Устод Нурӣ (раҳ) – сутунмӯҳраи муқовимат ва рамзи сулҳ

Воқеан ҳам Устод Нурӣ ба мисли соири фарзандони барӯманди миллат фарзанди миллати хеш буданд. Тамоми дору мадор,ҳастӣ,зиндагӣ ва ҷону танашонро барои ин миллат бахшиданд.

Сӯҳбат бо Муҳаммад Нурӣ-

- Лутфан ҳамчун фарзанди марҳум устод Нурӣ шахсияти устодро метавонед дар чанд ҷумла

баён доред ?

Аввалан салом мекунам хидмати шумо ва хонандагони Пойгоҳи “Ислоҳ нет”

Бо маҳзи матраҳ кардани ин суолатон дар зеҳнам як таъбири президенти кишварамон хутур кард, ки дар он замон, замони ба имзо расидани санади Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ ва шурӯъи кори “Комиссияи Оштии Миллӣ”, ки раҳбарияш бар зиммаи устоди марҳум гузошта шуда буд ва дар чанд ҷо аз шахсиятҳо ва минҷумла аз худи устод ҳам инро шунида будам, гуфта буданд, ки “домулло Саид Абдуллоҳ Нурӣ як шахсияти хирадманд, дурандеш ва фарзанди фарзонаи миллат ҳастанд”.

Воқеан ҳам он бузургвор ба мисли соири фарзандони барӯманди миллат фарзанди миллати хеш буданд. Тамоми дору мадор,ҳастӣ,зиндагӣ ва ҷону танашонро барои ин миллат бахшиданд.

Кору пайкори устоди зиндаёд барои ҷомеаи Тоҷикистон ва берун аз он маълум аст. Аммо мехоҳам аз шахсияти ӯ дар дохили хонавода ва муносибаташ бо Шумо- фарзандон инҷо тавсиф кунед ?

Устод он чуноне, ки дар берун аз хона ба унвони як лидер ва раҳбари бисёр орому бо тамкин буданд дар хона низ он ҳамонгуна буданд. Вақте ба хона ба назди ҳамсару фарзандонашон бармегаштанд ба мисли хеле аз падарҳо падари меҳрубон ва мушфиқу ғамхор нисбат ба хонавода, ҳамсару фарзандонашон буданд. Бо вуҷуди он ҳама машғулиятҳое, ки доштанд, вақт ҷудо карда бо фарзандонашон дар ҳама умури зиндагӣ суҳбату гуфтугӯ менамуданд. Ба диду назари ҳамаамон эҳтиром мегузоштанд.

Аз ҳама муҳим дар ҳар коре ҳаққи интихоб бароямон медоданд ва албатта пешниҳод ва назароташонро низ матраҳ менамуданд. Ба ибодат ва бахусус намоз ва дониш андӯхтан таваҷҷӯҳиҷиддӣ доштанд. Махсусан намози субҳ. Худашон меомаданд дари утоқҳоямонро ором мекӯбиданд, то аз намоз ғофил намонем. Ин амалашон аз даврони навҷавониямон то бузург шуданамон вуҷуд дошт. Ҳафтае яке ду ҷаласа ҳамроҳамон дарсҳое аз Қуръон, ҳадис, сираи паёмбарамон алайҳиссалам ва инчунин авзои сиёсӣ ва иҷтимоъии кишварамон ва ҷаҳон вобаста ба вақт ва шароити корияшон баргузор менамуданд. Ёд надорам рӯзеро, ки хонаамон бе меҳмон буда бошад. Шукри Худо, ҳамеша меҳмон доштем ва рӯзҳое, ки дарсҳо баргузор мешуд, меҳмонон ҳам баҳраманд мешуданд. Рӯи муносибат ва робита бо ҳамсоягон ва хешу наздикон диққат ва таъкид менамуданд.

Ҳузур ва нақши Устодро дар муборизаҳо ва муқовиматҳои солҳои навад чигуна метавонед ба бинанда ва хонандаи мо бозгӯӣ бикунед ?

Устод марди сулҳ ва муқовамат буданд ва ҳамеша оромӣ, субот ва пешрафти миллат ва кишварамонро мехостанд ва инро дар ҳаёташон собит намуданд. Чи дар замони ҷанг ва чи қабл аз он тамоми талошашонро мекарданд, то садди роҳи ҷанг шаванд. Агар касе фикр мекунад, ки барои барқарории сулҳ баъдҳо кӯшишҳо ба харҷ дода шудааст, иштибоҳ мекунад. Ҷаҳду талошҳо барои ҳифзи сулҳ ва барои барқарории он аз аввалҳои соли 1992 баъди баргузории митингҳои ба ҳам зид дар майдони ” Шаҳидон” ва майдони Озодӣ” шурӯъ шуда буданд. Ҷонибҳо аввал дар Қурғонтеппа, баъдан дар Хоруғ ва сипас дар Хуҷанд мехостанд проблемаҳои сиёсиву низомиро ба таври мусолиматомез ҳал намоянд. Ҳато рӯзи 14 июли соли 1992 дар манзили худи устод дар ноҳияи Вахш- совхози « Туркманистон » маъракае барпо шуд ва дар он Сангак Сафаров, яке аз лидерони Фронти халқӣ ширкат варзида ва барои ҳифз ва таъмини сулҳу субот ҳам устод Нурӣ ва ҳам Сангак Сафаров суханронӣ намуданд. Вале чи тавре, ки мушоҳида шуд ин масъала ҳалли худро пайдо накард ва оташи ҷанг аланга гирифт. Аниқ буд, ки дар ба вуҷуд омадани ҷанг дар Тоҷикистон қувваи сеюм ва дасти хориҷӣ саҳми беандоза дошт. Ин буд, ки Устод бо ҳамроҳии хеле аз мардуми кишварамон аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсояи Афғонистон ҳиҷрат намуданд. Дар Афғонистон ” Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон”-ро таъсис дода атрофи худ нерӯҳо ва шахсиятҳои миллӣ ва мардумиро ҷамъ намуда ва дар заминаи он ИттиҳодиНерӯҳоӣ мухолифин”- ро ташкил карданд.Барои ба даст овардани ҳуқуқҳои аз даст рафтаи хеш ва баргаштан ба кишвари азизамон Тоҷикистон муқовамату мубориза намуданд, то тарафи муқобилро ба сулҳу созиш водор намоянд. Бо миёнҷигарии Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои минтақа, махсусан Русия, Эрон ва Афғонистон ва албатта ҷаҳду талоши беандоза зиёди худи тоҷикон ва аз худ гузаштанҳо дар санаи 27 июли соли 1997 Устоди марҳум низ зери санади Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гузоштанд.

Имрӯзҳо дар арафаи интихоботҳои президентӣ дар мавриди нақшу мақом ва саҳми Устод Нурӣҳаргуна сару садоҳо аз афроди шиносу ношинос садо дода истодаанд.Ин гуна “арзёбӣ” ва “таҳлилҳо”-ро чи тавр баҳо медиҳед ?

Агар мутаваҷҷеҳ шудед, пай мебаред,ки ҳамчунин маъракаву мазҳакаҳое дар солҳои охир дар арафаи рӯзи реҳлати Устоди марҳум роҳандозӣ мешавад. Гоҳ филме пахш мешавад ва гоҳе матлабу мақолае мустақим ва ё ғайри мустақим нашр мешавад. Ин дафъа гуё аз ҷониби “ҷомеай шаҳрвандӣ” ин мазҳакаҳо роҳандозӣ шуда истодаанд. Воқеан ҳам хеле хандаовар аст, ки худ дар ботлоқе аз мушкилот ғутавар бошӣ ва аз гиребони мурдаҳо ва гузаштагон бигирӣ. Ин дигар ниҳояти заъф ва ноумедиро нишон медиҳад, ки бо зиндаҳо зӯрашон нарасад, таърих варақ зада аз гиребони мурдаҳо мегиранд. Ба қавле аз зери нохун чирк мекобанд. Воқеан ҷои нанг аст, ки ҳадаф ва корҳои асосиву муҳимро канор гузошта мушкилот ва проблемаҳои дар ҷомеа ва кишварамонро нодида гирифта вақти гарони худро сарфи масъалаҳое кунем, ки ҳеҷ манфиате надоранд. Ба назарам инҳама дар арафаи интихобот ҷалби таваҷҷӯҳ ба самти дигар аст.

Дар мавриди китоби “Он сӯйи сиёсат”, ки гулчине аз сӯҳбатҳои устод дар солҳои муқовимат ва ҳиҷраташонро дар бар мегирифт чи метавонед бигуед,чун баъзе сару садоҳое дарбораи ин китоб ҳам садо дода истодаанд ?

Бале, ин китоб маҷмӯай суханрониҳо ва баёнияҳои Устоди марҳум бо пешгуфтор, таҳия ва танзим тавассути устод Мирбобо Мирраҳим мебошад. Ин маҷмӯа аз чанд боб иборат аст.

Боби аввал “Ислом – кафили амнияти Тоҷикистон” мебошад, ки он шомили паём, эъломия, изҳорот, нома, табрикот, суханрониҳо дар нишастҳои матбуотӣ ва посухҳои Устод мебошад.

Боби дуввуми маҷмӯа ” Хутбаи намози ҷумъа – нури имон барой ҳар як мусалмон” ном дорад, ки аз хутбаҳои намози ҷумъа ва инчунин мавъизаҳо дар намози идҳои Рамазон ва Қурбон гирд оварда шудааст.

Боби дигари маҷмӯа ” Муроди мо насиҳат буд гуфтем…” ном дорад ва ин боб шомили чанд насиҳатнома мебошад.

Албата ин маҷмӯа он тавре, ки худи устод Мирбобо Мирраҳим дар пешгуфторашон овардаанд, бидуни хоҳиши Устоди марҳум анҷом пазируфтааст. Ва ин аввалин китоб аз ҳаёти сиёсии Устод нишонаи садоқат ва эҳтироми мо ба мақоми ишон аст, овардааст устод Мирбобо Мирраҳим дар пешгуфторашон.

Дар охир ба шогирдони мактаби устод ва ҳаводорону ҷонибдорони он азиз чи гуфтание доред ?

Албатта ман дар ҳадде нестам, ки гуфтание барояшон дошта бошам, вале ба унвони як бародари кучакашон каломи офаридгорамонро ёдоварашон мешавам, ки мефармояд :

” Ва сусту забун нашавед ва ғамгину афсурда нагардед ва шумо бартар ҳастед агар ба ростӣ мӯъмин бошед”

Total
0
Shares
Матолиби ҳамсон
Идома

“Домоди Муроди телех марзи Исфараро ноором дорад”

Беҳрӯз соҳибкорон ва тоҷирони Исфара ва вилоятро бо талаби пораҳои калон ба дод овардааст. Беҳрӯз бо тавсияи Маҳмадзоири домоди Президент ба ин вазифа таъин карда шудааст. Тамоми борҳои дуздии домоду духтарҳои президент аз ҳамин сарҳад мегузаранд.
Идома

Раҳмоналӣ.A заминҳоро фурӯхту “кидат” кард

Гӯё, ки модарони исфарагӣ фақат писару духтари террорист таваллуд мекарда бошанд. Мо- мардуми Исфара тӯли ин 29 соли истиқлолият инхел милисаҳои бераҳмро бисёр дидем монанди Насимов Каромат..Тошов Ғулом. Айни замон дар ВКД кор карда истодааст бо рутбаи полковник.
Идома

Раҳмонов ба узбекҳо пул намедиҳад

Чи хеле ки гуфтам дар шаҳри Конибодом дар даврони Истиқлолият ягон навигарӣ нашудааст. Ҳоло агар вазъиятро ҳикоят кунам, шояд боваратон намеояд.
Идома

Лимити барқ дар тобистон бало аст ва ё наҳсиву корношоямии Раҳмонов ?

Ҷорӣ кардани лимити барқ дар тобистон,ки барои аввалин бор дар Тоҷикистон иттифоқ меафтад, баробари рехтани оби хунук ба сари мардуми бе ин ҳам дар як ҳолати вазнини иҷтимоиву иқтисодӣ қароргирифтаи тоҷик аст. Дар урфият мегӯянд, ки балои аз осмон омадаро замин мебардорад