«Қимоб»-и табаддулот

Ислоҳ нет

«Табаддулот»-и Усмонзода  фархориҳоро як умра аз қудрат дур кард

   Саидҷаъфар Усмонзода, вакили ҳамакнун собиқи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва раиси қаблии Ҳизби демократи Тоҷикистон бо иттиҳоми қасди анҷоми «табаддулоти давлатӣ» муттаҳам ва рӯзи 12 июни соли ҷорӣ дастгир карда шуд.

   Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон, ки рӯзи 14 июн дар ҳузури вакилони Маҷлиси намояндагон ҷиҳати азли ваколати Саидҷаъфар Усмонзода суҳбат мекард гуфт:

«дар пешбурди Прокуратураи генералӣ парвандаи ҷиноятӣ нисбати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Саидҷаъфар Усмон ва дигарон бо моддаи 306 қисми 2 банди «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кирдори ҷинояткориро барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият муқаррар менамояд, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад».

Саидҷаъфар Усмонзода нафари аввал дар майдони сиёсати Тоҷикистон нест, ки бо иттиҳоми «бо зуроварӣ ғасб кардани ҳукумат, яъне анҷоми табаддулоти давлатӣ» боздошт ва ба давраҳои тулонӣ маҳкум ба зиндон мешавад. Ва, яқинан Усмонзода ҳам айни Ёқуб Салимов, собиқ вазири дохилӣ, Ғаффор Мирзоев, собиқ раиси Горди миллӣ, Муҳаммадрузӣ Искандаров, собиқ раиси Тоҷикгаз, Мирзо Зиёев, вазири пешини ҳолатҳои фавқулодда, Маҳмаданазар Салихов, вазири пешини умури дохилӣ ва Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири мудофиа, соли кам нахоҳад гирифт. Инҷо ба ҷуз аз Усмонзода, боқии афрод нафарони низомӣ ва ҳамагӣ генераланд, ки баъзеашон мисли Мирзо Зиёев, Маҳмадназар Салихов ва Абдуҳалим Назарзода, мулаққаб ба Ҳоҷӣ Ҳалим аз тарафи неруҳои Эмомалӣ Раҳмонов бо зарби тир ва руирост кушта шуданд.

Аммо дар ин васат дар ошуби ба истилоҳ Ҳоҷӣ Ҳалим, ки дар сетябри соли 2015 ва ҳоло имруз дар табаддулоти Саидҷаъфар Усмонзода, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва Паймони миллии Тоҷикистон шарик дониста мешавад.

Дуруст аст ки дар қазияи Хоруғ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар баҳори соли 2022, ки даҳҳо нафар кушта ва даҳҳои дигар ба шумули генерал Холбаш Холбашев дастгир ва ба ҳабси абад гирифта шуд, исми яке аз муовинони ҷаноби Кабирӣ дар ПМТ Алим Шерзамонов садо дода буд ва ҳоло исми Шарофиддин Гадоев, муовини дигари Кабирӣ зикр мешавад, ки гуё сарпарастии ин кудеторо бо пули Кабирӣ бар уҳда доштанд.

Прокурори генералии Тоҷикистон мегуяд, ки «Тафтишот муайян намуд, ки Саидҷаъфар Усмонзода моҳи сентябри соли 2021 тариқи алоқаи мобилӣ бо муовини роҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии «Паймони миллии Тоҷикистон» Шарофиддин Гадоев ҳамсуҳбат шуда, оид ба ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маслиҳати пешакӣ намудааст.

Шарофиддин Гадоев ваъда додааст, ки барои амалӣ намудани ин мақсад роҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии «Ҳизби наҳзати ислом» Муҳиддин Кабирӣ ба ӯ кумакҳои пулӣ расонида, зиёда аз се ҳазор ҷанговарони ташкилоти террористии «Ҷамоати Ансоруллоҳ»-ро аз хориҷи кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд».

Айнан ҳамин гуна иттиҳомро чуноне тазаккур кардем дар вақти тафтиши ҳаводиси Хоруғ баён карда буданд. Ва дар ошуби ҳоҷӣ Ҳалим низ гуфта буданд, ки гуё Муҳиддин Кабирӣ барои иҷрои  табадллуот  1 млн 200 ҳазор доллар додааст.

Аммо ин бор сухан аз 10 млн доллар ва ширкати гурӯҳи «Ҷамоати Ансоруллоҳ» меравад ва ба фарқ аз «хоб»-ҳои пешини табаддулотии Раҳмонови қимоб аз калиаи табаддулот нафари иҷрокунанда на нафари низомӣ ва на генерал, балки як бигзор бигуем сиёсатмадор ва вакили Маҷлиси намояндагон Саидҷаъфар Усмонзода меравад.

 Зимни суханронии худ Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ ва қудои Эмомалӣ Раҳмонов мегуяд, ки Усмонзода ба гуноҳи худ иқрор кард.

«Саидҷаъфар Усмонзода ҷиҳати амалӣ намудани нақшаи ҷинояткоронаи худ дар дохили кишвар ва берун аз он тарафдорони худро аз табақаҳои гуногуни ҷомеа ҷалб карда, гурӯҳҳо ташкил намуда, ҳар кадоми онҳоро барои иҷрои корҳои муайян вазифадор намудааст.

Тибқи нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда онҳо мехостанд дар кӯтоҳтарин муҳлат дар чанд гӯшаю канорҳои мамлакат вазъи ҷамъиятӣ-сиёсиро ноором сохта, бо роҳи ғасби биноҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ силоҳу аслиҳа тасарруф намуда, ҳокимияти давлатиро дар мамлакат зӯран сарнагун намоянд.

Саидҷаъфар Усмонзода барои содир намудани ин ҷиноят аз намояндаи яке аз давлатҳои хориҷӣ барои ҷалби шахсони бонуфуз ва ташкил кардани гирдиҳамоиҳо 10 миллион доллар (ИМА) хоҳиш намудааст.

12 июни соли 2024 нисбати Саидҷаъфар Усмонзода ва дигарон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда хамчун гумонбар дастгир карда шуд.

Гуноҳи Усмонзода С.У. бо маводҳои парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла нишондоди худиқрорӣ, яъне бо гуноҳи худ пурра иқрор будан, сабти навор ва гуфтугӯҳо, нишондоди шоҳидон ва дигар далелҳои бебаҳс пурра тасдиқи худро ёфтааст.

Саидҷаъфар Усмонзода вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мақоми вакилиаш то соли 2025 эътибор дорад».

Аз суҳбатҳои Юсуф Раҳмон бармеояд, ки Саидҷаъфар Усмонзода «худиқрорӣ» кардааст. Як бори дигар ба ин ҷумла ва муҳтавои он мутаваҷҷеҳ бишавед: «Гуноҳи Усмонзода С.У. бо маводҳои парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла нишондоди худиқрорӣ, яъне бо гуноҳи худ пурра иқрор будан, сабти навор ва гуфтугӯҳо, нишондоди шоҳидон ва дигар далелҳои бебаҳс пурра тасдиқи худро ёфтааст».

Яъне ба ҷуз аз иқрори гуноҳ ҳамчунин дар дасти тафтишот «сабти навор ва гуфтугуҳо», «нишондоди шоҳидон ва дигар далелҳои бебаҳс» вуҷуд доштааст.

Ман ба дурустии нақшаи ин табаддулоти давлатӣ шаку шубҳа дорам. Бахусус, вақте Усмонзода, ки акнун ба унвони «лидер» ва одами асосии ин табаддулот эълон шудааст, филфавр «иқрор» кардааст ва низ тафтишот шоҳидону нишондодҳо ҳам дорад.

Бовар кунед, ки ин як бозии бисёр ҳам примитив аст ки ягон ақли солим бовар карда наметавонад.Масалан Усмонзода,ки дастпарвар ва сохта ва маҳсули эҷоди худи ҳамин режим аст,чи вазну ҷойгоҳе дорад,ки битавонад табаддулот анҷм диҳад.Магар Акбаршо Искандаров ва Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Ҳамрохон  Зарифӣ то ин ҳад хурду заиф шудаанду ба танг омадаанд,ки аз пушти Усмонзода,як нафаре дар осмони сиёсат муаллақ бираванд?

 Аз тарафи дигар он намояндаи давлате, ки омода шудааст 10 миллион доллар бидиҳад, аз кадом давлат аст? Русия?

  Вақти ошуби ҳоҷӣ Ҳалим Раҳмонов ва командаи вай Эрон, кишвари дар нохунак дӯстро ба унвони сарпараст ва сармоягузор муттаҳам карда буданд. Ҳоло, агарчи ном намебаранд Русияро дар назар доранд.

Вале оё дар ҳақиқат Русия мехоҳад дар Тоҷикистон табаддулоти давлатӣ анҷом диҳад ва Раҳмоновро нав кунад?

 Ҷавоби кутоҳи мо ин аст ки Русия ин корро ҳаргиз намекунад ва дар фикри нав кардани Раҳмонов нест ва ҳар ки бовар дорад, ки Русия якчунин нақша ва қасд дорад бисёр ҳам хушбовар аст.

Аз тарафи дигар, оё шумо бовар доред, ки Русия бар муқобили Раҳмонов Кабириро пеш мегузорад ва ба вай пул медиҳад,ки Раҳмоновро чапа кунад?

 Ин суолро ба Муҳиддин Кабирӣ, раиси ПМТ додам ва аз вай пурсидам, ки пас, иллати зикри ҲНИТ ва ПМТ ва номи худи у дар айбномаи Прокуратураи генералӣ дар айбномаи зидди Усмонзода чӣ аст?

Раиси ПМТ гуфт, ки байни Раҳмонов ва Путин ихтилофи ҷиддӣ вуҷуд надорад ва барои Путин Раҳмонов писанд аст. Вале зикри исми вай ва ҲНИТ ба он хотир аст ки дар воқеъ ҲНИТ ҳамин ҳоло ҳам, агарчи дар кишвар амал намекунад, пурнуфузтарин ва пуртарафдортарин неруи сиёсӣ дар Тоҷикистон аст. Барои боварбахш садо додани ин табаддулот аз ҲНИТ зикр шудааст. Ва зикри «Ансоруллоҳ», ки на як бору ду бор барои сияҳ кардани ҲНИТ пеш меояд, низ ҳисобшуда аст, яъне Кабирӣ бо созмонҳои террористӣ дар иртибот аст.

  Муҳиддин Кабирӣ афзуд,ки Раҳмонов бо зикри ПМТ ва исми раиси он дар қасду нақшаи таҳияи парванда ва айбҳои нав алайҳи мо ва созмони мо аст ва мехоҳад ба аврупоиҳо моро ба унвони як шахсият ва гуруҳҳои табаддулотгар нишон бидиҳад ва бигуяд, ки шумо бо чи касоне паноҳандагӣ медиҳед ва ҳамкорӣ мекунед.

«Мо ҳеҷ гоҳ пинҳон накардаем, ки дар қасди тағйири ҳукумати Раҳмон ҳастем, аммо тавассути мардум ва миллат на аз тариқи афроди алоҳида ва на аз тариқи табаддулот».

Акбаршо Искандаров, Ҳамрохон Зарифӣ …. “ва   дигарон”-и  гуфтаи Прокурори генералӣ

Тибқи хабарҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ дарзхурда феълан бархе аз шахсиятҳои пурнуфуз ба мисли Акбаршо Искандаров, собиқ раиси Шурои олии Тоҷикистон ва  и.в. президенти Тоҷикистон бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо Усмонзода дастгир шудаанд. Асомии афроди дигар ҳам дар дасти мо ҳаст, ки онҳоро бозҷуӣ ва бозпурсӣ карда барои баъзе аз онҳо ихтор додаанд, ки берун нараванд ва шиносномаҳои хорҷиии онҳо гирифта шудааст.

Аз шумори ин афрод Акбаршо Искандаров ва Ҳамрохон Зарифӣ, бинобар маълумоти аз манобеъи муътамад ба дасти мо расида аз чанд руз ба ин тараф дар СИЗОи амниятанд. Ҳамчунин як сарҳанги КДАМ бо номи Нарзулло Наимов ва низ як сарҳанги гумрук бо номи Нурулло Ғаниев   дар доираи ин парванда дастгир шудаанд. Нурулло Ғаниев беш аз як моҳ пеш дастгир шуда буд барои тасарруфи амволи давлатӣ вақте иртиботашро бо Убайдуллоев ва СС. Ятимов пайдо намуданд ин шабу рӯзҳо ӯро дар ин қазияи “табаддулот” ҳамроҳ карданд.

Гуфта мешавад,ки манзили зисти Акбаршо Искандаров дар рӯзҳои 16 ва 17  мавриди кофтукоби неруҳои қудратӣ қарор гирифтааст. Пайвандонаш барои вай ба СИЗО либос бурдаанд. 

 Ва, аммо нуктае, ки мешавад инҷо зикр кард, кам нест. Барои мисол масъалаи қудоии Саидҷаъфар Усмонзода бо СС.Ятимов, раиси КДАМ. Бинобар хабарҳо аз чандин вақт ба ин тараф Ятимов он ҷойгоҳу мақоми собиқи худро надорад, балки баракс Раҳмонов бар садоқати вай шубҳаи сахт  кардааст. Ва тибқи хабарҳои расида Раҳмонов баъди омаданаш аз Маскав пас аз иштирок дар ҷашни бахшида ба ғалаба рӯзи 9 май уро дигар аслан қабул накардааст.

Нуктаи дигар нақшу роли русҳо ва Русия дар ин гуна бозиҳо аст. Аз Ғаффор Мирзо, то Салихову дигарҳо гуё ба бозии русҳо афтода қурбонӣ шуданд. Русҳо ҳар аз гоҳе бо Раҳмонов мушкил пеш ояд ҳамин гуна «кудетоҳо» “ташкил” мекунанд ва Раҳмоновро бо ин васила зери фишор қарор медиҳанд. Чун онҳо  аз ҳирсу ози  Раҳмонов бохабаранд ва медонанд ки вай омода аст барои ҳифзи курсиаш ба пасттарин корҳо даст бизанад.

Аммо ин бор Раҳмонов бозиро густардатар гирифтааст. Тавассути ин ба ном табаддулот сари чанд нафар аз шахсиятҳоро дар дохили кишвар бихурад ва саҳнаро комилан холӣ бикунад, аз тарафи дигар парвандасозӣ барои ПМТ ва сияҳсозии оппозитсион ва роҳбарияти он дар Аврупо бикунад.

Вагарна афроде амсоли Акбаршо Искандаров ва Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Ҳамрохон Зарифӣ баъид аст ки дар ин гуна тавтиаҳои алакӣ ва масхара шарик бишаванд, бахусус,ки агар дар ин бозиҳо барои мисол ҲНИТ, созмони сиёсии исломӣ ҳам шарик буда бошад.

Феълан як Ситоди махсус аз ҳисоби мақомоти қудратӣ барои тафтиши қазияи кудетои Усмонзода ташкил шудааст,ки ин бор роҳбарии он бар души Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ ва қудои Эмомалӣ Раҳмонов гузошта шудааст. Агарчи ин афрод, ки гуфта мешавад то кунун беш аз 60 нафарро ташкил медиҳанд дар доираи моддаи 306 мазнун шинохта мешаванд ва бозрасии ин модда дар салоҳияти КДАМ аст аммо тамоми ҷараёноти бозрасӣ таҳти контроли мустақими Юсуф Раҳмон аст   ва ҳар шахси мазнун ва ҳамшарики Усмонзодаро маҳз бо фармони Юсуф Раҳмон даъват ва бозпурсӣ карда мешавад. КДАМ,ВКД дар итоати ситоди ташкил кардаи Юсуф Раҳмон аст ва ҳери фармони ӯ амал мекунанд.  

 Ва, дар охир ин хабар ба дасти мо расид, ки манзили зисти Акбаршо Искандаров дар пушти беморхони Қараболо мавриди кофтукоб то ҳатто заминаш побел ва фарши матбахаш канда ва касеро нагузоштаанд, ки   ки ворид шавад. Нафари шоҳиди воқеъӣ аз мақомот ба “Ислоҳ”мегуяд, ки бачаи калонии Искандаровро аз Хитой даъват кардаанд ва бачаи дуввумашро аз Маскав.

  Зани дуввуми Искандаров (зани аввалааш фавтидааст) як рус будааст, ки ҳамзамон адвокаташ ҳам мебошад, аммо роҳ надодаанд, ки бо Искандаров суҳбат кунад. Гуфта мешавад мақомот гуё чанд наворҳои тасвирии суҳбатҳои Искандаров дар кадом тарабхона бо Усмонзодаро доштаанд.

Ҳамчунин боздоштҳои язгуломиҳо дар дохил ва дар берун ва истирдоди онҳоро  аз Русия ва инки онҳо бо Ансоруллоҳ робита доштаандро низ дар доираи парвандаи ҳамин қазияи кудетои Усмонзода банду баст карданианд. Яъне талош карда истодаанд, ки ин ҳодисаро ҳарчи бештар калону бузург нишон диҳанд. Тибқи маълумоти расида ба “Ислоҳ” фармон чунин аст,ки адади афроди гумонбар ва гӯйё дар ин табаддулот шарик набояд аз 150 нафар кам бошад. Чунин савол шудааст,ки агар натавонем ин миқдор пайдо карда чикор кунем? Посух чунин будааст,ки клани Фархориҳо дар мақомотҳои қудратӣ бояд дар ин қазия дохил карда шаванд ҳамчун фармоишгар ва Язгуломиҳо амаликунанда нишондода шавад. Дигар ба ҳеҷ нафар аз Фархориҳо эътимод накунанд ва аслан дар иҷрои фармон ҳеҷ раҳме нахуранд.

Аз чанде аз ҳамсояҳои Искандаров баёнот ҳам гирифтаанд. Аз ҳамсояҳо суол кардаанд, ки Искандаров дар хонаҳои онҳо чизе пинҳон накардааст. Ва ба наздикони Искандаров ҳушдор додаанд, ки ҳеҷ ҳарфе ба берун нагуянд, чун телефонҳояшон гуш карда мешавад.  Ва нуктаи дигар ин аст ки ин манзили Искандаров дар шафати манзили Рамазон Раҳимзода вазири дохилӣ қарор доштааст ва манбаъ мегуяд,ки Искандаров солҳо мешавад, ки инҷо зиндагӣ намекардааст.

Ps: Ин маталаб аз оғози ин қазия буд, ки тақдиматон гардид. Ҳар маълумоти ҷиддитаре ба дасти мо расид ҳатман онро тақдимаатон менамоем.

.

Share This Article