Номаи маро алоҳида нашр кунед № 13\1
Хонанда ва бинандаҳои доимии мо аз ин моҷаро огоҳанд. Сухан дар бораи як баҳсу ҷанҷоле меравад, ки ҳатто кушта бар ҷой гузошта бошад ҳам аммо то кунун ҳаллу фасл нашудааст. Мисли инки мақомоти шаҳри Ваҳдат, ҳодисаро хабар надоранд ва ё инки сарнавишти инсонҳоро бар ивази пулу пора ба дасти фаромушӣ месупоранд.
Дар бораи ин моҷаро қаблан дар чаҳор шумораи барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо», шумораҳои №№245-261-273-283 мо навишта будем ва интизори он будем, ки мақомот онро пайгирӣ ва расидагӣ хоҳанд кард. Аммо, чуноне маълум шуд, ҳеҷ мақомоте аз ҳифзи ҳуқуқ ҳатто напурсидаанд, ки инҷо чи гап шудааст. Барои ҳамин «Ислоҳ» дар барномаи алоҳидаи худ номаи шикоятии аз тарафи ҷабрдидаҳоро мунташир карда ва аз Дастгоҳи Иҷрояи Президент, Додситони кулл, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ ва Додгоҳи Олии Тоҷикистон расман талаб менамояд, ки онро ҳамчун санад, аризаи шикоятии шаҳрванд бипазиранд ва дар пайи таҳқиқ ва баррасии он шаванд. Ва, инак ин нома-аризаи шаҳрванд, сокини шаҳри Ваҳдат.
Бахши аввал
Ассалому алайкум бародари роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин. Арзи сипос мекунам барои хизматҳои шабонарӯзии шумо, ки баҳри миллату мардуми худ мекунед. Шабро шаб нагуфта, рӯзро руз нагуфта дар мубориза истодагарӣ мекунеду устувору қавӣ дар роҳи пурхатар аз баҳри худ гузаштаед ва дар хизмати мардуму халқед. Худо шуморо нигаҳбон бошад. Мо аз шумо розием ва дар ҳақатон дуъогуем.
Ман сокини шаҳри Ваҳдат ҳастам. Ба шумо 4 нома ирсол кардам, ки шумо ҳамаашонро дар шумораҳои №№245-261-273-283-и «Номаҳо аз ноҳияҳо» нашр кардед.
Дар ин чор нома мо бисёре аз ҷиноятҳои анҷомдодаи дастаи мафиозии Шералиев Олимро ошкор кардем. Вале ҳоло ҳам кам аст ва боз ҳам ошкор мекунем. Вале нисбати ин гурӯҳи ҷинояткор мо аз тарафи мақомоти масъул ягон вокунише надидем. Баракс, мо мебинем мақомот ӯро тарафдори мекунанд. Аз ин ҷиҳат ҳаст, ки ин гурӯҳи ҷинояткор хурсанду озоданд ва боз ба ҷиноятҳои нав ба нав даст зада истодаанд ва рӯз аз рӯз шумори ҷиноятҳояшон зиёд гашта истодааст.
Вале мо дилозурда нестем, балки хурсандем, чунки симо ва чеҳраи аслии ҳар яки онҳоро ошкор карда ба мардум нишон медиҳем. Ин барои мо як дастоварди калон аст, чунки мардум онҳоро мешиносанд. Ва фаҳмида мешавад, ки як қисм аз мақомдорон бо ин ҷинояткорон якҷо худ шариканду ҷинояткоранд. Вале, ин шо Аллоҳ, ин ҳолат дер давом намекунад. Мардум ҷинояткорро дар даруни мақомот ҳам бошад, хоҳад шинохт ва дар назди қонуну миллат ҷавоб хоҳанд гуфт ва он рӯзро ман деру дур намебинам. Аммо баъди ин корҳои худ онҳо ё фарзандони онҳо ва ҳамсарони онҳо чи хел ба рӯи мардум нигоҳ мекарда бошанд? Ҳозир бо инки дар вазифаанд, мансаб доранд ин ҷиноятҳоро анҷом медиҳанд. Лекин рузе мерасад, ки мардум аз руи адолат муҳокима ва суд мекунад. Яке аз ин далелҳо худи ҳамин номаҳои мо мебошад, ки ҳар як ҷинояткорро бо исму насаб, мақому мартаба ва ҷои зисташ муайян мекунад ва ин навиштаҳо дар таърихи ин миллат сабт мешаванду мемонад. Инҷо сухан боз дар бораи ҳамон Олими истанса меравад — Шералиев Олим. Ин дафъа мо яқину дақиқ Шералиев Олим ва ҳолату мавридҳои ҷиноятҳои анҷомдодаи ӯро дар робита ба тасарруфи магазин ва тасарруфи замин нуқта ба нуқта ба мардум пешкаш мекунем. Бо факту далелҳо,ки дигар ҷои баҳс намемонад.
Ҳодиса чунин аст
Модари75 сола Ойбибӣ Тағоева дар номаҳои гузашта қайд карда буд, ки шавҳари ӯро Шералиев Олим мекушад ва магазинашро мегирад. Вале мо намедонистем, ки шавҳари ин модар кӣ буд? Шавҳари ин модар Турабег Тағоев аст, ки акнун дар қайди ҳаёт. Аз номаҳои гузашта маълумамон буд, ки Ойбибӣ Тағоева 5 фарзанд дорад вале намедонистем онҳо киҳоянд. Ин панҷ фарзанд ду духтар ва се писар, ки ҳамаашон оила барпо карда соҳиби набераву абера астанд. Духтарҳо соҳиби шавҳар ва писаронаш бошанд яктоаш ҷудову ду тои дигараш дар ҳавлии ин модар зиндагӣ мекунанд. Ҳамаашон дар аввал ҷудо буданд. Писари калонӣ як қисми ин магазинро хона месозад- 4 дар хона ва дар як қисми дигараш ҳамин магазин мекушояд ва кор мекунад, албатта то замоне, ки Шералиев Олим онро нагириф. Вақте Шералиев Олим магазинро мегирад дигар ҷои зистан надошт. Аз ин хотир боз баргашта ба хонаи падариаш бо ҳамроҳи бародараш дар ҳамон ҷо муваққатан зиндагӣ мекунад. Аз суханҳои муаллиф шунидам, ки ин се писари модар дар аввал Русия рафта кор мекунанд. Чандин солҳо пул ҷамъ карда як хонаи ду этажа месозанд ва баъдан, баъди ба Тоҷикистон баргаштанашон ба тиҷорат машғул мешаванд ва магазинеро аренда-иҷора гирифта кор мекунанд. Ин магазини ба иҷора гирифтаи онҳо дар Аманалний, гардиши Тепаи самарқандӣ воқеъ ва он магазини хурокворӣ буд. Дар он магазин беш аз 5 сол кор мекунанд. Ва онҳо бисёр ҳам маъруф мешаванд- барои арзонфурушӣ ва барои муомилаи хуб доштанашон бо мардум. Шуҳрати онҳо на танҳо дар ҷамоати Роҳатӣ дар ҷамоати Ҳазрати мавлоно ва 9 километр ва аз ин тараф то шаҳри Ваҳдат паҳн мешавад ва аз тамоми гӯшаҳои диёр мардум барои арзон будани маҳсулоти онҳо омада аз онҳо харид мекарданд. Мегуянд ба он дараҷае шуҳрат пайдо карда буданд, ки дар ҳама ҷоҳои ҷамъиятӣ, масчиду машруткаҳо ҳама аз хислатҳои хуби ин бародарон ва арзонфурӯшиашон таърифу тавсиф мекарданд.
Ва дар ҳақашон дуъои хайр мекарданд ва ин бародарон тамоми мардуме, ки агар хурокае надоштанду ба инҳо муроҷиат мекарданд, ёриву кумак мерасонданд. Ман худ дар бораи онҳо аз чандин мардуми он маҳал пурсупос кардам, нашунидам, ки касе нисбати онҳо сухани баде гуфта бошад. Бо ҳар касе мусоҳиба мекардам мегуфт агар худат ҳам ба онҳо суҳбате мекардӣ ё аз онҳо чизе мехаридӣ ба муомилаву рафтори онҳо дил мебастӣ ва худат ба ин магазин боз бар мегаштӣ. Ин буд, ки ман дар бораи фарзандони ин модар шунидам ва хостам, ки ба шумову мардум ҳам бирасонам.
Ва ин се бародар дар магазини аренда гирифтаашон беш аз 5 сол кор мекунанд ва рӯзе соҳиби ин магазин меояду мегуяд, минбаъд дар магазин худам кор мекунам магазинро холӣ кунед. Ва онҳо ҷои рафтан надоштанд. Аз ин магазин ягон 20-25 метр болотар замини фурушие буд: 6 сотих. Дар бари болои ин замини фурушӣ замини падарашон Тағоев Турабег дар масоҳати 8 сотих ҷой гирифта буд. Аммо замини падарашон барои савдо,барои муштариҳо он қадар мувофиқат намекард. Вале ин замини фурӯши ба ҳар ҳол наздиктар буд ва мувофиқат мекард. Аз ҳамин сабаб бародарон ба падар дар бораи харидори кардани ин замини 6 сотиха маслиҳат карданд ва падарашон маслиҳат дод, ки ин заминро харида ҳардуро як карда як иморати замонавӣ созанду якҷоя кор карда ба мардум хизмат кунанд. Ва ин бародарон чунин карданд. Соҳиби заминро даъват ва нарху наво карда ин заминро бо як хонаи майдаи дар ҳаҷми 24 кв.м бо нархи 68 ҳазор доллари амрикои аз соҳиби он Аюбов Салом хариданд.
Баъди пардохти пурраи пул Aюбов Cалом ҳамаи ҳуҷҷатҳоро оварда дар дасти писари калонӣ-Тағоев Абдуносир месупорад ва барои пули гирифтааш забонхат менависонаду медиҳад, ки ман ҳамаи пулро яъне 68000 доллари амрикоиро аз Тағоев Абдуносир гирифтам ва даъвогар нестам.
Баъди пардохти пул тахминан як, якуним моҳ пас Тағоев Абдуносир шуруъ мекунад ба сохтмон ва дар муддати 6-7 моҳ буд мекунаду кришаашро мезанду таъмири магазинашро ҳам ба анҷом мерасонад ва фаъолият дар магазин сар мешавад. Шаҳодатномаи Тағоев Абдуносир тасдиқ ва собит мекунад, ки аз соли 2015 магазин кор кардааст.
Вале сохтмон дар дигар бахши он давом дошт. Ин магазин аз соли 2015 то соли 2018 фаъолият кардааст. Барои ҳуҷҷатгузорӣ ва ба расмият даровардан Абдуносир баъди ба итмом расонидани сохтумон ба нотариуси ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат мекунад. Корманди нотариус ҳуҷҷатҳоро аз назар мегузаронад ва мегуяд ҳуҷҷатҳоят бо иморати сохтаат мувофиқат намекунад, бираву ба суд муроҷиат кун. Мо инро ба расмият дароварда наметавонем. Абдуносир барои ба расмият даровардан ба суди ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат мекунад. Корманди идораи суд мегуянд аз мақомотҳо хулоса ҷамъ карда баъд биё. Абдуносир аз 6-7 мақомот хулоса ҷамъ мекунад ва навбат ба кумитаи замин мерасад. Кумитаи замин хулоса намедиҳад. Мегуяд мавзеи мазкур бо қарори ҳукумати Тоҷикистон таҳти рақами 73 аз 31 январи соли 2006 дар бораи тасдиқ намудани нақшаи генералӣ ба шаҳри Душанбе медарояд. Аз ин лиҳоз ман ба ту наметавонам хулоса додан. Абдуносир ба вай савол медиҳад, ки роҳи ҳалаш чист? Ӯ дар ҷавоб мегуяд,ки интизор мондан. Кай вақте ки ин мавзеъ ба ноҳияи Шоҳмансур даромад меравед ба суди ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат мекунед, мувофиқи қонун ба расмият медарорад. Абдуносир пас аз шунидани ин маслиҳат баргашта омада корро давом медиҳад. Ҳамин тавр соли 2018 ин нақшаи генплан тасдиқ мешавад ва Абдуносир ба нотариуси ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат мекунад. Лекин кормандони ин бахш ба ӯ мегуянд аввало иморати сохтаи ту калон ва худсарона аст, дуюм иморати сохтаи ту 246 квадрат легализатсияи ту 24 квадрат, инҷо ин ягон хел имконият барои оформит кардан вуҷуд надорад. Роҳи ягона фақат ба суд мурочиат мекунӣ ва сипас ба расмият медарорӣ. Дар ин вақт Тағоев Абдуносир каме серкор мешавад. Мехост вақт пайдо кунад ва аз қафои суд шавад. Вале мутаасифона рӯзе аз рӯзҳо нохост Шералиев Олим бародари Абдуносирро пешпеш карда ба магазини Абдуносир меорад. Ҳол онки ин бародари Абдуносир поёнтар аз магазини вай як магазинро аренда гирифта худаш алоҳида кор мекард. Абдуносир гуфтааст ман ин шахсро намешиносам ва шинос ҳам набудам ва бо ӯ ягон хел ҳамкорӣ ҳам надоштам, намедонам бародарам бо ӯ ҳамкорӣ кардааст.
Вақте Шералиев Олим бародарамро пеш -пеш карда ба магазини ман оварду дар гушае бо чи ҳисобу китобе машғул шуданд, баъд аз чанд дақиқае байни онҳо муноқиша руй дод, дар бораи камбудии орд, ки ҳардуи онҳо аз руи дафтар муқоиса мекарданд.
Байни онҳо муноқиша барои як дулан орд буд, зиёда аз 700 линча, ки Хушвақт мегуфтааст ту ба ман равон накардӣ, дар дафтари ман нест, Олим мегуфтааст, ки равонат кардам ва маҷбуран ин дулани ордро ба калаи Хушвақт бор мекунад ва ба 24000 ҳазор доллар ӯро қарздор мекунад ва таҳдид мекунад, пули маро востанавит мекунӣ.
Ин ҳолати корро Абдуносир, ки дар ҳамонҷо буд, мушоҳида мекунад. Мебинад, ки Олим бародарашро қарздор бароварду боз вайро таҳдид дорад. Ба назди Олим рафта мехоҳад аз ҳолати кор огоҳ шавад ва ба Олим ва бародараш мегуяд шумо ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда, яъне шартнома доред байни ҳам? Мегуянд не. Абдуносир ба Олим мегуяд набошад барои чи ин қадар ордро ба зиммаи у бор мекунӣ? Ҳол онки дурбинҳои назоратӣ ҳастанд ва агар бори равон кардаатон бошад дар ин дурбинҳо сабт шудаанд, биё рафта мебинем. Вале Олим баҳона пеш меоварад, ки шумо онро кур кардаеду мехоҳед пули ордро надиҳед. Абдуносир мегуяд ман аз додугирифти шумо бехабарам ва намедонам байни ҳамдигар чи доду гирифт доред: аввалан барои исбот бояд шартнома байни шумо бошад, ки шумо надоред, дуюм барои исботи ин худи ин дурбинҳо ҳаст, ки муайян мекунад. Вагарна ман на шуморо мешиносаму на аз коратон хабар дорам ва ман ба ин дурбинҳо даст расонданӣ нестам. Абдуносир ҳарчанд талош мекунад, Олимро қонеъ карда наметавонад ва Олим маҷбур мекунад, ки пули манро востановит кунед, ман намедонам.
Абдуносир гуфтааст, ки мо зиёда аз 5-6 сол шуд, ки кор мекунем, ягон бор ошибка накардем. Ин як туҳмати ногаҳонӣ аст, ки болои мо Олим бор кард. Олим фишорро болои Тағоев Хушвақт ва Абдуносир зиёд карда ба гапҳои инҳо гуш намекунаду мегуяд пули манро барқарор кунед ва таҳдид мекунад, ки набошад ҳолатон бад мешавад.
Абдуносир ба Олим пешниҳод мекунад, ки ман фақат метавонам пули туро қисман ҳар моҳе 2000долларӣ пардохт кунам. Вале Олим розӣ намешавад ва мегуяд,ки 3000 долларӣ пардохт мекунӣ ва баромада меравад.
Абдуносир, пас аз ду рузи гапзанон бо Олим 3000 доллари пешниҳодкардаи ӯро равон мекунад ва ин пулро Олим мегирад. Вале се рӯз пас аз гирифтани 3000 доллар Олим бо ду корманди милитсияи шаҳри Ваҳдат яке бо званияи майор дигаре старший летинант ва 8 нафар шахсони мулкӣ ва ду мошини боркаши Камаз омада бародари Абдуносир- Хушвақтро пешпеш карда вориди магазини Абдуносир мешаванду харидорҳоро аз дар берун карда дарро аз дарун мебанданд ва дашному ҳақоратро сар карда баъдан ба шиканҷа даст мезананд. Ин ду корманди милитсия бо ҳамроҳи Олим Тағоев Хушвақтро қариб 2 соат шиканҷа мекунанд. Хушвақт, ки касали дил доштааст аз шиканҷаи бисёр дилаш мезанад ва дар замин дилашро қапида мешинад ва онҳоро зора мекунад, ки рухсаташ диҳанд ба берун барояду ҳавои тоза ва ягон дору хурад. Вале онҳо ӯро ба мазоҳу масхара кашида боз ҳам шиканҷаро идома медиҳанд. Ин ҳолатро Абдуносир мебинад ва мебинад, ки агар бародарашро камтари дигар шиканҷа диҳанд ӯро аз даст медиҳад. Роҳи халос шудан пул даркор буд, ки ба онҳо диҳӣ ва халос шави вале онҳо пул надоштанд. Абдуносир ҳам онҳоро зораву тавалло мекунад. Вале онҳо намефаҳманд ва гуш ҳам намекунанд ва баъдан Абдуносир барои халосии бародараш ба онҳо пешниҳод мекунад, ки бо чи роҳе набошад ман пули шуморо барзиёд бармегардонам, бародарамро сар диҳед, даркор шавад магазинро ҳам мефурушам, анде пули шуморо пардохт кунам. Вақте сухани магазинро мешунаванд шиканҷаро бас карда ба Абдуносир мегуянд ҳуҷҷатҳоятро биёр мо бинем, ки ин магазин аз ту аст ё аз каси дигар кас.
Абдуносир ба хоҳараш занг зада мегуяд ҳуҷҷатҳоро гирифта биёрад ва хоҳараш ҳуҷҷатҳоро гирифта оварда пушти дар тақтақ мекунад. Милиса мебарояду мегӯяд дафъ шав аз инҷо ва вай ҳам намегуяд ман ҳуҷҷат овардаам. Барои онки дар пушти дар аз 20 нафар зиёд хешу таборҳо ва харидорҳо ҷамъ шуда буданд, ки мехостанд вориди магазин шаванд, аҳволи онҳоро бинанд, чунки нолиши ӯро мешуниданд. Вале ин милисаҳо бо ин Олими хунхор дарро намекушоданд ва ба онҳо иҷозати ворид шудан намедоданд. Вақте Гулбибӣ, хоҳари Абдуносир ҳуҷҷатҳоро меорад дарро намекушоянд. Ҳуҷҷатҳоро ба дасти оилаи Абдуносир медиҳаду худ барои доруи дил харидан ба аптека медарояд ва оилаи Абдуносир фарёод карда мегуяд ман ҳуҷҷатҳоро овардам. Вақте Абдуносир мехоҳад рафта ҳуҷҷатҳоро гирад кормандони ҳуқуқ намемод, ки барояд. Мегӯянд мо худамон мегирем ва Олим бо ҳамроҳи як милиса берун баромада ҳуҷҷатҳоро аз дасти оилаи Абдуносир мегираду гашта дарро боз маҳкам мекунад ва ҳуҷҷатҳоро як -як аз назар мегузаронанд ва ба Абдуносир мегуянд ин ҳуҷҷатҳо ба номи ту нест,ку? Абдуносир мефаҳмонад, ки ҳуҷҷатҳо ҳуҷҷатҳои аслии ӯ аст ва ба онҳо масъалаи ба расмият надароварданро,ки ин минтақа минтақаи баҳсӣ мебошад мефаҳмонад ва баъдан бародараш Тағоев Хушвақтро ҷавоб дода берун аз дар мекунанд. Вале фишорро болои Абдуносир давом медиҳанд. Абдуносир ба онҳо мефаҳмонад, ки шумо худ бе даъватнома инҷо омадаед ва моро шиканҷа додед. Ман аз руи шумо шикоят мекунам. Вақте ба онҳо Абдуносир сахт меояд Олим ба кормандони милитсия фармон медиҳад, ки «гире бор карда ба адел бареша ва ба тахта ростуш куне ва як 10 соли дигара дар калаш бор куне». Баъди фармони Олим ин ду милитсия Абдуносиро кашолакунон дар мошин бор карда ҷониби шаҳри Ваҳдат равон мешаванд
Ва дар роҳ ба Абдуносир таҳдиди зиёд мекунанд. Мегуянд аз 10 сол боло мегирӣ. Абдуносир ба онҳо ҳарчанд зораву тавалло мекунад, ки ин корро накунанд онҳо гуш намекунанд ва дар нимароҳ ба Абдуносир шарт мегузоранд, ки агар ин корро накунад 10 сол мешинад. Шарти онҳо ин будааст,ки бояд Абдуносир забонхат нависонад, ки магазинро дар муддати 10 рӯз мефурушад ва агар фурӯхта натавонад Олим онро бепул мегирад. Абдуносир роҳи дигаре надошт, розӣ шуд ва онҳо чихеле гуфтанд, дикта карданд вай навишт ва имзо кард ва аз нимароҳ ӯро баргардонда оварда дар пеши магазин фароварданӣ шуданд. Абдуносир гуфт ҳуҷҷатҳоямро баргаронед, аммо онҳо надоданд. Ҳарчанд талош кард надоданд ҳуҷатҳояшро. Абдуносир мегуяд чи хел ман беҳуҷҷат магазинро мефурушам? Олим мегуяд «манда фарқуш нест ту чихел мефурушӣ, ин проблемаи ту» Абдуносиро кашидаву кашола карда куртаҳояшро канда берун аз дари мошин мекунанду дарро мепушанду мошинро ҳай карда мераванд ва Абдуносир бо рангу руи канда бо куртаҳои дарида дасти холӣ бе ҳуҷҷат бармегардад, ки тамоми кас инро дидаанд ва шоҳидон дар суд инро шоҳиди додаанд ва дигар шоҳиди аслӣ ин дурбинҳои назоратӣ аст ки мегуяд наворҳои ин воқеа дар дасти мо мавҷуд аст. Вақте Абдуносир бо ранги пуркида ба назди хешу табораш бар мегардад мегуяд хонаам сухт ин дуздон ҳамаи молу мулки манро гирифтанд ва ҳодисаи даруни мошин рух додаро ба онҳо нақл мекунад ва онҳо зиқ мешаванд ва чикор карданашонро намедонанд.
Акнун мардум ба корҳои кардаи Олим Шералиев аҳамият диҳед. Вай дар аввал ин ду корманди милитсияро истифода бурда болои Тағоевҳо фишор меоварад ва баъдан таъқибу зулм карда ба мошин бор карда Абдуносирро гуё милисахона мебарам гуфта тарсонида аз вай бо зӯрӣ баёнот мегирад.
Вақте мебинад, ки баёнот ҳам медиҳад роҳи дигареро намеёбад барои тасарруфи магазин ҳуҷҷатҳояшро намедиҳад, ки ӯ ин мағозаро фурӯхта натавонаду ман омада бепул гирам. Чунки план ва мақсади Олим на қарз, балки гирифтани магазин буд. Барои ҳамин ҳамаи ин корҳоро анҷом дод. Пас, Абдуносир ба амакаш Юсуф занг зада вомехуранд ва ҳодисаи гузаштаро ба ӯ як як мефаҳмонад ва ба амакаш мегуяд бачаҳоятро занг зан, агар пул дошта бошанд биёянду ин магазинро харидорӣ кунанд, ки ба дасти ин ғосибон наафтад. Амакаш занг мезанад ба бачаҳо ҳодисаро мефаҳмонад ва аз Русия бачааш Тағоев Бозорбой парида меояд ва бо Абдуносир вохӯрда дар бораи хариди магазин маслиҳат мекунанд ва Бозорбой мегуяд Олимро гап зан ҳуҷҷатҳоро биёрад пулашро медиҳем. Абдуносир ба олим занг мезанад. Мегуяд ҳуҷҷатҳоро гирифта биёр пулатро гирифта рав. Баъди занг Олим бо он ду корманди милиса пас аз ду соат пайдо мешаванд ва Абдуносир аз онҳо талаби ҳуҷҷат мекунад ва онҳо дар ҷавоб мегуянд, ки ҳуҷҷатҳо дар дасти началники милитсияи шаҳри Ваҳдат аст, шумо пулро пардохт кунед мо ҳуҷҷатҳоро гирифта меорем.
Вақте байни Абдуносир ва Олиму он ду корманди милитсия муноқиша мешавад боз онҳо таҳдидро сар мекунанду мегуянд пулро гирифта ба отдели шаҳри Ваҳдат меорӣ, ва дар онҷо ҳуҷҷатҳоятро мегирӣ ва баромада мераванд….
Идома дорад…
