Тағйири ҳукумат дар Саъудӣ чӣ паёмадҳое дар дунё хоҳад дошт ?
Чанд рӯз аст ҳама шабакаҳо, расонаҳо ва сомонаҳо аз фавти шоҳи Саъудӣ мегӯянду менависанд. Оё ончӣ мегӯянду менависанд ҳамаро дуруст ва воқеъӣ инъикос менамоянд?
Азбаски худ дар ин росто комилан огоҳӣ надоштам, хостам ҷӯё шавам. Чун ҷӯё шудам маълумотҳоеро пайдо намудам, ки хеле писандам омад. Аз ин рӯ хостам онро нависам, то хонандагон ҳам аз он воқиф шаванд ва ин ҳам фишурдаи он то охир хонед то аз ҳама моҷаро огоҳ гардед!.
Малик Абдуллоҳ Ибни Абдулазиз подшоҳи шашуми мамлакати Арабистони Саъудӣ дар синни 91 солагӣ рӯзи 23 январи соли 2015 дунёро падруд гуфт. Ҷонишинии ӯро бародараш Малик Салмон ибни Абдулазиз оли Саъуд, ки 80 сол дорад ва фарзанди бисту панҷуми Абдулазиз аст бар ӯҳда гирифт.
Малик Салмон Ибни Абдулазиз оли Саъуд.
Ӯ 25 шавволи соли 1354 ҳиҷрӣ-қамарӣ мутобиқ ба 31 декабри 1935 мелодӣ таваллуд шудааст. Модараш Амира Ҳусса бинти Аҳмад Ал-Судайрӣ буда, ин қабила низ яке аз муҳимтарин хонадонҳои ҳоким ё Оли Саъуд маҳсуб меёбанд. Ин хонадон, яъне Судайриҳо раиси маҷлиси хонадони Оли Саъуд, инчунин мушовирони подшоҳоне, ки то ба ҳол сари қудрат омадаанд, мебошанд. Феълан ба онҳо Судайриҳои ҳафтгонае, ки то ба ҳол сари қудрат омадаанд, яъне аз аввал то ба имрӯз подшоҳони мамлакати Арабистони Саъудӣро дар назар дорам. Пас аз даргузашти бунёнгузори давлат Абдулазиз Ибни Абдурраҳмон ибни Файсал Оли Саъуд. Бояд гуфт, ки Салмон бародари Малик Фаҳд аз тарафи модарияшҳм мебошад. Салмон оғози таълимоти ибтидоияшро дар шаҳри Риёз дар мадраса ё мактаби Ал-Умаро (Амирҳо) оғоз намуда, сипас дар синни даҳсолагияш дар мадрасаи Шайх Абдуллоҳ Хайёт Қуръони каримро комилан ҳифз кардааст. Бояд зикр намуд, ки Шайх ё Қорӣ Абдуллоҳ Хайёт имом ва хатиби масҷиди ҳарами Макка буданд (1908-1995).
Ҳаёти сиёсии Салмон.
Салмон дар синни 20 солагӣ по ба арсаи сиёсат гузошт. 16 марти соли 1954 ноиби амири шаҳри Риёз, яъне ноиби бародараш Амир Нойиф ибни Абдулазиз таъин гардид. Пас аз як соли комил 18 апрели соли 1955 амири Риёз, пойтахти шоҳигарӣ таъин гардид. Дар ин вазифа панҷ сол фаъолият намуда, 25 декабри соли 1960 аз ин вазифа бо хоҳиши худ истеъфо доданд.
Пас аз се сол бори дигар Малик Саъуд ибни Абдулазиз, яъне 4 феврали соли 1963 ӯро бори дигар амири минтақаи Риёз таъин намуданд. Дар ин вазифа 48 сол, то соли 2011 кор карданд. Метавон гуфт се маротиба шаҳрдори Риёз таъин гардидааст, ки дар маҷмуъ 54 солро дар бар мегирад. Соли 2011 Амир Султон ибни Абдулазиз валиюлаҳд (принц) ноиби раиси маҷлиси вузаро, вазири дифоъ ва қувваҳои ҳавоии ин давлат аз дунё гузашт. Дар ҳамин сол, 5 ноябр Малик Абдуллоҳ Ибни Абдулазиз бо қарори малакӣ Салмонро вазири дифоъ ва сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ таъин намуданд. Дар ин сол Амир Нойиф ибни Абдулазиз валиюлаҳд ва ноиби раиси маҷлиси вузаро ва вазири дохила таъин гардид. Аммо дар ин вазифа тақрибан ҳафт моҳ ифои вазифа ва баъдан вафот намуданд. Пас аз вафоти валиюлаҳд Амир Нойиф Малик Абдуллоҳ ибни Абдулазиз 18 июни соли 2011 бо амри малакӣ Салмонро валиюлаҳди худ, ноиби раиси маҷлиси вузаро ва вазири дифоъ таъин намуданд.
Дар ин вақт ӯ 10% Маҷмуъаи Саъудия лил абҳос ва тасвиқро молик буд. Ҳамчунин молики ҷаридаи маъруфи “Шарқул авсат” буд. Писари Салмон Амир Файсал тавониста дар афкори падараш таъсири хубе расонад. Амир Файсал писари Салмон нависандаи маъруф ва мутафаккири варзидае буда, яке аз бонуфузтарин шахсиятҳои васоили эълом (ВАО ё СМИ ) ё “Шоҳи медиа” дар ҷаҳони араб ва шарқи авсат ба шумор меравад. Соли 2013 ин шӯҳрат ӯро ба амирии Мадинаи Мунаввара расонид.
Афкор ё орои умумӣ нисбати Малик Салмон ибни Абдулазиз.
Тибқи барқияи дипломотикии амрикоӣ соли 2007, ки онро “Сомонаи Викиликс” нашр намудааст чунин омада: “Амир Салмон чунин андеша дорад, ки демократия ҳаргиз созгор ва муносиби давлати Саъудӣ нест, зеро демократияи ¬Ғарб мухолифи фарҳанг ва ҷомеъаи мост”.
Ҳамчунин дар як мақолаи дигар ин сомона гуфтааст: Амир Салмон дар як мулоқоташ бо сафири амрикоӣ дар соли 2007 чунин изҳори нигаронӣ кардааст: “Ин ислоҳоте, ки Малик Абдуллоҳ дар ҷодаи фарҳанг ва иҷтимоиёт мебарад бояд аз он сахт тарсид, зеро хеле нигаронкунанда аст. Чароки ин ислоҳоти пешгирифтаи ӯ сабаби мухолифати шадиди муҳофизакорони дохилӣ ва хориҷӣ дар олам хоҳад шуд”. (Валиаҳди Саъудӣ Амир Салмон Ибни Абдулазиз ш Ал-Ҷазира.)
Малик Салмон дар хонадони Оли Саъуд пас аз Малик Файсал шахсест, ки нисбати қазияи Фаластин ҳамеша хоҳони он буд, ки бояд давлати мустақил ва пойтахти он Қудси шариф бошад.
Назари марокизи таҳлилӣ ё истихборотии амрикоӣ мисли «Стротфуд» ва «Си Эс Ой Эс» бар ин аст, ки ба сари қудрат омадани Малик Салмон, агарчӣ ба таври оддӣ сурат гирифтааст, яъне пас аз вафоти Малик Абдулоҳ, вале он як инқилоби фикрии тозае дар худ дорад. Малик Салмон аз оғоз шадидан мухолифи кӯмаки Малик Абдуллоҳ ба инқилобчиёни Миср буд. Ҳамчунин ақида дошт, ки ончи дар давлатҳои халиҷӣ мегузарад сахт нигаронкунанда буда, бояд ислоҳ шаванд. Нисбати воқеъаҳое, ки дар ҳамсоядавлатҳои Саъудӣ мегузарад мисли Ироқ ва Яман, Саъудиро ором намегузорад. Бояд таъҷилан дар ин қазияҳо дахолат намуд, ҳамзамон дар раъси ин таҳаввулот дасти Эронро хеле бориз медонад ва масъалаи ҳастаии Эрон, Саъудиро ором намегузорад, зеро амалкардҳои Эрон дар минтақаро, хоссатан дар Халиҷ як сиёсати сунниситезӣ ва дур сохтани раисони он медонад. Малик Салмон дар қазияи Ихвониҳо ва равиши ба онҳо гузаштаро як амали номақбул ва ғайри одилона медонад. Биноан мебояд дар ин масъала таҷдиди назар шавад. Ҳамчунин хилофе, ки миёни Саъудӣ, Иморот ва Баҳрайн аз як тараф дар он қарор доранд ва Қатар танҳо аз як тарафро хеле ғамгинкунанда мепиндорад ва менигорад, ки бояд ба зудӣ ин ихтилофро ҳал намуд.
Нависандаи маъруфи англис Девид Ҳерист мегӯяд: “Воқеъан муносибати Малик Салмон бо раиси ҳозираи Миср Абдулфаттоҳ Сиси нохуб аст. Омадани Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ташеъи ҷанозаи Малик Абдуллоҳ ва пешвози самимии Малик Салмон аз ӯ яке аз нишонаҳои боризи он мебошад. Сиси дар он ташеъи ҷаноза бо иллати сохта иштирок накард ва онро ба бад будани вазъи обуҳаво нисбат доданд, дар ҳоле, ки Сиси дар Швейтсария қарор дошт. Сиси барои таъзия бо аъзои ҳукуматаш, аз ҷумла бо шайхи Азҳар ба Саъудӣ омад, вале Малик Салмон аз ӯ истиқбол накард. Ӯро Амир Турки ибни Абдулазиз амири Риёз ва бо валиаҳд Амир Муқрин ибни Абдулазиз истиқбол намуданд. Мегӯянд он аксҳое, ки дар шабакаҳо аз Сиси нишон додааст аз архив (бойгонӣ) буда, он навор аз ҳузури қаблии Сиси буда, ки ҳангоми дидорбинии ӯ аз Малик Абдуллоҳ қабл аз вафоташ буд. Ва Малик Салмон аслан бо Ӯ мулоқот накардааст, ин худ аз алоқаҳои вахими Саъудӣ ва инқилобчиёни Миср шаҳодат медиҳад”.
Таҳлилгарони иқтисодӣ мегуянд: пас аз вафоти Малик Абдуллоҳ дар биржаи асъор дар миёни давлатҳои арабӣ аввалин давлате, ки 5% поён омадани қимати асъорро дар худ дид ин давлати Миср буд. Аз ин рукуду паст омадани қимати бозори асъор фаҳмида мешавад,ки иқтисоди Мисрро, ки нигоҳ медоштааст. Дар ҳоле худи Саъудӣ ин поён омаданро дар худ надошта.
Инқилоби ором дар қасри Оли Саъуд.
Пас аз эъломи аввалин соатҳои вафоти Малик Абдуллоҳ валиюлъаҳд Салмон Ибни Абдулазиз ба тоза кардани дохили қаср, ки дар атрофи Малик Абдуллоҳ буданд оғоз намуд. Қабл аз маросими ба хоксупорӣ аввалин амри Малик Салмон чунин буд.
Холид ибни Абдулазиз ибни Абдулмуҳсин Ал-Тувайҷирӣ раиси девони Малакӣ ё раиси вузарои Саъудӣ ин шахс яке аз муҳимтарин шахсони калидӣ дар давлат ва дарвозаи асосии Малик Абдуллоҳ буд. Холид шахсе буд, ки ҳама қарорҳое, ки Малик Абдуллоҳ мехост қабул кунад бо машварати хоси ӯ қабул мегардиданд. Бидуни иҷозати ӯ касе наметавонист бо Малик мулоқот кунад, ҳатто амирҳо ё шоҳзодаҳо чи дорои вазифаи боло буданд ё поён. Тамоми номаҳое, ки ба Малик Абдуллоҳ меомаданд аввал ӯ ҳамаро аз назар мегузаронид, сипас ба Малик мерасиданд. Ҳамчунин дар интихоби амирони ҳама манотиқи дохили кишвар, ҳатто вазирон бидуни машварати шахсии ӯ ҳеҷ қароре қабул намегардид. Ҳама ахбори дохилу хориҷ бевосита дар дасти ин мард қарор дошт. Ӯ таҳсилоти худро дар қонун нахуст дар дохили кишвар гирифта, магистр дар улуми сиёсиашро дар Амрико, дурустараш дар ҷануби Калифорнё гирифтааст. Падараш Абдулазиз Ал-Тувайҷирӣ муовини раиси горди малакӣ буда, солҳои тӯлонӣ ин вазифаро дар атрофи Малик Абдуллоҳ адо менамуд. Бале, хонандаи гиромӣ бинед, чи касоне атрофи малику раисҳоро иҳота мекунанд ва онҳоро бо машваратҳояшон ё хор мекунанд ё ба бероҳа мебаранд ва ё боло мебаранд. Чунин хабар аст, ки Холидро пас аз ин барканорӣ, ҳатто дар ташеъи ҷанозаи Малик Абдуллоҳ надидаанд, гӯё ғайб задааст. Таҳлилгарон инқилобе, ки дар Миср гузашт Холид Тувайҷириро яке аз тарроҳон ва кӯмаккунандагони он медонанд. Дар поён асомии тарроҳони дигари он инқилобро зикр менамоям.
Амир Мутъиб ибни Абдуллоҳ Оли Саъуд. Писари Малик Абдуллоҳ, ки вазири ҳараси ватанӣ (Горди малакӣ)-ро бар ӯҳда дошт. Ӯ таҳсилоти ҳарбиро аввал дар дохили кишвар, сипас дар Британияи Кабир ба итмом расонида аст. Рутбааш генерал-летенант буд. Аз соли 1985 дар соҳаҳои мухталифи ҳарбӣ ифои вазифа намудааст. Мутъибро низ аз вазифааш барканор намуд.
Муҳаммад Ибни Салмони 34 соларо раиси девони Малакӣ мушовири хос ва вазири дифоъ таъин менамояд.
Амир Муқрин ибни Абдулазизро валиюлаҳд ноиби раиси маҷлиси вузаро таъин намуд.
Амир Муҳаммад ибни Нойиф ибни Абдулазизро ноиби валиюлаҳд, ҳамчунин вазири дохила таъин намуд. Амир Муҳаммад аввалин насли дуввум аз наберагони Абдулазиз Оли Саъуд аст, ки ба ин вазифаи калидии мақоми саввум таъин мегардад.
Амир Файсал ибни Абдулазиз дар вазифаи пешини худ вазири хориҷа боқӣ мемонад.
Фариқ Аввал Ҳамад ибни Муҳаммад Ал-Авоҳилиро дар макони Мутъиб Ибни Абдуллоҳ раиси ҳарасӣ малакӣ (Горди миллӣ) таъин менамояд.
Амир Бандар ибни Султон ибни Абдулазиз писари валиаҳди собиқи Саъудӣ ва вазири истихборот ё амнияти давлатро бар ӯҳда дошт. Амир Бандар аз соли 1983 то соли 2005 сафири давлати Саъудӣ дар Амрико буд, яъне 22 сол дар Амрико буд. Яке аз шахсони бонуфузи кишвар буд, ҳамчунин бо шахсиятҳои сиёсӣ ва бонуфузи Амрико равобити қавӣ дошт. Дар барқарории алоқаи сарди Саъудӣ ва Амрико кӯшишҳои зиёде карда. Тибқи гуфтаи таҳлилгарон танҳо талошҳои ӯ буд, ки ин муносибот хеле самимӣ гардиданд. Яке аз асосгузорони инқилоби Миср буд ва дар иҷрои ин тарҳ бо валиаҳди Иморот Муҳаммад ибни Зойид ва Абдулфаттоҳ Сисӣ нақши бориз бозидааст. Ҳамчунин Амир Бандар дар ишғоли Ироқ аз сӯи Амрико нақши асосиро бозидааст. Пас аз вафоти Малик Абдуллоҳ аз чашмҳо нопадид гашта, касе чизе ҳам намедонад. Воаҷабо, ин чархи фалак аст, бинед тағйирот ва таҳаввулотро, ки дирӯз кӣ буд ва имрӯз кӣ шуд? Нисбати тақдири ин Бандар дигар ҳарчи ҷустам пайдо накардам,ки дар куҷост?
Малик Салмон ибни Абдулазиз пас аз ин тағйироти кадрӣ як амри дигар ва як хоҳиш ҳам кардааст.
Амри дигараш ин буд, ки кӯчае, ки ба сӯи фурӯдгоҳи Малик Холид дар шимол, ғарби Риёз мунтаҳӣ мегардад, ки номи он кӯчаро Малик Салмон ибни Абдулазиз гузоштанд ва онро бо амри худ ба кӯчаи Абӯбакри Сиддиқ (раз) тағйир намуд ва амири Риёз ин амрро дарҳол иҷро намуданд, ки аксашро нашр намуданд.
Хоҳишаш ин буд,ки шабакаи Алҷазира бори дигар бахши Миср мубоширро аз сари нав оғоз намояд, то ҳаводиси Мисрро ҳама бидонанд ва огоҳ бошанд. Ин хоҳиш ҳам иҷро гардид.
Аз ин тағйироти кадрие, ки дар кобинаи Малик Салмон Ибни Абдулазиз ба вуқуъ омадааст метавон чунин хулоса кард, ки Саъудӣ аз коалицияи пешина қарор доштааш хеле дур мешавад. Таҳлилгарон бар инанд, ки робитаи худро бо Туркия ва Покистон, ки раёсати ин кишварҳоро Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Навоз Шариф бар ӯҳда доранд хеле мустаҳкам менамояд. Аммо бе пуштибонии Саъудӣ ҳоли Сисӣ чӣ мешуда бошад? Ин суол чун муъаммо боқӣ мемонад ва вақт онро нишон медиҳад.
Дар фарҷом таманнои онро дорем, ки кишвари Саъудӣ чунонеки маҳди ислом ва манбати ваҳии Илоҳӣ аст бори дигар тавонад ин ҷойгоҳи волоро дар миёни ҳама кишварҳои исломӣ соҳиб гардад ва аз ҳама ҳуқуқҳои мусалмонони дунё ҳимоят намояд. Нагузорад дигар ба ҳарими давлатҳои мусалмон ин истикборҳои куфри ҷаҳонӣ таарруз намоянду талаву тороҷ кунанд. Ҳамчунонеки дар ҳамсоякишварҳои худи Саъудӣ карданду то ба ҳол мекунанд. Ҳамто ё бародари Малик Салмон хомӯш буд ва ё зиндае буд,ки аз мурда ҳеҷ фарқияте надошт балке кумак бар он зулмонҳам мекард. Худо кунад ин Малик Салмон олами исломро ҳимоят кунаду мухолифи кишваркӯшоиҳои Ғарбу ҳампаймонони бародараш бошад. Умед аст аз ин мақолаи таҳлилӣ истифода мебаред.