Барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» дар воқеъ ба майдончаи мубодилаи афкор, воқифшавӣ, огоҳсозӣ аз ҳолу ҳавои ҳамватанонамон дар дохил ва хориҷ кишвар шудааст
Тавассути номаи чопшуда аз кору амали ҳамдигар бохабар мешавем. Дар шумораи пешина гурӯҳи ҳамватанони муҳоҷирамон дар Қазоқистон аз муносибати бади мақомоту корфармо ва душвории дарёфти асноди иқомат ва гаронии баҳо он дар муқоиса ба Русия шикоят карда буданд. Аммо дар ин шумора як ҳамватани муҳоҷири мо тамоман бар муқобили ин нома навишта ва аз бархӯрди табибони қазоқ изҳори сипос ва миннатдорӣ кардааст. Ин навиштаро дар ҷойи аввали ин шумора қарор додем.
Як бародар аз шаҳри Кулоб аз рафтори номуносиби як корманди ГАИ дар замони сардори милиса будани генерал-майёр Фотеҳ Қунғуротзода навиштааст. Беҳтар аст ин номаро худ мутолиа кунед.
Номаи дигари мо аз ноҳияи куҳистонии Нуробод аст, ки ин бор низ муаллиф аз бузҳои охирзамони инҷо суҳбат ва номҳояшонро тазаккур кардааст.
Муаллифи нома аз Истаравша аз раиси як ҷамоате интиқод кардааст, ки ҳудуди бист сол мешавад дар ин вазифа истодааст, Ин нафар кист ва падари ӯ кӣ будро аз ин нома хоҳед фаҳмид.
Сокини ноҳияи Спитамен аз сардори шӯъбаи шиносномадиҳии милисаи ноҳия ва мавридҳои порхӯрии он ва инки дар ин кор бо вай киҳо ҳамдастанд, навиштааст.
Алма-Ато
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Сабаби навиштани ин нома номаи як гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷик аз Қазоқистон, ки ба шумо навишта ва аз вазъи кору бор ва корфармоёнашон шикоят намудаанд. Ва ин нома дар барномаи пешинаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» чоп шудааст.
Дар Қазоқистон бемор шуда ба «областной балниса» рафтем. Бовар кунед, накунед, ихтиёратон, ҳатто беҳуҷҷат қабуламон карданд. Ному фамилияамонро пурсиданду навиштанд ва сразу қабул карда ба муоина сар карданд. Рентген карданду хун гирфтанд, МРТ- томография карданд. Се рӯз серуз хоб кардам. Ҳар рӯз тафтиши беморӣ мегузарониданд, таблетка медоданд. Боз гуфтанд, ки ҳашт рӯз бепул табобат мекунанд. Гуфтем, кор бояд кунем ва рафтем.
Аммо дар ватани худамон як рентгени томографи 400 сомонӣ аст, ба ҷуз аз пули койкаву дору.
Ман гуфтаниам, ки ман ҳам муҳоҷирам вале дар Қазоқистон дар ҳақи ман чунин муомила ва муносибати хуб карданд. Ин корҳо, ки бо ман карданд, дар ватани худамон на камтар аз се ҳазор сомонӣ мешуд.
Шояд на дар ҳамаҷои Қазоқистон ва на бо ҳамаи муҳоҷирон чунин муносибат мекунанд, аммо ман ончиро, ки аз сри худам гузашт, навиштам. Боқӣ дар амони Аллоҳ бошед!
Кулоб
Ассалому алейкум устод Муҳаммадиқбол! Ман як шаҳрванди Тоҷикистон, аз Кулоб ҳастам. Ман, росташ бори аввал аст ки ба шумо нома мефиристам. Хоҳишам ин аст ки ин номаи маро нашр кунед. Мехоҳам аз як ҷинояти генерал Фотеҳ Қунғуротзода, сардори собиқи ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бигӯям. Ин ҳодиса бо худи ман руй дода буд.
Ман дар хонаам сохтумон доштам, ки вақти обед шуд. Ман аз нол хонаро шурӯъ кардам. Ҳар вақти обед ба хонаи падарам рафта хурок мехӯрдем. Хулоса,в ақти обед шуд, ман бо устоям ба мошин савор шудем. Хостам аз бозори назди Умед -88 ки бо номи деҳқонбозори Бозорбой машҳур аст рафтем ба мошин ва дар якум паласа истодам, ки дар стоянка ҳама ҷо пур ва ҷой барои мошинмонӣ набуд. Ҳар касе аз худи Кулоб бошад медонад, онҷо чи хел ҷой аст. Хулоса, дар якум паласа истодам ва «додарма равон кадам, гуфтам рафта нони гарм бгиру зуд биё». Мо бо усто дар даруни мошин шиштем. Як дақиқа нагузашта буд, ки ГАИ омад ҳуҷҷат пурсид. Ман гуфтам ака барои чи ҳуҷҷат мепурсӣ? Дағалона гуфт, ки мошинат дар дуюм паласа аст. Дар ҳақиқат ман дар байни якуму дуюм паласа истода будам. Чунки мо саросема будем. Хостем нони гарм бигирему зуд баргардем ба хона. Ман гуфтам, ака нав як дақиқа нашудааст истодани моро. Гуфтам, ки командир ҳуҷҷатҳоям ҳама сад фоиз аст. Дар ҳақиқат ҳамин хел ҳам буд. Вале ман медонистам, ки агар ин гаишник ҳуҷҷатҳои маро бигирад, ҳатман протокол мекунад ё ки аз ман пул меситонад. Ман рад кардам ва гуфтам командир хоҳиш мекунам, ҳозир меравам. Тарафи ман бо ту ҳуҷҷат пешниҳод намекунӣ гуфта рафта номерҳои мошинамро канда гирифт. Он вақт ман ганда мазаам набуд, чун вақти коронавирус буд, температураам хеле баланд буд. Аз мошин фаромадам ба пешаш рафтаму гуфтам ту чи ҳақ дорӣ, ки номерҳои мошини маро меканӣ? Боз ҳам дағалонатару дуршттар гуфт, ки «ҳозир мебарам мошинта махкам мекунам». Дигар ман сабрам лабрез шуд. Азбаски хеле таб доштам хостам аз дасташ номерҳои мошинамро гирам ва даст дароз кардаму номемрҳоямро аз дасташ кашида гирифта истода будам, ки дар ҳамин ҳолат Қунғуротзода аз дур миояду дод зада мегуяд, ки «инро гиред ба кабинети мара ба одела биёрен». Ман бошам дар ҷавоб ба вай гуфтам «ака охи ман ягон ҷиноят накардам». Азбаски одами зиёд ҷамъ шуда буд, дигар аз мошинаш нафаромада «биёренш» гуфту рафт. Ин корманди ГАИ, ки номерҳои маро канда номаш Зоҳир ё Тоҳир як марди 40-45 сола ба назар меомад. Гуфтам, биё як мардӣ куну номерҳои маро бидеҳ, ман равам мазаам нест. Гуфт, ки не, акнун дер шуд, ман наметавонам ин корро кардан, чунки ин фармони началник аст. Ман гуфтам хуб, чи кор мекунем? Гуфт «рав мошинта гир ба пеши мара биё, мерем одел пеши началник». Ман бошам гуфтам ҳозир ман ба падарам занг зада хабар диҳам ҳодисаро, чунки мошин ба номи падарам буд. Ман бо доверенност ҳай мекардам. Ба падарам занг задам ва ҳодисаро нақл кардам. Гуфтам ҳамин хел ҳодиса шуд. Падарам бошад гуфт ҳай куну биё, ман бо шумо меравам, ҳал мекунем. Ман ба корманди ГАИ гуфтам «саворша рафтем, ман падарамро гирифта бад ба у одел меравем».
Дар аввал як каме норозигӣ карду гуфт «хай майлаш рафтем ва рафтем». Ман устоямро бо додарам аз мошин фаровардаму падарамро гирифтаму рафтем. Ба роҳ баромадем. Падарам бо лаҳҷаву забони хуб ба ГАИ гап зад. Падарам гуфт, ки «додар хай ин бачай ма як ёшӣ кардай ҳичи гап не, ягон ҷинояти вазмин накардай». Дар ҷавоб гаишник гуфт ака ҳоло дер шудаст, аз дасти ман ҳеҷ коре намеояд. Ин фармони ана ҳамин Қунғуротзода аст. Мошинатро ҳай кун, мо бояд барем бачатро ба милисахона. Падарам ба як дӯсташ, ки генерали калон мебошад занг зада воқеаро нақл мекунад. Генерал ба падарам мегӯяд, ки гуширо ба ҳамон ГАИ бидеҳ. ГАИ гӯширо гирифта бо генерал гап мезанад. Генерал чизеаш мегуяд, ки ГАИ дар ҷавоб есть рафиқ сардор, есть рафиқ генерал гуфтан мегирад. Баъд телефонро падарам гирифта ба генерал сипосу раҳмат мегӯяд. Аммо баъдаш ГАИ боз мегуяд «акаҷон, илтимос, агар ҳозир мо наравем ба пеши началник-яъне Қунғуротзода ман гап мешунавам. Маро ҳақоратҳои безеб мекунад. Падарам мегуяд майлаш, меравем ба отдел. Хулоса, рафтем ба отдел даромадем. Падарам пешакӣ бо ин рафиқи дар боло гуфтаам –генерал- ҳодисаро нақл карда буд. Даромадем ба пешашу саломалейк кардем. Ба ман бо як чеҳраи дурушт нигоҳ карда гапҳои пасту баланд гуфт. Ман гуфтам «ака охир ман ягон ҷиноят содир накардам, ба мошин ягон одам назадам, авария накардам, барои чи ба ман гапҳои пасту баланд мезанед, маро даже гап задан намемонад, ки гап занам, гуё,ки ман ягон қотилам ё одам куштам».
Ба ман гуфт: «гуш кун мара, ман ба он хотир ба Кулоб корда омадам, сабабаш инами хели твори бқоша геройёша шикастани омадам. Гуфт мара Ҷаноби олӣ барои ана ҳами ту вориҳоро дар Кулоб шикастан иҷада монд». (Бародар шумо хуб медонед, ки баъдтар ин Қунғуротзодаро Президент барои камбудиҳои ҷиддиаш аз милисаи Кулоб сур кард. Вазири дохилӣ ҳам он вақт гуфт, ки Қунғуротзода дигар дар системаи МВД кор намекунад. Вале боз чи балое карданду ӯро ҷонишини Раёсати дохила дар ВМКБ таъин карданд)
Ман як лаҳза тамоми баданам ҷушид. Мехостам ба вай ягон гапи сахт занам. Падарам ба ман ба ишора кард. Яъне ман гап нагардонам. Дар охир гуфт «хотири наму ҷурам генерал, агане 15 сутка махкамат мекунам».
Устод Муҳаммадиқбол, айнан ин ҳодисаро, ки аз сари ман гузашт, ба шумо ҳикоят кардам. Аммо ман дар охир чи гуфтаниам? Инҳо худ ҷинояткоранд, хоинанд. Мо-мардуми Кулобро -чашми дидан надоранд. Рӯирост таҳдид доранд.
Эй, Аллоҳи пок! Аз чанголи ин золимон миллати мазлуми ранҷкашидаи моро наҷот деҳ. Аллоҳума омин! Бародар, Худо нигаҳдоратон. Номи ман бигзор махфӣ бимонад.
Нуробод
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Умедворам хубу хуш бошед. Ин дуввумин номаи ман аст. Ваъда карда будам, ки номҳои бузҳои дигарро ҳам тавассути Ислоҳ ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ошкор мекунам. Яке аз онҳо Саидов Маҳмасолиҳ аст ки тамоми ҷавононро силбамарг кардааст. Дукарата ҳоҷӣ аст. Барои риш ҷавонҳоро меқапад, мегӯяд, ки дуҳазор надиҳӣ худи ҳозир ба амният мерасонам. Ин корро ҳамроҳи бачааш, ки Мулло ном дорад, мекунад.
Бузи дигарӣ Маҳмадхоҷаев Некруз аст. Ин шахс медбрат буд. Ҳоло ҷойнишини главврач мондаанд. Ин дар дохили бемористон бо духтарони мардум зино мекунад.
Вале ягон мақомот чора намебинад. Главврач амакаш аст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ асосан данийро аз ҳамин мегиранд. То шикори кабкро бурда мерасонад. Ҷавонҳои сини даъватро,ки дар Русияанд номҳояшонро хабар медиҳад. Аз дасти ин буз мардум ба фиғон омадаанд.
Як бузи пешипеш ин МаҳмадхоҷаевТалабшо аст. Ин шахс дар мактаб муаллим буд. Як талабаро таҷовуз кард. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чор сар говашро гирифта озодаш карданд.
Дар Нуробод қонун нест. Порахӯрӣ дар авҷи аъло расидааст. Ин номард ба болои ин корҳо тағои худаш Маҳмадхоҷаев Саъдиро салфӣ гуфта подставит кард 6 сол зиндонаш карданд.
Саидов Эмомалӣ 60 сар гови мардумро дуздида бурда ҳамроҳ бо мақомоти ноҳияи Нуробод фурухт. Вақте мардуми камбағал ба суд доданаш, ин судҳо, ки пора хӯрдагӣ буданд, ягон чораҷӯӣ накарданд. Ин шахс ҳам буз ва ҳам дузд аст. Ҳамин шахс директори мактаби рақами 37- деҳаи Фаркак аст
Раҷабов Сайдалӣ, як бузи дигари бешох аст. Вай дар масҷид кадом мулло амри маъруф кунад ба мақомот мерасонад. Ин шахсҳо аз Офтобрӯ, даруни Самсолиқанд.
Дар деҳаи Кабутиён яке аз бузҳо Миров Кароматулло, ки ин шахс таксист мебошад. Кадом ҷавон дар бораи худову Расул гап занад запс мекунад ва бурда ба мақомот мерасонад,- шестёрка аст. Дар ягон пост ӯро қарор ва ғам намедиҳанд. Нештатний удостворений дорад: «ҳамура нишон метия далши мерава».
Азизов Қурбоналӣ устоди варзиш аст, арақхури худозада, бузи зараррасон. Ба занҳои шавҳардор дастдарозӣ мекунад ва ҷавонҳоро ба арақхӯриву ба бангзанӣ даъват ва ташвиқ мекунад. Мегӯяд, ки фармон аз боло аст. Дар шаҳраки Дарбанд дискотека ҳуй кардаанд. Фақат кораш даъват ба дискотека аст. Худо хору залилаш кунад.
Ба Маҷидов Муродалӣ ҳам мақомот удостоворений додагианд. Ин буз шабҳо кор мебарад. Касе ё касоеро, ки то соати 11 шаб дар масҷид бишинанд, махсусан ҷавонҳоро пинҳонӣ ва номаълум сурат гирифта ба амният мепартояд, тамоми кори дохили масҷидро нуқтабануқта хабар мекашад. Ман бовр дорам,ки вайро ранги рифола истифодааш мебаранду як рӯз мепартоянд.
Истаравшан
Ассалому алейкум бародари роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман сокини шаҳри Истаравшан, аз деҳаи Қалъачаи Калон мебошам. Ман дар бораи раиси ҷамоат Ҷамшед Ҳасанов каме ҳарф заданиам.
Ин Ҷамшед Ҳасанов солҳои 1994 -1996 дар ҳамин ҷамоати ҳозира раиси совхоз буд. Соли 1996 дар шаҳри Уротеппа митинг –тазоҳурот сар зад. Падари Ҷамшед Ҳасанов Салоҳиддин Ҳасанов он солҳо ҳокими шаҳри Уротеппа буд.
Дар ин митинг хонаи Салоҳиддин Ҳасанов, биноҳои прокуратура, ОВД ва ҳокимияти шаҳр оташ зада шуданд. Баъд аз он дар деҳаи Қалъачаи Калон митинг карда Ҷамшед Ҳасановро аз раисии совхоз холӣ карданд. Дар совхози Истаравшан, деҳаи Нофароҷ Муҳаммадиев Ҳомид Полвон ном шахс раиси совхоз буд.
Бародар Муҳаммадиқбол ман солашро фаромуш кардам. Ё соли 1999 ё 2000 буд, ки маъракаи интихоботи шаҳриву вилоятиву ҷумҳуривӣ ҷараён дошт. Дар интихоботи шаҳрӣ аз округи Қалъачаи Калон Муҳаммадиев Ҳомид Полвон интихоб шуд. Дар ин интихобот Ҷамшед Ҳасанов шикаст хурд. Аммо дере нагузашта Ҷамшед Ҳасановро раиси совхози Истаравшан деҳаи Нофароҷ ба ҷои Муҳаммадиев Ҳомид Полвон таъин карданд. Чунки падари Ҷамшед Ҳасанов Салоҳиддин Ҳасанов он вақтҳо зинда буд. Ин Ҷамшед Ҳасанов дар ин вазифа 5-6 сол кор карда совхози Истаравшанро ба як ҳоли зоре овард. Баъд аз он боз ба деҳаи Қалъачаи Калон баргашт ва дар деха раиси чамоат таин гашт то холо кариб 17-18 сол мешавад ки раиси чамоат мебошад, дар ин 17-18 сари Сол на як ободкори на як пешрави бар акс богчаи бачагонро ба қудояш Улфати Босс фурӯхт. Дар қафои ҷамоат замини ҷамоатро ограждения карда 7 сотихро монд.
Роҳи универмаги пешини Гули сурх ва осоишгоҳ 20 сол шуд асфальтро надидааст вале касбу кор аз мардум сум ҷамъ кардан аст.
Ин Ҷамшед Ҳасанов ҳамин хел номард аст ки Мирбайзо, писари дӯсти ҷониаш бо номи Мирҳаёти токарро ба амниятиҳо фурӯхт. Амниятиҳо барои ришаш қапида отдел бурдан. 100% ин кори Ҷамшед Ҳасанов мебошад. Мирбайзоро аз отдел тағояш Ҷумъаев Карим, собиқ коркуни ГАИ -майори милиса баровард.
Ман ба Ҷамшед Ҳасанов гуфтаниям: «эй Ҷамшед ин курсӣ аз падарат мондаги нест,ҷойро холӣ кун,дафъ шав! Мо мардуми ҷамоат аз ту безорем!»
Бародар Муҳаммадиқбол! Ҳар сол дар моҳи январ ин Пасво раисони шаҳру ноҳияҳоро иваз мекунад вале чаро ин раиси ҷамоатро иваз намекунад.
Бародар Муҳаммадиқбол дар шумораҳои оянда бисёр гуфтаниҳое дар бораи Ҷамшед Ҳасанов ва падараш Салоҳиддин Ҳасанов, ки хоҳам навишт.
Мо дуъогӯи шумо ҳастем бародар!
Спитамен(Нов)
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ, бародар Муҳаммадиқбол. Ман шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ноҳияи Спитамен ҳастам ва ба миллати ӯзбек мансубам. Ба ҳамин хотир номаамро ба забони ӯзбекӣ роҳӣ мекунам. Шумо онро бо тарҷума, умедворам, ки нашр мекунед. Маълум аст ки ном ва насаби худро ифшо карда наметавонам, барои ин узр мехоҳам.
Ман ба забони тоҷикӣ пурра суҳбат мекунам, аз хонанда ва бинандаҳои доимии «Ислоҳ» ҳастам, тамоми наворҳо ва маводҳои “Ислоҳ”-ро пайгирӣ мекунам ва аз Худованди мутаол барои Шумо дар ин рӯзҳои охир, ки бо шуҷоати қаҳрамонона мубориза мебаред, кӯмаку пирӯзӣ мехоҳам. Мо, мардуми зери зулм қароргирифт ва ситамдидаи Тоҷикистон, ҳамеша аз Худо талаб мекунем, ки аз зулми ин оилаи диктатор моро наҷот диҳад. Омин.
Замон замони мост, даврон даврони мост.
Дастамон қудрати осмон дорад, имкони замин аз мост.
Ин ду мисраъро аз суруди як овозхони ӯзбек иқтибос овардам, зеро ин шиор, ба назар мерасад, шиори сардори шуъбаи мизи шиносномадиҳӣ-паспортний столи шӯъбаи дохилии ноҳияи Спитамен Ғолиб Саидзода шудааст. Аз вақте ки ин Ғолиб Саидзода ба ин вазифа ба кор омад, ин идораро ба як корхонаи хусусӣ ва манбаи даромади муфт табдил дод. Ман худам шоҳиди он шудам, ки чӣ гуна ӯ идораи давлатиро ба як корхонаи пулситонӣ табдил додааст. Сараввал ӯ ду ҷияни худро, ки дар рӯйхати коргарони расмӣ нестанд, ба ин идора оварду ба кор монд. Ва ҳозир бо воситаи ҳамин ду нафар, мардумро ғорат карда истодааст. Ба назар мерасад, ки давру даврон ба коми онҳо ва осмон ва замин наъузубиллоҳ дар дасти онҳост.
Ин ду ҷияни «мошенник» аз ҳар як шаҳрванд барои гирифтани ҳуҷҷат маблағҳои калон талаб мекунанд. Масалан:
барои гирифтани шиносномаи дохилӣ (пластикӣ) аз 800 то 1000 сомонӣ талаб мекунанд; барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ (загранпаспорт) аз 1600 сомонӣ боло пул талаб мекунад.
Онҳо мегӯянд: «Агар ин маблағро диҳӣ, мо ҳамаашро худамон ҳал мекунем, ба бонк намеравӣ.» Ва агар касе напардозад, ҳуҷҷатҳояшро қабул намекунанд ва тамоми рӯз ӯро мунтазир нигоҳ медоранд. Ҷолиб он аст ки онҳо ҳатто аз камераҳои назоратӣ наметарсанд: дар вақти кор аз мардум пул гирифта, онро бо дасти худ ба ҷайб мегузоранд.
Оё ин амал бо ягон қонуни давлат мувофиқат дорад? Куҷоанд мақомоти прокуратура, кормандони мубориза бо фасод? Шахс ҳайрон мемонад, ки чӣ гуна идораҳои давлатӣ ба бозори фасод табдил ёфтаанд.
Ман як рӯз барои гирифтани справкаи изи ангушт ба ҳамин шӯъба рафтам. Онҳо гуфтанд, ки 20 сомонӣ бояд тавассути карта пардохт кунам. Ман аз карта пул додам, онҳо гирифтанд ва справкаро доданд.
Аммо вақте хостам берун равам, гуфтанд: «Ту боз 20 сомонӣ нақд медиҳӣ.» Ман гуфтам: «Ман аллакай тавассути карта додам.» Онҳо гуфтанд: «Он маблағ ба давлат рафт, ин бошад ҳаққи шахсии мост.» Ман ҳайрон мондам: чӣ гуна имкон дорад, ки корманди давлатӣ, ки маош мегирад, боз аз мардум «ҳаққи шахсӣ» талаб кунад?
Ман боз шоҳиди дигар ҳолат шудам. Барои ба қайд мондани шиносномаҳо (прописка) шаҳрвандон маҷбуранд пул диҳанд. Ҳол он ки ин бояд бепул бошад. Ман вақте хостам аъзои оилаамро дар хонаи худ ба қайд гузорам, онҳо аз ман 360 сомонӣ талаб карданд. Ман гуфтам: «Ин хонаи худи ман аст, хориҷӣ нестем.» Онҳо гуфтанд: «Фаҳмидем, вале барои ҳамин ҳам 360 сомонӣ мешавад.» Агар шаҳрванд хориҷӣ мебуд, фаҳмо буд, ки боҷ пардохта мешавад, вале ин ҷо ҳатто шаҳрвандони Тоҷикистонро маҷбур мекунанд, ки пул диҳанд. Дар ҳақиқат «замон ба дасти онҳо гузаштааст.»
Ман боз як ҳолати дигарро дидам. Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро низ дошт, барои гирифтани шиносномаи тоҷикӣ барои фарзандаш омада буд. Онҳоро хеле саргардон карданд. Он «посредникҳо» гуфтанд:
«мо наметавонем ба фарзанди шумо шиноснома диҳем, зеро шумо дар Русия дар қайди доимӣ ҳастед. Шумо бояд ба Русия баргардед ва қайди худро муваққатӣ кунед.» Ин ҳама баҳонаҳои беасос буданд. Мақсади онҳо танҳо пул гирифтани бештар буд.
Дар охир чи гуфтаниам? Мо, ҳамватанон, ба чунин рӯзҳо худ сабаб гаштаем. Чунки нисбат ба тақдири худ бефарқ шудаем.
Дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам камбудиҳо буданд, вале кормандони давлатӣ то ин дараҷа разил набуданд. Агар касе шикоят мекард, фавран чора дида мешуд.
Ёд дорам, он вақт дар Душанбе маҷаллаи танқидии «Хорпуштак» (ба ӯзбекӣ «Типратикан»), дар Ӯзбекистон «Муштум» ва дар Русия «Крокодил» чоп мешуданд. Мардум тавассути онҳо шикоятҳои худро менавиштанд ва давлат амал мекард. Агар дар он маҷаллаҳо аз як мансабдор ё фасодкор чизе нашр мешуд, тамоми ҳизб ва мақомоти давлатӣ ӯро тафтиш мекарданд ва ислоҳ мешуд.
Ман инро гуфтам, то бигӯям: ҳоло ҳам чунин имконият ҳаст.
Биёед чашмонамонро боз кунем, ҳақиқатро бигӯем, барои ҳаққи худ кӯшиш кунем. Зеро зиндагӣ-ин мубориза ва ҳаракат аст. Агарчи «замони мо» ҳанӯз наомадааст ва осмон ҳам дар дасти мо нест, вале Худо ба мо имкон додааст, ки кӯшиш намоем. Пас, кӯшиш кунем, мубориза барем, ҳаққи худро ҳимоят кунем ва муқобили ин золимон ва роҳбарони разил истем, то зиндагии мо ором ва ҳуқуқҳои мо поймол нашавад.
Яке аз чунин имкониятҳо ҳамин пойгоҳи «Ислоҳ» аст ки садои мардумро мерасонад. Нависед, арзу шикоят кунед, то ҳақиқат ошкор гардад ва нисбат ба чунин афроди фасодкор, монанди Ғолиб Саидзода, чора андешида шавад.
Худованд тамоми кормандони пойгоҳи «Ислоҳ»-ро аз ҳар бадӣ ҳифз кунад, ба кори онҳо баракат диҳад, онҳоро бо неъматҳои биҳишти худ мукофот диҳад ва ба миллати мо нусрату раҳоӣ аз золимон ато намояд. Худо ба мо ҳидоят ва ба Ватани мо осоиштагии ҳақиқӣ диҳад..Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.
Камина-ҳамразм ва ҳамроҳи шумо ҳастам!
