Ториқ ибни Зиёд ва фатҳи Андалус (бахши дуввум)

Родерик бо нерӯҳо ва имконоте, ки фароҳам оварда буд, ҳеҷ шаке ба пирӯзии худ дар ин ҷанг надошт, то ҷое, ки онҳо чаҳорпоёнеро бо ҳамроҳи худ оварда буданд, ки ғайри таноб ҳеҷ чизи дигареро ҳамл намекарданд, то ба василаи ин танобҳо мусалмононеро, ки асир мекунанд, бубанданд.

 

Ториқ ва лашкариёнаш пас аз вуруд ба Испания барои муддате аз дидаҳо пинҳон монданд, то душман аз ҳузури онҳо огоҳӣ пайдо накунад. Онҳо ба рӯз махфӣ шуда, шабҳоро ба касби хабару ҷустуҷӯи урдугоҳи муносиб мепардохтанд. Пас аз омодагӣ ва истиқрори комили лашкар дар макони муносиб, Ториқ номае ба Тадмир, фармонравои сарзаминҳои ҷанубӣ фиристод ва тибқи дастуру суннати Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дини Исломро бар ӯ  арза намуд.

Ториқ аз ӯ дархост кард, ки Исломро бипазирад ва ба унвони яке аз фармондеҳони муслимин мутобиқи дастуроти Ислом амал карда, аз авомири халифаи муслимин пайравӣ кунад. Роҳи дуввум ин аст, ки таслим шавад ва ба халифаи муслимин ҷизя ва саронаи солона пардохт кунад, дар ин сурат ҷойгоҳ ва сарзаминаш дар амон буда, ҳеҷ гуна тааррузе ба ӯ сурат нахоҳад гирифт. Дар сурате, ки ин ду пешниҳодро рад кунад роҳи дигар роҳи саввумӣ ҷуз қазовати шамшер миёни онҳо нест ва то се рӯз фурсат доранд, ки тасмим бигиранд. Тадмир, ки ба худ ва сарбозонаш бисёр мағрур буд пешниҳодоти фармондеҳи муслиминро рад кард ва ҷангро интихоб кард.

Ториқ бо истифода аз иттилооте, ки Кент Ҷулиён дар ихтиёри ӯ ниҳод, тавонист қисмате аз сарзаминҳои ғарбии атрофи кӯҳро ба тасарруф дароварад. Дар ин ҳангом Тадмир, ки аз ҳамлаи ногаҳонии Ториқ ба ваҳшат афтода буд, пайкорҳоеро ба сӯи император Родерик фиристод ва ӯро аз тасарруфи  баъзе сарзаминҳои ғарбӣ тавассути сипоҳи мусулмонон огоҳ сохт. Ӯ дар номаи худ баён кард, ки «қавме пайдо шудаанд, ки намедонем аҳли замин ҳастанд ё аҳли осмон? Ман онҳоро дидаам, ту низ ҳар чӣ зудтар худро бирасон».

Ториқ бо лашкариёнаш бо як ҳамлаи ногаҳонӣ бар Тадмир юриш бурда, пас аз cе рӯзи пайкор ва даргирӣ Ҷазират-ул-хазаро ва минтақае таҳти тасаллути ӯро тасарруф кард ва бад-ин тартиб тақрибан ҳамаи сарзаминҳои ҳошияи соҳили  ҷануби Испанияро таҳти султаи худ даровард. Родерик, ки дар он ҳангом машғули ҷанг бо фарзандони подшоҳи собиқ дар шимол буд, бо шунидани ин хабар яке аз беҳтарин фармондеҳони лашкарашро ба номи «Адику» барои муқобала бо сипоҳи Ториқ фиристод, то худаш  битавонад лашкарро барои ҳамлаи ниҳоӣ омода кунад. Аммо Ториқ ибни Зиёд, Адику ва лашкариёнашро низ дар ҳам кӯбид.

Родерик фармондеҳи бисёр қудратманде буд, ки таҷҳизот ва сарбозони  зиёде  дар ихтиёр дошт. Ҳарчанд, ки саркашӣ ва зулми ӯ сабаб шуда буд, то бисёре  бар зидди ӯ мавзеъ бигиранд ва ба муқобилият  ӯ  бипардозанд, аммо ҳангоме ки сухан аз як душмани хориҷӣ ба миён омад, ҳамагӣ бо якдигар муттаҳид шуда, як лашкари воҳидро ташкил  доданд, ки ҳузури беш аз 100 ҳазор сарбоз бо таҷҳизоти кофӣ баҳра мебарад. Ӯ тамоми бузургон, фармондеҳон ва усқуфҳоро канори худ  ҷамъ кард ва ба сӯйи лашкари мусулмонон, ки дар самти ҷануб қарор дошт, ҳаракат кард. Родерик фарзандони Витсаро, ки бо ӯ дар ҳоли ҷанг буданд, бо худ ҳамроҳ сохт ва бо атои парчам ба онҳо фармондеҳии самти росту чапи лашкарро вогузор кард.

Родерик  бо нерӯҳо ва имконоте, ки фароҳам оварда буд, ҳеҷ шаке ба пирӯзии худ дар ин ҷанг надошт, то ҷое, ки онҳо чаҳорпоёнеро бо ҳамроҳи худ оварда буданд, ки ғайри таноб ҳеҷ чизи дигареро ҳамл намекарданд, то ба василаи ин танобҳо мусалмононеро, ки асир мекунанд, бубанданд.  Худ Родерик  низ савор бар аробае буд, ба василаи се асби тезрав ҳидоят мешуд ва либоси подшоҳии зиннатёфта бо тилло ва ҷавоҳирот низ бар тан дошт. Ин эътимод ба нафси беш аз ҳадди Родерик ва сипоҳиёнаш бад-ин хотир буд, ки теъдод ва имконоти онҳо чандин баробар бештар аз сипоҳи мусалмонон буд. Ҳамчунин онҳо дар сарзамини худ меҷангиданд ва аз ҷуғрофиёи табии он ба маротиб огоҳии бештаре дошт.

Аммо бо тамоми ин авсоф Ториқ ва лашкариёнаш ҳеҷ гоҳ мутазалзил ё намеҳаросид, яъсро ба худ роҳ надоданд. Чароки онҳо аз рӯҳияи боло, ки баргирифта аз имон ва тақво буд, бархӯрдор буданд ва ҳеҷ гуна дилбастагӣ ба ин дунё надоштанд ва лашкаркашии онҳо ба Испания ва қораи Аврупо танҳо барои  боз кардани роҳи даъват ва расонидани дини Ислом буд. Онҳо мехостанд, то касонеро, ки сади таблиғи дини Аллоҳ мешаванд аз миён бардоранд, ки дар ин миён ё муваффақ мешуданд ва динро ба соири умматҳо мерасониданд ва ё шаҳид мешуданду биҳишти  баринро дарёфт мекарданд. Ин масъала дар хутбае, ки Ториқ барои сипоҳиёнаш эрод мекунад, возеҳ ва рушан аст. Он чизе, ки баъзе аз мусташариқин дар бораи Ториқ ибни Зиёд зикр мекунанд, ки ӯ сарбозонашро ба асорати занон ва ғанимат гирифтани амволу тилло ваъда медод, комилан хато буда, таърих онро ботил маҳсуб медонад.

Ҳангоме ки Ториқ аз ҳаракти Родерик бо лашкариёнаш огоҳ шуд, Мусо ибни Насирро аз воқеъа огоҳ карда, аз ӯ дархости кӯмак кард. Ҳамон тавр, ки қаблан гуфтем Ториқ бо ҳафт ҳазор сарбоз қадам бар сарзамини Испания ниҳод. Пас аз дархости кӯмак аз Мусо ибни Насир ӯ низ панҷ ҳазор сарбози дигарро барои кӯмак ба лашкари Ториқ ба Испания фиристод, ки ҷамъоаи лашкари Ториқ ба 12 ҳазор нафар расид.

Бо ин авсоф ҳанӯз ҳам лашкари Родерик бисёру бештар аз сипоҳи Ислом буд. Ин дар ҳоле буд, ки аксар лашкариёни Ториқ пиёда ва бидуни маркаб буданд ва фақат теъдоди ангуштшуморе аз онҳо асб доштанд. Аммо Ториқ баъд аз фатҳи ҷазираи  Хазро  озодии бештаре дар интихоби макони муносиб барои ҷанг дошт. Биноан бо заковати тамом минтақае миёни дарраи рудхонаро барои истиқрори сипоҳ дар назар гирифт, ки мутаносиб бо теъдоди ками сарбозони ӯ ва теъдоди зиёди сарбозони душман буд. Ӯ лашкари худро тавре мустақар кард, ки аз самти рост ва аз тарафи шарқ ба василаи дарёчаи Хондо ҳимоят шавад ва душман натавонад аз он тараф ба онҳо ҳамла кунад. Ба вижа, ки ин дарёча ба василаи руди Барбот, ки ба он мерехт то қисмати ғарбӣ ва дарраи Барбот кашида шуда буд. Дар чунин вазъият, самти чапи лашкар дар қисмати ғарбӣ низ ба василаи руду дарраи Барбот ҳимоят мешуд. Пушти сари лашкар ва дар қисмати ҷанубӣ низ кӯҳҳои Рутёно  қарор доштанд, ки аз ин масир низ имкони ҳуҷум ва давр задани лашкари мусулмонон амалан ғайри мумкин буд. Танҳо масире, ки Родерик ночор бояд онро барои ҳамла ба мусулмонон интихоб мекард, самти шимол буд. Ториқ бо хаёли осуда аз масирҳои ғарбӣ ва шарқиву ҷанубӣ лашкарро барои дафъи ҳамла аз самти шимол омода кард.

Ториқ пас аз ҳамду санои Аллоҳи азза ва ҷалла мусулмононро ба набарду шаҳомат дар роҳи  Аллоҳ ташвиқу тарғиб кард ва оёти 111 сураи муборакаи  Тавбаро барои онҳо тиловат кард: «Аллоҳ аз муъминон  ҷонҳо ва молҳояшонро  харид, то биҳишт аз онон бошад. Дар роҳи Аллоҳҷанг мекунанд  чӣ бикӯшанд, чӣ кушта шаванд ва иддае, ки Аллоҳ дар Таврот ва Инҷилу Қуръон дода аст ба ҳақ ба ӯҳдаи ӯст ва чи касе беҳтар аз Аллоҳ ба аҳди худ вафо хоҳад кард, бад-ин хариду фурӯхт, ки кардаед, шод бошед, ки комёбии бузург аст».

Аммо ин ки Ториқ киштиҳоро сӯзонад, то фикри баргашт ба зеҳни лашкариён  наафтад ва барои наҷоти ҷон маҷбур шаванд биҷанганд. Миёни муаррихин ихтилоф вуҷуд дорад ва бисёре аз онҳо ин воқеаро саҳеҳ надониста, рад мекунанд.

Дар рӯзи якшанбе, 28-уми  рамазон соли  92 ҳиҷрӣ (мувофиқ бо 17 июни соли 711мелодӣ) ду лашкар дар наздикии руди Лука бо ҳам бархурд карда, ҷанги сахте миёни онҳо даргирифт. Ин даргирӣ ҳафт то ҳашт рӯз идома дошт ба тавре, ки мусулмонон дар рӯзи иди фитр низ машғули набард буданд. Се рӯзи  аввал  даргирии  чандоне  сурат нагирифт ва ҳарду тараф муҳтотона амал карда, саъй карданд то аз нерӯву қудрати ҳамдигар огоҳӣ пайдо кунанд. Дар ин муддат ба далели ин ки рудхона миёни ду лашкар монеъ  эҷод карда  буд, даргириҳои  кӯчаке  рӯх дод, ки бештар ба  сурат  тирандозӣ  ба минтақаҳои якдигар буд. Аммо дар рӯзи чаҳорум Родерик ва лашкариёнаш аз рудхона убур карда, пеш аз бархӯрд бо сипоҳи муслимин ба ҷанги  тан ба тан бо якдигар пардохтанд.

Идома дорад бо мо бошед

Муҳаммадиқболи Садриддин 

 

Total
0
Shares
Related Posts
Идома

“Домоди Муроди телех марзи Исфараро ноором дорад”

Беҳрӯз соҳибкорон ва тоҷирони Исфара ва вилоятро бо талаби пораҳои калон ба дод овардааст. Беҳрӯз бо тавсияи Маҳмадзоири домоди Президент ба ин вазифа таъин карда шудааст. Тамоми борҳои дуздии домоду духтарҳои президент аз ҳамин сарҳад мегузаранд.
Идома

Раҳмоналӣ.A заминҳоро фурӯхту “кидат” кард

Гӯё, ки модарони исфарагӣ фақат писару духтари террорист таваллуд мекарда бошанд. Мо- мардуми Исфара тӯли ин 29 соли истиқлолият инхел милисаҳои бераҳмро бисёр дидем монанди Насимов Каромат..Тошов Ғулом. Айни замон дар ВКД кор карда истодааст бо рутбаи полковник.
Идома

Раҳмонов ба узбекҳо пул намедиҳад

Чи хеле ки гуфтам дар шаҳри Конибодом дар даврони Истиқлолият ягон навигарӣ нашудааст. Ҳоло агар вазъиятро ҳикоят кунам, шояд боваратон намеояд.
Идома

Лимити барқ дар тобистон бало аст ва ё наҳсиву корношоямии Раҳмонов?

Ҷорӣ кардани лимити барқ дар тобистон,ки барои аввалин бор дар Тоҷикистон иттифоқ меафтад, баробари рехтани оби хунук ба сари мардуми бе ин ҳам дар як ҳолати вазнини иҷтимоиву иқтисодӣ қароргирифтаи тоҷик аст. Дар урфият мегӯянд, ки балои аз осмон омадаро замин мебардорад