Зиндагиномаи Имом Муҳаммад ибни Алии Шавконӣ (раҳ) (бахши аввал)

Ислоҳ нет

 

(бахши аввал)

Баъд аз гузашти ҳазору дусад сол Худованд шахсонеро муваффақ гардонид, ки масири инсониро дуруст намуда барои мусалмонон роҳи ростро, баъд аз гузашти асрҳо тибқи манҳаҷи саҳеҳи пешиниён ва нухбагони садри ислом, баён доранд.Сабаби муаррифии ин имоми Аҳли Суннат пурсишҳои хонандагон аст,ки дар мавриди ин имом аз мо савол намудаанд.Чун номашро дар кутуб ва таълифоташро мехонанд аммо намедонанд ӯ чӣ касе аст.Ман дар муаррифии ин имом ҳеҷ чизеро ногуфта намегузорам.Чунонеки шахсияташро барои шумо муаррифӣ менамоям, ақида ва дидгоҳи шахсии ӯ таҳсил ва чӣ гӯна фарогирифтани илмашро ва санои уламо бар ӯ,устодон ва таълифоташро низ,то ҷойи имкон тақдиматон менамоям.

Аллоҳ ҷалла шаънуҳу Имом Шавкониро бо роҳи рост поймудан муваффақ гардонида барои анҷоми корҳои бузург ўро тавфиқ дод, ки танҳо барои бузургмардон онро насиб мекунад. Ин неъматест аз ҷониби Худованд ки барои ҳар касе ки хоҳад аз бандагонаш медиҳад. Имом Шавконӣ ба иҷтиҳод ва тарки тақлиди куркурона даъват намуда чанг задан ба ақидаи гузаштагони солеҳи умматро шиъори худ қарор дод. Ў ҳаёти худро ба ин даъват бахшида дар ин роҳ китоб ва рисолаҳои зиёда таълиф намуд, ки баъзе онро зикр мекунем:

1- «Ат-туҳаф фи мазоҳабис-салаф».

2- «Кашфуш-шубуҳот фил-муштабаҳот».

3- «Иршодус-сиқот ило иттифоқиш-шароиъи алат-тавҳиди вал-маъоди ван-нубувват».

Ва дигар китобу рисолаҳое, ки дар сар то сари олами исломӣ нашр шудаанд. Имом Шавконӣ ҳамаи роҳҳоро, ки маълумотро ба мардум мерасонад тай намуда ба хулосае омад, ки пешаи тадрис ба фаҳм ва тафкир наздиктар аст, биноан ин касбро пешаи худ сохт барои ризои Худо беаҷр ба тадрис машғул шуд. Ў дар ин бора гуфтааст: «ман илмро бепул гирифтам ва ҳамчунон нафақааш мекунам». Маҷолҳои зиёде барои мулоқот бо мардум ва расонидани маълумот бо эшон буд ва дар ҳамин роҳ пешаи фатворо ба душ гирифт, ба мардум фатво дод. Баъд аз он ба маносиби қозиги дар давлат нишаст ва дар муддати шуғл варзиданаш беҳтарин намуна барои як қозии мамлакат буд. Бо дарназардошти нобиғагии Шавконӣ дар бисёр бахшҳо ва хидматҳои арзандааш, ки барои мусалмонон ва инсоният пешниҳод намудааст, бисёре аз уламо ўро аз муҷаддидони исломи дар асри сездаҳи ҳиҷри хонданд.Ӯ дар зери сиёсати ҳукумате зиндагонӣ менамуд,ки мазҳаби Зайдияро пайравӣ мекарданд.Дар зери чунин як низоми ҳукм соҳиби волотарин мақоми ҳукми шаръ яъне қозигӣ шуд.Дар ислоҳи ақидаи онҳо заҳматҳои беандозае кашид ва ба натиҷаи дилхоҳеҳам расид.Расиданаш ба мақоми қозигӣ тамоми роҳҳоро барояш дар густариши ақидаи солими Аҳли Суннат фароҳам овард.Ҳокими кишварро машваратҳои лозима медод ва ҳокимҳам ба машваратҳои Имом гӯш мекарду итоат менамуд.Имом маҳорати сиёсии хубеҳам доштанд.Аз соли 1045 ҳокимони Зайди аз зери итоати хилофати Усмонӣ хориҷ шуда буданд.Тибқи мазҳаби худ амал мекарданд ва чун султа зери дасташон буд ҳар коре мехостанд мекарданд.Имом мегӯяд таваҷҷуҳи ҳукумати Зайдӣ ба уламои яман аз ин хотир хуб буд,ки ҳукуматро дар муқобила бо усмониҳо кумак карданд ва ҳукуматҳам ба масоили динӣ аз ин уламо ҳимоят мекарданд.Зиракии сиёсии Имом Шавконӣ дар асри худаш хело ба мавқеъ ва сутуданист. Масалан дар соли 1224 ҳ.қ Имом Мутаваккил Ал-Аллоҳ Аҳмад бин Имом Ал Мансур қудратро бо қувват аз падари худ гирифт ва худро ҳоким эълон кард.Ҳама мунтазир буданд натиҷа чӣ мешавад.Имом Шавконӣ аввалин шуда бо ӯ байъат намуд ва дигаронҳам пас аз ӯ бо Аҳмад байъат намуданд ва ҳоким шуд.Инҷо масъалаи писару падарӣ набуд ва ин инқилоби писар бар алайҳи падар авоқиби вахими диграеро дар пай дошт. Чун дар пушти падараш бародарони бузургтар аз ӯ ва амакҳояш местоданд.Ба ин ҳама нигоҳ накарда байъат кард ва бе хунрезӣ ҳукмумат тағйир кард.Бале маҳз чунин зиракии сиёсӣ доштанаш буд,ки дар вазифаи қазо муддати чилсол нишасту ба ин дин ва уммати исломӣ дар умум хидмат кард.

Насаби Ӯ

Номи ӯ: Муҳаммад ибни Алӣ ибни Муҳаммад ибни Абдуллоҳ Аш-Шавконӣ, Ас-Санъонӣ аст.

Падари ў Алӣ ибни Муҳаммад буда насабаш ба Зайд ибни Каҳлон ибни Сабаъ мерасад. Пас ў араби Яманист,лақабаи ў ба он шуҳрат ёфтааст ва гоҳ гоҳе ӯро Бадруддин Шавкониҳам мегӯфтаанд. Шавконӣ барои он мегӯфтандаш,ки нисбат ба деҳаи зодгоҳаш, яке аз деҳаҳои Саҳомия аз қабилаҳои Хавлон мебошад, онро «ҳиҷрати Шавкон» меноманд. Дар вақти нисфирўзии рўзи душанбе, бистуҳаштуми Зулқаъдаи соли 1173 ҳиҷрӣ мутобиқи 1760 мелодӣ дар деҳаи «ҳиҷрати Шавкон ба дунё омада баъдан дар синни хурдсолиаш ҳамроҳи оилааш ба шаҳри Санъои Яман омадааст».

 

Нашъунамо ёфтани ў

 

Шаквонӣ дар оилаи худ нашъунамо ёфта ва дар он бузург шудааст. Оилаи ў ки аз аҳли илму адаб буд дар аҳди Имомони Зайдия соҳиби маконати бузурге буд. Падари ў аз зумраи уламои бузург буд ва ҳаёти худро ба таълиму тарбияи писараш бахшид.Агарчӣ сармоядор ва дорои заминҳо ва тиҷоратҳо буд,ба писараш иҷозаи кору фаолиятро дар ин ҷода надодааст.Танҳо дар роҳи илм омӯзӣ,таълим ва таъаллум ӯро машғул намудааст.

Шавконӣ Қуръони карим ва бисёре аз аҳодиси Набавӣ ва фиқҳу илми луғатро дар синни хурдсоли аз худ намуда буд. Падари ӯ барои писараш тамоми шароитро барои омузиши илм муҳаё сохта буд ва худаш барои писараш намунаи олие буд дар ҳамаи аъмоле , ки анҷом медод. Ӯ мусалмоне буд, ки ҳақи Аллоҳ ва Расул ва ҳаққи шариъатро ба ҷо меоварду пойбанд буд.

Ҳаёти таълимии ӯ

Муҳаммад дар ибтидо дар хурдсолиаш Қуръонро ҳифз намуд. Баъд аз он китобҳои илмии гуногунро аз китобҳо ҳифз намуд, ки асо ё иттикое барои илм ва маърифаташ дар оянда бошад. Баъд аз он ба талаби илм шуруъ намуда назди падараш ва дигар уламои замонаш улуми мухталифи динӣ, луғавӣ, ақлӣ, риёзӣ ва ғайраро омухт. Ў ҳамеша мувозиби дарсҳояш буду онро ба пурраги ҳифз мекард. Ў ҳиссаи бузурге аз илмро аз худ намуд, ҳатто дар бораи ў гуфтаанд: Ў манбаъи илму маърифат аст. Ў бар улум ва фунуни мухталиф иттилоъ ёфт ва ин ҳақиқат ўро бар тарки таассуби мазҳабӣ ва тақлид мусоидошт намуд. Ў улуми муҷаддидин ва муслиҳини умматро монанди Имом Абуҳанифа (раҳ) Имом Молик (раҳ), Абуҳомиди Ғазолӣ(раҳ) ва ғайра аз худ намуда ва фаро гирифта буд. Ҳамаи онҳо муҷадид буданд ва Имом Шавконӣ низ аз ҷумлаи муҷадидини асри худ маҳсуб меёфт. Ў меросбаранда ва идомаи силсилаи он уламо ва пешвоён буд. Ба таври равшан маълум гардида буд, ки дар асри Шавконӣ ё қариб ба асри ў муҷаддидин вуҷуд доштанд ва эшон: Муҳаммад ибни Исмоили Амир, Солеҳ ибни Маҳдии Мақлӣ, Ҳусайн ибни Аҳмади Ҷалол ва Иброҳим ибни Муҳаммади Вазир буданд. Ин далолат мекунад, ки Шавконӣ натанҳо аз уламои собиқ ва номдор, балки аз ҳар олими донишманд ва моҳир сабақи илм мегирад гарчанде ҳамсари ў бошад.

Шавконӣ ҳангоми талаби илм инчунин ба тадрис машғул мешуд. Ў рафиқони толибилми худро сабақ медод. Ривоят мекунанд, ки дарсҳои ў дар як шабонарўз қариб сездаҳ адад будааст. Баъзеи онро аз устодонаш мегирифтааст ва баъзеашро шогирдон аз ў мегирифтаанд. Шавконӣ аз талаби илм назди уламо ва муфакирину донишмандони шаҳри Санъо фориғ шуд ва ба тадрис пардохт. Яке аз шахсоне, ки аз ӯ ривоят кардааст мегўяд: «Шавконӣ ба талаби илм аҳамияти зиёд медод, лекин аҳамияти ў натанҳо ба толибилмонаш буд, балки барои нашри илм байни эшон ва даъват ба сӯйи он кушиши зиёд мекард». Инҷост,ки мебинем Шавконӣ худро барои тадриси толибилмон фориғ мекунад ва касе мисли ӯ дар тадрис ва адои воҷиботаш нисбат ба толибилмоне, ки назди ӯ меоянд фаъол набудааст. Шогирдони Имом чунон зиёд буданд, ки рӯзона зиёдтар аз даҳ дарс аз фанҳои мухталиф ба эшон тадрис мекардааст. Шавконӣ ба тадриси улуми динӣ ва луғавии дар он замон маъруф иктифо накарда мавод ва фанҳои дақиқеро тадрис мекардааст, ки камтар аз уламо дар он вақт ба он аҳамият медоданд, монанди риёзиёт, фалак ва ғайра. Масъалаи дарёфти ризқу рӯзӣ Шавкониро ҳаргиз ба худ машғул насохтааст. Худованд онро барояш кафолат дода, то ки вақташро ба илм ва суҳбати уламо фориғ дорад. Ҳангоме, ки синнаш каме боло рафт фазои илмии муносибе ёфт, ки улуми мухталифро ба ў таълим медод ва ба ашхоси боэътимоде ҳамсуҳбат мешуд, ки ӯро ба роҳи таълими зоти вомедошт. Инро мо аз суханони устоди ӯ Ҳасан ибни Исмоили Мағрибӣ мушоҳида мекунем, ки аз Имом Шавконӣ сўҳбат карда мегуяд: Ӯ назди ман зиёд меомад ва дар талаби илм бо китобҳояш маро кўмак мекард. Ӯ аз ҷумлаи касонест, ки маро барои шарҳи китоби «Ал-Мунтақо» раҳнамои дод. Дар ҳоли ҳаёташ ба шарҳи он пардохта баъди вафоташ онро ба итмом расонидам. Он чизе, ки бисёр дар набуданам зикр мекард ин буд, ки ӯ метарсид, ки ман ба аворизи илм рў ба рў шуда аз машғул будан бо илм дур мемонам. Ва гумону пешгуии ӯ рост баромад. Ман баъд аз як сол аз вафоташ ба қазо мубтало шудам. Шаҳри Санъо дар он аём уламо ва донишмандони зиёде дар оғуши худ мепарварид, ки боиси ғани гардонидани савияи илм ва донишу фарҳанги Шавконӣ гардида буд. Имом Шавконӣ устодонеро, ки нақши муҳим дар нашъунамои ӯ доштанд, зикр мекунад аз он ҷумла: ( уламо аз оли Абуриҳол, фақеҳони хонадони Умарӣ ва хонадони Ирёнӣ, ҳофизони Забид, машоихи Ҳазрамавт ва адибонаш ва шоирони Кавкабон Шарафиддин ва оли Исҳоқ, инчунин Мухазрам ал-муъаммар аллома Иброҳим ибни Исҳоқ, аз эшонанд). Шавконӣ ба дараҷае илм расид, ки бо вуҷуди синни хурд, яъне бист сол доштанаш уламои бузурги Яман ўро чун олим эътироф намуданд. Ҳатто уламои калонсол баъзе мушкилоти илмиро аз ў мепурсиданд ва ў ба таври кофи ба эшон ҷавоб менавишт.

Хидматҳои Имом Шавконӣ

Хидматҳои беназири Имом Шавконӣ хеле зиёд аст. Ў ҳаёташро аз даъват ба сўи таҷдиди ҳаёти динӣ шуруъ намудааст, ки онро аз таълимоти динӣ аз сарчашмаҳои софу бегазанди он истинбот намудааст. Ӯ аз роҳҳое ҷустуҷў намудааст, ки эшонро ба мақсади худ бирасонад. Ӯ ин роҳро бидуни шак дар тадрис ва вохўри бо ҷавонон ёфт ва он маҷоли хубе барои нашри даъват байни мардум аст. Инчунин дар бахши фатво ва қазоҳам роҳи хубе барои нашри оро ва афкораш пайдо намуд,ки бо ин восита шиносонидани мардум масоили муҳимро ироя менамуд. Роҳи дигареро, ки Шавконӣ барои нашри даъвати худ ихтиёр намуда буд ин таълифи китобу рисолаҳо ва нашри он байни мардум буд. Инчунин роҳи дигар ин иштирок дар ҳама чорабиниҳои илмӣ,маърифати аст, ки ин роҳҳам наздиктарин роҳ барои расонидани илму маърифат ба мардум аст.

 

-Равиши ўро ба тафсил тавзеҳ медиҳам

Даъвати ислоҳии ӯ дар асосҳои раисии зерин таҷассум ёфта буд:

1- Даъвати ӯ ба пажуҳиш ва ташабусскори ва бозгашт ба манбаъи аввал ва дури ҷустан аз тақлиди кур-курона.

2- Даъвати ӯ ба сўи ақидаи пешиниён, яъне айёми бо саодати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва саҳобаи киром (раз), то ақидаи мусалмонон аз хурофоту бидъатҳо пок гардад. Имом Шавконӣ китобҳое дар мавзуъи иҷтиҳод ва дури ҷустан аз ҳар он чизе, ки мухолифи ақидаи солим аст таълиф намудааст; аз он ҷумла: Рисолаи «Ат-туҳфа фи мазҳабис-салаф» ва китоби «Кашфуш-шубуҳот анил-муштабаҳот». Манҳаҷи ў мабни бар иҷтиҳод буд на тақлид. Гуфтаанд; Чандин омил дар самар овардани даъвати ислоҳии Шавконӣ бо шуъбаҳои сегонааш нақши муҳим бозидааст, аз он ҷумла:

— Фаро гирифтанаш суннати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам)-ро, иҳотаи манҳаҷи иҷтиҳоди, нашъунамои некаш, риъояи падари олим ва солеҳаш, мутассир шудан ба вазъи бади олами исломӣ, мутаассир шуданаш бо мутолиъаи китобҳои ислоҳкоронаи пеш аз ӯ мисли ибни Таймия, ибни Зубайр ва ғайри эшон.

— Шавконӣ дар даъвати худ барои расидан ба ҳадафаш ҳар услубу имкониятеро, ки тавонист истифода бурд.

— Машғул шуданаш ба тадрис. Баъд аз фориғ шуданаш аз таълим ба тадрис шуруъ намуд. Дар ҳини омухтани илм ба ҳамкасбони худ ёри медод ва дарси эшонро мегуфт ва чун фориғ шуд ба ин касби шариф машғул шуд. Ӯ бемузд ва моддиёт дарс мегуфт ва ҳамеша намунаи олие барои шогирдонаш буд ва эшонро барои пайрави намудан аз худаш дар касби маърифат ва пажӯҳиши ҳақиқат даъват менамуд.

— Шавконӣ дар синни хеле ҷавон буданаш ба фатво додан шуруъ намуда аз музд гирифтан даст кашид. Ӯ аҳли Санъо ва дигар фатвоталабонро , ки аз дигар манотиқ наздаш меомаданд фатво медод. Ӯ бист сол дар ин мансаб боқӣ монд. Баъд аз ин ки ба дараҷаи иҷтиҳод расид ба фатво додан шуруъ намуд ва ў дастнависи аз он фатвоҳояшро маҳфӯз нигоҳ дошт, ки гуфтаанд: «он дар си ҷилд ҷой дорад ва бисёре аз рисолаҳояш он ҷост ва номи он –Ал-Фатҳур-Раббони фи фатво аш-Шавконӣ мебошад».

Имом Шавконӣ тақлидро тарк намуд адар улуми иҷтиҳод назар намуда онро гирд овард. Қабл аз ин ки ба синни си солагӣ расад иҷтиҳодро шуруъ намуд.

— Имом Шавконӣ дар синни сию шаша солагиаш чун қозӣ ихтиёр шуд ва қазои умумиро дар шаҳри Санъо ба душ гирифт. Имом Шавконӣ пеш аз ихтиёр намуданаш ба мансаби Қозигӣ аз он рӯй гардонида буд ва бо илму тадрису тасниф машғул буд. Ў аз дунё рӯй гардонида буд ва аз асҳобаш касе набуд, ки ба корҳои динӣ машғул шавад. Имом Шавконӣ машғул шуданашро бо мансаби қазо ибтило ё озмоише аз Парвардигор меҳисобид, лекин дар қабули он тараддуд намуд, вале уламо пофишорӣ намуданад аз ҷумла устодаш Ҳасан ибни Исмоил, то ки ин мансабро қабул намояд. Ӯ ба эшон гуфт: « Ман назди Аллоҳ истиғфор ва истихора мекунам ва аз аҳли фазл машварат мепурсам ва он чиро Худованд ихтиёр мекунад дар он хайр аст. Баъд аз он Худованд кушоише барояш насиб намуд ва мансаби қазоро қабул намуда мутобиқи фармудаҳои Аллоҳ (ҷ) амал намуд».

Имом Шавконӣ аз ақдиаи Ибни Таймия (раҳ) ва Ибни Ҳазмӣ Зоҳирӣ (раҳ) муассир шуда буд.Бештар таълифоти ин дуро мехонд ва аз онҳо истифода менамуд.

Имом Шавконӣ дар ин маврид чунин мегӯяд: “ман дар таъаҷҷубам,ки ду марде аз ҳамдигар дур зиндагонӣ намудаанд ва ман монанди Ибни Ҳазм касеро намедонам,ки ба ӯ монандӣ дошта бошад дар илму фазл магар Ибни Тайимияро.Инҳо аз ду мадрасаи ҷудогонае хориҷ шудаанд вале хело ба якдигар ҳамрайянд.Ин ду ба якдигар дар бисёри масоил ҳам райянд вале инчунин дар баъзеи дигар дар иҷтиҳодҳояшон ҷудо аз ҳам мебошанд вале бароям услуби ҳарду хело писанд ва далелҳояшон дар иҷтиҳодҳояшон хело зебо ва қаноаткунандаанд.Ҳарду муҷтаҳидони варзидае мебошанд,ки мактабҳои худро доштанд”

Саъидӣ мегӯяд: Имом Шавконӣ дар иҷтиҳодоти худ ва барои худ ин дуро,ки дар иҷтиҳод инқилоби бузургеро роҳандозӣ намуда буданд устодони худ медонист.Агарчӣ Ибни Тайимия ва Ибни Ҳазм дар чанд масоили фаръӣ бо якдигар ихтилоф доранд.Аммо чун дорандаи мактаби иҷтиҳоди мустақил буданашон барояш дорои аҳамият буданд.

Дар идома Саъидӣ меафзояд: Шавконӣ аз ин ду бештар Ибни Тайимияро меписандид ва сабаб ба мазҳаби Салафи уммат наздикии бештар доштанаш аз Ибни Ҳазм карда.Шавкониро метавон Ибни Таймияи асри худаш донист фарқ инҷост,ки Шавконӣ дар фуруъот дар оғоз дар мактаби Зайидия тарбият шуда буд.Аммо таҳаввулоте Имом Шавконӣ дар мазҳаби Зайдия дохил намуд,ки дар мадори таърих касе натавониста буд ворид намояд”

Поёни бахши аввал

Идома дорад бо мо бошед,то аз ҳаёти комили ин имоми бузург ва муҷаддиди асри 19 огоҳӣ пайдо намоед…..

Муҳаммадиқболи САДРИДДИН

Share This Article