“ Юбилей”и Азизмоҳ, ӯ 63 сола шуд

Ислоҳ нет

 

Номаи табрикотииИслоҳ” ба соҳибхоназани №1-и Тоҷикистон

 

  Азизмоҳ Асадуллоҳзода, соҳибхоназани №1-и Тоҷикистон имруз 17уми июл 63 –сола шуданд, ба синни пайғамбарӣ расиданд.Аз номи худам ва хонандагони пойгоҳи “Ислоҳ.нет” ва миллионҳо муҳоҷири меҳнатии СНГ ва ҳазорҳо паноҳандаву фирории тоҷик дар кишварҳои Аврупо ба соҳибхоназани №1-и Тоҷикистон саломатӣ ва рӯзгори осуда хоста хоҳиш мекунам,ки номаи маро,то охир хонда як каме бошад ҳам дар бораи модароне мисли ман паноҳандаҳо, муҳоҷирҳо ва бародарони зиёдамон,ки аз ҷабру ситами шавҳари шумо ҳоло дар зиндонҳо ҳастанд,дар кофтукоби ҷиноятӣ бо туҳмати мақомоти шавҳаратон қарордоранд, фикру андеша бикунед.

 

Намедонам,чӣ гуфта ба шумо хитоб намоям: апаи Азизмоҳ, ҳоҷимома, ҳоҷибиби,модар,апа,….Ин дигар шояд муҳим ҳам набошад.Вале ёдатон бошад шумо 63 сол қабл дар деҳаи Чапаеви ноҳияи Колхозобод, феълан Ҷалолиддини Балхӣ, дар хонаводаи колхозичиҳои оддӣ:-холаи Узбакбӣ(бале модари Азизмоҳ чунин ном доштанд) ва бобии Асадулло –тағои Эмомалӣ Раҳмон ба дунё омада будед. Намедонам аз холаи Узбакбӣ ва бобии Асадулло чанд кас ба дунё омада ва пештар,дар даврони то раиси давлат шудани шӯи шумо ба чи корҳо машғул буданд, аммо ҳоло ҳам акаи Ҳасан, ҳам  ҳоҷӣ Амирулло, ҳам ҳоҷӣ Раҳматулло ва ҳам Муҳибулло (боқимондаҳоятонро хуб намедонам) дар зери сояи давлати шумову шавҳаратон  мултимиллионер шудаанд.

 

Худи шумо ҳам дигар дар майдони пахта ба миёнатон фартук баста пахта намечинед. Вақте ки 19 сола будед ба писари аммаатон Эмомалӣ,ки дар техникуми Колхозобод як сол хонда сипас дар “морфлот” хидматро адо кард, ба шавҳар баромадед.(Инҷо чун ҷойи гап омад инро гуфтаниам,ки   шумову писари аммаатон нӯҳ нафарро зоида калон кардед, ки ҳамаашон мисли тағаҳояшон,балки бештар аз онҳо доллару тилло ҷамъоварӣ карда мултимиллиардер шудаанд, бардаму бақувватанд, Таҳминаву Озода куҳа зананд чаппа мешавад,кадом касалу бемор ҳам нестанду намешаванд,аммо барои дигарҳо никоҳи тағодухтару аммаписарро манъ кардед,як бор фикр накардед,ки чаро ба шумо иҷоза будаасту ба мардуми дигар не?) 

 

Албатт, чандин сол гов меҷушидед, оғил тоза мекардед, ахлоти говро таппак мекардед, хуб дигар ин як корҳое ҳаст,ки ба фарқ аз шумо ҳоло ҳам занҳои тоҷик,аз ҷумла дар деҳаи шумо  анҷом медиҳанд. Шояд дар ёд дошта бошед,ки вақте гуфтанд,ки акнун ва минбаъд дар Душанбе зиндагӣ мекунед, шумо гуфта будед,ки ман бо ин пову пошна дар шаҳр чӣ гуна зиндагӣ мекунам. Як куртаи ҳалол надорам.

 

Дар ин бисту ҳафт соле,ки ба Душанбе омадед,кӣ будеду кӣ шудед?Ун вақт мегуфтед,ки бо кафшҳои олуда бо шири пистони гов шарм мекунед,ки ба Душанбе оед.Туфлӣ ягон бор напушидаед.Чи тавр меравед?Ҳамсояҳои шаҳрӣ айб мекунанд. Аммо ҳоло чӣ? Муаллим Саттор Бобохонов,ки дар мактаб дарсатон додааст,аз қавли ҳамсинфатон Ашурмоҳ,ки ҳоло мудири “боғчаи бачагона” мебошад  нақл кардааст,ки ҳар гоҳе шумо ба деҳа меоед,аҷаб корҳои хубе мешавад,ки ҳатто раиси ноҳия ва вилоят аз анҷоми он оҷиз ва дасткутоҳӣ мекашанд.Масалан шумо баъди аёдат аз хонаи падар бархе аз муаллимҳоятонро ҳам зиёрат мекардаед,ки албатта ин кори хубу савоб аст.Ҳамчунин аз касалҳо дидан мекардаед.Баъд ба хонаи хешу табор рафта аз камбуди мардум пурсида ва онро руихат карда ,маълумотҳоро мушаххас карда супориш ва амр медодаед,ки ислоҳ кунанд, ёрӣ бирасонад.Намедонам, ростӣ, ки хешу таборҳои шумо чӣ касонанд, ки фавран супоришҳои шуморо иҷро карда камбудии мардумро рафъ мекардаанд. Фақат медонам,ки зани генерал Шералӣ Сабз ҷиянатон будааст, ки гуфта мешавад,додараш дар Русия бо 180 кило героин ба даст ғалтида буд. Ва,як додари мултимиллионератон Муҳибулло бозори як тоҷирро дар Шаҳритуз бо зӯрӣ кашида гирифт ва  зану марди соҳиби бозорро ба зиндон афканд.То аз даъвои онҳо халос шавад. Инчунин чандин духтари ноболиғи Шаҳритузиро ба номусашон таҷовуз кардаасту,боз ношармида мегуяд “номард бошу зинда бош”. Агар бовар накунед ба Озода гуед аз ютуб бароятон ин ҳамаро ёфта медиҳад,худатон тамошо кунед он ҳама ҷиноятҳои анҷомдодаи додаракатонро.

 

Ба  назарам менамояд,ки шумо аз ин гуна корҳо огоҳии комил доред.Аз онки Ҳасани бародаратон бар сари Талко об рехт, аз онки Амируллои бародаратон  қариб буд,ки сохтмони Роғунро бо сименти пастсифат хароб созад, аз онки ҳоҷӣ Раҳматулло ва Амон миллионҳои “Барқи тоҷик”-ро ба ҷайб зада ин корхонаро муфлис кард,шояд бохабар бошед. Чи хел хабар надоред? Нағз медонед. Аз корҳои Фирузаву  Озодаву Таҳминаву Парвинаву Рухшонаву Заррина ва шавҳарони онҳо ҳам ки дуздиву тозӣ карда бонкҳоро муфлис карда,роҳи халқро пулакӣ карда,симкорту паспорт ва номери мошинфурушӣ карда,хуллас  ҳамаҷойҳои даромадноки Тоҷикистонро дар дасти худ гирифтаанд, хуб огоҳӣ доред.

 

Боварам намешавад,ки бигӯям шумо дигар мисли холаи Узбакбии модаратон,ки ҳалиму вазнин буданд, нестед.

 

Хушдоманатонро ҳам,холаи Майрамро фаромуш кардаед.Дар бораи язнаатон ва хусуратон бобои Шариф ҷойе гап нест. Мисле,ки аз он кас намехоҳед касе ҳатто ном бубарад. Шавҳаротон аз фамилияаш номи падарашро берун кард. Ҳар хел гапҳо мезананд дар ин бора.Хуб даҳани мардума баста намешавад ҳоҷиапа,чикор кунем.

 

Имрӯз барои шумо рӯзи ид аст. Дастархони калон кушодаед. Ба шумо домодҳо, бародарҳо, духтарҳо ва боз 1001 хушомадгуи дигар савғо,ҳадя ва анъом меоранд. Ҳоло аз ин дуриҳои дур истода тасаввур мекунам,ки шумо пироҳану лозимӣ ва рӯмол доред,лабонатон пури ханда ва дар гирди дастархони пур аз анвоъи хурданӣ, ширу мурғу ҳатто лозим бошад ҷони одамҳам ҳаст,нав ҷони 14 зиндониро шавҳаратон гирифт, кайф карда истодаед. Рустаму Сомон ва Эмомалӣ ҳам ҳастанд. Хулоса,хонаводаи рақами як ҳама ҷамъед. Пулдорҳои асосии Тоҷикистон :Зоир, Ҷамолиддин , Шамсулло, хуб боқии домодҳо,Ҳасану Амирулло, Муҳиб, Амон ва боқии додарҳоятон ҷамъанд ва дар ҳаққи шумо дуъо мекунанд.

 

Охир ин ҳама дору мадори онҳо аз пушти шумо аст.Пас ҳар зулму ситаме онҳо ба мардум мекунанд,дар назди Аллоҳ шумо ҷавоб мегуед.Зеро онҳо худро бе ҷазо медонанд ва ҳар коре хоҳанд мекунанд ва шуморо ҳимоятгарашон меҳисобанд.

 

Дуъо гуфтаму инҷо як гапи Абдуллоҳи Муҳаққиқ ба ёдам омад. Ин милисаи собиқ як бор пешниҳод кард,ки азбаски шумо аввалин зане аз Осиёи Марказӣ ҳастед,ки дар даруни Каъба намоз гузоридаед ,шуморо лидери занони мусалмони Осиёи марказӣ эътироф намоянд.Хуб,намедонам чаро ин пешниҳод амалӣ нашуд. Худатон нахостед,ки мисли Эмомалӣ,ки худро пешво эълом кард,шумо пешвои занҳо мешудед? Вале ба ҳар сурат шумо хуб кардед,ки дигар костюму юбка напушидед ва пайкари худро бо либоси миллӣ пушонидед. Ёдам ҳаст,ки як бор ҳини сафр ба Чин ҳамроҳи Эмомалӣ ҳаминтурин формаи  юбкадор пушида будед. Баназарам ба худатон ҳам нафорид,ки дигар напушидед.

 

Хайр ин ҳам ҳамту дар омади гап буд. Аммо аз шумо як хоҳиши майдаҳак дорам ва боз хоҳишҳои дигар. Ҳарчи молу манол ва пулу пайсае,ки имруз бароятон анъом медиҳанд, бареду фурушеду пулашро барда ба хонаводаҳои ҳамон 14 маҳбуси нони пупанакзада хурда,ки мурданд, бидиҳед.Зеро имрӯз дурӯғроскуни шавҳарат тасдиқ кард онҳо бо нони пупунакзадгӣ мурданд. Савоб мегиред. Ба ҳабсхонаҳо, махсусан ҳангоми этап, ёриву кумак расонед. Ба Эмомалӣ фаҳмонед, ки ба сатру ҳиҷоб ва куртаву румолу поҷомаи занҳои тоҷик ин қадар чаққа нашавад. Ҳамин Фирӯзаву Таҳминаву махсусан Озода лич карда мегарданд бас аст.

 

Аммо аз шумо як хоҳиш,балки як пешниҳод дорам.Ҳамин қадар сол хӯрдеду ҷамъ овардед, бас нест? Куртаву туфливу шалвору,либосу, ҷуробе,ки ҷамъ кардаед ва агар бар болояш аз они духатрҳову занҳои бародарҳоро илова кунем магарам эшелони поезд даъват кунем,бас нест чӣ?

 

Ин қадар пулу доллару тиллову тангае,ки ҷамъ кардед, кофӣ нест? Ман орзу мекунам,ки шуморо дар соли дигар на дар Душанбе,дар Данғара бубинам,ки гову молу бузу бузғолаҳотонро обдиҳӣ бурда истодаед. Қишлоқ ба ёдатон намезанад? Равед хонаи  момаи  Майрам, чироғаша даргиронед.  Бигзоред мардум ҳам рӯзу рушноӣ бубинанд. Дар Тоҷикистон фақат шумову бачаҳову додмоду додару умуан авлоди шумову Эмомалӣ кайф карда гаштед.

 

Аз шумо хоҳишам ин аст ки ден рождениии соли яондаро дар Данғара ҷашн гиред.

 

Вале хоҳиш ва исрорам ин аст ки нагузоред,ки шавҳаратон фирефтаи чанд магаси гирди ширинӣ шуда ҳам боқии умри худ ва ҳам умри ҷавони Рустамро барбод дода ӯро президент созад.

Шумо модар ҳастед ку? Дилатон магар гувоҳӣ намедиҳад,ки халқ ҳоло сахт безобита мебошад.Маро дуруст дарк кунед. Як бори дигар табрикатон мекунам, садсола шавед!Аммо шавҳаратонро,ки ҳоло дигар ба таври солиму дуруст фикр ронда наметавонад аз ният ва нақшаи фалокатовараш бар сари пеш аз ҳама хонаводаи худи шумо, кулли авлодатон, набераҳо баргардонед.

Ин навиштаро чандмаротиба бо диққат бихонед

Аскар Акаев ва писараш Айдарро,Қурмонбек Боқиев ва Максими писарашро ба ёдаш оваред, Муаммар Қазофиву писаронашро ба ёдаш оваред, Саддом Ҳусайну писарони кушташудааш,Умар Ал-Баширу Абдулазиз Бутафлиқаро ба ёдаш оваред. Ҳатто халифаи Усмонӣ Абдулҳамиди сонӣ (раҳ) ро,ки мулкаш нисфи олам буд.Пас аз инки ӯро аз тахт сарнагунаш карданд,ҳамасри халифа Бедор Султон ва духтараш Наъима Султон дар ресторанҳои Порис косаву табақ мешустанду рӯз мегузарониданд.Часади яке аз писаронашро барои қарздорӣ калисо гирифт,то мардум пул ҷамъ карда надоданд ҷасадро надоданд.Ҳазорҳо мисолҳои торихӣ бароятон метавонам биёрам,ки пас аз подшоҳи ва маликагӣ ба чунин рӯзҳои баде дучор гаштанд.Инҳама бояд ба шумо панде бошанд ҳоҷибибӣ.

Нагузоред, ки на худаш ва на Рустам дар интихоботи оянда иштирок кунанд. Беҳтар мисли Қазоқистон кунед.Дар ин ҳолат ҷамъ кардаатонро хӯрда метавонед. Вагарна ин ҳам заҳру заққум дар бадани ҳамаатон мешавад.Насиб намекунад.Ман як насиҳатгарам ва агар кардед ба суди шумост,накардед сарнавишти он бологуфтагиҳоямро мебинед.

 

Ин гапро ҳамин шаб номонда ба шавҳаратон фаҳмонед. Шишаи арақро аз дасташ кашида гиред. Гуед,ки “трезва” фикр кунад. Гуед,ки  бас аст бо зани раиси давлат ҳамхобагӣ. Дигар бояд рафт ба Данғара, Данғара хеле обод шуда аст. Обу гарму хунук ҳам дорад хонаҳояш. Васияти холаи Марям иҷро шуд. Данғара Душанбе шуд, бо чӣ мефорад, худрову халқро осуда кунед. Хоҳиши ман ҳамин аст ки ин гапро ҳамин шаб номонда расонед, ки президентӣ бас. Ба дили халқ задаем.

 

Парда Қосиму Давлатмандро даъват кунед, суруди “Шаб ба хайр”-ро барояш бихонанд.Боз Парда Қосима наёреду “Тоҷикистон аз манӣ”-ро хонад.Агар талабҳам кард Эмомалӣ пешаки гуед ин шеърро нахонад,ки ин шеър ӯро намемонад аз қудрат равад ва шуморо осуда кунад.Аммо ман ба шумо бояд бигуям,ки ин хоҳиш, хоҳиши танҳо як ман нест. Хоҳиши тамоми халқи Тоҷикистон аст,ки Эмомалӣ бояд биравад, ором бе ягон ҷангу хунрезӣ. Фақат шумо онро ҳамин шаб, хона, ки хилват шуд,бигуед.

Боқӣ саломат бошед! То рузи таваллуди дигар дар … Данғара.

 

Дар фурсати муносиб навори ин табрикномаро тақдими шумо азизон ва апаи Азизмоҳ мегардонем

 

 

Share This Article