Тӯҳмати зино задани як зан ба Имом Шофеъӣ (раҳ)
Имом Шофеъӣ (раҳ) худ нақл мекунад: “Як рӯз дар масҷид, дар ҳалқаи шогирдон нишаста, масруфи дарс гуфтан будам. Як зан вориди ҳалқаи тадрисам шуд ва бо чеҳраи гирифта, бидуни салом чунин гуфт: Эй Имом! Шумо шаб зино мекунед ва дар рӯз ба мардум хутба мехонед?
Ин ҳангом ҳама шогирдон дар ҳайрат монданд ва мунтазири он буданд, то ман ин тӯҳматро рад ва аз худ ҳимоят кунам.
Баъди каме тааммул гуфтам: ҳаққат чӣ миқдор маблаг мешавад, то онро бипардозам?
Пас аз он ки чунин гуфтам шогирдон ба изтироб омаданд, яке фарёд мекард ва дигаре аз ҳалқаи дарс бархост, ҳатто хостанд ҳалқаи дарсиро тарк кунанд.
Гуфтам: эй шогирдон, шумо бо ман мисли хурмо рафтор кунед. Хурморо хӯред ва донаашро партоед.
Аммо ин сухан шогирдонро қаноатманд накард ва нафрат дар чеҳраи ҳамагӣ айён буд, ки чӣ тавр ман чунин гуноҳи кабира ва фаҳшро анҷом додам.
Сарамро фурӯ бурдам ва дар фикри наҷот ёфтан аз тӯҳмати ба сарам омада будам.
Дар ин ҳол як мард бо шитоб дохили масҷид гашт ва аз шиддати тез роҳ гаштан нафасҳояш мепечид. Дарҳол ба он зан нигарист ва гуфт: эй зан, хонаат оташ гирифта ва фарзандонат дохили хонаанд, шояд барои раҳо ёфтани худ коре карда натавонанд. Чун шогирдон ин суханро аз он мард шуниданд ҳамагӣ аз ҷой бархостанд ва ба суйи хонаи зан шитофтанд, то фарзандони он занро наҷот диҳанд. Ман ҳам ҳамроҳи онҳо хориҷ шудам.
Мавриде, ки ба хонаи он зан расидем аввалин нафаре, ки вориди хона шуд ман будам ва фарзандони он занро дарҳол аз он хона берун овардам.
Зан вақте ин ҳолатро дид бо сари хаму хиҷил чунин гуфт: эй Имом, чанд марди яҳудие, ки дар ин шаҳранд шӯҳрату ҷойгоҳи шуморо миёни мардум дида, нороҳат шуданд, аз ин рӯ ба ман маблағе доданд, то ин тӯҳматро дар ҳузури ҳама шогирдон ба сари Шумо бор намоям. Манзурашон аз анҷоми ин амал аз миён бурдани обурӯйи Шумо буд, то дигар касе ба шумо эътимод накунад ва сухани шумо муассир набошад ва бо ҳамин чароғи илму донише, ки дар ин шаҳр афрӯхтед барои ҳамеша хомӯш гардад.
Пас аз он ки ин зан чунин гуфт шогирдонам ба ман нигаристанд ва гуфтанд: эй Имом, чаро шумо дар он ҳол тӯҳмати ин занро рад ва аз худ дифоъ накардед?
Гуфтам: Агар ман дар он ҳол рад мекардам шумо ба ду гурӯҳ ҷудо мешудед.
Гурӯҳи якум маро бовар намекарданд ва ҳатман мегуфтанд, ки дурӯғ мегӯям.
Гурӯҳи дуввум маро бовар ва нисбатам эътимоду эҳтиром мекарданд, аммо ҳатман шакку шубҳа дар дилашон барои ҳамеша нисбати ман боқӣ мемонд.
Пас дӯст доштам ончи ба сарам омада, онро ба Аллоҳ вогузорам. Вақте банда кореро ба Аллоҳ вогузор мекунад ҳатман Ӯ барояш беҳтарин роҳи хориҷ шудан аз мусибату имтиҳон ва тӯҳматро омода месозад.”
Дар поёни ин ҳикоя Имом Шофеъӣ (раҳ) барои онҳое, ки ба тӯҳмат, зулм ва ситам гирифторанд чунин насиҳат мекунад.
Эй бандае, ки ба тӯҳмат ва зулм гирифтор шудаӣ ҳаргиз аз худ зиёд ҳимоят макун, ки ту тӯҳмат шудаӣ ё зулм дидаӣ.
Танҳо инро аз сидқ ба Аллоҳ вогузор кун. Ҳама коре, ки дар он оҷизу нотавонӣ ба Аллоҳ вогузор кун ҳатман Ӯ таъоло аз ҳама ончи мегузарад огоҳ ва аз мақсади тӯҳматгарон ва золимону ситамкорон ба хубӣ огоҳ аст.
(Бояд зикр намоям ин киссаро бархе аз ахли илм ифтиро ва беасл мешуморанд. Албатта уламои чадиди уммат, дар чанд китоби дигар ин кисса омада аст. Хохиш менамоям инчо максад танхо зери бори тухмат карор гирифтани уламо ва шахсиятхои маъруф аст аз он берун нашавед!)
Бояд гуфт, ки дар тӯли таърихи башар танҳо Имом Шофеъӣ (раҳ) ба тӯҳмат гирифтор нашудааст, балки паёмбарони улулазми Аллоҳ Мусо, Марям, Исо (алайҳимуссалом) Муҳаммад (с), ҳамсари покдоманаш Ойишаи Сиддиқа (раз) ва Асҳоби киром (раз) гирифтори тӯҳмат шудаанд. Пас аз онҳо имомони Аҳли суннат тобеъин табаъа тобеъин. Пас аз он ахтарон, дӯстони Аллоҳ ва обидону зоҳидони ин уммат ҳамеша зери тӯҳмати бехирадону ҷоҳилони ҳаммиллатони хеш қарор гирифтаанд.
Хитоб ба онҳое, ки дар хидмати яҳуду насоро қарор гирифтанд ва охираташонро бар ивази дунё фурӯхтанд.
Хитоб ба тӯҳматгарон ва ситамкорон!
Эй зану марде, ки бар ивази чизе аз молу зарқу барқи дунё мехоҳӣ як мусалмони бегуноҳро тӯҳмат кунӣ, каме биншин ва андеша кун! Ғофил аз онӣ, ки бар ивази фурӯхтани охиратат бар дунё чӣ азоби дардноке туро интизор аст?
Ҳам дар дунё зиндагии хору залилона ва талхии ҷон кандан ва ҳам дар охират азоби қабр ва оташи сӯзони ҷаҳанам интизори туст. Пас, он пуле, ки бароят медиҳанд кирои онро дорад, ки худро ба ин ҳама изтироб ва мусибат гирифтор кунӣ?
Эй золиму ситамгар!
Агар ин навиштаи маро хонӣ зулму ситами ту пойдор ва ҳамешагӣ нест!
Дар дунё ба ҳар тарзе, ки зулм кардаӣ ба ҳамон тарз зулм хоҳӣ шуд!
Бар халқи Аллоҳ чи ҷафоеро раво дидӣ бар ту чунин зулмро раво доранд!
Қабру охиратат назди Аллоҳ аст ҳисоби сангине туро бо муфлис шудан дар интизор аст!
Умеди онро дорам ин ду тоифа, агар аз амали худ боз истанд ҷомеъаи мо беҳтарин ҷомеъаи ҷаҳонӣ мегардад.