Архивы Сардар Бердимухаммедов - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.не»№ 377
Ин бор барномаамон бо се нома:- азДушанбе, аз Волгоград ва аз Ваҳдат мукаммал шуд.

Дар номае, ки аз Волгоград расидааст, муаллиф аз қаллобону дуздони тоҷик, ки тавассути шабакаҳо мардуми содаи худро ба домашон кашида бо ваъдаҳои бардурӯғи туҳфаву ҷоизаҳои гаронбаҳо бурд мекунед, масалан мошин, хона ва ё дигар чизҳои гаронбаҳо пули онҳоро аз ҷайбашон кашида мегиранд, ҳушдор додааст. Нависанда як матлаберо аз сайти нашрияи чопи Душанбе ба унвони далел овардааст ва дар ниҳояти номааш аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, милисаву амният талаб намудааст, ки ҷилави ин гуна қаллобонро то дер нашуда бигиранд.

Як нафар аз сиёсатмадорони собиқи тоҷик аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки раиси ҷумҳури Қазоқистон низ побапои Раҳмонов, Путин, Қурбонгули Бердимуҳаммедов ва Илҳом Алиев гузошта як мамлакати калон ва паҳноварро ба шоҳигарӣ ё аморат бадал карда истодааст. Ин сиёсатмадори собиқ аз онки бо Қонуни нави асосӣ Тоқаев қасд дорад боз курсии раёсати ҷумҳуриро ишғол кунад, шадидан изҳори нигаронӣ кардааст.

Номаи омада аз Ваҳдат ҳам айнан ба ҳамин мавзӯъи тасарруфи ҳокимият навиштааст. Муаллифи ин нома аз он изҳори надомат ва нигаронӣ мекунад, ки чи тавр як миллате, ки худро соҳиби фарҳангу тамаддун мешуморад 34 сол боз зери бори як электрик, ки ПТУ-ро бо азоб хонда ва аз маслажири Қурғонтеппа дар конистир рӯған медуздид ва бо костюму брюки нафари дигар Иҷлосияи 16 уми Хуҷанд омада буд, ноилоҷ мондааст.

Мо чи миллатем, ки ранги рама ва пода шудаему ва ин даҳмарда чизе фармояд ҳамонро ирҷо мекунем?

Волгоград

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқбол. Дар Волгоград ҳаво мисли Тоҷикистон гарм аст. Ду рӯзи пеш бо як дӯстам, ки нав аз Душанбе омада буд вохӯрдам ва аз ватан пурсон шудам. Аз ину он ҳикоят карду баъд боз аз он гуфт, ки ҳозир дар Тоҷикистон қаллобон  тавассути бозиҳои интернетӣ одамҳоро сахт фиреб карда пулҳои худро беҳуда бой дода истодаанд.

Зимнан худам ҳам чанд рӯзи пеш дар бораи ҳамин гуна қаллобиҳо як матлаберо дар сайти СССР хонда ва қасд доштам, ки онро ба воситаи сайти «Ислоҳ» ҳам бознашр кунему ба мардуми содаву зудбовари худ бифаҳмонем, ки беҳуда аз пайи ин гуна фиребгарҳо нараванд ва як суми ба азоб ҷамъкардаи худро ба ҷайби ин ҷаллобон нарезанд.

Дар ҳақиқат дар сайти ин нашрия як матлаби хуб нашр шудааст, ки як каме дароз мебошад. Барои ҳамин ман аз ҷо-ҷои ин мақола иқтибосҳоеро меоварам, ки манзараро равшан ва матлабро мафҳум мекунад. Ин матлаб таҳти унвони «SOS: Авомфиреби рушд мекунад» аз 2 июл чоп шудааст, ки ба қалами Омиронаи Сайёф тааллуқ дорад. Ду абзатси калони онро ҳазф карда боқии онро ба ин шакл пешниҳодатон менамоям: «Пас аз шикоятҳои сершумори хонандагон мо тасмим гирифтем фаъолияти яке аз чунин гурӯҳҳоро аз наздик мушоҳида намоем. Он рӯзҳо моҳи шарифи Рамазон буд. Моҳи мубораке, ки мусалмонон онро моҳи раҳмат, бахшиш ва парҳезгорӣ меҳисобанд. Дар ин моҳ мардум рӯза медоранд, намоз мехонанд, ба муҳтоҷон дасти кумак дароз мекунанд ва аз гуноҳ тавба менамоянд. Аммо саволе ба миён меояд: оё шахсе, ки худро мусулмон муаррифӣ мекунад, метавонад дар чунин моҳи муборак бо орзу ва умеди мардум бозӣ кунад?

Аввалин суҳбати мо бо ташкилкунандагони ин бозӣ то ҳол дар телефони мо маҳфуз аст. SAMADOV TJ +992012346969. Дар он чунин навишта шуда буд:

«Салом алейкум ака, билет ҳаст. Нархи билет 5 сомонӣ. Аксия: бо 100 сомонӣ 30 билет, бо 500 сомонӣ 130 билет».

Вақте мо дар бораи бозӣ маълумот пурсидем, дарҳол посух надод, ягон 1 соат пас смс-ҳои пай дар пай навишта, баъдан рӯйхати ҷоизаҳоро пешниҳод гардонид.

“5 сомонӣ пул парто мошини тамғаи «Mercedes E–Class», телефонҳои гаронарзиш, ҳазорҳо сомонӣ маблағи нақдӣ ва дигар туҳфаҳои ҷолибро сазовор шав, шансатро аз даст надеҳ”

Барои шахсе, ки зиндагии вазнин дорад, чунин ваъдаҳо метавонад бисёр ҷолиб намояд. Бисёриҳо бо худ фикр мекунанд, ки шояд бахт ба рӯяшон бихандад ва бо ҳамагӣ 5 сомонӣ соҳиби мошин шаванд. Аммо маҳз ҳамин орзу ва умед баъзан онҳоро ба доми фиребгарон меандозад.

Пас аз анҷоми моҳи Рамазон мо аз натиҷаи бозӣ пурсон шудем. Аммо ба ҷойи эълони ғолибон ва нишон додани бурдкунандагон, баҳонаҳои нав сар шуданд. Гуфтанд, ки билетҳо ҳанӯз пурра фурӯхта нашудаанд. Боз гуфтанд, ки шумораи иштирокчиён кам аст. Сипас аз мардум хоҳиш карданд, ки боз билет харанд ва дигаронро низ ҷалб намоянд. Ҳамин тавр муҳлати бозӣ пай дар пай дароз карда мешуд.

Тавассути рақами WhatsApp моро ба шабакаи Telegram роҳнамоӣ карданд. Вақте ба он ҷо ворид шудем, дидем, ки зиёда аз 2351 нафар обуначӣ дорад. Аз ин ҷо чунин хулоса бармеояд, ки ташкилкунандагон танҳо бо фурӯши билет қаноат намекунанд. Онҳо ҳамзамон шумораи обуначиёни худро зиёд намуда, аз ҳисоби онҳо низ манфиат ба даст меоранд. Ҷолиби диққат он аст, ки дар шабакаи Telegram танҳо маъмурони гурӯҳ ҳаққи навиштан доранд. Ҳеҷ як иштирокчӣ наметавонад озодона савол диҳад ё андешаи худро баён намояд. Агар касе хоҳиши фаҳмидани натиҷаи бозиро дошта бошад, ҷавоби равшан намегирад. Танҳо наворҳои пай дар пай нашр мешаванд, ки дар онҳо ташкилкунандагон назди мошинҳои гаронарзиш истода, мардумро ба иштирок дар бозӣ ташвиқ менамоянд.

Ҳар рӯз наворҳои нав назди мошинҳои тамғаи «Mercedes», «Prado», ҷипҳои қиматбаҳо ва дигар воситаҳои нақлиёт. Садо баланд мешавад:

«Ҳамагӣ 5 сомонӣ парто, соҳиби мошин шав! Фурсатро аз даст надеҳ!»

Аммо касе намепурсад, ки ин мошинҳо ба кӣ тааллуқ доранд, аз куҷо оварда шудаанд ва чанд нафар воқеан соҳиби онҳо гардидаанд?

Мутаассифона, дар ҷомеаи мо ҳанӯз ҳам одамоне ҳастанд, ки аз рӯйи боварӣ ва содагӣ маблағҳои худро ба чунин бозиҳо месупоранд. Баъзеҳо барои харидани билет маблағи охирини худро сарф мекунанд. Баъзеҳо бо умеди беҳтар кардани зиндагии худ ба ваъдаҳои зебо бовар менамоянд. Аммо дар аксари ҳолатҳо танҳо ноумедӣ насибашон мегардад.

Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ба майдони нави фаъолияти фиребгарон табдил ёфтаанд. Агар пештар қаллобон дар кӯчаҳо одамонро фиреб медоданд, имрӯз онҳо бо телефон, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ин корро анҷом медиҳанд. Усул дигар шудааст, аммо ҳадаф ҳамон аст-гирифтани пули мардум. Бозии мазкур то ҳол ҷамъбасти равшан надорад, аммо ҷамъоварии маблағ идома дорад. Аз ин рӯ саволҳои зиёде беҷавоб мемонанд. Агар ҳама чиз қонунӣ ва шаффоф бошад, пас ғолибон куҷоянд? Чаро онҳо ба мардум нишон дода намешаванд? Чаро натиҷаҳо ошкоро нашр намегарданд? Чаро шикоятҳои мардум рӯз аз рӯз бештар мешаванд? Ва аз ҳама муҳим, оё фурсате нарасидааст, ки дар кишвари мо «Милисаи интернетӣ», «додситонии интернетӣ» таъсис ёбад, то танҳо бо интернет-мошенникҳо кор кунад.

Мақомоти дахлдор бояд ба чунин ҳолатҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Зеро сухан танҳо дар бораи чанд сомонӣ нест. Сухан дар бораи боварии мардум аст. Вақте боварии шаҳрвандон мавриди суистифода қарор мегирад, ин танҳо зарари молӣ нест, балки зарба ба эътимоди ҷомеа мебошад.

Ҳушдор: мардум низ бояд ҳушёр бошанд. Ҳеҷ кас мошини миллионсомониро барои чанд сомонӣ ба осонӣ намедиҳад. Дар паси ҳар ваъдаи зебо бояд далел ва шаффофият вуҷуд дошта бошад. Дар акси ҳол, эҳтимол дорад, ки орзуи бурди мошин ба дарди сар ва пушаймонии дарозмуддат табдил ёбад.

Ва аз ҳама охир мардум бояд донад, ки ин қимор аст ва агар бурд ҳам кунед, гуноҳ мекунед, зеро қимор дар ҳама кутуби осмонӣ, сар аз аз Мусҳафи Иброҳиму Тавроту Инҷилу Қуръон ҳаром аст. Мо Метавонем!!!»

Ба ин матлаб ҳаминро илова карданиам, ки бояд мақомоти милиса ва амният аз пайи ифшо, ошкор ва ба зиндон андохтан ин гуна нафарони қаллобу фиребгар бишаванд. Бояд сари вақт ин корро кунанд, то мардум зарар набинад. Аммо ба назар меояд, ки кор тамоман баракс мешавад. Милиса, вақте аз пайи ҷустуҷӯву таҳқиқ мешавад, ки кор аз кор гузаштааст. Он вақт чи фоида?

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Фикр мекардам, ки раиси ҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев аз Раҳмонову Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедови туркман, ки бачаашро дар ҷояш овард фарқ мекунад, аз Ҳайдар Алиеви озар, ки бачаашро оварду бачааш борҳо Қонуни асосиро иваз карда курсиро доданӣ нест, фарқ хоҳад кард. Аммо афсус, ки ин тавр нашуд. Як соли пеш Қосимҷомарт Тоқаев дар як мусоҳиба ба шабакаи «Ал-ҷазира» чунин гуфта буд,ки гуфтаи ӯро айнан ба забони русӣ меоварам: «Я убежден, что президент любой страны, в первую очередь, моей страны — это государственный менеджер, а не посланник Бога. Он является государственным менеджером, которого нанял его собственный народ. В нашем случае — всего на семь лет».

Ин мусоҳибаи Тоқаев бо ин шабака моҳи  июни соли гузашта сурат гирифта буд ва он вақт Тоқаев изҳор дошта буд, ки бо ҳамин навбат раёсати ҷумҳуриро хоҳад супорид ва дар интихобот довталаб намешавад

Аммо, чуноне маълум мешавад баъди референдуми Қонуни асосии Қазоқистон дар моҳи марти соли ҷорӣ тамоми муддат то ин вақт ҳамчун раиси ҷумҳур фаъолият кардани вай ба сифр баробар карда шуд.Айнан коре,ки Раҳмонов ва Путин баъди тағйироти Қонуни асосӣ карданд.Яъне Тоқаев ҳам метавонад боз ҳамчун муддаии курсии президентӣ баъди ин Қонун даъво кунад.

Мутаассифона ин тенденсия, ки яке аз асосгузоранаш Раҳмонов аст ба дигар раисони ҷумҳурии кишварҳои шӯравии пешин, то ба Путин таъсир кард. Путин ҳам гуфта буд, ки дигар иштирок намекунад ва барои курсӣ шуда Қонуни асосиро,ки муқаддас аст иваз намекунад. Аммо туфи кардаашро пас хурд ва ин гапу корро Раҳмонов ҳам задаву карда буд.

Инҳо, ки қудратро гирифтанд дигар раҳо карданӣ нестанд. Мамлкат ва давлатҳоро ба шоҳигариву аморат табдид доданианд.

Аммо савол ин аст ки бо онки қудратро тасарруф мекунанд, барои ин мардум чи беҳбудӣ меоваранд?

Путин як мамлакати бузургро б хоки сияҳ нишонд. Раҳмонов ҳукуматро оилавӣ карду тамоми авлоду хешу табори бачаву духтару домодҳояшро дар курсиҳои давлат шинонд. Илҳом Алиев ва Сердар Бердимуҳаммедов ҳам тамоми дороиҳои мансуб ба халқи худро дуздиву кашонида истодаанд ва халқи худро дар паёк шинонидаанд.

Инҳо бо ҳарфу шиори демократия ба бадтарин шарту шароити низоми феодалву ғуломдорӣ мардумро овардаанд.

Ин мардум бояд худашон тақдири худашонро ба даст бигиранд.

Агарчи ҳоло Қосимҷомарт Тоқаев эълони омодагӣ барои курсии раёсати ҷумҳуриро накардааст, аммо аз замзамаҳо ва нағмаҳояш бармеояд, ки айнан ҳамин роҳро рафтанӣ.

Бигзор, ин таҳаввули шикасти диктатура ва диктаторҳо аз Қазоқистон ва мардуми он оғоз шавад. Мардуми қазоқ ин корро ҳанӯз дар давраи шӯравӣ ба намоиш гузошта буданд.

Соли 1988 Маскав як гумоштаи худ бо номи Колбинро ба он Котиби Якум-сардори давлат таъин кард, ки қазоқҳо бо як ғазои умумимиллӣ ӯро нагузоштанд, яъне Маскавро пас заданд. Бигзор ин бор ҳам онҳо ин роҳи муборизро пеш бигиранд ва намунаи беҳтарин барои мардуми Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикҳо шаванд.

Ҳар кишвар, ки дар он ҳукумат интихобӣ ва бо ихтиёри мардум иваз намешавад он кишвар аз рушду шукуфоӣ ва пешравӣ мемонад ва ҷойи онро диктотура ва коррпусия мегирад.

Ваҳдат

Ассалому алайкум бародари роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман сокини шаҳри Ваҳдат мебошам. Номаҳои бисёре равон кардам ба шумо, ки ҳамаашро нашр кардед. Раҳмати худо бар шумову бар падару модаратон. Гоҳо мешинаму дар фикр фурӯ меравам, ки чаро як миллати мутамаддинро як электрики колхозчӣ чи хел ба ин рӯз оварда расонд? Мо, ки худро миллати бофарҳангу ботамаддун мегӯем барои чи имрӯз ғуломи як ношуд ва хонаводаи вай шудаем. Мо дар куҷо хато кардаем, ки ба чунин рӯз омада расидем? Чаро мардуми мо ҳозир ҳам ин номарди бадинсофи бесаводро нашинохтаанд ва ба дуруғҳои вай бовар мекунанд? Агар мардум гапҳою ваъдаҳои ӯро муқоиса кунанд, агар камтар калаашонро кор фармоянд худашон мефаҳманд, ки ӯ як дуруғгуи каззоб ва дузд, як тарсончаку бесаводи тупой аст ва ин як миллати бо фарҳангу бо тамаддунро ахмақ карда гаштаасту худ ва авлодонаш аз ҳисоби ин мардум кайфу сафо карда гаштанд. 95 фоизи пулҳои ин миллатро дуздида чи хеле мефорад истифода мебарад.

Эй , мардуми бофарҳангу ботамаддун! Барои чи мо хапему ин дузд моро ғорат карда истодааст? Ҳушатон кай бар саратон меояд? Ин коре, ки ӯ нисбати мо мекунад барои ин миллати мутамаддину бофарҳанг арзанда нест. Шояд ин кор ба сари ягон милати навзуҳур рост ояд, на ба мо. Ҳамин ҳоло 10уми июл, гармои тобистон, оби дарёҳо аз соҳилҳо рехта истодааст, аммо мо қувваи барқ надорем.Чаро?

Агар мо сари роҳи дуздиву ғорату тохтутози ӯро нагирем, мо дигар чихел метавонем худро миллати бо тамаддун муаррифӣ кунем. Чунки ин подабон моро дар тамоми дунё шарманда кард. Худи ҳамин ҳолат, ки беш аз сӣ сол аст ӯро дар сари худ доштаем, далел ба шармандагии мост. Як нафаре, ки биёяд аз як колхозу моро раису роҳбар шаваду таъриху тамаддун омӯзад ва худро пешвову ҷаноби боз кадом унвону рутбаҳо диҳад ва мо миллати мутамаддин ҳамаи инро бо гуши лақаву бо чашми кушода бишнавему бубинему ҳиҷ коре аз дастамон барнаояд.

Агар ҳамин хел рафтан гирад, мо аз ин ҳам шармандатар мешавем. Оқибати ин миллат чи мешавад? Ин моро ба куҷо мебарад, оё шишта ягонбор андеша кардаед? Ин электрики дузд дар давоми давлатдориаш ягон кори хайре барои мардум кардаас? Эй, мардум шинед муқоиса кунед -ӯ барои мо чи кардааст? Ӯ барои мо чи кардаасту барои худаш ва оилааш чи кардааст? Ҳозир аз Душанбе райони Рӯдакӣ меравад бо вертолёт, агар Кулоб равад самолет савор мешавад. Охир, ин кӣ буду ба куҷоҳо расид? Дар даруни фермаву дарзаи алафу беда ва ему кунҷора мегашту гову гусфанд медуздид. Ҳозир чӣ?

Аз авали сари қудрат омаданаш бо сухани дуруғ шуруъ кардааст, ки инро дар тамоми ҷумҳурӣ дар ҳар корхонаву мактабу мадраса таълим дод ва муваффақ ҳам шуд, ки қариб ҳамаи мардум ба роҳи ӯ қадам гузошта рафта истодаанд.

Дуюм мероси ӯ ба мардум ғорат аст ки худ, ки дузду ғоратгар аст инро ба мардум таълим дод:-аз садик сар шуда то ба мактабҳои миёнаву олӣ пажӯҳишгоҳҳову муассисаҳои илмию фарҳангӣ,то ба корхонаҳо омаду расид. Дигар мардум чи ёд гирифтанд аз ин электрики бесаводи дузд? Фақат дуздиву ғорату дуруғгӯӣ. Дигар ин ҳеҷ чиз мерос нагузоштааст.

Мо вақте худро миллати бофарҳанг мегуем набояд моро як бесавод тохтутоз кунад. Мо бояд пеши роҳи инро гирем, мо бояд шинему андеша кунем, нақша кашем, роҳашро ёбем. Ҳеҷ мумкин нест, ки як бесавод, як босаводро роҳнамоӣ кунад. Бояд саводдор бесаводро роҳбарӣ кунад. Чунки он бесавод худ гумроҳ аст.

Барои ҳамин имрӯзҳо мешинаму ба фикр фурӯ меравам, худ ба худ мегӯям майлаш як бесавод як саводнокро мешавад, ки дар ҳолатҳои ногувор ягон роҳе нишон медиҳад ки ин ба манфиати ҳамон саводдор аст, инро бояд қабул кард. Лекин инҷо гап сари як шахс нарафта истодааст инҷо гап сари як милати бо фарҳангу ботамаддун рафта истодааст, ки як бесаводи подабон як миллатро аҳмақу саргардон кардааст.

Чаро мо пеши роҳи ӯро гирифта наметавонем, мо, ки бо фарҳангу бо тамаддун бошем, ин ба мо мардум арзанда нест. Бояд аз илму донишу фаҳмиши худ истифода барему шинем нақша кашем, ки аз ин вазъият чи гуна берун оем. Набошад ҳозир ҳам дер нашудааст, набошад дер мешавад. Чунки ин бесавод моро гумроҳ кард, бо ҳар роҳу усули худ, мо бояд инро қабул кунем. Лекин фикри фарзандони худро бояд кунем. Онҳо ба мисли мо гумроҳу бесавод нашаванд. Мардум ҳозир ҳам дер нашудааст, шинед андеша кунед, роҳашро меёбем фақат муттаҳид шудан даркор ба мисли мардуми Эрон дидед, ки муттаҳидии онҳо онҳоро ба душмани бузург муваффақ кард. Магар мо ҳам форс нестем ва худро форс ҳисоб намекунем? Вақте мо худро форс ҳисоб мекунем, набояд дар пеши зулм  сар хам кунем. Ман мебинам афғонҳо ва эрониҳо худро форс медонанд, мебинам ҳеҷ гоҳ пеши касе сар хам накардаанд. Мо, ки худро аз решаи онҳо медонем, барои чи бояд пеши як дузди ситамгар сар хам кунем. Агарки сар хам мекунем, мо аз решаи форсҳо нестем, худро мо дигар форс наҳисобем ва дигар сухан аз тамаддуну фарҳанг назанем.

Эй мардуми ҷабркашидаи ман! Ин суханҳои ман мумкин, ки ба гӯши шумо сахт расад, лекин ҳақиқат аст.

Бояд касе инро бигӯяд, аммо шумо интизори касе намонед, ки биояуд шуморо наҷот диҳад. Мо агарки миллати бофарҳанг бошем нақшаи наҷоти худамонро бояд худамон кашем, бо ҳар роҳе набошад. Инро фикр кунед, инро аз хонаҳои худ шурӯъ кунем. Чи хеле, ки Раҳмонов аз хонаи худ кайҳост, ки шурӯъ кардааст ва нақша дорад, ки ин ҳукумату ин давлатро оилавӣ кунад ва президентиро ба бачааш диҳад. Чаро? Чунки диду фаҳмид, ки моро осон ғулому барда кардааст, бар гардани мо сувор шудааст, ҳама чизи мардумро аз они худ кардааст. Вақте вай ҳамаи ин корҳоро кард, дид, ки касе садо баланд намекунад, хапу хомӯш аст боз бештару сахттару бадтар карда истодааст. Мехоҳад, ки бачаҳои мо ба бачаҳои вай, чи хеле худамон ба худи вай ғуломвор кор карда истодаем, кор кунанд.

Роҳи дурустро ба фарзандони худ коре кунед, ки фаҳмонед. Ман гуфтаниам, ки  гарчанде худатон ғуломи вай гаштаед, ҳаракат кунед фарзандонатон ғуломи ӯ нагарданд. Бигзор,бо чи роҳе бошад аз ин мусибат ва фоҷиа,аз ин бало,бар ивази ҷонамон бошад раҳо шавем.

Ин буд фикри мани солхӯрда, ки ҷангҳои шаҳрвандиро ҳамаашро дидам ва то имрӯз умр басар мебарам. Шумо ҳеҷ гоҳ ба одами дуруғгӯву бесавод бовар накунед!

Бо умеди пирӯзӣ. Хонаободу сарбаланд бошед милати азизам. Худо ҳофиз!

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.не»№ 377 появились сначала на ISLOH.net.

Бахшиши ғайримунтазира ва бесобиқа
Ҳазорҳо сокини Тоҷикистон сахт интизор буданд, ки ба муносибати 30 солагии қабули Қонуни асосӣ қонуни афв дар моҳи ноябри соли 2024 қабул хоҳад шуд. Аммо Раҳмонов ин қонуни асосиро қабул накард. Дар ҳоле, ки ҳадди ақал дар бист соли ахир ҳар се сол қонуни афв қабул мекард ва афви охири қабулшуда ҳам дар соли 2021 буд ва бемалол метавонист, ки дар 2024 қабул кунад. Аммо накард. Чунки дар зиндонҳо афроди зидди сиёсатҳои Раҳмонов ва онҳо, ки то уфтодан дар зиндон намоз намехонданд, намозхон шуданд, зиёд шудааст.

Барои ҳамин фармони афви Раҳмонов, ки чанд рӯзи пеш содир шуд ғайриинтизор буд ва дар ҳақиқат собиқа надорад.

Чаро Раҳмонов бахшиш кард?

Имзои фармони бахшиши Раҳмонов, агарчи баъди файсалаи баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон сурат гирифт ба он муртабит нест. Имзои ин фармон баъди анҷоми сафари вай ба Маскав сурат гирифт. Матбуоти русӣ навишт, ки дар ин сафар масъалаи Рустам ва интиқоли қудрат аз падар ба писар ҳал шудааст ва гуё Путин ризоият додааст, ки Раҳмонов нақшааш дар бораи овардани Рустамро ба иҷро дароварад.

Раҳмонов бо ин бахшиш хурсандиашро ошкор кард ва пинҳон надошт, ки Путин ба овардани Рустам, ки мухолифат дошт, розӣ шуд. Ва аз Маскав ба Душанбе расидан замон фармони бахшишро имзо кард.

Вале ин бахшиш ҳам шомили ҳоли онҳое, ки зиндониҳои сиёсӣ маҳсуб мешаванд нахоҳад шуд. Дар ҳоле, ки тибқи урф ва риволи мулк ва давлатдорӣ раҳбари як давлат бояд ҳарифону рақибони сиёсиашро бибахшад то бар ҷойгоҳ ва азаматаш биафзояд ва рақибонаш ҳам забони кутоҳ дар баробараш дошта бошанд. Аммо Раҳмонов ин корро дар ҳеҷ ҳолат нахоҳад кард, чунки худи вай дар баробари ҳарифонаш масалан Маҳмадрузи Искандаров, Зайд Саидов ва амсоли инҳо забонкутоҳ аст.

Бахшиши Раҳмонов аломат ва нишонаи хушҳоливу хурсандиву ризоияти вай аз натиҷаи сафараш ба Маскав аст.

Чаро Раҳмонов Наврузро махсус таъкид кард?

Дар фармонаш тазаккур кард ва ин бахшишро ба Навруз  пайванд дод барои онки вақту замон барои изҳори хурсандиаш дер нашавад. Вале чун Навруз дар даруни моҳи мубораки барои мо мусалмонҳо Рамазон омад, онро махсус тазаккур кард ва нишон дод ва таъкид ва тасдиқ кард, ки вай бо ислому мусалмониву моҳи мубораки он на фақат рабту пайванд ва дилбастагӣ надорад, балки муқобили он аст ва ба он нафрат меварзад.

Масалан Раҳмонов метавонист ин бахшишро то чанд рӯзи дигар дертар содир кунад, масалан дар моҳи апрел. Аммо махсус дар рамазон ва бо таъкиди онки ба муносибати Навруз аст уқда, душманӣ, танаффур, бадбинӣ, хусумату хушунати даруниву қалбиаш бо исломро зоҳир кард. Раҳмонов мехоҳад бигуяд, ки вай исломро бад мебинад. Барои вай Навруз ва рақсу бозӣ авлотар ва афзалтар аст.

Бубинед шуруъ аз Сафармурод Ниёзов то Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ва ҳоло Сердар ҳамасола аз салоҳияти конститутсионии худ истифода карда бандиҳоро бахшиш мекунанд. Ва ин бахшиш бештари сол ба муносибати фарорасии шаби лайлатулқадр ва иди сайиди фитр ва ё иди Азҳо-Қурбон ду иди асосии қуръонии мусалмонҳо сурат гирифтааст. Ахиран Сардор Бердимуҳаммадов барои имсоли шаби лайлатулқадри моҳи мубораки Рамазон эълони бахшиш кард. Вва ин фармонро рузи 21.03 и имсол имзо кард ва беш аз 350 нафар ба озодӣ баромаданд.

Ҳамин тавр Шавкат Мирзиёев ҳам ҳатмани ҳатман ба муносибати ин ду иди бузурги исломӣ фармони бахшиш ва афв имзо мекунад.

Масалан  9 апрели соли 2024 ба муносибати иди рамазон- «Рамазон-байрам» 426 зиндониро бахшид.

Чаро Раҳмонов аз онки барои мисол дар моҳи муборак ё дар иди Қурбон бахшида бошад намекунад. Дар моҳи муборак аммо Наврузро тарҷеҳ дод.

Мо, инро чи гуна бифаҳмем? Бале, барои Раҳмонов Навруз аввал ва афзал аст. Ин на ба он аст ки вай ошиқу шефтаи таъриху гузаштаи ин миллат аст, ин на бо маъно аст ки Навруз иди мардуми аст, ин ба он маъно аст ки аз Ислом ҳазар мекунад, парҳез мекунад.

Метавонист бигуяд, ки ба муносибати ин моҳи муборак, ба муносибати даҳаи ахир  аммо нагуфт ва намегуяд. Маълум аст ки рӯза ҳам намедорад.

Ин рақси дастафшониву ишкамбаҷумбониву қошпарониву думбатакониашро бинед. Мусафеди 70уандсола шармаш на аз Худо ва на аз банда меояд. Минбарро таваҷҷуҳ кунед фақат худаш ва Рустам. Ин чмои раиси нави Маҷлисро даронҷо роҳ надоданд. Қаблан Убайдуллоев ва Зуҳурову сарвазир ҳам онҷо буданд. Аммо ин бор фақат худаш ва Рустам. Маънодор аст. Агар диққат дода бошед аз қизиқи рақс бо думбаи 100 кг курсиро зад ва Рустам онро бе роҳ карду дурбин дар ҳол ба саҳна гардонида шуд. Ин пирбузбалаи аҳмақ ҳаргиз одам нашуд,ки нашуд ва шудани ҳам нест.

Аммо ин шо Аллоҳ ба ин орзу ва ҳавасҳояш нахоҳад расид.

Чаро Раҳмонов дар даруни моҳи мубораки рамазон, моҳи хос ва вижа барои мусалмонони олам бар Навруз тарҷеҳ медиҳад?  Ин дар худ паём дорад?  Ин нигоҳи Раҳмонов ин заҳри Раҳмонов аст ба  ислому мусалмонӣ ва мусалмонон.

Раҳмонов бо ин мардуми мусулмон мушкил дорад.

Чаро Раҳмонов бо ин мардуми мусулмон кори як номусулмонро мекунад? Ин чи гуна раиси як давлати мусулмоншин аст? Бале ҳамин Раҳмонов.

Чаро раиси ҷумҳуриҳои ҳамсоя бо дину оини худ мушкил надоранд. Чаро онҳо наметарсанд? Чаро Раҳмонов метарсад?

Кутоҳи гап. Раҳмонов аз мо-исломиҳо метарсад ва метарсад, ки боз ҳаминҳо фукашро ба замин хоҳанд шакид. Ин шо Аллоҳ ин бор дигар хел хоҳад шуд.

Мо, намедонем, ки Раҳмонов киҳоро мавриди бахшиш қарор дод. Бахшидан, бахшиш кардан истисноан дар ваколати сардори давлат ва дар Тоҷикистон Презиент аст. Онро номбаном татбиқ мекунад. Ин афв нест. Афв бар тибқи қонун қабул ва бар асоси моддаҳои воридшуда ба он татбиқ мешавад. Аммо бахшиш, ки гуфтем ҳуқуқи истисноӣ аст ба афроди алоҳида аст.

Аммо на хабаре аз раҳоии хабарнигорони зиндонӣ, на хабаре аз раҳоии зиндониҳои сиёсӣ ба мо расидааст. Ин дар ҳоле аст ки аз тамоми зиндонҳо, аз ҷумла усиленний (пурзур) строгий ( сахт) ва обший (умумӣ) маҳкумшудаҳо раҳо шудаанд.

Пас, ин бахшиши вай фақат як навъ фиреб аст, ки гуё афв кард.

Сообщение Бахшиши ғайримунтазира ва бесобиқа появились сначала на ISLOH.net.

Гурбангулӣ Сардорро меоварад, Раҳмонов чаро Рустамро наметавонад биорад ?
Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов, раиси ҷумҳурии Туркманистон, яке аз диктаторҳои мустабиди Осиёи Марказӣ аз курсии қудрат канор гирифт. Тасмими канорагирии вай дар пайи мудохилаи хориҷӣ, ё вобаста ба вазъи сиҳҳатӣ ва ё бо хоҳиши худ ва ё таҳти таъсири ҳаводиси Қазоқистон гирифта шудааст, масъалаи дигар аст. Аммо вай ду сол қабл аз анҷоми муҳлати риёсати ҷумҳуриаш курсиро раҳо кард. Эълон кард, ки акнун роҳро барои ҷавонҳо боз мекунад. Манзури вай аз ин ҷавонҳо писараш Сардор буд, ки ҳамин тавр ҳам кард. Номзадии ӯро ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ-ба курсии худаш пешбарӣ кард. Албатта, ин як навъ қаллобии сиёсӣ, найрангу фиреби навбатии мардум аст, ки танҳо бо як мақсад -ҳифзи қудрат ва курсӣ дар дасти як оила мебошад.

Аммо, ба ҳар сурат Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов аз Эмомалӣ Раҳмонов фарқ кард. Вай дар 64-солагӣ ва бо гузашти 15 соли қудратдорӣ иқрор кард, ки дигар пир шудааст, ба сини пайғамбарӣ расидааст, корро бояд ҷавонҳо пеш баранд. Вале ин “Асосгузори сулҳу ваҳдату Пешвои муаззами миллат” ба 70 даромада бошад ҳам, умраш аз сини пайғамбарамон ҳам 7 сол гузашта бошад ҳам, 30 соли дуру дароз бе истироҳат дар сари қудрат бошад ҳам, куҳантарин, пиртарин, фарсудатарин, фартуттарин, дилбазантарин раиси ҷумҳурии на танҳо Осиёи Марказӣ, балке собиқ шӯравӣ бошад ҳам, ҳамоно бо дасту дандон курсиро қапида, рафтан намехоҳад. Вай ҳам мисли Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов писарашро ҳанӯз аз 23 солагиаш дар давру бараш «чархонида» ва то як ваҷабаи курсии раёсати ҷумҳурӣ овардааст, аммо ҳеҷ  не, ки   бо майли худ биравад. Албатта ин иллатҳои хосси худро дорад,ки дар поётар зикрашон мекунем.

Гурбангулӣ Бердимуҳаммадов ва усули риёсати вай аз Раҳмонов монданӣ надорад. Вай ҳам як диктатори тамомаёр аст. Вай ҳам кеши шахсияти худро тарвиҷ карда ба худ унвони «Аркадаг» дод. Тамоми шохаҳои иқтидори сиёсӣ ва давлатиро дар мушти худ даровард. Вале ҳамчун инсон, маълум мешавад, ки иззати нафс дорад, қаноат ҳосил кардааст, сер шудааст.

«Аммо ба Раҳмонов ин ҳамаро нисбат дода намешавад. Ду баробари замони ҳукмронии Бердимуҳаммедов дар сари қудрат истода бошад ҳам, кайҳо ба сини «пенса» чуноне пирамардони мо мегӯянд расида бошад ҳам, аслан дасту дил канданӣ нест, мисли кана дар пӯсти гов ба курсӣ часпидааст. Сарнавишти нангину бешарафонаи Нурсултон Назарбоев барояш сабақ нашуд, ки нашуд. Унвони “пешвои миллат” ро аз ӯ омӯхт вале рафтанро чаро аз Назарбоев намеомӯзад намефаҳмем?.»

Раҳмонов фартут шудааст, пиртуруш шудааст, бӯ гирондааст, аммо намехоҳад орому осуда, гурбангуливор биравад. То кӯдаки гаҳвораи набераашро миллионер кардааст, ҳамоно сер нашудааст ва шуданӣ нест. Дар ҳақиқат осори ҳамон гушнагиҳои даврони бачагиаш, ки худаш ҳам борҳо иқрор кард, аз баданаш нарафтааст.

«Имрӯз боз корхонаи нуриҳои азотии Вахши собиқро ҳам гирифт. Ба замми ин ҳама талаву тороҷи молу моликияти мардум ҳаминро ҳам аз худ кард. Намегӯяд, ки ман пир шудам, бас аст, ҷамъкардаҳоям, онҳоро нохӯрда мемурам, барои ман чи лозим? Мисли IRS-ширкати пулчинаки роҳи Душанбе-Хуҷанд, ки бо гузашти 11соли ғорати мардум фаъолият дораду касе намедонад соҳиби он кист, ин корхонаро ҳам тавре фурӯхтааст, ки аз сири давлатӣ ҳам пӯшидатар аст. Маълум аст, ки худаш ё бачааш, ё яке аз домодҳои бешумораш гирифтагианд. Ё Озода ва ё Таҳмина? Аз шарми мардум ҷуръат надорад бигӯяд, ки ба кӣ фурӯхтааст ва харидор кист?»

Аммо ҳоло хона ба хона дар Хоруғ гашта имзо ҷамъ карда истодааст, ки барои дастгириву пуштибонии Мамадбоқир ба кӯчаву хиёбон набароянд, бимонанд, ки вай Мамадбоқирро бикушад. Чунки ба фарқ аз Гурбангулӣ ин пуртурушшуда аз роҳи хунрезӣ ба сари қудрат омадааст ва худаш ҳам гуфта буд, ки «бе хун намеравам».Бисёр ҳам бераҳму золим аст. Бадахшониҳоро гаравгон гирифтаву беш аз пеш болояшон фишору тааддӣ мекунад. Ҳамаро безор кардааст.30 соле. Шӯхӣ не. Ба гуфтан осон. 30 сол аст ки мекушаду зиндон мекунаду ҳамла мекунаду юриш мебараду медуздаду ….хуллас, тамоми кори бадро мекунад.

«Дар 15 сол (ин ҳам ғайридемократӣ ва дур аз меъёрҳои мардумсолорӣ) ин мардак- «Аркадаг» рафтам гуфту рафта истодааст, аммо “Пешво”и худхондаи оила ҳоло ҳам шиштаасту дар фикри рафтан нест. Ҳозир як ҳамин монд. Як ҳамин “Пешво” монд. Не Нурсултон, не Ислом Каримов, не Гурбангулӣ монд ё аниқтараш мемонад. Тамоми башиҳову басиҳо рафтанд фақат як ҳамин монд. Яккамахав шуд. Ҳама рафтанду рафта истодаанд. Ин рафтанӣ несту таҳким бахшиданӣ аст. Ба Помир артиш даровардаасту ҳоло ҳам дар фикру дуздиву сарватандӯзӣ-корхонаи Азотро аз они худ кард. Бовар кунед, бисер ҳам гушнамасти носерам аст. Тамоми молу мулки дунёро ҳам хурад боз сер намешавад.»

“Аркадаг” ба бачааш супорид, инки ҳам мехост ба бачааш бисупорад, супориданӣ нест чаро ?

Дар моҳи июни соли 2020 мухолифон тарҳеро дар Туркманистон роҳандозӣ намудаанд,ки дар пули миллии Туркманистон ибораи “Ҳарамдагу”  ё «Haramdag, güm bol!».  Яъне пешво марг ба ту ё ҳаром пешво бирав. Ин тарҳро мухолифон чанд рӯз пеш ҳам бори дигар роҳандозӣ намуданд,ки хело такони ҷиддӣ барои Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов буд ва ин тасмимро ниҳоятан гирифту рафтани шуд. Бовар кунед фаолтарин мухолифони сиёсӣ дар осиёи миёна ва ҳатто собиқ иттиҳоди шуравӣ ин мухолифони сиёсии Тоҷикистон ҳастанд. Аммо сарсахтарин, беортарин, номардтарин, беҳаётарин раисҷумҳурони ин кишварҳои пасошуравӣ боз ҳам Раҳмонов аст. Чаро инро мегӯям ,то имрӯз мухолифони сиёсии ҳеҷ яке ин кишварҳоро намебинем хастанопазир мисли мухолифони сиёсии Тоҷикистон кору фаолият кунанд.

«Чуноне мегӯянд: “ Ҷазо аз ҷинси амал аст” ва ё ҳарчи ҳоким золимтару хашинтару берӯтар шуд мухолифонаш, ки шаҳрвандон ва раъияти ин ҳокиманд дақиқан бо шевои ӯ  бо ӯ бархурд  хоҳанд кард.»

Воқеан  миллат ҳама бидуни истисно солҳост аз Раҳмонов мехоҳанд бирав ва садҳо пикету эътирозот ва ҳар рӯза барномаҳои гуногӯн мухолифони сиёсии “пешво” роҳандозӣ доранд. Ҳеҷ рафтани нест бар акс боз ба Бадахшон юриш бурдаасту заводу фабрикаҳои давлатиро шахсӣ карда барои сари қабраш захира карда истодааст. Охир дар қабр ва охират бо пора ва доллару тилло худатро аз чанголи Аҳкамулҳокимин ва Подшоҳи рӯзи ҷазо наҷот дода наметавони ҳой Раҳмонов!. Ҳарчи гуфтем ин говкалаи гурусначашми беору беномус рафтани нест ва то ҳастаму ҳаст курсиям гуфта мардакбарин ачоқ гирифта нишаста аст.

Ба эҳтимоли зиёд “Пешво” аз писараш дилпур нест.Тибқи маълумотҳои ба мо расида Рустам ва командаи ӯ инро хуб фаҳмидаанд,ки Рустамро чизи дигаре ё вазъу ҳоли дигаре интизор аст. Раҳмонов аз он Бим дорад, ки Рустам бишавад на танҳо Озодаву Рухшонаву Парвинаву Заринаро аз мақомҳо барканор мекунад, дороиҳои ҷамъкардаи Зоиру Ҷамолиддину Шамсуллову Ашрафу Рамз ва Ҳасану додарҳои вай ва қавми беҳисобу бешуморашро кашида мегирад ва онҳоро куни луч карда дар куча сар медиҳад, балке дилаш пур нест, ки институти «фалшивий»-и Асосгузорро ҳам барҳам мезанаду худи Раҳмоновро ҳам як шата дари кунаш зада мегӯяд,ки «ту пири аз майкадаву маърака баромада шудӣ, бирав дам гирифта шин, дигар ба корҳои давлат «лезит» накун!”

Барои ҳамин фурсатро кашол дода истодааст. Вагарна кайҳо нақшаву ният дошт, ки Рустамро меоварад ва барои ҳамин кор буд, ки Қонуни асосиро як бори дигар «изнасиловат» карда 35-ро ба 30 поин овард. Ин ҳама аждаҳоҳо пул доранд, каналҳои худро доранд дар мақомоти қудратӣ афроди омода барои як рӯзи мабодои худро доранд,ки бо омадани Рустам ба сари қудрат ҳатмани ҳатман ҳолашон хароб мешавад кайҳо кардаанд.

«Ин ҳама монеаҳо ва дахолатҳои бешумор ва маълумотҳои амниятие ба Раҳмонов аз ин ҳама амалкардҳои духтарону домодҳо ва наздиконаш ӯро сахт ошуфта ва дар дуроҳаи бе ихтиёр қарор додааст. Воқеан барояш хело мушкил аст,ки ё Рустамро ихтиёр мекунад ва аз баҳри ҳама бояд гузарад. Ё Озодаро ихтиёр мекунаду аз баҳри танҳо Рустам гузарад ва бақия бошанд. Инчунин роҳи севвум ҳам матраҳ аст, он сенарияи Қазоқистон,ки пас аз ончи бар сари «Элбасӣ» омада изтиробашро бештару бештар кардааст. Раҳмонов хобу хаёлашро гум кардааст ва пас аз ин ҳама нақшаҳои кашида ва орзуҳои намудааш,ин ҳама хоин эълон карданҳою,зиндонкуниҳои мардуми бегуноҳ,бадарғакуниҳо, дар кофтукоби ҷиноятӣ қарордоданҳояш чизе ҷуз барчида шудани бисоти худ ва оилаашро дар ояндаи наздик дигар бо ин вазъ интизор нест. Инро хуб медонад ва алакаи таҳлил ҳам карда баромадагӣ аст,ки чунин аст. «

Хеле дер карда истодааст, аз ҳад зиёд гузаронида истодааст. Шарм намекунад, ки пири барҷомондаи фартути аз дафтар монда шудаасту фардо боз ҳамроҳ бо роҳбарони даҳҳо сол хурду ҷавони Осиёи Марказӣ дар ҷаласа мешинад. Ин қадар бепӯсту рӯ ва беҳаёву бешарму беномус аст. Яке ба назарам тофт, ки айни ҳамон пулҳои «деревяний»-и шӯравӣ шудааст, ки аз ҳама ҷо рондаву рад шуда ва танҳо дар Тоҷикистон мечархиданду Тоҷикистонро ба қабристони худ табдил дода буданд. Ҳоло ин ҳам ҳамин тавр аст. Тоҷикистон танҳо кишвари Осиёи Марказӣ шуд, ки бо куҳнатарин, беқурбу беқадртарин роҳбараш намунаи зинда ва гӯёи ҳокимият ва ҳукумати як диктатор мешавад. Аз ин пиртар роҳбар дар ин қорра ва дар қаламрави шӯравии пешин касе нест.

Аммо масъала ин аст ки пири фартут сарнавишти Сардор Бердимуҳаммедов ва ё сарнавишти Максим Боқиевро болои Рустам меоварад? Яқин аст, ки бо ин кашол доданҳо, бо ин фурӯ рафтан ба бодлоху чоҳи кандааш дар Помир ва бо ин нафси носераму чашмони гушнааш-аз худ кардани корхонаи азот ҷойи вай ва Рустам дар канори Максим ва падари фирориаш Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистон дар зери сояи Александр Лукашенко-охирин диктотури Аврупо аст, ки болои сари вай ҳам зоғҳои сиёҳ парпар зада истодаанд.

Ps: Бо итминони комил мегӯем,ки Раҳмонов дар ин вазъияти имрӯзаи кишвар,ки ӯ худаш ин ҳолати тангно ва бадро бо сиёсати бехирадона ва оилавияш оварда аст. Ин системаро агар хоҳад,ки тағйр диҳад ҳам наметавонад. Зеро духтарҳо, домодҳо, додарарусҳо, қудоҳо, афроде бо ин наздикон наздик аз қувваҳои қудратӣ ва мақомот ба ӯ имкони тағйири вазъро барояш нахоҳанд дод. Чун,ки ин ҳама система хароб мешавад ва ин ҳама вазъашон бад мешавад. Раҳмоновро дигар на Рустами писараш ва на Озодаи духтараш аз ин вазъи вахиму буҳронӣ наҷот дода наметавонад. Як роҳ дорад Раҳмонов ва он роҳ танҳо ба худаш маълум аст. Агар аз он роҳу шево пеш аз ҷондоданаш, он корро анҷом диҳад 50%50 имкон пазир аст. Хулосаи гап ин аст,ки Раҳмонов ё Рустамро ихтиёр мекунаду аз баҳри ҳама оилааш мегузарад. Ё ин,ки Озодаро ихтиёр мекунаду ҳамон клани куҳна боқӣ мемонаду то чанд моҳи дигар оилаашро ҳифз мекунад вале боз вақт нишон медиҳад, ки Озода бо онҳо пас аз қудрат дар дасташ омадан чӣ тарфандҳоеро барои оила ва худи «пешво» ва боқимонда командаи содиқ ба ӯ омода менамояд. Раҳмонов дар сангинтарин рӯзҳои зиндагонии худаш қарор дорад,ки ҳолашро худаш медонаду Азизмо ва роздонҳои даврубараш,ки ба мо ин маълумотҳоро мерасонанд.

Сообщение Гурбангулӣ Сардорро меоварад, Раҳмонов чаро Рустамро наметавонад биорад ? появились сначала на ISLOH.net.