Такрори кулфати Фаластин дар Тоҷикистон

Бузургони тоҷик дар ин садсолаи охир ба ҷуз чанд навиштаҳои ором-ором ва талошҳо бо теғи қалам, дигар ҳеҷ муборизае баҳри бақои дину миллату сарзамин аз дасташон наёмадааст. Ҳама талафотро ором-ором бо “сабру таҳаммул” қабул кардаанд. Имрӯз мардуми тоҷик бо ҳуруфоти бегона менависад. Адабиётҳои гузаштагони худро 80 дар сади мардумаш хонда наметавонанд. Таҳоҷум ба фарҳангу диёнати мардуми ин сарзамин расман аз ҷониби ҳукумат бо иддаои “худшиносии миллӣ” пиёда мешавад.

 

Шароитҳои сиёсии чанд соли охири Тоҷикистонро вақте мушоҳида мекунам, таърихи аз сар гузаронидаи мардуми сарзамини муқаддаси Фаластин пеши назарам меояд.

 

Фаластин сарзамине буд, ки ҳудудаш аз Ғаза то Исроили ишғолгари имрӯза, аз баландкуҳҳои Голан то соҳили ғарбии дарёи Урдун, аз он ҷумла Лубнону Сурия, ҳамчунин аз Сидлон дар соҳилҳои Миёназамин то ба Димишқ ва Халиҷи Акабаро дар бар мегирифт.

 

Оҳиста-оҳиста, сол ба сол ин сарзамини муқаддас ва таърихӣ, зодгоҳи аксари паёмбарони осмонӣ ба кишварҳои ҷудогона, мисли Урдун, Лубнон, Сурия, Исроил ва ниҳоят Фаластини хурдакак тақсим шудааст.

ФаластинАвоили асри бист бо номи Исроил дар рӯи замин кишваре вуҷуд надошт. Аммо бо ҳиҷрати мардуми яҳудитабор ба ин сарзамин, аз аввалҳои асри гузашта, ишғоли Фаластин оғоз шуд. Хусусан баъди ҷанги дуюми ҷаҳон, ки як ҷанги беамон зидди яҳуд аз ҷониби Гитлер ҳам маҳсуб меёфт, аксари мардуми яҳудитабор ба ин сарзамин ҷамъ омаданд. Аз ҳисоби заминҳои Фаластин ба худ кишваре бо номи Исроил сохтанд ва ҳудуди Фаластинро танг карданд ва имрӯзҳо  асосан Ғазза ва атрофи он дар ихтиёри Фаластин мондаасту халос. Боқӣ, ҳама ҷуғрофияи ин сарзамин порча-порча шудааст.

 

Асрҳост, ки ин сарзамин аз даст ба даст мегузараду тақсим мешавад. Хусусан дар садсолаи охир ин сарзамин ба деҳа мубаддал шуд. Ҳатто имрӯз истиқлолияти расмӣ надорад. Ихтиёраш ба дасти ишғолгараш – Исроил аст.

 

Дар чанд даҳсолаи охир ин мардуми бечора ба демократия, созмонҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва кафилони оштӣ бовар карда, ба дасташ ягон силоҳ нагирифтааст. Ҳатто дар ин бора қонун ҳам вуҷуд дорад, ки ҳеҷ як марди Фаластинӣ ҳақ надорад, дар ихтиёри худ хурдтарин силоҳеро дошта бошад. Дар баробари ин занҳои Исроили ишғолгар ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд ва ҳуқуқи бо мардон баробари бо худ  доштани силоҳро доранд.

 

Ҳамин бовари мардуми Фаластин ба Созмонҳои байналмилалӣ мисли Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои кафили оштӣ буд, ки дар ин чанд даҳсолаи охир ҷуғрофияи Фаластин бо атрофи Ғазза маҳдуд шуд. Дар натиҷаи зулму истибдод ва сиёсатҳои ишғолгароёнаи Исроил мардуми ин сарзамин ба кишварҳои дуру наздик муҳоҷир шуданд. Боқимонда, мардуми Фаластин имрӯз ба ҷуз қувваву нерӯ ва имони худ ба чизеву касеву кишваре бовар надорад. Бо сангу чуб дар баробари тиру тупу туфангу мушак ҷангида, бақои худро мехоҳад ҳифз кунад.

Арабмир

Арабмир – яке аз шаҳрҳои Фаластин, ки золимона аз ҷониби Исроил ишғол шудааст.

 

Пуштибонии кишварҳои исломӣ низ аз ин кишвари ҷабрдида, танҳо бо шиорпартоӣ ва ҷонибдориҳои лафзӣ маҳдуд аст. Ягон кишваре, ҳатто ҳаракатҳои ҷиҳодии имрӯза дар ғами ин миллат нест. Тупу туфанги абарқудратҳо болои сари ин миллат мерезад. Рӯзе нест, ки даҳҳо фаластинӣ аз дасти ҳарбиёни Исроили ишғолгар кушта нашаванд. Мусаллам аст, ки баъди ин қадар хушгумониҳо ва аз даст додани қудрату истиқлолият, дигар истодагарӣ дар баробари тупу туфанг ва мушакҳои душман кори сода нест.

 

Тарафи муқобил бо тамоми ҳастияш кӯшиш дорад, решаи ин миллатро аз беху бун барканад ва ҳама муқаддасоташро аз худ кунад. Дар ин тасмими худ душманони Фаластин ягон ақибнишинӣ ва ё истиҳолае надоранд…

Зулми ҳарбиёни Исроил ба мардуми Фаластин

 

Агар мо ба таърихи як садсолаи ахири тоҷикон назар кунем,  мебинем, ки ҳолати мо низ ба ҳолати имрӯзи Фаластин наздик шуда истодааст.

 

Мо ҳам мардуми Форс, ки асрҳо муътақиди як дин будем, муқаддасоти ягонаву забони ягона доштем, фарҳанги ягонаву алифбои ягона доштем, порча-порча шудем. Ин ҳам бас нест, ки имрӯз ба қабилаҳо ҷудо мешавем. Се кишвари ҳамзабон, ки дар як минтақаи ҷудонанашаванда қарор дорад, душмани ҳамдигар аст. Афғонистон кишвари Тоҷикистонро муттаҳам ба он мекунад, ки душманони низомиашро ҳукумати расмии Тоҷикистон кӯмак мекунад. Тоҷикистон бошад, Эронро муттаҳам ба он мекунад, ки рақибони сиёсиашро дастгирӣ мекунад.

 

Ниҳоят, ин се кишвари ҳамдину ҳамзабон ба ҳамдигар бо чашми ҳақорат менигаранд ва муносибатҳои дипломатиашон низ, ҳамон гунае, ки бо бегонагон аст, нест. Яъне, ҳама овора ба аҳволи худ аст ва ҳеҷ нияти бо ҳам муттаҳид шуданро надоранд.

 

Кишвари кучаке бо номи Тоҷикистон, ки ҳудудаш солҳо дар ихтиёри мустамликаи Русияи подшоҳӣ буд, баъди пошхурии Русияи подшоҳӣ, охири солҳои бистуми асри гузашта, бо ин ном арзи ҳастӣ пайдо кард. Дар ин чанд даҳсолаи охир се маротиба ҳуруфоташро дигар карда, мардумашро се маротиба бесавод карданд. Бойгониҳои маърифатӣ ва дороиҳои илмияшро дар замони шӯравӣ сузониданд ва ё нобуд карданд. Ҳарчиро салоҳ донистанд, бо худ гирифта рафтанд. Шаҳрҳои таърихияш ва пойтахти ифтихорияш  мисли Самарқанду Бухоро ба дигарон тӯҳфа шуд.

 

Бузургони тоҷик дар ин садсолаи охир ба ҷуз чанд навиштаҳои ором-ором  ва талошҳо бо теғи қалам, дигар ҳеҷ муборизае баҳри бақои дину миллату сарзамин аз дасташон наёмадааст. Ҳама талафотро ором-ором бо “сабру таҳаммул” қабул кардаанд. Имрӯз мардуми тоҷик бо ҳуруфоти бегона менависад. Адабиётҳои гузаштагони худро 80 дар сади мардумаш хонда наметавонанд. Таҳоҷум ба фарҳангу диёнати мардуми ин сарзамин расман аз ҷониби ҳукумат бо иддаои “худшиносии миллӣ” пиёда мешавад.

 

Заминҳои ҳамвору ҳосилхезаш тибқи табартақсими замони шуравӣ дар ихтиёри ҷумҳуриҳои ҳамсоя аст. Барои тоҷикон танҳо талу теппаҳо ва доманакуҳҳоро барои сукунат раво дидаанд. 93 дар сади ин кишварро кӯҳсор ташкил медиҳанд. Бар замми ин аз чор тараф кишварҳои ҳамсоя явош – явош аз ҳисоби заминҳои Тоҷикистон ҳудудашонро тавсеа медиҳанд. Хитой бошад, аллакай як қисми замини кишварро зада гирифт. Яъне, ба ҷои қарзи ҳукумати феълӣ замини мардум ба ихтиёри бегонагон гузашт.

 

Айни ҳол тамоми корхонаҳои калон, коркарди маъданҳои қимматбаҳо, сарватҳои табии ин кишвар ба ихтиёри Хитой гузашта истодааст. Ин ҳам бас нест, чанде пеш боз расонаӣ шуд, ки Хитой мехоҳад, боз ҳам аз ҳисоби замини Тоҷикистон ҳудудашро васеъ кунад. Аз ҳисоби ҳамон заминҳое, ки макони сарватҳои табиӣ аст. Ҳукумати Тоҷикистон ҳам дар садади розӣ шудан ва додани замин ба ихтиёри Хитой мебошад.

 

Илова бар ин, вақте аз ҷониби фаолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бораи забон ва ҳуруфоти ниёгон гап меравад, дарҳол чанд олимгунаи нонхури ҳукуматӣ вокуниш мекунанд ва даъвогаронро ба хоину гумоштаи хоҷагони хориҷӣ муттаҳам мекунанд.

 

Қишри муҳофизакор ва диндори ҷомеаи кишвар бошад, кайҳост, ки бо иттиҳомҳои террористу экстремист, тундгарою тарғибгари фарҳанги бегона, ё пушти панҷараи зиндон шудаанд ва ё сар ба гурез.

 

Қарзи хориҷии Тоҷикистон рӯз ба рӯз афзуда, таҳдиди аз ихтиёр рафтани истиқлолияти кул беш аз пеш меафзояд. Танҳо ба хотири қарз бузургтарин конҳои тилло, нуқра, сурма, уран, металҳои рангаи Тоҷикистон ба ихтиёри ҷумҳурии Хитой гузаштааст. Эълон ҳам шуд, ки вобаста ба қарзи кишвар теъдоди конҳои маъданҳои қимматбаҳое, ки ба ихтиёри Хитой мегузарад, дар ояндаи наздик меафзояд.

 

Замин порча-порча ба ихтиёри бегонагон мегузарад. Сарватҳо ва боигариҳои кишварро низ ширкатҳои хориҷӣ аз худ мекунанд. 75 дар сади саҳмияи НБО “Сангтуда- 1” дар ихтиёри Русия аст. НБО “Сангтуда-2” низ чанд соли дигар дар ихтиёри Эрон аст. Саҳмияҳои НБО “Роғун” низ аллакай дар фурӯш аст.

 

Аллакай аз се як ҳиссаи шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷир шудаанд. Шумори касоне, ки шаҳрвандии дигар кишварро аз шаҳрванди Тоҷикистон будан авло донистаанду табааи кишвари дигар шудаанд, наздик ба миллион расидааст ва ҳам дар ҳоли афзудан аст. Илова бар ин дар ҳоле, ки мардуми тоҷик дар ватани худ ҷои кор наёфта, дар диёри мардум кучарӯбӣ мекунад, шаҳрвандони Хитой дар Тоҷикистон ба сердаромадтарин корҳо таъмин мешаванд. Хитоиҳо аз ҳисоби духтарону бечоразанҳои тоҷик оила барпо карда, шумори хитоиро дар Тоҷикистон бо ҳоли табиӣ меафзоянд.

 

Пас, бо ин ҳолат, оё мо кишварро ба ду – се дузду ғоратгар бовар карда, ором-ором бо риояи “сабру таҳаммул” аз даст надода истодаем?

 

Магар дар ҳамин ҳолат, аз хомӯш будан ва ё худро қонеъ кардан ба ду се вокуниши по дар ҳавои моҳу соле якбори раҳбарони аҳзоби сиёсии мухолифи режим ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ  муроде ҳосил мегардад?

 

Магар намеандешем, ки барои бақои миллат ва аз даст нарафтани ин сарзамин иқдомҳое ҷиддитар ва ҳалкунанда лозим аст?

 

Нонхурони режими ҳукумати вақти Тоҷикистонро мешавад дарк кард. Чун онҳо аз ҳамин ҳисоби замину сарвати Тоҷикистонро ба ихтиёри дигарон додан рӯз мегузаронанду сарват ҷамъ мекунанд.

 

Аммо, ба дигарон чи шуда, ки танҳо тамошогариро ихтиёр кардаанд. Ба ҷуз ду се ҷавони хунгарм, ки аслан ба ҳарфҳояшон гуши шунаво пайдо намешавад, дигар аксарият нухбагон ва элитаи кишвар як ҷасорате барои иқдоми ҷиддӣ баҳри бақо ва аз даст надодани кишвар намекунанд.

 

Магар ҳамин ҳолати имрӯзаи Тоҷикистон такрори кулфати ба сари мардуми Фаластин омада нест?

 

Агар имрӯз иқдоме ҷиддӣ накунем, фардо баъди кишвар то ба як деҳаи хурди дурдасти касногузар танг шуданаш, доду фарёди мо фоидае нахоҳад дошт.

 

Шавкати Муҳаммад

Total
0
Shares
Related Posts
Идома

“Домоди Муроди телех марзи Исфараро ноором дорад”

Беҳрӯз соҳибкорон ва тоҷирони Исфара ва вилоятро бо талаби пораҳои калон ба дод овардааст. Беҳрӯз бо тавсияи Маҳмадзоири домоди Президент ба ин вазифа таъин карда шудааст. Тамоми борҳои дуздии домоду духтарҳои президент аз ҳамин сарҳад мегузаранд.
Идома

Раҳмоналӣ.A заминҳоро фурӯхту “кидат” кард

Гӯё, ки модарони исфарагӣ фақат писару духтари террорист таваллуд мекарда бошанд. Мо- мардуми Исфара тӯли ин 29 соли истиқлолият инхел милисаҳои бераҳмро бисёр дидем монанди Насимов Каромат..Тошов Ғулом. Айни замон дар ВКД кор карда истодааст бо рутбаи полковник.
Идома

Раҳмонов ба узбекҳо пул намедиҳад

Чи хеле ки гуфтам дар шаҳри Конибодом дар даврони Истиқлолият ягон навигарӣ нашудааст. Ҳоло агар вазъиятро ҳикоят кунам, шояд боваратон намеояд.
Идома

Лимити барқ дар тобистон бало аст ва ё наҳсиву корношоямии Раҳмонов?

Ҷорӣ кардани лимити барқ дар тобистон,ки барои аввалин бор дар Тоҷикистон иттифоқ меафтад, баробари рехтани оби хунук ба сари мардуми бе ин ҳам дар як ҳолати вазнини иҷтимоиву иқтисодӣ қароргирифтаи тоҷик аст. Дар урфият мегӯянд, ки балои аз осмон омадаро замин мебардорад