Тағйироти кадрӣ, ақибнишинӣ, маҳаллизатсия

Ислоҳ нет

 

Тағйироти кадрӣ: аз Шоҳ Искандари милиса, то Юсуф Раҳмони Генпрокурор ва Муҳаммадюсуфи Имомӣ аз…Тоҷикистон (?)

 

Барканории Муҳаммадшоҳ Искандарзода аз мақоми сардори шӯъбаи корҳои дохилии Исфара аз онки як тасмими корӣ бошад, бештар сиёсист. Генерал Муҳаммадшоҳ Искандарзода, ки дар ин мақом ҳамагӣ як соли қабл таъйин шудааст, агар ангеза ва илал ҷиддӣ набуд, имкон надошт, ки бар ин зудӣ аз Исфара бадрақа бишавад. Бадрақа гуфтам,на бадарға. Қабл аз интисоб ба мақоми сардори милисаи Исфара генерал Шоҳ Искандар, ки дуруст бо ҳамин номи Шоҳ машҳур аст, дар ноҳияи дигари марзӣ-Турсунзода беш аз 5 сол фаъолият кард. Зоҳиран Раҳмонов дар як соли қабл бо овардани ин генерал қасд дошт,ки дар баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон дар мавқеи бартар қарор дошта бошад. Ҳаройина Шоҳ Искандар дар тафовут аз бақия генералҳои вазорати дохилӣ бо собиқаи ҷангӣ ва он ҳам ба унвони як фармондеҳи ҷабҳаи ҷиҳоду шаҳодат бо ҳайбат ва салобат дар қалбу руҳи қирғизҳои ҳамҷивор бим ангехта буд.

 

Аммо дар ин миён пойи тиҷорати Раҳмонов ва домоди вай Шамсулло Соҳибов, ки маводи сӯхт ва гази русиро бо нархи арзон аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид мекарданд, канда карда шуд. Инки “Фароз” эълони варшикастагӣ ва аз бозори ГСМ берун рафтанашро эълон кард, маҳз ба ҳамин сабаб буд.Сооронбой Ҷеенбеков, раиси ҷумҳурии Қирғизистон,ки як шаб Раҳмоновро дар Иссиқкӯл мизбонӣ карда буд, чи чизеро фаҳмонд, ки дигар Раҳмонов аз он бизнес даст кашид.”Фермаи ҷавоб” дигар дар он мавқеи қаблӣ,ки ҳамвора дам аз ҳусни ҳамҷиворӣ ва хештандорӣ дар баҳсҳои марзӣ ва муноқишаҳои миёни қирғизҳо ва тоҷикҳо мезад, ҷома чаппа пӯшида ба ҳамла ва ҳуҷум гузашт. Дигар “фаровардаҳо”-и “фабрика” моломол аз нақду наҳзании қирғизҳо- “чашмтангҳо”, “авлоди чингиз”, ”ғосибон”, “нағзиро намефаҳманд”, “дар ҷояшон шинонидан даркор” ва аз ҳамин гуна ҳарфу суханҳои таҳдидомез. Ангор ҳокимият дар Қирғизистон мутамаркиз нест ва гурӯҳҳое манфиатхоҳ бо таҳрики қувваи сеюм-манзурашон Русия, вазъ дар марзи миёни ду кишварро муташанниҷ карда ва бо ин васила фишор болои Раҳмоновро бештар карда истодаанд.

 

Бахусус ,баъд аз онки Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар як сӯҳбати матбуотиаш ҳам аз онки Русия миёни давлати Тоҷикистон ва ИНОТ миёнаравӣ карда сулҳу салоҳ дар Тоҷикистонро фароҳам ва дар омадани ҲНИТ ба як ҳиссаи қудрати сиёсӣ саҳми мусбат гузоштааст ва ҳам аз онки муноқиша ва мунозиъаҳои марзии миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти муроқибат қарор дорад, дар пӯстини Раҳмонов ва мафкурсозонаш кайк даромад. Исфара барои Раҳмонов дигар ба як нуқтаи хатарофарин ва таҳдидангез бадал шуд. Вай ҳоло талош дорад, бо ҳар қиммате шуда аз ин маҳалли эҳтимолии вуқӯъи ҳаводиси пешгӯинашаванда зудтар худро берун бикашад ва инҷоро амну амон бисозад. Дар ҳоле,ки Исфара аз навоҳии мазҳабии шимоли Тоҷикистон ба шумор рафта аъзо ва пайравону ҷонибдорони ҲНИТ дар инҷо бамаротиб бештаранд. Дар як чунин минтақа нафаре сардори шӯъбаи милиса аст ки дар гузашта фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик буд.

 

Агарчанде Шоҳ борҳо садоқати худ ба Раҳмоновро исбот кардааст, вале ҳамоно гузаштаи ӯ вафодории ӯро таҳти шубҳа қарор додааст. Ба вижа вақте Шоҳ дар канори намозгузорони Исфара ба масҷидҳо рафта ибодат мекард ва низ барои ҳиҷобу сатр ва риш мухолафат нишон намедод, яъне дар татбиқи сиёсати рӯз дар мавриди дин сахт намегирифт, ӯ дар назари Раҳмонов ба эҳтимоли зиёд машкук шуд. Агарчанде Шоҳ якҷо бо масъули амният дар ҷалби иҷбории ҷавонони исфарагӣ ба артиш ба шиддат мавқеъгирӣ кард, аммо на ӯ ва на бақия мақомоти қудратии ноҳия натавонистанд аз муноқишаҳои марзӣ пешгирӣ кунанд. Аз инҷост, ки муноқиша ва кушта шудани 6 сокини Исфара дар баҳсҳои марзӣ ва ҷилавгирӣ накардан аз рухдодҳои хунин дар рустоҳои ҳаммарз бо вилояти Бодканди Қирғизистон далели зоҳирии аз мақом барканор шудани Муҳаммадшоҳ Искандар аз шӯъбаи дохилии ин ноҳия гуфта мешавад.

 

Агарчанде бо таваҷҷӯҳ ба вазъи печидаи марз ва авомили берунаи нооромкунанда ва гумони бар инки Шоҳ аз тарафи бархе аз ин авомил мавриди истифода қарор нагирад, тасмими барканории Шоҳ аз тарафи Раҳмвоновро қатъӣ карда буд аммо дар ин амр таъсири қирғизҳоро ҳам бубояд ба таври алоҳида зикр кард. Воқеият ва иллати асосӣ ин аст ки Шоҳ Искандар бо дархости батакрор ва метавон гуфт фишори мақомоти кишвари ҳамсоя аз вазифа гирифта шуд. Ба назари ҷониби қирғизҳо чунин менамояд, ки набуди ӯ дар ниҳоди қудратӣ барои қирғизҳо як навъ оромиши руҳӣ ва баробарвазнӣ дар ҷараёни гуфтушунидҳоро фароҳам мекунад. Аммо инҷо месазад ба як нуктаи дигар ишора кард,ки бо вуҷди онки “фермаи ҷавоб” ҳамла ва ҳуҷум бар муқобили “қирғизҳои чашмтанг” мекунад аз ҳамин ҳоло метавон ҳадс зад, ки масъалаи баҳси марз бо Қирғизистон тавре ҳаллу фасл мешавад, ки ҳамсояҳои мо на танҳо розӣ, балки хушҳол ҳам хоҳанд шуд.

 

Вазъияти Суғд хело нигаронкунанда аст

 

Генерал Шоҳ Искандар ва канор задани ӯ аз Исфара оғози ақибнишинӣ, қурбониҳо ва гузаштаҳои тарафи Тоҷикистон дар ҳалли масоили марзӣ аст.

Шоҳро аз Исфара ба Бӯстон интиқол доданд. Агар ӯро комилан аз кор меандохтанд,таъсири дасти қирғизиро зикр намекардем. Вале гирифтану овардан ба ноҳияи дигар ва он ҳам ҳамагӣ баъди як соли корро чи тавр метавон тафсир кард. Дуруст аст ки наҳва ва шеваи тағйироти ахир дар мақомоти қудратии вилояти Суғд собиқа надоштааст. Зеро вазъи назму саботу тартибот ва амният ба ҳадде дар ин вилоят ташвишовар ва нигаронкунанда дониста мешавад,ки Раҳмонов ночор шудааст ду муовини вазири дохиларо ба инҷо эъзом кунад. Якеро ба ҳайси сардори РКДи вилоят ва дуввумиро дуруст дар ҷойи кори Шоҳ-сардори ШКД дар Исфара таъйин кард. Аммо на танҳо сардори РКДи вилоят, ҳамчунин сардори КДАМи вилоят ҳам дигар шуд. Аз ин ҷост,ки ба бовари коршиносон тағйири сардорони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва корҳои дохила дар вилояти Суғд ва бахусус барканории генерал-майёр Муҳаммадшоҳ Искандарзода, аз мақоми сардори шӯъбаи корҳои дохилии Исфара ба думболи гирудор ва боздоштҳои садҳо тан аз атбои касбу кори гуногун ба иттиҳоми узвият дар “Ихвон-ул муслимин” ин андеашҳоро доман задааст,ки Раҳмонов ва мақомоти қудратии он барои сокинони вилояти Суғд барномаҳои бисёр ҳам хашинтар ва ҳавлангезтареро рӯйи даст гирифтаанд.

 

Бар пояи ахбори дарзхӯрда дар шабакаҳои иҷтимоӣ масъулони ҳамакнун собиқи амният ва умури дохила дар вилояти Суғд дар ҷаласаи ахири ҳукумат аз тарафи Раҳмонов ба шиддат мавриди интиқод қарор гирифта ва муттаҳам бар он шудаанд,ки натавонистаанд сиёсатҳои давлат дар амри мубориза бо гурӯҳҳи ифротӣ ва ҳаросафкан дар вилоятро татбиқ кунанд. Гуфта мешавад, ки Раҳмонов ҳузур ва ширкати бештари сокинони ин вилоят дар ҳаводиси ҳамла ба посгоҳи Ишқобод дар марзи Тоҷикистон ва Узбакистон дар ноҳияи Рӯдакӣ дар 6 ноябри соли гузаштаро камбуди ҷиддӣ дар фаъолияти ин мақомот баҳо додааст. Аммо дар зимн ин нуктаро метавон инҷо илова кард, ки агар сардори Раёсати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иваз шуданд, чаро масалан додситони вилоят – ниҳоди нозир бар иҷрои қонунҳо бетағйир монд.

 

Дар мавриди тағйироти кадрии охир

 

Афзун бар ин Юсуф Раҳмон,Прокурори генералии Тоҷикистон бо пешниҳоди худи Раҳмонов дубора ба мақомаш таъйин карда шуд. Маҷлиси Миллӣ дар яке аз охирин ҷаласаҳои зери раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, дар 25 январ фармони марбутаи Раҳмоновро дар мавриди таъйини Юсуф Раҳмон ба ин мақом тасдиқ кард. Ба ҷуз аз Бобоҷон Бобохонов,ҳеҷ касе дигар аз додситонҳои собиқ беш аз як давраи панҷ сола дар ин мақом кор накардааст. Маҳмадназар Солеҳов, Амирқул Азимов, Саломиддин Шаропов, Шерхон Салимзода як панҷсолӣ ва ё камтар аз он дар ин мақом кор кардаанд. Худи Юсуф Раҳмон ба ҳангоми муҳокимаи номзадиаш дар Маҷлиси миллӣ изҳор доштааст ки боварии президент ба ӯст, ки дубора ба ин мақом пешбарӣ шудааст. Шаке нест, ки мавриди эътимоди Раҳмонов қарор гирифтааст. Аммо Бобохонов ҳам аз наздиктаринҳои Раҳмонов буд ва мегӯянд дар ҷаласаҳои ҳукуматӣ тамоми аҳли ҳукумат баъди онки Президент дохили толор ва аз пайи ӯ Бобохонов дохил мешуда, вориди маҷлисгоҳ мешудаанд. Яъне хеле “вазн” дошт.

 

Аммо дар охир кор тавре шуд,ки Бобохоновро амон надоданд,ки як моҳи дигар то расидан ба нафақа дар мақом бимонад ва гузашта аз ин писарашро, ки додситони ноҳияи Ҳисор буд, барои 8 сол равонаи зиндон карда ва дар борааш филм сохта ва аз дороиҳои бешумораш аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ нишон доданд. Вале воқеият ин аст ки Юсуф Раҳмон ба фарқ аз пешгузаштагонаш кадри танҳо Раҳмонов нест. Ӯро то ба ин мақом на дар шӯъбаи кадрҳо, балки дар ҳалқаи оила омода кардаанд. Ӯ барои расидан ба ин мақом аз Маҳмадзоир Соҳибов,”патрон” ва “протеже”-аш домоди калонии Эмомалӣ Раҳмонов то охирин рӯзҳои кориаш миннатдор хоҳад буд.Ҳанӯз то расидан ба ин мақом 3.5 миллион доллар ба Маҳмадзоир дод, ки курсии Прокурори генералиро ба даст оварад. Юсуф Раҳмон ҳанӯз дар ҳамон соли дуюми корӣ ришваи додаашро ҷамъ оварда чанд бино ҳам сохтааст. Яке аз ин биноҳо дар наздикии идораи Тоҷикматлубот ва дигараш дар назди микрорайони 84 дар пушти мағозаи Милано Мода мебошад. Дар нишасти ахири Комиссини ҳуқуқи башари СММ дар Женева дар августи соли гузашта ҳайати ҳукуматиро роҳбарӣ мекард ,вале сахт шарманда шуд.

 

Замоне,ки прокурори ҳарбӣ буд Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва Ғаффор Мирзоев ду генерали тоҷик пушти миллаҳои зиндон шуданд. Юсуф Раҳмон ҳам ҲНИТ ва ҳам ПМТ-ро санад карда ба Додгоҳ супорид. Дертар тамоми расона ва шабакаҳои иҷтимоии мухолиф ва дигарандешеро, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон кору фаъолият мекунанд ғайриқонунӣ хонд. Дар ҳар сурат, ояндаашро худо медонад, ки чи хоҳад шуд, аммо алъон ба мисли як вафодортаринҳо дар хизмати оила камар бастааст ва метавон гуфт,ки вай “интереси” ин хонаводаи ҷинояткор ва мафияи давлатиро болотар аз ҳар қонун ва қарор медонад. Дар қабули қонуни конститутсионии “Дар бораи Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат” ва низ дар тарҳи тағйироти Қонуни асосӣ дар моҳи майи соли 2016 нақш бозида ва хулосаи ниҳоди нозир бар иҷрои қонунҳо-Прокуратураи генералиро маҳз ӯ имзо гузоштааст. Мусаллам аст ки ӯ низ дар ҷурму ҷароими ин хонавода шарик аст.

 

Чаро ҳама вазиру кабирҳо аз як маҳалланд?

 

Тибқи суннати давлатдорӣ вақте як нафар ба мансабҳои баланди давлатӣ, аз ҷумла вазоратхона мансуб мешавад, тарҷумаи ҳол ва собиқаи кори ӯ ҳам эълон, яъне ба ҷомеа пешниҳод мешавад. Чанд соли пеш ҳам ин урфу расм дар Тоҷикистон муроот мешуд. Аммо дар ин авохир,ки аксарияти кулли масъулин дар ниҳодҳои баланди давлатӣ аз як маҳалли муайян таъйин ва мансуб мешаванд, Раҳмонов ва ёваронаш барои пинҳон доштани маҳалгироии Раҳмонов аз нашру пахши тарҷумаи ҳол ва бахусус зикри маҳалли таваллуди навбатаъйинҳо иҷтиноб меварзанд.

 

Хоҳиш мекунам маро хуб фаҳмед ва инҷо ман маҳалгарои надорам балке онро қотеъона маҳкум менамоям. Онҳоеки аз ин маҳалл интисоб шудаанд мардуми шарифи ин маҳалҳо дар сангинтарин ҳолат ва рӯзгор қарор доранд хоссатан Данғара ва Кулоби бостон ва аз ин интихобшудаҳо безоранд.

 

Барои мисол дар ҳасби ҳоли Муҳаммадюсуф Имомзода, ки аз раёсати Донишгоҳи миллӣ ба курсии вазорати маориф ва илм нишаст, маҳалли таваллуди ӯ…Тоҷикистон(?) зикр шудааст.Агарчи мо медонем,ки ӯ дар 28 уми апрели 1959 дар ноҳияи Советский вилояти Кулоб ба дунё омадааст,чаро ба гӯнае мехоҳед инро пинҳон кунед?. Воқеан ҳам ин як тағйирот ва навигарии комилан ҳайратовар аст. Чунки на танҳо Имомзода, балки ҳамаи тоҷикистониҳо дар Тоҷикистон ба дунё омдаанд, танҳо Имомзода нест,ки тоҷикистонист. Аммо чаро маҳалли таваллуди ӯро, зодгоҳи кӯчакашро пинҳон медоранд. Масалан мо медонем,ки Эмомалӣ Раҳмонов, Озода Раҳмонова ва Рустами Эмомалӣ данғарагианд ва дар Данғара ба дунё омадаанд, аз инки дар Данғара ба дунё омадаанд ва ҳоло дар Душанбе зиндагӣ мекунанд ва дубора барои бозгашт нақша ва нияте надоранд аслан шарм намекунанд.Агар Имомзода дар …….Тоҷикистон таваллуд шудааст, пас барои мисол Зулфия Давлатзода,ки вазири фарҳанг таъйин шуд, дар куҷо таваллуд шудааст?

 

Зулфияе,ки муовини раиси Кумитаи занҳо буд ва дар ҷаласаи 17 декабри соли 2019-и ҲХДТ ҳамчун номзади интихоботӣ дар феҳристи ин ҳизб барои ширкат дар интихоботи Маҷлиси намояндагон,ки 1 марти соли ҷорӣ доир мешавад, таҳти шумораи 24 қарор дошт, магар дар Узбакистон ва ё Русия таваллуд шудааст? Бале,гап дар инҷост,ки Раҳмонов,ки сахт маҳалгаро аст ва мехоҳад ҳамшаҳриҳову ҳаммаҳалҳои худро дар вазифаҳои баланд таъйин карда бо ин восита “корди онҳоро болои равған “ кунад, намехоҳад,ки мардум ин ҳама фанду фиреби ӯро бидонанд. Дар ҳоле,ки як сабаби сар задани ҷанги шаҳрвандӣ нобаробарии саҳми кадрҳо дар идораи давлат арзёбӣ мешавад ин ҳама “маҳаллизатсия” кардани идораи давлат аз тарафи нафаре,ки худро Асосгузори сулҳу ваҳдат ҷилва додааст,чӣ мано дорад? Яъне дар ин масъала ҳам дурӯғ мегӯяду дурӯягӣ мекунад?

 

Бибинед, ки дар ҳамин тағйироти ахири кадриаш ҳам чанд дарсад намояндагони як вилояти собиқи кишвар мақом пайдо кардаанд: Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири нави маориф ва илми Тоҷикистон аз…… Тоҷикистон, (собиқ вилояти Кӯлоб)Раҳмон Юсуф Аҳмад,Прокурори генералии Тоҷикистон аз Восеъ,(собиқ вилояти Кулоб) Саид Нуриддин, раиси Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ аз Данғара,(собиқ вилояти Кӯлоб) Аҳтам Абдуллозода Рустам, муовини Раҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон аз деҳаи Андароби Кӯлоб, Завқӣ Завқизода Амин,вазири рушди иқтисодӣ ва тиҷорат аз ноҳияи Ҳамадонӣ,(собиқ вилояти Кӯлоб) Абдуҷаббор Раҳмонзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз Андароби Кӯлоб ( маълум нашуд,ки Раҳмонзода аз ёрдамчии раиси ҷумҳурӣ дар умури иҷтимоӣ озод шудааст ё хайр) Муҳаммадсаид Шоҳиён,раиси “Тоҷикфилм” аз Данғара (собиқ вилояти Кӯлоб) мебошанд,ки ҳамин чанд рӯзи пеш фармони таъйиноташон эълон шуд.

 

Магар дар дигар манотиқи Тоҷикистон як кадре дигар,ки битавонад Кумитаи телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистонро роҳбарӣ бикунад,нест? Бубинед,ки радиоҳо ва ТВ-ҳои Тоҷикистон дар чи сатҳу сифатанд ва аз кадом давра бозмондаанд. Зимнан ба ҷуз аз Бобоҷон Икромов, Иброҳим Усмонов ва Асадулло Раҳмон,ки ҳоло ёрдамчии Раҳмонов дар масоили кадрҳост ва зимнан ӯ ҳам аз Данғара мебошад, нафари дигаре аз журналистон ин Кумитаро сарварӣ накардааст. Убайдулло Раҷабов, Маҳмадсаид Шоҳиён-ҳарду актёр ва Абдуҷаббор Раҳмонов,муаллими донишгоҳ,инҳо буданд роҳбарони Кумитаи телевизион ва радиои ҳукуматӣ дар даврони истиқлол. Вақте худи Раҳмонов маҳалгароиро то ба сатҳи сиёсати давлатӣ расонидааст,магар мешавад аз чунин нафар умеди беҳбудӣ барои давлат ва миллати Тоҷикистон кард?

 

Тағйирот ва ҷоивазсозии ахири мансабдорони давлатӣ бори дигар нишон медиҳад,ки Раҳмонов таомули зишти қабила ва маҳалгироиро ба асоси сиёсати кадрии давлат табдил кардааст. Ҳарчи қадар,ки ӯ дар мақомаш биистад Тоҷикистонро ба маҳаллҳо қисмат карда ҳисса ва ҳаққу саҳми дигар маҳалҳоро ҳатман ба маҳалли таваллуди худ медиҳад. Раҳмонов на асосгузори сулҳ асту на асосгузори ваҳдат. Вай як маҳалгарову маҳалпарасте аст,ки ҳатто як ношудтарин, як масхаратарин намоянда аз маҳали худ-Нуриддин Сайидро аз вазорати маориф ва илма гирифту дар мақоми раиси Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ таъйин кард.Агар воқиан ӯ мехост,ки дар арсаҳои зиндагии халқи Тоҷикистон як дигаргунӣ ва як пешравӣ ба вуҷуд ояд ӯ афроди шоиста ва сазовор ва мутахассисон ва ҳирфаиҳоро новобаста аз маҳаллашон ба масъулиятҳо таъин мекард.

 

Аммо…..Раҳмонов дар фикру андешаи миллат нест….вай миллатро бо маҳал ва авлоду оилааш мехоҳад идора кунад ва дар пасттарин шароит ва вазъият, дар ҳоли хуру намур нигоҳ дорад. Вагарна дар шарҳи барканории вазирону дигар мансабдоронаш гуфта шуд,ки онҳоро “барои роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ дар масъулият” озод кардааст. Аммо аҷаб ин аст ки ин ҳама “камбуду камбудиҳо” дубора ба вазифаҳои нав мансуб шуданд. Онҳоро муҷозот накард, танбеҳ надод, балки ба вазифаҳои нав “барои камбудиҳояшон” таъйин кард. Агар онҳо намояндаҳои маҳалли дигар буданд,таъйин мекард?Ҳеҷ гоҳ. Ҳаммаҳалҳояш, ки буданд, боз мақом гирифтанд.

 

Дар охирсухан ,чун дар оғоз аз ин шурӯъ намудем мехоҳам бо он матлабро ба охир расонам

 

Бо ин ҳама Шоҳ Искандар, намояндаи вопасини Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони пешини тоҷик аст ки то ҳанӯз дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов ба истилоҳ “дошт” додааст. Барои мардуми Исфара ҷолиб буд, ки то Шоҳ ҳеҷ яке аз сардорони милиса дар масҷид намоз намехонд. То куҷо воқеият доштани ин хабарро наметавонем таъйид кунем аммо гуфта мешавад, ки дар дидору мулоқотҳои ҳайатҳо ва низ ҳамон мулоқоти Раҳмонов бо Ҷеенбеков дар тирамоҳи соли гузашта дар Иссиқкӯл аз Исфара берун кардани Шоҳ хоҳиш шудааст ва расонаҳои қирғизӣ ва шабакаҳои иҷтимоии онҳо ва сайту сомонаҳояшон ҳам ӯро ба ановине чун муҷоҳид ва босмачӣ мавриди интиқод ва накӯҳиш қарор медоданд.

 

Share This Article