Устуворӣ Судониёнро пирӯз гардонид

Ислоҳ нет

            

“Ҳуррийя ва Тағйир” зери раҳбарии Муҳаммад Исмат бо азми росих ва истодагӣ баранда шуд

 

   Эътилоф ё иттиҳоди неруҳои сиёсие,ки дар таърихи 1январи соли 2019 бо номи “Ҳуррийя ва Тағйир” зери раҳбарии Муҳаммад Исмат ташкил ва парчами мубориза ва муқовиматро дар даст гирифт,тавонист ҳама аҳзоби сиёсии мухолифи режими Умар-ал Башир,раиси ҷумҳури собиқи Судон ва яке аз диктотурҳои бениҳоят золим ва дарозумри оламро даври худ муттаҳид бисозад, мардуми кишварро аз шимол то ҷануб ба ҳам орад ва дар се моҳ пояҳои қудрати Умар Баширро дарҳам бикӯбад,тоҷи ӯро барандозад ва тахташро вожгун бисозад. Аз ҳамон оғози муқовимат ва муқобала рӯи ҳарфаш биистод, дурангӣ накард, устувор буд ва бо сароҳат ҳам эълом дошт,ки ҳокимият бояд аз тарафи мардум баргузида бишавад ва мо дасти мудохила  ва тааррузи низомиёнро бояд кӯтоҳ ва дар ниҳоят қатъ бикунем. Ҳарфу ҳиҷое,ки халқи Судон солҳо буд, ки дар орзуи татбиқаш буд. 36 ҳизб дар тули 30 сол натавонист, ончиро ки “Ҳуррийя ваТағйир” ба иҷро бирасонд, бирасонад. Низомиён аз матонат, устуворӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва азми росихи “Ҳуррийя ваТағйир” ва раҳбари он тарсиданд ва аз инҷо буд,ки дар баробари инсиҷому инқилоби мардум натавонистанд коре кунанд. Мунтаҳо инқилоби оммаҳои даври “Ҳуррийя ваТағйир” ҳалқа гирифта инқилобро анҷом дод ва баранда шуд.

 

 Воқеияти авзоъ ин аст ки  “Ҳуррия ва тағйир”дар Судон ду инқилобро ба роҳ андохт ва дар ҳардуяш ҳам комёб шуд.

Инқилоби аввал: бар алайҳи низоми диктатории Умар-ал- Башир,ки мисли боқии низомҳои диктотурии тӯлонӣ ва ингор бебадал баланд шуд, гоме ҳам ба ақаб набурд, ва дар се моҳ чуноне тазаккур додем, инқилоберо бо ҳосилу натиҷаи матлуб ва дилхоҳи мардум ба самар овард: Умар-ал-Башири золим,ки 30 сол қудрати сиёсиро қабза карда,раъйу ройи мардумро писанд намекард, зулму истибдодаш ҷаҳонро ба ларза меандохт,сарнагун карда шуд.

 

  Инқилоби дуввум: қоим будан, дудила нашудан, ҳадафро огоҳона шинохтан ва ба самташ рафтан, яъне истодагарӣ ва қатъият буд,ки “Ҳуррийя ваТағйир” нагузошт,ки натиҷаи инқилобашро низомиён ба коми худ кунанд.Эътисоб намуданд,корапртоиҳои оммавӣ ташкил намуданд, мардумро тавонистанд мутақоидсозанд,ки устувор бошанд ва то охир истодагарӣ намоянд.Охируламр натиҷаи дилхоҳи худро ба даст оварданд ва ба ҳадаф расиданд. Нагузоштанд вазъият мисли Миср ва ё Сурия шавад.

 

  Пас аз сарнагунии низоми Башир, бар алайҳи низомиён, ки қудратро бо истифода аз фурсат тасоҳуб шуда ва аз кишварҳои арабии дигар- мисли Саъудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб бо маблағҳои ҳангуфт сармоягузорӣ мешуданд,муқовимат кард ва ин дуро бо ҳукумати низомиёну пулҳояшон шикаст дод.

 

Истодагарии “Ҳуррийя ва Тағйир” якҷо бо мардуми ба сутуҳ омадаи Судон дар ин мароҳили хело сангин судониҳоро пирӯз гардонд.

 

  17 август ҳукумати низомии муваққат ва “Ҳуррийя ва Тағйир” “Васиқаи дастурии ниҳоӣ”-ро имзо карданд. Рӯзи 20 август сарвазири ғайри низомӣ аз тарафи “Ҳуррийя ва Тағйир” бо эҳтимоли қавӣ Абдуллоҳ Ҳамдук( раиси собиқи кумитаи иқтисодии СММ африқоӣ ва дар риштаи иқтисод хело огоҳ ва варзидааст) таъин мегардад ва ба кораш расман оғоз мекунад. Инчунин рӯзи 28 август ҳукумати ҷадид бо баргузории як ҷаласае шурӯъ ба анҷоми вазифа хоҳад кард кард ва дар назар аст рӯзи 1 сентябр ҷаласаи Сарвазир ва роҳбарияти ҳукумат баргузор гардад.

 

17август ноиби маҷлиси низомӣ Муҳаммад Ҳамдон Дақлу чунин гуфт: “хостаи мардуми Судон имрӯз пирӯз гашт ва дар ин мусолаҳа баранда ва бозандае вуҷуд надорад. Мо дар музокира ҳамчун шарик ворид шудем ва аз онҷо яктан хориҷ гаштем.Бо сароҳат мегӯям ирода ва хоҳишу талабҳои мардуми Судон ва шаҳрвандони он пирӯз гашт, инҷо пирӯзу мағлубе дида намешавад ва масолеҳи Судон болотар аз ҳама хоҳишҳо ва масолеҳи гурӯҳҳо ва роҳбарони гурӯҳҳо мебошад”

 

Муҳаммад Исмат раиси “Ҳуррийя ва Тағйир” чунин гуфт: медонам мо дар марҳалаи ҳассосе қарор дорем ва кишвар дар ҳоли хубе қарор надорад.”

 

Инро ҳама донанд,ки “инқилобкунандагон,ки мардуми шарифи Судон мебошанд, бо чашмҳои боз хоб мекунанд,то амалӣ гаштани ҳама аҳдофе,ки барояш инқилоб кардем ва шаҳид додем”

 

Дар охир инро мехоҳам бигӯям ҳама он миллатҳое,ки мехоҳанд дар кишварҳояшон тағйироте ба вуҷуд ояд, бояд аз мардуми шарифи Судон ва “Ҳуррийя ва Тағйир”, ибрат бигиранд. Дар ҳоле,ки ин ҳама муддат 36 ҳизб натавонист коре кунад, аммо он дар се моҳ тавонист ҳамаи аҳзобро гирдиҳам оварду инқилобро созмон ва дар ҳашт моҳ комилан ба ҳадаф бирасад. Медонам ҳар давлату миллате минталитет ва хусӯсияти худро доранд, аммо аз ин таҷоруби “Ҳуррия ва тағйир” бояд воқеан омӯхт.

Хонандагони гиромӣ, ба канали телеграмии мо пайваст шавед

https://t.me/islohnet

 

Share This Article