӯмакҳои молӣ бикунад. Зеро ин кӯмакҳо, ки давлатҳои шумо мекунад, ба ҷойи таҳкими пояҳои демократия дар ҷомеа, барои саркӯби бештари дигарандешон ва мухолифони сиёсӣ ва озору шиканчаи онҳо дар зиндонҳо ба кор бурда мешавад. 

Барои эхтироми ҳуқуқи шахрвандон ва водор кардани ҳукумати Тоҷикистон барои риояи ҳуқуқи инсон дар кишвар, аз шумо намояндагони мӯҳтарами Бундестаг ва ҳамчунин намояндагони парлумони Иттиҳодияи Аврупо хоҳиш ба амал меояд, то масъулони баландпояи зеринро, ки дар анҷоми ҷиноят алайҳи шаҳрвандони худ муттаҳам ҳастанд ва дастонашон ба хуни онҳо олуда мебошад, вориди феҳристи Магнитский намоед:

– Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз соли 1994 то ба имрӯз;

– Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, аз соли 2010 то ба имрӯз;

– Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохила, аз соли 2011 то имрӯз;

– Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди Олӣ, аз соли 2013 то ба имрӯз;

– Иззатулло Шарифзода, раиси собиқи зиндонҳои Тоҷикистон;

– Юсуф Раҳмон Аҳмадзод, прокурори генералии Тоҷикистон.

– Бег Зуҳуров, вазири алоқаи Тоҷикистон.

Қобили ёдоварӣ аст, ки малумоти пурра дар бораи ҳар як аз ин номбаршудаҳо ҳамроҳ бо ҷиноятҳое, ки дар ҳаққи шаҳрвандони худ анҷом додаанд, дар номае ҷудогона тақдими намояндагони мӯҳтарами Бундестаг ва низ намояндагони парлумони Иттиҳодияи Аврупо хоҳад шуд.

10.12.2018

Берлин, Олмон

 

Total
0
Shares
Related Posts
Идома

“Домоди Муроди телех марзи Исфараро ноором дорад”

Беҳрӯз соҳибкорон ва тоҷирони Исфара ва вилоятро бо талаби пораҳои калон ба дод овардааст. Беҳрӯз бо тавсияи Маҳмадзоири домоди Президент ба ин вазифа таъин карда шудааст. Тамоми борҳои дуздии домоду духтарҳои президент аз ҳамин сарҳад мегузаранд.
Идома

Раҳмоналӣ.A заминҳоро фурӯхту “кидат” кард

Гӯё, ки модарони исфарагӣ фақат писару духтари террорист таваллуд мекарда бошанд. Мо- мардуми Исфара тӯли ин 29 соли истиқлолият инхел милисаҳои бераҳмро бисёр дидем монанди Насимов Каромат..Тошов Ғулом. Айни замон дар ВКД кор карда истодааст бо рутбаи полковник.
Идома

Раҳмонов ба узбекҳо пул намедиҳад

Чи хеле ки гуфтам дар шаҳри Конибодом дар даврони Истиқлолият ягон навигарӣ нашудааст. Ҳоло агар вазъиятро ҳикоят кунам, шояд боваратон намеояд.
Идома

Лимити барқ дар тобистон бало аст ва ё наҳсиву корношоямии Раҳмонов?

Ҷорӣ кардани лимити барқ дар тобистон,ки барои аввалин бор дар Тоҷикистон иттифоқ меафтад, баробари рехтани оби хунук ба сари мардуми бе ин ҳам дар як ҳолати вазнини иҷтимоиву иқтисодӣ қароргирифтаи тоҷик аст. Дар урфият мегӯянд, ки балои аз осмон омадаро замин мебардорад