Хушбахтӣ баъди нокомиҳо (қиссаи ҳаётӣ)

Ислоҳ нет

Ба хотири эҳтиром ба аҳли хонаводаам ному насабамро махфӣ медорам, аммо мехоҳам қиссаи зиндагиамро чун дарсе аз гирудори ҳаёт ва ибрат барои дигарон, пешкаши хонандагони гиромии сомонаи Ислоҳ намоям. 

 

Дар оилаи камбизоате  ба воя расидам. Миёнақад, сабзина ва логарандом, ки будам, он қадар хостгори дуруст ҳам намеомад. Модарам ба як деҳаи дурдаст ба шавҳар дод. Худаш танҳо монд. Шавҳарам дар муҳоҷират ризқ меёфт, рӯзи оила мегузашт, лекин баъдтар бедарак шуда рафт. Маро бошад, бо як писарчаам ба хонаи модарам оварда монданд. Рӯзгори вазнинамон бадтар шуд, ки беҳтар не. Шукри тани сиҳат кардаму ба кор баромадам. Писарамро низ ба боғча супоридам.

Ҳар бегоҳ, ҳангоми аз кор баргаштан дар истгоҳ як ҷавонзани зебои хандонрӯйеро медидам, ки бо ман гарм пурсу-пос мекард. Баъдтар хешу табор барин шуда мондем. Ҳамроҳам то хонаамон меомаду баъд ҷудо мешуд. Писарчаамро дӯст медошт.

Як субҳ рубучин мекардам, ки ба хонаамон ҳамон ҷавонзан хариди рузгор карда омад. Ҳайратам афзуда рафт. Модарамро пурсид. Гумон кардам, ки камбағал гуфта, дилаш сухта овардааст, каме изо кашидам. Аммо хост, ки бо модар вохурад. Чой дам карда, ба назди меҳмон дароям, модар ашки чашмашро пок карда, не бачам, намешавад гуфта истодааст.
Чизе нафаҳмидам. Баъди рафтани меҳмон аз модарам пурсидам:” Чӣ шуд оча?”
– Хостгорӣ омадааст
– Барои кӣ?
– Ба шавҳараш,  бачем. Ин қадар ҳусну ҷамолу муносибати самимонаро кам  дидаам, бечора бефарзанд, хонааш холӣ будааст. Даҳ сол боз фарзанд надоштааст. Чӣ хел ба зани дуюм шуданат розӣ шавам, мардум чӣ мегуянд? Ин хел зани хушрӯй доштагӣ мардак, дигараша намехостагист ҳам…

Модарам суханашро ба итмом расониду ба як сӯи хона нигариста, сукут кард, милт-милт аз дидагонаш ашк мерехт. Аз алами дарунӣ танаш гоҳ-гоҳ меларзид. Мехост ин ҳама ҳузну аламашро аз ман пинҳон кунад. Аммо алами модар дарду алами ман ҳам буд. Аниқтараш алами ҳамсони ҳардуямон. Модару духтар бахт надоштем. Осмон баланд буду замин сахт.  Аз аламу андӯҳи ҳамонрӯза  гушҳоям қулф заданд. Ин ҳолати маро ҳама хоҳарони бахтнадидаву хонавайроншуда, хубтар медонанд.

 

Бегоҳии рӯзи душанбе боз он ҷавонзанро вохӯрдам. Ҳамроҳамон то назди хонаам омаду инони гиряро сар дод. Оби дидаашро пок карда истода гуфт:
“Бахтамонро бо ҳам бинем чи мешавад хоҳарҷон?! Ман шавҳар медиҳам, ту кӯдак. Дар як хавлӣ зиндагӣ мекунем, ҳар рӯз кудакатро мебинӣ. Боз кудак меёбӣ, хонаам пур мешавад, ғурбатам дур мешавад. Хоҳарам, ту хонаи модар дориву баргашта омадаӣ, лекин ман ҷойи рафтанӣ надорам”

Гириста-гириста рафт. Ман чизе гуфта натавонистам.

 

Як ҳафта уро надидам. Модарам бемор шуду барои дору пуламон набуд. Ба ҷуз дуо ба даргоҳи Худо, аз ягон кас умедамон ҳам набуд.
Ҳолаташ то рафт вазнин мешуд. Кӯча баромадам, хонаи он занро кофта рафтам.

Аз мо он қадар дур ҳам набудааст. Маро дида, чашмонаш барқ заданд, ба хона таклиф кард, ҳоҷати даҳон кушоданам ҳам набуд, ки хонаҳояшро нишон медоду беист ҳарф мезад, ташхиси духтур, маоши шавҳараш, …ва ғайраву ҳоказо
Баъди ором шуданаш гуфтам: “Пул надорем, дору лозим”
Фавран як миқдор маблағ бароварда доду пагоҳ хабаргирӣ меравам гуфт.
Гуфтааш барин боз омад. Модарам чизе нагуфт, аммо ман розӣ будам.
Тӯй шуд. Хонаи гарм ҳам дидам, шиками сер ҳам, муносибати инсонвор ҳам. Писарчаам бо ӯ буду ман бо шавҳараш. Ҳамеша ба ман кор меомӯхту камбудиҳоямро ислоҳ мекард ва аз хатоҳоям чашм мепӯшид. Имону исломро ҳам аз ӯ омӯхтам.

 

Фақат оби дидааш ҳеҷ хушк намешуд. Пинҳон-пинҳон гиристанашро медидам. Дардашро ҳам мефаҳмидам.  Чизе намегуфтам. Шавҳарам камбуди рузғорро фақат аз ӯ мепурсид. Бо ман дуруст гуфтугӯ ҳам намекард, аммо муносибати бад ҳам надошт, ҳамеша самимӣ буд.  Танҳо вақте хабари падар шуданашро фаҳмид, аз ман ҳам мепурсидагӣ шуд. Аммо ӯ вақте ҳис мекард, ки аз ин муносибат табъам хира шудааст, дарҳол диламро таскин мебахшиду мегуфт, ин ҳама бо инояти парвардигор пушти сар мешавад ва ба ҳам унс мегиред.

 

Гуфтаҳояш амалӣ шуданд. Беҳуда сабр калиди наҷот намегӯянд.   Дар хонаамон садои гиряи тифл баромад, гиряи он ҷавонзани зебо ба шодӣ мубаддал гашт. Мо зиндагии тифоқ, хонаи пур аз кӯдак ва муросои хубе дорем, ки ин ҳамаро бо як калима метавон ифода кард, Хушбахтӣ!

 

Акнун он ҷавонзани зебо модари фарзанди калонии ман аст. Шавҳар бошад, аз ҳардуямон. Аз ду бахти нисфӣ як бахти комилро танҳо имон метавонад пойдор созад. Он ҷавонзани боимон, ҳам хушбахтии худро аз даст надод ва ҳам маро хушбахт кард. Бо имон зистан чигуна лаззати аҷибе доштааст.

Бо умеди хушбахтӣ дар ҳар як хонадони муъминон, хоҳари имонии шумо аз Исфара.

Share This Article