Талко фурӯхта шудааст,шакке нест

Хитой аз ҳамин ҳоло ба ғасби Тоҷикистон шурӯъ кардааст? Вагарна агар Хитой “Талко”-ро нагирифта бошад,чаро сафири пешини он тавре сӯҳбат кардааст, ки ин корхона моли Чин шудааст.Инро чи тавр метавон фаҳмид?

                                     

Эмомалӣ Раҳмонов дар пайи як муомилаи  мармуз ва махфӣ бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон-“Талко”-ро ба Чин фурӯхтааст. “Isloh.net” дар баҳори соли ҷорӣ дар як матлаби муфассал дар ин бора навишта буд.Аммо масъули матбуотии ширкат бо нашри як ҷавобия фурӯхта шудани “Талко”-ро рад карда гуфта буд,ки Чин танҳо ду коргоҳ(?)- дар ин ширкатро навсозӣ мекунаду бас. Ҳоло яқин шуд,ки ончи мо навишта будем 100дар100 дуруст аст. Ва, “Талко” барои муддати номаълум ва ба эҳтимоли зиёд, барои ҳамеша ба ихтиёри Чин вогузор шудааст.

 

   Юе Бин,сафири пешини Чин дар Тоҷикистон ба ҳайси як дипломати огоҳ аз ҷараёни муомила бар сари “Талко” рӯзи 2 декабри соли ҷорӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон изҳор доштааст,ки ин ширкат “моликияти муштараки ду тараф” аст. Ин дипломати чиноӣ бо сароҳат эълон кардааст,ки минбаъд дар канори Чин Тоҷикистон ҳам аз ин корхона фоида хоҳад дид,чун  он ба бюҷети Тоҷикистон андоз месупорад:

 

   “Ба назари ман, корхонаи муштарак ба манфиати ҳарду ҷониб хоҳад буд, ҳам аз лиҳози таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҳам суръату вусъат додани фаъолияти он ,фурӯши маҳсулот ва ниҳоят даромадани андозҳо ба буҷаи давлати Тоҷикистон. Яъне, дар ин тарҳ на танҳо Чин,балки Тоҷикистон низ фоида ба даст меорад”.

 

Дар ягон ҷое аз сӯҳбати худ сафири Чин нагуфтааст,ки ин корхонаи танҳо Тоҷикистон аст, балки гуфта,ки “на танҳо Чин,балки Тоҷикистон низ”, на инки “Чин низ”. Яъне “низ”-ро ба Тоҷикистон нисбат додааст ва на ба Чин,ки маънояш ин аст ки акнун соҳибмулк, соҳиби “Талко”  Хитой аст. Дар зимн на танҳо ҷониби Чин аст ки  соҳибияти худ ба “Талко”-ро эълон мекунад. Умед Давлатзода, як масъули Маркази тадқиқоти стратгеии Тоҷикистон ҳам дар як посухи зимнӣ тасдиқ кардааст, ки минбаъд идораи “Талко” ва мудирият дар он аз тарафи хитоиҳо анҷом дода мешавад: 

 

 “ Минбаъд, ширкатҳои чинӣ бо фурӯши алюминийи тоҷик дар бозори ҷаҳонӣ маблағи сарфкардаи худро бозпас хоҳанд гирифт”.

Маънои ин сухан он аст ки маводду маҳсулоти “Талко” дар ихтиёри хитоиҳо аст. Ва,агарки нафурӯхта буданд, чаро фурӯши тавлидоти “Талко”-ро хитоиҳо бояд анҷом бидиҳанд?. 

 

 

  Дар ҳоле,ки масъулини “Талко” то ҳамин ҳоло фурӯхта шудани он ба хитоиҳоро пинҳон мекунанд ва 545 миллион сармояи Чин ба ин ширкатро барои сохтмони “ду коргоҳ” дар ин ширкат ба қалам медиҳанд ,аммо ончуноне дидем гапу кор тамоман дигар аст ва корхонаи тавлиди алюминиюм,ки то солҳои навадум 45 дар сади даромади арзӣ дар Тоҷикистонро таъмин мекард, дар пайи муомилаҳои махфӣ ва мармуз фурӯхта шудааст. Ба навиштаи радиои “Озодӣ” ,ки ба  ба гуфтаи ин расона,дар “сарчашмаҳои боз” тазаккур ёфтааст Хитой ин корхонаро тасоҳуб кардааст:

 

 “….ба навиштаи як манбаи марбут ба корхона дар сомонаи сарчашмаҳои бози Drupal , бо сармояи зинда аз ниммиллиарддоларии Чин амалан як корхонаи нав сохта мешавад,ки “ҳаққи моликият ба он мумкин аст,пас аз 8 соли истифода шуданаш ба Талко гузарад”.

       

  Фурӯши “Талко”-ро пинҳон мекунанд,чаро?

 

    Фурӯши корхонаи алюминиюм ба Чинро то ҳамин имрӯз Раҳмонов пинҳон медорад. Аммо чуноне медонем гуфтугузор дар бораи фурӯши “Талко” ба Чин дар соли гузашта анҷом пазируфта ва баъди омодашавии ҳамаи аснод дар моҳи апрели соли ҷорӣ ба имзо расида буд. Аввлин нукутае,ки мавриди шубҳа қарор мегирад ин ҳаҷми сармоягузории Чин барои ба истилоҳ модерниза сохтани он аст ки болиғ ба беш аз ним миллиард доллар мебошад. Ин маблағ барои навсозии як корхона хеле ҳам зиёд аст ва бо масрафи ин миқдори маблағ метавон ширкатҳое назири “Талко”-ро аз сифр сохт. Воқеият ҳам ин аст,ки чанд соли пеш ширкати алюминиюм бар асари қатъи саросарии барқ дар тамоми кишвар куллия дегдонҳои электролизӣ ва ё ҳамон хумдонҳои он хароб ва корношоям шуда буданд ва аз ттарафи дигар гази истихроҷшуда аз ангишт,ки дар чанд соли ахир ба ҷойи гази табиӣ истифода мешуд, асбобу дастгоҳҳои ин корхонаро,ки бе ин ҳам фарсуда шуда буданд, аз фаъолият боздошт.

 

Раҳмонов ногузир ва ноилоҷ буд,ки корхонаро ба ҳар роҳу васила коршоям нигоҳ дорад. Аз инҷо буд,ки онро ба Хитой дод.Аммо масъалае,ки барои Раҳмонов дардисарсоз аст ин аст ки дар соли 2009 бо як фармон “Талко”-ро моликияти истисноии давлат эълон карда ва таъйиди Маҷлиси намояндагон-ниҳоди олии қонунгузории кишварро дар ин бора гирифта буд. Аслан ин як бархӯрди  комилан зиёнбор ва номуносиб ба шароити иқтисоди озод ва аз сари ҷаҳлу такаббур анҷом шуда буд.Зеро дар кишварҳои бузургтар ҳам ширкатҳои даҳҳо баробар бузургтар амал мекунанд,ки ба моликият ва ё иҷораи хориҷиҳо дода шудааст. Муҳим барои давлат ва мардум он аст ки ширкат ва корхонаҷоти бузурги ватанӣ то чи ҳад ниёзро бароварда карда ва беҳтар хидмат мекунад.Аммо аз онки он вақт “Талко” танҳо барои ҷайби Раҳмонов ва хонаводаи вай кор мекард, пешниҳоди оқилонаи  сиёсатмадорон ва коршиносонро ҷиҳати фурӯхтани он радд карда буд. Аммо ҳоло,ки корхона аз тавлид ва истеҳсол бозмонд онро ба Хитой дод.Амалан “Талко” муфлис  карда шуд,ки поинтар дар ин бора хоҳем гуфт.Нуктаи дигаре,ки боис шуда,ки Раҳмон қарордоди фурӯши “Талко” ба Хитойро аз чашми мардум пинҳон дорад ин аст,ки Раҳмонов дар солҳои пеш як порае аз замини муқаддаси Тоҷикистонро бо нақзи ошкорои Қонуни асосӣ ба Хитой фурӯхта буд.Заминфурӯшии Раҳмонро то ҳамин ҳоло мардуми тоҷик нафрин мекунанд ва имрӯз ё фардо Раҳмонов барои ин ҷинояти сангинаш дар баробари миллат посух хоҳад дод.

 

Аммо чуноне тазаккур додем “Талко”-ро дуруст даҳ соли пеш моликияти истисноӣ, ифтихор,шараф ва нангу номуси миллат муаррифӣ карда ҳар нафари дар фикри фурӯши онро хоин ва душмани Тоҷикистон талаққӣ карда буд. Акнун аз он ҳамҳамаву воҳима ҳамагӣ даҳ сол мегузарад,ки худаш онро мефурӯшад.  Ҳоло акнун кӣ бояд барояш бигӯяд,ки имрӯз хоини ватан худат шудаӣ!!!  

 

                 Муомилаи машкуки “Талко”

 

   Тибқи қарордод корхонаи ҷадиде,ки чиноиҳо дар маҳалли ширкати алюмниюми имрӯзаи тоҷик месозанд,бо харҷи 545 миллион доллар ва бо тавоноии 300 ҳазор тонна дар як сол мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.Ин дар ҳоле аст ки иқтидори тавлидотии “Талко” барои имрӯз то 500 ҳазор тоннаро ташкил мекард.Аммо паҳлуҳои машкук ва олуда ба фасоди ин қарордод аз чи иборат аст? Расонаи интернетии “Спутник”-и Русия дар пайи сӯҳбатҳои Юе Бин, сафири пешини Хитой дар Тоҷикистон аз қавли як мақоми масъули “Талко”  ҷаноби сафирро дар беиттилоӣ ва ноогаҳӣ аз ҷузъиёти қарордоди ду кишвари Тоҷикистон ва Чин бар сари фурӯши “Талко” муттаҳам ва бори дигар таъкид кардааст,ки Тоҷикистон ин ширкатро нафурӯхтааст. Ба қавли ин масъули  номаш номаълуми ширкат сафири Чин  “аз ҷузъиёти созишнома ва дигар санадҳои ҳуқуқии Тоҷикистон”огоҳ нест. Масъули “Талко” ба Спутник гуфтааст,ки “ин шартнома дар чаҳорчӯби EPC+F  имзо шудааст” яъне  CMEC(China Machinery Engineering Corporation)-ширкати хитоӣ,маблағ  ҷалб намуда, корхонаро месозад ва дар охири кор, ба истилоҳ, калидро ба Талко таслим хоҳад кард:

 

  “Амалан ин як корхонаи ҷадиде хоҳад буд,ки дар ҳудуди “Талко” сохта хоҳад шуд…..Аз он 545 миллион доллари созишнома танҳо 435 миллион барои сохтмон истифода мешавад ва 90 миллиони дигар капитали корӣ аст.  Ёдатон бошад,чиниҳо дар Қазоқистон як корхонаи алюминиум бо зарфияти солона 250 ҳазор тоннаро бо ҳазинаи 1 миллиарду 90 миллион доллар сохта буданд. Аён аст,ки ин корхона барои Тоҷикистон хеле арзон меафтад.Қабл аз ҳама аз он ҳисоб,ки зерсохторҳои зарурӣ,аз қабили анбори ашёи хом,роҳи оҳан,корхонаҳои маводи истеҳсолӣ ва ғайра вуҷуд доранд”,гуфтааст ҳамсӯҳбати Спутник.

 

Инҷо мешавад,ки ба чанд нуктаи ин сӯҳбат рӯшанӣ андохт. Аввалан ин аст ки ин масъули “Талко” таъйид мекунад,ки дар ҳудуди “Талко” амалан корхонаи нав бунёд карда мешавад. Ва дуввуман ба ин арқом мутаваҷҷеҳ бишавед. Чин бо харҷу масрафи як миллиарду 90 миллион доллар барои Қазоқистон ширкати истеҳсоли алюминиюмро месозад,ки иқтидори тавлидотии он солона 250 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Аммо бо харҷи 545 миллион доллар,яъне нисфи  он маблағ вале бо тавони тавлидотии солона 300 ҳазор тонна?! Яъне чи? Ниммилиард сарф карда корхонаеро месозанд,ки 50 ҳазор тонна бештар аз корхонае тавони тавлидотӣ дорад,ки як миллиарду 90 миллион доллар сохта мешавад,Инро чи тавр метавон фаҳмид? Ва ҳоло мутаваҷҷеҳ шудед,ки саҳм ва ҳиссаи Тоҷикистон чи қадар арзиш дорад?Мутаваҷҷеҳ шудед,ки хитоиҳо ҳамин ширкати имрӯзаи алюминиюми тоҷикро,”корт ва шиносномаи саноати Тоҷикистон”-ро бо чи баҳое “ремонт” карда тасоҳуб мешаванд ва фурӯши тавлидоти онро ба ихтиёри худ мегиранд ва ин ҳам дар ҳоле аст ки аз тавони тавлидотии он дар сол 200 ҳазор тонна коҳиш меёбад. Воқиан ин чи муомила ва ин чи қарордод аст?

 

Фикр намекунед,ки инҷо тааффуни фасоди густарда ба машом мерасад.Ва ин қарордоди олуда ва сартопо фасод барои кӣ миллионҳо доллар манфиат ва барои мардуми тоҷик ба ҳамин ҳаҷму андоза хисора ворид карда истодааст? Яъне тамоми инфрасохтори қобили истифодаи корхонаи “Талко”,ки масъули он хеле ҳам аблаҳона лоф зада истодааст,ки “корхона барои Тоҷикистон хеле арзон меафтад” дар асл ройгон ба хитоиҳо дода шудааст.Ин ҳам дар ҳоле аст ки сехи анодпазии корхонаи “Талко” бо ҷалби 52 миллион доллари қарз аз ширкати фаронсавии “Fivz” дар як соли пеш,қабл аз бастани қарордод бо хитоиҳо, мавриди навсозӣ қарор гирифта истода буд.

 

Пештар иллати ногузир шудани Раҳмонов барои фурӯши “Талко”-ро  тазаккур додем. Дар идомаи ин гуфта афзуданӣ ҳастем,ки шурӯъ аз соли 2005,аз замоне,ки “Талко” ба таври комил ба ихтиёри  Раҳмонов ва хонаводаи вай гузашт ва ҳамаи амалиёт,таъминот, фурӯш ва дигар амалиётҳоро худи ин оила бо ширкатҳои сохта ва бунёднамудааш мисли “Талко менеҷмент ва СDH” бар ӯҳда гирифт ва тӯли беш аз даҳ сол миллиардҳои даромади онро ба суратҳисобҳои оффшории худашон ворез карданд, ин корхона ба тадриҷ фарсуда ва корношоям гардид.   Аз онки Тоҷикистон як кишвари фасодзада мебошад ва дар саргаҳи ин фасод ва коррупсионери асосӣ худи Раҳмонов ва оилаи вай  қарор доранд,кадом шакку шубаҳе боқӣ намондааст. Раҳмонов ва ҳукумати вай на як бору ду бор дар феҳристи ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамчун Порахӯри асосӣ,заминагузор ва мусоидаткунада ба фасодкорӣ муаррифӣ шудааст.Аз ҷумла созмони Транспаренси интернешинал ва ё ҳамон “Шаффофият” солҳост,ки Тоҷикистонро дар шумори даҳ кишвари фосиди олам қарор медиҳад.Инро ҳам кушоду равшан бояд бигӯем,ки “Талко” ба “кормушка” ва “хуррагаҳ” –и хонаводаи Раҳмонов солҳост,ки табдил шудааст. Дар таркиби он 8 корхонаи дигар сохта шудааст,ки ҳамаи онро хешовандони худи Раҳмонов мудирият мекунанд. Барои намуна аз дутои он ёдовар мешавем.

 

“Талко кабел”,як ширкате,ки бо истифода аз арзизи корхонаи алюминий ноқили ранга тавлид мекунад аз ҳисоби нархи боимтиёзи неруи барқи ба “Талко” ироашаванда ва тақрибан ройгон гирифтани алюминий фаъолият мекунад ва ба Ҳасан Асадуллозода мутааллиқ аст ва ба Афғонистон, Узбакистон, Қирғизистон ва то Покистон содирот мекунад.

 

“Талко голд”-и он ҳам,ки низ ба Ҳасан Асадуллоза тааллуқ дорад ва барои истихроҷ ва маъодин ба шумули тилло литсензия гирифтааст конҳои маъодинро дар саросари кишвар “як чиз” дар болояш монда ба хитоиҳо фурӯхта истодааст. Ба забони содаи мардум ин корхона ба сифати як “миёнарав- посредник” аст ва ё даллоли молбозор,ки бо соҳиби мол ва ё харидор забон як карда “интерес”-и худро дар мақоми аввал мегузорад.

 

     Пажӯҳишгари ғарбӣ Эдвард Лемон дар гузорише бо номи ““Кишварҳои давраи гузариш дар соли 2018”навишта буд :”Талко” ба ширкатҳое тааллуқ дорад,ки дар Ҷазираҳои Вирҷинияи Британия сабт шудаанд.Ба ҷойи онки даромади “Талко” дубора ба буҷа ворид карда шавад,он ҳамчун  манбаи пул барои хароҷоти шахсии мақомдорони баландпоя истифода бурда мешавад”.  

 

Дар бораи онки дар ин ширкат тахаллуфоти молии густарда вуҷуд дорад, дар расонаҳои ҷаҳонӣ ва дохилӣ низ зиёд гуфта ва навиштаанд. Аз инҷо буд, ки Раҳмонов ин ширкатро ба як қарор мустақим таҳти идораи худ гирифт ва дасти тамоми сохторҳо ҳатто Маҷлиси намояндагони Тоҷикистонро барои баррасии он кутаҳ кард. Аммо баъд аз онки мухолифини тоҷик ва ба вижа Паймони миллии Тоҷикистон масъалаи кофтукоб ва пажӯҳиши суратҳисобҳои оффшории хонаводаи Раҳмонро бо созмонҳои байналмилалӣ,бахусус муассисаҳои молиявӣ дар миён гузошт,Раҳмонов ва муқаррабони вай ба пустинашон кайк даромад. Аз як сӯ раванди фурӯши онро ба Хитой тезониданд аз сӯи дигар ,бо ин вуҷуд,ки тавлид ва масрафи “Талко” бамаротиб коҳиш ёфт, аз 400 ҳазор тоннаи соли 2005 то 60 ҳазори соли 2017 онҳо дигар аз ҷалби маблағҳои оффшории худ дар шарикони ба истилоҳ тиҷоратии “Талко” иҷтиноб карданд. Аслан ҳам “Талко” менеҷмент ва ҳам СDH,ки таъминоти маводди хом,аз ҷумла гилхок ва низ фурӯши алюминиюми тавлидшударо бар ӯҳда доштанд,ба худи Раҳмонов ва хонаводаи вай тааллуқ доранд ва бо маблағи худи “Талко” кор мекарданд.Аммо дар ду соли ахир суратҳисобҳои оффшории ин ширкатҳоро танҳо барои ғундсозӣ  истифода карда ва барои хариди маводди хом,аз ҷумла гилхок аз берун қарз гирифтанд.Яке аз ин қарзҳо ба маблағи 320 миллион доллар аз ВТБ-Бонки тиҷорати хориҷии Русия аст.

 

ВТБ 320 миллион доллар қарз медиҳад ба “Талко”. “Талко” аз Қазоқистон гилхок мегирад ва мефурӯшад ва баробари фурӯш бо ВТБ ҳисобӣ мекунад, ҳаққи онро мепардозад.Хуб,савол инҷост,ки чаро шарикони тиҷоратии “Талко”маслан CDH ва ё “Талко Менеҷмент”,ки қаблан таъминкунадаи “Талко” буданд ва он вақт бо назардошти тавлидоти бештар ҳазинаи зиёдтар доштанд, масъалаи пулро ҳал мекарданду ҳоло намекунанд, агарчанде пули камтар масраф мекунанд? Чунки маблағ як тарафа меравад. Яъне бояд ворид шавад ва аз суратҳисобҳои оффшорӣ берун набарояд. Бигзор дохил бишавад аммо набарояд.Зеро чуноне,ки гуфтам тасмими тафтиш ва бозрасии суратҳисобҳои оффшории хонаводаи Раҳмонов,ки аз сӯи Паймони миллӣ ва ба дастраси мардум қарор додани онҳо ва низ дар заминаи онҳо ба додгоҳҳои байналмилалӣ муроҷиат карданашон ба нақша гирифта шудааст, Раҳмонов ва хонаводаашро тарсонд ва онҳо тасмим гирифтанд,ки бигзор бо қарз кор бикунем, аммо маблағҳои  ҷамъовардаамонро ҷалб накунем.Чунки имкони ҳар лаҳза харобшавӣ ҳаст, намехоҳанд,ки  амалиётҳои бонкӣ дар суратҳисобҳои дуздӣ намудор шавад.

 

Нуктаи дигаре,ки бояд инҷо бар он ҳатман ишора намоям ин аст ки қаблан низ ҷониби Чин арқоми ҳаҷми табодули мол миёни Тоҷикистон ва Чин  дуздӣ ва ё пинҳонсозии 1 миллиард долларро аз сӯи Тоҷикистон ошкор карда буд.Ҳоло бо эълони онки дигар “Талко” ба моликияти Чин дохил шудааст, хитоиҳо бори дигар дурӯғгӯ будани мақомоти тоҷик аз ҷумла худи Раҳмоновро ошкор карданд.Аммо боз ҳам масъули ширкати алюминий сафири пешини Чин дар Тоҷикистонро ба ноогаҳи ва нодонӣ ва ҳатто дурӯғгӯӣ муттаҳам кардааст,ки ҷойи нигаронии ҷиддӣ дорад.Агар ки сафири пешини Чин  назокат ва фаросати дипломатиро салб карду бардурӯғ гуфт,ки “Талко” моли Хитой шудааст,чаро расман вокуниш нишон намедиҳед? Шояд ин ба он маъно аст ки то ҳол тарафи Тоҷикистон ба қарордои фурӯш розӣ нашудааасту Хитой ширкатро бо зӯр гирифтанист? Масъули “Талко” гуфтаниаст,ки Хитой аз ҳамин ҳоло ба ғасби Тоҷикистон шурӯъ кардааст? Вагарна агар Хитой “Талко”-ро нагирифта бошад,чаро сафири пешини он тавре сӯҳбат кардааст, ки ин корхона моли Чин шудааст.Инро чи тавр метавон фаҳмид? Ин ҳам дар ҳоле аст ки артиши Чин кайҳост,ки дар қаламрави Бадахшони Тоҷикистон мустақар аст.

 

Total
0
Shares
Related Posts
Read More

РОБИТАИ ҲАЗРАТИ УСМОН (Р) БО ҚУРЪОНИ КАРИМ

Ҳазрати Усмон (р) мисли дигар саҳоба (р) мафҳуми дурусти қазову қадарро аз батни Қуръон ва сирати Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам)дарк кард ва дар он дучори ифроту тафрит (каму зиёд) нагашт. Ин мафҳум дар дилу ҷони ӯ ҷой гирифт ва ба яқин ёфт, ки илми Худованд бар ҳама чиз иҳота дорад. Чунон ки Худованд дар Қуръон мефармояд:
Read More

Пешниҳод ба муассиси “Ҷоизаи Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон” барои саҳм дар рушди демократя

Асосгузори сулҳу ваҳдат, Ҷаноби олӣ, Пешвои миллат ва Раиси тоҷикони дар ба даре, ки дар ҳама ақтори олам муҳоҷиранд ва барои баргаштан ба ватан ва дидори наздикон орзӯӣ заволи ҳукмати ӯро доранд. Мо аз хадамоти Ҷаноби олӣ, хоссатан дар се соли ахир дар сутуҳем. Ҳаргиз миллати мо чунин пароканда ва парешон нашуда буд. Ҳатто дар солҳои 1992-1997 ин миллат чунин парокандагиро надида буд, ки ҳоло дар он қарор доранд.