Талаби ҳақ аз Рустами Эмомалӣ ба ҷои табрик ба зодрӯз

Ислоҳ нет

Агар ҳама ба шахсе зодрӯздор ҳадяе тақдим кунанд, бар хилофи ҳама, ман аз ӯ дар ин рӯз ин талабҳоро мекунам: 

Рустами Эмомалӣ!!!

-Ҳиҷоби занони мусалмони ин миллатро, ки падарат мехоҳад бигирад, онро ҳифз кун! 

 

-Масоҷиде, ки онҳоро мардуми мусалмони ин миллат обод карданду падарат онҳоро баст ва ба марказҳои тафреҳиву фарҳангӣ табдил дод, дубора онҳоро барқарор кун! 

 

-Бузургони ин миллатро падарат барои бақо дар қудрат кушт, бадарға намуд ва ё зиндонӣ кард. Зиндониҳояшро озод, туҳматшудаҳояшро сафед, бадарғакардаҳояшро баргардон! 

 

-Дар мақомоти амниятии кишвар афроде нишастаанд, ки  дар сар то сари амалкардҳояшон хиёнат, тавҳин ба ин миллат, дин, фарҳанг, муқаддасот ошкоро дида мешавад. Ин афрод ҷуз бадном кардани шумо кори дигаре надоранд. Хашму ғазаби миллатро амалкардҳои онҳо ба бор оварда истодаанд. Пеши роҳи ин афроди тасодуфиро бигиру худатро аз ин нанг пок кун! 

 

-Ҳар мақомдор, раиси вилоят, шаҳр, ноҳияе интихоб мегарданд, назорати ҷиддитаре аз онҳо анҷом бидеҳ ва мувозиби ҳама амалкардҳои ин мақомдорон бош. Онҳо бо додани маблағ ин вазифаҳоро ба даст овардаанд ва бояд чанд баробари он маблағҳои додаашон ба даст оранд. Онро аз мардум бояд бистонанд, дар ниҳоят мардум амалҳои онҳоро фармони шумо меҳисобанд. Ба ин вазифаҳо ҷуз афроди содиқ ва хидматгор ҳеҷ каси дигареро нагузор ба ҳеҷ қимате таъин гарданд.

 

-Роҳе падарат ихтиёр намуд он роҳ хело хатарнок ва на ҳама ба чунин амалкардҳо барои бақо дар ҳукм қодиранд. Ҳукумате, ки ташкил намудааст, ба андозаи донаи арзан аз ҳамояти мардум бархурдор нест. Ин ҳама дастҳои пеши барҳоро аз хулуси нияти онҳо ва самимияташон надон ва огоҳ бош, ки дар оддитарин таҳаввулот тундбоде оилаи шуморо иҳота мекунад, ки касе наҷотатон дода наметавонад. Агар ҳоло дар ин фикр набошӣ ва мардумро розӣ насозӣ,  ояндаи бадеро интизор бош! 

 

-Ҳеҷ гоҳ онҳое, ки маддоҳӣ, хушодмадгӯият мекунанду шуморо тавсифҳо мекунанд ба онҳо бовар накун. Онҳо аслан дӯстонат нестанду дар фикри манфиъате аз туянд. Аввалин зарбаро аз ин афрод хоҳӣ хурд! 

 

-Афроди оилаатро назорат кун, хоссатан домодҳоятонро, ки вожгунии ҳукумати падарат аз дасти зулму ситами ин афрод ва дигар афроди оилаи шумост. Ҳоло инро эҳсос намекунед, дар он рӯзи тундбод мефаҳмед, вале дигар ислоҳ карда наметавонед онро! 

 

-Ба мусалмонони кишвар ситамро раво бас кунед ва ҳама ончӣ падарат кард ин ҳамаро бояд тағйир дод. Мардум дар ҳама мушкилот тавони истодагарӣ доранд, аммо дар он чӣ падарат дар муқобили мусалмонони кишвар карда истодааст, ҳама сарҳадҳоро убур карда истодааст. Муҳимтарин ангезае, ки ҳукумати шуморо вожгӯн месозад, ин муқобила бо диндорону мусалмонони кишвар аст. Инро аз афроди ноогоҳ аз дин напурс ва машварат нагир, онҳое, ки ба ин дин дониши кофӣ доранд аз онҳо машварат бигир, дар ғайри ин мунтазири тундбод бош! 

 

-Ба онҳое, ки аз амалкардҳои шумо интиқод мекунанд, онҳоро душману хоин наҳисоб. Онҳоро гуш кун ва интиқодҳои созандаи онҳоро қабул кун ва ислоҳотро дар ончӣ мегӯянд анҷом бидеҳ! 

Муроди мо насиҳат буд гуфтем,

Ҳаволат бо Худо кардему рафтем.

Муҳаммадиқболи Садриддин

 
Share This Article