ХИЁНАТ ЧИСТ ВА ХОИН КИСТ?

Муроҷиати банда, хосса ба уламои расмии кишвар бештар равона аст, ки худ бо амалу фатвоҳои шубҳанок аз хиёнат ба Китоби Худо ва фармудаҳои Паёмбари гиромӣ (салавот бар Ӯ) наҳаросида, ҳамдину ҳаммиллатони хешро беибо муттаҳам ба хиёнат мекунанд. Чашми баъзеҳоро шояд пардаи мансабу шӯҳрат, сарвату шукӯҳи дунё андак хира карда, вале аҳли Қуръонро чи шуда, ки ҳамарӯза бо Худои хеш мулоқот доранду бояд дидагони боз дошта бошанд…

Чанд соли охир сӯистифода аз вожаҳои хоин ва хиёнат аз ҷониби давлатмардони кишвар ва расонаҳои хабарии зертобеашон ба ҳаде расидааст, ки гоҳо мебинӣ, ки кудакон ҳангоми бозӣ ба ҳарифонашон  “хоин, хиёнаткор!”- гуфта нидо мезананд. Гуё хиёнат як амале содаву одӣ ва роиҷу ҷоизе бошад.

 

Албатта ҳокимони давр дар сиёсат “дучархаи наве” ихтироъ накардаанд, балки аз усулу шеваҳои ноҷавонмардонаи устодони маънавияшон-болшавикони рус кор гирифта истодаанд. Онҳо низ сад сол қабл вожаҳои “хоин ва душмани халқ”-ро ҷиҳати руйпуши қонунӣ бахшидани ҷиноятҳои башарияшон хеле зиёд истифода бурда, рақибони сиёсиашонро бо чунин ҷурму иттиҳомоти сохтаву маснуӣ ҳабсу бадарға ва  ҷисман нобуд мекарданд.

 

Дар ҳама давру замон афроди соҳибақидаву озодфикр, аҳли адабу андеша,  руҳониёну донишмандони миллат аз чунин туҳматҳо бештар ва пештар аз дигарон ҷабр дидаанд. Ҳокимони золим ва худкома, ҳамеша аз ҳақшиносиву озодандешӣ ва бедории раияташон ҳароси беандоза доранд ва хуб мефаҳманд, ки маҳз  зиёиёну руҳониёни воқеӣ мардумро дар ин ҷода ҳидояту роҳнамоӣ карда метавонанд .

 

Бинобар ин, онҳо ба хотири бақои салтанати хеш  дар беобрӯй кардани нухбагони маънавӣ аз ягон дурӯғу туҳмат, дасисаву фитна сар напечидаанд ва имрӯз низ чунин аст. Мардумро дар ҳолати хавфу ҳарос аз “бадхоҳону душманони дохиливу хориҷӣ” нигоҳ доштан, иттилоотҳои бардурӯғро чун воқеият ҷилва додан, худро чун ҳомии ягонаву нотакрори миллат муаррифӣ кардан ва мисли ин дигар найрангҳои зимомдорон боис мешавад, ки мардуми авом ба “хиёнат”-и ҳамсояву ҳамкори хеш, ҳатто фарзанду бародари худ бовар бикунанд. Ҳатто ибораҳои истифодашаванда дар ин амали носавоб таи садсолаи охир кам тағйир ёфтаанд: “ақидаҳои бегона”, “хоҷагони хориҷӣ”, “душманони миллат”, “зархаридон”, “фурӯхташудагон”…

 

Саволе ба миён меояд, ки то куҷо ин даъвоҳо воқеият доранд ё асосе надоранд? Барои посух гуфтан ба ин пурсиш бояд қабл аз ҳама перомуни вожаи хиёнат сухане чанд бигӯйем.

 

Маънии хиёнат ба андешаи инҷониб тахминан ҳамон аҳдшиканӣ, ба ваъда вафо накардан, амонати вогузоштаи нафареро ё ҷамъиятеро ноодилона азхуд кардан ва ба соҳибаш нарасонидан,  аз ваколатҳои хеш ба манфиати худ ва наздикон сӯистифода бурдан ва ба дигарон зулм кардан, сири ба гарданат амонатбударо фош кардан, дурӯғ гуфтан, моли ба худ тааллуқ надоштаро фурӯхта хурдан ва мисли ҳамин амалҳоест, на чизи дигар.

 

Масалан, омӯзгоре, ки аз ҳисоби андози мардум маош мегираду соати дарсияшро бо хандаву бозӣ бо толибилмон сипарӣ мекунад, ё бидуни омодагӣ ба дарс омада, мавзӯъро хуб намефаҳмонад, хиёнаткор аст, чи расад ба он нохалафе, ки руймоли духтаракеро аз сараш гирифта уро бо суханҳои бад сарзаниш мекунад. Пизишке, ки бо чашми шаҳват бемордухтари ҷавонро муоина мекунад, хоину зиёнкор аст. Масъул ё узви комиссиюни интихоботие, ки ба раъйи мардум хиёнат ва натиҷаи интихоботро тақаллуб кардааст, албатта хоин аст. Хоин лаънатшудаи мардумон дар дунёст ва дар охират азоби азиме уро интизор аст.

 

Даҳҳо оёту ҳадис баёнгари онанд, ки муъмин  хиёнаткор нест. Садоқату вафодорӣ ба аҳд, масъулиятшиносӣ, ростқавлӣ, амонатдорӣ -аз сифатҳои баргузидаи муъминон аст. Беҳтарин лақаби муаллими башарият, хотамуланбиё, ҳазрати Муҳаммад (дуруду салавоти бепоён ба эшон ва олу асҳобашон) то замони биъсат низ АМИН будааст. Аз дидгоҳи шаръӣ  роҳбарону пешвоён, ки ба ҳукми тақдир бар гарданашон амонату масъулияти бештар аз дигарон гузошта шудааст, дар сурати адолатпешагӣ ва амонатдориву садоқат ҳар лаҳзаи ҳаёташон савоби чанд карат бештаре дорад. Ҳамзамон, камтарин хиёнату ноадолатии ишон, ки одатан боиси зулм ба теъдоди зиёди раият мешавад, муҷозоти алиме ба пай дорад.

 

Аз ин ҷост, ки уламои муттақӣ аз тарси камтарин лағжиш ва иштибоҳе, ҳатто ба имоматии намози ҷамоат зиёд руҷуъ ва талош намекунанд, чи расад ба амириву роҳбарӣ.

 

Агар ба амалҳову суханҳои онҳое, ки имрӯз беибо, бидуни овардани камтарин далеле як идда аз родмардони миллатро туҳмат ба хиёнат мезананд, воқеъбинона назар андозем, ба чи хулосае мерасем? Ва билохира чи касе имконият ва ғарази бештаре ба хиёнат кардан ба молу ҷони мардуми кишвар дорад: мансабдори аз ҳисоби зулм ба мардум сарватмандшуда ё муҳоҷири бечора, ки дастрасие ба моли мардум надорад? Ҳама таъинотҳо ба мансабу маснадҳо дар кишвар боадолатона ва вобаста ба сатҳи донишу тахассус сурат гирифта истодаанд ё бо назардошти садоқати шахсӣ ва маҳалли зист ё қаробати авлодӣ?

 

Қарору қонунҳои қабулшуда, дар кишвар бештар ба манфиати мардуми одӣ равонаанд ё қишри ҳукмрон? Магар вакилон ба раъйи мардум хиёнат накарда истодаанд, магар бо ризоияти онон набуд, ки заминҳои кишвар ба хитойиҳо иҷора дода ё фурӯхта шудаанд? Садҳо саҳифаро бо ёдрас кардани чунин ноадолатиҳо ва хиёнаткориҳои ҳукуматдорон метавон пур кард, вале он мавзӯи баҳси дигарест. Мушкили дигар ин аст, ки як амали хуб ё баде дар кишвари мо аз дидгоҳи гурӯҳе чун қаҳрамонӣ, адолатпешагӣ, донишу хирадмандӣ талаққӣ дода мешаваду худи ҳамин амалро гурӯҳи дигар чун хиёнат, бегонапарастӣ, фурухташудагӣ баҳо медиҳанд. Баҳсҳои дар ин авохир дар минбару толору фазоҳои гуногун перомуни номи забони модариамон ва ҳарфу хатамон суратгирифта, мисоли равшани иддаои болоиянд. Бо чунин ҳамдигарбадбиниву бадномкунӣ кадом миллат ба ваҳдату иттиҳод ва пешравие расидааст, ки мо онро пайравӣ карда истодаем? Пас оё беҳтару саҳеҳтар он нест, ки як муддат аз шармандасозии миллат назди ҷаҳониён худдорӣ бикунем?

 

Муроҷиати банда, хосса ба уламои расмии кишвар бештар равона аст, ки худ бо амалу фатвоҳои шубҳанок аз хиёнат ба Китоби Худо ва фармудаҳои Паёмбари гиромӣ (салавот бар Ӯ) наҳаросида, ҳамдину ҳаммиллатони хешро беибо муттаҳам ба хиёнат мекунанд. Чашми баъзеҳоро шояд пардаи мансабу шӯҳрат, сарвату шукӯҳи дунё андак хира карда, вале аҳли Қуръонро чи шуда, ки ҳамарӯза бо Худои хеш мулоқот доранду бояд дидагони боз дошта бошанд…

 

Намехоҳам ба навиштаҳои хеш дар руҳияи навмедӣ нуқтаи хотима бигузорам. Имонам намегузорад, ки ба пирӯзии адолату ҳақиқат заррае шубҳа дошта бошам. Хосса дар ин асри тараққиёти гушношуниди васоили иттилоотӣ, ки ҷаҳон деҳаи бузургеро монад, умри дурӯғ кутоҳи кутоҳ аст.

 

Муддассир УСТОЗОДА

 

Total
0
Shares
Related Posts
Read More

Қатли оми зиндониён – ҷузъи “сиёсати дурусту созанда”-и роҳбари кишвар?

Ин амал “Мубориза бар зидди ҷинояткорию терроризм” набуда, балки қатли оми зиндониён, худ як амали ҷинояткорона ва террористӣ аст. Ин ҷузъи “сиёсати дурусту созанда”-и роҳбари кишвар набуда, балки камоли бехирадист.
Read More

Шайх Абдулазиз ибни Солеҳ Ал-Тувайҷирӣ ба шаҳодат расид

Шайх Абдулазиз Ал-Тувайҷирӣ доъватгари маъруфи саъудӣ рӯзи 17 январ дар давлати Ғона дар шаҳри курвонӣ, аз тарафи чор шикорчии саҳроии бутпараст бо зарби ду тир дар қисмати синнаш ба шаҳодат расид. Шайх Абдулазиз ба ин давлат,ки чанд рӯз қабл сафар намуда буд,то кумакҳои хайрия ва даъват ба сӯйи исломро анҷом диҳад.Бо заҳмат ва талошҳои шайх чандин бутпараст ба дини ислом мушарраф гаштаанд.Инчунин кумакҳои зиёде барои ин давлати Ғона ва Соҳили Оҷ тавссути чанд муассисаи хайрия анҷом додааст.Аз қабили чанд мактаб, маркази таҳфизи қуръон,масҷид,чоҳи об ва маркази тибби бунёд намуда буд.