КУШТАНИ ЛЕНИНРО, КИ БА ӮҲДА МЕГИРАД?

Ислоҳ нет

КУШТАНИ ЛЕНИНРО, КИ БА ӮҲДА МЕГИРАД?

  • Ҳама Ленин мегуфтанду Нодиё. Таҳ мерафтӣ Ленин буду Нодиё, боло мерафтӣ – сари ҷӯйи Боло, – Ленин буду Нодиё. На танҳо дар девори мадраса, на танҳо дар пештоқи чойхона, девори оғили Сайидахонуми духтари Алимуҳаммадро, ки аз кумсумулони аввалин буд бо оҳак сафед кардаву болояш навишта буданд: “Ленин ҳамеша зинда аст, аз зиндаҳо ҳам зиндатар!”
  • Девори тарафи сойи селфурои ҳаммоми қадимии пушти масҷиди Ҳазрати Муллоро гач кардаву болояш шиор навишта буданд ва дар канори шиор акси Ленину Нодиё овезон буд.

Масҷиди ҷомеъи русто дар Гузари Боло, ки шукуҳу шаҳомати ҳунари пешиниёни моро мерасонад ва кам аз қасри амири фирории Бухоро нест, китобхонаи ҷамоат шуда буду ҳафт ҳазор ҷилд китоб дар айвони панҷарабасташ мисли ҳафтод дона китоб ба назар мерасид ва ин ҳафт ҳазор китоб қариб ҳамааш ҳарфе аз Ленину Нодиё доштанд ва дар болои меҳроби ин масҷид акси барқади Ленин буд, аммо акси Нодиёро онҷо надидаам.

Худош биёмурзод Авезмуҳаммади Сангин, ки по ба синни наваду анд монда буд, Ленин мегуфту Нодиё, Гули Шодӣ, ки ба синни сад пой монда буд, Ленин мегуфту Нодиё, шунидам, ки дар деҳаи ҳамсоя ҳам Шайхи Камол, ки Худош биёмурзод, Ленин мегуфтаасту Нодиё!

Дунё – Ленин буду Нодиё!
Уқбо – Ленин буду Нодиё!
Мавло – Ленин буду Нодиё!
Пешво – Ленин буду Нодиё!
Ҳеч кас набуд дар ин афсона,
Танҳо – Ленин буду Нодиё!
Ман набудам, ту набудӣ , ӯ набуд,
Мо, – Ленин буду Нодиё!

Ман соли 1918 набудам. Напурсед, ки куҷо будам, набудам – вассалом. Моҳи ут буд, дар ин моҳ ман таваллуд нашудаам, напурсед, ки чаро? Таваллуд нашудаам – вассалом!

Ба деҳаи мо хабар наомад, касе хабар наовард, касе нашунид, ки Ленинро шиллик кардаанд. Аз куҷо мефаҳмиданд, вақте ҳамсоядеҳи Ленин набуданд, дар кишвари Ленин намезистанд, дар шодию сӯги ҳам равуо надоштанд?

Соли 1917 номи Ленинро се чор кас аз Бухоро ба деҳа оварданд. Ҳатман “Лелин” талаффуз мекарданд, ҳоло ҳеч кас Ленингӯиро наомӯхта буд. Гуфтанд, ки: Лелин гуфтанӣ одам дар Фатирбурх сар бурувордааст. Ана ҳамин Лелин поччои руса, ки оқпошшош мегӯянд, аз тахт афтундааст!

Ин хел ҳам мешудааст? – ҳама содалавҳ буданд дар деҳот – наход як кас як поччои бузурга аз тахт афтунда бошад-а?

Афтундаст, афтундаст! – калла ҷунбондаву таъйиду тасдиқ мекарданд хабарчиҳо.

  • Соли 1920.Ман набудам – напурсед, ки чиро набудам, куҷо будам? Набудам – тамом!
  • Хабар омад, ки ҷаноби олӣ ба самти Ҳисори Шодмон боргоҳи султониро партофта гурехтаанд! Лелин Бухороро гирифтааст!

Соли 1924. Набудам. Хабар оварданд, ки доҳии прулеторҳои ҷаҳон бандагиро ба ҷо овардаанд. О чиба? Намедонам, хабар омад, ки … бандагӣ кардаанд!

Баъд дар китоби торих навистанд, дар китобҳои дигари дарсӣ ҳам бо ҳар баҳона ёд карданд ва муаллими торихи мо Шарифи Ниёз ҳам соли 1983 ба мо – саводомӯзҳои мадрасаи русто – бо сӯзу гудоз нақл карданд, ки рафиқ Ленинро як занаки хоин, ҷоҳил, ҷосус бо номи Коплон кушт! Коплон Ленинро пештар шиллик карда буду Ленин баъди шаш сол бар асари ҳамон тири заҳролӯд мурд. Дигар ин хабар дар торих монда буд. Хешутабори Ленин, ҳаққу ҳамсояҳо, ҳамдеҳаҳош, ҳамтабақу ҳамкосаҳо, рафиқони гармобаву гулистонаш корро ҳамин тур намонданду оҳанро дар гармия кӯфтанд. Бале, Коплонро худи ҳамон рӯзи шиллик кардан боздошт кардаву баъди се рӯзи таҳпурсию гулпурсӣ кардан ба қатл расониданд!

Тамом, хотири ҳама ҷамъ!

Дигар гап дар торих монда буду дар мо, ки он торихро мехондем.

Ростӣ, ин сангинтарин ҷиноятест, ки дар торихи Шӯравӣ сабт гардида. Ленинро бо тири заҳролӯд шиллик карданд ва дар натиҷаи он шаш соли дигар зинда монду охир мурд.

Дар ҷанозаи ӯ, ки акнун 96 сол мешавад, ки ба хок супурда нашудааст ва ҳамин аломати роҳ надодани хок ҷанозаи ӯро шояд бошад, милионҳо нафар одамон аз миллатҳои гуногун ширкат карданд.

Дар сӯгвории ӯ адибони ҷаҳон шеърҳо навиштанд. Адабиёти Шӯравӣ харвор-харвор сӯгвориҳои манзумро дар марги Ленин дорад.

Ҳоло мегӯянд Ленин марди баде буд, одамкуш буд, фосиқ буд, яҳудӣ буд…

Шояд чунин буд ё набуд, ман намедонам, чун боре ҳамроҳи ӯву ҳамсараш Нодиё, чунонки хоини миллати тоҷик – Абдулло писари Раҳими сиёҳ менишаст,- нанишастаам ва як пиёла чойро бо ҳам нахӯрдаем. Дар фосиқӣ низ ҳамроҳаш боре набудам ва агар аз ман фисқе сар зада, худам танҳо будаам, Ленин ҳамроҳам набуд!

Боре, ҳар кас буд ё набуд, ӯ як рӯзноманигори ғайур ва ҳуқуқшиноси варзида буд ва тавонист низоми нисфи ҳукуматдориҳои ҷаҳонро тағйир диҳад ва ҷаҳонро дуқутбӣ созад: сусиёлисм дар муқобили копитолисм.

Ман намедонам, ки ӯ кори хуб кард ё бад. Аммо ҳар боре, ки ба амалкарди роҳбарони худкома менигарам, ҳар боре, ки ба ҳукуматҳои хонаводагӣ менигарам, ба амалкарди донишмандон, мақомоти қудратӣ, ба фасоду ғорати амволи миллату давлат менигарам, мегӯям: ҳайфи низоми лениниву ситамсолории истолинӣ! Ин ҳама ҷинояту хиёнатро менигараму мегӯям: ҳаққо кори Истолин дуруст буд, ки хонаводаи Никулойро ба тамом нобуд кард, ба тухми Олими гусолаи манғитӣ қирон овард… Охир, ин тӯдаи зониву ҷониву дузду авбоши пушти ниқоби қонунро дигар бо чи роҳе метавон аз миён бурд?

Бигзарем. Ленин намедонам бад буд ё хуб, аммо ба амалкарди инҳо менигараму гоҳе фикр мекунам, ки ӯ аз ҳамин ҳукуматдорони феълӣ милионҳо бор беҳтар, инсонтар, тоҷиктар, мусулмонтар буд ва на танҳо барои тоҷику узбаку қирғиз…

Инҳо ба воқеъ аносири ҷиноиянд, ғоратгаранд, дузданд, хоинанд, ватанфурӯшанд . Ҳоло мегӯянд, ки ҳукуматдорони феълӣ дастпарварони сохти ленинӣ ё бачаҳои ӯянд. На, бовар кунед, на! Агар инҳо тарбиятгирифтагони низоми Ленин мебуданд, агар инҳо бачаҳои ӯ мебуданд, ҳаргиз амволи миллату давлати худро ғорат намекарданд, ҷомеаро ба сохти олимхонии манғитӣ, ба феудолисм барнамегардониданд, табақаи ҳукмрону табақаи муздурро ба вуҷуд намеоварданд. Инҳо ҳеч иртиботе ба низому тарбияту роҳи ленинӣ надоранд! Баръакс, инҳо ғуломбаччаҳо, на! – инҳо маҳрамбаччаҳои даврони олимхонӣ ҳастанд, ки фурсатро муғтанам дидаву ба ҷову мукнате расидаанд. Дақиқан касоне ҳастанд, ки низоми Ленинӣ куштанашонро раво шумурдааст.

… Намедонам Ленин бад буд ё хуб. Бо ӯ дар як шаҳр таваллуд нашудаам, дар як мадраса нахондаам, ҳатто ҳамсари ӯ Нодиёро мисли Абдуллои писари Раҳими сиёҳ – ҳамоне, ки мавҷудияти миллати худро – тоҷикро – инкор кард дар пеши Ленину зани ӯ, – надидааму намешиносам, ки чи зане буд.

Вале, дақиқан мисли милионҳо баччаи шӯравӣ дар мактабҳои низоми барпокардаи Ленину Истолин таҳсил кардаму тарбият ёфтам. Акси Ленинро бори аввал дар китоби дарсии “Алифбо” дидам. Акси занаш Нодиёро ҳам. Баъд дар бораи ӯву занаш Нодиё афсонаҳоро хондам, шеърҳоро хондам, он қадар хондам, ки пиндоштам аслан дунё ҳамин Ленин асту Нодиё, дониш Ленин асту Нодиё, одамият ҳамин Ленин асту Нодиё ва ҳатто пиндоштам, ки рустои мо набуд, онро Ленину Нодиё сохтаанд!

Дигар чи ҳам мепиндоштам, вақте Авезмуҳаммади Сангин, ки синнаш ба сад расида буд, Ленин мегуфту Нодиё, кампири Шарифаи зани Холназар, ки синнаш аз сад гузашта буду худаш ёд надошт кай таваллуд шуда, Ленин мегуфту Нодиё, Шарифаи зани Ҷумъаи Муллоҳоҷӣ, ки аз кумсумулони аввалин буду синнаш аз сад гузашта баъд мурд, Ленин мегуфту Нодиё, Холиқназари муаллими мадрасаҳои ибтидоӣ, ки бо баракати Ленин соҳиби замину касби муаллимӣ шуда буд, Ленин мегуфту Нодиё. Хуллас, ҳар сӯ менигаристӣ, ҳар даҳонеро медидӣ, ҳар навиштаеро мехондӣ – Ленин мегуфт. Ҳоло ман дигар чи бояд меандешидам?

Дар тамоми сохтору гуфтору навиштору пиндор Ленин лона монда буду ҳай тухм мекарду ҷӯҷа медод, тухм мекарду ҷӯҷа медод ва ман, ки ин ҳамаро медидам, дигар чи бояд фикр мекардам?

Вақте дар клоси ҳафтум мехондам, омӯзгори маъруфи рустои мо Шарифи Ниёз дар китобхонаи мадраса бароям гуфтанд: “Кишвари мо мустамлика ҳаст, мо мустамликаем, ватани моро забт карданд…” “Чӣ хел?” – суоли ман чунон бо ҳайрату бо нобоварӣ садо дод, ки Шарифи Ниёз гуфтанд: “Ношунида бигир, ман ҳамин хел гуфтам… на, мо ватани ободу миллати сарафроз дорем!”

Хотирҷамъ шудам. Охир санг ба шишаи эътиқодам бархурда буду қариб буд он пора мешуд. Мефаҳмед чи мусибате буд бароям?

Шарифи Ниёз боз чанд рӯз бо ҳар васила ҳукумати шӯроии моро ситоиш мекарданду мегуфтанд, мабодо ман гуфтаи аввали он касро ҷиддӣ қабул накарда бошам…

Аммо он гуфта дар ман кора карда буд. Акнун ман фикр мекардам, ки: оё дар воқеъ ватани мо озод аст? Оё мо мустамликаи урус нестем?

Солҳо баъд, ки мадрасаро хатм мекардам ба Шарифи Ниёз гуфтам: дуруст, мо мустамлика ҳастем!

Шарифи Ниёз гуфтанд: – вақте бароят гуфтам, тарсидам, ки ба касе мегӯиву дар бало мемонам, хуб, ки худат ба ин натиҷа расидӣ…

Рустои мо – аз рустоҳои ободи даврони Шӯравӣ буд. Бо доштани ду мадрасаи замонавӣ, шифохонаи замонавӣ, пули мустаҳкам бар рӯи бистари рудхонаи Зарафшон, чандин мағоза…

Ин ҳама ободӣ дар даврони Шӯравӣ шуда буд, баъд дар даврони худсолорӣ шоҳид шудам, ки мадрасаи соли 1989 сохташударо ду бор барои “даврони истиқлол” наворбурӣ кардаву ба намедонам киву куҷое гузориш доданд!

Панҷараи манқуртие, ки дар атрофи зеҳни ман сохта буданд, шишаи эътимоде, ки дар он афкори маро нигоҳ медоштанд, тоб наовард, аз ҳам фурӯ пошид ва ман ногаҳон дидам, ки ҳамаро ба ман дурӯғ гуфтаанд. Ленин тамоми дунё набудааст, Ленин тамоми инсоният набудааст, Ленин аввалу охири дунё набудааст, Ленин ҷовидонӣ набудааст…

Аммо то даме, ки ин панҷараву шишаҳо нашикаста буд, ман андуҳи азимеро аз марги Ленин дар дили раҳими худ нигоҳ медоштам. Мегуфтам охир чиро Фони Коплон – ин яҳудизани 28 сола, – Ленинро шиллик кард? Магар он зан намехост, ки ҳамаи инсонҳо озоду баробар зиндагӣ кунанд?

Дар зеҳнам нишаста буд, ки соли 1918 зане бо номи Фонни Каплан, ҳангоми вохӯрии Ленин бо оммаи коргарон, ӯро аз туфангчаи “Броунинг” шиллик кард. Ленин намурд. Коплонро боздошт карданд ва баъди се рӯз ба қатл расониданду ҷасадашро оташ зада сӯхтанд, то чизе аз вуҷуди ин зани терурист боқӣ намонад.

Ба инаш корам набуд, ки чиро бояд як зани 28 сола даст ба чунин ҷинояте бизанад? Кӣ ӯро ба ин терур водошт ва чиро?

Ба ин суолҳо, ки намеандешидам. Муҳим мағзам дар шиша, атрофам бо панҷарае аз филизи манқуртимус иҳота шуда буду ман худро комилан озоду бехатару хушбахт ҳис мекардам.

“Манқуртимус” – навъе аз маъодин аст, ки дар унсурҳои кимёии Менделеюф онро зикр накардаанд. Аз он доруи тазриқии қиматбаҳое ҳосил мешавад, ки барои дар панҷара кашидани азҳон ва дур аз равшаниву озодии руҳу андеша нигоҳ доштани баччаи инсон истифода мешавад. Ин маъдан дар кӯҳсори кишвари ман – Тоҷикистон – фаровон ёфт мешавад. Агар тамоми Тоҷикистон зери бори вомҳои Чин гур бишавад, ки ҳамаро ба Чин хоҳанд дод, аммо конҳои ин маъданро ҳаргиз! Дар кишвари ман бе доруе, ки аз ин маъдан истихроҷ мешавад ва аз бақоёи он панҷараи ҳифозатӣ сохта мешавад, зиндагӣ кардан хеле мушкил аст.

Охир, ки ин панҷара дар атрофам фурӯ рехт, таъсири доруи тазриқии манқуртимус мағзамро раҳо кард ва ногаҳон ба ҳама чиз шакк кардам. Ба худам шакк кардам, ба хондаҳоям шакк кардам, ба вуҷуди адолату инсофу баробариву бародариву ину он шакк кардам.

Вақте ба ҷои ҳукумати ленинӣ, ҳукуматҳои мустақил омаданд, шаккам он қадар афзун шуд, ки акнун мебинам ҳеч доруе нест, ки ин маризӣ аз ман бигзарад.

Бад – бад аст, бадтар – бадтар аст. Миёни баду бадтар ҷое вуҷуд надорад. Ман на бадро қабул дораму на бадтарро. Ман мехоҳам ин ҳарду аз рӯи роҳ бардошта шаванд ва беҳу беҳтар сохта шавад.

Аммо, шумо бигӯед, чи гуна метавон ин баду бадтарро, ки рӯи ҳуқуқҳои шумо нишастаанд, даҳони шуморо муҳр кардаанд, ба қавонини гӯё қабул кардаи шумо шошидаанд, ба ройу орои шумо ристаанд, аз рӯйи роҳ бардошт?

  • Шумо бигӯед: онҳоеро, ки тамоми корхонаҳо, конҳо, заминҳо, чарогоҳҳо, бонкҳо, мансабҳо ва “ҳо”-ҳои бешумори дигарро аз ихтиёри миллати худ, ки шумоед, гирифтаанд, чи гуна метавон водор кард, ки он ҳамаро пас ба шумо диҳанд?
  • Мегӯянд даврони инқилобҳое чун инқилоби Ленинҳо гузаштааст. Набояд хун рехта шавад. Ҳукуматҳои хонаводагӣ, фошистӣ, худкома, золим ва фосидро бояд бо фишор дур андохт. Магар мешавад? Охир инҳо, ки мегӯед дар ихтиёри худ артишро доранд, силоҳро доранд, бонкҳоро доранд, ҳамкосаву ҳампаймонаҳои хориҷиро доранд, чи тур метавонед онҳоро бо фишор берун андозед? Онҳо муқобили шумо шиллик хоҳанд кард ва бадтар аз ин, мардумро доруи манқуртимус тазриқ кардаанд ва аз тифли гоҳвора то пири дар тобут акнун Ленин намегӯяду Нодиё! Мегӯяд: Туркмонбошӣ, Арқадак, Юртбошӣ, Пешво…

Шумо медонед, ки таъсири доруи тазриқии манқуртимус чи қадар сангин аст ва ба қавли мардум “бахтбар” аст, киро раҳо кунаду киро ҳамчунон то дари гур нигоҳ дорад.

Намедонам, аз таъсири ҳамон доруи тазриқии сабилмондаи манқуртимус бошад ё аз оқибатҳои гузаштани он аз мағзам, ки ман гоҳе мепиндорам, роҳ танҳо барои тоза кардану баду бадтарҳо ҳамон шеваи лениниву истолинист!

  • Эй бобо, дар омади гап бораи баду бадтарҳо ва чи бояд карди рондани онҳо гуфтам. Ҳадисам аслан аз он нест.
  • Моҷарои тамомношудаи рӯзгори ман ҳамоно қатли Ленин аст ва ин, ки чи касе бояд ҷинояти куштори ӯро бар ӯҳда бигирад?
  • Толибон ин ҷиноятро ҳеч бар ӯҳда нагирифтаанд, пуштибони онҳо Омрико низ. Доъиш ин ҷиноятро то ҳол бар ӯҳда нагирифта ва аслан изҳори беиттилоъӣ карда аз вуҷуди чунин касе дар торих! Рост ҳам мегӯяд: ҳеч нахондааст, аз куҷо бояд бидонад? Доъиш одатан масоили хурду резаро, ки дар кишвари мо рух медиҳанд, мисли қатли ноҷавонмардонаи сайёҳони хориҷӣ, мисли куштори дастаҷмъии чандсад тан зиндониёни Хуҷанду Душанбе, мисли куштори мармузи Ишқобод, оҷилу фаврӣ бар ӯҳда мегирад! Ин ҳам мардигарист, ки кореро, ки ҳеч накардаӣ бар ӯҳда бигирӣ ва аз рӯи шафақату муҳаббату инсондӯстӣ муҷрими аслиро наҷот бидҳӣ!

Хуллас, на дар ватани Ленин, – ҳоло ту хоҳ онро Симбирск ному хоҳу Фатирбурх ва хоҳ Масков, – дар ватани ман, Тоҷикистоне, ки ҳамон ҳукумату низоми ленинӣ онро барпой намудаву дар нақшаи сиёсии ҷаҳон ҳамроҳ бо ҳазорон мушкили ҳалношуда ҷой додааст, то ҳол ҷангҷол барои Ленинро кӣ кушту барои чи кушту кӣ бояд ин ҷиноятро бар ӯҳда бигирад, моҷаро идома дорад!

Боздошт мекунанд, ба гардан мемонанд, латӯ кӯб мекунанд, таҷовуз мекунанд, мекушанд, зиндон мекунанд, афв мекунанд ва … боз дигареро бо ин ҷиноят пайгириву боздошт мекунанд!

Ҷароҳати куҳна, фасоди куҳна, бемории музминшудаест, ин ҷиноят!

Ҳатто дар рустои ман ҷангҷоли ҳамин ҷиноят солҳо тӯл кашида ва зарбулмасал шудааст, ки: “Ҳайҳот, милисаро осон магир, мурдаи Ленинро ба гардан мегирӣ!”

  • Боре, соли 1987 буд. Ман будам! Писарчаи шашсоларо аз хонаводаи сарвари мадрасаву раиси маъруфи ҷамоати мо Махсуми Одина, куштанд! Он тифлак ҳамагӣ понздаҳ рӯз мадраса рафта буд, ки ба яйлоқи модарбузурги худ бо номи Мунҷ баромаду дигар нопадид шуд. Гуфтанд: “Париҳо ӯро бурдаанд!” Бале, то дар дунё аҳли ҷаҳлу аҳмақҳо сухангӯву боваровари шумоянд, худ дарнамонанду шумо дар бимонед!

Ҷустуҷӯи шашмоҳаи тифл аз Мунҷ то Яғноб бефоида буд. На пайу на Ҳайдар! На дому на марду на моҳӣ!

Охир бо ҷангҷоле сарнахи ҷиноятро ба даст оварданд. Ва… шоҳиди ҳодисаро ба ҷурми иртикоби ҷиноят гирифтанд. Раҷаб ном дошту ҳоло зиндааст. Додситон – номи палидаш дар гӯр акнун ёдам намеояд ва ёдам ояд то охири навишта мегӯям – Раҷабро зери шиканҷа гирифт: “Ту куштӣ!” – “Накуштаам, фақат шоҳид будам, ки…” – “Ту куштӣ, тамом! Мурдаи Ленинро ба калла мегирӣ, ту куштӣ!” Ва ӯ “мурдаи Ленин”-ро ба калла гирифт, гуфт: “Ленинро ман куштам!” Мебоист ҳукми қатли қотили Ленин дар ноҳияи мо содир шавад, ки нашуд, эътироз оварданду милисае дигар, – ки виҷдонро барои худ минбар дошт, – собит кард, ки Раҷаб тифлро накушта ва танҳо садои ҷонгудози ӯро ҳангоми қатл шунидааст! Раҷаб раҳо шуду монд “мурдаи Ленин”, ки чи касе бояд ӯро кушта бошад!

Шояд ёдатон набошад, аммо насли солҳои аввали истиқлол хуб ёд доранд. Солҳое, ки бори аввал дову дастгоҳи видию вориди ҷумҳурӣ шуд ва филмҳои фаҳшо!

Додситони бедодгаре, ки насаби зишташ Дамдоруф буду ҳоло ёдам омад, расонаӣ шуд. Бо гузоштани филмҳои фаҳшо бо ду духтари худ робита кардаву ҳангоми дастдарозӣ ба духтари севуми худ ифшо шуд ва аз ноҳияи худ (ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ) ба ҷои дигар кӯчиду хуллас худро ҳалқовез карду ҳаром мурд!

  • Ҷангҷоли мурдаи Ленин дар ватани ман, дар рӯзгори ман ҳеч не, ки поён ёбад. Ман худ ҳамеша ин суханро шунидааму мешунавам ҳоло ҳам, ки мегӯянд: “Мурдаи Ленинро ба калла мегирӣ! Манзур, агар корат мабодо ба пулиси Тоҷикистон, ба маҳкамаи Тоҷикистон, ба қозиҳои Тоҷикистон уфтад, корат яксара тамом аст, бояд бар ӯҳда бигирӣ, ки Ленинро дар соли 1918, моҳи ут, дар ҳузури коргарон ту бо туфангчаи “Броунинг” шиллик кардаӣ! Ҳоло бигӯ, ки бо супориши кӣ, фармоишгар кӣ буд, дар паси ин ҷиноят кадом кишвари хориҷӣ меистад, пулро аз куҷо дарёфт кардӣ, туфангчаро аз куҷо ба даст овардӣ…

Наваду шаш сол аст, ки миллати ман барои ин ҷиноят посух медиҳаду ҳеч не, ки ин маҳкамаи сиёҳ парвандаро баста кунаду рӯи он муҳри тамом шудро бизанад ва онро ба оршифи торих супорад! На! Навадушаш сол аст, ки идома дораду агар авзоъ ҳамин асту ҳукумат ҳамину мудирият ҳамин, мо муҷримони беҷурми қатли Ленин дар соли 1918 ҳамоно бозхосту бозҷӯӣ хоҳем шуд!

Пайкарам аз тарс дарақ-дарақ меларзад. Шабҳо хобҳои ҳавлангез бедорам мекунад. Фишорам ҳеч гоҳ муътадил нест. Дилам… Садои шиллики тиреро мешунавам, ки Ленинро аз пой меафтонад ва хира-хира мебинам, ки Фонни Коплонро боздошт мекунанд…

Ҳамаро дар кишвари ман, аз тифле, ки пой бар клоси аввали дабистон мегузорад то оне, ки пой бар донишгоҳ мегузорад, то зану пиру бурноро доруи тазриқии манқуртимус мекунанд. Ҷавонакҳо, – падарҳо, бародарон ва ҳатто модаронашон!, – дар Русия муздуру мардикорӣ мекунанд, то пули ноневу зиндагиро ва пули молиётеро, ки маълум нест барои чи бояд биспоранд, кор мекунанд – ва писарон, ин ҷавонакҳо, тазриқи манқуртимус шудаанду ҳай зинда бод мегӯянд. Атрофи мағзашон бо панҷараҳои филизе аз бақоёи филизи манқуртимус печида шуда, ба ҷаҳон аз дохили қафасе шишаӣ менигаранд ва эҳсос мекунанд, ки озоданду хушбахт!

Мепиндорад, дунё ҳамааш ҳамон шаҳру вилоят ноҳияву деҳест, ки бо сахтии кори падар зиндагӣ мекунанд.

Мепиндоранд, ки озодӣ ва хушбахтӣ ҳамон аст!

Баландошёнаҳое. ки тавони хариди онро надоранд, мошинҳои гаронарзиши дигарон, гулгашту боғҳое, ки барои фароғати пулдорону фиреби мардум сохта шуда, қасрҳое, ки марбути онҳо нест, роҳе, ки агар пул насупоранд, ҳаққи убуру мурурро надоранд, … онҳоро шод мекунад. Ободист, ки рӯи харобаҳои мағзу зиндагии онҳо бино шудааст!

На вомҳоро мепурсанд, на конҳои аздастрафтаро мепурсанд, на заминҳои аз дастрафтаи Ватанро мепурсанд… ва агар касе ҳам гуфт, мисли ин аст, ки Шарифи Ниёз ба он шишаи эътимод, ба он панҷараи амни бовари ман санге партоб карда буд, онҳоро як қад мепарронад. Аммо на ба гунаи ман – ба гунаи дигар. Фаврӣ суолдеҳро “хоини Ватан”, “хуҷаини хориҷӣ дорад” ва бо ҳазор дашному тавҳину туҳмати дигар мекӯбанд!

Доруи тазриқии “манқуртимус” ҳамин таъсирро дар зеҳн дорад…

Аммо инро медонанд, ки оне, ки суол диҳад, оне, ки шакк кунад, оне, ки ин ҳама “озодиву ободиву хушбахтӣ ва оромӣ”-ро набинад, бояд “қатли Ленин”-ро – мурдаи Ленинро бар ӯҳда бигирад, чораи дигар надорад…

  • Наваду шаш сол гузашта аз соли сиёҳи 1918…
  • Шакк кардаму ҷустаму хондам. Охир чи балоест, ки як қарн гузаштаву ин пулисҳо, ин қозиҳо, ин соҳибони қавонину маҳкамаҳо, ин вазиру раису саисҳо ҳанӯз думболи қотили Ленинанд?
  • Шакк кардаму ҷустаму хондам. Охир чи балоест, ки як қарн гузаштаву ин пулисҳо, ин қозиҳо, ин соҳибони қавонину маҳкамаҳо, ин вазиру раису саисҳо ҳанӯз думболи қотили Ленинанд?

Яқинан ин насл аз пулису қозиву муфтиву вазиру амир нашунидаанд. Охир хонда бошӣ, ки бидонӣ. Нахонда бошӣ, чиро медонӣ? Мепиндорӣ, ки ҳанӯз соли 1918 аст, ҳанӯз Ленин зинда аст, ҳанӯз Истолин дорад ба чубуқи машҳураш тамбокуи хуб пур мекунаду ба ту нигоҳ мекунад ва ту шалворатро зард ё сабз мекунӣ!

Нишастам, ки номае бинвисам кӯтоҳ ва ба муфаттиши парвандаи қатли Ленин ёрӣ расонам, то ин парвандаро барои ҳамеша бибандад. Аммо Нома мустақим ба ӯ намерасад, бояд ба ононе бинвисам, ки тамоми ҷомеаро, аз ҷумла муфаттишро ва муфаттиш гумонбарони ҷиноятро доруи тазриқии “манқуртимус” гузаронидаанд, то ҳарчиро, ки бипурсанду бихоҳанд такрор кунад. Тавони суол додан надошта бошад, ҳамаро хуб бибинад, вожаҳои шакк, эътироз, исён, суол… ӯро ба хашм оваранд ва бо ҷоннисорӣ аз хоҷатошони худ ҳимоят кунад. Насле, ки аз ӯ буз сохтаанд ва ба чашмаш айнаки сабз гузоштаанд, то ҳар хасу хори хушкидаро алафи тару тоза пиндорад ва ҳарчиро ки ба хурдаш медиҳанд, бо ин айнак дидаву бихӯрад!

Мехоҳам бинвисам, ки оқоён:

Ленинро шоми 30-уми ути соли 1918, бадрақашудае (фикр мекунам гунаи дурусти бадарғашуда ҳамин бошад!) сиёсӣ, терурист, эссерчӣ Фонни Коплони 28 солаи яҳудӣ бо туфангчаи “Броунинг” шиллик кард ва ин тир то соли 1922 дар пайкари Ленин буд ва онро соли 1922 дар оварданду ҳамоно чун шоҳиди торих нигоҳ доштаанд!

Ҳадс мезананд, ки Фонни Коплон Ленинро бо дастури Якуф Свердлуф шиллик кард. Ин ҷавонзани 28 соларо боздошт кардан ва пас аз се рӯз, бе ҳеч маҳкамае қатл ва сипас ҷасадашро дар бушкае андохта сӯзониданд! Андаке баъдтар хиёлам Ленин асли моҷароро фаҳмид, беақл набуд, Свердлуфро аз байн бурд!

Ҳамину тамом!

Ҳеч тоҷике барои қатли Ленин гунаҳкор нест, на пирзане аз ноҳияи Айнӣ, на гуруҳи руҳониҳое аз ҳаволии Кофурниҳон, на се писари Бибиҷони норакӣ!

Бовар кунед, Ленинро Фонни Коплон шиллик кард, на тоҷикҳо!

АКСҲО: қаҳрамонҳои ин ҳикоят:

Фонни Коплон, Бибиҷон Назароваи норакӣ, Якуф Свердлуф.

Share This Article