Ханданда (қиссаи ибратбахш)

Ислоҳ нет

Хонаи модаркалон пушти дари мактаб буд. Ҳар рӯз медаромадам. Зани нурониву отифае буд. Ба дастам ду чойники дастшӯйӣ медод, худаш ду сатили калон мегирифт ва ба кӯча обкашонӣ мерафтем. Дар сараш як рӯймоли хурд, ки такдурра мегуфтанд, боз як рӯймоли калон ва аз болояш як куртаи тугмадори мардонаро партофта, баъд кӯча мебаромад. Боре пурсидам, ки чаро куртаи боборо ба сараш мепӯшад?

 

Гуфт:” Мардум донанд, ки бесоҳиб нестам, дар хона мардина дорам”
Аз як канори кӯча роҳ мерафт, ҳамин, ки марди бегонае дар кӯча пайдо шуд, зуд рӯяшро ба тарафи девор метофт.
Модаркалон таърихи гӯёи авлодаш буд, хеле нақл мекард, ки бароям беҳтарин дарси зиндагӣ медод. Баъди дарси сеюм зангулаи танаффуси калон мезаду ба хонаи бибӣ метохтам.
Қанду қурси баҷокардаашро ёфта мехӯрдам, чизе намегуфт, дӯсташ медоштам. Як рӯз дар вақти танаффус ба хонааш шитофтам, модаркалон набуд. Ба хонаи ҳамсоя рафтааст, ҳамсоятабақӣ (таом) бурдааст. Ман ҳам рафтам.

 

Хонаи хамсоя боҳашамат буд. Қати кандакорӣ кардашуда, атрофаш гулзор, дару тирезаҳои замонавии рангубордошта тамошобоб буданд. Модаркалон каме нишаста, бо кампири ҳамсоя чақ-чақ карду ман ҳавлиро тамошо. Аз айвони болохона ҷавони тануманде фаромад, аммо сӯйи меҳмон эътибор ҳам надод. Дурусттар нигоҳ кунам, камақлтар тофт. Бибӣ бо ишораи чашм фаҳмонд, ки бисёр нигоҳ накунам, модараш изо мекашад. Чашмам ногоҳ ба туби ранга афтод ва хостам гирифта бозӣ кунам. Ду писарак давон омада тӯбро бурданд. Ман дигар дар ҷоям шах шуда мондам, чунки он кӯдакон абрӯй, мижгон ва муйи сар тамоман надоштанд.

 

Садои зангулаи мактаб каме ба худ овард, ки давида аз он ҳавлӣ баромадам. Як духтар дар даст ду себ аз пуштам давида баромад. Гирифтаму рафтам.

Аз пасам фарёд кард: “Ҳазар накарда хӯрдан гир, пес намегузарад”
Ман ягон маъно аз суханаш нафахмидам. Бегоҳ барвақттар аз мактаб ҷавоб доданд. Боз ба хонаи модаркалон рафтам. Пурсидам, ки ҳазар накун чӣ маънӣ дорад? Песаш чист?
-Ина ба ту кӣ гуфт?
-Духтари ҳамсоя себ доду чунин гуфт: ” Ҳазар накарда хӯрдан гир, пес намегузарад”
-Дуруст мегӯяд, хӯрдан гир. Дарда Худо медиҳад, дармонаш ҳам аз Худост.
-Бибиҷон, дар он хона чаро ҳама дигар хел буданд? Мӯйи писарчаҳо куҷо шудааст?…..?

 

Саволи бисёре доданӣ будам, бибӣ суханамро гирифт.
-Кордор нашав, Худованд ба ҳама кор қодир аст. Агар ҳазар кунӣ, ту ҳам ҳамин хел мешавӣ.
-Инҳо ҳам ҳазар кардаанд?
Модаркалон ишора кард, ки нишинам, баъд гапро аз дур сар карда омад.

 

Ин хонадон аз ягон ҷиҳат камбудӣ надоштанд. Назарашон ҳар касу ҳар чизро намегирифт. Дар маъракаҳои мардум байни меҳмонон аз ҳама болонишин ва боиззат модари ҳаминҳо буд. Барои айб наҷустанаш, эрод нагирифтанаш, барои бою ороста буданаш ба синну солаш нигоҳ накарда,нишастагон ӯро боло мегузарониданд. Одати баде ҳам дошт, ханданда. Кӣ паст, кӣ баланд? Кӣ каҷ, кӣ бемор? Боз киҳо чизҳое дигар, ҳамаро бо оҳанги тамасхур муҳокима мекард. Бо сад ибову хато наздаш менишастанд ҳамсояҳо, зеро он зан худаш ҳар таомро писанд намекард ва ба шахси тановулкардаистода аҷаб нигоҳе мекард, ки он сахт иззо мекашад. Каме дертар биёяд, аз дар як нигоҳ мекарду меҳмононро аз назар мегузаронид ва касеро назараш нагирад, рӯй турш карда аз хона мебаромад. Баъд маъракае набуд, ки касеро озор дода, нагирёнда бошад.

Суолҳояш шикофта мегузаштанд.

-Келин, ҳамон як хоҳари ланг доштед-ку, ҳамонака шуй гирифт-мӣ?
-Ҳамсоя, духтари бозгаштаатон ҳанӯзам гаштааст-мӣ?
-Шавҳаратон дар шаҳри урус зан доштаст – а? Ба шумо ҳам нигоҳ мекунад-мӣ?
-Духтари дуструякатон калон шуда монду, ё ҳоло ҳам ягон ҷой хостгорӣ мекунад?
-Як додаратон пӯсташ сафед шуда буд, ҳамона давояш набудааст-дия. Ҳар каса дилаш набардоштанаш ганда – дия…..
Неши суханонаш табъи ҳамаро хира мекард. Мардум ханданда ном мегирифтанд, аммо албатта дар ҳузури худаш не.

Таклиф накунанд ҳам мешуд, аммо боз дар ягон лозими дигар албатта неш мезад.
-Фалониҷон, тӯйҳоро гузаронидед гуфта шунидем….

 

Бало ба пасаш гуфта, боз ҳам ҳама хабар мекарданд. Боре дар як маърака сахт кори хато кард. Чизе нахӯрда нишасту дар охир як зани дар пойгаҳи хона нишастаро беҳад озор дод. Касе аз дар як даста  нон дароз карду ин фатири қудохола, марҳамат кунанд, гуфт. Он зан зуд якеро гирифта шикасту назди ҳамагон гузошт.
-Ҳай-ҳай, монед нона, дигар кас шиканад, инҷо хонаатон не, ҳар хел одам ҳаст.
Он зан сурху сафед шуду сарашро хам кард. Каме дигар ором нишасту номаълум хеста рафт. Касе ҷуръат карда сӯйи ханданда даҳон кушод.
-Хола, ҳамин бечораро Худованд дард додааст. Худаш қалами сафед молида намегардад-ку?!
Дилаш ганда шуд, уболаш мегирад. Дигарон ҳам ҷуръат карданд, гап бисёр шуд, ханданда ҳам хеста рафт.  Аммо касе аз рафтанаш норозӣ набуд.

 

Ду ҳафта хандандаро касе надид. Як рӯз ба хонааш хабаргирӣ рафтам. Чӣ ҳам ки набошад, ҳамсоя аст. Дар хонааш ҳам набуд. Наберааш баромада гуфт:
-Бибиҷон дар беморхона, укаҳоям дар сарашон мӯйхурак баровардаанд, онҳоро гирифта хеле боз хобидаанд.

 

Ду рӯз пас аз беморхона омаданд, аммо мӯйхурак ҳам набуду мӯю абрӯю мижгон ҳам. Як ҳафта пас писари пулёбаш ба садама дучор шуда, сараш зарб хӯрду ақлаш даро-баро шуд. Духтари нозанини бафотеҳааш аз суроби чизе тарсиду пӯсташро сафеди фаро гирифт.

 

Ханданда тамоман аз маъракаҳои мардум канда шуд. Ҳар замон рафта, дардашро шунида, каме таскин дода меоям.
Модаркалон нақлашро тамом карду бевақт шуданашро пай бурда, зуд ҷузвдони мактабиро ба пуштам бардоштам ва дав-давон рӯйи ҳавлӣ баромадам. Боз пас гашта гуфтам: “Бибиҷон, ман аз касе ҳазар намекунам”

Share This Article