Хуҷанд, Исфара, Душанбе ва Ваҳдат-Ромит
Номаи аввали барнома аз гурӯҳи ходимон шуъбаи корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, аз шаҳри Хуҷанд аст.
Дар ин нома аз шӯъбаи амнияти дохилии милисаи вилояти Суғд шикоят шудааст.
Аз Исфара ҳам дар бораи мақомот, милса, коррупсия ва додситонӣ шикоят шудааст, ки барои ривоҷи тиҷорат дар инҷо монеа эҷод мекунанд. Дар роҳ коррупсия чи кор мекунад? Чаро мошини бордорро коррупсия меқапад. Пас таможний ба чи дарде мехурад, пурсидааст муаллифи нома?
Як нафар аз сокинони Душанбе, ки дар Русия ба домсозӣ машғул аст, Душанбе омада аз нарху навои квартираҳои навсохт, тарзи кори домсозҳо ангушти ҳайрат мегазад. Гаронии нархҳо, бидун ҷуброни воқеӣ кучонидани ҳавлиҳо, домҳоро бидуни риояти меъёри меъморӣ сохтан ва боз чандин проблемаи дигарро ин сокини Душанбе дар номааш дарҷ кардааст.
Номаи Ваҳдат аз Ромит аст ки дар қисмати охири барнома ҷой гирифт. Ин нома ҳам дар бораи раиси ҳамакнун собиқи ҷамоати Ромит ва ҳам дар мавриди баъзе аз ҳодисаҳое аст ки мансуб ва махсуси ин дара мебошанд.
Хуҷанд
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол, навиштаи зер аз тарафи як гурӯҳ аз кормандони милитсияи вилояти Суғд навишта шудааст, ки аз фаъолияти ШАД- шуъбаи амнияти дохилаи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва бахусус аз муносибат ва муомилаи муовини сардори шуъбаи амнияти дохилии вазорати дохилӣ дар вилояти Суғд Даврон ва чанде аз масъулони ин шуъба ба шиддат изҳори нигаронӣ мекунем. Маъмурони шуъбаи амнияти дохилаи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ин шӯъбаро ба як ташкилоти ғоратгару бандитхона мубаддал кардаанд.
«Вақте инҷо меоӣ, фикр намекунӣ, ки дар инҷо аз ҳуқуқҳои ту ҳимоят мекунанд. Инҷо меоӣ, Худоро зора мекунӣ, ки аз ту камтар пул ситонанд, ки пул диҳиву гиребонатро аз ҳар гуна буҳтону туҳмат, гуноҳи нобуда раҳо кунӣ.
Сардори, шуъбаи амнияти дохилаи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Азиз ном шахс зодаи вилояти Хатлон, ба гуфти худаш аз нохияи Дангара мебошад, ки пештар сардори шуъбаи тафтишотии шуъбаи дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд буд.
Бовар кунед, ки аз рӯзе, ки ин одам ба ин шуъба омад, вазъияти шуъба тамоман бад шуд. Чунки вай худро аз хешу таборони шахсони воломақом гирифта аз номи ҳама сухан мекунад ва худро шахси наздики сардори Раёсати кадрҳои ВКД, генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн мегирад, ки вазифаи асосии шуъбаи амнияти дохилӣ (служба внутренний безопастности ) ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кормандони милитсия мебошад, вале ин гуруҳ баръакс кор мекунанд.
Баъди омадани Азиз ба ин вазифа ҷинояти порагирӣ дар ин шуъба ошкоро ва рӯирост шуд. Муовини сардори шуъбаи амнияти дохилии ВКД дар вилояти Суғд Даврон ном шахс мебошад, ки худаш зодаи шаҳри Хуҷанд аст ва пештар дар вазифаҳои ваколатдори оперативӣ дар бахшҳои оперативӣ фаъолият дошт, ки ин мисли як шағол аст.
Ин Даврон ҳамаро подряд ғам дода истодааст. Сардорони шуъбаҳои ВКД, муовинон, сардорони шуъбаҳо-шуъбаи кофтукови ҷиноӣ, шуъбаи тафтишот, ОБНОН, паспортний стол ва БДА, хулоса ҳамаашонро.
Ҳозир кормандони милитсия ба нависонавис ба Агентии мубориза бо коррупсия ва ба Прокуратураи генералӣ даромаданианд. Чунки бо ҳар баҳонаи сохта Даврон аризаҳо нисбати кормандони милитсия ташкил намуда кормандони милитсияро даъват намуда маблағҳои пулии калон аз онҳо меситонад, ки дар ин мобайн сардори шуъба Азиз ба вай ягон чи гуфта наметавонад, зеро, ки як «Макет» аст ва ба гуфти, худи Даврон бесавод аст ва Даврон чанд маротиба дар нишастҳо гуфтааст: «началник кӣ аст ки гапи ӯро гуш кунем? У началник данғарагии говсувор аст , 10сум мегирем,1сумашро медиҳем, доволний мегардад».
Ин ҳолат, ки имрӯз дар ин шуъба, ҳукмфармост ягон вақт ин хел набуд. Ягон корманди шуъбаи амнияти дохилӣ вақтҳои пештар аз кормандони милитсия 100-150 000 сомонӣ гирифтагӣ набуд.
Азиз ва Даврон дар ҳамаи кори милисаҳо дахолат карда истодаанд. Ба Худо як даҳшат аст. Крайники ҳамаро тоб дода истодаанд.
Рости гап мо бовар намекунем, ки аз ҳамаи ин корҳои сардори шуъбаи амнияти дохилӣ Азиз ва муовинаш Даврон мақомоти болоӣ дар Душанбе бехабар бошанд. Чунин ба назар мерасад, ки онҳо болои кормандони милитсия ин корҳои ғоратгариро махсус ташкил карда истодаанд.
Э,Рамазон Раҳимзода ту дигар одам наёфтӣ, ки як девонаро оварда муовини сардори шуъбаи амнияти дохилӣ дар вилояти Суғд мондаӣ? Кадом рӯзе ин бадбахт сари туро ё сари худашро мехурад бо ин корҳояш.
Як бор дар сараш қопча кашида бурда буданд чизе дод озодаш карданд, боз гашта омад. Мардум хело хурсанд шуда буданд, ки ҷонашон халос мешавад. Аммо афсус ин ҳаромӣ боз омад.
Магар мумкин аст дар як вилоят ин қадар шикоят, ин қадар норозигӣ ва ин қадар овозаҳои фасоду пулситонӣ вуҷуд дошта бошаду касе дар Душанбе аз ин ҳама хабар надошта бошад?
Хитоб ба генерал Рамазон Раҳимзода вазири корҳои дохилӣ!
Агар вазири корҳои дохилӣ аз чунин вазъият хабар надошта бошад-ин фоҷиа аст. Агар хабар дошта бошаду хомӯш бошад ин шарикӣ дар зулм аст. Мақомоти милиса барои муҳофизати мардум бояд амал кунад, на барои шикори мардум. Вақте мардум аз милиса бештар аз ҷинояткор метарсанд, ин маънои шикасти комили системаро дорад. Таъиноти бемасъулиятона ва пуштибонии кадрҳои худсар оқибаташ ба обрӯи тамоми сохтор зарбаи сангин мезанад.
Исфара
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман боз баъд аз нашри номаи пештараам ба унвони шумо нома навишта истодаам. Баъди нашри барнома худи ҳамон пагоҳ кормандони прократураи шаҳри Исфара шикор баромаданд ва якчанд мошини узбекҳоро дошта ғам доданд. Мана ин аст натиҷаи барнома.
Ҳамаи кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҷанобашонро ҳам задагию гапҳояшро ҳам вақте аз пост доляҳояшонро дода баромадӣ.
Дар Исфара Баҳодур корманди таможний ғамамон медиҳад. Участковийи бозор бо номи Убайдулло омада ба ҳар сари узбекҳои савдогар 500 то 2000 ставка мондааст ва ҳамеша Далери бузро назди узбекҳо пулҷамъкунӣ мефиристонад боз налогу дигаронаш низ ғам медиҳанду аз мо пул мегиранд.
Эй, Раҳмонови лаъин! Раҳимзода Рмазон Ҳамро,эй Ҳабибулло Воҳидзода, ҳамаатон ин қадар бемасъулиятӣ накунед, моро ин қадар ғам надиҳанд. Беҷиҳат мисли гадоҳо пул ҷамъ накунанд.
Як нафар корманди коррупсия бо номи Манучеҳр то Конибодом омада мошини Исломро дошта идораи коррупсия бурданду баъди чанд рӯз, баъди гирифтани пора ҷавоб доданд. Ман аз Султонзода Сулаймон пурсиданиям, ки магар вазифаи коррупсия борқапӣ бошад таможникҳоро аз байн гиред.
Муроҷиати ман ба Эмомалӣ Раҳмонов, Ҳабибулло Воҳидзода, Рмазон Раҳимзода. Хуршед Каримзода, СС.Ятимов. Султонзода Сулаймон, ки агар кормандонатон ба гапи шуморо гуш накунанд вазифаро холи кунед то як шахси сиёсатдор сари вазифа ояду нисбати кормандонаш сиёсат кунад.
Эй, мардуми тоҷик то кай ин беадолатиро тоб меоред, сарҷамъ шавед. Вақте як химча бошед мешикананд агар як даста шавед намешикананд. Сарҷамъ шаведу нисбати ин оилаи касиф сар бардоред, то озод гардед.
Душанбе
Ассалому алайкум бародари арҷманд Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман дар Душанбе ба дунё омадам, мактаб хондам,донишгоҳо се курс хондам ва ҳоло чанд сол мешавад, ки дар муҳоҷирати корӣ қарор дорам. Дар як ширкати сохтмонӣ кор мекунам. Чандин нафарро аз маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон дар ин ширкат ба кор ҷалб кардаам. Яъне корфармоям. Соҳиби ширкат аз кори мо розӣ аст. Чунки бефиребу бенайранг кор мекунем ва маоши хуби худро сари вақт мегирем.
Ҳамин сол дар моҳҳои апрел ва май ба Душанбе омадам барои гирифтани шиносномаи нави хориҷиам, ки муҳлати пешинааш ба анҷом расида буд. Аммо гапи ман дар бораи паспорт нест. Паспортро ба воситаи як шиносам дар 2000 сомонӣ гирифтам. Гапам дар бораи домсозӣ дар Душанбе ва нархи квартираҳо аст. Ман, вақте чанде аз домҳоро дидам ва ба кори сохтмончиҳо ошно шудам, бовар кунед, ки ҳуш аз сарам парид. Бо ин нархе, ки ҳоло мардум дар Душанбе хона харида истодаанд, дар инҷо, ки ман кор мекунам мешавад дуто харид. Ҳади ақал якуним хона мешавад.
Метри квадратии квартираҳо дар Душанбе аз метри квадратии квартираҳо дар ин шаҳр якуним то ду баробар фарқ дорад. Боз инҷо муштариҳо пешпардохт мекунанд ва то анҷоми сохтмон пули шартномаро ҳам пурра медиҳанд. Дар ҳоле, ки дар ин шаҳри Русия барои харидор имтиёзҳои зиёд, аз ҷумла барои пардохти маблағ ҳам дода мешавад.
Хонаи сохтаи Душанберо намешавад бо инҷо қиёс кард. Дар бораи планировкааш намегӯям, аммо дар Душанбе чор деворро рост мекунанду халос, дигар тамоми кори боқимондаро худи харидор мекардааст. Бовар кунед, ки дар ин ҳолат нархи метри квадратӣ ҳатто сесад доллар намеафтад. Аммо метри квадратии хонаҳо дар Душанбе аз 1000 то 2000 ва ҳатто аз ин ҳам зиёд фурухта мешавад.
Хонаи Душанбе нимсохт аст. Агар ба 60 -70 ҳазор доллар харидор гирад, ҳадди ақал боз 40 000 доллари дигар хароҷот мекунад, то онро обод созад.
Дар инҷо, ки ман ҳастам, Нижний Новгород дар ин пул, масалан 70 ҳазор доллар хонаи комилан барои зиндагӣ мувофиқро мегиред, ба истилоҳ-«заходи и живи».
Ман инҷо сарсониву саргардониҳои мардум, хонахезониву ҳавличапакуниҳо, ҳатто домҳои 5 ошёнаро чапа карда истодаандро намегӯям. Аммо як нафар шиносам иллати гароншавии нархи хона дар Душанберо дар доляи калони Рустам ва командааш гуфт.
Инҷо доля барои замини зери дом, инҷо доля барои Тоҷикстандарт, инҷо доля барои трансформатор, инҷо барои ҳам чиз доля медодаӣ, барои ҳамин нарх зиёд мешудааст.
Гуфт агар доля набошад се баробар фоида мегирем. Масалан барои территория, ки дар он дом мебардорӣ аз 500 то 1 миллион доллар медиҳӣ.
Гуфтам чаро ҷой бисёру шумо хонаҳои мардумро мегардонед? Гуфт инаш дигар кори Рустам аст.
Бовар кунед, ки ин домҳо як заминҷунбии шашбаларо намебардоранд. Даҳшати тайёр. Ягон масолеҳро тибқи талабот истифода намекунанд. Аз ҳамаи чиз, аз семент, аз арматура, аз регу шағалу қум медузданд.
Оқибаташ ба хайр шавад. Вале бовар кунед, ки ба хайр намешавад.
Ваҳдат-Ромит
Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол. Умедворам, ки ҳамеша хубу хуш бошед.
Ман аз Ромит барои шумо чандин нома фиристодаам, ки умед дорем дар барномаҳои алоҳида нашрашон мекунед. Устод, Худо шоҳид аст ки вазъ дар дараи Ромит ҳамин тавр шудааст.
Шояд шумо бовар накунед, аммо ахлоқ фосид ва фисқу зино беш аз гузашта афзуда истодааст. Дар мактаб зино, дар беморхона зино, дар ҷамоат зино. Бузӣ, наркотик, махсусан кристал авҷ гирифтааст.
Вале агар ман дурӯғ гӯям пагоҳ дар пеши Аллоҳ чи ҷавоб медиҳам? Ягон ҳарфи гуфтаам туҳмату дурӯғ нест.
Шумо ончиро, ки ман менависам давоми қиссаҳо аз Ромит гуеду чоп кунед. Ва ҳоло давоми қиссаҳо.
Раҷаби апачӣ ҳозир ҳамроҳи занаш дар Русия аст. Асалбеки додараш дар хонаи сеҳарфаҳо дар кор мондааст. Баъди навори шумо ҳам ба Асалбек ҳеҷ чиз нашуд. Дар Русия дом сохта фурухта истодааст. Ҳар моҳ ба сеҳарфаҳои Раҳмонов доля медиҳад.
Бачаи Раҷаби апачӣ айни замон дар Ромит «дору барои кайф» мефурушад. Курси дуввум мехонад. Дар ин кор бачаи Ҳасан бо вай шарик аст. Бачаи Ҳасан як раққосаро аз дискотека гирифт. Он бева аз дискотекаҳои Ваҳдат ва Душанбе дору мебиёрад инҳо мефурушанд.Б оз аз отдели Тангаӣ ҳам меовардааст, ин бева. Чунки бо кадоме аз ментҳо робита дорад. Бизнесмени бераҳм.
Ҳимоюддини раиси мамнӯъгоҳро ҳам баъди нашри навор дар Ислоҳ ҳеҷ чиз нашудааст. Кор карда истодааст. Домодаш бошад мардумро шата зада гаштааст. Дарахтҳои тарро бурида ҳезум карда мефурушад. Мардуми камбағал ҳозир ҳатто наметавонад ҳезуми хушку қоқро аз кӯҳ оварда сӯзад. Ҳама чизро, алаф, боғҳо, чарогоҳ ва заминҳоро аз дасти мардуми камбағал гирифтанд.
Комили прораб дар ҳар куҷо дурӯғ гуфта гаштааст, ки ман мухолифҳоро пул додам, он одами нома менавистагиро ба ман гуфтанд. Ин Комил беҳад шайтон аст. Мехоҳад бо ҳамин дурӯғгӯӣ ягон дасиса кунад. Мо инро нағз медонем, ки чи хел пеши Гулрӯи ромитӣ мерафт ба шаҳри Ваҳдат, ҳатто бо духтарҳои ин зан зино кардагӣ аст. Таксиро туда обратно заказ мекардӣ, 700-800 сомонӣ медодӣ. Ба Меҳронаи духтари Гулрӯ телефони Айфон харида додӣ. Таксисти Ромит пул мегирифт, духтарҳои ёшро туғриат мекард. Ҳатто калинчакҳоро мерасидӣ. Шайтониву дурӯғгӯи накун,ки ҳамааш нашр мешавад.
Бунафшаи духтари тағои Шоҳасан ҳам чизеаш нашуд, баракс як шӯ кард, ки шавҳараш дар Ваҳдат дом мебардорад, як ҷавони 30-сола.
Бахтовари генерал аз Аллоҳ битарс. Роҳи қабристонро бо дастури ту бачаҳо дуруст карданд, аммо пули коргарҳоро одамҳоят надоданд. Гуфтӣ, ки дар ҳақи очаам дуъо кунед. Наход то ин дараҷа паст бошӣ, ки пули коргарҳо-камбағалҳои бечораро надиҳӣ. Айб аст барои ту. Ин вазифаи ту як ҳаёт нест. Дар пеши Аллоҳ чи ҷавоб медиҳӣ. Ту аз гунаҳкорҳо пул мегирӣ. Ту модар, духтар, апаву хоҳар надорӣ? Як бор фикри ҳамонҳоро кун. Наход то ин дараҷа ту паст бошӣ.
Мирзовева Хурсанд аз як корманди военкомат дар Ромит, ки Комил ном дорад ва аз деҳаи Хушон аст 40 ҳазор доллар гирифта ваъда додааст, ки дар ҷои ман раиси ҷамоат мешавӣ, кор мекунӣ. Лекин фиребаш кард. Раиси ҷамоат Солеҳов Диловар шуд, пула суруп гирифт Хурсанд Мирзоева.
Мирзоева Хурсанд ба Комил мегӯяд, ки «пул нестай, ябори дига пул мегӣ турма мешӣ. Ту ай мардуми барои аблава чикадар пул кор кардагийӣ, ма ҳамаша медонум. Ҳозирашда да хами корт кор кун ма кришаватат мекунам. Ҳарвахтӣ аблава пули мара те»
Комил ягон гап нагуфта орому сокит боз аз пайи кораш шуд.
Ин Мирзоев Хурсанд беҳад зани шайтонсифат аст.
Як бача аз Навободи ҷамоати Ромит чор сол шуд, ки барои замин пулаш дода буд. Ҳар сол, ки аз Русия меомаду пеши Хурсанд медаромад, ки замин чи шуд, Мирзоева Хурсанд мегуфт, ки замин қимат шудааст. Хуллас, 200 ҳазор сомонӣ зиёд фиреб кард он бечораро, аммо кораш иҷро нашуд, замин надод. Он бечора оқибат худаш аз Чӯянгарон замин харид
Вақте мефаҳмид, ки аз Русия омадаӣ фарёд мекард, ки биё, заминхар бошӣ пулро бегона накун: «ма мефурушм замин». Рӯирост мегӯяд, ки дар пушти ман Озода бону меистад, агар пул дошта бошӣ 20 гектар замин мефуршамта»
Вале ҳамин ки пулро гирифт, тамом. Ягон мақомоти Тоҷикистон зӯраш намерасад. Мегӯяд, ки ҳамаша да уҷам задагйим, Озода бонуда ҳармоҳ долияша метм».
Як ҳодисаро нақл мекунам, дар бораи
Бачаи Сабзи Шодигул. Ин одам як вор в закон аз Тангаӣ ё Личак буд. Чанд сол зиндон шиштагӣ буд. Воҳимааш беҳад калон буд. Мегуфтанд, ки дар вес зонаҳои Осиёи Миёна гапаш мегузашт. Гапи ин одам бо кадоме аз бачаҳои Шоҳрух Саид мегурезад. Инро бераҳмона дар хонааш куштанд. Ҳатто чашмҳояшро кофта гирифтанд. Аз чанд ҷо барои экспертиза омаданд, аммо маълум накарданд, ки кӣ куштагӣ аст. Гуё то 48 соат кӣ куштаастро аз чашмонаш экспертиза муайян мекардааст. Вале инҳо чашмҳояшро нобуд карданд, дасту пойҳояшро бо табар зада буданд.
Дар он хона қартабозӣ бисёр мешуд. Ҳама қартабозҳоро,бо кӣ дар телефон гап задагӣ, дар камера киҳо ғалтидагӣ, таксистҳо даъват карданд, хуллас, барои ин ҳодиса аз 60-70 одам пул канданд. Даже отдели Тангӣ худаш гуфтааст, ки ин корро дигар одам кардагӣ. Вале аз 700 ҳазор доллр зиёд кор карданд.
Ягон одам тюрма нашуд, фақат пул канданду тамом. Милиса прокурор, амният фақат пул канданд. Кор барои баъзеҳо, махсусан онҳо, ки шаби ҳодиса онҷо буданд, беҳад вазнин афтод. Онҳо, мошин, замин, хонаҳо, гову гуспандҳо, ҳатто аз банк қарз гирифта дода ҷонашонро халос карданд.
