Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.не»№ 377

Ислоҳ нет

Ин бор барномаамон бо се нома:- азДушанбе, аз Волгоград ва аз Ваҳдат мукаммал шуд.

Дар номае, ки аз Волгоград расидааст, муаллиф аз қаллобону дуздони тоҷик, ки тавассути шабакаҳо мардуми содаи худро ба домашон кашида бо ваъдаҳои бардурӯғи туҳфаву ҷоизаҳои гаронбаҳо бурд мекунед, масалан мошин, хона ва ё дигар чизҳои гаронбаҳо пули онҳоро аз ҷайбашон кашида мегиранд, ҳушдор додааст. Нависанда як матлаберо аз сайти нашрияи чопи Душанбе ба унвони далел овардааст ва дар ниҳояти номааш аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, милисаву амният талаб намудааст, ки ҷилави ин гуна қаллобонро то дер нашуда бигиранд.

Як нафар аз сиёсатмадорони собиқи тоҷик аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки раиси ҷумҳури Қазоқистон низ побапои Раҳмонов, Путин, Қурбонгули Бердимуҳаммедов ва Илҳом Алиев гузошта як мамлакати калон ва паҳноварро ба шоҳигарӣ ё аморат бадал карда истодааст. Ин сиёсатмадори собиқ аз онки бо Қонуни нави асосӣ Тоқаев қасд дорад боз курсии раёсати ҷумҳуриро ишғол кунад, шадидан изҳори нигаронӣ кардааст.

 Номаи омада аз Ваҳдат ҳам айнан ба ҳамин мавзӯъи тасарруфи ҳокимият навиштааст. Муаллифи ин нома аз он изҳори надомат ва нигаронӣ мекунад, ки чи тавр як миллате, ки худро соҳиби фарҳангу тамаддун мешуморад 34 сол боз зери бори як электрик, ки ПТУ-ро бо азоб хонда ва аз маслажири Қурғонтеппа дар конистир рӯған медуздид ва бо костюму брюки нафари дигар Иҷлосияи 16 уми Хуҷанд омада буд, ноилоҷ мондааст.

Мо чи миллатем, ки ранги рама ва пода шудаему ва ин даҳмарда чизе фармояд ҳамонро ирҷо мекунем?

                       Волгоград

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқбол. Дар Волгоград ҳаво мисли Тоҷикистон гарм аст. Ду рӯзи пеш бо як дӯстам, ки нав аз Душанбе омада буд вохӯрдам ва аз ватан пурсон шудам. Аз ину он ҳикоят карду баъд боз аз он гуфт, ки ҳозир дар Тоҷикистон қаллобон  тавассути бозиҳои интернетӣ одамҳоро сахт фиреб карда пулҳои худро беҳуда бой дода истодаанд.

Зимнан худам ҳам чанд рӯзи пеш дар бораи ҳамин гуна қаллобиҳо як матлаберо дар сайти СССР хонда ва қасд доштам, ки онро ба воситаи сайти «Ислоҳ» ҳам бознашр кунему ба мардуми содаву зудбовари худ бифаҳмонем, ки беҳуда аз пайи ин гуна фиребгарҳо нараванд ва як суми ба азоб ҷамъкардаи худро ба ҷайби ин ҷаллобон нарезанд.

Дар ҳақиқат дар сайти ин нашрия як матлаби хуб нашр шудааст, ки як каме дароз мебошад. Барои ҳамин ман аз ҷо-ҷои ин мақола иқтибосҳоеро меоварам, ки манзараро равшан ва матлабро мафҳум мекунад. Ин матлаб таҳти унвони «SOS: Авомфиреби рушд мекунад» аз 2 июл чоп шудааст, ки ба қалами Омиронаи Сайёф тааллуқ дорад. Ду абзатси калони онро ҳазф карда боқии онро ба ин шакл пешниҳодатон менамоям: «Пас аз шикоятҳои сершумори хонандагон мо тасмим гирифтем фаъолияти яке аз чунин гурӯҳҳоро аз наздик мушоҳида намоем. Он рӯзҳо моҳи шарифи Рамазон буд. Моҳи мубораке, ки мусалмонон онро моҳи раҳмат, бахшиш ва парҳезгорӣ меҳисобанд. Дар ин моҳ мардум рӯза медоранд, намоз мехонанд, ба муҳтоҷон дасти кумак дароз мекунанд ва аз гуноҳ тавба менамоянд. Аммо саволе ба миён меояд: оё шахсе, ки худро мусулмон муаррифӣ мекунад, метавонад дар чунин моҳи муборак бо орзу ва умеди мардум бозӣ кунад?

Аввалин суҳбати мо бо ташкилкунандагони ин бозӣ то ҳол дар телефони мо маҳфуз аст. SAMADOV TJ +992012346969. Дар он чунин навишта шуда буд:

«Салом алейкум ака, билет ҳаст. Нархи билет 5 сомонӣ. Аксия: бо 100 сомонӣ 30 билет, бо 500 сомонӣ 130 билет».

Вақте мо дар бораи бозӣ маълумот пурсидем, дарҳол посух надод, ягон 1 соат пас смс-ҳои пай дар пай навишта, баъдан рӯйхати ҷоизаҳоро пешниҳод гардонид.

 “5 сомонӣ пул парто мошини тамғаи «Mercedes E–Class», телефонҳои гаронарзиш, ҳазорҳо сомонӣ маблағи нақдӣ ва дигар туҳфаҳои ҷолибро сазовор шав, шансатро аз даст надеҳ”

Барои шахсе, ки зиндагии вазнин дорад, чунин ваъдаҳо метавонад бисёр ҷолиб намояд. Бисёриҳо бо худ фикр мекунанд, ки шояд бахт ба рӯяшон бихандад ва бо ҳамагӣ 5 сомонӣ соҳиби мошин шаванд. Аммо маҳз ҳамин орзу ва умед баъзан онҳоро ба доми фиребгарон меандозад.

Пас аз анҷоми моҳи Рамазон мо аз натиҷаи бозӣ пурсон шудем. Аммо ба ҷойи эълони ғолибон ва нишон додани бурдкунандагон, баҳонаҳои нав сар шуданд. Гуфтанд, ки билетҳо ҳанӯз пурра фурӯхта нашудаанд. Боз гуфтанд, ки шумораи иштирокчиён кам аст. Сипас аз мардум хоҳиш карданд, ки боз билет харанд ва дигаронро низ ҷалб намоянд. Ҳамин тавр муҳлати бозӣ пай дар пай дароз карда мешуд.

Тавассути рақами WhatsApp моро ба шабакаи Telegram роҳнамоӣ карданд. Вақте ба он ҷо ворид шудем, дидем, ки зиёда аз 2351 нафар обуначӣ дорад. Аз ин ҷо чунин хулоса бармеояд, ки ташкилкунандагон танҳо бо фурӯши билет қаноат намекунанд. Онҳо ҳамзамон шумораи обуначиёни худро зиёд намуда, аз ҳисоби онҳо низ манфиат ба даст меоранд. Ҷолиби диққат он аст, ки дар шабакаи Telegram танҳо маъмурони гурӯҳ ҳаққи навиштан доранд. Ҳеҷ як иштирокчӣ наметавонад озодона савол диҳад ё андешаи худро баён намояд. Агар касе хоҳиши фаҳмидани натиҷаи бозиро дошта бошад, ҷавоби равшан намегирад. Танҳо наворҳои пай дар пай нашр мешаванд, ки дар онҳо ташкилкунандагон назди мошинҳои гаронарзиш истода, мардумро ба иштирок дар бозӣ ташвиқ менамоянд.

Ҳар рӯз наворҳои нав назди мошинҳои тамғаи «Mercedes», «Prado», ҷипҳои қиматбаҳо ва дигар воситаҳои нақлиёт. Садо баланд мешавад:

 «Ҳамагӣ 5 сомонӣ парто, соҳиби мошин шав! Фурсатро аз даст надеҳ!»

 Аммо касе намепурсад, ки ин мошинҳо ба кӣ тааллуқ доранд, аз куҷо оварда шудаанд ва чанд нафар воқеан соҳиби онҳо гардидаанд?

Мутаассифона, дар ҷомеаи мо ҳанӯз ҳам одамоне ҳастанд, ки аз рӯйи боварӣ ва содагӣ маблағҳои худро ба чунин бозиҳо месупоранд. Баъзеҳо барои харидани билет маблағи охирини худро сарф мекунанд. Баъзеҳо бо умеди беҳтар кардани зиндагии худ ба ваъдаҳои зебо бовар менамоянд. Аммо дар аксари ҳолатҳо танҳо ноумедӣ насибашон мегардад.

Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ба майдони нави фаъолияти фиребгарон табдил ёфтаанд. Агар пештар қаллобон дар кӯчаҳо одамонро фиреб медоданд, имрӯз онҳо бо телефон, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ин корро анҷом медиҳанд. Усул дигар шудааст, аммо ҳадаф ҳамон аст-гирифтани пули мардум. Бозии мазкур то ҳол ҷамъбасти равшан надорад, аммо ҷамъоварии маблағ идома дорад. Аз ин рӯ саволҳои зиёде беҷавоб мемонанд. Агар ҳама чиз қонунӣ ва шаффоф бошад, пас ғолибон куҷоянд? Чаро онҳо ба мардум нишон дода намешаванд? Чаро натиҷаҳо ошкоро нашр намегарданд? Чаро шикоятҳои мардум рӯз аз рӯз бештар мешаванд? Ва аз ҳама муҳим, оё фурсате нарасидааст, ки дар кишвари мо «Милисаи интернетӣ», «додситонии интернетӣ» таъсис ёбад, то танҳо бо интернет-мошенникҳо кор кунад.

Мақомоти дахлдор бояд ба чунин ҳолатҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Зеро сухан танҳо дар бораи чанд сомонӣ нест. Сухан дар бораи боварии мардум аст. Вақте боварии шаҳрвандон мавриди суистифода қарор мегирад, ин танҳо зарари молӣ нест, балки зарба ба эътимоди ҷомеа мебошад.

Ҳушдор: мардум низ бояд ҳушёр бошанд. Ҳеҷ кас мошини миллионсомониро барои чанд сомонӣ ба осонӣ намедиҳад. Дар паси ҳар ваъдаи зебо бояд далел ва шаффофият вуҷуд дошта бошад. Дар акси ҳол, эҳтимол дорад, ки орзуи бурди мошин ба дарди сар ва пушаймонии дарозмуддат табдил ёбад.

Ва аз ҳама охир мардум бояд донад, ки ин қимор аст ва агар бурд ҳам кунед, гуноҳ мекунед, зеро қимор дар ҳама кутуби осмонӣ, сар аз аз Мусҳафи Иброҳиму Тавроту Инҷилу Қуръон ҳаром аст. Мо Метавонем!!!»

Ба ин матлаб ҳаминро илова карданиам, ки бояд мақомоти милиса ва амният аз пайи ифшо, ошкор ва ба зиндон андохтан ин гуна нафарони қаллобу фиребгар бишаванд. Бояд сари вақт ин корро кунанд, то мардум зарар набинад. Аммо ба назар меояд, ки кор тамоман баракс мешавад. Милиса, вақте аз пайи ҷустуҷӯву таҳқиқ мешавад, ки кор аз кор гузаштааст. Он вақт чи фоида?

                     Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Фикр мекардам, ки раиси ҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев аз Раҳмонову Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедови туркман, ки бачаашро дар ҷояш овард фарқ мекунад, аз Ҳайдар Алиеви озар, ки бачаашро оварду бачааш борҳо Қонуни асосиро иваз карда курсиро доданӣ нест, фарқ хоҳад кард. Аммо афсус, ки ин тавр нашуд. Як соли пеш Қосимҷомарт Тоқаев дар як мусоҳиба ба шабакаи «Ал-ҷазира» чунин гуфта буд,ки гуфтаи ӯро айнан ба забони русӣ меоварам: «Я убежден, что президент любой страны, в первую очередь, моей страны — это государственный менеджер, а не посланник Бога. Он является государственным менеджером, которого нанял его собственный народ. В нашем случае — всего на семь лет».

  Ин мусоҳибаи Тоқаев бо ин шабака моҳи  июни соли гузашта сурат гирифта буд ва он вақт Тоқаев изҳор дошта буд, ки бо ҳамин навбат раёсати ҷумҳуриро хоҳад супорид ва дар интихобот довталаб намешавад

Аммо, чуноне маълум мешавад баъди референдуми Қонуни асосии Қазоқистон дар моҳи марти соли ҷорӣ тамоми муддат то ин вақт ҳамчун раиси ҷумҳур фаъолият кардани вай ба сифр баробар карда шуд.Айнан коре,ки Раҳмонов ва Путин баъди тағйироти Қонуни асосӣ карданд.Яъне Тоқаев ҳам метавонад боз ҳамчун муддаии курсии президентӣ баъди ин Қонун даъво кунад.

Мутаассифона ин тенденсия, ки яке аз асосгузоранаш Раҳмонов аст ба дигар раисони ҷумҳурии кишварҳои шӯравии пешин, то ба Путин таъсир кард. Путин ҳам гуфта буд, ки дигар иштирок намекунад ва барои курсӣ шуда Қонуни асосиро,ки муқаддас аст иваз намекунад. Аммо туфи кардаашро пас хурд ва ин гапу корро Раҳмонов ҳам задаву карда буд.

Инҳо, ки қудратро гирифтанд дигар раҳо карданӣ нестанд. Мамлкат ва давлатҳоро ба шоҳигариву аморат табдид доданианд.

Аммо савол ин аст ки бо онки қудратро тасарруф мекунанд, барои ин мардум чи беҳбудӣ меоваранд?

Путин як мамлакати бузургро б хоки сияҳ нишонд. Раҳмонов ҳукуматро оилавӣ карду тамоми авлоду хешу табори бачаву духтару домодҳояшро дар курсиҳои давлат шинонд. Илҳом Алиев ва Сердар Бердимуҳаммедов ҳам тамоми дороиҳои мансуб ба халқи худро дуздиву кашонида истодаанд ва халқи худро дар паёк шинонидаанд.

Инҳо бо ҳарфу шиори демократия ба бадтарин шарту шароити низоми феодалву ғуломдорӣ мардумро овардаанд.

Ин мардум бояд худашон тақдири худашонро ба даст бигиранд.

Агарчи ҳоло Қосимҷомарт Тоқаев эълони омодагӣ барои курсии раёсати ҷумҳуриро накардааст, аммо аз замзамаҳо ва нағмаҳояш бармеояд, ки айнан ҳамин роҳро рафтанӣ.

Бигзор, ин таҳаввули шикасти диктатура ва диктаторҳо аз Қазоқистон ва мардуми он оғоз шавад. Мардуми қазоқ ин корро ҳанӯз дар давраи шӯравӣ ба намоиш гузошта буданд.

Соли 1988 Маскав як гумоштаи худ бо номи Колбинро ба он Котиби Якум-сардори давлат таъин кард, ки қазоқҳо бо як ғазои умумимиллӣ ӯро нагузоштанд, яъне Маскавро пас заданд. Бигзор ин бор ҳам онҳо ин роҳи муборизро пеш бигиранд ва намунаи беҳтарин барои мардуми Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикҳо шаванд.

Ҳар кишвар, ки дар он ҳукумат интихобӣ ва бо ихтиёри мардум иваз намешавад он кишвар аз рушду шукуфоӣ ва пешравӣ мемонад ва ҷойи онро диктотура ва коррпусия мегирад.

                     Ваҳдат

Ассалому алайкум бародари роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман сокини шаҳри Ваҳдат мебошам. Номаҳои бисёре равон кардам ба шумо, ки ҳамаашро нашр кардед. Раҳмати худо бар шумову бар падару модаратон. Гоҳо мешинаму дар фикр фурӯ меравам, ки чаро як миллати мутамаддинро як электрики колхозчӣ чи хел ба ин рӯз оварда расонд? Мо, ки худро миллати бофарҳангу ботамаддун мегӯем барои чи имрӯз ғуломи як ношуд ва хонаводаи вай шудаем. Мо дар куҷо хато кардаем, ки ба чунин рӯз омада расидем? Чаро мардуми мо ҳозир ҳам ин номарди бадинсофи бесаводро нашинохтаанд ва ба дуруғҳои вай бовар мекунанд? Агар мардум гапҳою ваъдаҳои ӯро муқоиса кунанд, агар камтар калаашонро кор фармоянд худашон мефаҳманд, ки ӯ як дуруғгуи каззоб ва дузд, як тарсончаку бесаводи тупой аст ва ин як миллати бо фарҳангу бо тамаддунро ахмақ карда гаштаасту худ ва авлодонаш аз ҳисоби ин мардум кайфу сафо карда гаштанд. 95 фоизи пулҳои ин миллатро дуздида чи хеле мефорад истифода мебарад.

Эй , мардуми бофарҳангу ботамаддун! Барои чи мо хапему ин дузд моро ғорат карда истодааст? Ҳушатон кай бар саратон меояд? Ин коре, ки ӯ нисбати мо мекунад барои ин миллати мутамаддину бофарҳанг арзанда нест. Шояд ин кор ба сари ягон милати навзуҳур рост ояд, на ба мо. Ҳамин ҳоло 10уми июл, гармои тобистон, оби дарёҳо аз соҳилҳо рехта истодааст, аммо мо қувваи барқ надорем.Чаро?

 Агар мо сари роҳи дуздиву ғорату тохтутози ӯро нагирем, мо дигар чихел метавонем худро миллати бо тамаддун муаррифӣ кунем. Чунки ин подабон моро дар тамоми дунё шарманда кард. Худи ҳамин ҳолат, ки беш аз сӣ сол аст ӯро дар сари худ доштаем, далел ба шармандагии мост. Як нафаре, ки биёяд аз як колхозу моро раису роҳбар шаваду таъриху тамаддун омӯзад ва худро пешвову ҷаноби боз кадом унвону рутбаҳо диҳад ва мо миллати мутамаддин ҳамаи инро бо гуши лақаву бо чашми кушода бишнавему бубинему ҳиҷ коре аз дастамон барнаояд.

Агар ҳамин хел рафтан гирад, мо аз ин ҳам шармандатар мешавем. Оқибати ин миллат чи мешавад? Ин моро ба куҷо мебарад, оё шишта ягонбор андеша кардаед? Ин электрики дузд дар давоми давлатдориаш ягон кори хайре барои мардум кардаас? Эй, мардум шинед муқоиса кунед -ӯ барои мо чи кардааст? Ӯ барои мо чи кардаасту барои худаш ва оилааш чи кардааст? Ҳозир аз Душанбе райони Рӯдакӣ меравад бо вертолёт, агар Кулоб равад самолет савор мешавад. Охир, ин кӣ буду ба куҷоҳо расид? Дар даруни фермаву дарзаи алафу беда ва ему кунҷора мегашту гову гусфанд медуздид. Ҳозир чӣ?

Аз авали сари қудрат омаданаш бо сухани дуруғ шуруъ кардааст, ки инро дар тамоми ҷумҳурӣ дар ҳар корхонаву мактабу мадраса таълим дод ва муваффақ ҳам шуд, ки қариб ҳамаи мардум ба роҳи ӯ қадам гузошта рафта истодаанд.

 Дуюм мероси ӯ ба мардум ғорат аст ки худ, ки дузду ғоратгар аст инро ба мардум таълим дод:-аз садик сар шуда то ба мактабҳои миёнаву олӣ пажӯҳишгоҳҳову муассисаҳои илмию фарҳангӣ,то ба корхонаҳо омаду расид. Дигар мардум чи ёд гирифтанд аз ин электрики бесаводи дузд? Фақат дуздиву ғорату дуруғгӯӣ. Дигар ин ҳеҷ чиз мерос нагузоштааст.

 Мо вақте худро миллати бофарҳанг мегуем набояд моро як бесавод тохтутоз кунад. Мо бояд пеши роҳи инро гирем, мо бояд шинему андеша кунем, нақша кашем, роҳашро ёбем. Ҳеҷ мумкин нест, ки як бесавод, як босаводро роҳнамоӣ кунад. Бояд саводдор бесаводро роҳбарӣ кунад. Чунки он бесавод худ гумроҳ аст.

 Барои ҳамин имрӯзҳо мешинаму ба фикр фурӯ меравам, худ ба худ мегӯям майлаш як бесавод як саводнокро мешавад, ки дар ҳолатҳои ногувор ягон роҳе нишон медиҳад ки ин ба манфиати ҳамон саводдор аст, инро бояд қабул кард. Лекин инҷо гап сари як шахс нарафта истодааст инҷо гап сари як милати бо фарҳангу ботамаддун рафта истодааст, ки як бесаводи подабон як миллатро аҳмақу саргардон кардааст.

  Чаро мо пеши роҳи ӯро гирифта наметавонем, мо, ки бо фарҳангу бо тамаддун бошем, ин ба мо мардум арзанда нест. Бояд аз илму донишу фаҳмиши худ истифода барему шинем нақша кашем, ки аз ин вазъият чи гуна берун оем. Набошад ҳозир ҳам дер нашудааст, набошад дер мешавад. Чунки ин бесавод моро гумроҳ кард, бо ҳар роҳу усули худ, мо бояд инро қабул кунем. Лекин фикри фарзандони худро бояд кунем. Онҳо ба мисли мо гумроҳу бесавод нашаванд. Мардум ҳозир ҳам дер нашудааст, шинед андеша кунед, роҳашро меёбем фақат муттаҳид шудан даркор ба мисли мардуми Эрон дидед, ки муттаҳидии онҳо онҳоро ба душмани бузург муваффақ кард. Магар мо ҳам форс нестем ва худро форс ҳисоб намекунем? Вақте мо худро форс ҳисоб мекунем, набояд дар пеши зулм  сар хам кунем. Ман мебинам афғонҳо ва эрониҳо худро форс медонанд, мебинам ҳеҷ гоҳ пеши касе сар хам накардаанд. Мо, ки худро аз решаи онҳо медонем, барои чи бояд пеши як дузди ситамгар сар хам кунем. Агарки сар хам мекунем, мо аз решаи форсҳо нестем, худро мо дигар форс наҳисобем ва дигар сухан аз тамаддуну фарҳанг назанем.

  Эй мардуми ҷабркашидаи ман! Ин суханҳои ман мумкин, ки ба гӯши шумо сахт расад, лекин ҳақиқат аст.

Бояд касе инро бигӯяд, аммо шумо интизори касе намонед, ки биояуд шуморо наҷот диҳад. Мо агарки миллати бофарҳанг бошем нақшаи наҷоти худамонро бояд худамон кашем, бо ҳар роҳе набошад. Инро фикр кунед, инро аз хонаҳои худ шурӯъ кунем. Чи хеле, ки Раҳмонов аз хонаи худ кайҳост, ки шурӯъ кардааст ва нақша дорад, ки ин ҳукумату ин давлатро оилавӣ кунад ва президентиро ба бачааш диҳад. Чаро? Чунки диду фаҳмид, ки моро осон ғулому барда кардааст, бар гардани мо сувор шудааст, ҳама чизи мардумро аз они худ кардааст. Вақте вай ҳамаи ин корҳоро кард, дид, ки касе садо баланд намекунад, хапу хомӯш аст боз бештару сахттару бадтар карда истодааст. Мехоҳад, ки бачаҳои мо ба бачаҳои вай, чи хеле худамон ба худи вай ғуломвор кор карда истодаем, кор кунанд.

 Роҳи дурустро ба фарзандони худ коре кунед, ки фаҳмонед. Ман гуфтаниам, ки  гарчанде худатон ғуломи вай гаштаед, ҳаракат кунед фарзандонатон ғуломи ӯ нагарданд. Бигзор,бо чи роҳе бошад аз ин мусибат ва фоҷиа,аз ин бало,бар ивази ҷонамон бошад раҳо шавем.

  Ин буд фикри мани солхӯрда, ки ҷангҳои шаҳрвандиро ҳамаашро дидам ва то имрӯз умр басар мебарам. Шумо ҳеҷ гоҳ ба одами дуруғгӯву бесавод бовар накунед!

  Бо умеди пирӯзӣ. Хонаободу сарбаланд бошед милати азизам. Худо ҳофиз!

Share This Article