Фошкориҳои корманди собиқи КДАМ дар Файзобод

Ман сокини ноҳияи Файзобод мебошам. Солҳои 2015- 2018 дар КДАМ ба ҳайси корманди ғайриштатӣ кор мекардам. Вазифаи ман аз он иборат буд, ки дар бораи коргарони ШВКД дар Файзобод ва соҳибкороне, ки ба корҳои ғайриқонунӣ машғуланд маълумот ҷамъоварӣ намоям. Ман ба чашми сарам дидам, ки милитсия ба ҷои онки оромӣ ва осудагии халқро таъмин кунад баракс ба халқу миллат зулм мекунад ва хуни халқро мехурад. Як мисоли одӣ. Бо воситаи духтарони сабукпой бачаҳоеро, ки нав аз Русия, аз муҳоҷирати меҳнатӣ омадаанд, подстава мекунанд. Баҳодур, муовини УР (кофтукоби ҷиноӣ) –и ШВКД дар н. Файзобод аз соли 2013 кор ва фаъолият мекунад. 7сол аст ки инҷо кор мекунад. Вай дар дар Картегинскийи Душанбе зиндагӣ мекунад. Нафари дигар Ғуломалиев Иноят, ки сокини Файзобод мебошад. Вай дар соли 2016 сардори ОБНОНи милисаи ноҳия таъин шуд. То омадани ӯ ба ин вазифа дар инҷо бачаҳо банг мезаданд. Баъди омадани ӯ вазъият якбора харобтар шуд. Ӯ ба ин вазифа бо дастгирии Дилшоди Мардон (домоди шефповари Эмомалӣ Раҳмон) ва бо сарпарастии Ғафуров Субҳиддин, ки ӯ низ як педофили дигар аст, таъин гашт. Мақсади Ғуломалиев ин буд, ки тиҷорати маводди мухадирро ба назорати Дилшоди Мардон дароварад, зеро вай хоҷааш буд. Аввалин коре, ки Ғуломалиев анҷом дод ин буд, ки “барига”-ҳоро зери контроли худ гирифт. Як нафар бо номи Беҳрӯз, яке аз ин баригаҳо дар маҳалли Профсоюзи Душанбе  дар иҷора ба сар мебурд. Ӯ аз Гумбулоқ аст. Се шаб пушти иҷораи ӯ камин гирифт ва оқибат як саҳар ӯро бо як кило нашъа дастгир кард ва ӯ 10 сол ҳукм гирифт.

Ин кори вай дар ноҳия овоза шуд. Акнун ӯ барои фурӯши маводи мухаддир одамҳои худашро монд, чунки дигарҳо сахт тарсиданд. Якҷо бо Дилшоди Мардон барои ҳар “територия” одамҳои худашонро гузоштанд. Дар “територияи центр” бародари худи Ғуломалиев Иноят бо номи Абӯ ва бо лақаби “звер” тиҷорати  маводи мухаддирро шурӯъ кард. Абӯ дар роҳи самти беморхона “билярдний” дорад, бо номи билярди Муаллим. Барои онки падараш солҳои пеш муаллим будааст. Абуи звер дар ҳамон билярдний ошкоро ба фурӯши маводи мухадир даст ва машғул аст. Шахсони барои хариди нашъа меомада рамз (парол) доранд. Рамзи онҳо калимаи МЕХ аст. Масалан мехи 50 (50сомонӣ) мехи 100 (100сомонӣ). Абуи “звер” аз пули фурӯши маводди мухаддир дар маркази н.файзобод дар бари универмаг як мағозаи ду ошёна сохт. Абу бузи милисаҳо ҳам ҳаст ва то ҳол бузӣ мекунад. Ман дар як чизи дигараш ҳайронам, ки Раҳим бародари калонии Ғуломалиев Иноят ба муҳлати 5 сол зиндонӣ шудаасту доғи судӣ дорад вале чаро ӯ дар ВКД кор мекунад, дар ҳоле, ки нафарони дигар дар чунин ҳолат аз мақом барканор мешаванд. Вақте ки Иноят сардори ОБНОН-и Файзобод таъйин шуд, мардум гуфтанд, ки гургро   гуспандбон монданд. Дар “територияи қишлоқҳо” бошад Ҳабиб соли тавалудаш 1993 аз кӯчаи Гагарин, ҷияни Дилшоди Мардони домоди повари Эмомалӣ Раҳмонро вазифадор кардаанд, ки доимо  банг зада мегардад, ягон вақт ҳушёр нест. Бо мошини опел сидан бо шумораи 9393 гашту гузор мекунад ва дар даруни ҳамин мошин ба одамҳо ошкоро нашъа мефурӯшад. Дар “територияи  кӯчаи чинаи ва кӯчаи Ҷомӣ”, Аваз, соли тавалудаш 1993 буда  вобаста  карда шудааст.

Дар “територияи поёни маркази билярдний”-и “Дидор” Шодмони Муллошариф, соли тавалудаш 1992 сокини кӯчаи Зебунисо вазифадор карда шудааст. Шодмони Муллошариф бузи милитсияҳо аст. Ӯ доимо дар билярднийи “Дидор” мешинад. Масалан агар ягон кас мабодо дар пеши Шодмон дар бораи ҳукумат ва Эмомалӣ Раҳмон ягон чиз гӯяд вай дар телефонаш сабт мекунад. Бо ин кораш сари чанд касро хӯрдааст.“Територияи майдон ва боғ” дар дасти Озод, шогирди дасти чапи Дилшоди Мардон, соли тавалудаш 1990 аз кӯчаи Гагарин супорида шудааст.

“Ин нафарон, ки баригаҳои Ғуломалиев Иноят, сардори ОБНОН ва Дилшоди Мардони шефповари Эмомалӣ Раҳмонанд тамоми ҷавонони ноҳия, ҳатто ноболиғони мактабхони синфҳои 9-10-11-ро бангӣ ва герчик карданд.”

То омадани Ғуломалиев Иноят ба вазифаи сардори ОБНОН вазъият ин хел набуд. Нашъамандҳо буданд, вале ҳоло хеле зиёд шуда ва дарди сари мардум, падару модарҳо ва муаллимҳо шудаанд. Ҳоло ин баригаҳо қариб, ки ошкоро мефурӯшанд. Шодичаи помирӣ, шогирди дасти рости Дилшоди Мардон аз тамоми баригаҳо рӯзҳои сешанбе “доля” ҷамъ мекунад: аз 100 то 500 доллар вобаста аз територия. Ҳар касе,ки аз додани “доля” саркашӣ кунад, ӯро Ғуломалиев Иноят дар ҳол дастгир карда равонаи зиндон мекунад. Аммо Ғуломалиев Иноят мисли рубоҳ маккор аст. Вай Дилшоди Мардонро кидат карда мисли арусак ба бағали Назарзода Комил, ҷияни Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ даромад. Назарзода Комил замначальник (муовини сардор)и ШВКД -и Файзобод аст. Назарзода Комил дар давоми фаъолияти кориаш Файзобод бисёр корҳои бад кардааст.

Барои мисол Амин зодаи ноҳияи Ҳисор, раиси корхонаи Оби минералии Фаст ки ба ҳукми киса ва ё ҳамон кошелеки Назарзода Комил истифода мешуд. Амин тақрибан ҳар шаб дар офисаш дар корхонаи Оби минералӣ барои Комил Назарзода духтар ва бештар ноболиғҳоро мебурд. Онҷо то саҳар айшу ишрат мекарданд. Онҷо мардумро ҷамъ карда бозиҳои қимор ташкил мекарданд.

“Бозингари пешсафу моҳири қиморхона Назарзода Комил, замначальники ШВКДи ноҳия,ҷияни вазири корҳои дохилӣ буд. Як духтари ноболиғи синфи 7 аз Амин ҳомила шуд. Азбаски дар пушташ Комил буд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ халос хӯрд. Назарзода Комил Ғуломалиев Иноятро истифода бурд. Вай бо Иноят нақша кашиданд, ки чи хел бештар сум кор кунанд. Як баригаро аз Лолагӣ дастгир карданд. Ӯро барои дар оянда амалӣ гардонидани нақшаҳояшон истифода бурданд. Ба ӯ шарт мемонанд: ё зиндон ё ба “гап”-и мо амал мекунӣ. Гапи онҳо чунин будааст, ки ин барига ба мошинҳо нишаста дар мошин маводди мухаддир мегузорад ва болотар ӯро дастгир мекунанд.”

Ин ҷавон дар истгоҳи Сомониён истода мошин манъ  мекунад. Ба ронанда мегӯяд, ки бародар маро ба маркази Файзобод мебарӣ ё ба Кабкрез. Ӯ ноаён маводи мухадирро ба мошини ронанда мепартояд ва дар нимароҳ мефарояд. Дар ин лаҳза дар сераҳаи Роғун- Файзобод, даромади шаҳраки Файзобод Ғуломалиев Иноят, сардори ОБНОН бо дастаи таъиноти махсуси ВКД, ки дар дасти якеаш автомат Калашников дар дасти дигариаш завлона ва дар дасти нафари сеюм камераи наворгирӣ мунтазири сайдашон истодаанд.

Вақте ки ронанда ба пеши онҳо  мерасад, ӯро манъ карда, мисле, ки ҷинояти одамкушӣ содир карда бошад аз мошинаш фароварда  ва он наркотикае,ки барига партофта буд, онро гӯиё кашфу мусодира карда ва далели шайъӣ гуфта мегиранду камбағали бечораро чор қад  карда мебаранд. Ин методи корашон 7 мох давом кард, вале чи хеле ки мегуянд Худо сахтгиру дергир аст. Ва як рӯз ҳамон барига аз Лолагӣ боз ҳамин корро такрор мекунад. Аммо ин дафъа тасодуфан мошини як корманди коррупсияро манъ мекунад. Ин корманди коррупсия дар шаҳри Роғун кор мекардааст ва аз Дангара ба ҷои кораш равона будааст. Вай, ки гурги борондида аст сир бой намедиҳад. Ғуломалиев Иноят аз ӯ 3 хазор доллар талаб мекунад. Мегӯяд,ки то бегоҳ сумро биёрӣ ҷавобат медиҳем. Ин корманди коррупсия бо чи роҳе ҳамкоронашро огоҳи вазъ мекунад. Чи хеле мегӯянд, ки гушна ба шер задааст, онҳо фавран нақша-чорабинӣ кашида аз пайи кор мешаванд. Худашонро наздикони ин корманди коррупсия гирифта ҷои вохуриро бо кормандони милитсия маслиҳат мекунанд: пеши парки ноҳия. Ғуломалиев Иноят худаш намеояд ва кормандонашро бо сардории Низом мефиристад. Вақти додани пора ҳамаашонро дастгир карданд. Метавон гуфт, ки тамоми халқи Файзобод шоҳид ва хабардор шуд.Чунки ҳама ҳолати дастгиркуниро диданд.

“Аммо кормандони коррупсия ҳам 60000 (шаст ҳазор) доллар пора гирифта ҳамаашонро сар доданд. Аммо сару садоҳо сахт баланд шуд, ки ин чи гап аст ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ чунин кор мекунанд. Як моҳ нагузашта коррупсия аз сари нав делои ҷиноятӣ кушод. Баъди рӯи об омадани корҳои ҳаромашон муовини сардори ШВКД-и Файзобод Назарзода Комил думашро хода карда ба ШВКД-и ноҳияи Синои Душанбе рафт, как будто ҳеҷ чизе нашудааст. Низом бошад ба Русия гурехта рафт. Айни ҳол дар кофтукоби ҷиноятӣ қарор дорад. Ғуломалиев Иноят бошад шабошаб ба Русия фирор кард. Пеш аз фирор Комил Назарзода ба ӯ мегӯяд, ки рав аз чашми мардум як сол дар хориҷа гард, баъд биё, боз як вазифаи нав гирифта медиҳам, ҳамааш дар дасти худамон.”

Ва афсус, ки ҳамин хел ҳам шуд. Соли гузашта аз Русия баргашт ва ҳоло бошад дар ШВКД-и Файзобод доир ба ноболиғон бо дастгирии Назарзода Комил ва бо сарпарастии Ғафуров Субҳиддин ба вазифа таъин гашт. Гуфтааст, ки 10000 доллар ба Комил додам. Комил любимчики вазирай, вазифаи пешинаамро мегирам, аз нав сардори ОБНОН мешавам.

Дилшоди Мардон, домоди  шефповари Эмомалӣ Раҳмон  дар инҷо  мафия ташкил кардагӣ аст. Номи бандаашон  “Воровской общество” мебошад. Чи ҷавони бероҳае, ки ҳаст  дар итоати ӯст.  Ба болои ин дар Файзобод аз ягон мақомот наметарсад. Зеро вай домоди чойкашаки президент аст. Дар куҷое, ки тақсимоти замин барои участкаи  наздихавлигӣ мешавад Дилшод ҳатман аз онҷо  5 -10 замин мегирад. Дар бархе аз ин заминҳо хона сохта мефурӯшад. Аммо инҷо оилаҳое ҳастанд, ки дар як ҳавлии 5 сотихӣ 3–4 оила зиндагӣ мекунанд ва ин оилаҳо аз 2013 ариза барои гирифтани замин ба ҳукумати ноҳия пешниҳод кардагианд. Аммо онҳо то ҳол замин нагирифтаанд. Дилшоди Мардон дар дараи Аловак ба номи зани Тағоев Сироҷ дуто замини назди ҳавлигӣ дорад: ба номи акааш Муроди Мардон,ки дар даромади шаҳрак ҷойгир аст  80сотих замини назди ҳавлигӣ ва дар кӯчаи Ҷавонон 5то замини назди ҳавлигӣ, дар назди шӯъбаи милисаи ноҳия як кафе дорад бо номи Дарагиён ва худаш доимо қиморбозӣ мекунад.

Вай дар байни мардум ошкоро чанд бор гуфтааст:

мара Дилшоди Мардон Меган. Ма очай Аму одамера фалон мекунум, ки яктай одамҳой мара чақа меша.Манзур ҳамон баригаҳояш аст.Касоне дар гурӯҳи Дилшоди Мардон дохил мешавад,ки Дилшод аввалан як чизро ёдашон медиҳад.“ Мабодо агар менто қапантон аз шумо мепурсанд, зан дорен бген ҳо дорем. Агар ки сари дастатонам гирифтан яъне зан талоқам, ки қасаматон додан агарчи гнаҳгор бошенам ба калла нагирен, бигзор занталоқ касам хрен”

Дилшоди Мардон фатво медодааст, ки сари даст додан як талоқ ҳисоб мехурад, рафта як муллоро меоврӣ никоҳат мекунаду тамом метонед зиндагиатонро давом диҳед. Шарипов Фарход баригаи Дилшоди Мардон будааст. Занашро се бор талоқ додааст. Боз аз сар никоҳ карда зиндагӣ доранд.

Як ҳикояти дигар аз як масъули милисаи Файзобод. Сардори кофтукови ҷиноятӣ дар ШВКД-и Файзобод Дилшоди Хар, ҷияни Анвари текстил бо мошини Лексус rx350 8600 мегардад. Агар ӯро Хар мегуфтаӣ хушаш меомадааст ва фахр ҳам мекардааст. Вай бо Хайрии Люба ном шахс алоқаи зич дорад. Ин Хайрии Люба барой Дилшоди Хар мамарозагӣ мекунад. Моҳи майи соли 2019 аз Регар барои Дилшода ҳамин Хайрӣ подзаказ Зарина ном як ноболиғи 14 соларо  бо маблағи 2000долар барои 2моҳ овард. Ин ноболиғро аввал худи Дилшоди Хар дар хонаи Хайрии Люба, ки дар 4 ошёнаҳои рӯбаруй Дидор дар ошёнаи якум зиндагӣ мекунад истифода бурда  ва баъдан барои подставаи одамоне, ки сум доранд подстава карданро сар кард.  Масалан Маҷидов Шоҳрух, сардори Идораи барқи Файзободро подстава карданд, 5000 доллар дода халос хурд. Хайриро тамоми Файзобод мешиносад. 3 шавҳар карда ва ҳарсеи онҳоро заҳр дода кушт. Ва як Папароза ҳам дорад бо номи Иброҳими Люба. Вай бузи милисаҳо ҳам ҳаст. Бузи  6-ой отдели Ваҳдат.

“Ҳар рӯзи ҷумъа соатҳои сеи рӯз дар пушти бозори марказӣ бо Юсуф ном милиса вохурӣ карда хабарҳоро мерасонад. Масалан кӣ аз Русия омадаву суми бисёр кор кардааст,кӣ хонаашро фурӯхтаасту ҳоло сумашро харҷ накардааст. Ва онҳоро ба ягон бало дучор карда сумҳояшонро бояд кананд. Ё масалан кӣ ду зан гирифтааст ва аз ин қабил гапу корҳо. Ин буз ҳамин гуна хабарҳоро мерасонад.”

Боз як нафар бузи калони милисаҳо ҳаст, ки Наврӯз ном дорад, аз Фархор, муфаттиши милиса аст. Ӯ маълумоту хабарҳоро аз Иброҳими Файзалӣ, ки дар даромади шаҳрак бо номи Садорат мағоза дорад ва то соати 3и шаб савдо мекунад, мегирад. Вазифаи асосии Иброҳими Файзалӣ, ба ҷуз аз ҷамъоварии маълумот барои бачаҳои шӯъбаи милиса овардани арӯс аст. Иброҳим ба тарафи Наврӯзи муфаттиш гуфтааст, ки бародар  ту маро пуштибонӣ кун, ман барои ту Ҷенифер Лопезро меорам.

Иброхими Люба як додар дорад бо номи Нурулло. (Нурулло ланг аст) соли таваллудаш 1994. Мардум аз дасти ин девона хаста шудаанд. Се маротиба суд шудааст. Доимо маст мегардад.   Ба хонаҳои мардум зада даромада ғорат мекунад. Махсусан ба хонаҳое, ки бевазанҳои танҳо зиндагӣ мекунанд зада даромада онҳоро қасди таҷовуз мекунад. Мегуфтааст, ки акаи ман рафиқи милисаҳо аст. Агар бовар накунед равед зани рахматии Ғуломалиро пурсед,ки дар поёни мактаби 54 нохия зиндаги мекунад. Дар соли 2018 маст шуда шабошаб ба хонаи зани раҳматии Ғуломалӣ зада даромада говхояшро мебараду мекушад ва ба Ваҳдат бурда мефурӯшад.

Прокурори Файзобод Сафо ном шахс огоҳ шуда дарҳол фармон медиҳад, маҳкамаш кунед. Делои ҷиноятӣ мекушоянд  ва Иброҳим ба раиси суди н.Файзобод 12000 сомонӣ пора медиҳад  ва раис ваъда медиҳад ки корашро ҳал мекунад. Аммо ҳафтае нагузашта раис бандагӣ мекунад. Ин раис  аз Ҳисор буд. Баъдан Нуруллоро ба мӯҳлати  се сол ҳукм доданд. Ва Иброҳим бошад бо ҳамроҳии падараш Файзалӣ, ки дар амният ғайри штатӣ кор мекунад ба Ҳисор ба суроғи хонаи Раис рафтанд. Зани марҳум раис мебарояд ва корро  фаҳмида мегуяд равед қабристон қабрро канед, мабодо сумҳоятон дар кисааш монда бошад гиред. Ғафуров Субҳиддин, соли таваллудаш 1984 зода ва истиқоматкунандаи Файзобод мебошад. Инҳо дар аввал як фақире буданд, ки бо хар аз адир тапакча меоварданд ва яке бахт рӯяшон хандид. Як акаи калониаш Ҷамешеди Ғафурӣ, ки дар Русия кор мекунад. Ин Ғафуров Субҳиддин кораш фақат духтарбозӣ аст. Духтарҳои ноболиғро бо сум бакораташонро мегирад. Ҳар боре, ки аз ВКД ба ШВКД-и Файзобод меҳхмон биёяд дар хол Субҳиддин  барошон обу арақ ташкил карда ва ҳамон духтарҳой ноболиғро барояшон пешкаш мекунад.Тавакалов Аҳмад бо тахаллуси кали Аҳмад дар бемористони марказӣ духтур аст.

Ғафуров Субҳиддин духтарҳое, ки бакораташонро гирифтааст пеш аз арӯсӣ ба назди Таваккалов Аҳмад меорад ва ба маблағи аз 500 то 1000 доллар барои бакораташонро барқарор кардан меорад. Аз ин кори ӯ тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо хабаранд, аммо ягон чора намебинанд, чунки субҳиддин бо пул онҳоро муттаҳам кардааст. Акаи Таваккалов Аҳмад Таваккалов Умар, раиси суди Файзобод буд. Нафари дигар Сафарзода Ғозибек, судяи Файзобод як порахӯри дигар аст. Ин судя аз занҳое, ки барои алимент ариза пешниҳод мекунанд аз 1200 сомонӣ сар карда ришва мегирад. Ин судя бар ивази пул ҳатто ҷинояткронро аз зали суд озод мекунад. Агарчанде прокурор розӣ набошад ҳам.

Чунки Сафарзода Ғозибек пуштибонии як зани судяро дар Суди олӣ,ки аз Данғара аст, доро мебошад. Вай пешакӣ ба прокурор ҳам мегуфтааст,ки “доля”-ро бачаҳакои боло додагианд, делоро тавре таҳия кун,ки ӯро озод намоем.

“Тарзи порагирии Сафарзода Ғозибек ҳам аҷиб аст. Шаҳрвандро ба кабинеташ даъват мекунад. Сарулибос ва бадани ӯро хуб кофтукоб мекунад, мабодо ягон дастгоҳи сабт надошта бошад. Маблағи даркориро даҳанакӣ неву бо ангуштонаш ишора мекардааст. Масалан 5000 долар бошад панҷаҳои як дасташро пурра мекушодааст.Агар шаш ҳазор бошад як панҷаашро бар болои ангуштони як дасташ нишон медодаст. Ва,мегуфтааст,ки КБО (комбинати хидмати маийшӣ) рав, дар рӯбарӯи судхонаи ноҳия. Дар ошёнаи якумаш устои телевизор бо номи Аловуддин, ки хеши наздикаш аст, кор мекунад,пулро ба ҳамон одам супоред.Пас аз супоридан меравад  пулро мегирад ва кор ана инхел аст дар Файзобод.”  

Ва, дар охир гуфтаниам,ки вақте ҳамаи маълумотҳои лозимаро ҷамъоварӣ карда ба КДАМ-и Файзобод додам, фикр кардам ин ҷинояткорон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Вале афсӯс ин тавр нашуд.Ҳамаи онҳоро амният якта- якта даъват карда  сумҳояшонро гирифта ҷавоб дод. Барои мисол вақте Дилшоди Мардонро даъват карданд, вай ҳатто ба амният наомад ва гуфтааст, ки “ма задагийм амнията, шумо медонен, ки ма кийм? Ҳозир ба боло занг мезанм ҳамат ай кор мепарен.Ҳамин тавр ҳам шуд.Ба хусураш занг зада корро хомуш кард. Баъди чунин корҳои КДАМ чи кор карданамро намедонистам ва худ ба худ гуфтам ин ҳама шабҳои бехобӣ, ин ҳама кӯшишҳо барои ҷайби кормандони КДАМ будааст. Ва дар охир гуфтаниям,мо мардуми Файзобод аз дасти ин золимон хаста шудаем ва аз давлат талаб мекунем, ки чораашро бинанд, вагарна косаи сабри мардум лабрез шудааст ва ба ҷуз митинг чораи дигаре надорем.

Ps: Кормандони бо шараф ва ватандӯсти КДАМ,ки зулм ва ситами миллатро бо чашмони худ мебинанд ва он ноадолатиҳое дар ин кумита дар саросари кишвар сурат мегирад, онҳоро ором намегузарад. “Ислоҳ” омодааст ончи менависед нашр намояд ва тақдими миллат намояд.Бе тараф набошед ба мо нависед.

 

Total
12
Shares
Related Posts