Тиҷорат дар Forex — ҳалол аст ё ҳаром?

Ислоҳ нет

 

Forex (мубодилаи асъор) –  бозори озоди байналхалқии байнибонкии асъор аст, ки дар ҳолати доимии ивазшавии қурби асъор, маблағҳои ҳангуфт хариду фурӯш мешаванд.

 

Сараввал Forex  барои таъмини муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ истифода бурда мешуд, ки ҷиҳати таҳияи сиёсатгузории давлатӣ барои устувории пули миллӣ хидмат мекард ва танҳо бонкҳои калон метавонистанд, иштирокчиёни ин бозор бошанд.

 

Дар солҳои 80-уми асри гузашта вазъият тағйир ёфт.  Сармоягузорони хурду миёна низ ба бозори Forex дастрасӣ пайдо карданд ва ба наздикӣ, ба шарофати рушди технологияи Интернет, имконият пайдо шуд, ки ҳар як хоҳишманд метавонад дар ин бозор иштирок дошта бошад. Ҳамин тариқ, савдои асъорӣ яке аз намудҳои тахассусӣ гардид, ки метавонад ба баъзе иштирокчиёни он фоидаовар бошад.

 

Тиҷорати ҳошиявии Forex чиро дар бар мегирад?

Ҳар яке аз мо ба таври ғайримустақим бо асъори хориҷӣ сарукор мегирем, ки он дар амалиётҳои байнибонкӣ дар бозори Forex инъикос ёфтааст. Бо иваз кардани асъор дар бунгоҳҳои мубодилавӣ ва ё филиали бонкҳо маблағҳое, ки мо иваз кардаем, ба бонки асосӣ мераванд, ва маблағе, ки ба мо фурӯхта шудааст ба тиҷорати байналмилалӣ истифода мешавад.

 

Чизи дигар – тиҷорати ҳошиявӣ  (маржинальная торговля). Дар ин маврид, муштарӣ аз як ширкати хариду фурӯши асъор ҷиҳати ширкат дар муомилоти арзӣ ба унвони як муомилагар вом дархост мекунад ва дар иваз як  қисми вомашро ба унвони гарави нақдӣ ба номи вомдиҳанда вогузор мекунад. Дар ҳамин ҳол, маблағе, ки муштарӣ барои анҷоми амалиёт дар  Forex мубодила мекунад, метавонад то 200 баробари миқдори хариду фурӯши ҳошиявӣ бошад. Ин ба маънои онаст, ки муомилагар бо таври виртуалӣ аз рӯи дигаршавии қурби асъор дар як рӯз тақрибан садҳо ҳазор доллар мубодила мекунад ва суд ба даст меоварад.

Як шахс пуле надорад, аммо даромади воқеиро аз ҳисоби фурӯш ва хариди виртуалии асъор дарёфт мекунад. Дар чунин муомилот, ширкатҳои бузурги мубодилавӣ (дилинговые компании) бо дарёфти ҳазина аз муомилагар барои интиқоли вом даромади ҳангуфте ба даст меоваранд, ки онро своп мегӯянд. Илова бар ин ширкати вомдиҳӣ, як даромади ҳангуфти пинҳониро аз ҳисоби ивазшавии қурби маблағи ба вомдодашуда ба даст меоранд.

 

Оё дар Ислом ин намуд тиҷорати асъор равост?

Дар ислом тиҷорати асъор бо шартҳои муайяне, иҷозат дода мешавад. Дар аввал, тиҷорат  бояд бо нархи ҳамонвақтаи бозор мувофиқат кунад, ки ба ин ҳадиси Ибн Умар (р.а) далолат мекунад:  «Фурӯши шутурамро дар Ал-Баки ном маконе, ки баъзан ба динор, баъзан ба дирҳам рост меомад ва иваз кардани тангаҳоямро бо дигар асъор, ба Расули Худо гуфтам. Дар ҷавоб Расули Худо гуфтанд? “Ҳеҷ боке надорад, ки ту асъоратро бо нархи муайяни бозор мубодила мекунӣ, ки шарти асосии он, то анҷоми амалиёт аз ҳам ҷудо набудани шумоён аст. (ривояти Аҳмад, Абу Довуд, ат-Тирмизӣ, ан-Насоӣ, ибн Моҷҷа, Ал-Ҳоким , китоби Булуғ ул-Maром).

 

Шарти асосӣ ин дурӣ ҷустан аз мубодилаи бидуни асъори воқеъӣ ва иҷрои муомилаи билофосила мебошад, ки ин дар суннати Расули Худо тасдиқи худро ёфтааст.  Ал-Бара бин Aзиб ва Зайд бин Арқам (р.а) гуфтанд: «Дар вақти зиндагии Расули Худо, мо тоҷир будем ва рӯзе оиди мубодилаи тилло бо нуқраро пурсидем. Ӯ посух дод: «Агар пул даст ба даст додугирифт шавад, ҳеҷ боке надорад, то он замоне, ки яке аз тарафайн ҳисобро ба баъд гузорад. (Ривояти Бухорӣ)

 

Аз ин рӯ, савдои асъор ҳалол аст, танҳо дар ҳолати дар даст доштани моликияти воқеъӣ ва интиқоли воқеии моликият ба шахси дигар. Ба гуфтаи уламои муосири ислом мубодилаи ғайринақдии асъор  дар ҳолати дар даст доштани қиммати он низ ҷоиз аст, яъне маблағ ба ҳисоби бонкӣ интиқол дода мешавад, на ба даст.

 

Ба ҳар ҳол, савдои асъор дар бозори Forex бахсомез аст ва пурра ба талаботи шариатӣ ҷавобгӯ нест. Баъзе амалиётҳо ба воқеъияти дар даст доштани маблағ, ё ки мувофиқати қурби асъор бо қурби ҳамонвақта равона карда намешавад.  Аксар вақт амалиёт дар фазои дилингӣ боқӣ мемонад ва ба бозори воқеии Forex намебарояд. Дар ин ҳолат, муштариёни ширкат байни ҳам савдо мекунанд, марказ бошад бомуваффақият аз ҳисоби комиссияҳои ҷамъшуда, судхӯрӣ мекунад.

 

Дар Forex (мубодилаи байналмилалии асъор) нақзи талаботи умумии шариати ислом ба мисли номуайянӣ (гарар), нишонаҳои қумор (майсир) ва рибо (судхӯрӣ) дида мешавад.

 

Номуайянӣ (гарар) мувофиқи нишондоди шариат ҳамон вақте ба миён меояд, ки яке аз ҷониби тиҷорат дар бораи моли муомилашаванда,  маълумоти пурра дарёфт карда натавонад.

 

Дар Forex муомилагар (трейдер) муайян карда наметавонад, ки бо кадом нарх асъорро мефурӯшад ва ё мехарад. Чунки қурби асъор дар ҳар як дақиқа дигар шуда меистад. Ҳатто бар асари лағжиши қурби асъор вақтҳое мешавад, ки то муомилагар тугмаи ройонаро барои хариди асъор пахш мекунад, нархи асъор дар ду сония дигар мешавад ва муомилагар фурсатро аз даст медиҳад. Ингуна ҳолатҳо бештар бар зарар меанҷоманд.

 

Нишонаҳои қумор дар  Forex. Даромади муомилагар (трейдер) на аз рӯи меҳнат ва ё сармоя, балки аз рӯи “хандидани бахт” ва шонс ба даст меояд.  Аксари бозигарони Forex дар бораи бозори асъор дониш надоранд, то онҳо ба дурустӣ қурби асъорро пайгирӣ намоянд. Ҳамин тариқ, бисёре аз муомилагарон ба талафот дучор мешаванд.

 

Нишонаҳои рибо, ё воми бо фоиз дар Forex.  Дар тиҷорати ҳошиявӣ (маржинальная торговля) хусусиятҳои рибавӣ баръало дида мешаванд.  Дар марҳалаи аввал ширкат ба муомилагар сармояи виртуалиро дар ивази  гарави маблағи муайян ҳамчун вом медиҳад. Ширкате, ки фурсат барои тиҷорат дар бозори асъори байналмилалӣ фароҳам мекунад (дилинговая компания) барои боз кардани ҳар як муомилоти муомилагар комиссия мегирад ва ҳамчунин барои талаби идомаи муомила ба рӯзи баъдӣ низ комиссия меситонад.

 

Сониян, гарави амниятӣ (залоговый депозит), маъмулан дар ҳисоби бонкӣ бо пардохти дар сади фоиз   (протсент), захира мешаванд.

 

Як масъалаи дигар ҳам вуҷуд дорад, ки ширкатҳои хариду фурӯши байналамилалии асъор пешниҳоди вижа барои мусалмонон доранд, ки муомилагарони мусалмон метавонанд бидуни пардохти комиссия барои тамдиди муомилот бо нархи муомилаи аввалия ҳисоби бонкии ғайри рибавӣ дошта бошанд. Аммо боз ҳам дар вуҷуди ингуна амалиётҳои зоҳиран ҷавобгӯ ба талаботи шаръӣ чандин муомилоти пинҳонии рибавӣ мавҷуд аст.

 

Сарфи назар аз далелҳои қавӣ бар зидди савдои баҳсомез дар бозори Forex, ин амалиётҳо маъруфияти худро дар кишварҳои мусулмонӣ зиёд карда истодаанд. Ширкатҳое, ки фурсат барои тиҷорат дар бозори асъори байналмилалӣ фароҳам мекунанд (дилинговие компании) бо муваффақият дар кишварҳои сарватманди араб – Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Аморати Муттаҳидаи Араб фаъолият мебаранд. Танҳо дар Малайзия, ки яке аз пештозони  рушду тараққиёти иқтисоди исломӣ мебошад, соли 2012 Кумитаи миллӣ оид ба фатво, савдои инфиродиро дар бозори Forex ба мусулмонон манъ кард.

 

Аён аст, ки савдои баҳсомез дар бозори Forex фоидаи асосиро ба худи ширкатҳои дилингӣ меорад. Ширкатҳои дилингӣ бо рекламаву ваъдаҳои умедбахш ба даромадҳои фаврӣ ва мустаққилияти молиявӣ мизоҷони потенсиалиро ба доми худ кашида, бо воситаи тренингҳо, курсҳо, семинарҳо, фурӯши китобҳо пул кор мекунанд.  Дар гузинаҳои намоишӣ ба мизоҷ имконият дода мешавад, ки қувваашро дар савдо бе сармоягузорӣ санҷад. Аз рӯи қоида, натиҷаи намоиш ба мизоҷ илҳом мебахшад, аммо дар ҳаёти воқеӣ ҳама чиз тамоман дигаргун аст. Ширкатҳои дилингӣ ба муштариёнашон имкон намедиҳанд, ки пули зиёд ба даст оранд, зеро фоидаи мизоҷ ин зарари ширкат аст. Аз ҳисоби маблағи ба қарз гирифтааш мизоҷ ба зудӣ сармояи худро аз даст медиҳад, зеро 1% тағйирёбии қурби асъор ин бар зидди манфиати мизоҷ аст ва маънои 100% гум кардани сармояи худро дорад. Бо дарназардошти он, ки ҳаракати мунтазами қурби асъор тақрибан дар як шабонарӯз 1% аст, дер ё зуд рӯ ба рӯ шудани мизоҷ ба талафот аниқ аст.  Мувофиқи ҳисоби омор нишон медиҳанд, ки аз 80% то 97% тоҷирони хурд дар бозори Forex шикаст хӯрдаанд.

 

На фақат аз бетаҷрибагии муомилагарон муфлисшавӣ ба миён меояд, балки сабаби асосӣ фаолияти ноодилонаи ширкатҳои дилингӣ аст, ки ба таври густурда, аз тарҳҳои ҷаълӣ дар робита бо муштариёни худ истифода мекунанд. Барои ҷилавгирӣ аз даромади муомилагар, ин ширкат метавонад алайҳи он “бозӣ” кунад ва муомилотро анҷом диҳад, то ин ки муомилагар тамоми сармояи худро аз даст бидиҳад ва аз ширкат вом талаб намояду бозӣ аз сари нав оғоз шавад. Ҳамчунин, дастрасии ғайримаҷозӣ ба ҳисоби муштарӣ барои ширкатҳои дилингӣ як амри маъмулӣ аст. Ҳатто ширкатҳо гоҳ-гоҳ қурби асъорро бар зарари муомилагарон дигар карда меистанд ё инки  ҳангоми дигар шудани қурби асъор бар зарари ширкат гоҳ-гоҳ ноодилона системаи компютерии назорати даромадро дастнорас мекунанд.

 

Бинобарин, амалиёти ҳошиявии (маржинальные операции)  Forex дар ҷоиз будан, орӣ аз шак набуда, ба талаботҳои зиёди шариати исломӣ ҷавобгӯ нест.

 

Агар бо чунин шакли ғайри воқеъӣ ва надоштани коло дар даст,  хариду фурӯши тило, қарордодҳои фючерӣ барои нафт, газ ва дар умум ҳама чизҳои дигар, ки ба хотири касби фоида суръат гирад, ингуна муомила дар ислом раво намебошад.

Таҳия ва тарҷуммаи Оишаи Муҳаммадӣ

Share This Article