Зиндон ё қатлгоҳ ва ё паёме ба мухолифон

Ислоҳ нет

 

    Куштори ваҳшиёнаи маҳбусин ва зиндонбонҳо дар маҳбаси “Кирпичний” –и шаҳри Ваҳдат Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳонро дар ҳолати шок қарор додааст.  Ба хусус, ки дар иттиҳомоти муқаддамотии мақомот ангушти ишора рӯи “Давлати исломӣ” гузошта шуда ва фарзанду бародари Гулмурод Ҳалимов,сарҳанги пешини вазорати дохилаи Тоҷикистон ва “вазири ҷанг”-и ин созмони мамнӯъа омилини асосии ин куштор эълон шудаанд. Мардум ва ҷомеаи кишварро ин нукта нигарон кардааст, ки фаъолияти “Давлати исломӣ” ва омилини нуфузии он дар   кишвар то ҳадде густариш пайдо кардааст, ки бемалол то ҳатто дар зиндонҳои Тоҷикистон даст ба қатлу куштор  мезананд:- қатли велосайёҳон, куштори оммавӣ дар зиндони шаҳри Хуҷанд дар як соли қабл ва инак дар зиндони шаҳри Ваҳдат.Ин саҳнаҳо як латифаеро ба ёдам меорад,ки ҳама онро медонед.Мулло Насриддин чанд бор барои санҷидан дурӯғ мегуяд,ки хонаам сухт вақте мардум меоянд,то кумак кунанд мебинанд шухи кардааст. Як шаб иттифоқан хонааш оташмегирад ва ҳарчи мардумро даъват мекунад,ки хонаам сухт,мардум мегуянд боз шухи дорад.Субҳ мепурсад чаро наомадед,то оташро хомушкунед? Мардум мегӯянд охир фикркардем мисли шабҳои қаблӣ шухи доред.Як коркун дигар ОДКБ ва Шанхай ва дигар доираҳое қарор дори дар оянда боварат кунанд.

 

  Аммо нуктае, ки дафъатан суолҳои  зиёдеро халқ карда ва бар дурустии иттиҳоми эъломшуда касро машкук месозад, ин аст ки ҳам писар ва ҳам бародари Гулмурод Ҳалимов,қабл аз иҷрои ин ҳодиса(агарки онҳо инкорро карда бошанд) дар ҳеҷ гӯшае аз дунё бо “ДОИШ” пайваст набуданд, таълимоти низомӣ надидаанд, аъмоли террористӣ анҷом надодаанд.Пас, дар ҳоле, ки онҳо кадом ҷинояти сангине содир накардаанд ва собиқаи куштору таҷрибаи ҷангӣ ва одамкушӣ надоранд, чи тавр тавонистаанд, ки шахсиятҳои матраҳро ҳадаф қарор бидиҳанд ва бо корд  сар бибуранд ва он ҳам корде, ки дар маҳбас истифода мешавад? Онҳоро чӣ ва ё кӣ ба як чунин амали мудҳиш-куштори одамҳо водор кардааст.Чаро маҳз бастагони Гулмурод Ҳалимов ба чунин ҷинояти сангин даст задаанд. Чаро маҳз ҳаминҳо: Эшони Қиёмиддин, Махсуми Саттор ва Шайх Темур дар ростои мақсад ва ҳадафи аъмоли террористии онҳо қарор гирифтаанд?  Бо куштори онҳо қотилон чи ҳадаферо дунбол доштаанд.  Инки мақомот мегӯянд, афроди даст ба ҷиноятзада қасди фирор доштаанд ва маҳбусҳоро ба хотири раҳоӣ ва фирор гарав гирифтаанд, боварнакарданӣ аст.Зеро ҳеҷ яке аз маҳбус бо як чунин шева берун аз зиндон шуда дубора ба зиндагӣ барнагаштааст. Мақомот онҳоро ҳатман дастгир карда  бо ҷазои сангинтаре гирифтор кардааст ва дар кишвари мо побег аслан муваффақ набудааст ва касе аз зиндони режими “Фронти халқӣ” нагурехтааст,ки ӯ муваффақ шуда бошад.

 

Аммо аз тарафи дигар, чаро ин бор ҳам нашуд, ки бидуни истифода аз силоҳи оташфишон ва рехтани хуни одамҳо, новобаста аз онки ӯ дар зиндон аст ё не, ӯ одам аст, хешу табор дорад, зану фарзанд, бародару хоҳар дорад, аз ошӯб ҷилавгирӣ бикунанд? Ин ҳама хадамоти махсус, гурӯҳҳои зудамал, воҳидҳои вижа, ки маошу имтиёзҳои фаровон доранд, дар чунин рӯзҳо ба кор нараванд, пас барои чӣ даркоранд? Магар мешавад бо ин гуфта, ки “безарар” гардонида шуд, масъала, на, масъала,не, фоҷиаро ҳал кард?

 

Магар роҳи чора танҳо ҳамин куштор ва қатл аст?Ва, чаро ҳар аз гоҳе ҳатман дар хоки Тоҷикистон хуни одамон аз тарафи муҳофизони қонун кормандони милиса, адлия артиш резонида бишавад?

 

Бубинед, ки баъди имзои Созиши сулҳ то ба имсол, ягон соле нест, ки ҳатман хунрезӣ ба амал наомада бошад? Магар бидуни рехтани хуни инсонҳо идораи давлат ва мудрияти ҷомеа барои ҳукумат кори ғайримумкин шудааст? Ва ё инки агарки хунрезӣ нашуд, як фоҷиае болои миллат оварда нашуд, кадом ҳодисаи дигаре иттифоқ меафтад? Ҳамлаҳои артиш ба вилояти Бадахшон , амалиётҳои низомӣ дар водии Рашт, қатлу куштори сарбозу афсарони вазорати дифоъ дар Камаров,ҳамла ба хонаи Салмон Лангариев дар Кӯлоб, куштори Олег Захарченко, ошӯбҳо дар зиндонҳои Хуҷанд ва ошӯби ҳоли ҳозир, ки дар ҳар кадоме даҳҳо нафар кушта мешаванд, хуни инсонҳо рехта мешавад, магар як кори муқаррарӣ ва маъмулӣ шудааст? Чаро бояд тоҷику Тоҷикистон ҳамеша бӯи хун бикунад?Ва муқассиру гунаҳкори ин ҳама хунрезиҳо ва барҳадар рафтани ҷони садҳо нафар дар шароити осоиштаро кӣ посух хоҳад дод?  Ҳоло агарки маҳбусон мусаллаҳ бо корду дигар асбоби барои ҳаёт хавфнок  шудаанд, кӣ ба онҳо мусоидат кардааст? Масъулини ин зиндон куҷоро нигоҳ мекарданд? Чи тавр онҳо мусаллаҳ шудаанд? Ва муҳимтар аз ин чаро ба ҳангоми “тибқи қонун безараргардонӣ”  масалан аз тирҳои пневматикӣ ва ё мошинҳои пахши оташ истифода накарданд ва “сраза” гирифтанду парронданду куштанд? Ин суолҳо воқеан посух мехоҳанд.

 

Дар ҳодисаи мушобеҳи зиндони Хуҷанд дар соли гузашта аҷсоди маҳбусин барои шустан ва кафанкардан ба наздиконашон дода нашуд. Ҳатто онҳоро нагузоштанд, ки рӯи хунуки наздиконашонро бубинанд. Агар ин бор ҳам ҳамчунин бархӯрд ва муносибат сурат бигирад, пас инҷо ҳайрат ва шигифтиҳо бештар ва шакку шубҳаҳо бар инки ин иттифоқоти нангин ва фоҷиаи каснодид, кори маҳбусон ва “ДОИШ” комилан аз байн рафта гумонҳое дигар ҷойи онро мегирад. Зеро ҳоло зиндонҳои Тоҷикистон, ки дар шумори бошандагони он аъзои ҲНИТ бештар шуда ва маҳбусони ғайринаҳзатӣ ҳам дар ҳамнишинӣ бо наҳзатиҳо чеҳраи воқеии ин ҳукуматро шинохта як маҳаллу макони сиёсӣ шудааст. Дар ин муассисаҳои ислоҳӣ руҳияи зидди ҳукумат беш аз пеш боло рафтааст ва мақомот мехоҳад бо роҳандози  ҳар гуна шӯру чаповул онҳоро битарсонад ва ё мутеъи ирода худ бисозад.

Чаро ДОИШиҳо наҳзатиҳоро куштанд, дар ҳоле ки ҳукумати Раҳмон онҳоро дар як қатор ва дар як саф рост кардааст ва аз онҳо якхел душман метарошад? Ҳизбуттаҳрире, ки сокит ва ғунуда буд, гӯиё дастбакор шуда кушторро ба амал баровардааст.Чаро масъулини зиндон ба шумули роҳбарият ва кормандони он аз як чунин пешомад огоҳ шуда натавонистанд. Ин ҳама суолҳое аст ки версияи ҳукуматиҳоро таҳти суол ва шакку шубҳа қарор медиҳад.Дар ҳоле ки дар зиндон таҳририву наҳзативу доишӣ ҳамагӣ якҷояанд, чаро бо ҳам биомезанд ва бикушанд? Ман бовар надорам.    

 

   Дар ин авохир зиндонҳои Тоҷикистон ба таъйиди шоҳидон дӯзахи рӯи замин шудаанд.Албатта, барои маҳбусҳо. Вале барои кормандон ва масъулин онҷо на танҳо маҳалли кор ва дарёфти маош, ҳамчунин манбаи таъмини зиндагии хонавода, ҷойи даромадҳои иловагӣ, айшу ишрат ва хӯрду хуроки ройгон аст.  Ришва ва пора дар зиндонҳо ошкоро ва бидуни кадом шарму ҳаё ва тарсу ҳарос гирифта мешавад.

 

Ҳатто як нафар аз маҳбуси собиқ ҳикоят кард, ки “замполит”-и яке аз муассисаҳо ба ҳангоми  азназаргузаронии пагоҳирӯзӣ  рӯирост  гуфтааст, ки дигар ягон чизи мепӯшондагӣ нест, то ба суду прокурор ҳақашро надиҳед, наметавонед низоми ҷазоятонроба сабуктар  табдил бидиҳед ва “КП” ё “УДО” шавед. Ин ҳарфҳоро “замполит”-муассисаи ислоҳӣ- нафаре, ки тамоми асноду ҳуҷҷати маҳбусро барои озодсозӣ,ё тағйири низоми иҷрои ҷазо масалан ба ҳамон     сукунат “КП” ё “домашка-“УДО” ба суд ва прокурор омода мекунад ва табъан, ки худаш ҳам “доля”-и худро дорад, гуфтааст. Ҳама ҳаводиси фавқуллода ва фоҷиаомезе, ки тайи бист соли ахир дар маҳбасҳо рух дод,кадом муҷозоти муносиберо барои масъулин бор наовардааст. Соли 1997 дар зиндони низомаш сангини шаҳри Хуҷанд ошӯби маҳбусон баргузор шуд, ки дар пай даҳҳо кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт. Соли 2010 дар зиндони низомаш сангини Душанбе амали фирори 25 маҳбус анҷом шуд. Соли 2016 аз Хуҷанд се маҳбус фирор кард, ки оқибат кушта шуданд.  Мавридҳое, ки бо утюг бадани маҳбусонро дар зиндонҳо сӯзониданд, борҳо дар расонаҳо зикр шудаанд. Дар маҳбасҳо тамоман “беспредел” ҳукмронӣ мекунад. Барои мисол аз як ҳодиса ва ё ҳолате, ки дар ҳамаи зиндонҳои Тоҷикистон ҳаст инҷо намуна меоварем.

 

   Шимон ва душняк. Ҳар аз гоҳе ҳамин ки бихоҳанд, даҳ -дувоздаҳ нафар, ҳатто бо шумули масъулони баландпояи зиндон камераҳо ва маҳбусонро шумон мекунанд. Яъне чӣ?Рахти хоб, сару либос, зарфҳои таом, ғизоҳои аз берун овардашуда, (дачка)меваҷоту сабзиҷот, коғази ташноб, дастмол, то либосҳои таҳпӯшу ҷуроб, мунтаҳо тамоми  ашёи маҳбусро дар даруни камера тӯда карда якояк то бахяву дарзи матрас, кампал, шиму курта ва ғайраро мекобанд. Дар ин миён сигарет, нос, мисвоки нав, собун ва саршӯӣ(шампун)-ро агар бихоҳанд бо худ мебаранд. Масалан метавонанд, бидуни кадом хиҷолат ва шармандагӣ дар ҷайб бизананд. Амалеро, ки дарюза ва дарвешон ва лӯлиёну ҷӯгиҳо дар дами дари хона омада бар ивази ҳазору як дуову сано аз шумо гадоӣ мекунанд.  Ва аммо касе аз масъулини маҳбасҳо барои аъмоли ҷиноии худ таййи беш аз бист соли ахир ҷазои сазовор нагирифтааст. Ва аз тарафи дигар ҳоло рехтани хун дар маҳбасҳо тақрибан анъана мешавад ва зиндонҳои кишвар ба қатлгоҳҳо табдил шуда истодаанд. Дар ошӯби соли 97, ки бар изофаи Икром Ашӯров ва Ҷамшед Абдушукуров 35 нафари дигар аз минтақаҳои мухталифи кишвар кушта шуданд. Дар ошӯби соли гузаштаи Хуҷанд низ наздики сӣ нафар бо иқрори мақомот ва болиғ бар 60 нафар ба нақл аз манобеъи дигар кушта гардид. Ва ҳоло имрӯз ҳам 32 нафар ба қатл расонида шудаанд,дар ҳоле инҷоҳам ададро хело болотар мегуянд.Масалан тибқи  иттилои манбаъи мо ба афродеки исми наздиконашон дар листи кушташудаҳо нест вале занг заданд,ки биёед ҷасади наздикатонро баред.

 

Аммо касе аз масъулини ин муассисаҳо барои вуқӯи ҳамчунин ҷинояти зиддибашарӣ ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст. Аслан куштани инсонҳоро ин режим парво ҳам надорад. Чун ба гуфтаи худашон бо хун омадагианд…

 

   Имрӯз 24  нафари зиндонӣ билфарзе парронида шуд.Дақиқан, ки ин рафтори ғайриинсонӣ ва фашистона аз тарафи маъмурони маҳбас ба анҷом расидааст. Зиндониҳо, ки дар даст силоҳ надоранд.Онҳо метавонистанд барои пахши ошӯб шумораи камтарро бикушанд. 24 нафар хеле зиёд аст. Ҳоло боз 32 хонавода дар шаҳру рустоҳои кишвар ба мотам нишастааст. Рехтани хуни ин қадар инсон тасодуф буд ва ё амали тарроҳишуда? Чун дар авқоти ахир як хунрезии  бузургмиқёс  ба амал наомад. Зиндон як ҷое муносиб аст, ки мешавад бе харҷу хароҷоти зиёд хунрезие ташкил кард, ки аксарияти манотиқи кишвар  аз он дар зудтарин фурсат огоҳ мешаванд.Зеро ҷасади кушташудаҳо ба ноҳияҳои мухталиф фиристода ва дафъатан хунрезӣ реклама мешавад. “Бо ҳукумат шӯхӣ кардан намешад. Ино ҳамашон буқаҳан. Гапашро, ки ду кардӣ мекушанд”. Ва ҳамин тавр бори дигар сиёсати ваҳшатафканӣ ва тарспароканӣ, ки аслу пояи режими феълиро ташкил дода ва қоиму устувор нигоҳ медорад бидуни заҳмат ва масрафи зиёдатӣ реклама мешавад. Ҳам мекушанд, ҳам ба касе посух намедиҳанд, ҳам намегузоранд, мисли бачаи одам ва хоксупории як мусулмон дафн шаванд. Ҳар чизе ки ҳамон мехоҳад ҳамон тавр бояд бишавад. Ӯ хоста, ки ҳамин тавр бигӯронанд.Одамро дар назди одамон беқадру эътибор созанд. Қариб ҳар ду ё дувуним ва гоҳе як сол бояд як аксияи саросарии “устрашение” яъне ( стращание, отпугивание, пуганье,  террор,  запугивание, терроризирование) бигзаронад, ки ҳар нафар битарсад. Хун бирезонанд, бӯйи шунавида бишавад дар тамоми кишвар.  Зеро, мардуме, ки хунрезиро дидааст, бо зиндону кӯфту кӯб наметарсад. Барои ин мардум бояд боз ҳам хунро резонанд, то ки сар боло накунанд, Ҳамеша дар ҳолати тарсу ларз бошанд. Дар ҳоле ки тақрибан ҳаррӯз ҷойи хоби маҳбусон бозрасӣ ва кофтукоб (Шумон) мешавад, чи тавр онҳо ба корду дигар предметҳои марговар даст ёфтаанд? Ин гуна ашёҳо дар дасти маҳбусҳо ?

 

 Сабаби ба таври пӯшида гӯронидани маҳбусон чӣ буда метавонад? Чи чизро аз соҳибони мурдаҳо пинҳон доштанианд? Магар инки онҳо аз тир ва аз силоҳи оташфишон кушта шуда бошанд? Зиндониҳо, ки силоҳи оташфишон надоранд. Пас, мешавад мутмаин буд, ки қатли маҳбусон аз ҷумла Эшони Қиёмиддин, Махсуми Абдусаттор, Шайх Темур кор  дасти писари Гулмурод Ҳалимов аст? Дар ягон ҳолат писари  бистсолаи Гулмурод Ҳалимов дар маҳбаси низомаш сангин, (строгий) ки барои худ “пахан”-у  “смотряший”-ю дорад ва маҳбусоне бо собиқаи тӯлонӣ ва ҷиноятҳои вазнин дорад наметавонад кадом ошӯберо роҳбарӣ кунад. Куштори ӯ ва ҷияни Гулмурод як навъ ҷазо барои ӯ аст. Дар ҳоле, ки ҳам писар ва ҳам ҷияни Гулмурод Ҳалимовро ҳадафи тир қарор додаанд ва намешавад аз онҳо суол пурсид.  Инҷо кадом бозии ифлоси сиёсӣ ҷараён дорад. Нимкосаи зери ин коса чӣ буда метавонад? Як факти хело ҷолибдорам дар ин қазия онро дар суҳбати ихтисосие мегуям ва мефаҳмед,ки аз ин нақша Э.Р чанд рӯз пеш хабар карда буд. 

 

Ин қатли оммавӣ паёми ҳукумат ба мухолифон буд

 

Бо онки вазорати дохила феҳристи асомии  кушташудаҳоро мунташир кард ва маълум шуд аксарияти кулли онҳо афроди мутадаййин ва бо ҷурми қаробат бо ислом ва бо Худо ба зиндон кашида шудаанд, метавон натиҷа гирифт, ки ин як амали аз қабл тарҳрезишуда аст. Дақиқан, ки ҳукумат паём дода истодааст ба оппозитсиюн ва тарафдорони он дар дохил ва хориҷ,ки мо ҳам зиндониатон мекунем ва ҳам агар лозим шуд, ҳамин тавр мекушематон ва касе ҳам ба додатон намерасад. Барои ҳамин бо мо “шӯхӣ” накунед. Ё бо мо ва дар итоати мо хоҳед буд ва ё сарнавишти Сайид Қиёмиддини Ғозӣ ё Махсуми Саттор болоятон такрор мешавад.

Вагарна чаро рӯихати кушташудаҳои зиндони Хуҷанд ба нашр нарасид ва вазорати дохила эълом накард, ки он кушташудҳо узви кадом гурӯҳи сиёсианд. Инҷо ҳам ному насаб ва ҳам узвияти ҳизбии онҳо махсус эълон карда шуда аст. Аммо шумоҳам фаромӯш накунед қотилони “Фронти халқӣ” моҳам аз марг ва қатлу зиндонҳои шумо наметарсем ва муборизаи мусолиматомези осоиштаи худро идома медиҳем. Нафарати Аллоҳ малоикаҳо ва мусалмонони рӯзадор бар шумо бод эй қотилони манфур ва хуношом.Аллоҳ бароятон ҷазоеки мустаҳаққи он ҳастед иноятфармояд ва шуморо ибрате бигардонад барои ҳар золиму қотил ва бақоёи “Фронти халқӣ” омин.

 

 

Share This Article