Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№ 290

Ислоҳ нет

Ин нашри шумораи 290-умини барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» аст. Дар ин 290 шумора мо аз тариқи нашри номаҳои шумо тавонистем, ки дафтари аъмоли Раҳмонов ва мақомоти вайро бихонем ва барояш бадтарин нафрину лаънати мардумро бифиристем.

Ин шумораи номаҳо ҳам як лаънатномаи дигаре дар дафтари аъмоли Раҳмонов аст. Дар ин барнома аз Турсунзода, Кулоб, Душанбе ва Маскав номаҳоро ҷой додаем.

  Як нафар муҳоҷири корӣ навиштааст, ки ночор шуд як рафиқашро бихоҳад, ки дарди дилашро дар номае барои мо навишта бифиристад. Вай барои гирифтани паспорти хориҷӣ ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав муроҷиат кардааст. Навиштааст, ки мегӯӣ инҳо корманди давлтӣ набошанд. Дуздҳоанд, гурганд, ки пусту гӯшти танаатро канда мехуранд. Муҳоҷири меҳнатӣ, чи азобу азияте дорад. 80-90 дар сад бовар кунед бо азоб пул меёбанд. Ҷойи онки ба дарди мардум расанд, мушкилро рафъ кунанд зиёд мекунанд. Хулоса як балои бади дигар. Барои як паспорти хориҷӣ, ки дар ватан 800 сомонӣ нарх дорад 25 ҳазор рубл баробари 3000 сомонӣ пардохт намудааст:

Маскав

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқбол. Ман яке аз садҳо ҳазор, балки чандин миллион муҳоҷири меҳнатиам, ки дар Русия қарор дорам. Аз як ҳодисае, ҳамин чанд рӯз пеш бо худи ман руй дод бароятон ҳикоят мекунам. Рафтам ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав барои гирифтани паспорти нави хориҷӣ-загранпаспорт. Чунки муҳлати паспорти хориҷам тамом шуд. Ман дидам, ки кормандони сафорат, хеле баҳузуранд. Парво надоранд.

 Аз даҳани дар мебароӣ як инсон истодагӣ бо номи Ҳамза. Боз каме дохил меравӣ нафаре дигар бо номи Рамазон истодааст. Меравӣ аз поён нусхаи ариза-заявленийро мегирӣ. 400 рубл барои як коғаз ксерокопия- нусхаи ариза мегиранд. Мегӯяд бирав каса -окнои якум. Окнои якум медароӣ як сағирачаи сиёҳак истодагӣ аст. Вай сразу Рамазонро нишон медиҳад. Рамазонро фарёд мекунад. Рамазон,ки омад паспорти тоҷикӣ мепурсад. Ман намедонам, ки ҳамон паспорти пластикии майдаи тоҷикӣ дар инҷо чи рол бозӣ мекунад, чи зарур аст? Мегуянд, ҳамон паспорт даркор аст. Ҳамонро биёр. Охир мегӯӣ, ки ин паспортро наовардаам, надорам дар дастам. Аксарияти одамҳо гуфта истодаанд, ки охир он паспорт чи даркор аст. Мо онро аз Тоҷикистон бо худ наовардаем. Не вай даркор аст мегӯяд ва мегӯяд, ки агар ҳамон паспорт бошад 4000 эконом мекунӣ, 4000 дар киссаат мемонад. Хулосаи гап гуфт 25000 рубл барои ман бидеҳ, паспорти хориҷатро туғрӣ мекунем. Ман гуфтам, ки бародари азиз, ин қадар пул надорам ва баровардаму 15000 рубл дар дасташ доданӣ шудам. Гуфт, не ба 15000 намешавад. Розӣ нашуд ва гуфт 20000то ҳам намешавад ва ба 20000рубл ҳам не гуфт. Гуфт 25000 меорӣ ва ин ҳам барои худат, ки паспорти тоҷикӣ надорӣ. То бегоҳ якравӣ карду онҷо нигоҳ дошт. То 25000 рублро нагирифтанд ба қайд нагирифтанд. 25000ро гирифтанду ба қайд гирифтанд.

  Он сағирае, ки дар якум окошка истодагӣ аст ҳамин Рамазонро гап мезанад. Рамазон мегӯяд, ки  паспорти Тоҷикистонро биёред  ё набошад ба МВД дар Душанбе запрос фиристодан даркор, ки як моҳ вақтро мегирад ё возврашение на родину медиҳем меравӣ, агарки паспорти тоҷикӣ надошта бошӣ. Хулос ҳамин гуна храб зада, мардумро тарсонида истодаанд. Одамҳо бисёранд. Дар дили онҳо   ваҳму тарсу таҳлука меандознд. Ин дутоаш амниятӣ аст. Боз меояд пеши туву худро дӯст ҷилва дода мегуяд «э бача намебинӣ чи қадар одам аст, паспорт тамом шудестай, да худут проблема мешад, бтешон корта буд кун». Шерак мекунанд ҳалаҳала мекунанд. Лекин маълум,ки 100дар1000 фиреб аст. Мақсад пул кандан аст.

Ду нафари мисли мо барои паспорт омада дар дами дар амри маъруф ба забони русӣ гӯш карда истода буданд- бачаҳои тоҷик. Ин кормандони сафорат ба онҳо безеббезеб нигоҳ карда истодаанд: «и маймунора би, ин қилиқи инора бин, охи ҳамина наушник қатӣ гуш кун. Ҳозир инора барем маҳкам кунем ё депорт кунем»

Ба Худо як даҳшат аст. Мегӣ инҷо посолство неву гестапо бошад. Тамоман аз худ рафтагианд. Аз ҳамае, ки барои паспорт омадагианд 25000 рубл аз як лаб гирифта истодаанд. Лекин справка о возврашение на родинаашро намедонам чанд сумӣ гирифта истодаанд.

Инҷо ҳамватанонамон бо ҳазоруяк проблема меоянд. Вале кормандони сафорат беҳад баҳузуранд, беҳад сустанд, агарчи ҳатто саломро бепул намекунанд ва нархҳо як ба саду 1000 боло аст. Мақсадашон пул, пул те, фақат пул. Ҳар як коғаз сум.

 Номи дар окошаи якумро наётам. Як сағирачаи майдҳаки сиёҳак, калааш ҳам майда. Бо Рамазон дар окошкаи якум меистад. Рамазон ҳам сиёҳак аст. Инҳо ҳарду аз Фархор будаанд.

Як бачаи фархорӣ гуфт, ки ман мешиносам, аз ҳамин Фархор аст рӯи хотир накард. 

Онҷо як апа ҳам буд. Намедонам барои чи кор омада бошад. Гуфт, ки ба толеъи шумо имрӯз одам камтар аст. Гуфт «як рӯз омадам, ки инҷо одам ончунон толпа буд. Гуфт бо инҳо гап зада намешавад ва афзуд, ки инҳо ранги як ҳайвон муомила мекунанд»

Дар ҳақиқат худам ҳам дидам, ки ҳамин тавр аст. Аз дар медароӣ яшикчаҳо мондагӣ бо калид  маҳкам, сраза телефонатро аз дастат гирифта дар яшик маҳкам мекунанд.

Баъзе одамҳо сроки паспорташ буд шудааст, баъзеаш гум кардааст, паспорти баъзеш фарсуда ё даридааст.

Вале инҳо ҳатман паспорти миллиро мепурсанд. Чунки медоннад муҳоҷирҳо онро намеоранд.

 Дар ҳамин рӯзи ба гуфтаи он апашка камодам ҳам 80-90 кас дар навбати дари сафорат чухт истода будем.

 Гуфтам хуб дар телефон ҳам акс ва ҳам ҳамаи данийҳои паспорти тоҷикиамро дорам. Не гуфт. Бояд худи паспортатро биоварӣ. Гуфтам охир дар дастам нест, дар Тоҷикистон аст. Мегӯяд, ки роҳӣ кунанд.

Ба номи Худо мегуӣ як шата дар даҳанаш бизанам. Мегуӣ дар пеши онҳо мо муттаҳам бошем ё ягон гадо бошем. Худашонро як намуд калон мегиранд, ки … ҳамин қадар халқ дар пеши инҳо гунаҳкору муттаҳам барин истодааст. Халқ ҳама ҷиму сокит тарсида ягон гап намегуяд.

 Ана ҳамин буд он ҳодиса, ки дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо ман рӯй дод. 25 000 рублро додам, дигар паспорти тоҷикиамро суроғ накарданд.

Турсунзода

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу домуллои муҳтарам. Аллоҳ гузаштагонатро раҳмату мағфират кунад. Дарду аламамаро аз ноҳияи Турсунзода дар ин нома навиштам.

  Дар ноҳия Турсунзода раиси Кумитаи замин бо шогирдонаш ба мардум бисёр ҷабр мекунанд. Барои 2 сотих замин ҳуҷҷатҳоро бурдем, то иҷозат барои таъмири мошин, сех ё устохона бигирем. Раиси Кумита як нафар зердасташро бо номи Эркин, аз узбекбачаҳо фарёд карду гуфт, ки корҳои ин мардро бинед. Эркин бошад аз пеши раиси Кумитаи замин баромад, калкулятори телефонашро кушод ва барои 2 сотих замин 15 ҳазор сомонӣ  пурсид ва дар телефонаш навишт, ки раис ҳамин маблағро пурсид. Ва гуфт, ки агар шароит бошад биёр 15 ҳазор сомонӣ корҳоятро тахт кунам набоша дам бигир. Як бародари дигар гуфт, ки ман ҳам рафтам барои сертификат кардани 50 сотих замин. 50 ҳазор сомонӣ пурсиданд, ин миқдор надоштам, зурам нарасид, ноилоҷ отказ кардам.

 Аммо мн як ҳафта аз паси документҳоям давидам. Идораи пажар-сухторнишонӣ 1000 сомонӣ гирифт имзо кард, лоиҳакаш-архитектура 500 сомонӣ, экология-муҳити зист- 300 сомонӣ ва ғайраҳо. Хулосаи гап ҳамин, ки ҳама ҳуҷҷатҳо тахт шуд . Охирон, ки Кумитаи замин сертификат мекунад,15 ҳазор сомонӣ гиритфтнаду ҳуҷҷҷатҳоро қонунӣ карданд. Ман ба ин зердасташ гуфтам, шояд бо ягон кас ба раис бароем камтар гирад?Аммо вай гуфт, ки «Э, бародар, и одами Рустамай, гапи раиси ҳукумати ноҳияра дар фалонаш ҳисоб намекуна». Ин раиси моро ба гуфтаи ин зердасташ Рустами Эмомалӣ кришават мекардааст.

Рости гап дигар тагашро накофтем. 15000ро додам. Инки ин раис  одами Рустам будааст, ё инки бардурӯғ худро одами Рустам овоза андохтааст, намедонам. Аҷиб инҷо аст ки ҳозир на фақат Эмомалӣ Раҳмонов, Рустаму Озода ҳам одамҳои худро доштаанд ва боиси ҳайронӣ ин аст ки нархи имзои одамҳои Озодаву Рустам боз баландтар будааст.

 Аммо ман пурсиданиам, ки органҳои ҳифзи ҳуқуқ, масалан амнияти ноҳия, ки дар ҳар ҷо ҳозир аст, нахуди пеши қошуқ аст куҷоро нигоҳ мекарда бошад?

       Кулоб

Ассалому алайкум бародари гиромӣ Муҳаммадиқбол! Ман солҳо омӯзгорӣ мекунам ва ҳоло ҳам дар соҳаи маорифам. Аммо омӯзгор нестам. Дар як мактаби яке аз деҳаҳои назди шаҳри Кулоб посбони мактаб ҳастам. Нафақа мегирам, маоши қаравулиро ҳам мегирам.

Рости гапро бигӯям, чанд сол аст ки шуморо тамошо мекунам. Шумо дар бораи проблемаҳои ҳалталаб гап мезанед. Мардум ҳам ба шумо бовар карда мушкилоташонро дар миён мегузоранд.

Ман дар ёд дорам, ки Раҳмонов дар ҳамон солҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ, дар яке аз суханрониҳояш гуфта буд, ки мо бояд аввал қарзи маоши муаллимону духтурону дигару дигар буҷахӯронро пурра дихем. Ва гуфта буд, ки агар соҳаи маориф таъмин набошад, пас мо чи тавр давлат месозем.

 Ва, чанд рӯзи пеш воҳима карда аз қабули қонун дар бораи мақоми омӯзгор гап зад. Аммо воқеият чизи дигар аст. Ин воқеиятҳоро бо қонун не, бо ғамхорӣ ва таҳти ҳимояту таъминоти сазовори давлат гирифтан мешавад ислоҳ кард. Манзури ман чӣ аст?

 Дар саросари мамлакат муаллимҳо, духтурҳо ва баъзе дигар аз кормандоне, ки аз бюҷети маош мегиранд дод мегуянд, ки чандин моҳ аст маош нест.

  Раҳмоновро садқаи нону намаки мардуми тоҷик кунад. Фақат худаш ва аҳли оилашро мебинаду халос. Фикр мекунад, ки зиндагии ҳамаи мардум мисли зиндагии вай ва авлодаш аст. Ин тавр нест ку охир. Ин дар туву хонаводаат фаровониву сериву пурӣ ва гармиву рӯшноӣ таъмин аст. Ин мардум, муаллимҳову духтурҳо рузашонро ба маош мегузаронанд. Вақте маош намедиҳӣ чӣ мешавад? Мисоли одӣ. Маош нест, суми барқро бечораи муаллим наметавонад биспорад, сими барқашро мебуранд. Саривақт андози замину хонаро супорида наметавонад, ҷаримааш мекунанд.

  Корманди МВД, КДАМ, Прокуратураи Генералӣ, судҳо ва военкоматҳоро намешавад бо омӯзгору духтур муқоиса намуд. Онҳо маош нагиранд ҳам даромад доранд, чунки пора мегирнад. Вале муаллиму духтуру кормандони барқ, водоканал даромади дигар надоранд. Муаллим бесабаб талабаро танбеҳ ё гӯшмол намедиҳад. Кадом шоире гуфтааст,ки

Беадабро ҳар куҷо ёбӣ бикӯб,

Хирс мулло мешавад аз зарби чуб.

Ман тарафдори латкардани бачаҳо нестам. Вале баъзе аз бачаҳое ҳастанд, ки ногузир мешавӣ. Агар пеши роҳашро нагирӣ сиёсататро болояш нагузаронӣ, на фақат туро савор мешавад, дарсро вайрон ва талабаҳоро ҳам беадаб мекунад. Сухани омӯзгор барои талаба ба мисли сухани командир ба аскар бояд бошад.

 Барои муаллим давлат бояд имтиёз диҳад. Ҳам дар нафақааш, ҳам дар пардохти уҳдадориҳои иҷтимоӣ. Масалан барои пардохти андози замину хона, пардохти пули барқ.

Бигзор падру модарҳо ҳам маблағи муайян бипардозанд. Ин кори мушкил нест. Инҷо масъалаи серфарзандҳо пеш меояд. Бигзор барои онҳо ҳам ягон намуд, сабукӣ дода шавад. Масалан як нафар панҷ фарзанд дорад, бигзор барои дутоаш пул надиҳад. Инро бояд мактаб ва маъмурияти мактаб таъин кунад.

Хадамоти назорати соҳаи маориф ба чи дард мехурад? Барҳам диҳед. Онҳо меоянду омӯзгорон маҷбур мешаванд пул ҷамъ кунанду диҳанд. Вагарна бо ягон камбуду хатоӣ  ба мактаб ва омӯзгор проблема мекунанд.

Вақте барои муаллим имтиёз медиҳед, давлат маошашро боло мебардорад, ки муҳтоҷ набошад, он вақт аз омӯзгор мешавад натиҷаи кор пурсид.

Аммо ҳамин чанд рӯз шуд, ки боз мактабҳоро, аз ҷумла мактаберо, ки ман кор мекунам маҷбур карда истодаанд, ки ба газетаҳои расмӣ обуна шаванд ва сари ҳар муаллим маблағи умумии барои обуна муайянкардаро ба муаллимҳо саршикан карда истодаанд.

Ин ҳолат барои муаллимҳо мушкилӣ меоварад. Ҳар муаллим аз нуги маошаш бояд 400 сомонӣ диҳад. Ҳатто аз фаррошу қаровули мактаб директор маҷбур мешавад пул гирад.

Даҳҳо нафар муаллимҳои ботаҷриба ва ҷавонҳое, ки бо ҳавас муаллим мешаванд, аз дасти камии маош рӯ ба муҳоҷират оварданд.

Дар чунин вазъият муаллими бечора чи гуна бо дили гарм ба талаба дарс диҳад.

Қонун дуруст, вале бояд ба муаллим ва маориф ғамхории махсус зоҳир карда шавад.

      Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Дар матбуот навиштаанд, ки сатҳи фақр дар Тоҷикистон то 23% коҳиш ёфтааст. Раҳмонов ҳам дар баромадҳояш ҳамин гуна воҳима мекунад. Ман ба Раҳмонов гуфтаниам, ки ба ин оморҳои дурӯғӣ, ки сатҳи фақр поин омадааст, некуаҳволии мардум беҳ шудааст, бовар накунад. Чаро? Чунки сатҳи фақр  ба ин андоза коҳиш наёфтааст. Аввалаш ин аст ки агар сатҳи фақр кам шуда бошад ҳам ин благодаря Русия аст ки мардуми мо, пиру ҷавон ва ҳатто занҳо рафта онҷо кор карда пул мефиристанд. Ин тавр нест, ки Раҳмонов ва ҳукумати ва ҷойи кору маоши дурусте ба мардум ташкил ва таъмин карда бошад. Баракс нархи ҳама чиз дар Тоҷикистон рӯзторӯз боло рафта истодааст.

 Бубинед, ки нархи қувваи барқро то чи андоза ва ниҳоят беинсофона боло бурданд. Қувваи барқе, ки аз неругоҳҳои обӣ истеҳсол мешавад арзонтарин қувваи барқ ба ҳисоб меравад. Чунки он дар ҳақиқат бо харҷи кам истеҳсол мегардад. Аммо тавре ин нархро муқаррар кардааст, ки аз неруи барқи аловиву атомӣ ҳам болотар аст.

Мисоли дигар. Нархи гӯшт. Ҳозир нархи ду кило гӯшт ба як қопча орд баробар шудааст. Дар ҳоле, ки орд аз хориҷа ворид карда мешавад.

Ман ба Раҳмонов гуфтаниам, ки то Озодаи фионаро медал додан бифирист аҳволи халқро бинад. Аксарияти мардум шояд дар моҳ ду кило гӯшт нахурад. Чунки бо ин маоше, ки Раҳмонов таъин кардааст гӯшт хӯрдан ғайриимкон аст. Раҳмонов ва чоплусони давру бараш аз коҳиши сатҳи камбизоатӣ мегӯянд, аммо намегӯянд, ки маош дар Тоҷикистон аз ҳамаи кишварҳои пешини шӯравӣ пасттарин аст.

Раҳмонов вақте Рустамро дар ҷойи Убайдуллоев овардӣ, ёдат ҳаст чи гуфта будӣ? Рустамро гуфта будӣ, публично насиҳат карда будӣ, ки рав ба хонаҳои мардум, бо мардум суҳбат кун. Аммо ягон бор рафт? Ягон бор пурсидӣ, ки хонаи кадом камбағал рафт?

  Бюҷети давлатро беш аз нисф  барои содержанияи оилаи аз мӯру малах зиёдат сарф карда истодаӣ. Як майда инсоф кун.

Дар ҳақиқат тавонистӣ, ки мардумро мурғ кунӣ. Вагарна бо ин қадар зулму ситам ҳанӯз ҳам хомушанд. Халқ беномус ва беҷуръату беғайрат шудааст.

   Э, мардум, аз ҳар минтақа 200 касӣ хезед,тамом. Валлоҳӣ дингуз мезанад. Успет намекунад самолети 100 миллиониашро бишинад. Зури Раҳмон барои ҳамаҷоро зарба задан намерасад. Хезед мардум, як сония ҳам наистода хезед.

Раҳмонов, вале як чизро сахт дар ёдат бигир. Ин тарси мардум меравад.

 Агарчи ҳоло сокитанд вале онҳо хонаҳо, мошин қасрҳо, замину дигар боигарии худат ва ҳамаи наздиконатро чен кардагианд.

Ту сатҳи фақр поин шуд гуфта зиндагии худатро дар назар дорӣ! Вақте аз Данғара Душанбе омадӣ, чӣ доштӣ? Имрӯз фақат ту ва авлоди ту ва мансабдорони ту аз сатҳи фақр баромадаанд. Мардум агар Русия наравад, гушнаву ташна мемонад.

  Рустам, Сомон, Исмоили Пингвин, Зоир, Шамсулло, Ҳасан, Зарифбеки келин ва дигару дигарат бидонед, ки мардум ҳар руз расписанияи рафту омаданатонро  қайд мекунад. Банкҳоятон дар куҷо, кӣ кор мекунад, киро кредит медиҳедро медонанд. Аллоҳ фарзандонатонро саратон кунад, э,Шамсулло ту фикр мекунӣ ҳар руз қопча қопча сумҳоро меоранд аз дарвозаи калони Фароз дар бозори Фаровони Душанбе медароранду шогирдонат ҳисоб мекунанд, мардум намедона? Нағз  медонанд. Дар бари сардори кадр, финанс, муовинҳоят дар дуюму сеюм этаж одамони даркорӣ кор карда истодаанду ҳама ҳаракатҳо ва движухаатонро назорат мебаранд.

  Зоири мундуқ бо Исмоили Пингвинат дар қафои аптекаи1 банкатро, аниқтараш хранилийшиатро баҷо кардаӣ, вале одамҳо дар дохил ҳастанд, мегӯянд, ки чи гапу хабар аст.

Зарифбеки келин, аз хонаат, аз пеши пештара бозори Баракат, ҳозира маркази савдои Баракат мебароӣ, соати чанд, ҳамроҳи кӣ, куҷо меравӣ, ҳамаашро медонанд. Озодаи халтазадагӣ хонаатро дар рӯ ба рӯи хонаи Қоҳир Расулзода, сарвазир сохтӣ. Фикр мекунӣ намедонанд соати чанд мебароӣ, бо кӣ ва ба кадом мошин мебрароӣ? Ланд крузерҳои 300 рақамҳояшро иваз мекардагӣ, охраннаҳои даҳани дарвозаатрову Иброҳими даруни будка, ёрдамчиҳояту коргаронат, кӣ ҳастанду чи гапҳоро мегӯянд, мардум медонад.

Сомон меравӣ Талкои пеши ГАИ республика. Ду соат мешинӣ боз ба соатҳои 11 мегардӣ ба ду мошини 10-20 рақамҳояш меоӣ. Бо кӣ мервию меоӣ, соати чанд меравӣ ва меоӣ, мардум дида истодааст.

Азизмои газетхонак соати чанд аз хона мебароӣ, бо кадом мошин, чи рақами қайди давлат-номер дорд, бо кӣ меравӣ ҳамаашро медонанд. Аз роҳҳои пушти чойхонаи «Роҳат» ва пеши СИЗО ё рост ба пеши Ориёнбонк мебароӣ, ҳамаашро мардум медонанд.

Ашраф Гулов Парвинаи духтари ҷанобро чи гуна фиреб карда пулҳои Сифатфармаашро ба ҳисобҳои оффшорӣ мефиристад ва ҳатто чи хел бо дугонаи худи Парвина мегардадро дар шаҳр бисёриҳо медонанд. Чунки Душанбе шаҳри калон нест.

 Исмоили Пингвинро ҳам рафиқонаш сахт аҳмақ карда гаштанд. Аз ин ресторан ба ин ресторан гаштанҳояш, духтарбозиҳояшро мардум дида истодааст. Ҳатто дар мошинҳояш Мансур Неъмтови рафиқаш жучок мондагӣ аст. Камоли ҷурааш шуримуриҳои Исмоили пингвинро ба КДАМ ва СС.Ятимов нарезондаву начаконда мерасонад.   

  Хулоса инки ин гапи камбағаливу нодориву қашшоқӣ дар Тоҷикистон кам шудааст, дурӯғ аст. Ин камшавӣ ба оилаи Раҳмонов дахл дорад. Ба мардум не. Раҳмонов сатҳи камбизоатии худу авлоди худашро кам кардааст. Вай фикр мекунад, ки зиндагии халқ мисли зиндагии вай аст. Аммо ин тавр, ки нест. Барои ҳамин мардум тамоми ҳаракатҳои ин оиларо назорат карда истодааст ва вақти зарурӣ мардум мехезад ва ин ҳамаро аз онҳо кашида мегирад.

Share This Article