Хабари даргузашти Сарвинисо Атовуллоева

Сарвинисо Атовуллоева 61 сол дошта ва аз бемории саратон ранҷ мебурдаанд ва дар ин рӯзи ҷумъа дуюуми моҳи Рабеъуссонӣ аз олам даргузаштанд ва марҳума панҷ фарзанд доштаанд.

   

Аз шаҳри душанбе қабл аз намози ҷумъа хабари даргузашти Сарвинисо Атовуллоева хоҳари Додоҷон Атовуллоев роҳбари ҳаракати Ватандор расид. Сарвинисо Атовуллоева 61 сол дошта ва аз бемории саратон ранҷ мебурдааст ва дар ин рӯзи ҷумъа дуюуми моҳи Рабеъуссонӣ 1441 ҳ.қ мутобиқ ба 29 уми ноябри 2019 аз олам даргузаштанд ва марҳума панҷ фарзанд доштаанд. Манбаъи дигари мо аз Айни бароямон чанд дақиқа пеш иттилоъ доданд,ки ҷасади марҳума аз ноҳияи Айни гузашта ва ба тарафи Панҷакент дар роҳ буд.

 

 

Манобеъи дигари мо меафзоянд,ки марҳума дар шаҳри душанбе зиндагони мекардааст вале тибқи амали роиҷ ва маъмул миёни ин мардуми қадима ва куҳанбунёди диёр мехоҳанд марҳумаро дар зодгоҳаш Панҷакент ба хок супоранд.

 

Бо ағалаби гумонҳо фардо ҷанозаи марҳума дар зодгоҳашон баргузор мегардад ва ба хонаи охират гуселашон менамоянд.

 

Пойгоҳи Ислоҳ ҳамдардии амиқи худро ба ҳама пайвандон, наздикон ва бозмондагони марҳума изҳор менамоем. Барои бародарамон Додоҷон Атовуллоев,ки дар ҳиҷрат қарор доранд ва наметавонанд дар ҷанозаи хоҳарашон иштирок кунанд,сабри ҷамил ва суботро аз Аллоҳ барояшон таманно дорем. Мо аз Аллоҳем ва ба сӯйи Ӯ боз хоҳем гашт.Таъзияи моро бипазиред ва мо дар ин ғам ва андӯҳ бо шумо шарик ҳастем ва ончи дар тавон дорем дареғ нахоҳем дошт.

 

Аллоҳ марҳумаро шоистаи ҷаннат гардонад ва аз ҳама саҳву хатояшон даргузарад омин.

Total
0
Shares
Related Posts
Read More

Ҷунайдулло Худоёров барои чӣ боздошт гардид

Даст аз шиканҷа ва зиндону боздошт куниҳои беасосатон бардоред ба доди мардуми мазлум расидагӣ кунед.Агар наметавонед пас чаро курсиҳои идора кунандаи кишварро банд кардаед? Холӣ кунед онҳоро,то як фарди фаҳмидаву дилсузи ин миллат бар онҳо нишаста ба ин миллат ва кишвар хидмат кунад.
Read More

Қонунҳои маҳкамаи Илоҳӣ дар рӯзи қиёмат

Мо ҳамеша қонунҳои ба тасвиб расида аз тарафи парлумонҳои кишварҳоро мебинем мехонему мушоҳида менамоем.Ин қонунҳо пас аз инки ба тасвиб расиданд қозӣ ё судияҳо дар маҳкама ва ё додгоҳҳои кишварҳо тибқи он ҳукм содир менамоянд.
Read More

Ҳукумат ду пешниҳоди даҳгонаи Муҳиддин Кабириро пазируфт

Пас мебояд ин машварати дигари раиси ПМТ Муҳиддин Кабирӣ,ки дар мавриди бозгардонии маблағҳои дар офшор бударо ба ватан баргардонед ва лутфан ин гуфтаро ҳам амалӣ намоед ва аз даҳ сетои он амалӣ мегардад. Ақалан дар ҳаётатон як кори хайреҳам кунед