24.07.2018 Хабарҳо: Аз ҳар гӯша як хӯша

Усмон Дэмбеле, футболбози дастаи миллии Фаронса, ки дар дастаи “Барселона”-и Испания бозӣ мекунад, тасмим гирифтааст, маблағҳоеро, ки аз ҳисоби бозиҳояш ба даст овардааст, барои сохтани масҷид дар зодгоҳаш шаҳри Ҷакилӣ сарф хоҳад кард.

Футболбози фаронсавӣ дар зодгоҳаш масҷид месозад

Футболбози дастаи миллии Фаронса, ки чанде қабл дар Чемпионати ҷаҳон- 2018, дар Русия Қаҳрамони ҷаҳон шуд, диққати хабарнигорон ва ҷомеаро бо амалҳои хайриявии худ ҷалб кард.

Ин варзишгар, ки дар дастаи  “Барселона”-и Испания бозӣ мекунад,  тасмим гирифтааст, маблағҳоеро, ки аз ҳисоби бозиҳояш ба даст овардааст, барои сохтани масҷид  дар зодгоҳаш шаҳри Ҷакилӣ сарф хоҳад кард.

Гуфта мешавад, модари Усмон Дэмбеле дар Сенегал таваллуд шудааст ва айни ҳол дар Мавритания зиндагӣ мекунад. Падараш бошад, аз Мали будааст. Худи Усмон дар Фаронса таваллуд шудааст.

***

Пирамарди 82-сола Қуръон меомӯзад

Алӣ Зорлу, марди 82 солаи турк баъди он, ки дар як курси омӯзиши Қуръони карим худро номнавис мекунад, дар як муддати кутоҳ хондани ин китоби муқаддасро ёд гирифтааст. Али Зорлу, ки то ин сину сол ҳатто ҳуруфоти арабиро намешинохтааст, барои худ вазифагузорӣ мекунад, ки мустақилона ҳар рӯз биёмӯзад ва чанд саҳифа аз Қуръони каримро бихонад.

Ин марди солхурда дар як ҳафта алифбои арабиро аз худ намуда, ба хондани китоб гузаштааст. Айни ҳол ин пирамард ҳар рӯз аз як то ду ҷузъ Қуръон мехондааст ва ба устодони курси омӯзиши Қуръон изҳори сипос кардааст.

“Ман хазинаи бузурги маънавиро дарёфт намудам. Ҳамарӯза мувофиқи иститоатам Қуръон мехонам. Ба ҳама мусалмонон тавсия медиҳам, ки хондани Қуръонро ёд гиранд. Барои ман ин китоб беҳтарин ҳамроҳ, беҳтарин дӯст ва беҳтарин роҳнамо аст. Ҳаргоҳ зиқ ва ё  дилтанг шудам, маро Қуръон ором мекунад” – гуфтааст Алӣ Зорлу.

Муаллими Қуръон Меҳмед Метин дар бораи ин шогирди солхурдааш гуфтааст, ки Алӣ Зорлу хеле зуд хондани Қуръонро омӯхт ва ин барои ҷавонони мусалмон як намуна ва ибрати хуб аст.

“Алӣ Зорлу дар муддати як ҳафта хондани Қуръони каримро омӯхт ва дар муддати як моҳ аллакай ин китоби муқаддасро аз аввал то ба охираш хонда тамом кард”- афзудааст Меҳмед Метин, муаллими курси омӯзиши Қуръонӣ.

***

Кӯмаки башардӯстонаи Саъудӣ ба Тоҷикистон

Маркази ёрии башардӯстонаи шоҳ Салмон аз Арабистони Саудӣ барои мусулмонони Тоҷикистон ҳамчун кӯмаки хайриявӣ 500 тонна хурмо фиристодааст.

Гуфта мешавад, тули чанд ҳафтаи баъдӣ хурмо ба одамони ниёзманд тақсим карда мешавад.

 

“Кӯмаки ҳукумати Арабистони Саудӣ ба мардуми Тоҷикистон 500 тонна хурмо аст, ки ин гуна кӯмак қариб ҳамасола суръат мегирад. Ин кӯмак тавассути ҳукумати Тоҷикистон дар байни мусулмонони ниёзманд тақсим карда мешавад”, – гуфтааст сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон.

 

Ин дипломати саъудӣ афзудааст, лоиҳаи дигари сафорати Арабистони Саъудӣ ба миқдори як миллион доллар, сохтмони маркази таълимӣ барои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мебошад.

“Ин марказ рӯзҳои наздик ифтитоҳ хоҳад шуд ва дар кушодашавӣ шахсиятҳои воломақоми Арабистони Саъудӣ иштирок хоҳанд кард”.- гуфтааст сафир.

***

Ӯзбекистон барои пешгирии вайроншавии оилаҳо талаботи нав ба роҳ монд

 

Ҳукумати Ӯзбекистон ҷиҳати пешгирии аз ҳампошии оилаҳо, ҳаққи пардохти боҷи давлатиро нисбати ҳамсароне, ки барои талоқ муроҷиат мекунанд,чаҳор баробар афзудааст.

 

Агар пештар шавҳар ва ё зане, ки барои ҷудо шудан ба суд муроҷиат мекард  50% аз ҳадди ақалли музди меҳнат 92,150 сӯм пардохт мекард, акнун онҳо бояд 368,600 сӯм пардохт намоянд.

 

Ҳамчунин, қайд карда мешавад, ки раванди ҳуҷҷатгузорӣ барои ҷудошавӣ хеле мураккаб карда шудааст.  Дар асл, ҳеҷ касро аз аввалин муроҷиати ҷудошавӣ судҳо тасдиқ карда наметавонанд, ва мурофиаҳои судӣ чандин бор такроран бо маслиҳати «ба муросо омадан ва барқароркунии оила» анҷом меёбад.

 

Дар соли 2017 тибқи омори идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷумҳурии Ӯзбекистон 32 ҳазор оила вайрон шудааст, ки ин  дар муқоиса бо соли 2016 шумораи аз ҳампошиҳо 8% зиёд мебошад.

***

Шаҳрдори амрикоӣ аз кӯдакони мусалмон узрхоҳӣ кард

Шаҳрдори бузургтарин шаҳри Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар иёлати Делавэр, аз кӯдакони мусулмон, ки ба хотири либоси шиновариашон фарогири аксарият мавзеъи баданашон будан, ба ҳавзи шиноварӣ роҳ дода нашудаанд, узрхоҳӣ кардааст.

Майк Пуржитский, мири шаҳри Вилмингтун гуфтааст, ҳавздор иштибоҳ кардааст ва ҳеҷ ҳаққи роҳ надодани мусалмонон бо либоси мутобиқ ба талаботи динияшонро надошт.

“Ман аз якояки дӯстони хурдсоли мусалмонамон, ки ба хотири роҳ наёфтан ба ҳавзи шиноварӣ озурдахотир шудаанд, узрхоҳӣ мекунам ва қавл медиҳам, ки дигарбора дар шаҳри мо бо сабаби риояи талаботи дин мамониат эҷод намешавад”.- таъкид намудааст шаҳрдори Вилмингтуни Иёлати Делавэри ИМА.

Тибқи расонаҳои маҳаллии шаҳри Вилмингтун як муаллимаи мактаби омӯзиши забони арабӣ бо номи Таниш Исмоил бо ҳамроҳии шогирдонаш аз рӯи барномаи таътили тобистонӣ ба ҳавзи шиноварӣ мераванд. Онҳо ба ҷои либоси шиноварии маъмулӣ, либосҳое дар бар доштаанд, ки аз рӯи даъвои ҳавздор ба талаботи санитарӣ мувофиқ набудааст. Ҳавздор ба онҳо иҷоза намедиҳад, ки дар ҳавз бо ингуна либосҳо оббозӣ кунанд ва ҳам пулисро даъват мекунад, то хурдсолони мусалмонро бо ҳамроҳии муаллимаашон аз атрофи ҳавз дур кунад.

 

 

 

 

Total
0
Shares
Related Posts
Read More

ХИЁНАТ ЧИСТ ВА ХОИН КИСТ?

Муроҷиати банда, хосса ба уламои расмии кишвар бештар равона аст, ки худ бо амалу фатвоҳои шубҳанок аз хиёнат ба Китоби Худо ва фармудаҳои Паёмбари гиромӣ (салавот бар Ӯ) наҳаросида, ҳамдину ҳаммиллатони хешро беибо муттаҳам ба хиёнат мекунанд. Чашми баъзеҳоро шояд пардаи мансабу шӯҳрат, сарвату шукӯҳи дунё андак хира карда, вале аҳли Қуръонро чи шуда, ки ҳамарӯза бо Худои хеш мулоқот доранду бояд дидагони боз дошта бошанд…