Табибони таваллудхонаи №1, аз зулми аммаи ҳамсари Рустами Эмомалӣ ба дод омаданд    

Давлатзода Гулҷаҳон Қобил, директори Пажуҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон кист? Зодаи ноҳияи Кангурт, ҷияни Давлатовҳои қудои президент.Ҷиянаш келини президент, ҳамсари Рустами Эмомалӣ мебошад.

Ман, акушер-гинеколог, корманди таваллудхонаи №1 Пажуҳишгоҳи акушерӣ- гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон мебошам.

Пойгоҳи “Ислоҳ” ва барномаҳои ютубии онро ҳамаша тамошо мекунам. Мехоҳам ҳар он чиро ки худам дидаам ва тасдиқ мекунам, қисса намоям, то халқи азизам бохабар бошанд, ки зери хилъатҳои сафеду чеҳраҳои хандон чигуна шахсон бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Агар “Ислоҳ” ин номаи бо дарду алами моро нашр кунад дигар барои мо табибон, ки дӯсти миллат аст ва ки хоини миллат ошкор мегардад. Агарчи тулонӣ аст бихонед ва аз дарду ранҷи мо табибон ва модароне ба ин даргоҳ меоянду ғорат мешаванд,то ҷое огоҳ мегардед.

Дар урфият беҳуда об аз боло лой аст, нагуфтаанд. Порагириву порахурӣ дар соҳаи тандурустӣ аз дохилшавӣ ба донишгоҳи тиббӣ оғоз мешавад, то ба нафақа баромадани духтур давом мекунад. Агар сад дониши кофӣ дорӣ, бешиносбозиву бе ришва дохил шуда наметавонӣ. Дар замони роҳбарии собиқ ректор Қурбонов Убайдулло Абдуллоевич зарае ҳам бошад, адлу инсоф вуҷуд дошт. Донишҷӯёни босаводро дастгирӣ мекард. Мутаассифона баъди ӯро ба дигар вазифа гузаронидан ҳоли мединститути як замон овозадор бадтар шуд. Барои саводи донишҷӯ касе парвое надорад, муҳиммаш тестро қориазёд кунаду имтиҳонро супорад, ҳоло он ки духтури оянда бояд босаводу дурандеш бошад ва аз ҳалли масъалаҳои ситуационӣ баромада тавонад. Ба ҳамагон маълум аст, ки маблағи шартномаи солонаи Донишгоҳи тиббӣ калон аст, зиеда аз 1000 доллари амрикоӣ. На ҳама тавони додани чунин маблағи калонро доранд. Аз курсии донишҷӯӣ донишҷӯ дар фикри чигуна гирифтани ихтисоси ояндааш мешавад.   Зеро барои гирифтани “спец”-и дилхоҳ маблағи калон лозим аст. Дар вазорати тандурустӣ сардори  шӯъбаи кадрҳо “кошелек”– и вазири тандурустӣ ба шумор меравад. Ҳар вазире, ки иваз мешавад, ҳатман “кошелек”-и худро ба ҷои даромаднок таъин мекунад. Ин ба кормандони тиб пӯшида нест, ҳама аз ин бохабаранд. Чунки тамоми доду гирифт, аз ҷумла спецфурӯшӣ, дохилшавӣ, сардухтуршавӣ дар бемористонҳои шаҳру навоҳӣ тавассути “кошелек”-и вазир сурат мегирад.

Барои назди “кошелек” даромадан ҳафтаҳо интизор мешавед. Ӯ шахси “недоступный”-дастнорас аст. Тавассути ёрдамчиҳояш ба монанди Зулайхои вазорат фармонатро мегирӣ. Зулайхо ягон чизи бамазза биёр мегӯяд ё обедпулӣ, баъд коратро ҳал мекунад. О, бечораи донишҷӯ аз куҷо ин қадар пул дорад, худаш чизи бамаззаро нахӯрдааст. Аз ҳама ихтисос-спецҳои қимат: акушер- гинеколог, хирург, кардиолог, нейрохирург ба ҳисоб мераванд.Нархи онҳо аз 3000 доллар кам нест. Ихтисос-“спец”-ҳои духтури оилавӣ, духтури рентгенолог ба маблағи кам фурӯхта мешаванд, агар пулу шинос надошта бошӣ ҳамин “спец”-ҳо пешниҳод карда мешванд. Дар вақти додани​ “спец”-ҳо​ дар дасташ​ якчанд​ рӯихат​ ҳаст,​ руйхати шахсони​ тағадор алоҳида, руйхати​ шахсони​ пешакӣ пул дода алоҳида, руйхати​ бепулхо​ алоҳида. Вақте вориди​ утоқ мешавӣ,​ фамилияро​ аз ҳама​ руйхатҳояш​ дида мебарояд. Тарзи​ муомилааш вобастагӣ дорад,​ ту дар кадом​ руйхат​ қарор​ дорӣ. Барои шахси камбағал ихтисос-специ дилхоҳашро мегӯянд, ки нест, тамом шуд.“Спец”-и духтарону келинҳои шахсони боломақом дар набудани онҳо ҳам дода мешавад ва ҳатто ба таҷрибаомузӣ ҳам намеоянд, вале баъди хатм дар ҳол дар шӯъбаҳои даромаднок ба монанди зоишгоҳ ба кор қабул мешаванд.

Ба онҳо касе ҳақи сухан гуфтан надорад, чунки ӯ духтари вазир аст. Ин ноадолатию беинсофӣ аз ин ҳам зиёд мешавад. Як донишҷӯе, ки ними ҳаёташро бо донишандӯзиву навбатдорӣ мегузаронад, бо ин умеде, ки фардо духтури хуб шавад, вале ба ҷои ӯ як бесаводе, ки ҳатто мӯҳлати ҳамлро дуруст ҳисоб карда наметавонад, таъин мешавад. Ин манзараҳоро дида дили шахс аз касбаш хунук мешавад. Аз ҳама аламовараш он аст  ки агар масъулияти навиштани таҳлили таърихи беморӣ, ки бо ибораи дигар онро тақриз мегӯянд, ба шахси босавод вогузор  шавад, то ин ки ӯ бехато нависад, барои мисол ба прокуратура, аммо дар санади таърихи беморӣ номи ҳамон духтури бесавод сабт мегардад ва ӯро таърифу тавсиф ҳам мекунанд, ки бениҳоят босаводона пур кардааст таърихи бемориро. Пӯшида нест, ки зоишгоҳҳо, бемористонҳоеанд, ки даромади калон (порахӯрии зиёд) доранд. Вазифаи мудири таваллудхонаҳои тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар вазорати тандурустӣ  бо нархҳои муайян фурӯхта мешавад. Барои “кошелек”-и вазир муҳим нест, ки он шахсе, ки ба ин мансаб меояд, аз кӯчаи акушерство ва гинекология гузаштааст ё не? То ҷое, ки худи ман мешиносам беш аз 10 нафар мудирони таваллудхонаҳо аз рӯи ихтисос акушер-гинеколог нестанд.

Ба ин омор диққати ҷиддӣ диҳед!

Мисалан дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ. Мудири таваллудхонаи пешинааш Абдуллоева Манзура аз рӯи ихтисос педиатр-духтури кӯдакона аст. Ҳамагӣ чанд моҳ курси акушерство ва гинекологияро гузаштааст. Вале ӯ аз Данғара ва бо “кошелек”-и вазири пешина хешу табор буданд. Хушбахтона ӯро баъди иваз шудани вазир аз кор гирифтанд. Вале вазъият аз буда бадтар шуд. Сулаймонова Шаҳрбону, ки мактаби миёнаро бо баҳои 2-ю 3 хатм намуда имтиҳоноти давлатиро бо як азоб бо баҳои 3 супорид ва то ҳол бесавод аст, бо маблағи муайян ба вазифа таъин шуд. Яктои​ дигараш,​ ки бо либосҳои​ нимбараҳна​ мегардад, ва арӯси​ ними​ мардони​ ноҳия аст- Кучарова​ Манижа. Мисоли дигар мудирони шӯъбаи таваллудхонаҳои Тоҷикобод, Хуросон ва Файзобод аст. Ба замми онки онҳо ғайри мутахассисанд  боз ошкоро ба касбу пеша хиёнат ҳам мекунанд. Фавти тифлон дар ягон ҷо сабт намешавад, ба марказ маълумот дода намешавад, пинҳон мекунанд. Камаш як рӯз пас фавти тифлон ба назар мерасад. Аз дасти чунин духтурони ба ном духтур, ки бештар ба ветеренар шабоҳат доранд, фавти тифл дар Тоҷикистон беҳад омораш баланд аст. Аммо касе парвое надорад, пул чашми ҳама кормандони вазоратро кур кардааст. Бадбахтии дигар ин аст ки вақте барои тафтишот аз марказ ба шаҳру ноҳияҳо сафар мекунанд, мизи бодабдаба меороянд, раҳкиро медиҳанд, то ки камбудиҳоро ба вазорат нарасонанд. Дар тамоми беморхонаҳои шаҳру навоҳӣ барои ҳатто ба фаррошӣ қабул шудан маблағ медиҳанд. Яке аз фаррошон, ки ҷавон бева монда буд, ба ман гуфт

“духтур ман нав ба кор қабул шудам, аммо сардухтур гуфт агар хоҳӣ, ки фармонат пагох барояд шаб ба наздам биё, ман нарафтам.4 моҳ мешавад то ҳол фармонам набаромадааст, пулам надорам, ки диҳам”. Манзур аз шаб пешам биёедро фаҳмидед?

Ман ба ин қабил сардухтурони даюсу беномус гуфтаниям, ки шумо хоҳару ҳамсар надоред, аз Худо наметарсед. Агар фаррош пул медошт ҳеҷ гоҳ фаррош намешуд, ахлоти касеро пок намекард. Ман пизишки ҷавонам вале виҷдонам маро азоб медиҳад, ба ҳамаи ин манзара нигоҳ карда фикр мекунам Тоҷикистон аз рӯи сатҳи пасти зиндагӣ аз Африка ва аз фаҳшу фоҳишагӣ аз Мексика камӣ надорад. Як чизи дигар ин аст ки агар мабодо ягон наздикони кормандони идораи коррупсия бистарӣ шавад, ҳатто дар “тихий час” ҳам зада медароянд.

Сардухтур дар пеши онҳо муттаҳам, сухане гуфта наметавонад, чунки дузд дуздро мешиносад.

Ҳолати вахими таваллудхонаи бонуфӯзи кишвар

Ҳоло мехохам дар бораи таваллудхонаи бонуфузи кишвар Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинаталогии Точикистон  воқеь дар назди Донишгоҳи славянӣ якчанд сухан гӯям.

Ин таваллудхона аз шӯъбаҳои гинекологӣ, акушерӣ ва неонотологӣ иборат аст. Ин таваллудхонаи сатҳи 3 ба шумор меравад. Болотар аз ин сатҳ дар ҷумҳурӣ таваллудхона вуҷуд надорад ва дар он бояд тамоми занҳое, ки ҳомилаи оризанок доранд, аз тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бистарӣ карда шавад. Аммо мутаассифона барои шахсони камбағалу бечораи шаҳру навоҳӣ аслан ҷой нест. Барои шахсони мансабдору боломаком ҷойҳои холӣ зиёд аст. Дар таваллудхона зоишгоҳи махсус, барои оилаи Эмомалӣ Раҳмон муҷаҳҳаз карда шудааст, ҳеҷ кас ба онҷо роҳ дода намешавад. Ва “вип- родзал” мавҷуд аст, ки бо маблағи муайян бистарӣ карда мешавад. Инчунин дар ин таваллудхона, ки Пажуҳишгоҳи илмӣ аст корҳои илмӣ -тадқиотӣ анҷом дода мешавад. Аспирантура бо ибораи дигар ин маблағсарфкунӣ аст. Аз он чизе ки ман дидаам ва медонам кори илмӣ ба маблағи муайян фрӯхта мешавад. Духтари Сӯҳроб- командир, бо лақаби Мандибула,ки ҳама медонанд бесавод аст, номзади илми тиб шуд. Ба монанди ӯ чунин номзадони илм дар ин таваллудхона зиёданд. Оянда таваллудхонаи бонуфуз дар дасти чунин шахсон мемонад, вой бар ҳоли занону модарони мо. Дар ин таваллудхона ягон шахси одӣ кор намекунад, ба маънои духтари ягон деҳқон ё муаллим. Ҳама духтарону келинҳои шахсони сарватманд ва кормандони ҳукумат. Агар босавод мебуданд ман чизе намегуфтам, пули зиёд доранду савод не. Дар ҳоле, ки дар соҳаи тиб савод бештар лозим аст. Ноадолативу беинсофӣ дар ин зоишгоҳ чунон зиёд аст, ки намедонам аз кадомаш  гӯям. Расулова Лайло номзади илми тиб, мудири поликлиника, зодаи шаҳри Кулоб, доду гирифт бо дорухонаҳо ва фармкомпанияҳо дорад. Дорухатро менависад, зани бечораи деҳотиро ба аптекаи муайян мефиристад то харида биёяд, чунки аз ҳар як дору бонуси муайян мегирад, парвои бемор надорад, ки вай шифо меёбад ё не. Аз ягон касу ягон чиз наметарсад, медонад, ки Давлатзода дар пушташ ҳаст ва чизе шавад бар ивази маблағ пушташро мегирад.
Дар таваллудхона тамоми духтурон ба гурӯҳҳо тақсим шудаанд:

Гурӯҳи Қурбонова Муборак Ҳасановна — мудири бахши гинекологӣ.

  Гурӯҳи Мавҷуда Ёдгоровна- мудири бахши акушерӣ

  Гурӯҳи Озода Асадуллоевна- кӯлобиҳо.

 Гурӯҳи Расулова Гулнора Тоҳирҷоновна- вилояти Суғд.

  Гурӯҳи директор бо дугонаҳояш.

Гурӯҳи узистон ва неонатологҳоро ба дафъаи дигар мегузорем.

Аз ҳама гурӯҳи  ноинсофу ноодаму беадолат гурӯҳи Қурбонова Муборак Ҳасановна мебошад, бо лақаби М.Х. Ба ӯ шеф гуфта муроҷиат мекунанд, ӯ мефахрад. Ӯ зодаи ноҳияи Айнӣ аст, шавҳараш мастчоҳӣ. Ӯ профессор аст, вале шахсони аз соҳаи илм бохабар мегӯянд, профессори ҳақиқӣ нест. 2 писару як духтар дорад. Келинаш дар шӯъбаи гинекология бо худаш кор мекунад. Дар бораи келинаш поёнтар хоҳем сухан кард. Ӯ тамоми бахши гинекологияро, ки аз 3 шӯьбаи алоҳида иборат аст, роҳбарӣ мекунад. Аз ба кор қабул намудани фаррошон то охир. Дар шӯъбааш бештар аз 50 % духтурону фаррошону акушеркаҳо айнигиҳоанд, беҳад шахси маҳалгаро аст.

“Вале дар пеши халқи Кӯлобу Данғара мор барин сухан мегӯяд, аммо дар асл як шахси бадсухан ва мутакаббир мебошад. Ӯро дар муассиса ҳеҷ кас, аз фаррош то директор, дӯст намедоранд. Роҳи аз ӯ халос шуданро намедонанд, чунки ӯ ҳамеша дар назди ҳама аз номи Озодаву Фирӯза -духтарони президент гап мезанад.”

Гапҳои дурӯғаш аз росташ дида зиёдтар аст. Ӯ фақат барои шахсони сарватманду оилаҳои вазирон духтур аст. Барои шахсони бечораву камбағалу маъюб вақт надорад. Бо мардуми камбағал хеле дурушт ва дағал гап мезанад, ки чандин бор гиристаанд ва лаънат ҳам хондаанд. Борҳо духтурону беморон аз ӯ ба вазорати тандурустӣ шикоят кардаанд. Дар ҳама ҷо шиносҳо дорад. Пагоҳ меояду мегӯяд шарм надоштед, ки ба ман ин хабар мерасад. Ҳатто аспирантҳояш ва баьзе духтурони шуъба мегӯянд, ки безор шудем аз рангу рӯяш, кай нафақа мебаромада бошад.   Ҳар нафаре, ки ба кор қабул мешавад бояд фаҳмад, ки чи хел ба кор қабул шуду дар пушташ кӣ меистад? Агар фахмад, ки ӯ духтар ё келини ягон шахси боломақом аст, бо ӯ худро наздик мекунад. Тавассути бузҳояш ба вай мерасонад, ки  ки бигзор бо мо ба навбатдорӣ барояд. Аммо дар навбатдорӣ бо Муборак Ҳасановна донишҷӯ чизеро намеомӯзад, ғайр аз подхалимӣ ва посудашӯӣ. Баъзе бузҳои беномусаш боз мегӯянд, ки ман мефахрам, ки бо шеф навбатдорӣ мекунам. Вале пагоҳ омада мегӯяд безор шудам аз “расход” кардан. Ҳар як шаби навбатдорӣ барои ороиши дастархон камаш 300 сомонӣ расход мекунам. Дар  байни бузҳояш массажисту қошчину мӯчин ҳам дорад.

Мудири шӯъбаи гинекологияи кӯдакона Муродова Дилором Баҳромовна ва гинекологияи калонсолон — Қармишева Мавлуда Нарзулоевна ошпазҳояш мебошанд, агарчанде занҳои келину наберадоранд.

“Як духтури босаводе ҳаст, ӯ мудири шӯъбаи гинекологияи эндокринологӣ Ҳочимуродова Ҷамила Амоновна, доктори илмҳои тиб, духтури босавод аст. Бисёрии занҳо ӯро мешиносанд. Чунки ӯ ҳама занҳоро қабул мекунаду машварат медиҳад.”

Муборак Ҳасановна ӯро намеписандад. Доимо аз қафояш ғайбат мекунад ва мегӯяд ӯ гадо барин шишта ҳар хел одамро қабул мекунад. Худашро “уважать” намекунад. Вале Ҷамила Амоновна ҳатто бо ӯ салом намекунад ва аҳамият намедиҳад, чунки зани босаводу бомаърифат аст. Аммо вай мисли нодидаҳо аст. Агар ягон либос  ё пойафзоли нав харад, мисли Давлатзода Гулҷаҳон Қобил- директори таваллудхона тамоми шӯъбаҳоро давр зада, худашро намоиш медиҳад, то ин ки ӯро таърифу тавсиф кунанд, сипас рафта либосҳояшро ба либоси корӣ иваз менамояд. Дар шӯъбаи геникологӣ бе иҷозат ва иштироки ӯ ягон ҷарроҳӣ намегузарад. Рӯирост мегӯяд, то рӯзе ман ҳастам, ягон кас ба ғайри ман ҷарроҳихона ҳамчун ҷарроҳ намедарояд, ман тамоми донишамро бо худам он дунё мебарам. Дар як таваллудхонаи   овозадор ҳамагӣ 2–3 нафар амали ампутация ва экстерпацияро анҷом дода метавонанду халос. Ӯ метарсад, ки агар ягон каси дигар ёд гирад дигар шабона ба ӯ касе занг намезанад. Агар ягон ҷавони босаводтар бошад, ӯро бо ҳар баҳонае дар маҷлиси пагоҳирӯзӣ масхара мекунад.

“Пулгирӣ аз беморони ҷарроҳишуда тавассути мудири шӯъба Мавлуда Нарзулоевна ва Гулнора Улҷаевна сурат мегирад. Як қабулаш 50 сомонӣ меистад. Ҳолатҳое, ки барои машварат пурсидан пеш меояд, бояд 50 сомонӣ дар дасташ бидиҳӣ. Баъзе бемороне ҳастанд, ки пул надоранд. Аммо барои ӯ фарқ надорад.”

Духтурро ба рӯйхати сиёҳаш дохил мекунад, ки пулро наёвард ва ғам додан мегирад, он даме, ки пулро бурда надиҳад. Як нафари дигар Дилафрӯз, ҳамшаҳриаш. Ҳамшираи калони утоқи амали шӯъбаи гинекологӣ мебошад. Ӯдар ошёнаи 1 дорухона дорад. Бо фармони Муборак Ҳасановна тамоми беморони ҷароҳимешуда ва ҷарроҳишуда ба нархи гарон дору харидорӣ мекунанд. Ӯ ҳар моҳ “доля”-и муқарраркардаи Муборак Ҳасановнаро ба кабинеташ мебарад. Ман худам духтури акушер-гинекологи ҳамин таваллудхона ҳастам, як маоши ночиз мегирам, вале аз ҳама ин ноадолатиҳо безор шудам, бигзор маро аз кор хориҷ кунанд, вале бигзор халқ донад, ки дар даруни ин таваллудхонаи бонуфуз чигуна духтурони ноодаму беинсоф кор мекунанд.

Келини Муборак Ҳасановна –Маҳастӣ дар шӯъбаи гинекология кор мекунад. Ҳарчанд хушдоманаш ба либоспӯшии ҳама кордор мешавад аммо Маҳастӣ нимбараҳна кор меояд.   Вале келинашро намебинад. Гуфти санитаркаҳо айнигии таги кӯҳ “современный” мегирад худашро.Маҳастӣ духтуронро байни ҳам ҷанг меандозад.  Муборак Ҳасановна худаш дар байни духтурон мегӯяд,рӯзе фаҳмед, ки ман вафот кардам, дег мемонеду ош мехуред.

Ҳама духтурон дар ҳайратанд,ки духтарони президент хабар дошта бошанд, ки аз номи онҳо ин қадар шахсонро зулму ситам мекунанд. Ҳар моҳ ҳар як духтур 50 сомонӣ пули фонд месупорад, ҳар як шӯъба, барои таъмири палатаҳо. Вале рафту барои палата таъмир лозим шуд боз духтур аз кисаи худ маблағ харҷ мекунад, усто оварда таъмир мекунад. Агар рафту ранги девор ба Муборак Ҳасановна ва ё директор писанд наомад, боз аз нав   иваз мекунад. Пас суоле ба миён меояд, ки 50 сомонии пули фонд ба кисаи кӣ меравад, албатта ба кисаи Муборак Ҳасановна.  Муборак Ҳасановна бесаводонро дӯст медорад, дар гирдаш чунин ашхосро ҷамь мекунад, духтури босаводро дӯст намедорад. Ва дар ҳақиқат ҳам шахси бесаводро идора кардан осон аст. Агар​ ягон​ сарватманд​ бистарӣ шавад,​ Муборак Ҳасановнаро дар пеши​ онҳо намешиносед, чунон​ нармгуфтор​ мешавад. Агар​ он шахси​ пулдор​ писар​ дошта​ бошад​ духтарашро​ таъриф кардан мегирад, гӯё ӯ моҳи шаби чаҳордаҳ аст ва пешниҳод​ кардан​ мегирад. Кӯшиш карда истодааст,ки як бало карда ӯро ба писари ягон одами бой бидиҳад.

“Духтараш ҳам акушер-гинеколог аст. Дар Амрико буду вақти хатм омаду дипломи ординатураро гирифт. Ҳоло бошад дар як ташкилоти хориҷӣ кор мекунад. Аз рӯйи накли наздиконаш духтараш ҳам мисли худаш тарбия надорад, ба кабинети модараш даромада пойҳояшро болои миз монда мешинад, ба модараш фармон медихад.”

Духтурон барои шикоят ба назди вазири тандурустӣ​ рафта буданд. Вазир ба онҳо гуфт​ мо Муборак Ҳасановнаро хуб​ мешиносем ва медонем,​ вале азбаски​ ӯ аз номи духтарони​ президент​ гап​ мезанад,​ ман ҳеҷ кор карда наметавонам. Бояд қайд намоям тавассути духтаронаш аз президент ордени Шараф гирифт, ҳоло он ки профессороне буданд ва ҳастанд, ки дар ҳақиқат барои солимии занону модарон хизмат кардаанд, мисли Уруна Ҷӯрабоевна вале онҳо пешниҳод нашуданд. Унвонгирӣ ҳам тавассути пораву шинос. Баъди унвон гирифтан, то чанд муддат аз худ бехуд шуда буд.

Дар инҷо боз як бевазани дигари айнигӣ бо номи Руқия ҳамшираи шафқат ҳаст. Бо духтурону беморон чунон гап мезанад, ки гӯё мудири шуьба аст, чунки пуштибонаш Муборак Ҳасановна аст. Барои як осмотр-муоинаи касал чени духтур 10 сомонӣ мегирад.   Дар як рӯз камаш 30 зан дида мешавад. Шумо ҳисоб кунед, ки камаш 300 сомонӣ меёбад. Маоши баъзе аз кормандони Пажӯҳишгоҳ, масалан фаррош ин қадар, ки дар як рӯз Руқия меёбад нест.

“Дар шӯъба фармони 600 ҷорӣ аст, яъне пули ҷарроҳӣ дар касса супорида мешавад. Аммо ин фармон бар зарари беморон шуд, чунки ҳам дар дар касса пул месупоранд, ҳам дар дасти духтур медиҳанд. Пули касса ба кисаи вазири тандурустӣ меравад.”

Давлатзода Гулҷаҳон Қобил, директори Пажуҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Кангурт, ҷияни Давлатовҳои қудои президент аст. Ҷиянаш келини президент, зани Рустам мебошад.

Ӯ номзади илми​ тиб, ба наздикӣ доцент шуд. Бо нишони «Аълочии тандурустии Тоҷикистон» ва «Ифтихорнома»-и Кумитаи марказии ҲХДТ сарфароз гардидааст. Дорои дараҷаи “тахассуси олӣ”.Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Ҳама катагиву​ гапзаниву​ роҳбариаш аз пушти ҷиянаш. Ҷиянам келини президентай​ гуфта мегардад. Ӯ як духтури оддии​ шӯъбаи таваллуд буд. Баъд​ бо кӯмаки бародаронаш​ ӯро мудири шӯъба​ таъин намуданд. Аз соли 2017 инҷониб ӯ директор аст.

 Қиссаҳо дар бораи ӯ бисёр аст.

Ҳавлии​ таваллудхона​ калон​ нест​ вале 250 -300 духтур​ дорад. Ҳар ҳафта ҳар як духтур​ 10 сомонӣ ва​ фаррошҳо​ 5 сомонӣ пули​ суботники​ месупоранд. Ин қадар​ пулҳо​ куҷо​ мераванд? 3 сол зиёд шуд пули суботникӣ месупорем. Коррупсия​ дар инҷо​ дар авҷи аъло​ қарор​ дорад.

Вазифафурушӣ як манбаи даромади муфт шудааст. Рӯйи рост мегӯяд ҳамин қадар доллар биёр ба​ шӯъбаи​ мехостагият​ мегузаронам. Ҳар як навбатдори калон, мудири шӯъба, ҳамшираҳои шафқати калон (старший медсестра)​ ва ҳар як шӯъба дар конверт​ пули алоҳида медарорад барои ӯ.  Охири ҳар моҳ ин кор ҳатман такрор мешавад. аз духтури оддӣ​ шурӯъ карда​ то мудири​ шӯъба дар конверт​ пул медарорад.

Пул бояд​ аз 200 сомонӣ кам​ набошад. Пешаш​ то 100 долар. Духтурҳо ҳама безор​ шудаанд. Тавассути​ старший акушеркаи​ таваллудхона​ ставкаи​ акушеркаву ҳамшираҳои шафқат ва фаррошон​ ба фурӯш​ гузошта​ шудааст. Тамоми средний​ медперсонал​ корашро​ тавассути Заррина​и старший ҳал мекунанд. Баъзан​ масъалаҳои​ кудакфурӯшӣ низ тавассути​ ӯ сурат​ мегирад. Аз ягон касу ягон чиз наметарсидаанд​ инҳо.на аз халқ ва на аз Худо метарсанд.

Директорони​ пешинаи​ Пажӯҳишгоҳ пинҳонӣ ва баҷоӣ вазифаҳоро мефурухтанд. Аммо ин зан ​натарсида​ нарх​ мемонаду​ мегирад. Барои он ки ҷиянаш келини Эмомалӣ Раҳмонов аст.

Ягон​ проблема​ шавад​ ба очаи​ келини​ президент,​ ба янгааш​ занг зада​ масъаларо​ дар ҷояш ҳал мекунад.

5- минуткае​, ки бояд​ 5 дақиқа давом​ кунад, дар инҷо 40 дақиқа​ давом​ мекунад, ва дар он факат​ таърифу​ тавсифи​ Давлатзода. Мегӯяд:

ма дхтари​ серу​ прм,​ ай аввал​ фасон​ мепушидуму​ мегаштм​ прическаҳое​, ки ма мекадм,​ ҳиҷки​ намекад.

Руирост​ мегӯяд: ​

мада шакаладои прастою​ падаркаҳои​ безебтона​ наёрен, одамое,​ ки нав корда​ қабул​ кадум,​ раҳматгуира​ фромуш​ накнен, мақсад конверт катӣ биёен.

Агар ягон касро ​ платный дежурант кунан,​ ӯ бояд ба камияш 100 доллар​ диҳад. Ҳама духтурони босаводу ботаҷрибаи Пажӯҳишгоҳ мегӯянд: Давлатзода дар вақташ бо пул ба кор даромада буд, рутбаи илмии номзадиашро ҳам акаҳояш харида доданд, барои ҳамин дар назараш ҳамаи чиз пул намудор мешавад. Худаш ҳам чандин бор бо пул кор даромаданашро нақл кардааст. Дар атрофаш дугонаҳо ва дастони рост дорад, ки ҳамаи онҳо мудирони шӯъбаҳо мебошанд.

“Аз ҳама аҷиб он аст ки Муборак Ҳасановна бо бузҳояш:-Мавҷуда​ Ёдгоровна,​ Озода Асадуллоевна, Нигина​ Ҳафизовна дар рӯи​ Давлатзода ӯро​ чунон​ таърифу​ тавсиф мекунанд,​ “ хушрӯ​ гап задӣ,​ либосот​ хушрӯ,​ рост​ мегӣ, ҳамихел​ кардан​ даркор” ва ҳамин тавр тамаллуқу хушомад вале вақте​ вай дар шӯрои илмӣ​ бо забони​ русӣ ва​ аз болои​ варақ​ мехонад,​ забони​ русиро​ хуб намедонад,​ лаганбардорон ва онҳое,​ ки ӯро​ таьрифу​ тавсиф мекунанд,​ аз Муборак Ҳасановна сар карда ба якдигар​ нигох​ карда​ ба ҳоли ӯ механданд,​ ки дуруст​ хонда наметавонад.”

Мо ҷавонон​ аз қафо​ шишта​ ҳамаи​ инро​ назора​ мекунем. Дар ҳайрат​ мемонем, ки наход​ одамон​ ҳамин қадар​ дурӯя шаванд. Давлатзода​ бо калаи​ худаш​ ҳеҷ вақт​ кор намекунад, чунки вай на дипломат асту на роҳбар. 5–6 нафарро мепурсад,​ агар​ масъалаи​ махфӣ ҳам​ бошад,​ ҳама огоҳ​ мешавад. Қади​кӯчагӣ​ сӯҳбат мекунад,​ ки на танҳо​ ба як духтур,​ ба роҳбари як Пажуҳишгоҳ зебанда нест. Ман аз он​ пуле, ки додааму​ ба кор даромадам​ розӣ​ нестам. Дар таваллудхона 2 шарти “выживать” кардан аст, яке пора, дигаре подхалимӣ. Агар​ сардухтур​ аз долон гузарад,​ ҳама қатор меистад, дастҳо​ пеши​ бар​ як қисми​ духтурон таъзимкунон​ ба ҳар як сухани​ росту дурӯғаш дар пешаш​ бале -бале​ мегӯянд. Ман зиёда аз 10 духтури​ акушер-гинекологи​ босаводи ин роддомро медонам, ки ба  ин ноинсофиҳо тоб наоварда, тарки​ ватан​ карданд. Бештари онҳо аз духтурони​ беҳтаринанд дар Русия. Вақте бо онҳо сӯҳбат мекунам, аз рафтанашон заррае пушаймон нестанд ва мегӯянд акнун худамонро духтур эҳсос кардем. Дилам ба он месӯзад, ки Тоҷикистон беҳтарин кадрҳоро аз даст дода истодааст. Давлатзода баъди директор шудан муҳлати аттестация духтуронро ҳар 6 моҳ доир муқаррар кардааст. Аттестатсия ба як манбаи даромади ӯ табдил ёфтааст. Касе аз аттестация нагузарад, падараш  телефон мекунад, ё назди Давлатзода конверт медарорад, бо ҳамин ӯ аз имтиҳон мегузарад. Дар вақти пандемияи Ковид-19 ҳоли мо духтурон боз бадтар шуд. Аз ҳисоби  худамон либосҳои муҳофизатӣ харидем, вазорат пул надорад гуфтанд. Қисми зиёди духтуронамон бемор шуданд.

Сухан дар бораи ин таваллудхонаи бонуфуз зиёд аст. Вале дилам ба модари тоҷик месӯзад, ки фардо дар дасти чунин бесаводоне, ки имрӯз номзади илми тибанду саводи кофӣ надоранд, меафтад. Бе ин ҳам шумораи фавти модару кӯдак дар Тоҷикистон зиёд аст. Аммо дар чунин вазъият рӯз то рӯз зиёд мешаваду кам не. Вале ин дунё чархи гардон аст ва мегӯянд, ки осиёб ба навбат. Фардо духтарони онхо ё наберагони худи Давлатзодаву   Ҳасановаҳо ба дасти онҳое меафтад, ки имрӯз бо пул ба кор даромадаанду аз соҳаи тиб фарсахҳо дуранд, он гоҳ мебинем чи мешавад.

“То ба кай ин аҳвол давом мекунад, бояд як ислоҳоте, як низоме ба ифоқа оварад. Ин худаш чи гап аст?  Дар тибу тандурустӣ пораву шиносбозӣ бояд аз байн равад.
Духтур акушер-гинеколог тавассути имтиҳон бояд ба Пажуҳишгоҳ ба кор қабул шавад, на ин ки бо занги телефонии вазиру пора додан.Ҳозир дар зоишгоҳ ҳама медонад, ставкаи кадом шӯъба чанд сомонӣ меистад.”

Духтурони боинсоф ба ин вазъият тоб наоварданд ва  аз ин ноадолатиҳо безор шуда рафтанд ба Русия. Зеро яқин карданд, ки то рӯзе, ки оилаи Раҳмонов дар сари қудрат ҳаст, беҳбудӣ намешавад. Давлатзода парвои занону модарони тоҷик надорад, ҳушу ёдаш дар пулҷамъкунӣ аст, бояд доктори илмҳои тиб шавад. Барои доктори илмҳои тиб шудан пули калон додан даркор, ки каси дигар аз тани ӯ рисола бинависад, кор илмӣ пеш барад. Бигзор ҳама мардуми тоҷик донад, ки дар ин соҳа коррупсия дар авҷи аълост. То рӯзе,  ки як роҳбари одилу дурандеш ва аз илму маърифат бохабар ба сари қудрат наояд, вазирони донишманду кадрҳои баландихтисосро таьин накунад, дар ягон соҳа беҳбудӣ намешавад.

“Вақте роҳбарии як Пажуҳишгоҳи калони кишварро шахсе роҳбарӣ дорад, ки дониш ва саводи казоӣ надорад, пас чигуна вай метавонад пеш раваду солимии модари тоҷикро нигоҳ дорад. Худатон қазоват кунед.”

Ҳар ончиро ки ҳар рӯз дидаам ба шумо ҳикоя кардам.Аммо агар боз ҳам даҳҳо чунин маълумот ба Ислоҳ фиристам, ҷиноятҳо ва коррупсияе дар ин ниҳод вуҷуд дорад ба поён намерасад. Сабаби навиштани ман ба Ислоҳ дар он аст,ки дарди мардумро дар ин Пойгоҳ дидам ва пас аз моҳҳо тамошо кардану хондан фаҳмидам,ки ҳама ончи мегӯеду нашр мекунед воқеияти ҳоли кишваранд. Агар медонистам,ки дар кишвар ниҳоде вуҷуд дорад,ки чора мебинанд,ман ҳаргиз ба Ислоҳ наменавиштам ба он ниҳод муроҷиат мекардам. Аммо чунин ниҳоди назоратии холис ва баҳри рафъи камбудиҳо дар кишвар аслан вуҷуд надорад. Пас ягон роҳи ҳал ин навиштани дарду ранҷи худ ба Ислоҳ буд,ки ин корро кардам.

Ps: Мо дигар тулонитар намекунем матлабро Ислоҳ бидуни тасарруф ҳама ончи ин духтури ҷавон ба мо ирсол намудаанд онро нашр намудем. Ҳар калимоте дар матлаб истифода шудааст Ислоҳ онро нашр намудааст. Умедворем Рустами Эмомалӣ ба ҳамсараш мегуяд,ки дигар ин аммаат шармандаамон кард ва Озодаву Фирӯза бошанд ин Муборак Ҳасановна ва командаи ғоратгарашро яктарафа намуда ба ҷояш духтури бо саводеро таъин менамоянд. Чун,ки инҷо вазиру кабир дар пеши шумо ҳеҷанд ва инро ба инобат мегирифтагиед, ҳамчун модар тараҳҳум ба занҳо ва модарони миллате,ки шавҳаронашонро муҳоҷир, зиндонӣ, бе ҷой кору сарсону овора кардаед.  Гардиши рӯзгор якнаво бо мақсуди касе,то охир пеш намеравад,ақалан аз он рӯзҳо имрӯз каме андеша кунед!

Total
47
Shares
Related Posts