Украина гирифтани акс барои ҳуҷҷат бо русарӣ ва ҳиҷобро иҷоза медиҳад

Ислоҳ нет

Соли гузашта Идораи динии мусулмонони Украина дар бораи таҷдиди назар мавриди ҳукми аксбардорӣ бо рӯсарӣ ва ҳиҷоб барои шиноснома номаи ҷавобӣ аз Вазорати умури дохилӣ ва Департаменти кор бо муҳоҷирати Украина дарёфт карда буд.

 

Тавре дафтари матбуотии муфтиёти Украина гузориш дода буд, дар номаи мазкур омадааст, ки “пас аз анҷоми тағйирот дар стандартҳои давлатии Украина, тартиб ва тарзи аксбардорӣ барои шиноснома бидуни рӯсарӣ ва ҳиҷоб таҷдиди назар хоҳад шуд”.

 

Ёдовар мешавем, ки охири моҳи октябри соли 2018, бо имзои беш аз 1500 мусулмонони Украина, номае ба Максим Соколюк, раиси Департаменти кор бо муҳоҷирати Украина фиристода, дар он талаб карда шуда буд, ки нисбати манъи аксҳо бо рӯсарӣ барои ҳуҷҷатҳо таҷдиди назар шавад.

 

Департаменти кор бо муҳоҷирати Украина он замон ба муфтиёти ин кишвар тавсия дода буд, ки ҷиҳати ворид намудани тағйирот ба стандарти давлатӣ, ба Маркази илмӣ — тадқиқотӣ, омӯзиши проблемаҳои стандартизатсия, сертификатсия ва сифати Украина муроҷиат карда шавад.

 

Департаменти кор бо муҳоҷирати Украина дар номаи ҷавобии худ маълумот дода буд, ки дар ин бора, ба Маркази илмӣ — тадқиқотӣ, омӯзиши проблемаҳои стандартизатсия, сертификатсия ва сифати Украина аллакай муроҷиат кардааст. Департаменти кор бо муҳоҷирати Украина дар номаи худ ба ин Марказ таъкид кардааст, ки “Қоидаҳои ҷорӣ оиди манъи аксҳое, ки барои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият бо рӯсарӣ ва ҳиҷоб гирифта шудааст, ба талаботи қонунӣ ва тавсияҳои стандартҳои байналмилалӣ, ки иҷрои онҳо ҳатмист, ҷавобгӯ нестанд. Бинобар, ин масъала бознигарӣ карда шавад”.

 hijab_ukr1

Ҳамчунин авоили моҳи ноябри соли 2018 Сергей Гончарев, муовини Вазири корҳои дохилии Украина дар ҷавоби нома ваъда дода буд, ки бо Вазорати умури хориҷа, Вазорати фарҳанг, Идораи хадамоти марзи Украина ва идораҳои  илмӣ — тадқиқотӣ дар бораи тағйирот ба талаботҳо ҷиҳати иҷозаи бо рӯсарӣ ва ҳиҷоб акс гирифтан барои ҳуҷҷатҳо, музокира хоҳад кард.

 

yurashАз он ҷумла, дар ҳамин мавзӯъ, авохири соли 2018, Саид Исмоилов, муфтии Идораи марказии мусалмонони Украина ба номи “Умма”, бо Андрей Юраш, вазири фарҳанги Украина мулоқот доир кард. Зимни мулоқот, муҳиммияти рӯсарӣ ва ҳиҷоби занон дар шариати исломиро бо намояндаи аршади вазорати фарҳанги ин кишвар муфтӣ баррасӣ намуд.

 

Гуфта мешавад, дар ин мулоқот, Андрей Юраш барои роҳҳали мушкилоти занони мусалмон дар бобати бо русарӣ гирифтани акс барои ҳуҷҷатҳо, якчанд тавсияҳо пешниҳод карда будааст.

 

Дирӯз, 11.01.2019 дар намози ҷумъа, Саид Исмоилов, муфтии Идораи марказии динии мусалмонони Украина ба номи “Умма” эълон кард, ки ҳукумати Украина ва вазорату ниҳодҳои марбутта ба иттифоқи мусбӣ расидаанд. Мақомот ваъда додаанд, ки дархости мусалмонони Украина дар бораи барои ҳуҷҷатҳо бо русарӣ ва ҳиҷоб акс гирифтани занон ба таври мусбӣ ҳал хоҳад шуд.

 

Ҳукумати Украина аз муфтиёт талаб кардааст, масрафи бознигарии талаботи қонунии стандартҳои давлатӣ, ки қоидаҳоро барои акси ҳуҷҷатҳо муайян мекунад, пардохт намояд.

 

Як манбаъи Ислоҳ, ки дар ин намози ҷумъа ширкат дошт, хабар дод, ки муфтӣ эълон кардааст, барои масрафи бознигарии талаботи қонунӣ мақомоти зидахл маблағи ҳангуфт талаб кардаанд.

 

Саид Исмоилов гуфтааст: “Ниҳоят дар натиҷаи давутозҳо ва гуфтушунидҳо бо мақомот ба ин натиҷа расидем, ки дар ивази пардохти боҷ иҷозаи бо русарӣ акс гирифтани занон барои ҳуҷҷатҳоро ба даст меорем”.

 

Тибқи эълони муфтии Украина, бояд муфтиёт 179 760 гривн, (тақрибан баробари 6380 доллари амрикоӣ) барои коркад ва бознигарии талаботи қонунӣ боҷ супорад.

 

“Аз ин 71 904 грн, 40% аз маблағи умумӣ бояд рӯзҳои наздик ба суратҳисоби Маркази илмӣ — тадқиқотӣ, омӯзиши проблемаҳои стандартизатсия, сертификатсия ва сифати Украина гузаронида шавад. Барои супоридани маблағи боқимонда, 107 856 грн, 60% дигари маблағ то моҳи июни соли 2019 мӯҳлат дода шудааст”. — эълон кардааст Саид Исмоилов.

 

said IsmoilovСаид Исмоилов, Муфтии Идораи марказии динии мусалмонони Украина ба номи “Умма” афзудааст, ки “Ин маблағи ҳангуфт аст, аммо мо ба хотири дифоъи ҳуқуқи занони мусалмони кишвар бо дастгирии ҳамдигар маблағро бояд ҷамъоварӣ намоем. Аз ҳама мусалмонони Украина даъват ба амал меорам, ки дар ҷамъоварии маблағ фаъол бошанд. Ин маблағро ба хотири тезонидани ҳалли масъала ҷамъоварӣ мекунем. Агар мо нигоҳ карда истем, ки кай барои ин масъала ҳукумат аз буҷа маблағ ҷудо мекунад, шояд солҳо гузарад. Дар ин миён ҳамарӯза хоҳарони мо ба мушкилоти гирифтани ҳиҷоби худ дар назди бегонагон  рӯ ба рӯ шудан мегиранд”.

 

 

Дар сомонаи расмии муфтиёти Украина суратҳисоб барои ҷамъоварии маблағ аллакай нишон дода шудааст, ки хоҳишмандон метавонанд саҳми худро гузоранд.

 

Қобили зикр аст, ки манъи аксбардорӣ барои ҳуҷҷатҳо бо русарӣ ва ҳиҷоб даҳсолаи охир дар кишварҳои пасошуравӣ ба як мушкилоти мубрам табдил ёфтааст. Дар Русия, Қазоқистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва баъзе аз кишварҳои дигар на танҳо аксбардорӣ барои ҳуҷҷатҳо, балки ҳатто мақомот ба гаштугузори занон бо русарӣ дар хиёбонҳо ҳассосият доранд.

 

Хусусан дар Тоҷикистон солҳост, ки занони боҳиҷоб иҷозаи акси боҳиҷоб дар шиносномаро надоранд. Бар замми ин ба наздикӣ мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки қонунеро ба тасвиб хоҳанд расонд, ки тибқи он гаштугузор дар хиёбонҳо ва ворид шудани занони муҳаҷҷаба ба ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳатто беморхонаву корхонаҳои шахсӣ манъ хоҳад шуд.

 

Аммо, ба ин тасмими мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол аз Идораи маркази исломии Тоҷикистон ва муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ҳеҷ вокунише нашудааст. Ҳол он, ки дар қиёс ба Украина, 97% аҳолии Тоҷикистонро мусалмонон ташкил мекунанд. Дар Украина бошад, аз 45 млн аҳолии ин кишвар наздик ба 70% аҳолӣ бовармандон ба дини насронии православӣ мебошанд. Ҳамагӣ, дар Украина наздик ба 1 млн нафар мусалмонон зиндагӣ мекунанд, ки зиёдтар аз 2% аҳолиро ташкил мекунанд.

Share This Article