Архивы Шаҳбоз Раҷабзода - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№356
Аз Душанбе, Исфара, Кулоб, Волгоград ва Панҷакент номаҳои ба унвонии «Ислоҳ» омадаро барои ин шумораи барномамон ҷой додаем.

Аз Душанбе номае, ки расидааст ду хабар дорад. Яке дар бораи директори мактаби рақами 48-и 9ум километр ва хабари дуввум дар бораи кори шуъбаи дохилии маҳаллаи Каратегинскаяи ноҳияи Шоҳмансур.

Номаи Исфара аз кори чанд нафар бузҳои деҳаи Чоркӯҳ мегӯяд, ки дар шаҳри Қазон ба фурӯшофурӯши ҳамшаҳриҳои худ машғуланд.

Муаллифи номаи аз шаҳри Кулоб дар бораи Шаҳбоз Раҷабзода, сардори собиқи терминали 1-и Душанбе навиштааст. Ва мегӯяд, ки аз навори истинтоқи Шаҳбоз Раҷабзода, тавассути Эмомалӣ Раҳмонов, ки 7 сол мегузарад, ҳамоно ин пурсиш дар сари забонҳост, ки айни замон Шаҳбоз Раҷабзодаи бойфренди Озода Раҳмон ва боҷаи Ҷамолиддин дар куҷо аст ва инки мегӯянд вай дар кори давлатӣ аст воқеият дорад ё не?

Муаллифи доимии мо аз Волгоград номае фиристодааст, ки дар бораи шаҳри Кулоб ва раиси он сӯҳбат мекунад.

Як нафар аз шаҳри Панҷакет, ки феълан дар Маскав будааст зимни номаи фиристодааш аз он изҳори тааҷҷуб мекунад, ки чаро маҳз фирмаи «Нет солюшенс»-и Рустами Эмомалӣ барои кӯчаҳои Панҷакент видеокамера насб мекунад?

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз ноҳияи Шоҳмансур, аз 9ум километр бароятон ин номаро мефиристам. Дар ин нома дар бораи мактаби 48 ва шӯъбаи милисаи «Каратегинская» навиштаниам.

Хабари якум:

Шерова Тахмина директори мактаби миёнаи рақами 48 мебошад. Ин директори мактаб болои талабаҳо хеле ҳам зулм карда истодааст. Барои як аттестат аз талабаҳои синфҳои 11 аз сесад сомонӣ боло талаб карда истодааст.

Ҳозир бачаҳо, тамоми хонандаҳоро маҷбур карда истодааст, ки барои краска, барои семент пул биёранд.

Ҳар як синфхонаро бачаҳо худашон рангу бор карда истодаанд, аз пули худашон. Ин Шерова Тахмина аз Будённий, аз 7 километр аст.

Вай пеш дар мактаби рақами 71 директор буд. Дар соли 2022 ё 2023 ба мактаби 48 ба ҷои Ҷамолов омад. Синфҳои 11 духтару писар аз сесад сомонӣ боло барои бланкаи аттестат пул дода истодаанд. Боз ҳар талаба 20 сомонӣ барои обуна дода истодааст. Бовар кунед, ки пулситонӣ аз талабаҳо бо ҳар баҳона ҳаррӯз идома дорад. Кори ин директор ҳаррӯз ҳамин аст.

Аз Раёсати маорифи Душанбе хоҳиш мекунем, ки омада кори ин директорро тафтиш кунанд.

Хабари дуввум:

Дар шӯъбаи милисаи Каратегинская Орзуву Самариддин, ду корманди ин шӯъба бачаҳои маҳалларо хело ғам медиҳанд, подстава мекунанд. Меқапанд бо мелкий хулиганство. Мебаранд отделу дигар таҳдид мекунанд, метарсонанд. Бо «сводка» угрожат мекунанд: «сводкат мезанем, итат мекунем, утат мекунем».

Ба номи Худо худамро бурда буданд. Дар соли 2023 синфи 9 будам. Я нафар буд бо номи Амриддин, фамилияашаро намедонам, капитан буд. Ӯро дар Шоҳмансур ҳама медонад, мешиносад. Маро угрожат карда бурд, ки сводкаат мезанам делоятро сиёҳ мекунам «ита мекунам утат мекунам».Гуфт дар соли 2015 воҳимаҳотона шикастем, шуморам мешиканем ва беҳад ҳақорату дашномҳои қабеҳ мекард.

Боз таҳдид мекард, ки чор тарафатон қибла, арзи шуморо касе намешунавад, куҷое меравед рафтан гиред. Мора барои шикастани пурраи шумо мардум иҷада мондагиян, мефаҳмӣ!

Исфара

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз Исфара, аз Чоркӯҳ менависам. Мехоҳам дар ин нома дар бораи бузҳои Чоркӯҳ нависам.

Замини Чоркӯҳро ба қирғизҳо дод. Халқ бе дару бе хона монд. Раиси собиқи шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода як шахси ҳаромхур буд. Рафт дар ҷояш, боз инаш Шарифҷон Ҷумазодаи кошелёки сарвазир омад, инаш аз ваяш ҳам гушнатар будааст. Дар вазифаи иҷрокунандаи вазифа буданаш марафони талбиданро шурӯъ кард, ки собиқа надошт дар Исфара. Угай угай да…

Қирғизистон барои замини Майски дар ивазаш аз Қарабоғ замин дод. Дар онҷо қирғизҳо зиндагӣ мекард. Хонаҳои обод дорад. Аммо ин раисҳои ҳаромхӯр бо ҷои ба халқи бечора додан хонаҳои нагғзашро худашон гирифтанд. Ин Фурқат Икромови ҳаромхур ҳам замин гирифтааст. Заправкаҳои ҳамон Қарабоғро ҳам гирифтааст. Ин инсон як ҳаромхури калон мебошад. Пеш дар Казан буд. Ҳозир дар шаҳри Уфа зиндагӣ мекунад.

Дар Казан бузҳои ранги худаш бисёранд. Э, бузҳо, пагаҳ пеши Худо равӣ, чи ҷавоб медиҳӣ. Аз Худо тарсед. Дар он дунё ҳоли шумо бузҳо хело вахим аст.

Як бузи калон Хуршед Баҳридинов аст ки дар аэропорти Казан бузӣ карда пул кор мекунад.

Бузи дуввум: Асад, кличкааш «Булбул». Ин ҳам як хабаркаши мақомот аст. Мардум хуб медонанад, ки вай буз аст.

Бузи севум:  Шероз аз маҳаллаи Сари ҳисор аст. Дар бозори Казан савдогар аст.

Бузи  чорум:  Наим мебошад. Ин ҳам аз маҳаллаи Сари ҳисор. Дар Казан дар як ошхона ошпаз-повар аст. Ин як пуштлескаи Фурқат аст.

Ман ба ин бузҳои чоркӯҳӣ гуфтаниам, ки шарм аз Худо кунед. Шумоҳо на дар назди Худо обрӯ доред, на дар назди халқ. Кош ҳамон Низомхон Ҷӯраев мебуд, то шумо бузҳоро ҷазои муносиб медод.

Ранги Низомхон Ҷӯраев ҳоло дар райони Исфара нарӯидааст. Ин марди худо ба камбағалҳо бисёр ёрдам мекард. Вай ранги Фурқат Икромов душмани Чоркӯҳ нест.

Фурқат Икромов худаш тоҷик нест. Падараш аз Сух, аз Ӯзбекистон ба Чоркӯҳ омадагӣ аст. Барои ҳамин ба Чоркӯҳ ва сокинонаш дилаш намесузаду бад муносибат мекунад.

Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин, бародари муборизи роҳи ҳақ. Ман сайти «Ислоҳ»-ро пайваста мутолиа мекунам ва барномаҳои шуморо дар шабакаи Ютуб тамошо мекунам. Ҳозир ба ҷуз аз сайти шумо дигар ягон расонае, ки дар бораи ҷурму ҷиноят ва зулму ситами Раҳмонов ва ҳукумати вай нависад, нест, гӯем ҳам мешавад.

Ман чанд вақт мешавад, ки дар бораи Шаҳбоз Раҷабов, сардори терминали рақами 1-и Душанбе, ки гузаргоҳи муҳими гумрукӣ аст аз шумо пурсиданӣ будам. Гоҳо мегӯед, ки вай дар Дубай аст, гоҳо мегӯед, ки боз  дар кадом мақомот ба кор даромадааст.

Рости гап барои ман бисёр ҷолиб аст. Саҳнаи муҳокимаи ӯро аз тарафи Э. Раҳмонов дар ёд доред. Ҳамон муҳокимаи Раҳмонов ба муҳокимаи додгоҳӣ баробар буд. Вале дар он муҳокима, ки аз тариқи телевизионҳо пахш шуд ва ҳоло ҳам навораш дар фазои маҷозӣ мечархад Раҳмонов ҳам прокурор буд, ҳам судя ва ҳам адвокат.

Ба унвони прокурор гуфт, ки гуноҳат аз мӯи сарат зиёд ва ҳатто гуфт, ки ман хабар дорам, гуфт дурӯғ нагӯ, ҳеҷҷоро нахондаӣ, чанд хона дорӣ, чанд мошин дорӣ, ман медонам гуфт. Гуфт чанд сол кор кардӣ, ки ин ҳамаро ҷамъ овардӣ»?

Ба унвони судя ҳукм содир кард, ки 15 сол зиндон мешавӣ, аммо на бо дарназардошти ҷавонияш балки аз рӯйи бойфренди Озода буданаш дафъатан бахшид.

Маълум аст ки ин ҳама маълумотҳоро идораҳои махсус ба Раҳмонов мерасонанд. Аммо ҷолиб инҷост, ки Шаҳбоз Раҷабзода рафиқи хубихуби Озода будааст ва яқинан он идораҳо, ки ин ҳама маълумот дар бораи Шаҳбоз Раҷабзода -ро ба Раҳмонов доданд, ин паҳлуи масъаларо ҳам медонистанд. Чи гуна дар як солу ҳашт моҳ се хона ва чандин адад мошин ва боз соҳиби рутбаи подполковник мешавӣ.

Аммо боз баъзеҳо гуфтанд, ки Раҳмонов инҷо як «бозӣ», як спектакл ташкил карду тамом. Худро бовиҷдону ҳақҷӯ нишон дод. Аммо агар дар ҳақиқат бихоҳад, ки дуздони ҳукуматашро биқапад, бояд ҳамаашонро дастгир кунад, ки ин корро намекунад. Агар диққат дода бошед ба маҳкумшаванда Шаҳбоз Раҷабзода фармон дод ҳама пулу моле аз кишвар баровардаатро ба кишвар баргардон. Оё ин фармон иҷро шуд ва Шаҳбоз Раҷабзода молу мулк мағозаҳои дар Белорусия доштаашро ба Тоҷикистон баргардонд? Агар бале, пас куҷоанд? Агар не, пас чаро фармони президент иҷро нашуд?

Ман бовар дорам, ки ҷӯраи тану ҷон будани Озодаву Шаҳбоз Раҷабзода воқеият дорад. Вале ҳоло аз шумо бародар мехоҳам, ки дар барномаҳои оянда агар тавонед дар бораи Шаҳбоз Раҷабзода ягон маълумот диҳед, ки ҳозир дар куҷосту чи кора аст?.
Волгоград

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқбол! Ман ин бор аз сайти нашрия як матлаберо интихоб намудам, ки ба шеваи кору амали роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ дахл дорад. Тибқи дастур рисони шаҳру навоҳии кишвар ва дигар мақомдорон бояд рӯзҳои шанбе ба қабули шаҳрвандон вақт ҷудо намоянд ва ба ин кор машғул шаванд.

Корманди СССР, чуноне аз муқаддимаи навиштааш бармеояд бо супориши  редаксия ба Кулоб меравад, ки дар онҷо як нафари нав ҳамчун раис кор карда истодааст. Ин матлаб таҳти унвони «Қабули раис: аз роҳ то даргоҳ» дар рӯзи 21 апрел чоп шудааст ва нависандаи он Қосимзода Нуриддин мебошад.

Азбаски матлаб як каме калон аст ман он қисматҳоеяшро инҷо меоварам, ки барои номаи мо мувофиқ аст:

« Рӯзи шанбе буд, маълум аст, қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳр дар назар аст. Посбони назди дар бо лаҳни расмӣ хабар дод, ки қабули шаҳрвандон аз соати 08:00 оғоз мешавад.

Мо тақрибан 1 соат вақт доштем. Фурсатро аз даст надода, ба тамошои шаҳри бостонии Кӯлоб баромадем, шаҳре, ки дар даврони Истиқлол шукуфта, симои нав гирифтааст. Кӯчаҳо, биноҳо, фазои шаҳр ҳама аз рушду пешрафт дарак медод.

Аммо дар баробари ин, аз суҳбатҳои роҳгузарон чунин садоҳо низ ба гӯш мерасид, ки раиси навтаъиншуда субҳгоҳон ба ҷамоатҳо меравад ва аз аҳволи мардум бохабар мешавад. Агар чунин бошад пас иқдоми шоиста аст.

Қабул сар шуд!!!

Интизории мо тақрибан 1 соат зиёдтар тӯл кашид. Соат 09:10-ро нишон медод, аммо аз раиси шаҳр ҳанӯз дараке набуд. Бо вуҷуди ин, мошини хизматии ӯ дар саҳни бино қарор дошт. Ба толори қабул ворид мешавему манзараеро мебинем, воқеан ҷолиб ва ҳамзамон андешабарангез. Толоре, ки барои гӯш кардани арзу дод ва пешниҳоду шикоятҳои мардум ҷудо гардидааст, 16 нафар шаҳрвандонро дар бар мегирифт. Ҳар яке бо дарди худ, бо умеди худ ин ҷо омада, то дод бар додгар кунанд!  Чеҳраҳои онҳо ҷиддият ва нигоҳҳояшон пур аз интизориро нишон медод. Аз суҳбатҳо маълум шуд, ки мушкилоти асосии мардум дар ин ҷо ҳам масъалаи замин аст. Холиқова Моҳсафар, сокини ҷамоати деҳаи Чорбоғ, Шарипова Нодира ҷамоати Данаҳа, Давлатова Кенҷамо маҳаллаи Ш. Шоҳин, Назаров Ҳабибулло маҳаллаи Суғдиён ва чанд нафари дигар аз баҳсҳои замин ва ниёз ба кӯмакҳои аввалия сухан гуфтанд.

Мо пештоз қайд мекунем, ки раиси нави шаҳри Кӯлоб Диловар Пирзода дар соҳаи замину заминдорӣ таҷрибаи бой дорад. Ин умед мебахшад, ки масъалаҳои марбут ба тақсими одилонаи замин ва ҳалли баҳсҳо дар доираи қонунгузорӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

Низом ва навбат

1 вежагӣ таваҷҷуҳи моро ҷалб кард. Тартиби қабули шаҳрвандон! Маълум гардид, шахсоне, ки мехоҳанд ба қабул дароянд, бояд як рӯз пеш омада, худро дар қайд гиранд ва танҳо рӯзи шанбе дар қабул иштирок кунанд. Ин низом, агар ба тартиб мусоидат кунад ҳам, ба гунае, ки дида мешавад, барои мардум каме душворӣ эҷод мекунад. Оё дуруст аст, ки шаҳрванд барои 1 масъалаи худ 2 рӯз вақт сарф кунад? Саволи дигар низ ба миён меояд.  Чаро намояндагони мақомоти маҳаллӣ пешакӣ бо муроҷиати шаҳрвандон шинос намешаванд? Чаро дар вақти қабул баъзе маълумотҳо норӯшан боқӣ мемонанд? Инҳо саволҳоеанд, ки ҷавоб мехоҳанд.

Қабули шаҳрвандон ин на танҳо шунидани арзу шикоят аст, балки оинаи муносибати ҳокимият бо мардум мебошад. Ҳар 1 муроҷиат 1 тақдир, 1  дард, 1 умед аст.

Имрӯз, вақте ки ҷомеа ба адолат ва шаффофият бештар ниёз дорад, фаъолияти роҳбарон бояд боз ҳам наздиктар ба мардум бошад. Раиси шаҳр, ҳамчун намояндаи ҳокимияти иҷроия, масъулияти бузургеро бар дӯш дорад, масъулияти шунидан, фаҳмидан ва ҳал кардани мушкилот. Хушбахтона то ҷое дидем, раиси нав аз иҷрои ин масъулият баромад ва аксарияти кулли муроҷиаткунандагон дилпур аз толор бадар шуданд, ки раис ба додашон мерасад…

Умеди нав ва раиси нав

Сафари мо ба Кӯлоб танҳо як гузориши оддӣ набуд. Ин як дидор бо воқеият буд, воқеияте, ки дар он умеду нигаронӣ, интизорӣ ва талабот ҳамзамон ҷой доранд. Агар ҳар роҳбар ҳар субҳро бо фикри мардум оғоз кунад ва ҳар қарорро бо адолат анҷом диҳад, ҷомеа ҳатман рӯ ба пеш меравад. Гумон мекунам, агар акаи Сайидмурод ва Алии Беҳудуд намешуданд, инҷо моро касе нигоҳ намекард, чунки бо талоши раиси қаблӣ рӯзноманигор дар ин шаҳр он қадре, ки мебояд, дигар эътибор ва эҳтиром надорад! Сипос барои ҳамроҳӣ карданашон, ки барои дидани баъзе мавзеъҳо ҳамроҳи мо буданд.

Зимнан аз раиси нав мардум умедҳои тоза ва қарорҳои муфиду дастрасро интизоранд. Журналистон низ бар умеданд, ки дар симои ишон, мисли раиси пешин, масъулин дигар  «душман намебинанд» ва ҳамкорӣ хоҳанд кард. Зеро бо таъин гардидани симои нав мардум бовари нав ба раиси нав доранд. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!»

Ин буд он матлаби мавриди назари мо. Ҳоло чи мехоҳам бигӯям? Ончуноне нависандаи матлаб бидуни зикри ном ишораҳо кардааст, раиси пешини Кулоб Бахтиёр Назарзода бо хабарнигорон миёна ва муносибати хуб надошт. Ва низ гӯшона кардааст, ки агар кормандони ин нашрия дар Кулоб ӯро ҳамроҳӣ намекарданд, шояд комёб ба қабли раис намешуд. Вале ҳамзамон гуфтааст, ки мардум аз раиси нав умеди зиёд доранд ва раиси нав ҳам банди кабинет набуда аз ҷамоату деҳот дидан мекардааст. Ҳамчунин муаллифи матлаб аз саргардонии сокинон, ки барои қабули раис ду рӯзи вақти худро сарф мекунанд, интиқод кардааст. Чунки онҳо як рӯз пеш омада навбат мегирифтаанд ва пагоҳаш ба қабул медаромаданд.

Воқиан ҳам раисони пешини Кулоб, масалан ҳамин Бахтиёр Назарзода, ки тибқи хабарҳо ҳоло кору аъмолаш дар дасти тафтишот қарор дорад боис шуда буд, ки Аҳмади Иброҳим, сармуҳаррири «Пайк» зиндонӣ шавад. Бо журналистон ҳамкорӣ надошт, муносибати бад мекард.

Аммо акнун бо ин навишта мехоҳанд, ки раиси нав дар муносибат бо журналистон бархӯрди хуб дошта бошад. Ин тавр нашавад, ки хабарнигор аз маркази кишвар ояду «касе ба онҳо нигоҳ накунад».

Панҷакент

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ин номаро аз шаҳри Маскав менависам. Ман солҳои зиёд дар як муассисаи таълимии шаҳри Панҷакент кор мекардам. Собиқаи зиёди омӯзгорӣ дар соҳаи технология дорам. Дирӯз дар хабарҳо дар интернет хондам, ки дар шаҳри Панҷакент барои иҷрои лоиҳаи «Шаҳри бехатар» раиси ин шаҳр қарор содир кардааст. Тибқи навиштаи расонаҳо дар доираи ин лоиҳа дар шаҳри Панҷакент чанд нуқтаи таъмини неруи барқ барои электромобилҳо, истгоҳҳои пулакии мошинҳо сохта ва дар кӯчаҳои он камераҳои назоратӣ насб карда мешавад..

Дар хабар гуфта нашудааст, ки ин лоиҳа аз ҳисоби кӣ татбиқ мешавад, сармояи он аз маблағи бюҷети шаҳр аст ё аз ягон сармоягузор.

Ман ёд дорам, ки вақте дар Душанбе барномаи «Шаҳри бехатар» ба иҷро дароварда шуд пули онро аз Хитой гирифта буданд.

Гуфта мешавад тамоми ин лоиҳа бо таҷҳизоти хитоӣ сохта мешавад ва иҷрокунандаи он фирмаи «Нет солюшенз» будааст. Ин ширкат аз они Авестогруппаи Душанбе аст ки мансуб ба Рустами Эмомалӣ мебошад.

Бар пояи навиштаҳои интернет Ҷамъияти Масъулияташ Маҳдуди «Нет Солюшенс» (Net Solutions, Network Solutions ё Nets) дар соли 2016 ба бозори мухобиротии Тоҷикистон роҳ ёфтааст.

Ин ширкати «Нет солюшенс» иҷрои барномаи «Шаҳри бехатар» дар Панҷакентро тавассути музояда гирифтааст ва ё инки бо суиистифода аз мақоми Рустами Эмомалӣ дигар ба қазовати худи шумо вогузор мешавад.

Соли гузашта бозори Панҷакент ба коми оташ рафт. Шунидам, ки дар наздикии консервзводи собиқ аз нафарони наздики Раҳмонов ва Рустам бозор сохтаанд ва фурушандаҳои  бозори сухтаи шаҳрро ҳамонҷо мебаранд. Аммо нархи як точка барои онҳо аз 100 то 180 000 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳанӯз солҳои пеш буд, ки бозори сабзиҷоту меваҷоти шаҳрро низ аз одамони ҳамин оила гирифта буд.

Милиса, амният, пожарка, водоканал, светавой ва ДЭУ-и шаҳрро ҳам ҳамин бародарҳо гирифтаанд.

Аҷаб давру замоне шуд!

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№356 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №234
Суҳбат ва ҳарфу ҳадис аз «бесоҳибии ноҳия» аз ҳар минтақаи кишвар баланд шуда истодааст. Манзури бесоҳибии ноҳия ин аст ки мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ даст ба корҳое зада истодаанд, ки мардум дар ҳайрату тааҷҷуб мемонанд. Гап дар бораи он меравад, ки дар ноҳия ва ҷамоатҳо онҳое, ки масъулиятҳоро бар душ доранд, тамоми мушкилоти худро бо истифода аз зуру таҳдиду фишор овардан болои мардум ҳал карда истодаанд. Ин муаллиф менависад, ки ҳатто табибу омузгор, куҷо расад ба раиси ноҳияву ҷамоат ва милисаву прокурору кгб, то пора нагиранд, аслан ба шумо таваҷҷӯҳ намекунанд. Ин муаллиф як мисоли мушаххас оварда исбот мекунад, ки аз ин кор худи Эмомалӣ Раҳмонов хабардор аст, аммо худро ба нофаҳмид мезанад.

Хуросон

Ассалом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Бори аввал аст, ки менависам, хатогие бошад узр. Ташаккур ба Ислоҳ, ки метавонем дарди диламонро гуем. Ман аз ноҳияи Хуросон, истиқоматкунандаи маркази ноҳия ҳастам.

Бовар кунед дар ҷумҳурӣ ин хел бесоҳибтарин ноҳия нест. Намедонам аз куҷояш сар кунам. Аз раису дигар роҳбарияти ноҳия то табибу омузгору муаллиму коргари ҷамоат ҳама порагиру порахуранд. Ман мехоҳам аз беморхона ва табибони фасодкор сар кунам. Боз дар оянда дар бораи дигарҳояш ҳам ҳатман менависам, то мардуми Тоҷикистон ҳама бидоннад, ки дар ноҳияи мо чи гапу хабар аст. Инҷо ҳар кас раис, сардори милиса, сардори амният, прокурор, раиси суд мешавад фақат халқро ғорат ва занҳоро таҷовуз мекунанд, касе чизе гуфта наметавонад. Занҳои мардони муҳоҷир, агар корашон ба инҳо ғалтад, дар дасти инҳо мисли зани худашон мешавад, ин туҳмат ва бофта нест.

Сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон Файззода Ҷурабек  як шахси коррупсионер ва таҷовузгар аст. Аз ҳама кормандони беморхона пул мегирад. Аз бунгоҳҳои тиббии саросари ноҳия, аз ҳамшираҳои шафқат, ки ба кор мондааст, ҳар моҳ аз ҳар кадоми онҳо аз 100 то 200 сомонӣ мегирад, чунки «доля» бастааст. «Сума наметӣ, вазифара холӣ кун мега». Ин шахси бадсиришт чандин оилаҳоро низ ҷудо кардааст ва то ҳозира ҳамаро таҷовуз карда гаштааст. Бо пули ҳаром пора пулмаст шудааст. Корпуси зоишгоҳи беморхона бояд ба сармоягузогии давлати Олмон таъмиру навсозӣ карда мешуд. 2 бино месохтанд ва дар тагаш подвал-таҳхона сохта мешуд. Аммо подвал ҳам нашуду биноро ҳам якошёна сохтанд. Худи президент омад дид, аммо шунидем, ки маъқул нашудааст. Чунки пули сармоягузорро бераҳмона ва ноинсофона хурданд. Президент замони ифтитоҳи беморхона омад, дид, настаренияҳояш тамоман гашт. Супориш дод, тафтиш карда ҳамаашро қапиданд. Сардухтурро қапиданд, гуфтем акнун халос шудем. Вале чанде пас пули хубашро гирифтанду озодаш кардану омаду боз корашро давом дод. Бовар кунед, ки ин сардухтур   бисёр ҳам одами бадкирдор аст.

Дигараш бо номи Намозов Азам, ки духтури чашм аст. Ин духтур бисёр зинокори ифлос аст. Бисёриҳо қасами ӯро хурдагинад. Кадом зан ва келинҳои ҷавон фарзандонашонро мебаранд барои муоина вақти ба қайд гирифтан рақамҳои телефонҳояшонро мегираду баъд сар мекунад занг задану гапро тоб доданро ва ба боварашон даромада корашонро мекунад. Чандин оилаҳоро вайрон кард. Ҳар зане ҷавон, ки наздаш меояд мепурсад, ки шавҳараш дар куҷо аст ва агар онҳо «бган Росиядай ида дига Худо дод ,сар мекунад ҳуҷума». Ҳеҷ кас чизеаш намегуяд. Отдел мебаранд, пулро медиҳад ба милисаҳои беномуси ноҳия, ягон нафари онҳо пеши роҳи инро намегирад: на амният ва на милиса. Гуфтааст:  «пула метум, лозим шава зану духтарои милисаву амниятам фалон мекнум».

Аламовараш ҳамин аст ки бечора бародарҳои мо дар ғарибӣ. Албатта, худи ин занҳо ҳам, ки чанд вақт мешавад мардро надидаанд, бештарашон зуд ба домаш меафтанд. Ягон аломат медиҳанд ва тамом. Ва боз ин касиф дар маърака мешинаду мегуяд, ки фалон зан …дод, беҳад кайф кардам. Амнияти ноҳияи Хуросон аз тамоми ин кор бохабар аст.

Ман мехоҳам як чизро қайд кунам. Вақте духтур ва милиция таҷовузкорӣ мекунанд бадтарин хатар болои миллат мешавад. Чунки ин ду бояд тарбиятгари ҷомеа бошанд ва бояд намуна бошанд, ҳарому ҳалолро донанд, на инки касе пешашон рафт таҷовуз кунанду кудаконашон дар берун утоқ ва шавҳаронашон дар ғарибӣ бошнад. 70 фоизи мардҳо дар ғарибианд, онҳо дар кадом ҳолат қарор мегиранд? Ин лаънатиҳо бо мардону занони мо чи кор карда истодаанд?

Имрӯз ҳукумат даъво мекунад, ки мо Оли Сомонем. О, Худо бигирад туро, охир Олӣ Сомон мусулмон ва диндор буданд. Ин Азам Намозов даҳ оиларо вайрон кард. Занҳои шавҳару фарзандорро расво ва аз шавҳаронашон ҷудо кард. Худо занад инҳоро.

Бародар Муҳаммадиқбол, бовар кунед, хун дар танаам бетоқатӣ дорад. Чи хел давом диҳам намедонам.

Гапи дигар инки ҳамаи заминҳоямонро Фароз гирифту писта корид. Ин шо Аллоҳ дар барномаи дигар дар ин бора ва лулаҳои обгузари деҳаи боло ва инки раиси собиқи ноҳия чи хел дуздид, менависам.

Файзобод

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман барномаи Семейканюсро тамошо кардам. Шумо дар ин барнома гуфтед, ки Оила бизнеси гуштро ҳам тасоҳуб кард. Бизнеси гушт, ҳама намуди гушт, гушти паранда ҳам, тухмро ҳам гирифтагианд. Барои ҳамин дар куҳҳо масалан Айнӣ, Яғноб, Мастчоҳи куҳӣ, тарафи Ховалинг, Муминобод, Сари Хосор ҳамаи ҳамин куҳистони кишварро Рустам гирифта дар онҷойҳо ферма кардагӣ аст. Полний чарогоҳҳоро гирифтагианд. Мардум ба дод омадагианд. Подаҳояшонро ба чаро бурда наметавонанд. Ин кор аз чандин сол аст давом дорад. Дар Данғара як заводи пахта сохтагианд. Бисёриҳо мегуянд, ки аз Хитой аст. Аммо ин гап ин тавр нест, аз худашон аст. Аз худи Эмомалӣ аст. Тамоми пахтаи ҳамон территория аз Данғара, Кулоб, Восеъ, Темурмалик, Фархор ҳамаи ҳамонҷо тракторҳои калони истеҳсоли Хитой мераванд пахтаро мехранд меоваранд дар ҳамин завод месупоранд. Дар ин завод мисли пешина пахтаро қоқу хушк намекунанд. «Прямой медозаш худуш автоматӣ қоқш мекуна, переработкааш мекнад».

Ин фирмае, ки ин корҳоро мекунад номаш «Мармарӣ» аст. Мармарӣ аз Рустам аст.

Як, ду шиносҳои ман дар ноҳияи Рудакӣ фермаи мурғ доштанд. Онҳоро рӯзбарӯз таҳти фишори налогу байториву дигару дигараш карданд. Маҷбур шуданд корро қатъ кунанд.

На фақат гушт, тамоми намуди бизнесро инҳо монополия карда гирифтагианд. Барои ҳамин тамоми нарху наво гарон мешавад.

Дар вақташ дар заводи пахта кор мекардам. Солҳои 2006-07-2008, ба гирифтани бизнеси пахта сар карданд. Ҳамон вақт литри равған севуним сомонӣ буд. Гирифтан замон бизнеси пахтаро байни як ҳафта як литр руған 6уним то 7 сомонӣ боло шуд. Кадом тиҷоратеро, ки ин оилаи Пешво гирифтанд нархро сразу як баробар хезониданд. Ҳамин гуштро ҳам ҳаминҳо намемонанд, ки арзон шавад. Одамҳо мебаранд мекушанд, арзонтар намемонанд, ки бифурӯшанд.

Ҳозир светро надода истодааст. Агар батареяи солнечний хариву дар хона истифода кунӣ, меоянд штраф мекунанд. Мегуянд, ки ҳар моҳ ин қадар сомонӣ бояд налог бисупорӣ. То ҳамина намехоҳанд, ки мардум осуда ва осонтар ва дар рушноӣ  зиндагӣ кунанд.

Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол!

Ман як хоҳари шумо ҳастам аз Восеъ. Ҳоло дар ватан ҳастам. Лекин чандин сол дар Маскав кору зиндагӣ кардаам. Ман чи гуфтан мехоҳам? Барномаҳои шуморо ҳам дар Маскав ва ҳам дар Восеъ тамошо мекунам. Дар Маскав, агар ҳамаи муҳоҷирон набошанд ҳам, аммо, бовар кунед 80-90% мардум шуморо тамошо мекунанд. Мо чандин занҳои муҳоҷир пеши худ аҳд кардаем, ки ҳар гоҳе мухолифин ба ватан баргаштанд ва ин ҳукумати золими номардро дафъи муминон карданд бо гулу гулдаста ба пешвози шумоҳо мебароем. Чунки ҳозир фақат шумоҳо ҳастед, ки пушти мардуми камбағал ва пуразоби тоҷик истодаед.

Барномаҳоятон дар бораи Бег Сабурро ҳам тамошо кардам. Аз ҷумла шумо дар бораи мағозаҳои Бег Сабур дар Маскав гуфта будед. Валлоҳӣ қасам, худам дар ҳамон мағоза кор кардаам. Он магазинро Зафар ва Диловар ном ҷиянҳои Бег Сабур пеш мебурданд. Дар подвали буйини намноки заҳзада ва пури чирку пури каламуши он магазин, ки ҳаво намедаромад маҷбурӣ хоб мекардем. Як хурокои нимкола медоанд, ки нимсеру нимгушна мегаштем. Мо ранги ойликро намедидем. Валлоҳӣ қасам, хар ворӣ кор мефармуданамон. Ҳам кори мардҳоро мекардем, бор мефуровардем, ҳам кори занонаро, тоза мекардем, мешустем. Боз як намуд гапе мезаданд, ки гуё мо одам набудем. Мегуфтанд, ки айни хона рафтан шумо ойлик мегиред, расчет мешавед. Ранги талбанда будем, дар он магазин. Ман худам якуним сол кор кардаам. Азоби сагро дар он магазин кашидаам, касалӣ шуда аз онҷо баромадам. То ҳозира 59 ҳазор рубли ман, ки он солҳо қариб ба се ҳазор доллар баробар буд, дар дасти Бег Сабур монд, он пули ҳалоли кор кардаи маро надоданд.

Бовар кунед, ки як инсони беҳад хасису мумсики гушна аст.

Ваҳдат

Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол! Мехоҳам аз шаҳри Ваҳдат як хабарро ба шумо расонам. Хоҳ бовар кунед, хоҳ не дар мактаби рақами 3 ба номи Валентина Терешкова талабаҳои аз синфи 7 то 11ҳатто духтарҳои мактабро алкаш кардаанд. Ин бадбахтҳо мактаббачаҳоро ба запахи клей ва бензин омухташон карданд. Талабаҳо аз бозор суперклей мехаранд, буи клейро буй мекашанд ва масту беҳуш мешаванд. Яке аз онҳо ҷияни худам, духтари холаам буд. Ончунон омухташон кардаанд, ки гоҳо аз истеъмоли зиёд ба мурдан ҳам наздик мешаванд.Ҷияни худамро падару модараш қариб аз задана кушта буданаш.

Духтарҳоро бо буйи клей ва бенизин масту беёд мекарданд ва бойбачаҳову сумдорҳо онҳоро аз ақибашон таҷовуз мекардаанд. Шумо, шояд гумон кунед, ки ман афсона гуфта истодаам. Вале ин ҳақиқат аст, ҳақиқати талхи рӯзҳои мо. Ба ман гуфтанд, ки ба ин кор баъзе аз муаллимҳову муаллимаҳо шариканд. Онҳо духтарҳоро ба ин ҳол расонида ба сумдорҳо дода пул мегирифтаанд.
Чанд духтар, толибаҳои мактаби Аҳмади Дониши шаҳри Ваҳдатро бо ҳамин усул бачаҳои калон таҷовуз кардаанд. Айни замон онҳоро мақомот қапидаанд муқобили онҳо делои ҷиноятӣ кушода тафтишоташон давом дорад. Аммо намедонам инки тафтишот идома дорад ё пул гирифта ҷавобашон додаанд. Муҳим ҳаминхел гуфтанл ончи шунидам онро гуфта истодаам.

Ана ин аст натиҷаи фасоду фасодкорӣ ва рӯзгори сиёҳи мардум, бахусус ҷавонҳоро аз таълиму омӯзиши динӣ маҳрум кардани мақомот бо фармони пешвои шайтонашон.

Панҷ

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу устоди гиромӣ Муҳаммадиқболи Садриддин! Умедворам хубу хуш бошед. Ончики бародарҳо дар бораи Панҷ номаҳо фиристоданду шумо чоп намудед, валлоҳӣ ҳамааш 100% росту дуруст аст.

Талбику бачаҳояш дар ду ҷои хуб кору фаъолият карда истодаанд, бо тамоми қуввае доранд ғорат мекунад. Барои чунин ғоратгариҳояшон Комрони началникамонро дафъ карданд. Дар ҷои вай Эмомӣ панҷии худамон шуд.

Аммо ин Эмоми Гаи аз он пештарааш бадтар кор карда истодааст.

Ман инҷо як гап гуфтаниам.

Муллоимоми мо бо началник милисаи Панҷ мегуфта бошӣ, ки акаву укаанд. Чанде гуӣ кор доранд. Мотосиклҳоро меқапанд. Як бизнес ташкил кардаанд. Як муллоимоми беимон. Через ҳамон ҳазор -дуҳазор сомонӣ мегиранаш аз отдел вале агар нашавад, ҷаримааш панҷ ҳазор сомонӣ мегуяндашон ба соҳибони мотосикл.

Имрӯз як воқеа дар военкомат руй дод. Бояд навдаъватшавандаҳо, ки 40 нафар буданд роҳиашон мекарданд. Аммо чи хеле мекунанд, ки мегурезанд. Ду нафарашро қапиданд, дигарҳояшонро наёфта истодаанд. Аммо падару модарони онҳоро маҳкам кардаанд. Имрӯз дар масҷиди ҷумъахонӣ махсуми Асадулло бисёр таҳдид кард «биёвеншон, ки делои ҷиноӣ мекунаншон, трма мекнан падару модарошона». Охир ҷавон гурезад падару модари онҳоро барои чӣ зиндон кунанд?

Ана ҳамин аст давлатдории ин Раҳмонови модарпурхато. Албатта, роҳи ҳалли ин масъала ҳаст. Масалан муҳлати хизмати ҳарбиро яксола кунад, ҳама бо хоҳиши худаш меравад. Аммо ин корро барои бизнеси худ намекунанд.

Аллоҳ мову шуморо аз зулми ин золимон раҳоӣ бахшад!

Ваҳдат

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу устоди азиз Муҳаммадиқболи  Садриддин. Аллоҳ шуморо дар паноҳи худ нигаҳбон бошад. Имрӯз мехоҳам дар бораи мактаби ронандагии шаҳри Душанбе, ки дар 9-ум километр воқеъ аст, нависам

Автошколаи 9 -ум на ҷои ронандагӣ, балки ҷои бизнеси муаллимҳо шудааст. Дар инҷо порагирӣ ба авҷи аъло расидааст. Дар ҳолати супоридани экзамен менишинӣ, пулро медиҳӣ, ҳамаашро муаллимон мегуянд ва ронанда танҳо рақамҳоро меҷуқаду халос.

Аз муаллимоне, ки рондани мошинро меомузонанд нагуем ҳам мешавад, дар барат менишинад, вай меронад, ту бошӣ чорзону карда мешинӣ, вақт буд мешавад, тамом мефароӣ. Меоиву якчанд рӯз баъд, ҳуҷҷати ронандагиро мегирӣ. Ба валлоҳ қасам, хеч кас парво надорад, ки ин ронда наметавонад, оқибат чи мешавад. Ҳеҷ кас саволе пеши худ намемонад, баъд натиҷаашро мо мебинем, ки чи қадар садамаҳо руй медиҳанду инсонҳои бегуноҳ мемиранд

Дар ватан ягон ҷое намондааст, ки корат бе пул ҳал шавад. Ҳамаҷо пулу порагирӣ. Ҳамин ҷои экзаменсупорӣ барои гирифтани сертификати забони русӣ, барои бахилаке, ки мепушӣ 3 сомонӣ аз ту мегиранд, ки охир ин як бахилаки салафанӣ аст, чаро бояд се сомонӣ бошад? Охир дар Русия медароӣ латагияш бе пул мондагӣ аст. Дар мо бошад дар тамоми беморхонаву дар ҳама ҷо барои ин бахилак пул мегиранд.

Тамоми мардум то пои ҷон аз Эмомтапак безор шудаанд, аммо тарс доранд. Ҳукумати Раҳмонов дар болои тарси мардум рост истодааст. Ҷигарам месузад барои ватанам. Дар ин сини ҷавониам гоҳо гиря карда дуъо мекунам дар намозҳоям, ки ё Аллоҳ Тоҷикистони моро аз чанголи Эмомтапаки золиму қотил  наҷот бидеҳ.

Ин режимро зудтар аз сари қудрат дафъ кун. Ҳамон сухани бародар Суҳроб Зафарро мегуям, ки «ма дар гур ором хов намерам, то и режим ай байн наравад».

Устод, ин навиштаҳо як қатрае аз баҳри дарди дили ман аст. Дар оянда боз менависам. Аммо ҳоло илтимос ин навиштаамро чоп кунед.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Чанд вақт шуд, ки наменавиштам. Аммо боз қалам ба даст гирифтам. Маълум аст ки на номамро ва на ҷойи корамро ифшо намекунам. Шумо ҳам табъан, ки намепурсед чун хуб мешиносед маро. Ҳоло чи гуфтаниям?

Як ҳафта шуд, ки конкретно чистка рафта истодааст. Дар тамоми ҷумҳурӣ. Аз чандин минтақаҳо нафарони зиёдро дастгир карда оварда истодаанд.

Баъзеҳо мегуянд, ки ин як роҳи мардумтарсонист.

Баъзеҳо мегуянд, ки ин корҳои СС. Ятимов аст, ки бояд вай ва Ҷеки Чан-Рамазон Раҳимзодаро моҳҳои май аз кор гиранд, барои ҳамин боз авантюраи навбатӣ карда истодааст.

Ин гуна бенизомӣ ва бесоҳибӣ дар ҳиҷ давру замон дар Тоҷикистон набуд. Ҳама зур. Ягон кас ба ягон кас гардан намедиҳад. Мақсад — нафарони мансабдор. Чунки ҳамааш вазифаҳоро бо маблағҳои калон через наздикони Раҳмонов харидаанд.

Мисоли одӣ Шаҳбоз Раҷабзода, ки Раҳмонов ӯро дар назди ҳама шарманда кард, аммо ҳозир гапзану корбудкун-посредники байни оила ва мансабталабу корафтодаҳо. Мардум пешаш мераванд любой касро наказат мекунаду любой корро буд мекунад. Шаҳбоз Раҷабзода дар чанд ҷо гуфтааст, ки «к@ри хуб қанатай. Озодара я видеозвонок мекнм танаша лич када нишонш метум,тамом,бева ҳуй мета,любой кор буд».

Ва, як маълумоти дигар:

Сардори раёсати мубориза бо терроризми КДАМ  бо такя ба маълумотҳои ҷамъ кардааш гуфтаст, ки он намоишҳое, ки байни мухолифҳо дар хориҷ мегузарад, як спектакл беш нест. Гуё ба ном ивази роҳбари ҲНИТ ва монанди ин, ин ҳама танҳо барои нишон додани он аст ки дар ин 10 соле, ки онҳо дар хориҷанд, гуё нақшаҳое доранд. Аммо ҳеҷ чизе нест ва ҳеҷ чизе на аз дасташон меояду на метавонанд кардан…

Аллакай базеҳояшро саволҳое, ки «о дар ин 10 сол чи тавонистем кардану боз чанди дигар бояд сабр кард, парешон карда истодааст». Он нафароне аз мухолифҳо, ки каме тасаввур ва идрок доранд, мушоҳида намуда истодаанд, ки вазъи молиявии танҳо Кабирӣ рушд карда истодаасту аммо ҳаракатҳои лозима нест.

Гуё ду маротиба писари шумо, ростӣ нафаҳмидем кадомаш, берун аз Фаронса бо резиденти мақомот (писаратон намедонист ва то ҳол намедонад, ки он нафар резидент буд) дар кадом ҷое шиштаанд. Ҳамон замон он резидент бо КДАМ алоқа намуда ҳаракатҳои дальнейширо пурсидааст, ки агар иҷозат бошад ман сари инро аз танаш ҷудо кунам. Аҷиб, аммо аз КДАМ иҷозат нашудаасту гуфтаанд, ки фақат назорат кунед. Аллоҳ меҳрубон аст,раҳм кардааст. Алҳамдулиллоҳ.

Тибқи маълумотҳо бояд дар ҳамин ду -се моҳ чи тағйироте, яъне амалҳои ғайримунтазирае анҷом шаванд (шояд дар дохил, шояд дар берун- дар байни шумоҳо), ки решающий бошад. Аллоҳ боз хубтар медонад.

Раҳмонов ва мақомот сахт хавотир буданд, ки шумо дар давраи интихобот табаддулоте анҷом медиҳед. Бовар кунед самолёташ, тайёр дар ҳолати старт,истодагӣ буд..Мардум ҳам интизори як толчоканд, ҳатман мехезанд.

Ҳозира вазъият дар дохили кишвар як хаоси сиёсиро мемонад. Мақомот конкретӣ мехоҳад,  ки дар минтақаи Рашт, Ваҳдату Файзобод нооромиҳоеро ташкил кунанд ва бо ин боз диққат ва хаёли мардумро ба ин ҷалб намоянд. Ин ҳама танҳо ва танҳо барои овардани Рустам аст, ки ягон қуввае саволҳои зиёдатӣ надиҳанд.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №234 появились сначала на ISLOH.net.

Буҷҷадуздони Тоҷикистон киҳоянд? Ба Раҳмонов ва оилаи вай чи робита доранд?
(бахши ҳафтум )

Тибқи ваъда, мо таҳқиқоти худро дар бораи дуздону порахорони давлатӣ, ки ҳамагӣ аз афроди наздики Пешво ва аъзои оилаи вай ҳастанд ва ё тиҷоратҳое доранд, ки сарпарастиашонро яке аз наздикон ва ё аъзои Оила бар уҳда дорад идома медиҳем. Ин бор дар бораи онҳое суҳбат мекунем, ки онҳоро мешавад буҷадуздон номид. Онҳо, ин буҷҷадуздон киҳоянд, дар зер хоҳед фаҳмид. Аммо гуфта бошем, ки ин нафарон як қисми хеле хурди буҷҷадуздонанд. Дар бораи нафарони дигари буҷҷадуздон дар навиштаҳои баъдӣ хоҳем гуфт.

Яке аз мавзуъҳои асосии ҷаласаҳои ҳукумати Тоҷикистон чи тавр пур кардани бюҷети давлат ва бо кадом роҳ иҷро намудани нақшаи андоз аст. Агар дар хазинаи давлат маблағ набошад, корҳои ягон соҳа пеш намеравад. Боварии комил дорем, ки бюҷети Тоҷикистонро на танҳо 100-120% иҷро кардан, балки ду ё се маротиба  зиёд намудан ва бе ягон мушкили  иҷро кардани ин нақшаҳо имконпазир аст.

Барои он ки нақшаҳо дар руи коғаз неву дар асл иҷро шавад, бояд раиси Кумитаи андоз Давлатзода Нусратулло корро аз худ ва аҳлу оилаи худ каме боинсофонатар шуруь намояд. На он ки ҳамаи кормандони андозро дар ба дари мардуми камбағал чуноне раиси ҲДТ Сайдҷаъфар Усмонзода гуфта буданд: ҳамчун сагҳои «овчаркаи немисӣ»  равон кунад. Хусусан мардуми оддӣ ва соҳибкорони майда ҳама аз кормандони андоз ба дод омадаанд. Раҳмонов ва дигарон ин ҳолатро хуб  медонанд. Лекин зулмро бо зулми дигар руйпуш карда мераванд: “шукрона кунед, ки дар ватан ҷанги шаҳрвандӣ хотима ёфт, шукрона кунед, ки сериву пурӣ ҳаст” гуфта ҳамаро аҳмақ кардаанд. Раҳмонов ва мақомоташ,ки худашон ва оилаҳояшон бо шумули қудаву андаашон серу пуранд аз ҳисоби дуздӣ ва ғорати ин миллат фикр мекунанд,ки ҳама мисли худашон ҳастанд.

Дар бораи Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз ва империяи иқтисодии вай мо дар гузашта матлабҳо чоп карда ва аз ҷумла навишта будем,ки «Нусратулло Давлатзода аз соли 2009 раиси Кумитаи андоз аст (то ин вақт муовини аввал буд) ва дар ҳукумати феълии Эмомалӣ Раҳмон дарозумртарин ба шумор меравад.”

Дар солҳои раёсати вай  низоми андозу андозбандии Тоҷикистон ба бадтарин система табдил ёфт ва ҳоло Тоҷикистон дар қатори 10-гонаи дорои бадтарин системаи андоз дар дунё мебошад. Сарбории андоз дар кишвари мо аз баландтаринҳо дар дунё буда, ҳаҷми маҷмуии андозҳо дар Тоҷикистон 67,3%-ро дар бар мегирад. Ин аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ, ки 39,6% мебошад бамаротиб зиёд мебошад. Ва ин ҳам дар ҳоле, ки Тоҷикистон фақиртарин кишвари Шӯравии пешин мебошад.

Нусратулло Давлатзода, бо суистифода аз вазифааш тамоми фирмаҳои хурду бузурги фарзандону наздикони худро пурра аз андозҳо озод кардааст. Сухан аз озодӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукии аъзои оилаи пешво намеравад, гап дар бораи фарзандону наздикони раиси Кумитаи андоз аст. Мо, хуб огоҳем, ки мабодо дери шаб дар фикри «Оила» ояд, ки кадом  ширкатеро аз андоз озод кардан зарур, субҳи фардо парламенти Тоҷикистон аллакай ин ширкатро бо як овоз ва зери кафкубӣ аз андоз озод мекунад. Ақалан хотири шарманда накардани номи парламент ё номи вакили мардуми як маротиба бо соҳиби аслии ин ширкатҳои ниҳоят  «зарур ба иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон» вохурӣ ё даъват ба парламент намекунад. Фақат ширкату тиҷоратҳои ба «Оила» ва ба раиси Кумитаи андоз тааллуқдоштаро як маротиба анализ карда бубинем, ин худ як буҷаи дигари ҷумҳурӣ мешавад. Лекин сад афсус, ки пешво ҳамаашро медонаду хомӯш аст. Бовар кунед Раҳмонов нисбати мардуми Тоҷикистон ба дараҷае маълумоти дақиқ дорад, ки дар ин 30 сол кадом одам як мағозаи майда ё як сехча дорад, ӯ хабар дорад. Ин гувоҳ аст ки намемонад мардуми бегона ба «оила»-соҳиби пулу мол шаванд. Бо ҳар роҳи дуруғу парвандаҳои сохтаву бофта мардуми каме пулдорро мешиканад. Аммо аз ин кор боз мардуми оддӣ ва буҷети мамлакат зарар мебинад.

«Албатта, ҳамаи кормандони андоз ва гумрук фасодзадаву ноинсоф нестанд. Байни онҳо нафароне, ки ба миллату давлат дилсузанд низ бисёранд, ки ба нашри дурусти мақола кумакҳои зиёде кардаанд ва аз ин хиёнату ноадолатиҳое, ки аз тарафи сардорҳояшон мешавад бисёр нороҳатанд. Лекин ҷойи шикоят кардан надоранд. Барои он ки ҳамаи роҳбарияти гумрук  аз сардорони дидбонгоҳҳои асосӣ, сардорони шуъбаҳо, сардорони  раёсатҳо, ҷонишинони раиси кумита, хешу таборӣ ба Оила, ё ин ки ба ягон қудову  вазирон пайвандӣ доранд, аз ин хотир ягон  гумрукчии ба ин гуруҳ тааллуқнадошта бошад, ё соҳибкоре, ки ба ин одамҳо ҳамкорӣ намекунад ӯ дур  намеравад. Худатон нигоҳ кунед ба ин нафарони гумрукчӣ ва хулоса бароред аз пушти кадоме аз инхо арз карда метавонем  ва ба куҷо?»

Ислом Ҳурматзода ё генерал -майори  Муовини Сардори Хадамоти гумрук-Ҳурматзода Иззатулло Зариф (номи ҳуҷҷатияшчунин аст)   домоди «Оила» (шавҳари духтари Нуриддини тракторист), даҳҳо мағозаву корхонаҳо, хонаву ҳавлиҳо дар Москову Киев, Дубай ва дигар ҷойҳо дорад, ки ба иҷора додааст. Гуруҳи муташаккили ҷиноятии худро дар дохили гумрук сохтааст, ки ҳамаи соҳибкорону воридкунандагони мол ба ин гуруҳ ҳатман бояд маблағи муайянро бидиҳанд, нисбати дидбонгоҳҳои сарҳади Афғонистону Хитой ба чи корҳо машғул аст, оянда ҳатман менависем.(Дар бораи Ислом Ҳурматзода, яке аз дустони наздики Фаттоҳи Саид як матлаби муфассал дар ҳоли омода шудан аст)

Хуршед Сафаров — муовини раиси кумита — писари ҷураи пешво Шералӣ Сафаров аст. Хуршед ва бахши зери назорати вай ва инки дар як моҳ даромади ӯ чанд миллион доллар мешавадро дар шумораҳои баъдӣ хоҳем навишт.

Абдураҳмон Раҳимов — сардори раёсати қочоқ, ҳоло ҷонишини Агентии мубориза бо қочоқи маводди мухаддир, қудаи апаи президент, додари Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ. Дар давраи кориаш дар гумрук на кам аз 40 -50 млн доллари бюҷетро азони худ кард ва боз бо пагони генералӣ ба вазифаи болотар рафт. Дар ҳақиқат Агентии наркотика ҷойи уст. Барои он ки  дар давраи кориаш дар вилояти Суғд, то охирон нашъафурӯшро зери назорати худ гирифта, бо маълумоти аниқ  то ҳозир аз онҳо  «доля» мегирад. Мо Абдураҳмонро аз лейтенантиаш мешиносем ва ҳамаи алоқаҳои пулкоркуниашро медонем. Мо, нисбати ҳамаи ин миллионерҳое, ки бо пулҳои бюҷет ва қочоқ молу мулк ҷамъ мекунанд, албатта филмҳои мудаллал дуруст мекунему тақдим менамоем.

Сардори раёсати Суғд Зафар Муҳаммадиев — додари Қодири (Качалаев) шофёри президент. Ин одам ягон савод ҳам надорад, кору бораш пул ҷамъ кардан ва кайф (героин) задан аст. Аммо ғанӣ гаштани бюҷет аз ҳамин барин кадрҳо вобастагии зиёде  дорад.

Давлатов Азиз — сардори раёсати гумруки шаҳри Душанбе, ҳоло дар кумита, писари Давлатов Нусратулло,  раиси Кумитаи андоз аст.Ин ҳам мисли падари худ дар як шабонаруз 23 соат ғами кисаи худро мехурад, на бюҷети кишварро.

Давлатов Далер сардори дидбонгоҳ. Гапи вазирро дар як сомонӣ намегирад. Ин додараруси Рустами Эмомалӣ, сардори шуъба дар стансияи Душанбе-1 аст.Дар мавриди Давлатов Далер хело маълумотҳои ҷолибе расидааст,ки ҳар шаҳрванд вақте мебинад онро комилан вуҷудаш оташ мегирад, агар виҷдону номус ва шараф дошта бошад. Аммо ӯ хусурбачаи Рустам аст дигар.

«Раҳмонов Фазлиддин, ҷияни  президент. Ба ин одам қонун тамоман вуҷуд ҳам надорад. Мумкин мехоҳад қонунҳоро омӯзад ва ҳамчун роҳбари босавод ҳарф занад. Лекин мушкили дар он аст, ки бечора хондаву навиштан наметавонад. Барои хешу табори пешво савод  доштан шарт ҳам нест.»

Давлатов Ҷамшед – гумрукчӣ, собиқ ронандаи акаи пешво Нуриддин. Дертар ронандаи Ислом Ҳурматзода. Аввали сол як мошинро ҳуҷҷатгузорӣ намуда муҳри гумрукии худро ҳамчун аз «рентгенг» гузашт зада ба Русия равон карда буд. Он мошинро дар сарҳади Узбекистону  Тоҷикистон  дар дидбонгоҳи «Ойбек» вақти азназаргузаронӣ бо 300 кг героин дастгир намуданд. Ҳатман яке аз ҷавобгарони асосӣ бояд гумрукчӣ- «оформител» бошад. Лекин ҷазоро кӣ гирифт? 5-6 гумрукчии бегуноҳи ҳамон рӯз дар сменаи кори дидбонгоҳи Фотехобод буда ва парванда нисбати онҳо оғоз карданд. Ҳол он ки Ҷамшед Давлатов то аз сарҳади Тоҷикистон  гузаштани мошин худ назорат карда ба гумрукчиҳои назди сарҳадӣ зангҳо задааст, ки машинаро даст нагиранду кордораш нашаванд ва ӯ медонад ин мошинро. (Нисбати ин ҳодиса мо васеътар нақл мекунем, аз куҷо бор кард ва боз кадом нафарон аз оила қуш ҳастанд).

Дар ютуб ҳам видеои ин ҳодиса аз тарафи кумитаи гумруки Узбекистан  монда шудааст, метавонед тамошо кунед онро. Ҳамаи ин ҳолатҳо ва ин нафарони дар боло зикр шуда ба Каримов Ҳошим-и наркобитоик алоқамандӣ ва ҳамкорӣ доранд. Ин мисолҳои мо як фоизи ҷиноятҳои содир карда истодаи як гуруҳи гумрукчиҳои дар «боло» пуштибондошта нестанд.

Даҳҳо хешу табори оилаи президент ва хешу табори вазирону раисону дигарон ҳастанд, ки  дар якчанд солҳои охир  наздик  ба 400-500 миллион доллари бюҷети давлатро аз они худ карданд. Масалан, фақат даромадани мошини аз Хитой омада ба терминали Душанбе, бояд ҳатман ба сардори дидбонгоҳ Давлатов Далер 3000$  ва ба инспекторони дохили дидбонгох 700$ пора бидиҳад. Пардохти ин «такса»  ҳатмист ва ҳеҷ кас ҳуқуқи надоданро надорад. Рузе аз 30 то70 мошин бори соҳибкорон ба терминал  медарояд. Пеш аз ҳар як идҳое, ки Тоҷикистон дорад, боз ҳатман ҳар як соҳибкор бояд идпулӣ ба Далер Давлатов оварда ба гуфтаи худаш «хабар» бигирад, вагарна аз чанголаш ғайр аз пешво туро ҳеҷ кас халос намекунад. Ин қонунҳои қабул кардаи хусурбачаи Рустами Эмомалӣ аст. Худатон фикр кунед, як кудаки бесавод фақат рӯзе ана ҳамин қадар даромад дорад. Шумо хуб мефаҳмед, ки ӯ ин маблағро ба ягон вазиру раис  намедиҳад. Мо дар бораи Зафар, Абдураҳмон Раҳимов, Фазлиддину Азизу Ҳурматзода ҳоло суханро оғоз накардаем. Ҳаҷми доляву ҳақи онҳо мувофиқи погонҳояшон боз якчанд маротиба аз ҳаҷми  «доля»-и Далер болотару нафсҳояшон бадтар аст. Акнун фикр кунед, ки бо ин одамон бюҷети давлатро иҷро карда мешавад ё ин ки аз болояшон ба ягон прокурору суд муроҷиат карда метавонӣ? Албатта не!!  Онҷо ҳам ҳамин тавр бародарони ин одамҳо ё хешу табори онҳо сари вазифа нишастаанд. Мо, ҳатман то охирон пулҳои ҷамъкардаашонро дар мақолаҳо менависем, то ин ки халқ фаҳмад, ки мардум чи гуна бо як азобу шиканҷа як пора нон меёбад, инҳо бошанд Тоҷикистонро ба як корхонаи бизнеси аз падар мерос монда табдил додаанд.

Ps: Ёдатон бошад вақте, ки Раҳмонов Шаҳбоз Раҷабзода,сардори терминали №1-и Гумрук дар Душанберо дар як ҷаласа- 10 майи соли 2019 дар мулоқот бо намояндагони соҳаҳои бонку молия ва гумруку андоз ва таҳқиромез аз кор сур кард чи гуфта буд? Гуфта буд, ки «Кадри ҷавон гуноҳат аз муйи сарат зиёд аст. Чи ту боз аз осмон чакидаӣ? қонун барои кӣ аст? гуноҳ надорӣ, камбуди надорӣ? Ҳамиқадаре, ки ҷавонӣ набоша кунҷи турмара мегирӣ, накам аз 15 сол. Пулҳои хориҷа баровардагита мегардонӣ. Аз куҷо даромади буҷет мешавад бад, садҳо миллион, садҳо миллиард рафта истодааст, мегуйед буҷет иҷро намешавад».

Аммо чизеаш нашуд. Фикр мекунед, ки бо Далер Давлатови додарарӯси Рустами Эмомалӣ ва ё Ислом Ҳурматзодаи домоди акаи Эмомалӣ Раҳмонов, ки садҳо ҳазор доллари бюҷетро дар ҳафта медузданд, чизе мешавад? Дар мавриди раиси кумитаи гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон тамоман гап нест. Ҷиноятҳои коррупсионии ӯ ба мо расидаанд,ки шаклу шевои аҷиб ва маҳорати олӣ доштааст дар порагирӣ. Ҳатман онҳоро низ тақдиматон хоҳем кард.

Поёни вижаматолиби ҳафтум, ин шо Аллоҳ агар имкони таҳқиқи ин коррупсионерҳо ва буҷа дуздон шуд вижаҳои дигарро ҳам тақдиматон хоҳем кард. Шикоятҳо аз ноҳияҳо ба “Ислоҳ” хело зиёданд бояд ба шикоятҳои онҳо низ диққати ҷиддӣ диҳему дарду ранҷи онҳоро ҳам нашр намоем. Чун,ки ҳар маълумоте мерасад онро мо месанҷему сипас тақдим менамоем. Ислоҳ , то имрӯз зери дикта ва фармоне матолибу навор нашр накардааст ва дар оянда ҳам нахоҳем кард. Ҳадафи мо мубориза бар зидди коррупсия, ҷиноятҳои муташаккили ҷиноятии мақомот ва оилаи бе сару нуги “пешво” аст. Талоши мо ба хотири ислоҳи вазъ ва сохтани як давлати озоду арҷгузорандаи ормонҳои миллӣ буд ва ҳаст!

Сообщение Буҷҷадуздони Тоҷикистон киҳоянд? Ба Раҳмонов ва оилаи вай чи робита доранд? появились сначала на ISLOH.net.