Конститутсияи Тоҷикистон ё Оли Раҳмон

Ислоҳ нет

    нақши оппозитсия дар қабули Қонуни асосии кишвар

Сиву як соли қабл, дар ҳамин рӯзи 6 ноябри соли 1994, замоне, ки кишвар дар гирдоби ҷанги дохилӣ печутоб мехӯрд, маъракаи ҳамапурсӣ барои қабули нахустин Қонуни асосии Тоҷикистони мустақил ҳамзамон бо интихоботи президентӣ баргузор гардид. Дар ин маъракаи муҳим ва бузурги сиёсӣ неруҳои оппозитсионӣ-аҳзобу ҳаракатҳои навзуҳур ва беш аз як миллион аз аҳолии панҷмиллионаи Тоҷикистон, ба ин далел, ки тарки кишвар карда ва дар ҳиҷрат ба сар мебурданд, натавонистанд ширкат варзанд. Аз инҷо буд, ки аҳзоби оппозитсионӣ ин маъракаҳои сиёсиро таҳрим карданд ва натоиҷи онро напазируфтанд.

Қонуни асосӣ бо касби беш аз 90% дар сади раъйи мардум қабул гардид.

Лоиҳаи ин Қонуни асосӣ, ки таҳти риёсати Абдумаҷид Достиев, муовини аввали раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 1993 таҳия шуда буд, қабл аз онки ба ҳамапурсӣ гузошта бишавад, ба назархоҳии мардум пешкаш шуда буд. Баъд аз қабули ин Қонун муаллифини он ва низ мафкурасозону мубаллиғони ҳукумати Раҳмонов онро яке аз беҳтарин Қонунҳои асосӣ дар паҳнои шӯравии пешин ба қалам медоданд. Аз ҷумла ҷаноби Достиев дар сӯҳбатҳои маҷлисиву матбуотии худ борҳо гӯшрас мекард, ки тарҳи ин қонун аз муоина-экспертизаи байналмилалӣ ҳам ба хубӣ гузашта дар шумори беҳтарин констиутсияҳои олам мақом ёфт.

Ҳоло, аз ҳусну қубҳи Қонуни асосии қабулшуда дар соли 1994 чизе намегӯям. Чун дигар ба гуфте «поезд ушел»- корвон рафт. Вале, бояд иқрор ва эътироф кард, ки он Қонуни асосӣ дар қиёс бо қабули Қонунҳои асосии баъдӣ, ки бо тағйироту иловаҳо дар се навбат сурат гирифт, аз ҷумла дар соли 1999, ки лоиҳаи он муштаракан бо оппозитсион омода ва ба раъйгирии мардум бароварда шуд, бамаротиб беҳтар буд.

 Дар бораи ҷузъиёти тағйироту ислоҳоти ворида ба Қонуни асосии соли 1994, ки дар солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба амал омад, намегӯям, аммо, аз ислоҳоти умда ва саддарсад иштибоҳии ворида ба ин Қонун, ки амалан кишварро ба самти диктатура ва яккаҳокимиятӣ савқу самт дод, ногуфта намешавад ва ин иддао, ки кардем -Қонуни асосии Достиев беҳтар аз баъдиҳо буд, норӯшан ва бидуни исбот боқӣ хоҳад монд.

Қонун ё яккаҳокимиятӣ? Ё оғози роҳ ба сӯи диктатура

Дар кишваре, ки низоми идории он раёсатиҷумҳурист ва Президент ҳарфи аввал ва охарро мезанад, муҳлати ҳузури Президент набояд тӯлонӣ бошад. Муҳлат ва ё давраи раёсати ҷумҳурӣ аз ду чорсола ва ё ду панҷсола бигзарад, он гоҳ дар идораи давлат мушкилоти фаровоне бор меояд, ки имрӯз ҳамагон шоҳидаш ҳастем.

Вақте дар Комиссиюни оштии миллӣ баҳси ба як ҳафтсола табдил кардани ду панҷсолаи муқаррароти мавҷуда дар Қонуни асосӣ пеш омад, хелеҳо аз ҳукумати Раҳмонов, аз ҷумла Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки он замон, ки ҳамааш шуда раиси шаҳр буд ва низ худи Достиев, ки худро муаллифи Қонуни асосии соли 1994 меҳисобад, муқобил буданд. Шоҳидон мегӯянд, ки Абдумаҷид Достиев ба шахсиятҳои таъсиргузори оппозитсион дар Комиссияи оштии миллӣ гоҳо ошкоро ва гоҳо бо истиораву киноя гӯшрас мекунад, ки ба ҳамин моддаву банди қонун даст нарасонанд: «набояд ҷинро аз шиша берун кард».

Аммо, чуноне дидем даст расонданд ва яқинан ин дастрасонӣ фақат ба хотири он буд, ки иҷоза бидиҳанд Раҳмонов, ки то ин муддат, яъне то соли 1999 аллакай як панҷсолаи давраи президентиаш тай шуда буд, битавонад, боз ҳафт сол, на панҷ сол бимонад ва биистад. Ин имтиёз ва шароит барои Раҳмоновро мухолифин ба дарназардошти онки Раҳмонов тарафи сулҳ аст ва сулҳро то охир таҳаққуқ ва таҳким мебахшад, дода буданд.

Ин аз аввалин сангинтарин иштибоҳҳои оппозитсион буд, ки бо хушбоварӣ ва содапиндорӣ ба нафаре итминон ва эътимод карданд, ки дар зоту зурёташ, чизеро, ки онҳо суроғ доштанд ва шояд медиданд ҳам, надошт. Раҳмонов ин ду соли изофӣ аз панҷ ба ҳафт бадал кардани давраи дуввуми раёсати худро навъи дигари зафар ба мухолифинаш ҳисобид ва тавре сиёсату коргузориашро идома дод, ки дар ҳақиқат ҳамон киноя ва ишораҳои мармузи Достиев рӯ зад ва бармало шуд.

Оппозитсион ҷинро аз кӯза берун карда буд ва ин ҷин ҷанги гармро бо рақибони ҳамакнун бесилоҳ ва амалан багаравуфтода таври нарм пеш бурд ва зарбаҳои ҳалокатоборе зад, ки дигар, ки дар ҷанги воқеъӣ муваффақ нашуда буд ва барои ҳамин касе доду фиғони онҳоро нашунид. Мешавад инҷо мақоли мардумиро тамсил овард: «худкардаро даво нест….»

Суқути рӯҳии оппозитсия ва таҳкими истибдод

Дар соли 2003, ҳануз, ки аз қабули Қонуни асосии бо ҳузури оппозитсион чаҳор сол нагузашта буд ва амалан мамлакат дар шароити барқарории баъдиҷангӣ қарор дошт ва мебоист тавофуқоти сулҳу оштӣ ҳамчун гавҳараки чашм муҳофизат мешуд, Раҳмонов як рӯзе аз ҷо бархосту гуфт, ки ин як ҳафтсола барои шахсе чун ман, ки Қаҳрамони зиндаи Тоҷикистонам кофӣ нест, ҳади ақал бояд ду ҳафтсолаи дигар биистам ва дар моҳи июни он сол ҳамапурсии такрорӣ барои Қонуни асосиро баргузор кард ва ҳамин ду ҳафтсоларо вориди он намуд, бо таъкиди ин нукта, ки то инҷои кор, ки Раҳмонов раиси ҷумҳурӣ буд, ин даврон сифр шудааст ва вай аз нав барои ин ду ҳафтсолаи баъдӣ яке аз довталабон хоҳад буд. Чун ҷойи зикр аст, бояд бигӯем, ки ин бор низ Убайдуллоев, ки акнун амалан нафари дуввуми Тоҷикистон буд, омад ба пеши устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва то ҳатто изҳор дошт, ки омодааст, ҳамроҳашон бар муқобили ин қасду қарори Раҳмонов баланд бишавад. Аммо, чизе нашуд ва Раҳмонов Қонуни асосиро бар вифқи муроди худ иваз кард.

Бо яке ду баёния ва изҳоротҳои маъмулӣ, ки «вақташ нест, лузумате надорад, бо асноди сулҳ мухолифат дорад» иктифо ва ба ин ҷинояти бадтар аз ҷинояти ҷангӣ  сарфи назар карда шуд. Аммо ин гуна мавзеъгирӣ- сукут дар баробари ҷоҳталабиҳои ошкорои Раҳмонов, ки тағйирот ба Қонуни асосиро васила ва силоҳ кард, сангинтарин ғалати сиёсӣ буд, чун маълум буд, ки Раҳмонов бо ҳадафи дигар, на барои таҳкими сулҳу субот, балки бо роҳи дигар рафтанӣ аст. Онҷо ва он замон бояд мухолифати шадид сурат мегирифт ва неруҳои оппозитсион, бигзор ба хиёбонҳо мерехтанд, бигзор аз дигар сангарнишинӣ мешуд. Чун ҳоло парканда шуда бошанд ҳам аммо метавонистанд ва қудрат ва тавонро дошанд, ки аз нав ҷамъу ҷӯр бишаванд ва худову ростӣ, мардуми кишвар ҳам аксарияти мутлақ тарафдорашон мешуд, чун аз зулму истибдоди ҳукумати Раҳмонов ҳамагон ба дод омада буданд. Аммо, мутаассифона, мухолифин, ки роҳбарони умдааш мутафарриқ шуда буданд, ояндаи худ ва ояндаи тарафдорони худ, ки бо эътирофи ҳарду тараф беш аз 30% буд, вале амалан аз 60-80 % ҳам зиёд буд натавонистанд бубинанд ва «пушти ману табари қассоб» гуфтанд ва тан ба тақдир супориданд.

Ва, ин аввалин зарбаи озмоишии давраи баъди ҷангӣ, вале ниҳоят ҷонситон ба баданаи миллат ва зӯру тавони давлати навпо буд. Раҳмонов бо ин тағйирот дар Қонуни асосӣ, ки бидуни кадом муқовимат ва муқобилият ворид кард ва барои боз ду ҳафтсолаи дигар ҳақи мондан дар курсиро гирифт, на фақат мухолифинро ба хок яксон кард, балки дар худ зӯру иқтидоре касб кард, ки ҳатто худаш то ба ин ҳадду андозаашро чашмдор набуд ва бовар намекард. Барои онки ҷомеаи кишвар ҳам ҳамзамон бо мухолифин таҳти ирода ва таваққуъоти вай қоматашро хам кард. Ва давлату давлатмардҳои он рӯза ҳам, мисли Убайдуллоеву Достиеву садҳову ҳазорҳои дигар дар сатуҳу радаҳои гуногун аз идораи ҷамоат бигир то ҳукумати марказӣ бо таваҷҷӯҳ ба тахлия шудани пуштвонаашон дамбадуран шуданд, агарчи кайҳо аз бедодиҳои Раҳмонов ва наздикони вай безор шуда буданд. Ва ин қомати хам боиси он гардид, ки Раҳмонов миллат, мардум ва давлатро зин бизанаду савор шавад. Вақте вай миллатро зин зад, дигар тозиёна ва маҳмези дасташ солбасол дурушттар ва сахттар шуд ва солбасол тахтапушти ин миллат хуншортар гардид. Тағйироти воридаи соли 2003 амалан таслими ҳама дастовардҳои муқовимат ва муборизаи даврони сулҳ буд, ки кулли фоҷиаҳои баъдӣ аз он бархост.

 Иштибоҳҳои даврони ҷанг ва махсусан марҳалаи оштӣ низ зиёданд, аммо ончики дар соли 2003 бо тағйироти Қонуни асосӣ кард кард, ин пирӯзии бузурги Раҳмонов ва шикасти сангини мухолифин буд. Бори дигар мегӯям, ки тамоми шикастҳо, бохтҳо, бадбахтиву фоҷиаҳо баъди ҳамин тағйирот ба вуқуъ пайваст.

Инҷо таслим шудан буд ва таслим таслими фақат оппозитсия набуд. Халқро, зиёиву рӯшнфикр, тарафдору бетарафу норозиҳоро ба замин зад. Чун дигар ошкор шуд, ки минбаъд ҳама дар дасти Раҳмонов мурғи нимбисмил, асиру гаравгон мешавад ва дигар Раҳмонов аст, ки тақдиру сарнавишти ин миллат ва ин мардумро рақам мезанд. Дар ҳоле ки хелеҳо мутмаин буданд, ки умри Раҳмонов сар омадааст ва соли 2006 аз вай ба роҳатӣ халос ва наҷот меёбанд.

Бо вуҷуди ҳама иштибоҳҳои қаблӣ, аз ҷумла маъракаи интихоботӣ бо ширкати Давлати Усмон ва паёмадҳои он ҳоло дар зеҳнҳо ин умеду бовар ҷо дошт, ки оппозитсия Раҳмоновро аз қудрат канор мезанад. Аммо, мутаассифона, ҳама чиз бааркс шуд ва ин тағйири Қонуни асосӣ паёми ҷиддӣ ба онҳое буд, ки тарки Раҳмонов карданӣ буданд ва онҳо дигар харгӯшу мурғвор курк шуданду дам фуру бастанд ва худро чору ночор вақфу нисори Раҳмонов карданд.

Аз «Қонуни асосӣ» то «Конститусияи Раҳмонов»

Дар васати ин сездаҳ сол, манзурам аз соли 2003 то 2016, ки Раҳмонов бори дигар Қонуни асосиро иваз кард ва ин бор, ҳамчуноне интизораш мерафт, ҳамаро ҷазиру хароб кард ва барои худ ва ин бор якҷо бо Оилааш замонати то интиҳои умр дар курсӣ монданро дар Қонунӣ асосӣ ҷогир кард, чи таҳаввулу тағйироте сурат гирифт, ба ҳамагон маълум аст. На оппозитсияе монду на ҳизби характери динидошта. Аҳзоби мухолифро басту шикасту аз саҳна ронд ва ҳатто террористӣ эълон кард. Аммо ин формулировка, ки барои Пешвои миллат маҳдудият барои курсии раёсати ҷумҳурӣ вуҷуд надорад, дигар ба ин маъно буд акнун кадом самту савқеро наҷӯед, нафасҳоро фуру бикашед, ки минбаъд диктатура ва диктатор омад. Ин тағйирот, ки Раҳмоновро «якумрӣ» кард, фалсафа ва мантиқу паёмаш ин аст ки Раҳмонов ва оилаи вай дар як ҷумҳурии шӯравии собиқ Бюрои сиёсӣ ва КПСС-ро барқарор кард ва дар ин кишвар то замоне ин диктатор ва низомаш побарҷост, ҷое барои мухолифин ва дигарандешон вуҷуд нахоҳад дошт.

Бо ин тағйирот замонат барои таҳкиму тақвияти диктатура, яккаҳокмиятӣ дода шуд ва шароити имрӯза идома пайдо кунад, дар ояндаи наздик низоми шоҳигарӣ барпо хоҳад шуд.

Шумо дар кадом давлати дунё дидаед, ки бар мабнои як қонуни соҳавӣ, агар Қонуни асосгузору пешворо соҳавӣ биҳисобем, Қонуни асосӣ дигаргун бишавад. Бар мабнои меъёрҳои ин қонун ба Раҳмонов шароит ва имтиёзӣ умрбод мондан дар қудрат дода шуд.

 Ҳатто дар ҳамин ба ном Қонуни асосии ба памперсу подгузники Раҳмонов бадалшуда ҳам гуфта шудааст, ки қавонин ва меъёрҳои дигар бар мабно ва доираи ин қонун мутобиқ ва мувофиқ карда мешавад, на баракс. Аммо бар мабнои Қонуни пешво ва моддаҳои он Раҳмоновро иҷозати то охири умр боқӣ мондан дар курсиро доданд.

Дар кадом Конститутсияи давлате, ки худро демократӣ мехонад дидаед, ки барои як нафар чунин ҳақ ва имтиёз дода шудааст, ки як шаҳрвандро аз боқии шаҳрвандон фарқ мегузорад?

Воқиан ҳам ин натиҷаи хӯ ё одат гирондани Раҳмонов ба қудрат буд, ки замина ва сарчашмаи он ҳамон Қонуни асосии муштарак бо оппозитсион дар соли 1999(панҷсоларо ҳафтсола кардан) ва Қонуни асосии соли 2003 буд, ки оппозитсион бо сари хам ва дасту даҳони баста дурусту ҳисобӣ вокуниш накард ва натиҷа ин шуд, ки ду ҳафтсоларо ҷойгузини як ҳафтсола кард.

  Кор то ба ҳадде кашид, ки номи ин ҳуҷҷатро дигар ва аҷнабӣ кард: Конститусия номид, ва на Сарқонун ва на Қонуни асосиро ҷо дод, ҳамчуноне дар соли 1994 аз Қонуни забон калимаи «форсӣ»-ро ҳазф карда буд.

  Агар Қонуни асосии қабулшуда дар соли 1999-ро оғози як марҳалаи хатарноки давлатдорӣ, чун фақат ба хотири як кас замон барои раёсати давлатро тамдид кард бишуморем, тағйиротҳои ворида ба он дар солҳои 2003 ва 2016-ро таъйиду тасдиқи ин раванд бояд шинохт.

Ин Конститусия Конститусия як кас аст ва он кас Раҳмонов аст. Ҳатто агар тамоми бобу моддаҳои он бо стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ аст, ҳамин боби Президент ва ҳамин модди умрбод эълон кардани Раҳмонов онро Қонун намекунад, як санади ғайриҳуқуқӣ ва хилофи ҳамагуна меъёр ва мавозин мекунад. Намешавад онро Конститутсия гуфт.

 Қонуни як шахс, на қонуни миллат

Дар моддаи 6-и ҳамин Қонуни асосӣ омадааст, ки «Ҳеҷ як иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳи одамон ва ё фарде ҳуқуқ надорад, ки ҳокимияти давлатиро ғасб намояд. Ғасби ҳокимият ва ё тасарруфи салоҳияти он манъ аст».

Инки Раҳмонов сивуанд сол аст ҳокимиятро ғасб ва тасарруф кардааст, дар чорчуби ҳамин Конститутсия мувофиқ меояд?

Ин Қонуни асосии давлат ва миллати Тоҷикистон нест. Ин Қонуни асосии Оли Раҳмон-оила ва авлоди Раҳмон аст. Ин Қонуни асосӣ, ончуноне, ки дидед, Раҳмоновро аз бақия мардум, миллат ва шаҳрвадони Тоҷикистон ҷудо ва боло кардааст. Давлат ва мардум ва миллатро дар нази Раҳмонов ва оилаи вай пасту залил ва дуввумдараҷа кардааст.

 Пас, дар ҳоле, ки вазъу ҳол чунин аст магар мешавад ин қонунро Қонуни асосии давлати Тоҷикистон шинохту эътироф ва қабул кард?

Пасгуфтор: Қонун ё асноди ғасби қудрат?

Конститутсияи ҳар давлат бояд санади муқаддаси миллат бошад-кафолати ҳуқуқ, озодӣ ва адолати ҳар шаҳрванд. Аммо дар Тоҷикистон, ин санад сол ба сол аз мазмун холӣ шуда, ба василаи ҳифзи як фард ва як оила табдил ёфт. Он ҷо ки бояд қонун бар ҳокимият ҳукмрон бошад, имрӯз ҳокимият бар қонун ҳукм меронад.

Дар тӯли се даҳсола, Қонуни асосӣ аз дасти мардум рабуда шуд ва ба моликияти шахсии Раҳмонов табдил ёфт. Ҳар тағйироте, ки ба он ворид гардид, барои таҳкими яккаҳокимиятӣ ва маҳви мухолифат буд, на барои ислоҳу рушди кишвар.
Ҳамин аст, ки имрӯз Тоҷикистон на давлати ҳуқуқбунёд, балки аморати оилавӣ аст-бо номи ҷумҳурӣ, вале бе маънои ҷумҳурият.

Вақти он расидааст, ки миллат қонунеро талаб кунад, ки аз мардум сарчашма бигирад ва ба нафъи мардум хизмат кунад. Қонуне, ки аз зери дасти диктатор наомада, балки аз иродаи халқ бархезад.
То он замон, ки «Қонуни асосӣ»-и кишвар номи Оли Раҳмонро мебардорад, ҳеҷ як ислоҳ, ҳеҷ як интихобот ва ҳеҷ як ваъдаи «пешво» наметавонад Тоҷикистонро ба сӯи озодӣ ва адолат барад.

Қонуни ҳақиқӣ он аст, ки миллат нависад- на он ки як шахс барои худ ва авлодаш бинависад.
Вақти он расидааст, ки тоҷикон Қонуни худро бознависанд ва ин кор имкон надорад,то он рӯзе Раҳмонов дар қудрат аст!.

Share This Article