Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№356

Ислоҳ нет

Аз Душанбе, Исфара, Кулоб, Волгоград ва Панҷакент номаҳои ба унвонии «Ислоҳ» омадаро барои ин шумораи барномамон ҷой додаем.

Аз Душанбе номае, ки расидааст ду хабар дорад. Яке дар бораи директори мактаби рақами 48-и 9ум километр ва хабари дуввум дар бораи кори шуъбаи дохилии маҳаллаи Каратегинскаяи ноҳияи Шоҳмансур.

Номаи Исфара аз кори чанд нафар бузҳои деҳаи Чоркӯҳ мегӯяд, ки дар шаҳри Қазон ба фурӯшофурӯши ҳамшаҳриҳои худ машғуланд.

Муаллифи номаи аз шаҳри Кулоб дар бораи Шаҳбоз Раҷабзода, сардори собиқи терминали 1-и Душанбе навиштааст. Ва мегӯяд, ки аз навори истинтоқи Шаҳбоз Раҷабзода, тавассути Эмомалӣ Раҳмонов, ки 7 сол мегузарад, ҳамоно ин пурсиш дар сари забонҳост, ки айни замон Шаҳбоз Раҷабзодаи бойфренди Озода Раҳмон ва боҷаи Ҷамолиддин дар куҷо аст ва инки мегӯянд вай дар кори давлатӣ аст воқеият дорад ё не?

Муаллифи доимии мо аз Волгоград номае фиристодааст, ки дар бораи шаҳри Кулоб ва раиси он сӯҳбат мекунад.

 Як нафар аз шаҳри Панҷакет, ки феълан дар Маскав будааст зимни номаи фиристодааш аз он изҳори тааҷҷуб мекунад, ки чаро маҳз фирмаи «Нет солюшенс»-и Рустами Эмомалӣ барои кӯчаҳои Панҷакент видеокамера насб мекунад?

                                         Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз ноҳияи Шоҳмансур, аз 9ум километр бароятон ин номаро мефиристам. Дар ин нома дар бораи мактаби 48 ва шӯъбаи милисаи «Каратегинская» навиштаниам.

Хабари якум:

Шерова Тахмина директори мактаби миёнаи рақами 48 мебошад. Ин директори мактаб болои талабаҳо хеле ҳам зулм карда истодааст. Барои як аттестат аз талабаҳои синфҳои 11 аз сесад сомонӣ боло талаб карда истодааст.

Ҳозир бачаҳо, тамоми хонандаҳоро маҷбур карда истодааст, ки барои краска, барои семент пул биёранд.

 Ҳар як синфхонаро бачаҳо худашон рангу бор карда истодаанд, аз пули худашон. Ин Шерова Тахмина аз Будённий, аз 7 километр аст.

Вай пеш дар мактаби рақами 71 директор буд. Дар соли 2022 ё 2023 ба мактаби 48 ба ҷои Ҷамолов омад. Синфҳои 11 духтару писар аз сесад сомонӣ боло барои бланкаи аттестат пул дода истодаанд. Боз ҳар талаба 20 сомонӣ барои обуна дода истодааст. Бовар кунед, ки пулситонӣ аз талабаҳо бо ҳар баҳона ҳаррӯз идома дорад. Кори ин директор ҳаррӯз ҳамин аст. 

Аз Раёсати маорифи Душанбе хоҳиш мекунем, ки омада кори ин директорро тафтиш кунанд.

Хабари дуввум:

Дар шӯъбаи милисаи Каратегинская Орзуву Самариддин, ду корманди ин шӯъба бачаҳои маҳалларо хело ғам медиҳанд, подстава мекунанд. Меқапанд бо мелкий хулиганство. Мебаранд отделу дигар таҳдид мекунанд, метарсонанд. Бо «сводка» угрожат мекунанд: «сводкат мезанем, итат мекунем, утат мекунем».

 Ба номи Худо худамро бурда буданд. Дар соли 2023 синфи 9 будам. Я нафар буд бо номи Амриддин, фамилияашаро намедонам, капитан буд. Ӯро дар Шоҳмансур ҳама медонад, мешиносад. Маро угрожат карда бурд, ки сводкаат мезанам делоятро сиёҳ мекунам «ита мекунам утат мекунам».Гуфт дар соли 2015 воҳимаҳотона шикастем, шуморам мешиканем ва беҳад ҳақорату дашномҳои қабеҳ мекард.

Боз таҳдид мекард, ки чор тарафатон қибла, арзи шуморо касе намешунавад, куҷое меравед рафтан гиред. Мора барои шикастани пурраи шумо мардум иҷада мондагиян, мефаҳмӣ!

                                        Исфара

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз Исфара, аз Чоркӯҳ менависам. Мехоҳам дар ин нома дар бораи бузҳои Чоркӯҳ нависам.

  Замини Чоркӯҳро ба қирғизҳо дод. Халқ бе дару бе хона монд. Раиси собиқи шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода як шахси ҳаромхур буд. Рафт дар ҷояш, боз инаш Шарифҷон Ҷумазодаи кошелёки сарвазир омад, инаш аз ваяш ҳам гушнатар будааст. Дар вазифаи иҷрокунандаи вазифа буданаш марафони талбиданро шурӯъ кард, ки собиқа надошт дар Исфара. Угай угай да…

Қирғизистон барои замини Майски дар ивазаш аз Қарабоғ замин дод. Дар онҷо қирғизҳо зиндагӣ мекард. Хонаҳои обод дорад. Аммо ин раисҳои ҳаромхӯр бо ҷои ба халқи бечора додан хонаҳои нагғзашро худашон гирифтанд. Ин Фурқат Икромови ҳаромхур ҳам замин гирифтааст. Заправкаҳои ҳамон Қарабоғро ҳам гирифтааст. Ин инсон як ҳаромхури калон мебошад. Пеш дар Казан буд. Ҳозир дар шаҳри Уфа зиндагӣ мекунад.

Дар Казан бузҳои ранги худаш бисёранд. Э, бузҳо, пагаҳ пеши Худо равӣ, чи ҷавоб медиҳӣ. Аз Худо тарсед. Дар он дунё ҳоли шумо бузҳо хело вахим аст.

Як бузи калон Хуршед Баҳридинов аст ки дар аэропорти Казан бузӣ карда пул кор мекунад.

Бузи дуввум: Асад, кличкааш «Булбул». Ин ҳам як хабаркаши мақомот аст. Мардум хуб медонанад, ки вай буз аст.

 Бузи севум:  Шероз аз маҳаллаи Сари ҳисор аст. Дар бозори Казан савдогар аст.

Бузи  чорум:  Наим мебошад. Ин ҳам аз маҳаллаи Сари ҳисор. Дар Казан дар як ошхона ошпаз-повар аст. Ин як пуштлескаи Фурқат аст.

Ман ба ин бузҳои чоркӯҳӣ гуфтаниам, ки шарм аз Худо кунед. Шумоҳо на дар назди Худо обрӯ доред, на дар назди халқ. Кош ҳамон Низомхон Ҷӯраев мебуд, то шумо бузҳоро ҷазои муносиб медод.

 Ранги Низомхон Ҷӯраев ҳоло дар райони Исфара нарӯидааст. Ин марди худо ба камбағалҳо бисёр ёрдам мекард. Вай ранги Фурқат Икромов душмани Чоркӯҳ нест.

Фурқат Икромов худаш тоҷик нест. Падараш аз Сух, аз Ӯзбекистон ба Чоркӯҳ омадагӣ аст. Барои ҳамин ба Чоркӯҳ ва сокинонаш дилаш намесузаду бад муносибат мекунад.

                                      Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин, бародари муборизи роҳи ҳақ. Ман сайти «Ислоҳ»-ро пайваста мутолиа мекунам ва барномаҳои шуморо дар шабакаи Ютуб тамошо мекунам. Ҳозир ба ҷуз аз сайти шумо дигар ягон расонае, ки дар бораи ҷурму ҷиноят ва зулму ситами Раҳмонов ва ҳукумати вай нависад, нест, гӯем ҳам мешавад.

Ман чанд вақт мешавад, ки дар бораи Шаҳбоз Раҷабов, сардори терминали рақами 1-и Душанбе, ки гузаргоҳи муҳими гумрукӣ аст аз шумо пурсиданӣ будам. Гоҳо мегӯед, ки вай дар Дубай аст, гоҳо мегӯед, ки боз  дар кадом мақомот ба кор даромадааст.

Рости гап барои ман бисёр ҷолиб аст. Саҳнаи муҳокимаи ӯро аз тарафи Э. Раҳмонов дар ёд доред. Ҳамон муҳокимаи Раҳмонов ба муҳокимаи додгоҳӣ баробар буд. Вале дар он муҳокима, ки аз тариқи телевизионҳо пахш шуд ва ҳоло ҳам навораш дар фазои маҷозӣ мечархад Раҳмонов ҳам прокурор буд, ҳам судя ва ҳам адвокат.

Ба унвони прокурор гуфт, ки гуноҳат аз мӯи сарат зиёд ва ҳатто гуфт, ки ман хабар дорам, гуфт дурӯғ нагӯ, ҳеҷҷоро нахондаӣ, чанд хона дорӣ, чанд мошин дорӣ, ман медонам гуфт. Гуфт чанд сол кор кардӣ, ки ин ҳамаро ҷамъ овардӣ»?

Ба унвони судя ҳукм содир кард, ки 15 сол зиндон мешавӣ, аммо на бо дарназардошти ҷавонияш балки аз рӯйи бойфренди Озода буданаш дафъатан бахшид.

 Маълум аст ки ин ҳама маълумотҳоро идораҳои махсус ба Раҳмонов мерасонанд. Аммо ҷолиб инҷост, ки Шаҳбоз Раҷабзода рафиқи хубихуби Озода будааст ва яқинан он идораҳо, ки ин ҳама маълумот дар бораи Шаҳбоз Раҷабзода -ро ба Раҳмонов доданд, ин паҳлуи масъаларо ҳам медонистанд. Чи гуна дар як солу ҳашт моҳ се хона ва чандин адад мошин ва боз соҳиби рутбаи подполковник мешавӣ.

Аммо боз баъзеҳо гуфтанд, ки Раҳмонов инҷо як «бозӣ», як спектакл ташкил карду тамом. Худро бовиҷдону ҳақҷӯ нишон дод. Аммо агар дар ҳақиқат бихоҳад, ки дуздони ҳукуматашро биқапад, бояд ҳамаашонро дастгир кунад, ки ин корро намекунад. Агар диққат дода бошед ба маҳкумшаванда Шаҳбоз Раҷабзода фармон дод ҳама пулу моле аз кишвар баровардаатро ба кишвар баргардон. Оё ин фармон иҷро шуд ва Шаҳбоз Раҷабзода молу мулк мағозаҳои дар Белорусия доштаашро ба Тоҷикистон баргардонд? Агар бале, пас куҷоанд? Агар не, пас чаро фармони президент иҷро нашуд?

Ман бовар дорам, ки ҷӯраи тану ҷон будани Озодаву Шаҳбоз Раҷабзода воқеият дорад. Вале ҳоло аз шумо бародар мехоҳам, ки дар барномаҳои оянда агар тавонед дар бораи Шаҳбоз Раҷабзода ягон маълумот диҳед, ки ҳозир дар куҷосту чи кора аст?.
                                         Волгоград

  Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқбол! Ман ин бор аз сайти нашрия як матлаберо интихоб намудам, ки ба шеваи кору амали роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ дахл дорад. Тибқи дастур рисони шаҳру навоҳии кишвар ва дигар мақомдорон бояд рӯзҳои шанбе ба қабули шаҳрвандон вақт ҷудо намоянд ва ба ин кор машғул шаванд.

Корманди СССР, чуноне аз муқаддимаи навиштааш бармеояд бо супориши  редаксия ба Кулоб меравад, ки дар онҷо як нафари нав ҳамчун раис кор карда истодааст. Ин матлаб таҳти унвони «Қабули раис: аз роҳ то даргоҳ» дар рӯзи 21 апрел чоп шудааст ва нависандаи он Қосимзода Нуриддин мебошад.

Азбаски матлаб як каме калон аст ман он қисматҳоеяшро инҷо меоварам, ки барои номаи мо мувофиқ аст:

« Рӯзи шанбе буд, маълум аст, қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳр дар назар аст. Посбони назди дар бо лаҳни расмӣ хабар дод, ки қабули шаҳрвандон аз соати 08:00 оғоз мешавад.

 Мо тақрибан 1 соат вақт доштем. Фурсатро аз даст надода, ба тамошои шаҳри бостонии Кӯлоб баромадем, шаҳре, ки дар даврони Истиқлол шукуфта, симои нав гирифтааст. Кӯчаҳо, биноҳо, фазои шаҳр ҳама аз рушду пешрафт дарак медод.

Аммо дар баробари ин, аз суҳбатҳои роҳгузарон чунин садоҳо низ ба гӯш мерасид, ки раиси навтаъиншуда субҳгоҳон ба ҷамоатҳо меравад ва аз аҳволи мардум бохабар мешавад. Агар чунин бошад пас иқдоми шоиста аст.

                Қабул сар шуд!!!

Интизории мо тақрибан 1 соат зиёдтар тӯл кашид. Соат 09:10-ро нишон медод, аммо аз раиси шаҳр ҳанӯз дараке набуд. Бо вуҷуди ин, мошини хизматии ӯ дар саҳни бино қарор дошт. Ба толори қабул ворид мешавему манзараеро мебинем, воқеан ҷолиб ва ҳамзамон андешабарангез. Толоре, ки барои гӯш кардани арзу дод ва пешниҳоду шикоятҳои мардум ҷудо гардидааст, 16 нафар шаҳрвандонро дар бар мегирифт. Ҳар яке бо дарди худ, бо умеди худ ин ҷо омада, то дод бар додгар кунанд!  Чеҳраҳои онҳо ҷиддият ва нигоҳҳояшон пур аз интизориро нишон медод. Аз суҳбатҳо маълум шуд, ки мушкилоти асосии мардум дар ин ҷо ҳам масъалаи замин аст. Холиқова Моҳсафар, сокини ҷамоати деҳаи Чорбоғ, Шарипова Нодира ҷамоати Данаҳа, Давлатова Кенҷамо маҳаллаи Ш. Шоҳин, Назаров Ҳабибулло маҳаллаи Суғдиён ва чанд нафари дигар аз баҳсҳои замин ва ниёз ба кӯмакҳои аввалия сухан гуфтанд.

 Мо пештоз қайд мекунем, ки раиси нави шаҳри Кӯлоб Диловар Пирзода дар соҳаи замину заминдорӣ таҷрибаи бой дорад. Ин умед мебахшад, ки масъалаҳои марбут ба тақсими одилонаи замин ва ҳалли баҳсҳо дар доираи қонунгузорӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

Низом ва навбат

1 вежагӣ таваҷҷуҳи моро ҷалб кард. Тартиби қабули шаҳрвандон! Маълум гардид, шахсоне, ки мехоҳанд ба қабул дароянд, бояд як рӯз пеш омада, худро дар қайд гиранд ва танҳо рӯзи шанбе дар қабул иштирок кунанд. Ин низом, агар ба тартиб мусоидат кунад ҳам, ба гунае, ки дида мешавад, барои мардум каме душворӣ эҷод мекунад. Оё дуруст аст, ки шаҳрванд барои 1 масъалаи худ 2 рӯз вақт сарф кунад? Саволи дигар низ ба миён меояд.  Чаро намояндагони мақомоти маҳаллӣ пешакӣ бо муроҷиати шаҳрвандон шинос намешаванд? Чаро дар вақти қабул баъзе маълумотҳо норӯшан боқӣ мемонанд? Инҳо саволҳоеанд, ки ҷавоб мехоҳанд.

Қабули шаҳрвандон ин на танҳо шунидани арзу шикоят аст, балки оинаи муносибати ҳокимият бо мардум мебошад. Ҳар 1 муроҷиат 1 тақдир, 1  дард, 1 умед аст.

 Имрӯз, вақте ки ҷомеа ба адолат ва шаффофият бештар ниёз дорад, фаъолияти роҳбарон бояд боз ҳам наздиктар ба мардум бошад. Раиси шаҳр, ҳамчун намояндаи ҳокимияти иҷроия, масъулияти бузургеро бар дӯш дорад, масъулияти шунидан, фаҳмидан ва ҳал кардани мушкилот. Хушбахтона то ҷое дидем, раиси нав аз иҷрои ин масъулият баромад ва аксарияти кулли муроҷиаткунандагон дилпур аз толор бадар шуданд, ки раис ба додашон мерасад…

Умеди нав ва раиси нав

 Сафари мо ба Кӯлоб танҳо як гузориши оддӣ набуд. Ин як дидор бо воқеият буд, воқеияте, ки дар он умеду нигаронӣ, интизорӣ ва талабот ҳамзамон ҷой доранд. Агар ҳар роҳбар ҳар субҳро бо фикри мардум оғоз кунад ва ҳар қарорро бо адолат анҷом диҳад, ҷомеа ҳатман рӯ ба пеш меравад. Гумон мекунам, агар акаи Сайидмурод ва Алии Беҳудуд намешуданд, инҷо моро касе нигоҳ намекард, чунки бо талоши раиси қаблӣ рӯзноманигор дар ин шаҳр он қадре, ки мебояд, дигар эътибор ва эҳтиром надорад! Сипос барои ҳамроҳӣ карданашон, ки барои дидани баъзе мавзеъҳо ҳамроҳи мо буданд.

Зимнан аз раиси нав мардум умедҳои тоза ва қарорҳои муфиду дастрасро интизоранд. Журналистон низ бар умеданд, ки дар симои ишон, мисли раиси пешин, масъулин дигар  «душман намебинанд» ва ҳамкорӣ хоҳанд кард. Зеро бо таъин гардидани симои нав мардум бовари нав ба раиси нав доранд. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!»

  Ин буд он матлаби мавриди назари мо. Ҳоло чи мехоҳам бигӯям? Ончуноне нависандаи матлаб бидуни зикри ном ишораҳо кардааст, раиси пешини Кулоб Бахтиёр Назарзода бо хабарнигорон миёна ва муносибати хуб надошт. Ва низ гӯшона кардааст, ки агар кормандони ин нашрия дар Кулоб ӯро ҳамроҳӣ намекарданд, шояд комёб ба қабли раис намешуд. Вале ҳамзамон гуфтааст, ки мардум аз раиси нав умеди зиёд доранд ва раиси нав ҳам банди кабинет набуда аз ҷамоату деҳот дидан мекардааст. Ҳамчунин муаллифи матлаб аз саргардонии сокинон, ки барои қабули раис ду рӯзи вақти худро сарф мекунанд, интиқод кардааст. Чунки онҳо як рӯз пеш омада навбат мегирифтаанд ва пагоҳаш ба қабул медаромаданд.

Воқиан ҳам раисони пешини Кулоб, масалан ҳамин Бахтиёр Назарзода, ки тибқи хабарҳо ҳоло кору аъмолаш дар дасти тафтишот қарор дорад боис шуда буд, ки Аҳмади Иброҳим, сармуҳаррири «Пайк» зиндонӣ шавад. Бо журналистон ҳамкорӣ надошт, муносибати бад мекард.

Аммо акнун бо ин навишта мехоҳанд, ки раиси нав дар муносибат бо журналистон бархӯрди хуб дошта бошад. Ин тавр нашавад, ки хабарнигор аз маркази кишвар ояду «касе ба онҳо нигоҳ накунад».

                                      Панҷакент

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ин номаро аз шаҳри Маскав менависам. Ман солҳои зиёд дар як муассисаи таълимии шаҳри Панҷакент кор мекардам. Собиқаи зиёди омӯзгорӣ дар соҳаи технология дорам. Дирӯз дар хабарҳо дар интернет хондам, ки дар шаҳри Панҷакент барои иҷрои лоиҳаи «Шаҳри бехатар» раиси ин шаҳр қарор содир кардааст. Тибқи навиштаи расонаҳо дар доираи ин лоиҳа дар шаҳри Панҷакент чанд нуқтаи таъмини неруи барқ барои электромобилҳо, истгоҳҳои пулакии мошинҳо сохта ва дар кӯчаҳои он камераҳои назоратӣ насб карда мешавад..

Дар хабар гуфта нашудааст, ки ин лоиҳа аз ҳисоби кӣ татбиқ мешавад, сармояи он аз маблағи бюҷети шаҳр аст ё аз ягон сармоягузор.

 Ман ёд дорам, ки вақте дар Душанбе барномаи «Шаҳри бехатар» ба иҷро дароварда шуд пули онро аз Хитой гирифта буданд.

Гуфта мешавад тамоми ин лоиҳа бо таҷҳизоти хитоӣ сохта мешавад ва иҷрокунандаи он фирмаи «Нет солюшенз» будааст. Ин ширкат аз они Авестогруппаи Душанбе аст ки мансуб ба Рустами Эмомалӣ мебошад.

 Бар пояи навиштаҳои интернет Ҷамъияти Масъулияташ Маҳдуди «Нет Солюшенс» (Net Solutions, Network Solutions ё Nets) дар соли 2016 ба бозори мухобиротии Тоҷикистон роҳ ёфтааст. 

Ин ширкати «Нет солюшенс» иҷрои барномаи «Шаҳри бехатар» дар Панҷакентро тавассути музояда гирифтааст ва ё инки бо суиистифода аз мақоми Рустами Эмомалӣ дигар ба қазовати худи шумо вогузор мешавад.

  Соли гузашта бозори Панҷакент ба коми оташ рафт. Шунидам, ки дар наздикии консервзводи собиқ аз нафарони наздики Раҳмонов ва Рустам бозор сохтаанд ва фурушандаҳои  бозори сухтаи шаҳрро ҳамонҷо мебаранд. Аммо нархи як точка барои онҳо аз 100 то 180 000 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳанӯз солҳои пеш буд, ки бозори сабзиҷоту меваҷоти шаҳрро низ аз одамони ҳамин оила гирифта буд.

Милиса, амният, пожарка, водоканал, светавой ва ДЭУ-и шаҳрро ҳам ҳамин бародарҳо гирифтаанд.

Аҷаб давру замоне шуд!

Share This Article