Вазъияти вахими Русия пас аз интихоби чоруми Владимир Путин

Пас Русия вақте аз ҳимояти мардуми дохилаш бархурдор нест. Мусалмонони олам ӯро як қотил ва мусалмон куш мешинсанд. Ғарб ҳам ҳамчун мутаҷовиз ва хашинаш мешиносанд. Русия бо ин шахс чӣ гӯна метавонад рушд кунад ва ҳолати дохилашро ба сомон мерасонад?

 (Таҳлили вазъи имрӯзии Русия аз дохил ва хориҷ)

Русия яке аз кишварҳои бузурги олам дар сахтарин ҳолати бумбасти сиёсӣ ва иқтисодӣ қарор дорад. Намехоҳам ба таҳримҳое, ки Русия аз тарафи давлатҳои ғарбӣ қарор гирифтааст, чизе бигӯям. Ба хубӣ огоҳем, ки ба хотири кишваркушоиҳои ғайри сӯдманду муваффақаш дар нимҷазираи Қрими Украина чандин кишварҳо алайҳи Русия таҳрим эълон карданд. Пас аз ин дар сахтарин ҳолати таҳрими бесобиқа аз тарафи ҷомеъаи ҷаҳонӣ қарор гирифт. Ин таҳримҳо вазъияти иқтисодии давлат ва шаҳрвандонашро ба маротиб ба чолиш кашид  ва дар вазъияти ногувор қарор дод. Аммо,   Путини якрав ва командае, ки бо ӯ ҳастанд,  ҷуз таҳдидҳои бе маъно ва дохил шудан дар ҷангҳое, ки ба иқтисоди ин кишвар зараровар буданд ва вазъияташро рӯз то рӯз вахимтар гардонид, ҳеҷ тадобири ҷиддӣ ва лозимае наандешиданд. .

Қабл аз баргузории интихоботи Русия, дурусттараш дар оғози моҳи марти ҳамин сол, Сергей Скрипал, як корманди собиқи ГРУ(Главное разведывательное управление Военная разведка, орган внешней разведки Министерства обороны Российской Федерации)  бо духтараш тавассути гози махсуси кимёӣ масмум ё заҳролуд гардид. Ҳукумати Бритониё  дар ин қазия Русияро гунаҳкор намуд. Пас аз таҳқиқи қазия Бритониё беш аз 30 дипломати русро аз кишвараш берун кард. Ба дунболи он 16 кишварҳои узви ЕС (Евросоюз) бо маҳкумияти ин амали нангини Русия тасмим гирифтанд, ки дипломатҳои русро аз кишварҳои худ ихроҷ намоянд. Дигар кишварҳо ҳам ин тасмимро мисли Амрико, Канада, Норвегия, Австраля, Укроина ва ғайра, ҷонибдорӣ ва амалӣ намуданианд. То ҳол  дар маҷмуъ адади дипломатҳои русе, ки кишварҳо ба ихроҷашон тасмим гирифтаанд 140 нафар рақам зада мешавад.

Амрико эълон кардааст 48 дипломати рус, аз он ҷумла 12 кормандони доимии СММ-ро, ки муқими кишвараш мебошанд ихроҷ намуда, консули гениралиашро дар Сиэтле мебандад. Бояд зикр намоям, ки байни кишварҳои аврупоӣ, Утриш (Австрия) ягона кишварест, ки ба ихроҷи дипломатҳои рус аз кишвараш мухолифат нишон додааст.

Вахим шудани вазъияти сиёсии Русия дар ҳолест, ки дар минтақаи Сибир, шаби душанбеи 25 уми март, дар вилояти Кемерево, дар маркази савдои “Зимняя вишня”  сухтор ба амал омад. Дар ин шоми истироҳатӣ дохили ин маҷмаъа ба гуфти худи мақомот беш аз 1500 нафар қарор доштаанд. Дар ин ҳодиса тибқи итилооти вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия ва ҳукумати маҳаллӣ 54 нафар ҷон бохтаанд. Аммо мардуми маҳаллӣ мегӯянд 64 нафар ҳалок гаштаанд ,ки дар дохили онҳо 9 кудаки ноболиғ ҳам қарор доштааст. Дар гирдиҳамоии имрӯза, ҳатто садоҳое шунида шуданд, ки шумори ҳалокшудагон наздик ба 400 нафар гуфта мешуд, аммо ин хабари дақиқ нест. Мардум аз ҳукумат талаби омори дақиқи қурбониёнро тақозо доранд.

Ин ҳодиса  дар ин марҳала ба як ҷунбиш ё аксуламалҳои сиёсии нобасомон мубаддал гаштааст. Мардум ба роҳпаймоӣ(митинг) бар алайҳи ҳукумат баромаданд. Инро бояд зикр намоям, ки Вилояти Кемерово яке аз вилоятҳои коркарди канданиҳои зеризаминӣ, истихроҷи ангишт (шахтаҳо) ва саноатии ин кишвар ба ҳисоб меравад. Ин вилоятро шахсе бо номи Аман Гумирович Тулеев беш аз бисту як сол аст, роҳбарӣ мекунад. Вақте ман соли 1998 дар ин вилоят будам, ӯ ҳокими ин вилоят буд, то ҳоло ҳам ҳоким аст. Ӯ зодаи Туркманистон буда, миллаташ қазоқ аст ва яке аз ҳокимони дарозмуддаттарин дар Русия ба шумор меравад. Мардум  дар ин роҳпаймоие, ки имрӯз дар Кемерово доштанд, талаби истеъфои ӯро карданд ва аз вазъи бади иқтисодии худ шикоятҳо доштанд. Метавонед ин митингҳоро дар ютуб, ки тавассути мардум наворбардорӣ шудааст, тамошо кунед. В.Путин ба хотири пешгирии нобасомониҳо ба ин вилоят сафар кардааст, то вазъро ором намояд. Дар чанд вилоятҳои Федерацияи Русия рӯзи мотами умумӣ эълон гаштааст.

 

Барои Русия интихоби бори  чаҳоруми Владимир Путин хуб аст ё бад?

Сиёсати хориҷии Русия дар ҳолати вахим ва сиёсати дохилияш бошад, дар вазъи фоҷиабор қарор дорад. Ба назари ман сиёсатмадорони рус дар ин ҳолат,  тасмим мегирифтанд, шахси дигареро ба мақоми президентӣ интисоб менамуданд.Зеро чеҳраи В.Путин дар дохил ва хориҷ хашин буда, аз ин се ҳолат иборат мебошад:

1.)  Дар дохили кишвар ҳукумат аз ҳимоят ва ҷонибдории на танҳо мардуми оддӣ, балки аз сиёсатмадоронаш ҳам бархурдор нест. Дохилро режим бо низоми шадиди амниятӣ идора ё контрол мекунад.

2.) Дар ҷаҳони ислом бошад, Путин ҳамчун як қотил ва мусалмонкуш шуҳрат пайдо кардааст.  Танҳо бо як давлати исломӣ иртиботи хуб дорад, ки он ҳам Эрон аст. Вазъияти сиёсии Эрон дар минтақа ва ҷаҳони ислом ба ҳамагон маъруф аст.

3.) Владимир Путин назди Ғарб ва Аврупо як марди таҷовузгар ва хашин ба шумор меравад. Муносибатҳои кунунии Аврупо ва ҷаҳон бо Русия аз ин шаҳодат медиҳад.

Тибқи маълумоти расонаҳои русӣ, ки аз тақаллубҳои интихоботи президентии Русия гузориш доданд, маълум шуд, ки Путин аз ҳимояти мардуми кишвараш бархурдор нест ва бидуни зурӣ ва тақаллуб илоҷи баранда шудан дар интихоботро надошт. Гирдиҳамоиҳои  таркор ба такрор ва сар то сарии ин кишвар бар зидди фасод тули ду соли охир, далели гуфтаҳои болоянд.

Мусалмонони олам ӯро як қотил ва мусалмонкуш мешиносанд. Ғарб ҳам Путинро ҳамчун як таҷовузгар ва шахси хашин мешиносад. Русия бо ин шахс чӣ гӯна метавонад рушд карда, ҳолати дохилашро ба сомон расонад?

Бо далели ин се нукта, ба назари ман дарди сарҳои зиёде барои Русия бо В.Путин дар пеш аст.

Баъзеҳо фикр мекунанд, кишваре силоҳ ва рокетҳои ҳастаӣ дошта бошад, дигар ҳама аз ӯ метарсанд ва касе ба ӯ бо чашми бад наменигарад. Ҳар коре хоҳад мекунад ва дунё дар итоаташ мебошад. Аслан ин фикри ғалат ва иштибоҳи бузург аст. Силоҳ ва доштани қувваи низомӣ барои ҳимояи худи давлат аст, на барои қуваозмоӣ бо ҷаҳони мутамаддин. Кишварҳои олам мисли давлатҳои муштаракулманофеъ нестанд, ки ҳар чи  Путин гӯяд онро амалӣ намоянд. Ҳатто дар ин рӯзҳои охир, давлати Қазоқистон ва Беларус ҷиҳати муносибатҳои нобаробар аз ҷониби Русия, дар сиёсати Иттиҳоди иқтисодии Авро осиё норизоияти хешро эълом карданд. Пас аз ворид шудан ба ин иттиҳод эълон намуданд, ки иқтисодҳояшон зарар дидааст. Ин ду давлат дар ин иттиҳод аз давлатҳои муҳим ва умдаи иқтисодӣ ба шумор мераванд. Тарафе, ки аз ин иттиҳод манфиъат ба даст меорад, танҳо Русия дониста шудааст. Ба ҷуз Русия, ки муассиси ин Иттиҳод ба ҳисоб меравад, аъзои дигари ин Иттиҳод худро фиребхурда меҳисобанд.

Хонандаи гиромӣ! Акнун худатон фикр кунед ва қазоват намоед, ки вазъияти  Русия дар дохил ва хориҷаш то чи андоза вахим будааст.

Барои муҳоҷирони тоҷики дохили Русия тавсия медиҳам, ки дар ин вазъи пешомада  ҳушёр, зирак ва эҳтиёткор бошанд ва ба ҳаргуна дасисаҳои сиёсӣ дода нашаванд.

Муҳаммадиқболи Садриддин

Total
0
Shares
Related Posts
Read More

Ман як маликаам!!!

Шаш сол қабл ин қиссаро хонда будам ва то он ҳад бароям таъсир гузошт, ки нақше дар хотираам баст ва дар ин рӯзҳои ҳассоси ҳиҷобкашӣ дар кишварам ё худ манъи сатру ҳиҷоби зани мусалмони тоҷик аз ҷониби худкомагон ин хотира дубора дар зеҳнам тоза гардид. Ин қиссаи хитобӣ, ки аз оғоз то анҷом аз «ифтихор», «итминон» ва «имон»-и комил ба ислом, нақл мекунад, қиссаи як бону, як зан, як маликаи ғарбии тозамусулмон мебошад.