“ХУДСОЗИ+ХУДШИНОСИ ВА ХУДОШИНОСИ!!!” (Хосатан барои чавонон)

Ислоҳ нет

“ХУДСОЗИ+ХУДШИНОСИ ВА ХУДОШИНОСИ!!!” (Хосатан барои чавонон)

Ислом дини зебо ва зебогиҳост.
Ислом дини саодату хушбахтиҳост.
Ислом дини одамсоз, ҷомиасоз ва оламсоз аст.
Ислом дини пок аст ва поксози зоҳиру ботини инсон ва ҷомиа аст.
Ислом барои иъмору ободии дунё пайравонашро ташвиқ менамояд.

Дар ривоёт мехонем, ки:
-“Худо зебост, зебогиро дӯст медорад”, (Муслим).
-“Касе, ки ло илоҳа иллаллоҳ гӯяд биҳишт медарояд”, (Ҳоким).
-“Поки нисфи имон ва ё шохае аз имон аст…”,(Муслим).
-“Агар ба дасти яке аз шумо дарахте бошаду қиёмат барпо шавад, ҳатман онро ба замин шинонад”,(Аҳмад).
Ба амсоли инҳо ҳазорон – ҳазор аҳодис ва иршодоти Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоху алайхи ва саллам) ба мо расидааст, ки тасдиқи гуфтаҳои боло мекунанд. Барои расидан ба худсозӣ, оиласозӣ ва ҷомиасозӣ барномаҳои рехтаи Паёмбари Худо саллаллоху алайхи ва саллам-ро бояд дар ҳаёт пиёда кард.

Агар барномаи аввалини рисолати Паёмбари Худо (саллаллоху алайхи ва саллам) ба омӯзишу парвариш равона шуда бошад, барномаи дуввуминаш ба ибодату бузургдошти Худованд ва Худсозӣ далолат мекунад:
“Либосҳоятро пок нигаҳ дор ва аз палидӣ дур шав”. (Мудассир:4-5). Ин палидӣ баробар аст, ки бутҳои сангину чубин бошад ва ё бутҳои тарошида аз молу сарвату мансаб дар дилҳову афкору ақидаҳо?

Бешак ин оғози Худсозист, ки Худованди бузург аз Паёмбари худ тақозо кардааст. Покии бадан, либос ва маконро шарти қабули бузургтарин ибодат – намоз, қарор дода аст. Худсозӣ оғози оиласозӣ ва оиласозӣ оғози ҷомиасозист. Мо умматон набояд, кушишу фидокориҳои он Пешвои раббонӣ – Муҳаммад (саллаллоху алайхи ва саллам)-ро, ки беҳтарин айёми ҳаёти худро дар тарбияи як идда афроде сипарӣ сохт, фаромуш намуда бошем.

Ин Пешвои раббонӣ шогирдони худро бо барномаи Қуръону Суннат тарбия кард ва комёб гашт. Худ аз миёни мо рафт, вале барномаро бо тамоми ҷузъиёташ гузошта гуфт: “Барои шумо чизе (барномае) гузоштам, ки агар ба он баъди ман амал кунед, ҳаргиз гумроҳ намешавед. Китоби Худо ва суннати ман”. (Молик).

Бояд, ки ба ин барнома худсозӣ кунем, то ки мисли шогирдони мадрасаи аввали Ислом ризои Худоро ба даст орем: “Худо аз онҳо розист ва онҳо аз Худо розианд”. (Баййина:8).

-Муҳимтарин унсури Худсозӣ ақидаи солим аст!
Яъне пок ва беолоиш нигаҳ доштани ақида аз афкор ва бинишҳое, ки инсонро аз равиши рости Ислом мунҳариф созад. Шахси Худсоз тавассути ин унсур алоқаи худро бо Худо саҳиҳу дуруст мегардонад. Худованд барои ӯ нуре ато мефармояд, ки ба рушноии он роҳ меравад ва ба ӯ он чиро меомӯзонад, ки намедонист. Васвасаҳои шайтониро аз вуҷуди ӯ дур месозад:
“Албатта шайтон бар вуҷуди касоне, ки имон оварда ба Худо таваккул доранд, ҳукмравоӣ надорад”. (Наҳл:99).

Аз ин рӯ ақидаи солим барои шахси Худсоз эътибору аҳамияти бузург дорад. Паёмбари Худо (с) мефармоянд: “Касе, ки ба Парвардигор будани Аллоҳ , ба дини Ислом ва Паёмбар будани Муҳаммад (с) розӣ бошад, биҳишт барои ӯ воҷиб мегардад”. (Муслим).
Ин тарозуест, ки Паёмбари Худо (с) барои умматонаш насб кардааст ва он роҳи ақидаи солимро эзоҳ медиҳад. Бояд ҳар фарди худсозе ба ин унсур худро зинат диҳад.
-Худоро ҳамеша ҳозиру нозир ва муроқиби худ бинад.
-Дар ҳар амале ниятро холис созад.
-Ба ёди охират ва омодагии он бошад.
-Ба воситаи ибодатҳои нофила ба Худо наздикӣ ҷӯяд.
-Дар ҳама ҳолат забонаш олуда ба зикри Худо бошад.
-Дуоҳои маъсур аз Расули Акрам (саллаллоху алахи ва саллам) дар субҳу шом ва дигар замону макон воридшударо бихонад.
-Ҳамеша бо сару либоси тоза ва таҳорати бадан бошад.
-Ҳамаи ибодатҳоро ба ваҷҳи аҳсан тибқи ақидаи солим адо намояд.
-Доимо бо тазарруъ тавбаву истиғфор намояд.
-На танҳо аз гуноҳҳои кабира(калон), балки аз гуноҳҳои сағира(хурд) низ дурӣ ҷӯяд.
-Вақти худро ба аъмоли беҳуда нагузаронад.
-Аз шубҳаҳо бипарҳезад, то ки дар ҳаром наафтад.
-Ҳамеша бо кушишу ҷонфидо бошад ва бо нафси худ муҷоҳада кунад то зимомашро ба даст гирад.
-Аз нигоҳи ҳаромкардаҳои Худо чашм пушад.
-Бо хоҳишоти нафсониаш мубориза барад, то ки онҳоро ба ҷониби ҳалолу пок бигардонад.

Пас эй бародар ва хоҳари гиромӣ! Ту ки дар роҳи Худсозӣ қадам мезанӣ, танҳо аз тариқи ақидаи солим бар равиши Паёмбарат комёб хоҳи гашт. Пас худро ба ин унсур зинат бидеҳ.

-Унсури дигари Худсозӣ ибодати саҳиҳ аст.
Шахси худсоз ибодатҳояшро ба тавре анҷом диҳад, ки дар он ҳеҷ нуқсону камбудие дида нашавад. Зеро Худои таъоло поку беайб аст ва аз мо бандагонаш танҳо ибодатҳои беайбу нуқсонро қабул мекунад: “Эшон танҳо ба хотири ибодати Худо бо ихлос амр шудаанд…” (Баййинаҳ:5).

Бодиянишине дар ҳузури Паёмбари Худо (с) саросемавор мисли аксари мардумони ноогоҳи мо намоз гузошт. Вақте, ки аз намоз фориғ шуд, он Ҳазрат (саллалоху алайхи ва саллам ) фармуданд: “Хез аз нав намоз гузор зеро, ки ту намоз нагузоштӣ”. Вақте, ки дубора аз намоз фориғ гашт, боз ба таҷдиди намоз амр шуд. Вақте, ки севумбора фориғ гашт, боз ба таҷдид амр шуд. Ин дафъа ноилоҷ гуфт: Эй Расули Худо (саллаллоху алайхи ва саллам) ман ҳамин қадар метавонам. Расули Худо (саллаллоху алайхи ва саллам) ба ӯ намози саҳиҳ гузоштанро таълим доданд.., (Бухорӣ). Аз ин ривоят бар меояд, намози саросема, бехушуъу хузуъ, беоромиши аркон дар назди Худо мақбул нест. Бубинед, ки Расули Худо (саллаллоху алайхи ва саллам ) ҳатто онро намоз наҳисобиданд: “Хез аз нав намоз гузор зеро, ки ту намоз нагузоштӣ”. Шахси Худсоз бояд намозро ба ваҷҳе, ки Расули Худо (сллаллоху алайхи ва саллам) фармудаанд, адо намояд: “…Намоз гузоред ба он тавре, ки дидед ман мегузорам…”, (Бухорӣ). То ин ки ба сабаби намози гузоштааш мавриди ваъиду таҳдиди Худои таъоло қарор нагирад: “Вой бар ҳоли намозгузороне, ки аз намози гузоштаи худ ғофиланд…”. (Моъун:4-5).
Дар баъзе ривоёт мехонем, ки намози пурнуқсонро ба мисли як порча матоъи куҳнаи фарсуда ба рӯи соҳибаш мезананд. Баъзе афрод рӯзаи Рамазон медоранд, вале аз ғайбату беҳудагӯӣ забон бар намедоранд. Ба таъбири Паёмбари Худо (с): “…Аз он рӯза ба ҷуз гуруснагию ташнагӣ ҳеҷ нафъу суде намебардоранд…”, (Ибни Моҷа). Пас вой бар ҳоли касоне, ки умри худро ба чунин ибодатҳои пурнуқсони бефоида зоеъ месозанд. Бародари гиромӣ! Агар худсозӣ меомӯзӣ:

Зи Қуръон пеши худ оина овез,
Зи худ гум гаштаи аз хеш бигрез. (Иқбол).

Ва асҳоби Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам)-ро улгӯи худ қарор деҳ. Дар ривоёт омада, ки баъзе асҳоб вақте вориди намоз мешуданд вуҷудашонро ларза фаро мегирифт ва баъзеи эшон ба такрори як ояти Қуръон аз тарси Худо ва даҳшати қиёмат шаби тулониро ба субҳ мепайваст. Паёмбари Худо (саллаллоху алайхи ва саллам)-ро ояти: “Ҳамчуноне, ки амр шудаи росту побарҷо бош…”. (Ҳуд:112)- пир сохт.

Бародари гиромӣ! Пас ба худ биё ва тамоми ибодатҳоятро ба тарозуи ин родмардони таърих вазн кун. Вақте ибодатеро анҷом медиҳи ва руҳи ту аз он лаззат намебарад, дар ҷисми ту таъсир намегузорад ва туро аз мункароти шаръӣ боз намедорад, бидон, ки ҳанӯз ибодати ту комил нест, равиши ту саҳиҳ нест ва худсозии ту натиҷа надодааст.

Ислом дар ҳама умури ҳаёт, ҳатто дар ибодот ҳадди иътидол ва миёравиро тақозо менамояд. Ибодат ба андозаи тоқату тавони ҳар фард барномарезӣ шавад: “Бар уҳдаи ҳеҷ касе Худованд аз андозаи тоқату тавонаш бештар таклиф намегузорад”. (Бақара:286). Бояд, ки дар ибодат аз равиши Паёмбари Ислом (саллаллоху алайхи ва саллам ) исрофу зиёдравӣ нашавад. Аз Анас (р) ривоят аст, ки: “Се нафар ба назди занҳои Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам) омада, аз ибодати он Ҳазрат (саллаллоху алайхи ва саллам) пурсон шуданд. Вақте, ки шуниданд, гӯё ки андак шумориданд. Сипас миёни худ гуфтанд: Мо куҷову Паёмбар (саллаллоху лайхи ва саллам) куҷо? Худованд гуноҳҳои гузашта ва ояндаи Ӯро бахшидааст. Яке гуфт: Ман аз ин баъд тамоми шабҳоро ба намоз мегузаронам. Дигаре гуфт: Ман тамоми сол рӯза медорам. Севумӣ гуфт: Ман ҳаргиз зан намегирам. Расули Худо (саллаллоху алайхи ва саллам) инро шунида ба назди эшон омада, гуфт: “Шумо чунину чунон гуфтед? Ба Худо қасам ман аз шумо дида бештар аз Худо метарсам ва аз шумо ботақвотарам, лекин гоҳе рӯза медорам гоҳе не, як қисмате аз шаб намоз мегузорам, қисмати дигар мехобам. Бо занҳо издивоҷ мекунам. Касе аз ин суннати ман рӯй мегардонад, аз уммати ман нест”. (Бухорӣ). Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам) ибодати саҳиҳеро, ки дар он ризои Худост ба ин шакл ба мо ироа намуданд.

Дар ҳадиси дигаре Эшон фармуданд: “…Баданат, зану фарзандонат, ҳамсоягонат ва меҳмононат… болои ту ҳақ доранд. Ҳаққи ҳар кадомро ба андозаи худаш адо кун…”. (Бухорӣ). Яъне ба хотири ибодатҳои нофила ҳуқуқи дигаронро поймол масоз! Ин аст ибодати саҳиҳ аз нигоҳи равиши Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоху алайхи ва саллам).

-Унсури дигари Худсозӣ хушахлоқист.
Хушахлоқие, ки барои худсозӣ мадди назар аст, ахлоқи исломиест, ки Худои бузург дар китобаш баён ва Паёмбари гиромӣ дар суннаташ тафсил додааст. Паёмбари гиромӣ (саллаллоху алайхи ва саллам) ва асҳоби киром (р) дар хушахлоқӣ улгӯи намунае барои тамоми башарият буданд. Аз ин ҷост Худои таъоло Ӯро дар Қуръон хитоб карда мегӯяд: “(Эй Муҳаммад) ту соҳиби ахлоқи бузургӣ”. (Қалам:4).
Паёмбари гиромӣ (саллаллоху алайхи ва саллам) худ мефармоянд: “Ман танҳо барои комил сохтани ахлоқи ҳамида фиристода шудаам”, (Байҳақӣ). Модари муъминон Оиша (р) мефармоянд: “Ахлоқи Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам) Қуръон буд”, (Бухорӣ). Яъне Эшон Қуръони зиндае буданд, ки дар миёни мардум ҳаракат мекарданд. Мурод аз ахлоқ тамоми сифотест, ки ҳаёти башарият бидуни он эътиборе надорад. Ҳар ки худро ба он ахлоқ зинат медиҳад, самараашро хоҳад дид.

Ҳеҷ инсоне дар олам ба комёбӣ намерасад, то ки дар ӯ қувваи азму ирода, сабру субот, олиҳимматӣ, фидокорӣ ва масъулиятшиносӣ набошад ва худро ба ахлоқи карима мисли саховатмандӣ, ростқавлӣ, амонатдорӣ, вафодорӣ ба аҳду паймон ва фарохқалбӣ, зинат надода бошад.
Абдулло ибни Ҳамсо мегӯяд: “…Мо ба Расули Худо (саллаллоху алайхи ва саллам) пеш аз биъсат аҳди дӯстӣ баста будем. Ӯро ба мулоқот дар маконе ваъда карда, худ фаромуш сохтам. Се рӯз баъд ба ёдам расид, ба он ҷо рафтам, интизорӣ мекашид. Ба ман гуфт: “Эй ҷавон бар ман ҷафо кардӣ, се рӯз боз дар ин вақт интизори туам…”, (Абу Довуд).

Вақте, ки афроди Худсоз ин сифатҳоро ба худ касб карда бошанд, гуё ки сарват ва сармояи гаронмояи беандозаи башариятро аз худ кардаанд. Шахси Худсоз бояд, ки дар тамоми умури ҳаёт масъулиятшинос бошад. Дар қавлу рафтори худ содиқ бошад ва ҳаргиз ба дуруғ роҳ надиҳад. Иродаи қавӣ дошта дар ҳама ҳолат ба ваъдааш вафо кунад. Далеру шуҷоъ бошад. Ҳазрати Алӣ (р) мегӯянд:
“Вақте, ки ҷанг шиддат мегирифт чашмони мо аз тарс сурх мешуд. Ба паси Расули Худо (саллаллоху алайхи ва саллам) паноҳ мебурдем. Ӯ (саллаллоху алайхи ва саллам) аз дигарон дида ба душман наздик мешуд. Дар рӯзи Бадр мо ба Расули Худо (саллаллоху алайхи ва саллам) паноҳ мебурдем. Ӯ(саллаллоху алайхи ва саллам) ба душман наздик мешуд ва аз ҳама беҳтар меҷангид…”, (Аҳмад).

Беҳтарин шуҷоъат сухани ҳақ гуфтан, пушонидани сирри дигарон, эътирофи хато ва бо инсоф дар корҳо тасмим гирифтан мебошад. Шахси Худсоз бовақору ҷиддӣ бошад, вале ин вақор ӯро аз мазоҳу шухӣ ва хандаи ростин бознадорад. Аз дустону рафиқони бадкор ва ҷойҳои фисқу фасод канора ҷуяд.

Паёмбар даъвати ҳар шахсро иҷобат мекард. Баробар аст, ки он кас озод бошад ё ғулом, каниз бошад ё мискин. Бо асҳобаш омехта нишаста суҳбату шухӣ мекард. Бо кудакон бозӣ карда дар паҳлуи худ мешинонд. Беморонро агарчи дар дуртарин маҳаллаи шаҳр ҳам бошанд, иёдат мекард. Бо ҳар кӣ рубару мешуд, аввал шуда салом медод. Касе, ки дар маҷлисаш ворид мешуд, эҳтиром мекард ва ҷомаи худро барои нишастани ӯ паҳн мекард. Асҳобашро бо беҳтарин номҳо садо мекард. Сухани ҳеҷ касро намебуррид. Ҳамаро бо табассум истиқбол мекард. Аз ин ҷост, ки Худованди бузург одобу ахлоқи олии ин Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам)ро дар Қуръон баён месозад: “Раҳмати Худо туро бо халқ меҳрубон ва хушахлоқ гардонид. Агар тундхӯ ва сахтдил мебудӣ, мардум аз атрофи ту пароканда мешуданд. Пас онҳоро афв кун ва барояшон омурзиш талаб кун. Дар корҳо бо эшон машварат кун…”, (Оли Имрон:159).
Пас эй бародар ва хоҳари гиромӣ! Ту ки дар роҳи Худсозӣ қадам мезанӣ, танҳо аз тариқи хушахлоқӣ бар равиши Паёмбарат комёб хоҳи гашт. Пас худро ба ин унсур зинат бидеҳ.

-Унсури дигари Худсозӣ неруманду қавӣ будан аст.
Зеро Паёмбари Худо (саллаллоху алайхи ва саллам) мефармоянд: “Муъмини қавию неруманд беҳтар ва маҳбубтар аст дар назди Худо аз муъмини заъифу нотавон…”. (Муслим). Шахси мусалмони Худсоз бояд бидонад, ки роҳи даъват ба дини Худо ноҳамвор ва пуртаклифу пурмашаққат аст. Танҳо шахси нерӯманд ва тансиҳат метавонад дар ин роҳ тоб оварад. Паёмбари Худо (саллаллоху алайхи ва саллам) барои инояту покизагӣ, ҳифзи бадан аз иллату бемориҳо ва анвоъи машқ барои нерӯманд шудани ҷисм ташвиқ кардаанд: “Дастонро қабл аз таъом ва баъд аз он шустан…”, (Табаронӣ), “Фарзандонро шиноварӣ, аспдаввонӣ ва тирандозӣ омӯхтан..”, (Байҳақӣ), “Албатта бадани шумо болои шумо ҳақ дорад…” (Муслим).

Аз ин рӯ шахси Худсоз бояд, ки мувофиқи рағбати худ ба анвоъи варзиш алоқаманд бошад. Дар асри Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам) танҳо ин се навъи варзиш роиҷ буд, ки ба омӯхтани онҳо ташвиқ намуданд. Бешак дар ин айём анвоъи варзиш аз ҳадду андоза берун аст. Ҳар навъи варзише, ки барои тақвияту нерӯманд гаштани ҷисм муфид бошад, аз нигоҳи ислом матлуб аст, ба шарте, ки инсонро аз ибодати Худо ғофил насозад. Камтарин навъи варзиш қадам задан ва варзиши сабуки саҳаргоҳист, ки бояд ҳеҷ нафаре онро тарк накунад. Намозҳои панҷгона дар вақҳои мухталиф як навъе аз нашоту варзиши тақвиятбахши руҳу ҷисм аст. Рӯза низ навъе аз варзиши ҷисму руҳ аст. “…Рӯза доред, тансиҳат мемонед…” (Табаронӣ). – гуфтанд Расули Худо (саллаллоху алайхи ва саллам).
Бар болои шиками сер таъом хурдан, истеъмоли маводи мухаддир, машруботи спиртӣ, гушти хук, гушти ҳайвоноти худмурдаро Ислом ҳаром ҳукм кардааст, зеро дар ҷисму руҳи инсон осебу зарар мерасад. Шахси Худсоз илова бар ин ашёи мамнуъа бояд, ки аз сигоркашӣ, носкашӣ…, вақтгузаронӣ бо бозиҳои компутерӣ ва телефонӣ сахт ва сахт бипарҳезад. Оқибати ин ҳама вахим аст. Касро ба амрози саратонӣ ва равонӣ мекашонад. Қобили зикр аст, ки шахси Худсоз бояд ҳамеша дар зери назорати табиб бошад. Дар як сол як ё ду бор дар ҳоли тансиҳат буданаш ташхисоти тиббӣ гузаронад, то аз тансиҳатии худ мутмаин гардад ва бо иршодоти табибони ҳозиқ амал намояд. Зеро ҳар фард дар назди Худо аз ҷисми худ масъул аст ва пурсида хоҳад. “Албатта бадани шумо болои шумо ҳақ дорад…” Шахси Худсоз ногузир аст, ки худро ба ин унсур зинат диҳад.
Пас эй бародар ва хоҳари гиромӣ! Ту ки дар роҳи Худсозӣ қадам мезанӣ, танҳо аз тариқи қавиҷисмӣ ва нерумандӣ бар равиши Паёмбарат комёб хоҳи гашт. Пас худро ба ин унсур зинат бидеҳ.

-Унсури дигари Худсозӣ фарҳангӣ ва рушанфикр будан аст.
Шахси мухлиси бефаҳми камсаводи тангназар барои пешбурди дини Худо ва ислоҳи ҷомиъа ба дард намехурад. Будану набудани чунин афрод дар ҷомиъа ҳеҷ тафовуте надорад, балки эшон бори сангине бар души дигаронанд. Илму фарҳанг дар ҷодаи Худсозӣ барои расидан ба тақвову парҳезгорӣ аҳамияти вижае дорад. Абудардо (р) ривоят мекунад: “Парҳезгор шумурда намешавӣ, то ки боилм набошӣ ва бо илм зебо намегардӣ, то ки ба он амл накунӣ”. Бояд, ки шахси Худсоз таҳкурсии илмӣ ва фарҳангие дошта бошад, ки тавассути он тавонад дигаронро ба роҳи дуруст ҳидоят намояд. Силоҳи ягонаи шахси Худсоз ин илму амал аст. Бидуни ин ду ба майдон баромадан худкушист. Бояд, ки Исломро ба фаҳми саҳиҳ аз усулу манобеъи асосии он – Қуръону Суннат ва сирати Набавӣ фаро гирад. Сипас тавассути китобҳои дигар дар улуми мухталиф илму фаҳми худро афзун гардонад. Ҳамеша дар ковишу пажуҳиш бошад, то ки тасаввури возиҳе аз аҳкому аркону аҳдофи ин дин нисбати афрод ва ҷомиъа ҳосил намояд.
Илова бар ин мо дар асре ба сар мебарем, ки асри тамаддунҳо, фарҳангҳо ва афкори гуногун аст. Асри таҳоҷуми фарҳангист. Тамоми улуму фарҳанг ва афкору тамаддунҳои мухталифа бидуни иродаву хоҳиши мо ба хонаҳоямон ва ҳатто ба утоқҳои хобамон даромадааст. Акнун илму фаҳму идрок лозим аст, ки некро аз бад ва сиёҳро аз сафед ҷудо кунад:

Илму фанро эй ҷавони шуху шанг,
Мағз мебояд, на малбуси Фаранг. (Иқбол).

Замоне Ибни Сино дар ивази хидмати худ фақат дархости иҷозат аз истифодаи китобҳои китобхонаи амири Бухоро карда, шабҳои тулониро ба қироату китобат дар зери нури хираи шамъ ба субҳ мепайваст. Ёд дорам, ки 10-15 сол қабл дар айёми донишҷуӣ барои дарёфти матлабе рӯзҳои дарозро дар ковиши каталогҳо ва сафҳа задани китобҳои зиёде, шом мекардем, то хостаи худро рӯи сафҳа орем. Имрӯз ба фазли Худо тамоми улум тавассути шабакаҳои интернети вориди утоқи мост. Аммо Ибни Сино куҷост, ки беминнат дар кунҷи ҳуҷраи худ нишаста мутолиъа намояд ва ба олами башарият осори гаронбаҳое тақдим намояд?

-Унсури дигари Худсозӣ шикастанафсӣ.
Мурод аз ин муҷоҳадаи бар нафс аст. Яъне бар кашишҳои бади нафс ғолиб омадан. Шахси Худсоз бояд, ки соҳиби азму иродаи қавӣ бошад, ки зимоми нафси худро ба ҷиддият бигирад ва дар чорчубаи Ислом мутобиқ созад. Ва ҳар он чи мухолифи аҳкому қавонини Ислом аст, канора гузорад, агарчи нигоҳи мардум ба он мусбӣ бошад ҳам. Азму иродааш бар ҳавои нафсониаш ғалаба намояд, то ки тамоми умури ҳаёташ ба ақидааш мувофиқ гардад. Аз ғуломии нафси бадкор озод шудан зарурист, зеро ғуломии он ба ҳалоку нобудӣ мерасонад. Шикастанафсӣ ва муҷоҳадаи он барои шахси Худсоз бисёр муҳим аст. Аз он, ки ӯ марҳалаҳои сахту душворро дар ҳаёт тай менамояд. Агар нафси ӯ ба мушкилоту нохушиҳо одат накарда бошад, ба ин марҳалаҳои сахту душвор ру ба ру шуда наметавонад. Аз ин сабаб бояд бо нафс муҷоҳада ва муқовамати беамоне сурат гирад, то идора кардани он осон гардад.
Бубин, ки асҳоби Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам) бо нафси худ чи гуна муҷоҳада мекарданд. Намегузоштанд, ки кибру ғурур бар он ғолиб ояд. Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд: “Вақте, ки Абуҳурайраро амири Мадина таъйин карданд, ба пушти худ як дарза ҳезумро бардошта аз миёнаи бозор мегузашт ва бо садои баланд мегуфт: “Роҳро барои амир кушоед”, то ки мардум ба сӯи Ӯ назар кунанд”.
Пас эй бародар ва хоҳари гиромӣ! Ту ки дар роҳи Худсозӣ қадам мезанӣ, танҳо аз тариқи шикастанафсӣ бар равиши Паёмбарат комёб хоҳи гашт. Пас худро ба ин унсур зинат бидеҳ.

-Унсури дигари Худсозӣ коршоям будан аст.
Шахси Худсоз кушиш ба харҷ диҳад, ки дар ҷомиъа соҳиби касбу коре бошад. Ба меҳнати дасти худ зиндагӣ кунад. Зеро беҳтарин луқма ҳамонест, ки инсон ба амали дасти худ мехурад. Ҳар ибодати нофилае, ки инсонро аз касбу кор боз дорад, дар он хайре нест. Худованди таъоло баъди адои намози ҷумъа, ки он рӯз барои мусулмонон рӯзи ибодату истироҳат аст ба талаби ризқ амр мекунад: “Вақте, ки намози (ҷумъа) анҷом ёбад дар рӯи замин барои талаби фазли Худо (ризқу рузӣ) пароканда шавед”. (Ҷумъа:10)

Ислом пайравонашро барои ҳусули ҳар касбу коре, ки мухолифи аҳкоми шариъати исломӣ набошад, ташвиқ менамояд. Шахси Худсоз агарчи тавонгару бениёз ҳам бошад, бояд ба касбу коре машғул шавад. Ҳеҷ гоҳ аз паи ҷустуҷуи мансабу вазифаи расмӣ умри худро зоеъ насозад. Ҳар касбе дошта бошад онро дӯст дорад ва дар паи адои он ба шакли беҳтару олӣ кушиш ба харҷ диҳад. Агарчи он касб андак бошад ҳам, ба мисли сартарошию куҳнадузӣ ва бофандагӣ … Зеро аксари пешвоёни дин ва имомони мазҳаб тоҷиру бофандаву косиб буданд. Ин касбу корҳои андак қадру манзалати онҳоро поён набурд, балки онҳо тавонистанд ин касбҳоро муҳтарам нишон диҳанд.

Шахси Худсоз бояд аз ҳама анвоъи муомалаҳои рабавӣ (просентгирӣ), қиморбозӣ, ҳиллагарӣ ва зуроварию фишороварӣ дар тиҷорату касбу кор дӯрӣ ҷуяд. Агарчи аз паси он фоидаи зиёде ба даст ояд. Дар моли зиёде, ки аз ҳаром ба даст ояд, баракат нест ва “…ҳар порча гуште, ки дар бадан аз ғизои ҳаром меафзояд, сазовори оташи дузах аст..,(Тирмизӣ). Бояд аз Худо баракат дар умру молу касб талаб кард, на зиёдатии онро. Як ҷузъе аз даромади моҳонаи худро, агарчи андак бошад ҳам, барои ҳолатҳои зарурӣ пасандоз намояд, то ин ки пеши ҳар касу нокасе муҳтоҷ нашавад. Ҳар дирҳаме, ки аз ҷайб мебарорад, бояд бидонад, ки чи гуна, дар куҷо ва ба чӣ ҳадаф сарф мешавад? Зеро ҳамаи молҳо аз они Худоянд ва сармоядорон хазинадорони Ӯянд. Табиист, ки соҳиби мол аз сарфу харҷи молаш аз хазинадор ҳисобот мегирад. Агар молҳояшро дар ҷойҳои фармудааш сарф намояд ба мукофот сарфароз мегардонад, вагарна интизори ҷазо бошад.
Пас эй бародар ва хоҳари гиромӣ! Ту ки дар роҳи Худсозӣ қадам мезанӣ, танҳо аз тариқи касбу кор бар равиши Паёмбарат комёб хоҳи гашт. Пас худро ба ин унсур зинат бидеҳ.

-Унсури дигари Худсозӣ вақт аст.
Яъне ҳамаҷониба самаранок истифода бурдани он. Бузурге фармудааст, ки вақт мисли шамшер аст, агар онро истифода бурда натавонӣ, туро ҳалок месозад. Вақт ин ҳаёту зиндагист. Аз ин рӯ Худованди таъоло ҳар шахсро дар рӯзи қиёмат аз умраш, ки дар куҷо гузаронид ва аз ҷавонияш, ки чи гуна сипарӣ кард… мепурсад.

Ҳаёти инсон аз замони таваллуд то дами марг дар ин дунё ба ҷуз вақт, чизе нест, ки мегузаронад ва инсон дубора қудрати баргардонидани онро надорад. Вақт пурарзиштар аз тиллост, зеро барои инсон ҳаёту зиндагист. Асҳоби Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам) барои самаранок истифода бурдани вақт ҳарис буданд. Аз Худо талаб мекарданд, ки дар вақтҳояшон баракат диҳад, то вазифаву аъмоле, ки дар баробари динашон ба уҳда гирифтаанд, ба хубӣ анҷом диҳанд. Бузургтарин тасвире, ки Расули Худо (саллаллоху алайхи ва саллам) дар он аҳамият ва қимати вақтро дар ҳаёти инсон арзёбӣ кардаанд, ин аст: ”Ҳар субҳе, ки медамад, пас нидо мекунад: эй фарзанди Одам ман махлуқи ҷадидам ва бар кору аъмоли ту шоҳидам, пас маро хуб истифода кун ва нафъу фоида бардор. Зеро ман то рӯзи қиёмат дубора барнамегардам”, (Ҳасани Басрӣ). Яқин аст, ки ҳар даму нафасе, ки фуру мекашему берун мебарорем дубора бар намегардад.

Намеояд дами рафта дубора,
Агар худро зани бар санги хора. (Ҷунунӣ).

Шахси Худсоз бояд бидонад, ки дар ихтиёраш чанд лаҳзае аз ҳаётро дорад. Агар онро хуб истифода карда тавонад, хайри дунё ва охиратро ба даст меорад. Пас эй бародари гиромӣ ҳар лаҳзаи аз ҳаёти худро ғанимат шумор ва дар корҳои беҳуда сарф макун. Зеро намедонӣ, ки ин лаҳзае дар ихтиёр дорӣ, охирин лаҳзаи ҳаёти ту бошад. Ба таъбири Ҳофиз:
Пайванди умр баста ба муест ҳуш дор,
Ғамхори хеш бошу ғами рӯзгор чист.
***
Пас эй бародар ва хоҳари гиромӣ! Ту ки дар роҳи Худсозӣ қадам мезанӣ, танҳо аз тариқаи ва суннати МУХАММАДИ комёб хоҳи гашт. Пас худро ба ин унсур зинат бидеҳ.
***

Share This Article