ЗИҲОР ДАР ШАРИЪАТ ЧИ ҲУКМЕ ДОРАД?

Ислоҳ нет

ЗИҲОР ДАР ШАРИЪАТ ЧИ ҲУКМЕ ДОРАД?

( МОНАНД СОХТАНИ МАРД ҲАМСАРАШ РО БА МАҲОРИМАШ)

(БАХШИ НУҲУМ)

Зиҳор дар назди фақеҳон иборат аз он аст, ки шавҳар занашро ва ё узве аз аъзои ҳамсарашро ба яке аз маҳрамҳояш, монанд намояд.

Мехоҳам қабл аз онки ин ҳукмро баён намоям онро бо қиссаи маъруфе,ки дар ин масала омада аст оғоз намоям то хонанда донад.Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло читавр сухани ин занро шунид ва ин ҳукмро барояш нозил намуд,ки ин барои моҳам татбиқ мегардад Он қисса ва сабаби нузули ин оёт ва ҳукми 
Зиҳор чунин аст.

Қисса ва шаъну-н-нузул

Хавла бинти Саълаба (раз),ки ҳангомеки шикоят намуд ба Паёмбари акрам(с) дар робита ба мавзуъӣ “Зиҳор”,ки шавҳараш Авс ибни Сомит (раз) ба ӯ гуфтааст “Ту ба ман мисли пушти модарам боши” Ин сухан дар айёми ҷоҳилият талоқ маҳсуб мегашт. Шахсе мехост ҳамсарашро талоқ диҳад барояш чунин мегӯфт ва бо ҳамин аз якдигар ҷудо мешуданд. Вақте чунин суханро шунид Хавла бинти Саълаба (раз) каме нишаст зеро шавҳараш пас аз ин сухан ғазабнок аз наздаш хориҷ гашта буд. Гуфт ман ором наменишинам то ба назди Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам ) наравам то масъаларо барояш нарсонам. Аллоҳ ва Расулаш миёни мо ҳукм намояд ва онҳо бешак беҳтарини ҳукм кунандагонанд.Чун моҷароро ба он ҳазрат (с) расонид ва он ҳазрат (с) дар оғоз гуфтанд то онҷое медонам шумо ба шавҳаратон ҳаром гаштаед.Вале Хавла бинти Саълаба (раз) даст бардор набуд ва бо исрор мегуфт охир писаре дорем ҳоли ӯ чӣ мешавад? Вале посухи дигаре намешунид аз он ҳазрат (с).Билохира Хавла Бинти Саълаба (раз) ноумед нагашт мисли мо имрӯзҳо дар ҳол ноумед мешавем аз чизе аз коре. Даст бардошт бо оби чашм ва дили маҳзун ва чунин гуфт: “Эй Аллоҳ ман ба ту шикоят мекунам ту медони чӣ бар ман гузашт ба ҳоли ман раҳм кун…..” Дастонашро аз дуъо поён накарда буд,ки ҳолати ваҳи бар Расули акрам (с) сурат гирифт. Пас аз он Хавларо даъват кард ва чунин гуфт: Эй Хавла ба таҳқиқ Аллоҳ бар ту ва бар шавҳарат (ояҳое аз ) Қуръон нозил кард ва ин Сураи Муҷодаларо барошон тиловат намуд.

Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар Қуръони карим дар Сураи муборакаи Муҷодила мефармояд:
بسم الله الرحمن الرحيم
1. قَدْ سَمِعَ اللَّهُ قَوْلَ الَّتِي تُجَادِلُكَ فِي زَوْجِهَا وَتَشْتَكِي إِلَى اللَّهِ وَاللَّهُ يَسْمَعُ تَحَاوُرَكُمَا إِنَّ اللَّهَ سَمِيعٌ بَصِيرٌ 
2. الَّذِينَ يُظَاهِرُونَ مِنكُم مِّن نِّسَائِهِم مَّا هُنَّ أُمَّهَاتِهِمْ إِنْ أُمَّهَاتُهُمْ إِلاَّ الَّلائِي وَلَدْنَهُمْ وَإِنَّهُمْ لَيَقُولُونَ مُنكَرًا مِّنَ الْقَوْلِ وَزُورًا وَإِنَّ اللَّهَ لَعَفُوٌّ غَفُورٌ 
3. وَالَّذِينَ يُظَاهِرُونَ مِن نِّسَائِهِمْ ثُمَّ يَعُودُونَ لِمَا قَالُوا فَتَحْرِيرُ رَقَبَةٍ مِّن قَبْلِ أَن يَتَمَاسَّا ذَلِكُمْ تُوعَظُونَ بِهِ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرٌ 
4. فَمَن لَّمْ يَجِدْ فَصِيَامُ شَهْرَيْنِ مُتَتَابِعَيْنِ مِن قَبْلِ أَن يَتَمَاسَّا فَمَن لَّمْ يَسْتَطِعْ فَإِطْعَامُ سِتِّينَ مِسْكِينًا ذَلِكَ لِتُؤْمِنُوا بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ وَتِلْكَ حُدُودُ اللَّهِ وَلِلْكَافِرِينَ عَذَابٌ أَلِيمٌ 
Тарҷума:

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
1.Худо сухани занеро, ки дар бораи шавҳараш бо ту ба муҷодала омадааст ва ба Худо шиква мекунад, шунид. Ва Худо гуфтугӯи шуморо мешунавад, ҳаройна, шунавою биност!
2.Аз миёни шумо касоне, ки занонашонро зиҳор (монанд кардани яке аз узвҳои зан бо узви модар, ки навъе аз қасам аст) мекунанд, бидонанд, ки занонашон модаронашон нашаванд, модаронашон фақат заноне ҳастанд, ки онҳоро зоидаанд ва сухане нописанду дурӯғ аст, ки мегӯянд. Ва ҳаройна, Худо аз гуноҳон ҳатман, даргузаранда аст ва омурзанда аст!
3.Онҳое, ки занонашонро зиҳор мекунанд, он гоҳ аз он чӣ гуфтаанд, пушаймон мешаванд, пеш аз он ки бо якдигар тамос (мулоқоти зану шавҳарӣ) ёбанд, бояд ғуломе озод кунанд. Ин пандест, ки ба шумо медиҳанд ва Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст!
4.Аммо касоне, ки ғуломе намеёбанд, пеш аз он ки бо якдигар тамос ёбанд, бояд ду моҳ пай дар пай рӯза бидоранд ва он кӣ натавонад, бояд шаст мискинро таъом диҳад. Ва ин ба он сабаб аст, ки ба Худову паёмбараш имон биёваред. Инҳо ҳудуди Худост. Ва барои кофирон азобест дардовар!
(Сураи Муҷодала,оятҳои 1 -4)

Бале хонандаи гиромӣ ин оят асоси ин ҳукми Илоҳӣ мебошад.Ин оят дақиқан шаънуннузулаш ин қиссае буд,ки дар боло онро баён доштам.Вале бояд инро бидонем,ки то ҳол ин ҳукм вуҷуд дорад ва онро дар зер шарҳ менамоям то онро ба хуби бидонед.

Асли Зиҳор.

Қабл аз ислом дар рӯзгори ҷоҳилият ҳар шахсе ҳамсарашро дӯст намедошт ва ӯро мехост муъаллақ бигузорад чунин мегуфт. Бо маҳоримаш узве аз ӯро монанд мекард ва бо ин занонро муъаллақ мегузоштанд. Аммо ислом ин масъаларо ботил кард ва барои шавҳар муқарар намуд,ки бо додани каффора дубора ба занаш баргардад ва зиндагони намоянд.
Зиҳор ҷор аркон дорад.

1.Алмазоҳир: Шавҳар аст.

2. Алмазоҳар минҳо: Зан аст.

3. Лафзеки мегӯяд: Лафзе бошад,ки онро шавҳар бигӯяд ва он далолат бар Зиҳор кунад.

4.Монанд сохтан: Ҳар занеро ба ҳамсараш мард монанд созад,ки ҳамхоба шудан барои мард ҳаром бошад мисли Модар,хоҳар,духтар,амма,хола ва…

Зиҳор бо навъҳои гуногӯн мебошад.

1.) Зиҳори мунҷиз:Ин зиҳор воқеъ мегардад агар мард ба ҳамсараш гӯяд “Пушти ту ба монанди пушти модарам аст”

2.) Зиҳори муъаллақ чунин аст “Ҳангомеки моҳи Рамазон дохил шуд то охираш ту ба монанди рони пойи модарам боши”

3.) Зиҳор воқеъ мегардад агр бигӯяд “Ту ба монанди шиками духтарам,хоҳарам ,аммаам,холаам боши” Вақт муъаян накард инҷо ҳукм сурат мегирад барояш наздик гаштан иҷозат нест.
Ҳукмаш чунин аст агар Зиҳори мунҷиз бошад вақте муъан накарда бошад дар ин ҳолат барояш ҳаром аст ҳамсараш то каффорашро напардозад.Агар Зиҳори муъаллақ бошад дар он моҳи муъаян кардааш ҳаққи наздик шуданро надорад вале вақташ ба охир расид барояш бе кафффора ҳалол мегардад.

Шахсе агар бар ӯ Зиҳор сурат гирифт
Ду ҳолат дорад.

1.) Ҳаром аст наздик шудан ба ҳамсараш то инки каффораашро пардохт накунад.Инчунин ҳаром аст қапдан,бӯсидан амсоли инҳо то пардохти каффора.

2.) Воҷиб мегардад каффора бар мард он ҳангом ба занеки ӯро зиҳор намудааст.Ҳангомеки наздик шудан хост ё ӯро қапид ,бӯсид.Бояд ба сӯй Аллоҳ баргардад истиғфор намояд тавба кунад ва каффораашро пардозад.Ҳукмаш ин оят аст 
Онҳое, ки занонашонро зиҳор мекунанд, он гоҳ аз он чӣ гуфтаанд, пушаймон мешаванд, пеш аз он ки бо якдигар тамос (мулоқоти зану шавҳарӣ) ёбанд, бояд ғуломе озод кунанд. Ин пандест, ки ба шумо медиҳанд ва Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст!
(Сураи Муҷодала,ояти 3)

Баёни Зиҳор бо чанд мисол

1. Аз ҳар шахсе, ки талоқаш сиҳат дорад, зиҳораш низ дуруст аст ва аз ҳар касе, ки талоқаш сиҳат надорад, зиҳораш ҳам дуруст нест;

2. Дар зане, ки зиҳор бар вай воқеъ мегардад, фақат як чиз шарт аст ва он ин аст, ки никоҳи он зан бо шавҳаре, ки зиҳор менамояд, никоҳи шаръӣ бошад.Масалан ба зане қабл аз никоҳи шаръи чунин суханон,ки мисли модарам боши,мисли хоҳарам бошӣ амсоли инҳо зиҳоре сурат намегирад.Метавонад он зан ва ё духтарро ба никоҳаш дароварад агар гуфта бошадҳам дар гузашта қабл аз никоҳ.

3. Зиҳор вақте амалӣ меёбад, ки шавҳар, ҳамсарашро ба яке аз занҳое, ки бо вай ба таври абадӣ ҳаром аст, монанд намояд ва таҳрими абадӣ дар боби никоҳ ба тафсил гузашт. Масалан, барои ҳамсараш бигўяд, ки «ту монанди модарам ҳастӣ ва ё монанди хоҳарам ҳастӣ ва ё монанди духтарам ҳастӣ ва ё бошӣ» ва мисли инҳо;

4. Агар узве аз аъзои ҳамсари худро ба узве аз аъзои маҳрамҳои худ монанд намуд, боз ҳам зиҳор вокеъ мегардад. Масалан, барои ҳамсараш бигўяд, ки «рони ту монанди рони модарам мебошад ва ё шиками ту монанди шиками хоҳарам мебошад ва ё камари ту монанди камари аммаам мебошад», ба ҳар яке аз ин лафзҳо, зиҳор воқеъ мегардад;
5. Дар зиҳори узв, монанд кардан ба узве бошад, ки дидани он барои шахси зиҳоркунанда ҳаром бошад. Монанди шикам, камар, рон ва мисли инҳо ва агар монанд кардан ба узве, ки диданаш барои шахси зиҳоркунанда ҳалол аст, сурат гирифт, зиҳор зиҳор гуфта намешавад. Ба мисли монанд намудан ба рўй, ба даст, ба мўй ва ба мисли инҳо.Масалан мӯят мисли мӯйи хоҳарам ҳаст,рӯят мисли холаам аст ва он аъзоеки дидани онҳо барои ғайри маҳрам иҷозат аст.
6. Агар касе ба ҳамсараш гуфт, ки монанди модарам ба ман ҳаром ҳастӣ, аз ин каломаш ҳар ниятеро, ки аз талоқ ва зиҳор ва ийло дошта бошад, ҳамон чиз воқеъ мегардад, яъне агар нияти талоқро дошта бошад, талоқ ва агар нияти зиҳорро дошта бошад, зиҳор ва агар нияти ийлоро дошта бошад, савгандхўрӣ воқеъ мешавад ва агар нияти чизеро надошт, зиҳор воқеъ мешавад;

7. Агар касе аз ҳамсараш зиҳор кардааст, то вақте, ки каффора надодааст, набояд бо вай ҳамхобагӣ намояд;

8. Касе, ки аз ҳамсараш зиҳор кардааст, агар пеш аз каффора додан, бо вай ҳамхобагӣ кард, бояд аз Худованд (ҷ.ҷ) омўрзиш бихоҳад ва ба ғайр аз ҳамон каффораи аввал, чизи дигаре бар вай лозим намегардад;

9. Каффораи зиҳор, ба сухани ошкори Қуръони карим, яке аз ин се чиз аст:
а) Озод сохтани ғулом;
б) Рўза гирифтани ду моҳ пайиҳам;
в) Таъом додани шаст бечораи камбағал;

Воҷиб будани ин се чиз ба ҳамин тартибе аст, ки зикр гардид, яъне агар қудрат дорад, бояд ғуломеро озод намояд ва агар қудрат надорад, ду моҳ пайдарпай рўза бигирад ва агар қудрат надорад, шаст камбағалро таъом бидиҳад.
Умед аст Зиҳорроҳам фаҳмидед ва агарчи дар мардуми мо чунин чизе хело кам аст вале бозҳам барои ҳар мусалмон фаҳмидани ин аҳком зарури аст.

Мақолаи баъди Хулъ мебошад,яъне читавр зан аз шавҳареки ӯро намехоҳад аз ӯ ҷудо гардад.Шариъат барои мардҳо талоқро додааст ва барои занҳо Хулъро.Ин мавзӯроҳам хоссатан занҳо дунбол намоед то ҳуқуқҳои шаръии худро дар ин масалаи муҳим фаҳмед 

Share This Article