Архивы Агентии зидди коррупсия - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№369
Хуҷанд, Исфара, Душанбе ва Ваҳдат-Ромит

Номаи аввали барнома аз гурӯҳи ходимон  шуъбаи корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, аз шаҳри Хуҷанд аст.

Дар ин нома аз  шӯъбаи амнияти дохилии милисаи вилояти Суғд шикоят шудааст.

Аз Исфара ҳам дар бораи мақомот, милса, коррупсия ва додситонӣ шикоят шудааст, ки барои ривоҷи тиҷорат дар инҷо монеа эҷод мекунанд. Дар роҳ коррупсия чи кор мекунад? Чаро мошини бордорро коррупсия меқапад. Пас таможний  ба чи дарде мехурад, пурсидааст муаллифи нома?

Як нафар аз сокинони Душанбе, ки дар Русия ба домсозӣ машғул аст, Душанбе омада аз нарху навои квартираҳои навсохт, тарзи кори домсозҳо ангушти ҳайрат мегазад. Гаронии нархҳо, бидун ҷуброни воқеӣ кучонидани ҳавлиҳо, домҳоро бидуни риояти меъёри меъморӣ сохтан ва боз чандин проблемаи дигарро ин сокини Душанбе дар номааш дарҷ кардааст.

Номаи Ваҳдат аз Ромит аст ки дар қисмати охири барнома ҷой гирифт. Ин нома ҳам дар бораи раиси ҳамакнун собиқи ҷамоати Ромит ва ҳам дар мавриди баъзе аз ҳодисаҳое аст ки мансуб ва махсуси ин дара мебошанд.

Хуҷанд

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол, навиштаи зер аз тарафи як гурӯҳ аз кормандони милитсияи вилояти Суғд навишта шудааст, ки аз фаъолияти ШАД- шуъбаи амнияти дохилаи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва бахусус аз муносибат ва муомилаи муовини сардори шуъбаи амнияти дохилии вазорати дохилӣ дар вилояти Суғд  Даврон ва чанде аз масъулони ин шуъба ба шиддат изҳори нигаронӣ мекунем. Маъмурони шуъбаи амнияти дохилаи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ин шӯъбаро ба як ташкилоти ғоратгару бандитхона мубаддал кардаанд.
«Вақте инҷо меоӣ, фикр намекунӣ, ки дар инҷо аз ҳуқуқҳои ту ҳимоят мекунанд. Инҷо меоӣ, Худоро зора мекунӣ, ки аз ту камтар пул ситонанд, ки пул диҳиву гиребонатро аз ҳар гуна буҳтону туҳмат, гуноҳи нобуда раҳо кунӣ.

Сардори, шуъбаи амнияти дохилаи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Азиз ном шахс зодаи вилояти Хатлон, ба гуфти худаш аз нохияи Дангара мебошад, ки пештар сардори шуъбаи тафтишотии шуъбаи дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд буд.
Бовар кунед, ки аз рӯзе, ки ин одам ба ин шуъба омад, вазъияти шуъба тамоман бад шуд. Чунки вай худро аз хешу таборони шахсони воломақом гирифта аз номи ҳама сухан мекунад ва худро шахси наздики сардори Раёсати кадрҳои ВКД, генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн мегирад, ки вазифаи асосии шуъбаи амнияти дохилӣ (служба внутренний безопастности ) ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кормандони милитсия мебошад, вале ин гуруҳ баръакс кор мекунанд.

Баъди омадани Азиз ба ин вазифа ҷинояти порагирӣ дар ин шуъба ошкоро ва рӯирост шуд. Муовини сардори шуъбаи амнияти дохилии ВКД дар вилояти Суғд Даврон ном шахс мебошад, ки худаш зодаи шаҳри Хуҷанд аст ва пештар дар вазифаҳои ваколатдори оперативӣ дар бахшҳои оперативӣ фаъолият дошт, ки ин мисли як шағол аст.
Ин Даврон ҳамаро подряд ғам дода истодааст. Сардорони шуъбаҳои ВКД, муовинон, сардорони шуъбаҳо-шуъбаи кофтукови ҷиноӣ, шуъбаи тафтишот,  ОБНОН, паспортний стол ва БДА, хулоса ҳамаашонро.
Ҳозир кормандони милитсия ба нависонавис ба Агентии мубориза бо коррупсия ва ба Прокуратураи генералӣ даромаданианд. Чунки бо ҳар баҳонаи сохта Даврон аризаҳо нисбати кормандони милитсия ташкил намуда кормандони милитсияро даъват намуда маблағҳои пулии калон аз онҳо меситонад, ки дар ин мобайн сардори шуъба Азиз ба вай ягон чи гуфта наметавонад, зеро, ки як «Макет» аст ва ба гуфти, худи Даврон бесавод аст ва Даврон чанд маротиба дар нишастҳо гуфтааст: «началник кӣ аст ки гапи ӯро гуш кунем? У началник данғарагии говсувор аст , 10сум мегирем,1сумашро медиҳем, доволний мегардад».
Ин ҳолат, ки имрӯз дар ин шуъба, ҳукмфармост ягон вақт ин хел набуд. Ягон корманди шуъбаи амнияти дохилӣ  вақтҳои пештар аз кормандони милитсия 100-150 000 сомонӣ гирифтагӣ набуд.
Азиз ва Даврон дар ҳамаи кори милисаҳо дахолат карда истодаанд. Ба Худо як даҳшат аст. Крайники ҳамаро тоб дода истодаанд.
Рости гап мо бовар намекунем, ки аз ҳамаи ин корҳои сардори шуъбаи амнияти дохилӣ Азиз ва муовинаш Даврон мақомоти болоӣ дар Душанбе бехабар бошанд. Чунин ба назар мерасад, ки онҳо болои кормандони милитсия ин корҳои ғоратгариро махсус ташкил карда истодаанд.
Э,Рамазон Раҳимзода ту дигар одам наёфтӣ, ки як девонаро оварда муовини сардори шуъбаи амнияти дохилӣ дар вилояти Суғд мондаӣ? Кадом рӯзе ин бадбахт сари туро ё сари худашро мехурад бо ин корҳояш.

Як бор дар сараш қопча кашида бурда буданд чизе дод озодаш карданд, боз гашта омад. Мардум хело хурсанд шуда буданд, ки ҷонашон халос мешавад. Аммо афсус ин ҳаромӣ боз омад.
Магар мумкин аст дар як вилоят ин қадар шикоят, ин қадар норозигӣ ва ин қадар овозаҳои фасоду пулситонӣ вуҷуд дошта бошаду касе дар Душанбе аз ин ҳама хабар надошта бошад?
Хитоб ба генерал Рамазон Раҳимзода вазири корҳои дохилӣ!
Агар вазири корҳои дохилӣ аз чунин вазъият хабар надошта бошад-ин фоҷиа аст. Агар хабар дошта бошаду хомӯш бошад ин шарикӣ дар зулм аст. Мақомоти милиса барои муҳофизати мардум бояд амал кунад, на барои шикори мардум. Вақте мардум аз милиса бештар аз ҷинояткор метарсанд, ин маънои шикасти комили системаро дорад. Таъиноти бемасъулиятона ва пуштибонии кадрҳои худсар оқибаташ ба обрӯи тамоми сохтор зарбаи сангин мезанад.

Исфара

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман боз баъд аз нашри номаи пештараам ба унвони шумо нома навишта истодаам. Баъди нашри барнома худи ҳамон пагоҳ кормандони прократураи шаҳри Исфара шикор баромаданд ва якчанд мошини узбекҳоро дошта ғам доданд. Мана ин аст натиҷаи барнома.

Ҳамаи кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҷанобашонро ҳам задагию гапҳояшро ҳам вақте аз  пост доляҳояшонро дода баромадӣ.

Дар Исфара Баҳодур корманди таможний ғамамон медиҳад. Участковийи бозор бо номи Убайдулло омада ба ҳар сари узбекҳои савдогар 500 то 2000 ставка мондааст ва ҳамеша Далери бузро назди узбекҳо пулҷамъкунӣ мефиристонад боз налогу дигаронаш низ ғам медиҳанду аз мо пул мегиранд.

Эй, Раҳмонови лаъин! Раҳимзода Рмазон Ҳамро,эй Ҳабибулло Воҳидзода, ҳамаатон ин қадар бемасъулиятӣ накунед, моро ин қадар ғам надиҳанд. Беҷиҳат мисли гадоҳо пул ҷамъ накунанд.

Як нафар корманди коррупсия бо номи Манучеҳр то Конибодом омада мошини Исломро дошта идораи коррупсия бурданду баъди чанд рӯз, баъди гирифтани пора ҷавоб доданд. Ман аз Султонзода Сулаймон пурсиданиям, ки магар вазифаи  коррупсия борқапӣ бошад таможникҳоро аз байн гиред.

Муроҷиати ман ба Эмомалӣ Раҳмонов, Ҳабибулло Воҳидзода, Рмазон Раҳимзода. Хуршед Каримзода, СС.Ятимов. Султонзода Сулаймон, ки агар кормандонатон  ба гапи шуморо гуш накунанд вазифаро холи кунед то як шахси сиёсатдор сари вазифа ояду нисбати кормандонаш сиёсат кунад.

Эй, мардуми тоҷик то кай ин беадолатиро тоб меоред, сарҷамъ шавед. Вақте як химча бошед мешикананд агар як даста шавед намешикананд. Сарҷамъ шаведу нисбати ин оилаи касиф сар бардоред, то озод гардед.

Душанбе

Ассалому алайкум бародари арҷманд Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман дар Душанбе ба дунё омадам, мактаб хондам,донишгоҳо се курс хондам ва ҳоло чанд сол мешавад, ки дар муҳоҷирати корӣ қарор дорам. Дар як ширкати сохтмонӣ кор мекунам. Чандин нафарро аз маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон дар ин ширкат ба кор ҷалб кардаам. Яъне корфармоям. Соҳиби ширкат аз кори мо розӣ аст. Чунки бефиребу бенайранг кор мекунем ва маоши хуби худро сари вақт мегирем.

Ҳамин сол дар моҳҳои апрел ва май ба Душанбе омадам барои гирифтани шиносномаи нави хориҷиам, ки муҳлати пешинааш ба анҷом расида буд. Аммо гапи ман дар бораи паспорт нест. Паспортро ба воситаи як шиносам дар 2000 сомонӣ гирифтам. Гапам дар бораи домсозӣ дар Душанбе ва нархи квартираҳо аст. Ман,  вақте чанде аз домҳоро дидам ва ба кори сохтмончиҳо ошно шудам, бовар кунед, ки ҳуш аз сарам парид. Бо ин нархе, ки ҳоло мардум дар Душанбе хона харида истодаанд, дар инҷо, ки ман кор мекунам мешавад дуто харид. Ҳади ақал якуним хона мешавад.

Метри квадратии квартираҳо дар Душанбе аз метри квадратии квартираҳо дар ин шаҳр якуним то ду баробар фарқ дорад. Боз инҷо муштариҳо пешпардохт мекунанд ва то анҷоми сохтмон пули шартномаро ҳам пурра медиҳанд. Дар ҳоле, ки дар ин шаҳри Русия барои харидор имтиёзҳои зиёд, аз ҷумла барои пардохти маблағ ҳам дода мешавад.

Хонаи сохтаи Душанберо намешавад бо инҷо қиёс кард. Дар бораи планировкааш намегӯям, аммо дар Душанбе чор деворро рост мекунанду халос, дигар тамоми кори боқимондаро худи харидор мекардааст. Бовар кунед, ки дар ин ҳолат нархи метри квадратӣ ҳатто сесад доллар намеафтад. Аммо метри квадратии хонаҳо дар Душанбе аз 1000 то 2000 ва ҳатто аз ин ҳам зиёд фурухта мешавад.

Хонаи Душанбе нимсохт аст. Агар ба 60 -70 ҳазор доллар харидор гирад, ҳадди ақал боз 40 000 доллари дигар хароҷот мекунад, то онро обод созад.

Дар инҷо, ки ман ҳастам, Нижний Новгород дар ин пул, масалан 70 ҳазор доллар хонаи комилан барои зиндагӣ мувофиқро мегиред, ба истилоҳ-«заходи и живи».

Ман инҷо сарсониву саргардониҳои мардум, хонахезониву ҳавличапакуниҳо,  ҳатто домҳои 5 ошёнаро чапа карда истодаандро намегӯям. Аммо як нафар шиносам иллати гароншавии нархи хона дар Душанберо дар доляи калони Рустам ва командааш гуфт.

Инҷо доля барои замини зери дом, инҷо доля барои Тоҷикстандарт, инҷо доля барои трансформатор, инҷо барои ҳам чиз доля медодаӣ, барои ҳамин нарх зиёд мешудааст.

Гуфт агар доля набошад се баробар фоида мегирем. Масалан барои территория, ки дар он дом мебардорӣ аз 500 то 1 миллион доллар медиҳӣ.

Гуфтам чаро ҷой бисёру шумо хонаҳои мардумро мегардонед? Гуфт инаш дигар кори Рустам аст.

Бовар кунед, ки ин домҳо як заминҷунбии шашбаларо намебардоранд. Даҳшати тайёр. Ягон масолеҳро тибқи талабот истифода намекунанд. Аз ҳамаи чиз, аз семент, аз арматура, аз регу шағалу қум медузданд.

Оқибаташ ба хайр шавад. Вале бовар кунед, ки ба хайр намешавад.

Ваҳдат-Ромит

Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол. Умедворам, ки ҳамеша хубу хуш бошед.

Ман аз Ромит барои шумо чандин нома фиристодаам, ки умед дорем дар барномаҳои алоҳида нашрашон мекунед. Устод, Худо шоҳид аст ки вазъ дар дараи Ромит ҳамин тавр шудааст.

Шояд шумо бовар накунед, аммо ахлоқ фосид ва фисқу зино беш аз гузашта афзуда истодааст. Дар мактаб зино, дар беморхона зино, дар ҷамоат зино. Бузӣ, наркотик, махсусан кристал авҷ гирифтааст.

Вале агар ман дурӯғ гӯям пагоҳ дар пеши Аллоҳ чи ҷавоб медиҳам? Ягон ҳарфи гуфтаам туҳмату дурӯғ нест.

Шумо ончиро, ки ман менависам давоми қиссаҳо аз Ромит гуеду чоп кунед. Ва ҳоло давоми қиссаҳо.

Раҷаби апачӣ ҳозир ҳамроҳи занаш дар Русия аст. Асалбеки додараш дар хонаи сеҳарфаҳо дар кор мондааст. Баъди навори шумо ҳам ба Асалбек ҳеҷ чиз нашуд. Дар Русия дом сохта фурухта истодааст. Ҳар моҳ ба сеҳарфаҳои Раҳмонов доля медиҳад.

Бачаи Раҷаби апачӣ айни замон дар Ромит «дору барои кайф» мефурушад. Курси дуввум мехонад. Дар ин кор бачаи Ҳасан бо вай шарик аст. Бачаи Ҳасан як раққосаро аз дискотека гирифт. Он бева аз дискотекаҳои Ваҳдат ва Душанбе дору мебиёрад инҳо мефурушанд.Б оз аз отдели Тангаӣ ҳам меовардааст, ин бева. Чунки бо кадоме аз ментҳо робита дорад. Бизнесмени бераҳм.

Ҳимоюддини раиси мамнӯъгоҳро ҳам баъди нашри навор дар Ислоҳ ҳеҷ чиз нашудааст. Кор карда истодааст. Домодаш бошад мардумро шата зада гаштааст. Дарахтҳои тарро бурида ҳезум карда мефурушад. Мардуми камбағал ҳозир ҳатто наметавонад ҳезуми хушку қоқро аз кӯҳ оварда сӯзад. Ҳама чизро, алаф, боғҳо, чарогоҳ ва заминҳоро аз дасти мардуми камбағал гирифтанд.

Комили прораб дар ҳар куҷо дурӯғ гуфта гаштааст, ки ман мухолифҳоро пул додам, он одами нома менавистагиро ба ман гуфтанд. Ин Комил беҳад шайтон аст. Мехоҳад бо ҳамин дурӯғгӯӣ ягон дасиса кунад. Мо инро нағз медонем, ки чи хел пеши Гулрӯи ромитӣ мерафт ба шаҳри Ваҳдат, ҳатто бо духтарҳои ин зан зино кардагӣ аст. Таксиро туда обратно заказ мекардӣ, 700-800 сомонӣ медодӣ. Ба Меҳронаи духтари Гулрӯ телефони Айфон харида додӣ. Таксисти Ромит пул мегирифт, духтарҳои ёшро туғриат мекард. Ҳатто калинчакҳоро мерасидӣ. Шайтониву дурӯғгӯи накун,ки ҳамааш нашр мешавад.

Бунафшаи духтари тағои Шоҳасан ҳам чизеаш нашуд, баракс як шӯ кард, ки шавҳараш дар Ваҳдат дом мебардорад, як ҷавони 30-сола.

Бахтовари генерал аз Аллоҳ битарс. Роҳи қабристонро бо дастури ту бачаҳо дуруст карданд, аммо пули коргарҳоро одамҳоят надоданд. Гуфтӣ, ки дар ҳақи очаам дуъо кунед. Наход то ин дараҷа паст бошӣ, ки пули коргарҳо-камбағалҳои бечораро надиҳӣ. Айб аст барои ту. Ин вазифаи ту як ҳаёт нест. Дар пеши Аллоҳ чи ҷавоб медиҳӣ. Ту аз гунаҳкорҳо пул мегирӣ. Ту модар, духтар, апаву хоҳар надорӣ? Як бор фикри ҳамонҳоро кун. Наход то ин дараҷа ту паст бошӣ.

Мирзовева Хурсанд аз як корманди военкомат дар Ромит, ки Комил ном дорад ва аз деҳаи Хушон аст 40 ҳазор доллар гирифта ваъда додааст, ки дар ҷои ман раиси ҷамоат мешавӣ, кор мекунӣ. Лекин фиребаш кард. Раиси ҷамоат Солеҳов Диловар шуд, пула суруп гирифт Хурсанд Мирзоева.

Мирзоева Хурсанд ба Комил мегӯяд, ки «пул нестай, ябори дига пул мегӣ турма мешӣ. Ту ай мардуми барои аблава чикадар пул кор кардагийӣ, ма ҳамаша медонум. Ҳозирашда да хами корт кор кун ма кришаватат мекунам. Ҳарвахтӣ аблава пули мара те»

Комил ягон гап нагуфта орому сокит боз аз пайи кораш шуд.

Ин Мирзоев Хурсанд беҳад зани шайтонсифат аст.

Як бача аз Навободи ҷамоати Ромит чор сол шуд, ки барои замин пулаш дода буд. Ҳар сол, ки аз Русия меомаду пеши Хурсанд медаромад, ки замин чи шуд, Мирзоева Хурсанд мегуфт, ки замин қимат шудааст. Хуллас, 200 ҳазор сомонӣ зиёд фиреб кард он бечораро, аммо кораш иҷро нашуд, замин надод. Он бечора оқибат худаш аз Чӯянгарон замин харид

Вақте мефаҳмид, ки аз Русия омадаӣ фарёд мекард, ки биё, заминхар бошӣ пулро бегона накун: «ма мефурушм замин». Рӯирост мегӯяд, ки дар пушти ман Озода бону меистад, агар пул дошта бошӣ 20 гектар замин мефуршамта»

Вале ҳамин ки пулро гирифт, тамом. Ягон мақомоти Тоҷикистон зӯраш намерасад. Мегӯяд, ки ҳамаша да уҷам задагйим, Озода бонуда ҳармоҳ долияша метм».

Як ҳодисаро нақл мекунам, дар бораи

Бачаи Сабзи Шодигул. Ин одам як вор в закон аз Тангаӣ ё Личак буд. Чанд сол зиндон шиштагӣ буд. Воҳимааш беҳад калон буд. Мегуфтанд, ки дар вес зонаҳои Осиёи Миёна гапаш мегузашт. Гапи ин одам бо кадоме аз бачаҳои Шоҳрух Саид мегурезад. Инро бераҳмона дар хонааш куштанд. Ҳатто чашмҳояшро кофта гирифтанд. Аз чанд ҷо барои экспертиза омаданд, аммо маълум накарданд, ки кӣ куштагӣ аст. Гуё то 48 соат кӣ куштаастро аз чашмонаш экспертиза муайян мекардааст. Вале инҳо чашмҳояшро нобуд карданд, дасту пойҳояшро бо табар зада буданд.

Дар он хона қартабозӣ бисёр мешуд. Ҳама қартабозҳоро,бо кӣ дар телефон гап задагӣ, дар камера киҳо ғалтидагӣ, таксистҳо даъват карданд, хуллас, барои ин ҳодиса аз 60-70 одам пул канданд. Даже отдели Тангӣ худаш гуфтааст, ки ин корро дигар одам кардагӣ. Вале аз 700 ҳазор доллр зиёд кор карданд.

Ягон одам тюрма нашуд, фақат пул канданду тамом. Милиса прокурор, амният фақат пул канданд. Кор барои баъзеҳо, махсусан онҳо, ки шаби ҳодиса онҷо буданд, беҳад вазнин афтод. Онҳо, мошин, замин, хонаҳо, гову гуспандҳо, ҳатто аз банк қарз гирифта дода ҷонашонро халос карданд.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№369 появились сначала на ISLOH.net.

Деваштич: авлоди Абдуллозодаҳо бо номи Президент мардумро ғорат мекунанд,пул ҷамъ карда мансаб мехаранд
Номаи маро алоҳида нашр кунед №3

Деваштич: авлоди Абдуллозодаҳо бо номи Президент мардумро ғорат мекунанд, пул ҷамъ карда мансаб мехаранд

Редаксияи «Ислоҳ» пайваста номаҳои зиёдеро аз сокинони ноҳияҳои гуногуни кишвар дарёфт мекунад, ки аз фасод, порахӯрӣ ва фишору зулми мансабдорон шикоят доранд. Ин бор номае аз ноҳияи Деваштич ба мо расид, ки сокинон бо исм ва нишон додани ашхоси мушаххас нола мекунанд. Мо ин матнро бе каму кост, танҳо бо таҳрир ва ба тартиб овардани ҷумлаҳо, нашр мекунем ва аз мақомоти расмӣ, додситонӣ ва ҳукумат даъват мекунем, ки нисбат ба ин иттиҳомот посух диҳанд. Агарчи дар мавриди ин оилаи Абдуллоевҳо Ислоҳ , то кунун беш аз 5 матлаб ва барнома тақдим намудаем вале ҳоло ҳам ниҳодҳои танобкаш бо гирифтани пора лаҷоми ин оиларо нагирифтаанд. Хуб медонед,ки Ислоҳ вақте даст ба кор шуд, дигар таваққуфро намедонад!

Аввал: пулҷамъкунӣ бо номи Президент

Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқболи Садриддин

Мо, чанд сокини деҳаи Зарнисор, маҷбур шудем ба воситаи «Ислоҳ» нолаи худро ба мардум ва ҷаҳон бирасонем. Дар ноҳияи Деваштич як авлод-хонаводаи Абдуллозодаҳо- ноҳияро ба моликияти шахсӣ табдил додаанд ба доди мо расед!.

Дар ноҳияи Деваштич, деҳаи Зарнисор, раиси Кумитаи идораи замини ноҳия Абдуллозода Нуриддин бо хоҳараш Абдуллозода Тахмина (раиси ҷамоати Ғазантарак) ва бародараш Абдуллозода Бобур аз тамоми мардум маблағ ҷамъ мекунанд. Онҳо мегӯянд, ин «қарори Президент» аст ва бо номи Рустами Эмомалӣ ва ҳатто худи Эмомалӣ Раҳмон мардумро таҳдид мекунанд: «Кришаи мо Президент ва Рустам аст».

Аз ҳар хоҷагӣ 8-10 ҳазор сомонӣ талаб мешавад. Дар деҳаи Зарнисор 1600 хоҷагӣ аст. Ба гуфтаи шӯии Тахмина- Илёс Бобоҷонов-то имрӯз қариб 1 миллион сомонӣ ҷамъ шудааст.

Нуриддин Абдуллозода мегӯяд: «Пулро тезтар чамъ кунед». Барои ҷамъоварии маблағ дар деҳаҳо одамони махсус таъин шудаанд: Жураева Саодат, Бобожонов Аҳрор ва Ходиев Расулхон.

Мақсади аслӣ: харидани курсӣ

Нуриддин бо ҳамин пул мехоҳад, то моҳи ноябр курсии раиси ноҳияи Деваштичро аз Ашурали Ҷалилзода бихарад. Ӯ бо воситаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ният дорад бо додани 100 ҳазор доллар ба Рустами Эмомалӣ раиси ноҳияи Деваштич таъин шавад. Агарчи ҳоло ҳам ноҳия дар дасти ин оила ҳаст, боз ҳам мехоҳанд қонунӣ аз ин оила бошад.

Асфалти қалбакӣ

Маблағ бо баҳонаи асфалт ҷамъ мешавад, аммо роҳҳо бо шағал ва хокпораҳои арзони дуздида аз корхонаҳои бародараш Бобур Абдуллоев пур карда мешаванд. Рӯяшро ҳамагӣ 5 сантиметр асфалт мепӯшонанд. Ба қавли мардум, ин «асфалт» танҳо рӯйпӯш аст, то чеҳраи онҳо сиёҳ нашавад, аммо мардум фиреб мехӯрад.

Таҳдидҳо ба мардум

Агар касе пул надиҳад, Нуриддин таҳдид мекунад:

замини наздиҳавлигӣ ё хонаи истиқоматии аз 6 сотиқ калонро мегирад,

онро ба «замини захиравӣ» мегузаронад ва мефурӯшад,

ба прокуратура дода, парвандаи ҷиноӣ боз мекунад.

Ҳамаи мақомоти ноҳия-прокуратура, милиса ва амният- бозичаҳои дасти ӯянд.

Дороӣ ва бизнеси шахсӣ

Абдуллозода Нуриддин:

хонаи чорошёна дар Зарнисор ва як хона дар Ғазантарак,

5 квартира дар Хуҷанд, 6 квартира дар Душанбе, 2 квартира дар Бохтар. Хонаҳоро ба хотири ошкор нашуданаш хонаҳоро ба номи зани дуюмаш Заррина,ки корманди нотариуси Деваштич аст гузаронида аст.

мошинҳои гаронарзиш, аз ҷумла Тайота Ланд Крузер бо нархи 950 ҳазор сомонӣ,

4 ферма бо зиёда аз 10 ҳазор гову мол ва 6 ҳазор гӯсфанд.

Абдуллозода Бобур:

4 корхонаи шағал ва хокфурӯшӣ,

обанбори Даҳнасойро бо 120 ҳазор доллар «харидорӣ» кардааст, бо гуфтаи устодаш Маҳмуд Бобоев духтари Маҳмуд Бобоев Мавзуна Бобоева дуюм зани Бобур Абдуллозода аст бо тариқи Раиси Вилоят Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Рустам Эмомалӣ дода онро харидори намудааст.

дача ва хонаҳо дар Зарнисор, 8 квартира дар Хуҷанд, 10 квартира дар Душанбе,

2 фермаи бузург бо 5000 сар чорвои калон ва 4000 сар гӯсфанд,

зиёда аз 2000 гектар замини обии хоҷагии деҳқонӣ дорад.

Албатта ин оморҳоест мо тавонистем дастрас намоем, дороиҳои зиёди дигар ҳам дорад, ки мо намедонем.

Абдуллозода Тахмина:

Ҳангоми ташрифи президент ба Деваштич аз мардум 300 ҳазор сомонӣ ҷамъ кард. Аз ин маблағ 200 ҳазор сомониро ба писараш Абдуллозода Ислом мошин харида дод ва 100 ҳазор сомониро ба раиси ноҳия Ашурали Ҷалилзода супурд. Ӯ бо раиси ноҳия муносибати танго танг ҳам дорад ва рӯзҳои истироҳат ба Хуҷанд бурда мешавад.

Фоҷиаҳои ахлоқӣ ва номуси мардум

Аз сабаби зулм ва фақр дар мактаби №13 Зарнисор соли гузашта 9 духтари 16-сола ҳомиладор шуданд. Нуриддин Абдуллозода  ба шофёраш, ки номаш Эгам ҳаст фармон медодааст, ки духтарони ноболиғро фиреб диҳад ва барояш биёрад.

Бо чанд духтари ноболиғ дар Ғазантарак низ таҷовуз шудааст. Нуриддин ҳатто мегуфтааст: «Агар духтари зебое бинед, биёред, мо криша дорем».

Сокинони Зарнисор ҳолати зиндагонияшон сахт вазмин ва қашоқу нодоранд. Мардҳояшон дар Русия мардикоранду занҳояшон аз нодорӣ дар заминҳои Нуриддин Абдуллозодаи феодал кор мекунанд. Хело аз дастдарозӣ ба номусҳо дар ин заминҳояш сурат гирифтаанд. Ҳатто ба номуси занҳои шавҳардор дастдарозӣ кардаанд,ки шавҳарҳояшон дар Русия ҳастанд. Инро ҳама занҳои дар заминаш кор мекардагӣ хуб медонанд ва агар комиссияи бо салоҳият ташкил шавад ва натарсанд ҳамаашон тасдиқ мекунанд.

Ду зан кушта шуданд. Пеш аз куштор, як духтари 12-сола ва модараш мавриди таҷовуз қарор гирифтанд. Ин ҳама факту далелҳои раднашаванда ҳастанд. Аммо мақомоти ноҳия чун пора мегиранд чизе наметавонанд бигуянд.

Дигар аъзои оила

Мафтуна Абдуллозода, директори мактаби №13 Зарнисор: аз ҳар хонанда 150 сомонӣ ҷамъ карда (ҳамагӣ 255 ҳазор сомонӣ) ба ҷои «киршаи ошхона» ба маблағи 220 ҳазор сомонӣ квартира дар Хуҷанд харид. Дар муассисаи таълимӣ 1700 хонанда аст. Бо гуфти муовинаш Инобат 35 ҳазор сомониба масолеҳи сохтмонӣ оварда бо ҳашари мардум кришаи ошхонаро сохту боқияш кисаи муаллимаба рафт.

Илёс Бобоҷонов, шӯии Тахмина: бо ваъдаи додани замин занони оиладорро фиреб дода, чанд оиларо вайрон кардааст. Ӯро бо лақаби «Снайпер» дар Зарнисор мешиносанд.

Абдуллозода Хумоюн, бо лақаби «Шайтон»: писари бародари Нуриддин Абдуллозода, корманди уголовни розыски милиса дар Деваштич кор мекунад. Вай мардумро бо «подстава» шиканҷа мекунад. Хело порахури калон аст.  Ба қарибӣ мошини «Лексус»-ро бо 400 ҳазор сомонӣ харидааст. Чанд нафар аз сокинони Зарнисорро подстава карда аст. Масалан Малаев Расулро туҳмат кардааст,ки ту ба аруси ман дубор занг зади ва барои ин якбор 30 ҳазорашро гирифта ва бори дигар 40 ҳазор сомонияшро бо таҳдид гирифтааст.

Як сол пеш дар вазифаи участкавойи ҷамоати деҳоти Калининобод буд дар ноҳияи Деваштич бо гирифтани полични пораи 100 ҳазор сомони коргарони коррупсия дастгираш менамоянд. Чун кришаи Абдуллозодаҳо Спартак яъне раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия (Антикоррупсия) Султонзода Сулаймон Саид аст тавассути ӯ ҷиянашро озод ва боз ба вазифаи нав угаловники милитсияи ШВКД Деваштич ба кор мемонад. Вазири дохилӣ куҷоро нигоҳ мекарда бошад? Наход ҷаноби Султонзода Сулаймон даст ба чунин ҷиноят занад?

Таъсири иҷтимоӣ

Аз пушти ин амалҳои оилаи Абдуллозода зиёда аз 40 оила вайрон шудааст, даҳҳо кӯдак ятим мондаанд, беш аз 60 духтари маҳаллӣ ба номусашон таҷовуз шудааст. Бисёрҳо пушти панҷара афтодаанд, чанд нафар кушта шудаанд. Аммо ин оила ноҷунбон ва гӯйё дахлнопазирӣ доранд.

Нидо ва муроҷиат

Мардум мегӯянд:

Ҳар моҳ аз онҳо садҳо ҳазор сомонӣ ҷамъ мекунанд,

заминҳои ҳосилхез- беш аз 10 ҳазор гектар-пурра дар дасти Абдуллозодаҳост,

аксарияти мардум-97 фоиз-аз муҳоҷират зиндагиашонро пеш мебаранд,

мақомот-прокуратура, милиса ва амният -ҳама бо онҳо ҳамдастӣ мекунанд.

Бечора сокинони инҷо 97% зиндагонияшонро аз муҳоҷират меёбанд.Шароити мардум бе ниҳоят вазмин аст.Тамоми заминҳои деҳа 10 ҳазор кг замини лалмӣ ва 2000 гк замини обӣ , боғу дашту токзорҳои деҳа дар дасти оилаи Абдуллоевҳо мебошад.

Бизнеси асосии Нуриддин Абдуллозода дар Деваштич заминфурӯшӣ мебошад. Ҷиянҳояш Абдуллозода Наврӯз, Абдуллозода Бобохон, Қулдошев Рамзиддин, Қулдошев Фаридун ҳамаашон дар кумитаи замини ноҳия кор мекунанд. Метавонем бигуем кумитаи замин дар Деваштич дар идораи як оила яъне Абдуллозодаҳо қарор дорад.

Нуриддин Абдуллозода заминҳои назди ҳавлигиро бо қимати 200 ва 250 ҳазор сомонӣ ошкоро мефурӯшад.

Ҳодиев Расулхон дирӯз раиси маҳаллаи Зарнисор таъин гашт, боз як мусиббати дигар.

Муроҷиати мардум аз деҳаи Зарнисор, ноҳияи Деваштич

Саволи редаксия ба мақомот:

Оё додситонии вилояти Суғд ва Додситонии кулл ҷуръат доранд нисбат ба ин иттиҳомот ва шикоятҳои мардум санҷиш гузаронанд? Оё раиси вилоят ва раиси ҷумҳурӣ омодаанд, ки беадолатии як авлодро, ки бо номи худи онҳо мардумро ғорат мекунад, пешгирӣ намоянд?

Ин нома бо масъулият аз ҷониби «Ислоҳ» нашр мешавад. Мо омодаем, ки агар мақомоти дахлдор посухи расмӣ ирсол кунанд, онро низ нашр намоем. Агар Абдуллозодаҳо ҳам раддияе нависанд онро низ омодаем нашр кунем, то акси садо бошад!

Сообщение Деваштич: авлоди Абдуллозодаҳо бо номи Президент мардумро ғорат мекунанд,пул ҷамъ карда мансаб мехаранд появились сначала на ISLOH.net.

Оё Раҳмонов Ҳасанро зиндон мекунад?
чаро масъалаи барқдуздӣ то ин ҳад ҷиддӣ шуд

Агар бар ин назару андеша бошем, ки Раҳмонов иллал ва авомили дуздӣ ва тороҷу ғорати неруи барқ дар Тоҷикистонро намедонад, сахт иштибоҳ кардаем. Раҳмонов маълумоти яқину саҳеҳ ва лозимро дорад, вале тавре тазоҳур ва вонамуд мекунад, ки барқдуздӣ ба ҳадде аз ҳадду андоза берун рафт, ки ниҳод ва идораҳои имрузӣ натавонистанд пеши роҳи онро бигиранд ва вай ночор шуд дар чавкоти қонун ва ҳукумат тағйироти ҷиддитареро ворид кунад. Меъёри алоҳида, дар қонуни ҷиноятии кишвар, ки то 10 сол зиндонро дар назар дорад ва ниҳоди алоҳида, ки махсус ба назорати масрафи неруи барқ машғул хоҳад шуд, ҷорӣ ва таъсис дода шуд.

Аммо, мо ва шахсан худи ман мутмаинам ва бар ин боварам, ки дузди асосӣ худи Раҳмонов аст. Вале, ба хотири чапғалат ва фиреб додан ва ба гумроҳӣ кашонидани афкори умумӣ ва бахусус Бонки ҷаҳонӣ, ки солҳост системаи барқи Тоҷикистонро таҳти контрол дорад, даст ба амалҳое зада истодааст, ки битавонад ҷиноятҳои барқдуздии худро бори дигарон кунад.

Манобеъи огоҳ мегуянд, ки намояндаи Бонки ҷаҳонӣ, ки аз соли 2021 ба ин су раҳбарии ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқи Тоқикистон»-ро бар уҳда дорад, тули фаъолияти беш аз чаҳорсолааш маълумотҳои зиёдеро гирдоварӣ ва дар қолаби як парванда ба идораи марказии худ фиристодааст.

Ҳануз дар соли 2023 Ивайло Стоянов, ки ба намояндагӣ аз Бонки ҷаҳонӣ раҳбари ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқи Тоқикистон» таъин шудааст, дар моҳи феврал як нишасти хабарӣ доир карда ошкоро изҳор дошт, ки ба «Талко» бо нархи ночиз, ҳамагӣ 7 то 9 дирам фурӯхтани як киловатт -соат неруи барқ дар ягон меъёр дуруст намегирад. Ин намояндаи «Бонки ҷаҳонӣ» гуфт, ки барои «Талко» минбаъд чизе бештар аз 15 дирам муқарарр карда шуд.

Мо, маълумоти кофӣ дар ихтиёр надорем, ки «Талко» баъд аз ин суҳбатҳои ҷаноби Стоянов бо нархи иваз ва болошуда пардохт кард ва ё мисли пешина?

Аммо суҳбат аз «Талко» кардани намояндаи Бонки ҷаҳонӣ беҷиҳат набуд. Вай дурусту дақиқ пай бурд, ки дар Тоҷикистон ҳукумат худаш барқи аҳолиро дуздида истодааст ва далели рушани он ҳамин вогузории ба истилоҳ «имтиёз»-и беҳадду марз ба як корхонае аст ки фоида ва даромади онро танҳо оилаи Раҳмонов дар шахси Ҳасан Асадуллозода, бародарзани Раҳмонов дида истодааст. Ҳамчунин ҳамин ҳайати коршиносону кормандони Бонки ҷаҳонӣ маълум намуданд, ки Корхонаи металлургии Тоҷикистон –корхонаи муштарак бо Чин, ки Шамсулло Соҳибов, домоди Раҳмонов раҳбари он аст низ бо нархи поинтарин неруи барқ масраф карда истодаааст. Ин ду корхона солона садҳо миллион кв.соат неруи барқи мардумро бо нархи ниҳоят ночиз масраф мекунанд. Ва ин гуна имтиёзро барои онҳо раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов додааст.

Аммо, бо вуҷуди онки ин ду корхона ба арзонтарин қувваи барқ, ки дар худи Тоҷикистон дефитсит аст, дастрасӣ пайдо кардаанд, дар феҳристи қарздорони «Барқи тоҷик» дар ҷойи аввал қарор доранд. Қарзи имрӯзаи «Талко» дар назди «Барқи тоҷик» 570 миллион сомониро ташкил мекунад ва танҳо дар як соли охир ҳаҷми ин қарз ба 100 миллион афзудааст!

Мо шубҳа надорем, ки сангинтар кардани муҷозот барои дуздии барқ, ки ҳоло ба як маъракаи густардаи таблиғу ташвиқ дар расонаҳои расмӣ бадал шуда ва хабарҳое аз боздоштҳову дастгиршавиҳо ба нашр мерасанд, дархости Бонки ҷаҳонӣ аст ки гуфтем бахше аз соҳаи энергетикии Тоҷикистон «ҶСК Шабакаҳои тақсимоти барқ»-ро мудирият мекунад. Бонки ҷаҳонӣ яке аз сармоягузори асосӣ аст ки садҳо миллион доллар сармоя гузоштааст.

Масъули ин ниҳод  ва ҳайати ҳамроҳони вай тарзе мудирият мекунанд, ки гуё бехабаранду аз чизе бу набурдаанд. Вале бо таваҷҷӯҳ ба ин ҳама ошуфтагиҳову беқарориҳои Раҳмонов, ки ҳар касеро дар вазифа таъин кунад ҳатман масъалаи барқдуздиро ба вай гушнишон мекунад, муҷозоти сахттар таъин карду идораи махсус сохт, шак надошта бошед, ки тактаки найрангҳои Раҳмонов дар сирқат ва ғорати барқро ошкоро ва ифшо кардааст. Ҳамин намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар суҳбате дигар иброз медорад, ки танҳо дар ду ноҳияи ҳамсояи Душанбе 40% неруи барқ «талаф» мешудааст ва вай аз вуҷуди ҳолати зиёди «мертвие душӣ» ҳамчун истеъмолкунандаҳои барқ гап мезанад, ки маълум нест онҳо киҳоанд, агарчи барои худашон маълум кардаанд, ки дузд ва дуздони асосӣ киҳоянд ва ин ҳарфи 40% талаф ё ҳамон потерия дуруғи руирост будааст-яъне перепис-изофанависӣ дар аснод.

Як баҳсе паноҳӣ ва пушида байни ин намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар симои роҳбарияти «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва Раҳмонов давом дорад. Онҳо занҷираи дуздиҳоро ошкор намудаанд, ки рафта ба оилаи Раҳмонов мерасад.

Бинобар маълумотҳои ба дасти мо расида ҳаҷми содироти неруи барқ ба хориҷ аз Тоҷикистон ва бахусус ба Афғонистон ва Узбекистон аз ончики эълон мешавад, фарқи калон дорад ва ин тафовутро ҳам дар парвандаи фиристода ё гузориши роҳикардаи намояндаи бонки ҷаҳонӣ дарҷ ёфтааст.

Маълум нест, ки намоянди Бонки ҷаҳонӣ, ки раёсати Шабакаҳои тақсимоти барқи Тоҷикистон яке аз се шохаи ҷудошуда аз ширкати «Барқи тоҷик»-ро бар уҳда дорад дар бораи ба ҳисобҳои оффшорӣ мунтақил шудани пулҳои аз содироти барқро ҳам дар гузоришаш тазаккур дода бошад ё не, аммо усулу шеваҳои дуздӣ, ба шумули додани имтиёзҳои ғайриқонунӣ ва дар ихтиёри наздикони Раҳмонов будани ин системаро таъкиди хос кардааст.

Мавриде, ки намояндаи Бонки ҷаҳониро дар ин васат бисёр ҳам ноумед ва хашин кардааст ин аст ки ончиро, ки ӯ расман эълон кард, натавонист иҷро кунад. Ва, ҳамоно Талко, ки манфиатбари он, чуноне гуфтем оилаи Раҳмонов дар шахси додараруси вай Ҳасан Асадуллозода мебошад, яъне фоидаи онро пурра мегиранд, ҳамоно нисфи нархи барои аҳолӣ ва чанд баробар поинтар аз дигар муассисаҳои истеҳсоливу тиҷоратӣ ва ҳатто масҷид, як муассисаи фарҳангӣ пардохт мекунад. Яъне Раҳмонов имтиёз барои Талкоро қатъ накард. Ва, бадтар аз ин ҷойи онки солбасол ҳаҷми қарзҳояшро кам кунад, афзуда истодааст.

Мусалламан Раҳмонов аз ин гузоришу ҳисоботҳо огоҳӣ дорад. Барои ҳамин бо сахт кардани қонун ва ниҳоди нав ташкил кардан даст ба як навъ чораҳои превентивӣ, пешгирикунанда зада истодааст, гуё аз ҳеҷ чизе дарак надорад. Ва пешниҳоди муҷозоти сангинро ҳам пазируфт, ҳамчуноне ҳарсола нархи фурӯши барқро 15-20% боло мебарад. Аммо мехоҳад худро спасат кунад ва ҷинояти худро бори дигарон созад.

Ҳануз чор соли пеш як ниҳоди махсусеро бо номи Хадамоти назорати давлатии энергетика ташкил карда буд: Госэнергонадзор, дар наздаи вазорати энергетика ва захираҳои об. Тули ин солҳо ин ниҳод чи корҳо кард ва чи қадр талафот-потерияро ифшо ва чанд нафар дуздонро ошкор кард, мо намедонем. Вале дар ин авохир, баъд аз онки Раҳмонов аз сахттар кардани ҷазо барои барқдуздӣ хабар дод ҷаласа доир карду аз баъзе корҳо гуфт ва дар портали худ ҷараёни ҷаласаашро мунъакис кард, ки мо аз он як иқтибосе меоварем.

Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ :

Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти семоҳаи якуми соли 2025

10 апрели соли 2025,

«Дар давоми моҳи марти соли ҷорӣ  дар ҶДММ “Ориёи Колхозобод”,  воқеъ дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ муайян гардид, ки ҷамъияти мазкур  тавассути  се адад истгоҳҳои трансформаторӣ бо тавоноии умумии 7300кВА (1х1000 кВА, 2х 3150 кВА) энергияи барқро бе ҳисобгираки барқӣ ва ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи соҳа барои дастгоҳҳои майнинги коркарди криптоасъор  истифода намудааст, ки дар натиҷа ба ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар маҷмӯъ ба миқдори зиёда аз 81 млн. кВт х с ба  маблағи зиёда аз  110 млн. сомонӣ зарар расонидааст. Инчунин дар шаҳри Левакант муайян гардид, ки ҶДММ “Паймонаи Заррин” (7,1 млн. кВт х с ба  маблағи зиёда аз 9,9 млн. сомонӣ) ва ҶДММ “Сементи рушди Хатлон” (6,4 млн. кВт х с ба  маблағи зиёда аз 9 млн. сомонӣ) низ энергияи барқро бе ҳисобгираки барқӣ ва ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи соҳа барои дастгоҳҳои майнинги коркарди криптоасъор  истифода намудаанд, ки дар натиҷа ба миқдори зиёда аз 13,5 млн. кВт х с ба  маблағи зиёда аз  18,9 млн. сомонӣ зарар расонидаанд. Ҳамзамон санҷиш дар хонаҳои истиқоматии шаҳрвандони шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Истаравшан низ истифода гардидани энергияи барқро барои дастгоҳҳои майнинги коркарди криптоасъор ошкор намуд, ки зарари расонидаи онҳо низ миқдори зиёда аз 366 ҳ.кВт х с ба  маблағи зиёда аз 465 ҳ.сомониро ташкил медиҳад.

Таҳқиқоти «Ислоҳ» аз ин гузориш инро муайян кард,ки ҶДММ «Ориёи Колхозобод»,  воқеъ дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ аз наздикони Ҳасан Асадуллозода аст,ки барқро барои тавлиди Биткойн ва гардиши он истифода бурдааст. Инчунин «Паймонаи Заррин» (7,1 млн. кВт х с ба  маблағи зиёда аз 9,9 млн. сомонӣ)ҳам марбут ба бародари Ҳасан Асадуллозода аст. Метавонем бигуем ҳама дуздиҳое дар В.Хатлон сурат гирифта дақиқан ба Ҳасан Асадуллозода ва наздикони ӯ марбутанд. Диққат диҳед хасорат ва ё дуздии ҳама аҳолӣ ба 465 ҳазор сомонӣ вале ончи марбут ба Ҳасан Асадуллозода ва бандаи ҷиноятпешаи барқдузди ӯ буда ба миллионҳо сомонӣ мерасад.

Ҳамзамон мутахассисони Хадамот дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти қудратӣ зиёда аз 40 ҳолати қоидавайронкунии муштариёнро ба маблағи зиёда аз 1 млн сомонӣ ошкор намуда, чораҳои дахлдор андешидаанд.

Инчунин санҷиши Прокуратураи генералӣ бо ҷалби мутахассисони Хадамот дар Шабакаҳои барқии ш. Ваҳдат 5,2 млн сомонӣ, дар н.Рӯдакӣ 0,5 млн сомонӣ ва дар н. Шаҳринав 1 млн сомонӣ ҳолатҳои изофанависии нерӯи барқро дар суратҳисоби муштарён, қисми зиёдашон аҳолӣ мебошанд, ошкор намуданд. Корбарӣ дар ин Шабакаҳои барқӣ идома дорад».

Яъне Хадамот мехоҳад бигуяд, ки кор кардааст ва дуздони барқро ҳам ба даст афтондааст.

Вале ҳоло Раҳмонов Агентии назорати давлатӣ бар энергетикаро дар назди Президенти Тоҷикистон таъсис дод. Ин дуруст монанди Агентии зидди коррупсия ва Палати ҳисоб аст ки ҳарду як функсияро иҷро ва адо мекунанд. Масрафу махориҷи ин ниҳодҳои такрорӣ магар аз кадом ҳисоб аст?  Таъсис ва ташкили як ниҳоди махсус барои ҷилавгирӣ аз дуздиву тороҷ шудани маблағи истифодаи қувваи барқ нишон медиҳад, ки масъала ва мушкилӣ саҳлу сода нест. Афзун бар ин таъкиди Раҳмонов ба масъулону маъмурон баъди қабули меъёри алоҳида дар қонуни кайфарии Тоҷикистон,ки аз 27000 сомонӣ то 10 соли зиндон барои дуздии барқро пешбинӣ мекунад, ки ба ин мушкл таври ҷиддӣ муносибат кунанд, низ бар ҷиддӣ будани масъала далолат мекунад.

Вале бори дигар мегуем, ки ин ҳама ҳангома асту воҳима. Агар мушкил ин қадар ҷиддӣ буда бошад, чаро то ба ҳол муваффақ ба ҷилавгирӣ аз он нашуданд? Чаро Хадамоти назорати давлатии энергетика, ки аз таъсиси он ҳоло чор соли пурра нашудааст, натавонист масъаларо ҳал кунад, боз як ниҳоди дигар чи маъно дорад? Бо Агентӣ ташкил кардан ва онро дар назди худи Президент мартаба додан магар масъала ҳал мешавад? Дар хабар омдааст,ки  «Маблағгузории Агентӣ аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ, суратҳисоби махсус ва дигар сарчашмаҳо бо мувофиқаи Вазорати молия анҷом дода мешавад».

Магар Хадамоти назорати давлатӣ аз ҳисоби буҷҷаи ҷумҳурӣ амал намекунад? Магар кормандони ин Агентии навтаъсис, ки гуфта мешавад аз 157 нафар иборат будааст ,нафарони аз сайёраи дигаранд ва онҳо қодиранд, ки аз гиребони Ҳасан ва Шамсулло бигиранд? Ҳасан, ки Исмати дулик нест? Ҳамин тавр не? Чаро Раҳмонов масъалаи қарзи корхонаҳо дар назди ширкати Барқи тоҷикро ҳал намекунад? Талко соли 2023- 470 миллион қарздор буд, соли 2025 ин рақам ба 570 расид ва ин ширкат давоми сол 100 миллион зиёдтар қарздор шуд. Чаро ин масъаларо матраҳ намекунад? Чаро ин масъаларо мушкил намеҳисобад?

Чунки ин масъала ҳам бармегардад ба худаш. Худаш ин масъаларо таври дигар ҳал мекунад. Борҳо шоҳидаш будем, ки бо як қарори ҳукумат қисме аз қарзҳоро мебахшад. Чаро? Бо як имзо масалан 300 миллионро списат мекунанд аммо барои 200- 300 сомонии гуё дуздеро «қама» мекунад. Ҳамаи инҳо аз чизҳои дигар дарак медиҳанд ва шаку шубҳаҳоро меафзоянд. Ростӣ шубҳаангез нест, ки агар мақсад пешгирӣ аз тороҷу барбоддиҳии пули халқ бошад, мақсад агар ҷамъоварии пули неруи барқ бошад, чаро ин миллионҳо списат мешавад?

Саволи асосӣ ин аст ки дуздии қувваи барқ –электроэнергия дар Тоҷикистон чаро аз байн намеравад ва оё дар воқеъ ин аҳолии кишвар аст ки неруи барқро тариқи ғайриқонунӣ истеъмол мекунад, яъне медуздад? Ва ё дуздии неруи барқ аз тарафи корхонаҳо сурат мегирад?

Ин  ҳама ваҳму воҳима кардан ба хотири чист? Раҳмонов дуздҳоро ёфтанист, ошкор ва пайдо карданист ва ё баракс пушониданист, бори дигарҳо карданист?

Ҳамаи инҳо касро ба шакку гумону шубҳа мебарад, ки ҳадафи воқеӣ мумониат ва ҷилавгирӣ аз дуздии барқ аст ва ё инки қасду ниятҳо инҷо ҳам нопоканд, пулкоркунӣ ва дуздони асосиро кришават кардан аст?

Раҳмонов мехоҳад бо гунда кардани дуздии барқ дуздии худаш ва наздиконашро  пинҳон созад.

Барои Ҳасан Асадуллоев дар истифодаи барқ чи қадар имтиёз дода шудааст ва агар ҳисоб  кунем, ки аз соли 2005 ин тараф фоидаи Талкоро танҳо Ҳасан мебинад пас аз барқи арзон чанд миллиард доллар фоида кардааст?.

Неруи барқ дуздӣ не, ғорат шуда истодааст. Аз рӯи характеристика ё худ намуди ғоратшавӣ бармеояд, ки ингуна ғоратро танҳо шахси аввали кишвар ва ё афроди наздик ба ӯ метавонанд анҷом диҳанд.

Ҳукумат метавонад, ки бо зурӣ нақшаи даъватро иҷро кунад, аммо чаро инҷо дар масалаи барқ ноком шудааст? Масалан Оҷонси назорати давлатӣ барои даъват ташкил намекунаду зурӣ ба зурӣ иҷро мекунад, аммо инҷо ташкил мекунад. Бале, таги думи худаш тар аст? Дуздии таги саргини хар аст, ки ру задан дорад.

Бовар кунед, ки ин «иқдом»-ҳои  Ҷаноб шубҳабарангез аст. Халқ онгуна, ки ҳангома ва воҳима мекунанд барқро намедуздад ва агар инҷо мушкил халқ буд хеле барвақт ҳал мешуд. Пас масъала ва мушкили дуздии барқ ҳамоне аст ки гуфтем. Инҷо барои исботи гуфтаи худ ба унвони  мушт намунаи хирвор чанд иқтибосе аз навиштаҳои қаблии «Ислоҳ» меоварем то итминон ҳосил кунед,ки дузди асосӣ худи Раҳмонов ва нафарҳои давру бари уянд:

« Манбаи мо мегуяд: «Инҳо танҳо як қисми дуздиҳояшонро ба сари мардум мезананд, аммо қисми асосӣ ва аслиашро ба сари нассосҳо. Масалан агар нассосс 1000 киловат-соат зада бошад дар санадҳо 2000 кв менависонанд. Барои онки як киловат соати насос 12 дирам аст. Аз аҳолӣ бошад 26у 51 дирам. Мисол маблағи 1000 киловат-соати аҳолиро ҷамъ мекунанду мехуранд, аммо мисле, ки 1000 киловатро аҳолӣ истифода набурдаву нассос истифода бурд, мегиранду дар гардани нассос 2000киловатро мезананд. Ҳисоби ин ду баробар мешавад, аммо аз нисф зиёди маблағ ба ҷайби Билолзода меравад. Яъне 50дар 50 мезананд. Аз они аҳолиро бори нассосҳо мекунанд.»

«Аммо дар пушти Билолзода Умедҷон  Озода Раҳмон меистад. «Таға»- «криша»-и асосиаш ҳамон аст ва ҳамон дар ин мансаб монда буд. Аммо ҳиндуҳо назорати ҷамъияти саҳомии «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-ро дар августи соли гузашта гирифтанд ва  17 августи соли 2022 таҳти фармони №390 Билолзода Умедҷонро  Раҳмонов сабукдуш кард.»

«Шумо фикр мекунед, ки мақомоти тафтишоту назорат, масалан ҳамин Хадамоти назорати давлатӣ, Прокуратура, КГБ, Палатаи ҳисоб, ВКД, Агентии зиддикоррупсия аз ин ҳама дуздиву қллобиву порахорӣ дарак надоранд? 100дар100 хабар доранд, балки метавон гуфт, ки ҳамдаст ва шарики ин ҷиноятҳоянд. Онҳо меоянд «коефитсиент»-и худро мегиранд, як каме ҳалолу ҳаром камбудиҳои ҷузъӣ «ошкор» мекунанду мераванд. Аз 20 то 30.000 доллар ришва мегиранд.»

«Дар шаҳри Душанбе ҳар як контролер дар линияи худаш ошхонае, ресторане дорад, ки он счетчик надорад. Назоратии барқ мустақим меравад дар номаш «средний» ҳисоб мекунад. Масалан:10.000 сомонӣ ҳисобкунак кор мекунад. Назоратчӣ 5000 сомониро ба давлат ва 5000-ро ба ҷайби худаш мезанад. Ин кор бо соҳиби ресторан гапзанон карда мешавад. Албатта, соҳиби ресторан ҳам манфиат мебарад, зеро амалан агар ҳисобкунак насб кунад маблағи масрафи ошхона ва ё ресторани вай ҳадди ақал 13-15.000 сомонӣ мешавад. Барои ҳамин ин «гапзанон» ба фоидаи мудири ресторан ҳам ҳаст.»

«Вазъият дар шабакаҳои тақсимоти барқи вилояти Хатлон бадтар ҳасту беҳтар не. Раиси шабакаҳои тақсимоти инҷо Маҳмадраҳим Соҳибов, бародари Зоир Соҳибови домоди Эмомалӣ Раҳмонов аст. Вай ҳам «бақияпулӣ»-и беҳад зиёд ба номи аҳолӣ навишта маблағҳои ҷамъоваришударо хурда истодааст. Дар ин вилоят нассосҳо барои обёрии заминҳо зиёд аст. Яке аз шеваҳои дуздии пули барқ аз тарафи ин бародари Зоир он аст ки пулҳоро ба сари нассосҳо бор мекунад.»

Мисол пули 10.000 ё 20 ва ё ҳатто 100.000 киловатро медуздаду дар сари нассосҳо мезанад. Нархи истифодаи киловат-соат барои аҳолӣ 26,51 вале барои нассосҳо 12 дирам аст. 10.000 киловат -соатро аз ҳисоби мардум ҷамъ мекунад, 5.000 сомониашро месупорад  5000-и дигарашро дар сари нассосҳо мезанад. Агар 5000-ро ба нархи масрафи нассосҳо тақсим кунӣ 10.000 кв-соати хурдаашро мепушонад.100.000 киловат 26.510 сомонӣ мешавад вале барои нассосҳо ин нарх як баробар кам мешавад-12000 сомонӣ. Боқии онро медуздад».

Ин иқтибосҳоро  шумо метавонед аз матолиби мунташираи Ислоҳ бо ин суроғаҳо ба таври муфассал мутолиа кунед:

Ширкати «Барқи тоҷик”-ро кӣ ғорат мекунад?»  https://isloh.net/shirkati-bar-i-to-ik-ro-k-orat-mekunad/ 02.09.2020

Бо ин барқдуздони «Барқи тоҷик» то соли 2036 лимит ҷорист.10.01.2023

https://isloh.net/bo-in-barqduzdoni-barqi-tojik-to-soli-2036-limit-jorist

Кӣ дуруғ мегуяд: Эмомалӣ Раҳмонов ё ширкати «Барқи тоҷик»?

26.01.2023 https://isloh.net/ki-durugh-megujad-jemomali-rahmonov-yo-shirkati-barqi-tojik

«Барқи тоҷик»-ро на танҳо «ОИЛА» Сарвазир ҳам ғорат дорад02.11.2023   https://isloh.net/barқi-toҷik-ro-na-tanho-oila-sarvazir-ham-ғorat-dorad

Имтиёзҳои оила аз барқ  дар амал ин ғорату дуздии қонунӣ аст. Имтиёз ё ҷинояте дар ҷомаи қонун.

Имтиёз яъне чи? Ин имтиёз аз ҳисоби кӣ ҷуброн ва пардохта мешавад? Дар ҳоле, ки барои халқ, соҳиби ин ҳама молу мулк, нарх боло бурда мешавад, ба ин халқ соҳиби ин ҳама молу мулк, дар 7 моҳ барқ дода намешавад, чаро ба як корхона, ки фоидааш ба киссаи одамони алоҳида меравад имтиёз дода мешавад? Вақте чиз намерасад, дефитсит аст, кам аст чи гуна онро бо имтиёз медиҳӣ? Инҷо агар манфиати шахси Раҳмонов набошад пас чист? Ин имтиёз бо пули кӣ пушонида мешавад? Бо пули масҷиду бо пули кохи фарҳанг? Ё бо пули прянику печенипазу бо пули нонвоиҳову музадузу сартарошҳо? Аз кадом ҳисоб.

Раҳмонов агар бидонад, ки идомаи курсии вай ба интихобот ва интихоби мардум вобаста аст, ҳеҷ гоҳ ин гуна имтиёзҳои беинсофона ва ноадолатонаро ба наздиконаш намедиҳад, чун ҳукумати баъди вай савол мекунад.

Раҳмонов бо додани имтиёз барои домоду бародарарусу дигарҳояш  шароити зиёдтари даромад ва фоида карданро медиҳад. Агар манфиатбари Талко ва корхонаи металлургӣ Ҳасан ва Шамсулло намебуданд Раҳмонов чунин имтиёзро фароҳам намекард.

Худи ширкати «Барқи тоҷик се тақсим шуд». Ҷои онки фоидаовар бошад бештар зиёнбор шуда истодааст? Чаро?

Магар ниҳоди нозири дуздиву ғорат кам буд? Ниҳодӣ изофӣ сохтан масъаларо ҳал мекунад? Ин ниҳоди навтаъсиси дурустии имтиёзҳои додаи Раҳмонов ба хешу таборонашро ҳам муҳосаба ва баровард мекунад?

Имтиёзи додаи Раҳмонов ба онҳо дар амал ва асл ҷиноят дар ҷомаи қонун аст ва зиёни он аз зарари дуздони барқ маротибаҳо бештар аст. Раҳмонов фақат ва фақат барои аъзои оилаи худаш имтиёз медиҳад. Имтиёз, яъне чӣ? Имтиёз бояд аз якҷое дигар ҷуброн, пардохт ва баргардон шавад. Аз куҷо? Аз боло бурани нарх. Ҳоло ба нархи воқеъӣ бингаред, ки аҳолӣ чанд мехарад? Додани имтиёз дар молу маҳсулоте, ки дефитсит аст ин ҷинояти иқтисодӣ нест?

Додани имтиёз аз дуздии барқ чи фарқ дорад?

Чаро имтиёзро Ҳасан Асадуллозода мегирад аммо мардум саҳмия мехараду боз муттаҳам мешавад.

Имтиёзи Раҳмонов ба Ҳасан Асадуллозода ва Шамсулло Соҳибов ба сари худ як ҷиноят аст. Вақте як дарсадии муайян кам кунад, хуб гур бар сараш бигуем имтиёз. Аммо вақте ҳатто ними нисфи нархи барои аҳолӣ нарх муайян мекунад, ин имтиёз аст ё чизе дигар? Мешавад ин имтиёзро имтиёз гуфт. Ин дуздӣ аст ки онро дузди дуздон дузди давлату ватан додааст.

Пас Раҳмонов киро зиндон мекунад? Барои осон шудани кори Раҳмонов боз аз яке аз навиштаҳои пешинаи «Ислоҳ» як иқтибоси дигар меоварем ва бо ин иқтибос иллати чун сарлавҳагузории ин матлабро ҳам мефаҳмонем:

«730 ҳазор сомони Литсейи Ҳасан Асадуллозода аз барқ қарздор аст Ва ҳоло боз як маълумоти ҷолиби дигар дар бораи Ҳасани ишкамба. Ҳасан дар Душанбе литсей- мактаб хусусӣ дорад. Дар ин мактаб як шиноси ман кор мекунад. Вай ин ҳикоятро ба ман кард. Гуфт як рӯз аз Идораи барқ контролерҳо омада сими свети литсейро буриданд. Гуфтанд, ки ин мактаб аз барқ қарзи зиёд дорад. Ман дар кор будам. Хиёл кардам, ки бисёр бошад 3000 сомонӣ будагист. Аммо баъд фаҳмидам 730.590 сомонӣ мактаби Ҳасан аз барқ қарздор будааст. Ин пулро ба доллар баргардонем 64.000 доллар мешавад. Ин шиносам нақл кард, ки аммо ғайричашмдошти ҳама баъди ҳамагӣ 2 соат омада светро пайваст карданд. Мегуяд боз «қизиқаш» инки қарзи 730.590 сомонии мактаби Ҳасанро аннулироват карданд. Яъне Ҳасан Асадуллозода ягон сум ба свет надода бошад ҳам аммо счетчикро 000000 карданду бахшиш пурсида рафтанд. Ана инро мегуянд дуздии руирост ва ана инро  мегуянд, ки суиистифода аз мақом. Ана барои чӣ ширкати  «Барқи тоҷик» ин қадар қарздор мешавад. Албатта, ин сумҳоро ба сари халқи Тоҷикистон мезананду аз камбағали бечора «бақия» ном мегузоранду мегиранд. Наход Ҳасан бо ин ҳама дороиву кату кут суми барқи истифода бурдаро намесупорад? Боз дар ин мактаб кудакҳои худаш ҳам мехонанд». Раҳмонов мехоҳад фазоро тира созад ва гуноҳи худро, ҷинояти худро бори мардум карданӣ аст. Барои ҳамин ҳарчи бештар дорад ин масъаларо барҷаста ва ҳангома ва воҳима карда истодааст. Ёдатон бошад чи гуна Созмони байналмилалии пул(МВФ) дуздиҳои Раҳмоновро чанд соли пеш ошкор карда буд ва ин муассисаи молиявӣ то қарзҳояшро наруёнд бо Раҳмонов ҳамкорӣ накард. Ман мутаминам, ки ба Раҳмонов зур омад ё зур оварданд,  ки як чунин ниҳодеро ташкил кунад. Аммо дер ё зуд ҳама чиз ошкоро мешавад.

Маълум аст, ки ҳаҷми дуздии неруи барқ дар Тоҷикистон дар ягон гушаи дунё нест. Аммо ин на ба он маъно аст, ки бояд як идораи алоҳида ташкил намоӣ то пеши роҳи ин дуздиро бигирад. Ин ниҳод, ҳатто агар худи Эмомалӣ ва ё Рустам ва ё Озода раисаш шавад ҳам пеши роҳи ин дуздиҳоро гирифта наметавонад. Чунки дузди асосӣ худи Раҳмонов ва наздикони ваю мақомдорони ӯ мебошанд. Чи гуна дузд дуздро дошта ба орган месупорад? Хулоса ва пусткандаву рукандаи гап ин аст,ки  ташкили ин ниҳод, айни ташкили Оҷонси мубориза бо коррупсия аст ки ставкаи пораву ришватро сад маротиба боло мебарад ва ниҳоди мазкур ҳам як дузди дигар дар канори дигар мақомоти дузди ҳукумати дузди Раҳмонови дузд хоҳад шуд.

Сообщение Оё Раҳмонов Ҳасанро зиндон мекунад? появились сначала на ISLOH.net.