Таъсиси Анҷумани Озодандешони тоҷик ба МИТ чӣ рабт дорад

Ислоҳ нет

Таъсиси Анҷумани Озодандешони тоҷик ба МИТ чӣ рабт дорад?

Анҷумани Озодандешони Тоҷик рӯзи 12 феврал ба фаъолият шуруъ намуд ва бо як баёния дар хабаргузориҳо нашр гардид, ҳамзамон хабаргузории Ахбор сом низ ин хабарро аз сомонаи Анҷуман нашр намуд интиқодҳои шадиде ҳатто аз ин хабаргузориҳам  дар дохил барои нашри ин хабар намуданд. Аз дохили кишвар чанд сомона дарҳол ба таҳлил гузаштанд ва дар мавриди ин анҷумани навтаъсис таҳлилҳои сарсариро оғоз намуданд. Маълум аст, ки Ҳукумати кишвар дар симои ҳар озодандеш як душман ва ҷинояткорро дида, бар алайҳи онон муборизаи беамон мебарад. Ҷамъ шудани чанд нафарро, ки ақидаву афкори озод дошта бошанд барои худ хатари ҷиддӣ медонад. Дарҳол барои аз байн бурдани обурӯ ва нуфузи онон бо ҳама сохторҳои махсуси худ, бо ҳуҷумҳои густурдаи бе суд шуруъ мекунад.

 Ҳадаф аз ин навиштор перомуни ин анҷуман нест, зеро анҷуман дорои сомонаи махсус буда, ҳар шахс метавонад аз мароми ин анҷуман ва муассисони он огоҳии комил пайдо намояд.

Чаро Маркази исломии Тоҷикистон, ки як ниҳоди динӣ ва бо иддаои худ аз сиёсат ҷудоянд. Дар ҳоле мо хуб медонем, ки  алайҳи ҲНИТ ҳамеша дар хутбаҳои навишташуда ба имомхатибони масоҷид, ки аз тарафи кумитаи дин барояшон дода мешавад мешунавем. Дар оғоз мегуфтам мумкин ҳизби характери динӣ аст, аз ин хотир баҳона доранд, ки мо барои ин алайҳи ин ҳизб дар хутбаҳо суханронӣ мекунем. Дар гузашта алайҳи Гурӯҳи 24 ҳам баромад доштанд хуб гуфтам ин гурӯҳ мехост музоҳароте ташкил кунад мехоҳанд мардумро аз он ҳам барҳазар доранд. Агарчӣ ҳамааш бо фармонҳо аз боло сурат мегирифтанд.

Аммо рӯзи 14 ӯми феврал Маркази исломӣ бо як баёния изҳор доштаанд: анҷумане, ки дар хориҷ ташкил шуда онро намепазирад, ҳатто маҳкум ҳам кардаанд. Хуб дар тамоми баёния ҳамин ду суханро метавон муҳим донист.

Аввалан шуморо кӣ иҷозат дода, ки як гурӯҳи сиёсиро бипазиред ё напазиред?

Сониян шумо дар кадом асос як гурӯҳи сиёсие, ки ба ислом ҳеҷ рабт надорад маҳкум мекунед?

Қабл аз инки гурӯҳеро напазиред ва ё маҳкум кунед бояд дар тамоми масоиле, ки дар кишвар мегузаранд мисли ин напазируфтан ва маҳкум карданатон дар гузашта ва имрӯз амал мекардед.

Масалан ҳангоме ки Ҳукумат алайҳи тахриби масоҷид, мадорис, тарошидани риш, гирифтани ҳиҷоб, фаҳш дар дохили масҷид, таҳқир кардан, бардоштани маводи дарсии диние аз тадрис, зиндон кардани рӯҳонии бегуноҳ, манъи номи Аллоҳро дар садову симо, манъи азон аз баландгӯ, манъи рафтани наврасон ба масоҷид, манъи намоз гузоридан дар идораҳои давлатӣ, манъи намоз хондан ғайр аз масҷид дар ҳар ҷои дигаре, огоҳӣ додани кормандони давлатӣ ва донишомӯзон барои ширкат дар намози ҷумъа, манъи вуруди занони ҳиҷобпӯш ба идораҳои ҳукуматӣ чун ҷамоъатҳо ва …, рӯзи кори эълон кардани рӯзи иди қурбон чун ба рӯзи дониш баробар аст, ташвиқи дини бегона ба миллат аз тариқи садо ва симо ва садҳо мухолифатҳои сареҳи зидди исломии дигар. Дар ин ҳама қарорҳои қабулшуда аз тарафи мақомоти кишвар як ҳарф ё як изҳороте то имрӯз аз тарафи шумо қабул нашуд. Вазифаи шумо ҳаллу фасли ин масоил дар кишвар аст на инки баёнияҳои бемаъно додан барои ташкили гурӯҳи сиёсие дар хориҷи кишвар. Шумо ончӣ дар дохил мегузарад ва дар ҳамаи онҳо куфри ошкор дида мешавад, ки дар мазҳаби Ҳанафӣ  ин амалҳои дар боло зикрашон рафт чӣ ҳукм доранд, хуб медонед? Агар хоста бошед онро нависам менависам, нахуст мехоҳам онро худ бинед ва худро расвои хосу ом накунед. Агар хоста бошед як як дар мақолаи ҷудогона ҳукмашро тибқи мазҳаби Ҳанафӣ баён менамоям, ки бароятон сангин тамом мешавад.

Ҳукумат аз Маркази исломӣ чӣ мехоҳад?

Ҳукумати кишвар чун дид кумитаи амният, вазорати дохила, авангардҳои сохташуда, ниҳодҳои фикрӣ ва иттилоотияш, фекҳои истихдомшуда дар сомонаҳои интернетӣ аслан ғайри муассиранд, ҳимоят аз худро бо дасти шумо як ниҳоде, ки ҳама салоҳиятҳо аз дасташ салб шуда шуруъ намуд. Маркази исломӣ дар кишвар як вазифа дорад ва он ҳам мушаххас намудани оғози моҳи рамазон, идҳои рамазон ва қурбон. Ҳоло бошад Ҳукумат фаҳмид бе дахолати рӯҳониён дар ҳимояти худ ба мушкилот мувоҷеҳ аст. Дар ҳоле, ки шадидтаррин муборизаро бар зидди ислом ва диндорон мебарад. Боз мехоҳад аз тарафи олимони ин дин ҳимоят гардад. Феълан ҳеҷ чеҳрае, ки мавриди эҳтиром ва нуфузи динӣ бошад дар ин марказ нест ба ҷуз чанд нафар,ки нуфузашонро дар ин марказ рӯз ба рӯз аз даст медиҳанд.

Иқтибос аз баёния:

Қабл аз инки ин калимотро нависед як маротиба ба атрофи худ нигоҳ мекардед ва сипас менавиштед ва худро ба ин ҳад поин намебурдед.

“Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон вазъи хуби иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад, роҳи пешрафт муайян ва талошҳо барои ободии мулк ҷараён дорад. Аз ҳама муҳим, мардуми кишвар вазъи осуда дошта, тинҷиву оромӣ ва сулҳу ваҳдат дар мамлакат ҳукмфармост. Ваҳдати давлату ҷамъият таъмин аст.”

Аз кадом вазъияти хуби иқтисодию иҷтимоъӣ ва аъузу биллоҳ аз вазъи фарҳангии кишвар сухан мегӯед? Кадом талошҳо дар ин замина идома доранд? Дар мавриди осудагӣ ва тенҷӣ сулҳ ва ваҳдат дар мамлакат гуфтед, ҳукмфармост? Тоҷикистон давлати президентӣ аст на мамлакат ва агар ҳукумати пешворо подшоҳӣ ё “Малакӣ” дар назар дошта бошед, ки ӯ подшоҳи якумра аст ин гапи дигар. Номаҳои зиёд ба кишвари Арабистони Саъудӣ навиштед, ки дигар одат шудааст дар сохти давлатдории Тоҷикистон бо он кишвари малакӣ. Ин суханатон мухолифи сарқонуни ҷумҳурӣ аст. Дар баёнияҳои сиёсиатон хуб таваҷҷӯҳ кунед. Ваҳдати давлат бо аъзои кобина ва ё ваҳдати Пешво бо хонаводааш вуҷуд дорад ва он дар кишвар солҳост идома дорад. Аммо ваҳдати давлат бо ҷамъият аслан вуҷуд надорад дар кадом асос инро мегӯед? Ҳукумате, ки озодандешонаш бар алайҳаш дар хориҷ аз кишвар анҷуман таъсис диҳанд ин худ нишонаи мардуд будани суханатон мебошад.

То ин андоза худро шарманда накунед, агарчӣ дар назди миллат ва ҷомеъа ҳеҷ обурӯе надоред ва ман ҳатто нафаре дар ҷомеъа намедонам ва намебинам аз шумо ҷонибдорӣ кунад. Сабаб фурӯхта шудани шумо ва бартар донистани дунё аз охират қаламдод мегардад.

Ё марҳамат ба тамоми масоиле дар кишвар мегузарад дахолат кунед аз он интиқод ё ҷонибдориатонро дар асоси шариъати ислом ва фиқҳи мазҳаби Ҳанафӣ баён намоед. Дар масоили дохилӣ ва он исломситезиҳои ҳукумат собит биистед ва онҳоро маҳкум намоед. Пас аз он ҳақ доред барои таъсиси гурӯҳи сиёсие дар хориҷ ё дохил баёния нашр кунед. Ё инки гурӯҳи сиёсиеро чӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ё ба гуфти худ “мамлакат”маҳкум ва ё ҷонибдорӣ намоед.

Агар шумо дар дасти ин мақомот асиред ва ё бо иттиҳоме шуморо гунаҳгор намудаанд ва имкони гуфтани ҳақиқат ва ҳимоят аз ин дин ва ин мазҳабро надоред, охирати худро бо баҳои андак ғарази дунё нафурӯшед, тарки ин мақоми волоӣ динӣ кунед. Хуб медонед на шумо ва на дигаре тобу тоқати азоби Илоҳиро надоред.

Муҳаммадиқболи САДРИДДИН

 

Share This Article