Эътирофи никоҳи динӣ аз ҷониби мақомоти қазоии Британияи кабир
Суди воломақоми Британияи кабир мусаввабаеро ба имзо расонид, ки тибқи он талаби нафақаи ҳамсари талоқгирифта аз шавҳари собиқаш (алимент) сода карда шуд.
Дар ин бора дафтари матбуотии Идораи марказии мусалмонони Британияи кабир хабар нашр кардааст.
Қозии Уилямси Британияи кабир эълом намуд, тибқи мусавваба, зане, ки аз шавҳараш ҷудо шудааст, ҳатто дар ҳолати надоштани қайди расмии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, дар асоси никоҳи динӣ метавонад алимент талаб кунад.
“Зану шавҳароне, ки бо никоҳи динӣ, бидуни сабти расмии асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо ҳам зиндагӣ кардаанд, соҳиби хонаву манзил ва фарзандон ҳастанд, дар ҳолати аз ҳам ҷудо шудан, мақомот минбаъд ҳақ надорад, ки зану шавҳар будани онҳоро ба эътибор нагирад” – гуфтааст қозии Уилямси Британияи кабир.
***
Таҳрими Амрико алайҳи Эрон ва афзоиши нархи нафт
Ба иллати эъломи таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон ба унвони яке аз содиркунандагони бузурги нафт дар ҷаҳон, ки метавонад арзаи ҷаҳони нафтро коҳиш диҳад, қимати нафт имрӯз афзоиш ёфт.
Дар ин бора хабаргузории Ройтерз иттилоъ додааст.
Тибқи манбаъ нархи нафт 40 сент афзуда, 74.15 доллар фурӯхта шуд ва ҳар бушка нафти хоми Амрико бо 21 сент афзоиш 69.22 доллар муомила шуд.
Як бонки амрикоӣ дар ёддоште барои муштарёни худ навишт:«Таҳримҳо алайҳи Эрон, омили аслии афзоиши қимати нафт дар кӯтоҳмуддат аст. Ҳудудан дар якрӯз аз 600 ҳазор то 1,5 миллион бушка нафт аз бозор кам хоҳад шуд.»
Бисёре аз кишварҳо, назири ҳампаймонони Амрико дар Аврупо, Чин ва Ҳинд бо ин таҳримҳо мухолифат карданд аммо давлати Амрико гуфтааст, ки хоҳони таваққуфи хариди нафт аз Эрон аст.
Як мақоми аршади Амрикоӣ дирӯз гуфт: «Ин сиёсати мост, ки бисёре аз кишварҳо ҳарчи зудтар хариди нафт аз Эронро ба сифр бирасонанд.»
Аммо коршиносони аврупоӣ бар ин назаранд, ки афзоиши нархи нафт ба ҳеҷ ваҷҳ ба фоидаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо нест. Чун аксари кишварҳои аврупоӣ нафт надоранд.
***
ВКХ Арабистони Саъудӣ сафири Канадаро аз Риёз ронд
Вазорати умури хориҷаи Арабистон дар вокуниш ба ибрози нигаронии давлати Канада аз боздошти фаъолони ҷомеаи маданӣ ва ҳуқуқи занон дар Арабистон, сафири Канада дар Риёзро ихроҷ кард.
Арабистони Саудӣ ба сафири Канада 24 соат фурсат дод то хоки Арабистонро тарк кунад.
Арабистон ҳамчунин сафири худ дар Канадаро фаро хонд ва тамоми фаъолиятҳои тиҷорӣ ва сармоягузориҳои ҷадид дар ин кишварро мутаваққиф кард.
Режими Саудӣ сешанбешаб Самар Бадавӣ ва Нассима Ассода, ду фаъоли ҷомеаи маданӣ ва ҳуқуқи занон дар Арабистонро боздошт кард.
Канада пас аз ин боздоштҳо дар баёнияе аз дастгирии фаъолони маданӣ дар Арабистон ибрози нигаронӣ кард ва хостори озодии онҳо шуд.
Бисёре аз созмонҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи башарӣ, аз ҷумла Афви Байналмилал ва Дидабони Ҳуқуқи Башар низ аз ин иқдоми режими Саудӣ интиқод карданд.
Афви Байналмилал ва Дидабони Ҳуқуқи Башар пештар низ борҳо аз саркӯби озодии баён, эъдом ва зиндонӣ кардани фаъолони ҳуқуқи башарӣ дар Арабистон интиқод карда буданд.
***
Худдории сокинони Қирғизистон аз эмгузаронии воксинӣ ба кӯдакон
Мусулмонон дар Қирғизистон барои кӯдакони худ эмгузаронии воксинҳоро ба хотири мухолиф будан ба талаботи шариати исломӣ рад кардаанд.
Дар ин бора як созмони таҳқиқотии “ИЗОПИҚ” гузориш додааст.
Ба гуфтаи нависандагони ин гузориш, бештарин теъдоди шаҳрвандони эмгузарониро радкарда, дар пойтахти Қирғизистон, Бишкек будаанд, ки теъдоди онҳо 18 нафар бар ҳар 10 ҳазор нафар дар яксолро ташкил мекардааст. Дар ҷойи дувум – вилояти Талас: 13 нафар дар ҳар 10 ҳазор нафар. Вилояти Исиккул 11 нафар дар баробари 10 ҳазор нафар аз эмгузаронии воксинҳо барои кӯдакони худ даст кашидаанд.
Дар вилояти Баткент касоне, ки аз эмгузаронӣ ба кӯдаконашон даст мекашанд сабаби асосиро 100 дарсад ба хотири эътиқоди динӣ гуфтаанд. Дар маҷмӯъ, 7,905 нафар соли 2017 аз эмгузаронии воксинӣ худдорӣ карданд.
Маврид ба зикр аст, ки эмгузаронии воксиниро на танҳо уламои дин хилофи шариат унвон кардаанд, балки аксари донишмандони тиб дар баромадҳои худ тавсия медиҳанд, ки волидон аз эмгузаронии воксинӣ ба кӯдаконашон худдорӣ намоянд. Чун эмгузаронии воксини хосияти суст кардани имунитети кӯдакро дошта, ба афзоиши кӯдак зарари ҷиддӣ мерасонад. Аммо аксари табибони расмӣ эмгузаронии воқсиниро ба таври ҳатмӣ талаб мекунанд. Ҳатто дар бисёре аз кишварҳои пасошуравӣ, бидуни ҳуҷҷати нишондиҳандаи эмгузарониҳо ба мактаб роҳ намедиҳанд.
***
Дар Тоҷикистон автобусҳо бо муҳри “Made in Tajikistan” истеҳсол мешавад
Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, гуфт корхонаи нав аз ҷониби ширкати туркӣ бо харҷи 20 миллион доллари амрикоӣ сохта мешавад.
Тавре хабаргузории Спутник иттилоъ додааст, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе Фаррух Ҳамрализода гуфтааст, ки қарори Ҳукумат дар бораи таъсиси корхонаи мазкур ба тасвиб расонда шуда, аз ҷониби Тоҷикистон дар ин тарҳ ширкати “Авеста Групп” саҳм мегузорад.
Ба иттилои раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, дар марҳилаи аввал истеҳсоли 200 автобус ва дар оянда тавлиди мошинҳои боркаши 3-8 тон ва микроавтобусҳо дар назар аст.
Ӯ таъкид намудааст, ки мусофирбарҳои хурд бо тамғаи “Мерседес” таҳти муҳри “Made in Tajikistan” ба бозор бароварда мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки аз оғози соли ҷорӣ дар бинои собиқ корхонаи троллейбусбарории Душанбе насби автобусҳои “AKAI” роҳандозӣ шудааст.