Тазоҳурот. Чанд хитоб ба мухолифон ва мувофиқон

Агар вазъ чунин идома кардан гирад, ту ва ё наздиконат дар ҷойи он мазлумон қарор бигирӣ ва он вақт хоҳӣ фаҳмид, ки чӣ қадар иштибоҳ кардаӣ ва бо хомӯшият ба ин золимон кумак кардаӣ.

Ҳукумат бо ин ошубаш дар назди сафорати Олмон дар Душанбе, медонед чӣ мехоҳад?

Ба назари ман: мехоҳад  “Майдони Озодӣ”-ро дар Душанбе баргузор кунанд. Аммо бидуни ташкили “Майдони Шаҳидон”  таҷаммуъи авбошон ҳеҷ маъное надорад. Оё ташаббускоре ё марди майдоне ҳаст, ки дар Душанбе ба мисли модари ин зиндонии ташаббускор, ақалан 250 нафарро ҷамъ намуда, ин майдонро ташкил намояд?

 

– Аҳзоби сиёсӣ?

 

– Модарон, бародарон, наздикони зиндониёни мазлуми кишвар?

 

– Ходимони дин?

 

-Ҳамсарон, писарон ва наздикони ду миллион муҳоҷире, ки солҳо аз пайвандонашон дуранду  фироқи ҷудоӣ мекашанд?

 

– Дигар ҳама қишрҳое, ки сад дар сад аз ин сиёсати ғалату диктотурӣ ба ҷон расидаанд?

 

Магар дарду ранҷ ва азоби шумо камтар аз як модари ҷабрдидае аст, ки ҳатто қодир ба барпо кардани як ошуб аст?

Шумо ошӯб ва ҷинояте накунед, танҳо гирдиҳам омада,  ҳаққи ҳалоли худро аз “Пешвои миллат” дар назди қасри миллат талаб кунед. Агар гӯед, моро иҷозат намедиҳанд ва ё моро мекушанду фалону бисмадон, пас ба ташкили ошӯби назди сафорати Олмон дар Душанбе аслан бовар накунед.

 

Хитоб ба наздикони иштироккунандагони тазоҳуроти Берлин

Дар ин ҳолат шумо падар, модар, бародар ва наздикони иштироккунандагони ин тазоҳурот фахр кунед, ки фарзанд, бародар ё наздикони шумо аз ҳуқуқи зиндониёни мазлуму бегуноҳ дар хориҷи кишвар назди сафоратхонаи пешвои қотилу диктотур ҳимоят мекунанд. Дар ҳаққашон дуъои хайр кунед. Ҳатман баъди он ки пайвандонатон дар тазоҳурот дида мешаванд, назди Шумо тудаи гургони пагондору галстукдор ташриф меоваранд. Ба ин ҳам омода бошед. Мо , фарзандони Шумо, дидаву дониста ва огоҳона ба майдон баромадаему аз паёмади он ҳам парво надорем. Аз гунҷишк тарсӣ арзан накор гуфтаанд.

 

Хитоб ба ширкаткунандагони тазоҳурот дар Берлин

Бидонед ва огоҳ бошед эй бародар ва хоҳарони тоҷике, ки дар ин музоҳарот иштирок менамоед, ҳимоят аз ҳуқуқи як мазлуми зиндонӣ ва талош барои озодии ӯ аз имони комили ту шаҳодат медиҳад. Хориҷ шудан аз хонаҳоятон барои дур намудани андӯҳи як ғамзада ва асире, ки солҳо дар зиндон қарор дораду ранҷу азобу мусибат дорад, барои ҳар яки шумо аз эътикоф нишастан дар масҷиди Набавӣ ва ибодатҳои нафлӣ болотар аст. Чунки он ибодат танҳо барои худат асар дорад, ин бошад барои дур намудани озор ва зулму шиканҷа аз бародарони мазлуми зиндониёнат мебошад. Ту бо иштироки худ чеҳраи золимеро барои оламиён ба намоиш мегузорӣ.

 

Садо ва талошу эътирози ту метавонад сабаби наҷоти зиндониён ва асирони дохили кишвар қарор дошта гардад. Аллоҳ Шуморо устувор ва собитқадам гардонаду аз ҳеҷ таҳдидҳои шуми золимон дигар ҳарос надошта бошед.

 

Хитоб ба нафароне, ки аз ширкат худдорӣ намуданд

Аллоҳ тавфиқат диҳад ва ҳаргиз худатро аз ин ҷомеа ва ончӣ дар он мегузарад дур нагир ва нагӯ, ки ман аз ин амалҳо фосила мегираму аз гапу калочаи ҳукуматдорон наҷот меёбам. Ин рӯзгор аст ва озодагони дирӯз ба ғуломон табдил шудаанду ғуломону муздурони пареррӯз ба ҳокимони имрӯз мубаддал гаштаанд.   Инро низ фаромӯш накун, ки агар вазъ чунин идома кардан гирад, ту ва ё наздиконат дар ҷойи он мазлумон қарор бигирӣ ва он вақт хоҳӣ фаҳмид, ки чӣ қадар иштибоҳ кардаӣ ва бо хомӯшият ба ин золимон кумак кардаӣ. Он рӯз дигар пушаймоният ҳеҷ суде надорад ва мисли онҳое, ки хомӯш буданд ва ин хомӯшӣ онҳоро зиндонӣ, зери зулм ва шиканҷа ва ҳатто нобуд гардонид ва ё дар ҳолати нобудӣ қарор дод.

 

Ту каз меҳнати дигарон бе ғами,

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.

           

 

Total
0
Shares
Related Posts
Read More

Фирор аз Душанбе ва вазъияти корупсионии шоҳроҳҳои кишвар

Хабарҳое, ки аз Душанбе ба дасти мо мерасад,воқеан ҳам изтиробовару ғамангез аст. Шаҳр дар ҳолати тарсу ваҳшат қарор дорад. Баъд аз онки пойтахти ватани азизамонро пур аз гирифторони коронавирус карданд, тоза ҳушашон омада ва ба каллаи кадуи ин раиси наркоман задааст, ки намешавад дар шаҳри холӣ аз инсонҳо риёсат кард.
Read More

Ҷиҳод ва густариши дини мубини Ислом дар олам

Дини мубини Ислом ҳидоятгари аҳли башар ба сӯи ҳаёти осоиштаи бидуни зулму истибдод буда, инсониятро ба покизагию назофат, сулҳу дӯстӣ, рафоқату ҳамбастагӣ, дурӣ аз ширку ҷурму гуноҳ, иҷтиноб аз хушунат даъват мекунад. Дар баробари ин ҳама, аҳли тоғутро танбеҳ медиҳад, ки пайравони ин дини мубин пешгоҳи ҳеҷ тоғутеву золиме, сархам шуданӣ нестанд.