То ба кай бо ваҳму тарсу ҳарос зиндагӣ мекунем

Ислоҳ нет

Асалому алейку сомонаи ислоҳ..

   Ман як зани шавҳардор ва соҳиби се фарзанд ҳастам. Ду духтар ва як писар дорам. Шавҳарам дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия кор мекунад. Аз сабаби вазъи пасти молиямон ман низ коргар ҳастам ва ба ҳайси фаррош дар як қаҳвахона кор мекунам.

Як ҳодисаи нохушоянде, ки дар ҳаётам гузашт, наметавонам лаҳзае фаромӯш кунам ва ҳамеша пеши назарам аст. Гоҳе аз алам лаб мегазам, аз рӯзе, ки ба сари мо мусалмонон омадааст, мегирям. Касе нест, ки додрасӣ кунад чун ин амали нангине, ки алайҳи бонувони рӯсаридор дар Тоҷикистон пиёда мешавад, аз ҷониби зургӯён ва ҳукуматдорон аст.

Як субҳе аз хона ба  ҷои кор бошитоб мерафтам, ки ду милиса, яктоаш бо либоси хидматӣ ва дигараш бо либоси оддӣ пеши роҳамро гирифта, саволу ҷавоб кардан. Дар бораи шавҳарам ва хонаам пурсидаанд, гуфтам чаро мепурсед?

Гуфтанд: Барои чи сатр мекунӣ, оё хабар надорӣ, ки муовиқи қонуни нав бояд либоси миллӣ пушӣ.

Хело таъкид карданд, ки бори дигар чунин либос ба бар накунам. Аммо ман ба онҳо аҳмияте надодам ва хуб гуфтаму роҳамро идома додам. Хаёл кардам, ки дигар онҳоро намебинам. Субҳи рӯзи дигар боз онҳо дар ҳамон роҳ истода буданд. Маро дида наздам омада, боз пеши роҳамро гирифтанд. Ҳамоне, ки бо либоси оддӣ буд, сӯям дод зад, дар ҳузури роҳгузарон маро ҳақорат карда гуфт, ки мо туро огоҳ карда будем, ки бегонапарастӣ накун, инхелӣ либосҳоро напӯш. Чаро ба нағзӣ гапро намефаҳмӣ?

 Ман гуфтам, ки охир додар ман мусалмонам ҳамсарам мусалмонаст, либосҳои ман чӣ бадӣ доранд? Гуфтанд ки фармони пешвои миллатаст, ки бояд занони тоҷик либоси миллӣ пӯшанд барои ҳам ба ба худат ва ҳам ба мо мушкилӣ эҷод накун. Ин бори охирини огоҳӣ аст. Бори дигар бо ҳамин аҳвол бинем, пас аз худат шикоят кун.

   Аммо ба ин нигоҳ накарда, ба суханони онҳо аҳамият надодам ва боз ҳам бо рӯсарӣ ба куча баромадам ва то ҷои кор рафтам. Дар ҷои кор низ бо рӯсарӣ кор мекардам. Баъди чор руз ба ҳамон қаҳвахонае ки ман он ҷо кор мекардам омада, роҳбари корхонаро сахт тарсониданд, таҳдидаш карданд. Роҳбари корхонаро муттаҳам ба он карданд, ки фармони пешвои миллатро нодида мегирад ва шахсони бегонапарастро ба кор гирифтааст. Ба ӯ дод мезаданд, ки коргарони (ба ҷуз ман як бевазани дигар, ки коргар буд ӯ ҳам рӯсарӣ дошт) ту қонунро риоя намекунад.  Агар хоҳӣ, ки тинҷу амон ҳамин қаҳвахонаро соҳбӣ кунӣ, ба ин коргарат фарҳанги либоспӯшии миллиро омӯзиш деҳ.

Роҳбари корхона ҳардуи моро баъди рафтани онҳо наздаш хонду гуфт, ки бо ҳамин ҳиҷобу рӯсариятон ба ман мушкилӣ эҷод накунед. Агар хоҳед, ки бодавом инҷо кор кунед, ба ҷои кор бе рӯсарӣ ҳозир шавед.

  Ҳамон шаб ба хона омада, ба шавҳарам занг задам ва ҳамаро ба шавҳарам нақл кардам. Шавҳарам гуфт, ки корро тарк кун ризқро Аллоҳ медиҳад.

Аммо шароити имрӯзи Русияро ҳама медонад. Моҳҳо мешавад, ки муҳоҷирон пулҳои кор мекардаашонро танҳо барои патентпуливу иҷорапулии ҷои зист ва хурду хуроки худашон базур мерасонанд. То мавсими корӣ ҷои кор наёфта, ба сад мушкилиҳо дучор мешаванд. Ин ҷо дар ватан бошад, мо ҳам дар хонаи дуҳуҷрагии баландошёна бо ҳамроҳии модари шавҳарам зиндагӣ мекунем. Ҳар моҳ бояд пули масрафи барқро пардохт кунем, маблағи партов, масрафи об… Моҳҳо аз шавҳарам пул намеояд. Фарзандонам мактаб мераванд. Зуд-зуд дар мактаб ҳам бо ҳар баҳона маблағ ҷамъ мекунанд. Ҳайронам сарамро ба куҷо занам.

Охир рӯсарие, ки ман ба сар мекунам, чӣ гуна бегонапарастӣ будааст? Магар иҷрои фармони Худованд барои мусалмон бегонапарастӣ мешавад? Охир дини мубини ислом барои мо тоҷикон бегона не-ку. Магар Қуръони карим барои мо тоҷикистониён китоби бегона аст, ки тибқи фармудаи он амал кардан бегонапарастӣ маҳсуб меёфтааст.

Чаро танҳо ба хотири риояи талаботи шариати исломӣ моро дар ватани худамон ҳақ намедиҳед, ки мисли дигарон баромада кор кунем ва фарзандони худро хуронида пушонем. Гуноҳи мо чист? Чаро ҳукуматдорон занону хоҳарони рӯсаридорро бо таҳқиру таҳдид дар кӯчаҳо шаъну шарафашонро паст мезананд. Магар мо шаҳрванди ин кишвар нестем. Магар мо ҳаққи кор ва зиндагии озодона надорем?

Чаро шумо ҳукуматдорон ба ҷои кумак кардан барои ёфтани ҷои кор моро аз ҷои корамон маҳрум мекунед?

Аз сабаби наёфтани ҷои кор шавҳарони мо сарсонанд. Дар ҳавои сарди сибири Русия гоҳе кор меёбанд гоҳе бо қарз рӯз мегузаронанд. Мо бошем дар ватани худ шабу рӯз таҳқир мешавем. Баъзе мешунавем, ки мақомот рейдҳои муштарак ташкил карда, ба хонаҳои одамон зада даромада, занҳои ҳиҷобпӯшро таҳдиду таҳқир карда истода будаанд. Ба ростӣ рӯзро бо ваҳм мегузаронаму шаб аз тарс хобам намебарад.

Магар пешвои ғамхор шаҳрвандонашро дар ҳамин ҳолат нигоҳ медорад?

Чанде пеш падари шавҳарам вафот кард, шавҳарам ҳатто натавонист аз Русия биёяду тобути падарашро бардорад. Ба ҳама маълум аст, ки ин рӯзи вазнинро аксари тоҷикистониён аз сар гузаронида истодаанд.

Мо то кай бо чунин ваҳму тарсу ҳарос зиндагӣ мекунем. То кай фарзандони мо бепадар зиндаятим калон мешаванд. То кай мо наметавонем либосамонро озодона худамон интихоб кунему озодона ба худамон ҷои кор ёфта, бехалали мақомдорон зиндагӣ кунем. Магар либосро мувофиқи табъи худ пӯшидан айбу гуноҳу қонунвайронкуниаст?

Ҷаноби пешво!

Илтимос мекунам, каме инсоф кунед. Мо ҳам инсонем, шаҳрванди ҳамин кишварем, ватанамонро дӯст медорем. Мехоҳем фарзандонамон бо адабу ахлоқи ҳамида ба воя расида, хидматгузори халқу ватани хеш бошанд.

Илтимос ба мо ҳақ диҳед, ки ҳамчун мусалмон бо риояи талаботи шаръӣ, ҳамчун як шаҳрванди баробарҳуқуқи ин марзу бум зиндагӣ кунем.

Бо Эҳтиром хоҳари исломии шумо Муниса Қ. шаҳри Қурғонтеппа.

Share This Article