Табассум ва суҳбати самимӣ бо Муҳиддин Кабирӣ ҷиноят аст?

Ислоҳ нет

Табассум ва суҳбати самимӣ бо Муҳиддин Кабирӣ ҷиноят аст?

Фишорҳои мақомоти қудратӣ сабаби асосии пайвастани ҷавонон ба ДОИШ аст?

Чандест ҷавонони миллатам аз ман ин саволҳоро мепурсанд ва ростӣ ман намедонам ба онҳо чӣ посух гӯям?
Як намунаи онро ин ҷо меорам, то ба самъи Ҳукумати кишвар дарди ин миллатро расонам ва шояд чорае биандешанду пеши роҳи ин мусибатро гирифта тавонанд.

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Гирифтори ҳолате шудам, ки мехоҳам маро бо машваратҳои хубатон кӯмак намоед. Ман як ҷавони 26 солаам, ки то соли 2015 дар кишвар будам. Пас аз воқеъаҳое, ки дар кишвар гузашт бо номи “Мятежи Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода” ва репресяе, ки пас аз он Ҳукумат шуруъ кард моро мунҷар ба хориҷ шудан аз кишвар намуд. Ман Донишгоҳи миллии Тоҷикистон факултети шарқшиносиро бомуваффақият хатм намудам. Аз рағбати зиёд ба ислом доштанам ин факултет, хоссатан забони арабиро ихтиёр намудам. Мо шаш ҷавон аз шимоли кишвар дар як курс будем ва тақрибан чор нафари моро як наво чунин сарнавишти талх насиб гашт.

Чӣ авомиле моро водор намуд, то аз кишвар хориҷ шавем?

Пас аз хатми Донишгоҳ мо чор нафар ба зодгоҳамон баргаштем ва дар зодгоҳ ҳамчун донандагони забони арабӣ моро мешинохтанд. Ду шарики дигарамон дар Душанбе монданд ва аз онҳо дигар хабар надорам. Мо дар хориҷи кишвар таҳсил накардаем ва чуноне ки Раиси давлат мегӯянд: Зуҳуроти номатлуб ё равияҳои ғояҳои экстримистӣ дошта”-еро дар худ надоштем, аммо моро ба ин ҷурм тӯҳмат заданд ва ба отдел бурданд. Ҳарчӣ мегуфтем мо чӣ кори мухолифи қонун кардем, ки моро бо ин иттиҳом овардед, вале бо алфози қабеҳ танбеҳ мешудему мушт мехурдем. Ман дар чанд вохӯрии устод Кабирӣ, ки бо ҷавонон дар қароргоҳи ҲНИТ доштанд, ҳозир будам ва як савол ҳам додам. Ҷинояти ман ин буда, ки чаро ҳангоми савол доданам бо табасум ба устод Кабирӣ сухан гуфтам. Вақте маро боздошт карданд ҳамон наворро ба ман нишон доданд ва ҷиноятам ҳамин буд. Муҳим ду нафр аз шариконамро бе гуноҳ равонаи зиндон намуданд яке 4 сол ва дигар 7 сол. Ман ҷонамро харидам ва рӯ ба гурез (ба Россия) ниҳодам. Вақте ин ҷо омадам чи кор кардану чӣ тавр зиндагӣ карданамро намедонистам. Бо ҷавононе шинос шудам, ки ҳама норозиёни бадарға шудае, ки зиндагии хуб доштанду ором ба сар мебурданд ва буданд. Ҳаёт аз нигоҳи онҳо дигар маъно надошт маргро бар чунин зиндагии бешарафонае, ки дар кишвар бар сарашон оварданд бартар донистанд ва аз кишвар бо роҳҳои гуногун хориҷ шуданд. Вақте каме аз ҳолашон огоҳ гаштам ҳамаашон писар, бародар, бародарзода, домоди ашхосе, ки ё зиндонӣ шуданд ва ё дар воқеъаҳои охири миятеж бо гуфти худи онҳо бегуноҳ кушта шуданд, буданд. Ҳама он мятежро дурӯғу сохта мегуфтанд ва ҳадафшон бо кадом роҳ бастани ҲНИТ буд. Барои бастани ҲНИТ, ки пойгоҳи мардумӣ дошт чӣ балоҳоеро сари мардуми бегуноҳ оварданду, то ба ҳол идома дода истодаанд. Муҳим вақте онҳоро мешунидам ман ҳам гирифтори ин моҷаро будам ва худро воқеан бо онҳо ҳамтақдир медидам. Дар ҳоле ман узви расмии ин ҳизб набудам, вале ҷонибдораш будам ва то ҳозир ҷонибдораш ҳастам. Ҳеҷ кадом аз онҳо ахлоқи бад надоштанд. Аз онҳо хушам омад. Кӯмакам карданд, патент дуруст карданд ва дӯстони воқеъӣ ҳам шудем. Вазъияти Россия ба Шумо маълум аст, ки барои ашхоси мисли мо чӣ тавр аст. Тақрибан 17 нафари он ҷавонон намедонам чӣ тавр ба ДОИШ худро расониданд. Ман вақте мегуфтам фалони куҷо шуд? Мегуфтанд: рафт, куҷо, намедонем. Дар муддати се моҳ касе намонд, ҳама онҳоеро, ки мешинохтам рафтанд. Охир фаҳмидам ба куҷо рафтанд ва ҳолашон чӣ шуд. Ҳамагиро гӯё кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба он ҷо фиристоданд фишору таъқиб ба онҳо ва хонаводаҳои онҳо карданд, ки оқибат кор ба ин ҷо расид. Аз ман ҳам хоҳиш карданд ба онҳо пайвандам, вале агар ёдатон бошад дар ин маврид аз Шумо баҳори соли 2016 пурсида будам. Шумо гуфтед ҳаргиз ин корро накунам ва ин роҳи ҳал нест ва ҳоло ҳолати фитна ҳаст ва ҳадисеро овардед ва маро аз роҳу қасдам гардондед ва нарафтам. Аз Шумо сипос гузорам, ки садди роҳи ман гаштед. Охир чаро кормандони қудратӣ дидаву дониста ҷавононро ба ин роҳ гусел мекунанд ва боз мегӯянд “зуҳуроти номатлуб” экстримист фалону бисмадон?

Оқибати фишор ва зулме, ки дар кишвар болои насли ҷавонони чунин идома пайдо кунад ҳолат аз ин ҳам вазминтар мегардад. Дар охир аз Шумо боз ҳам машварат мепурсам, зеро ҳанӯзам наметавонам ба ватан баргардам, маро ҳатман зиндонӣ мекунанд. Вазъият дар ин рӯзҳо чуноне ки мебинед дар Русия вазмин гашта, моро ҳукумати худамон соҳибӣ намекунад, русҳо дар чеҳраи ҳар яки мо экстримистро мебинанд. Ман ба куҷо ҳиҷрат кунам, зеро дигар наметавонам ин ҷо бошам? Машварат диҳед. Умед дорам он чӣ навиштам онро ба гӯши ҳукуматдорон ба гунае мерасонед, то пеши роҳи ин мусибатро бигиранд. Агарчӣ ман мухолифи шадиди ин сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат ва пешвояшон ҳастам, аммо дилам ба мардуми бечораам месӯзад.

Саволи ман аз ин ҷавон: Ваалайкум асалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу …….. Он чӣ навиштед метавонам ин матнро бо хитобе расонаӣ кунам?

Ҷавон: -Бале, устод озодед ҳарчӣ салоҳ мебинед онро анҷом диҳед.Фақад агар аз гузоштани номам худдорӣ кунед хуб мешуд, зеро хонаводаи парешонамро парешонтару зери мусибат қарор надиҳам. Ҳеҷ коре барояшон накардам ҳадди ақал зери фишор қарорашон надиҳам.

Посухи ман: Мутмаин бошед,то имрӯз ҳама онҳое бо ман мукотиба намудаанд, ҳама ончӣ навиштаанд ҳамчун роз миёни ману онҳо боқӣ мондааст. Магар ин ки савол бошанд онҳоро расман посух гуфта бошам ё чуноне ки айни ҳол аз шумо пурсидам сипас онро расонаӣ мекунам. Мунтазир бошед ман дар наздиктарин фурсат онро расонаӣ мекунам. Барои амнияти ин ҷавони ҷабрдида ному насабашро тибқи хоҳиши худи ӯ зикр намекунам. Ин матни боло он чӣ ҳаст бидуни тағйир ҷуз ному насаб ҳама шикоят ва воқеияти ҳоли ин ҷавони муҳоҷиргашта аз шимоли кишвар аст.

Ин як намунае буд, ки онро гузоштам. Чунин номаҳо бо шеваҳои гуногун аз 
ҷавонони кишвар хеле зиёданд ва саволҳо чунин аст:

Мо чӣ кор кунем?.

Ба куҷо ҳиҷрат кунем?.

То кай мо бо чунин ҳол ба сар мебарем?

Оё ончӣ дар кишвар мегузарад Пешвои миллат огоҳ нест?

Оё ин ҳама барои мусалмон будани мост?

Оё наҳзатӣ будан ҷиноят аст, ки бо мо мисли душман муносибат мешавад?

Устод! Шумо дар назди Аллоҳ ҷавоб мегӯед! Чаро ончи дар кишвар мегузарад хомӯшед ва аз ҳиҷоби хоҳарон, риши мардон, хароб кардани масоҷиду мадорис дар кишвар садо баланд намекунед?
Нисбати Шумо зиёд эҳтиром доштам, аммо мебинам бо ин зулме, ки аз тарафи Ҳукумат ба сари мусалмонон бор аст бетарафиро ихтиёр намудаед ва чизе дар ин маврид наменависед?

Ман як хоҳари исломии шумо. Ҳиҷобамро имрӯз дар бозор гирифтанд ва таҳдидам карданд. Агар як бори дигар бо сатр бинем оқибатат безеб аст. Устод, чӣ кор кунам? Ҳиҷобамро гирам гунаҳгор мешавам, медонам фарз аст, агар нагирам чӣ тавр се фарзанди бепадарамро таъмин кунам?

Ман ҳамсари як нафари ба Сурия рафтаам, шавҳарам гуноҳ надорад, ӯро фишор оварданд, маҷбураш карданд, аввал ба Русия рафт, сипас аз он ҷо ба Сурия. Мегӯянд ӯро куштанд. Маро ҳар рӯз мепурсанд ва мегӯянд, ки ҳиҷобатро гир, набошад туро барои шавҳарат бист сол зиндон мекунем. Ман чӣ кор кунам? 
Намедонам чӣ кор кунам зиндагӣ бароям ҳеҷ арзиш надорад. Агар фарзанд намедоштам медонистам чӣ кор кунам, аммо ду фарзанди хурдсол дорам?

Ман писари …… падарамро бурданд, то ҳол барнагаштааст, ман дигар тоқат надорам, агар коре барояш накунам нони он падар ҳаромам бод. Чӣ кор кунам? Агар бар зиди Ҳукумат коре кунам кушта шавам, ҳаққи фарзандиамро адо кардаам?

Ба ҳамин мазмун беш аз 260 нома, ки тақрибан мақсад ва шикоятҳояшонро якранг мебинам назди ман маҳфуз аст. Кишваре мисли Тоҷикистон то ин ҳад шикояту норозигӣ аз мардумаш ва ҳамаашон шикоят аз зулм, ситам, фишорҳои мақомот болои мардуми осоиштаи бе дифоъ.

Агар чунин ҳолатҳо идома пайдо кунад оқибати ногувор кишварро интизор аст. Агар хоҳиши шунидани шикоят аз мардумро дошта бошед ҳозирам ҳамаи онҳоро дар алоҳидагӣ бароятон гузорам, то аз ҳоли ҳамагӣ огоҳ бошед ва донед, ки дар кишвар чӣ мегузарад. Ман то имрӯз ҳамаро ба оромӣ ва хунсардӣ ва сабр даъват кардам, зеро ҳаргиз хоҳони ҷангу хунрезӣ дар кишвар нестам. Вале косаи сабри миллат вақте лабрез гашт он вақт на ман ва на дигар ин мардуми ба ғазаб омадаро хомӯшу ором карда наметавонад. Фаромӯш накунед нақши як олими дин ё чуноне ки шумо мегӯед мулло аз ҳама артиши Ҳукумат қавитар аст. Агарчӣ шумо инро аз тангназарӣ ва худхоҳиятон нодида мегиред ва аз олимони дин душман метарошед ин аст мушкилоти шумо ва барои ҳамин Ҳукумат аз мардум дур шудааст. Агар хоҳед дубора Ҳукумат бо миллат наздик гардад фишору таъқибро ба диндорон ва олимони дин ва ҳаводорону ҷонибдоронашон комилан бардоред. Норозигии олимони дин аз ҳукумат, ки ҳоло ҳеҷ олиме аз ин ҳукумат розӣ нест ва наметавонад розӣ бошад сабаб сиёсати бехирадонаи пешгирифтаи Ҳукумати кишвар ва душмантарошӣ аз уламои ҳақиқии ғайри дарборӣ, ислом ва мусалмонони кишвар аст. Идомаи фишорҳои мақомот кишварро ором намекунад ва идомаи ҳукмататонро ба дарозо намекашад. Мушкилотеро ба бор меорад, ки ҳеҷ артише таҳаммули баргардониданашро надорад. Ба худ оеду аз ситам даст бардоред, хоссатан мақомоти қудратии кишвар ҳама шикоятҳо аз шумост. Шумо бояд мардумро ҳимоят кунед на онҳоро зери фишор ва азият қарор диҳед, ки дар садади пайдо кардани фурсати муносиб бар алайҳи Ҳукумат бошанд. Ҳамеша гардиши айём яксону мазлумон дар чунин ҳолат боқӣ намемонанд.Таърих шоҳиди чунин ҳукуматҳо буд ва заволи онҳоро ҳам хуб ба мо баён доштааст. Касе аз таърихи гузашта огоҳ нест наметавонад ояндаи хубе барои худ бисозад. Боз мегӯям аз мо душман натарошед, агар душман мебудем амалҳои зиёдеро анҷом медодем, вале то имрӯз дар садади ислоҳ ва ба сабру таҳаммул мардумро даъват дорем. Ҳеҷ посухе аз шумо интизор нестам, муҳим ислоҳ шудани шумо ва тағйир кардани сиёсати ғалате, ки онро дунбол доред. Бо сароҳат мегӯям: мушовире, ки бароятон чунин тарҳҳои зидди миллиро машварат дода ӯ душмани шумост на дӯстатон. Рӯз аз рӯз номи кишвар ба зинаҳои поин меравад. Агар машварати мушовир хуб мебуд пас аз ин репреся номи кишвар ва сиёсати пешгирифтаатон боло мерафт. Фаромӯш накунед, ки имрӯз солҳои 1937 нест, то он тройкаи сталиниву Беряро дунбол кунед. Агарчӣ имрӯз ҳолати кишвар он рӯзгоронро мемонад. Ин ба салоҳи шумо ва бақои ҳукумататон наметавонад анҷомад. Баргардед, ба он ҳолату сиёсате, ки то соли 2010 доштед ва тақрибан ҳеҷ мухолиф ҳам алайҳи Шумо набуд. Имрӯз ҳама мухолиф, норозӣ ва мунаққиданд. Охир ин ҳама барои чӣ? Ҳеҷ гоҳ Ҳукумат наметавонад бар алайҳи ҳама сокинони кишвараш бошад ва бар онҳо ҳукумат кунад.

Share This Article